Экстремизм (ифротгароӣ) ва проблемаҳо ҳифзи ҳуқуқи инсон

 

Қабл аз шурӯъ кардан ба омӯзиши маводи мазкур лутфан ба хотир оред, ки мафҳумҳои «ҷаҳонишавӣ» ва «проблемаҳои ҷаҳонишавӣ» чӣ маънӣ доранд?

Мафҳуми «экстремизм», ҷиҳатҳои хос

ва навъҳои он

Равандҳои ҷаҳонишавии дар дунё баамалоянда, чуноне мо аллакай қайд кардем, оқибатҳои манфие низ доранд, ки онҳоро алъон чи ҳуқуқи байналмилалӣ ва чи сиёсат пурсамар ҳал карда наметавонанд. Байни чунин оқибатҳо инҳо ҳастанд: бӯҳрони экологӣ, шиддат гирифтани низоъҳои этникӣ, проблемаҳои терроризм ва ғайра.

? Фикр кунед, Шумо боз кадом оқибатҳои манфии ҷаҳонишавиро номбар карда метавонед?

Зӯроварӣ, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну эътибори инсон ё гурӯҳи этникӣ ё ҳама гуна гурӯҳҳои дигари ҷамъиятӣ аз ҷониби давлат боиси эътирозҳое мегардад, ки баъдан ба экстремизм табдил меёбад.

Экстремизм (ифротгароӣ) ба сурати умум, чун ҷонибдории ақидаҳо ва амалҳои қатъие тавсиф мешавад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷударо билкулл рад мекунад. Вобаста ба соҳаҳои ба ҷомеа дахлкунанда экстремизмҳои сиёсӣ ва диниро ҷудо кардан мумкин аст.

Экстремизм-ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ.

(Моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи мубориза бо экстремизм (ифротгароӣ)»)

Экстремизми ҳозира бо дарназардошти дигаргуниҳои баамалояндаи глобалӣ ва минтақавӣ зуҳуроти қатъии сиёсат ва идеология дар ҷомеа ва давлат мебошад. Он дар сатҳи шахсият зуҳури ғояҳо, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ зуҳури сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа зуҳури идеология аст. Бар ҳамин асос таърифи зерро пешниҳод кардан мумкин аст:

Экстремизми сиёсӣ зуҳуроти қатъии ғояҳо, идеологияҳо ё сиёсат дар миқёси ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ аст, ки усули муваффақшавӣ ба онҳо дар шароитҳо ва вазъиятҳои муайян амалиёти зӯроварона ва терроризм мебошад.

Ба ин тариқ, терроризм як шакли экстремизм аст, ки дар он муваффақшавӣ ба ақидаҳои оштинопазир бо усулҳои қатъии ғайридемократӣ ва зӯроварона ба амал меояд ва аз ин рӯ, он махсусан хавфнок аст.

Терроризм иҷрои амалҳоест, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал овардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани амнияти ҷамъият, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти биму ҳарос ва тарсондани аҳолӣ истифода мешавад.

Тавре раванди таърихӣ нишон медиҳад, экстремизм ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ дар ду ҳолат ба амал меояд:

Вақте дар ҷомеа беадолатӣ мавҷуд аст ва қисми муайяни ҷомеа мубориза алайҳи беадолатиро (ё он чи ки вай зери мафҳуми беадолатӣ мефаҳмад) бо роҳу воситаҳои идеологияи ғайридемократӣ мақсади худ қарор додааст;

Вақте ҷомеа дар бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ё фарҳангӣ қарор дорад.

Дар ҳолати аввал экстремизм дар сатҳи ғоя ва идеология зуҳур мекунад. Дар ин марҳила экстремизм дар доираи қонунҳо ва тартиботи ҳуқуқии мавҷуда, вақте муваффақшавӣ ба созишу мусолиҳа бо роҳи гузаронидани гуфтушунидҳо ва бастани созишномаҳо имконпазир аст, ҷараён мегирад. Дар ҳолати дуюм экстремизм аллакай ба корнома – ба шакли муборизаи сиёсӣ табдил меёбад, ки усулҳои ба даст овардани ҳадафҳояш зӯроварӣ ва терроризм мешаванд ва маҳз чунин навъи экстремизм чорчӯбаи қонунро вайрон мекунад. Ин раванд метавонад бозгарданда низ бошад. Ба сифати мисол имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистонро, вақте дар натиҷаи гуфтушунидҳо мухолифини исломӣ қарор қабул кард, ки дар низоми сиёсӣ дар доираи давлати дунявӣ иштирок менамояд, овардан мумкин аст. Экстремизми исломӣ ва дигар шаклҳои экстремизми дар солҳои ҷанг мавҷуда муҳимияти худро гум карданд, зеро имконияти ҳалли проблемаҳо бо роҳҳои осоишта пайдо шуданд.

Бо дарназардошти он ки экстремизм дар сатҳи шахсият – субъекти сиёсат ва ҳуқуқ чи дар гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва чи дар фаъолияти намояндагони ҳокимияти давлатӣ зуҳур мекунад, ду навъи экстремизми сиёсиро ҷудо кардан мувофиқи мақсад аст:

Экстремизми сиёсии ҷазоӣ (давлатӣ);

Экстремизми сиёсии идеологӣ.

Экстремизми сиёсии ҷазоӣ ҳамчун навъи зуҳуроти сиёсӣ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои пахш кардани ҳуқуқҳо ва озодиҳои қонунии шахсият, поймол намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои ҷомеа ва дигар халқҳо; паҳн кардани идеологияи бадбинии нажодӣ ва миллӣ, дастгирии қувваҳои иртиҷоӣ ва режимҳои диктаторӣ нигаронида шудааст. Ин навъи экстремизм дар давраи мавҷудияти ду низоми ҷаҳонӣ, дар давраи «ҷанги сард» фаъолона зуҳур мекард. Усулҳои ҳалли проблемаҳо дар он замон таҷовуз, табаддулоти ҳарбӣ, балвоҳо, муҳосираҳои ҳарбӣ – иқтисодӣ ва терроризм буданд.

Экстремизми сиёсии идеологӣ як навъ шакли зуҳуроти қатъии характери миллӣ – этникӣ, динӣ ё криминалӣ-иқтисодидоштаро мемонад.

Экстремизми миллӣ-этникӣ зери идеологияи миллатгароӣ баромад мекунад ва аз мавқеи ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллию этникӣ ё бар зидди сиёсати миллии ҳокимияти давлатӣ метавонад то ба шаклҳои натсизм, фашизм, сионизм ва ғайра рафта бирасад.

Ба ин тариқ, экстремизм метавонад аз идеологияҳои қатъии ақаллиятҳои сиёсӣ ва сиёсати ҷазодиҳии аксари сиёсӣ иборат бошад.

Афзудани эътимод ба низоми ҳуқуқӣ ва адолатнокии ҳокимият яке аз усулҳои беҳтарини ҳимоя ва бозгашт ба зӯроварӣ мебошад.

Аз суханронии Кофи Аннан дар

мулоқот бо аъзои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон,

21 октябри соли 2002

? 1. Лутфан бо мисолҳо фаҳмонед, ки кадом амалҳо зери мафҳуми «экстремизм» қарор гирифта метавонанд?

2. Оё экстремизм бо ягон идеология алоқаманд аст?

Экстремизми динӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ

Тӯли даҳсолаҳои охир чунин ҷараёнҳои экстремистӣ, ки бо равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд. Экстремизм дар асоси динӣ ҷонибдорӣ дар дин ба ақидаҳо ва амалҳои қатъӣ мебошад. Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар марҳалаи ҳозира хавфи бештареро на экстремизми оддӣ, балки экстремизми динӣ ба бор меорад. Вай аз дигар шаклҳои экстремизм бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зӯроваронаи сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд.

Экстремизми динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ далеловарӣ ва ниқобпӯшонаест, ки ба зӯран дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зӯроваронаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат ва ба ин мақсадҳо барангехтани душманию бадбинӣ нигаронида шудааст.

Дар айни замон ин истилоҳ аҳамияти боз ҳам васеътар касб кардааст: зери мафҳуми экстремизми динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз навъҳои шуури муосири динӣ фаҳмида мешавад, ки пеш аз ҳама хоси динҳое чун иудаизм, насронӣ ва ислом буда, аммо ҳамчунин мувозӣ бо ҳиндуизм, сикхизм, буддизм ва конфусионӣ аст.

Сарфи назар аз он ки дар қаринаҳои гуногуни динӣ зуҳури тамоюлҳои экстремистӣ сабабҳои гуногун доранд, дар бораи экстремизми динии глобалӣ чун хориқаи махсусе, ки пайдоишаш ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост меояд, сухан рондан мумкин аст. Ин бо чунин зуҳуроте, чун болоравии экстремизми насронӣ дар калисоҳои протестантии ИМА ва Америкаи Лотинӣ, бо ҳаракатҳои ба ҳам монанди типологии католикӣ, бунёдгароии исломӣ ва ғайра алоқаманд мебошад.

Экстремизми динӣ, чун қоида, ба эътибори мутлақи мӯъҷизоти илоҳӣ, ки дар асарҳои муқаддас (Тора, Библияи насронӣ, Қуръон) ё дигар мутуни қонунии динӣ (Талмуд, навиштаҷоти муқаддаси пешвоён, муроҷиатномаҳои расмии (энсикликаи) Папа, қонунҳои шариат) таҷассум ёфтаанд, муроҷиат мекунад. Ба таври дигар гӯем, экстремизми динӣ «эътиқодро ба ҷузъ шарҳу тафсир» пешниҳод мекунад, ки дар амал ба талаби шахсан қабул кардани шарҳу тафсири пешвоёни он ба сифати раҳнамои дурусти ягона оварда мерасонад. Мутаносибан экстремизми динӣ бар зидди гуногунандешӣ (плюрализм), ки аз нигоҳи он ногузир ба имконпазирии баробарҳуқуқуии ҳақиқатҳои бисёр ҳатто дар доираи анъаноти як дин оварда мерасонад, баромад мекунад. Оқибати чунин муқаррароти динӣ, чун қоида, мавқеи сиёсиест, ки бо дастгирии қувваҳои куллан рости сиёсӣ тавсиф меёбад.

Таърихи ҷаҳонии садсолаҳои охир ба назари ҷонибдорони экстремизми динӣ чун ғалабаи қувваҳои бадӣ ва «фанои дунё» аст, ки зери ин мафҳумҳо беэътиқодӣ ва ахлоқан вайроншавии ҷомеа (барои насрониёни ғарбӣ), ғалабаи идеологияи зиддисемитӣ (барои яҳудиён), ғасби сиёсӣ – иқтисодии Ғарб (барои мусулмонон) фаҳмида мешавад. Сабаб дар он дида мешавад, ки дин таъсиррасонии муайяни худро ба ҷомеа аз даст дода, ба фишори гуманизми ғайридинӣ ҷой холӣ кардааст. Дар ин ҳолат экстремистҳои динӣ худро ашхоси аз ҷониби халқ интихобшудае меҳисобанд, ки даъват шудаанд, ғалабаи Худовандро дар таърих таъмин намоянд (милленаризми насронӣ, мессианизми иудейӣ, даъвоҳои мусулмонон ба моҳияти универсалии дин ва тарзи ҳаёти худ). Махсусияти экстремизми динӣ аз он иборат аст, ки вай аз бозгашт ба анъанот дар шакли пешина ва усули таърихан пасисаргаштаи ҳукмронии дин дар ҳаёти ҷомеа даъват ба амал оварда, ҳамзамон лоиҳаи муосири бунёди «тартиботи нави ҷаҳонист», ки ба рад кардани принсипҳои инсондӯстӣ ва демократия ва барқарор сохтани идеологияи тоталитарии динӣ бо истифодаи васоити техникии тамаддуни имрӯза асос ёфтааст.

Экстремизми динӣ комилан эътироф нагардидани баҳамбинии дунявию динии хоси замони ҳозира ва кӯшиши шарҳу тафсирбахшии дин танҳо дар истилоҳоти ҳокимият бар одам чи аз нигоҳи маънавӣ ва чи аз нигоҳи сиёсӣ мебошад. Экстремизми динӣ ҳам чун экстремизми миллӣ –этникӣ гуногуннавъии экстремизми сиёсӣ аст.

Сабабҳои чунин навъҳои экстремизм дар ҷомеа инҳоянд:

бӯҳронҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;

дигаргуншавии сохторҳои сиёсӣ;

пастравии сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ;

аз ҷониби ҳокимият пахш гардидани дигарандешӣ ва мухолифин;

зулми миллӣ, такаббуру ғурури пешвоёни ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ, ки баҳри ҳар чӣ зудтар амалишавии вазифаҳои ба миёнгузоштаашон мекӯшанд ва ғайра.

Баъзан озодии виҷдонро, ки бар асари дигаргуниҳои демократӣ эълом мегарданд, сабаби паҳншавии экстремизм бар асосҳои динӣ медонанд. Аммо озодии виҷдон озодии муҳим ва арзишманди инсон дар давлати муосири ҳуқуқбунёд мебошад. Тафсири он чун озодии комили иттиҳодияҳои динӣ баҳри пайдоиши идеологияи экстремистӣ дар ҷомеа шароит фароҳам овардааст.

? Лутфан ба хотир оред, ки мафҳуми «озодии виҷдон ва эътиқод» чӣ маънӣ дорад?

Дар ҳар як дин (на танҳо дар ислом) муқаррарот дар бораи фавқулодда ва дуруст будани он мавҷуданд, ки амалан ба мақсадҳои экстремизм истифода кардан мумкин аст. Аммо ҳамаи динҳои асосӣ инчунин талаб мекунанд, ки накуш, дуздӣ накун ва ғайра. Парастиши дин рафтори муайян, эҳсоси вобастагӣ, дарки вазифадориро чун таълимот муқаррар менамояд. Дин барои баёни эътироз ва муқовимат кардан ба ҳама гуна беадолатӣ асос медиҳад. Ба сабаби ин муқаррарот одамони алоҳида ё гурӯҳи одамон барои ҳадафҳои сиёсӣ аз дин бо шарҳу тафсири якҷонибаи аҳкоми он, тарғибу талқини эҳсоси оштинопазирӣ ва одамбадбинӣ сӯиистифода мекунанд. Бинобар ин экстремизми динӣ дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи инсоният дар мамлакатҳои гуногун, дар заминаи эътиқодмандиҳои гуногун аланга мезад.

Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи глобалишаванда чунин равандҳо махсусан хавфноканд, зеро экстремизими динӣ ба раванди табиии муошират, муносибати байниҳамдигарӣ ва ғановатмандии одамони фарҳангҳо ва эътиқодмандиҳои гуногун назарияи канораҷӯӣ ва одамбадбиниро муқобил мегузорад. Экстремизми ҳозираи исломӣ (масалан, дар шакли ваҳҳобизм) ҳадафи бунёди давлатеро пеш гузоштааст, ки байни мамлакатҳои мусулмонӣ сарҳадро намепазирад. Дар мамлакатҳои мусулмонӣ ваҳҳобизм дар айни замон хеле паҳн гаштааст. Ин ҳаракати ҳарбикунонидашудаи динӣ-сиёсӣ дар Арабистон дар миёнаи асри ХYIII дар асоси таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб пайдо шуда, баъдан идеологияи аввалин давлати Саудиҳо гардидааст.

Истилоҳи «ваҳҳобиҳо», ки аз номи асосгузори ҳаракат бармеояд, аз ҷониби худи пайравони он ҳаргиз истифода намешавад. Зиёда аз ин, онҳо дурустии истифодаи онро қатъиян рад карда, худро «муваҳиддин» – эътиқодманд ба Худои ягона ё салафийун – «мӯътақидони исломи ибтидоӣ» меноманд. Истилоҳоти «ваҳҳобизм» ва «ваҳҳобиён» бори аввал дар асарҳои онҳое дучор меоянд, ки бо Ибни Абдулваҳҳоб баҳсҳо оростаанд. Исломшиносони ғарб онро маҳз аз ҳамин ҷо гирифтаанд.

Махсусияти шарҳу тафсири сарчашмаҳои аввалини исломӣ аз ҷониби Ибни Абдулваҳҳоб ва фаҳмиши ӯ бобати худи пок сохтани эътиқод боиси таваҷҷӯҳ аст. Дар мулоҳизоти фақеҳии ӯ кӯшиши фаҳмиши соддаву ҳарф ба ҳарфи Қуръон ва суннатҳо, ки бисёр вақт ба хулосаҳои тамоюлӣ меоранд, бартарӣ доранд. Дар навбати худ, дар амалияи иҷтимоӣ он бисёр вақт ба фанатизм (таассуб) ва экстремизм чи дар корҳои динӣ ва чи дар масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва мубориза бо мухолифин оварда мерасонд ва мерасонад.

Фанатизм -таассуб (аз калимаи лотинии fanaticus – бехудӣ, ҷунyнӣ) ҷонибдории то ҳадди охирин расонидашуда ба ягон эътиқод ё ҷаҳонбинӣ, оштинопазирӣ ба ҳар гуна ақидаи дигар аст (масалан, таассуби динӣ).

Нуктаи муҳимтарини таълимоти ваҳҳобӣ тасаввуроти махсус дар бораи ҷиҳод ҳамчун муборизаи оштинопазир на танҳо бар зидди бутпарастон, инчунин мусулмононест, ки ҷаҳонбинии ваҳҳобиро қабул намекунанд.

Дар марҳилаи муайян дар амалияи ваҳҳобиён саросар нобуд сохтани лавҳаҳои болои марқадҳои ашхоси мӯътабар, пешвоёни дин, сӯхтани китобҳои фақеҳон, ки таълимоти онҳоро қабул надоштанд, мавқеи муҳимро ишғол мекард. Эътиқодмандии ваҳҳобиён ба он ки мухолифини онҳо, ҳарчанд расман мусулмон бошанд ҳам, кофиранд, оштинопазирū ва золимиро нисбат ба онҳо ҳақ мебаровард. Ҳамзамон чунин таассуб ваҳҳобиёнро муттаҳид сохта ва боинтизом гардонда, ба амалҳои аз нигоҳи рӯҳонияту характер комилан зиддисломū ҳаққонияти динию идеологū мебахшид. Ба туфайли ин ваҳҳобизм аз худи ибтидо идеологияи ғасби ҳарбū, тохтутозҳои ғоратгарона гардид. Баъдан чунин мантиқи сарманшаи исломū надошта, ки куштани одами соҳиби эътиқоди дигар ва умуман, мухолифинро ҳақ мебаровард, бар асоси фаъолияти террористии ба ном «бунёдгароёни (фундаменталистони) мусулмонū» ҷой гирифт.

Фундаментализм (бунёдгароū) ҳаракати ҷамъиятū, идеологū, диниест, ки ҷонибдориро ба ғояҳо, принсипҳо, арзишҳои ибтидоии таълимоту ақоиди муайян эълом дошта, талаби паси сар кардани таҳрифҳо, каҷравиҳо, бидъатҳои дар рафти инкишофи онҳо пайдошуда ва барқарорсозии покии ибтидоū, яъне «бозгашт ба саргаҳ» -ро пеш мегузорад.

Бунёдгароū дар шароити бӯҳрони ягон ҳаракат пайдо шуда, чун қоида, ба раванди дигаргуншавū ва навсозиҳо, аз ҷумла бо васоити зӯроварū муқобил меистад.

Ҳаракати ваҳҳобия баъди ҷанги дуюми ҷаҳонū бо болоравии нерӯи иқтисодии Арабистони Саудū, Аморат ва Қувайт васеъ паҳн шуд. Барои паҳн кардани ғояҳои ин таълимот масҷидҳо, марказҳои ВАО бунёд гардида, ба онҳое, ки шомили ин ҳаракат мегарданд, кӯмакҳои моддū расонида мешавад, дастаҳои махсуси ҳарбиён, шабакаи агентурū (ҷосусū) ташкил меёбанд. Ҷонибдорони ваҳҳобизм барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи авомфиребū, ташкили бетартибиҳо, амалҳои итоат накардани шаҳрвандон сохторҳои мавҷудаи ҷамъиятиро ноором созанд ва вайрон кунанд. Дар ин маврид усулҳои зӯроварū- амалҳои террористū, ҷанги партизанū ва ғайра истифода гардида, амалан ҳама гуна гуфтушунидҳо, созишномаҳо, мусолиҳаҳои ба гузашти тарафайн асосёбанда рад карда мешавад.

Экстремизм дар асоси динū бо сиёсат ва миллатгароū зич алоқаманд буда, якҷоя бо онҳо як чизи томро мемонад, бинобар ин, бисёр вақт дар адабиёти илмū истилоҳи «экстремизми динū – сиёсū» истифода мешавад. Масалан, ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) бо мақсади ғасби ҳокимият солҳои 1999-2000 яроқ ба даст гирифта, аз сарҳади Қирғизистон убур карданд, борҳо ниятҳои худро бобати бо қувваи зӯрū сарнагун сохтани режимҳои сиёсū дар ҷумҳуриҳои ҷавони собиқ шӯравии Осиёми Марказӣ ва бунёд кардани давлати исломū иброз намуданд.

Дар даҳсолаҳои охир ҳамчунин даҳҳо ҳаракатҳои ҷангҷӯёнаи таҷовузкоронаи дорои воситаҳои басо зиёди молиявū, ки навъҳои гуногуни миллатгароū, бунёдгароии динū, фашизм ва ғояҳои фанои дунёро тарғибу талқин ва парастиш мекунанд – аз миллатгароёни ҳиндуия сар карда, то навфашистон дар Аврупо (масалан, ҳаракате бо номи «Скинхэдҳо» ва ғайра) ва ҳаракатҳои нави динū («Шохаҳои Довуд», «Аум-Сенрикё» ва ғайра) пайдо шуданд. Тарғибгарони ин ғояҳо ба амалҳои зӯроварона даъват карда, худро қосидани эҳё ё тавлиди одами нав меҳисобанд. Баъзе ҷонибдорони чунин ҳаракатҳо ҷангу гуруснагū ва эпидемияҳоро барангехта, кӯшиш мекунанд, ки чархи таърихро такон бахшанд. Гурӯҳҳои экстремистии динū моддаҳои кимиёвū, биологū ва ҷангии заҳролудкунандаро истифода мекунанд, масалан, истифодаи гази заран аз ҷониби «Аум-Сенрикё» дар метрои Токио, ҳамчунин бактерияҳои тоуни сибирū аз пешайвони бино дар Токио.

Ба ин тариқ, экстремизми динū дар ҳамбастагū бо терроризм чун далели садоқатмандū ба ғоя омодагиро бо ҷоннисорū дар ин роҳ дар назар дорад, вале куштори одамони комилан бегуноҳро бо роҳи паҳн кардани бактерияҳои ботулизм ё тоуни сибирū, ба амал овардани таркишҳо дар нақлиёти ҷамъиятū ва ғайра амали қаҳрамонū номидан басо душвор аст.

Сарфи назар кардан нашояд, ки дар давраи ҷаҳонишавū экстремизми асоси динū дошта метавонад аз тактикаи терроризми иттилоотū ва ҷангҳои кибернетикū низ истифода намояд.

Бо экстремизми динӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсии ба пайдошавии экстремизм мусоидаткунандаро барҳам дода, фаъолияти зиддиқонунии экстремистонро ҷилавгирӣ намояд, ҷомеа бошад, бо ёрии иттиҳодияҳоюи ҷамъиятию динӣ, ВАО ва ғайра ба ғояҳои экстремистӣ ғояҳои инсондӯстӣ ва принсипҳои толерантӣ, сулҳу ризоияти шаҳрвандиро муқобил гузошта, зидди экстремизми динӣ амал кунад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: экстремизм, экстремизми сиёсӣ, экстремизми динӣ, терроризм, экстремизми сиёсии ҷазодиҳӣ, экстремизми сиёсии идеологӣ, экстремизми миллӣ – этникӣ, ваҳҳобизм, ҷиҳод, бунёдгароӣ, таассуб, гурӯҳҳои иртиҷоӣ.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.