Проблемаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳуқуқҳои инсон

1.Ҳуқуқ ба саломатӣ

Саломатӣ, чунон ки аз масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ аст, ҳамчунин масъалаи ҳуқуқҳои инсон мебошад. Решаҳои саломатии заиф ва фавти зиёди шумораи бештари аҳолии сайёра дар нобаробарӣ ва қашшоқию камбизоатӣ ниҳон аст. Байни тансиҳатӣ ва ҳуқуқҳои инсон алоқамандии муҳиме мавҷуд аст. Нуқтаи баҳамрасӣ ба ҷуз омилҳои дигар зӯроварӣ, шиканҷа, ғуломӣ, табъиз, об, ғизо, манзил ва анъанаҳоро фаро мегирад.

Ҳуқуқ ба саломатӣ дар якчанд санади байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, масалан, дар моддаи 12-и Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва моддаи 24-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак зикр шудааст.

  1. Ҳар як инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию некӯаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ ба вуҷуд меоянд, ҳақ дорад.
  2. Модарону кӯдакон ба васоят ва кӯмаки махсус ҳақ доранд. Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоӣ баробар истифода намоянд.

Моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Дар Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омадааст, ки давлат барои комилан амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба саломатӣ баробари корҳои дигар бояд тадбирҳои зеринро низ пиёда созад:

– таъмини ҳар чи камтари мурда таваллуд шудани кӯдакон, фавти атфол ва инкишофи солими кӯдакон;

– беҳтар сохтани ҳамаи ҷанбаҳои гигиенаи муҳити зист ва гигиенаи меҳнат дар саноат;

– пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунандаи эпидемӣ, касбӣ, бемориҳои дигар ва назорат ба онҳо;

– фароҳам овардани шароитҳое, ки ба ҳама кӯмаки тиббӣ ва дар ҳолати беморӣ нигоҳубини тиббиро таъмин мекунанд.

  1. Проблемаҳои ВИЧ/СПИД ва ҳуқуқҳои инсон

СПИД яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба саломатии инсон дар замони ҳозира мебошад. Вай бемории марговар буда, илми тиб ҳанӯз усулҳои самарабахши табобати онро пайдо накардааст.

Аввалин гирифторони бемории СПИД ҳанӯз дар солҳои 70-80-уми асри гузашта ба қайд гирифта шуданд. Соли 1983 олими амрикоӣ Роберт Талло ва олими фаронсавӣ Люк Монтане барангезандаи бемории СПИД-ро аниқ карда, онро ВИЧ номиданд.

Бояд дар назар дошт, ки ВИЧ ва СПИД мафҳумҳои гуногунанд. ВИЧ вируси норасоии масунияти бадан, барандаи (барангезандаи) бемории СПИД аст. Ҳангоми аз ин вирус сироят дидани организми одам аломатҳои берунии беморӣ одатан зуҳур намекунанд. СПИД ё аломати баамаломадаи норасоии масунияти бадан марҳилаи охирини беморӣ буда, дар ин ҳолат функсияҳои масуннии организм қудрати худмуҳофизатро гум мекунанд.

Шумораи беморони ВИЧ/СПИД дар ҷаҳон рӯз аз рӯз меафзояд. Мувофиқи маълумоти маҷаллаи англисии «Лантист» алҳол дар ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар одами гирифтори ВИЧ ҳастанд. Тахминан 20 миллион нафар одам аллакай аз бемории СПИД фавтидаанд ва ҳар сол беш аз 50 ҳазор нафар кӯдак бо инфексияи ВИЧ таваллуд мешаванд. Танҳо соли 2001-ум 5 миллион ҳодисаи гирифторӣ ва фавти 3 миллион одам аз бемории СПИД ба қайд гирифта шудааст. Аз ин беморӣ махсусан қитъаи Африка, ки қариб 30-50 фоизи аҳолии баъзе шаҳрҳояш гирифтори ВИЧ мебошанд, сахт азият мекашад. Эпидемияи паҳншавии СПИД ҳамчунин дар мамлакатҳои Шарқ ва ҷануби Аврупои Шарқӣ, соҳили Балтика ва ИДМ ба назар мерасад. Дар Федератсияи Россия, Украина ва Эстония садяки одамон барандагони ВИЧ мебошанд.

Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории СПИД ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо сол аз сол ба таври прогрессияи геометрӣ меафзояд. Агар соли 2004 дар муассисахои тиббӣ расман 317 нафар одами мубталои ВИЧ ба қайд гирифта шуда бошанд, дар соли 2005 шумораи онҳо ба 506 нафар расид. Мумайизон сабабҳои гуногуни паҳншавии ин бемориро дар Тоҷикистон ном мегиранд, ки байни онҳо болоравии шумораи истеъмолкунандагони маводи мухаддир, омили муҳоҷирати меҳнатӣ, сатҳи пасти дониши алалхусус ҷавонон бобати хавфнок будани гирифторӣ ба ин беморӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, методҳои контрасепсия ва усулҳои пешгирӣ аз СПИД ҳастанд.

Давлатҳо вазифадоранд қонунҳои дахлдоре қабул намоянд, ки гурӯҳҳои заифи иҷтимоӣ ва ашхоси маъюби гирифтори ВИЧ/СПИД-ро дар бахшҳои давлатию хусусӣ ҳимоя намоянд.

Аз Тавсияҳои Комиссари Олии СММ

оид ба ҳуқуқҳои инсон

Ахлоқ дар ҷомеаи мо имрӯз, чуноне ки қаблан буд, ба тартибу низом таъсири қатъӣ надорад. Махсусан дар шаҳрҳои калон ҷавонон хеле бармаҳал, ҳанӯз характерашон ташаккул наёфта, ба алоқаҳои ҷинсӣ шурӯъ мекунанд. Онҳо дар бораи оқибатҳои алоқаи бармаҳали ҷинсӣ дониши казоӣ ва иттилооти зарурӣ надоранд. Ин ҳама оқибат ба паҳншавии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, аз ҷумла инфексияи ВИЧ оварда мерасонад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҷаҳон 45 фоизи гирифторони бемории СПИД ҷавонони синнашон аз 19 то 40 сола мебошанд.

Чанд қоидаи оддии марбут ба пешгирӣ аз бемории ВИЧ/СПИД-ро донистан лозим аст.

ВИЧ/СПИД танҳо аз одам ба одам бо се усул мегузарад:

  1. Сирояти хун тавассути истифодаи асбобҳои тиббии тамъизнашуда, масалан, сӯзандоруҳо, ё ҳангоми вашм кардан, сӯрох намудани гӯш, биннӣ ва ғайра.
  2. Тавассути алоқаи ҷинсии ҳифзкарданашуда.
  3. Аз модари гирифтори ин беморӣ ба кӯдак.

ВИЧ/СПИД, масалан, ҳангоми дастфишорӣ, баоғӯшгирӣ, бӯсидан, атса задану сулфа кардан, тавассути истифодаи асбобҳои рӯзгор, ҳини нигоҳубин ба бемори СПИД намегузарад.

Дар ҷомеа бар зидди одамони гирифтори бемории СПИД ё нашъамандон ақидаҳои муайяни нодурусте ҳастанд. Ҳуқуқи инсон талқин менамояд, ки ҳар як одам ба муносибати сазовор ҳуқуқ дорад ва чунин беморон ба ҳимояи махсус ниёзманданд. Давлат ва ҷомеа ҳуқуқҳои одамони гирифтори бемориҳои СПИД ё нашъамандиро набояд поймол кунанд.

Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар маърӯзаи худ дар бораи проблемаи СПИД ҳуқуқҳои зерини инсонро муайян намуд, ки баробари ҳуқуқҳои дигар ба проблемаи паҳншавии СПИД дар тамоми ҷаҳон бевосита алоқаманданд:

Ҳуқуқҳои кӯдакон ва ҷавонон

«Бисёре аз ин ҳуқуқҳо чун ҳуқуқ ба озодӣ аз хариду фурӯш ба ғуломӣ, аз фоҳишагарӣ, истисмори шаҳвонӣ ва зӯроварии шаҳвонӣ барои пешгирии гирифторӣ ба ВИЧ ва СПИД, барои ғамхорӣ кардан ба кӯдакон ва дастгирии онҳо басо муҳиманд, зеро зӯроварии шаҳвонӣ бар зидди кӯдакон ба ҷуз ҳама хавфи гирифтори бемории СПИД шудани онҳоро афзун мекунад. Озодии ҷустуҷӯ, гирифтану таҳвил намудани иттилоот ва ҳама гуна ғояҳо, ҳамчунин ҳуқуқи таҳсил кӯдаконро соҳиби ҳуқуқи таҳвил намудан ва гирифтани тамоми иттилооти барои онҳо зарурӣ баҳри канораҷӯӣ аз вируси норасоии масунияти бадан ва дар сурати гирифторӣ ба он омӯхтани роҳҳои бо чунин ҳол мубориза бурдан мегардонад».

– «Ҳуқуқи дахолат накардан ба ҳаёти хусусӣ вазифадориро бобати эҳтироми сирри ҳолати ҷисмонӣ бо фарогирии вазифаи гирифтани ризоияти бемори огоҳ барои санҷиши мавҷудияти вируси ВИЧ дар организми ӯ ва бо зарурати махфӣ нигоҳ доштани ҳама гуна асрори роҷеъ ба вазъи саломатии одами барандаи ВИЧ дар назар дорад. Ҷомеа барои нигаҳдории асрор манфиатдор аст, то ки одамон аз хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ истифода карда, худро орому дилпур эҳсос кунанд».

Ҳуқуқи таҳсил. «Ин ҳуқуқ се ҷузъи асосии нисбат ба проблемаи ВИЧ ва СПИД истифодашавандаро дар бар мегирад. Аввалан, ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон ҳуқуқи гирифтани донишҳо дар бораи инфексияи ВИЧ, махсусан роҷеъ ба пешгирию табобати онро доранд. Дуюм, давлатҳо вазифадоранд чунин шароитҳоеро таъмин намоянд, ки дар онҳо чи кӯдакон ва чи калонсолони гирифтори инфексияи ВИЧ ё СПИД дучори табъизи дар шаклҳои рад кардани таҳсил бо фарогирии дастрасӣ ба мактабҳо, таълимгоҳҳои олӣ, стипендияҳо ва таҳсил дар хориҷа ё ягон маҳдудиятҳои дигари ба сабаби бемории онҳо зуҳуркунанда нагарданд. Сеюм, давлатҳо вазифадоранд, бо ёрии маърифатноксозии аҳолӣ ба дарку фаҳмиш, эҳтиром, тоқатпазирӣ ва раво надидани табъиз нисбати ашхоси барандаи инфексияи ВИЧ ва СПИД кӯмак кунанд».

«Ҳуқуқ ба меҳнат ҳуқуқи ҳар одамро ба дастрасӣ ба шуғл бе пешниҳоди ягон шарту шароитҳои пешакӣ, ба ҷуз малакаҳои зарурии касбӣ, ифода менамояд. Ин ҳуқуқ, вақте аз номзади ба кор қабулшаванда ё корманд санҷиши ҳатмии будан ё набудани инфексияи ВИЧ талаб мегардад ва дар ҳолати маҷвудияти ҷунин инфексия ӯ ба кор қабул карда намешавад, аз кор озод мегардад ё кӯмакпулии барои ӯ пешбинигардида дода намешавад, вайрон мегардад».

? -Ба андешаи Шумо, дар Тоҷикистон одамони гирифтори инфексияи ВИЧ бо чӣ гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дучор меоянд? Ин ҳуқуқвайронкуниҳоро чӣ тавр пешгирӣ кардан мумкин аст?

3. Проблемаи нашъамандӣ ва ҳуқуқҳо и инсон

Проблемаи дигари ҷиддӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон нашъамандӣ мебошад. Он алалхусус дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта авҷ гирифт. Теъдоди одамони мубталои нашъа, ки дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз соли 1997 инҷониб дар ҷумҳурӣ 10,1 маротиба афзуда, то 01.07.2004 7045 нафарро ташкил дод. Аз онҳо 5465 нафарашон мубталои истеъмоли маводи сахттаъсири героин мебошанд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот, содирот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо фақат бо мақсадҳои тиббӣ, байторӣ ва илмӣ иҷозат дода мешавад.

Моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз 22.04.2003.

Мувофиқи дарки имрӯза нашъамандӣ на беморӣ дар фаҳмиши тиббии ин мафҳум, на бадномию шармсорӣ аз нигоҳи ахлоқӣ, балки иллатест, ки дар пайдоиши он омилҳои гуногуни психоиҷтимоии дар сурати баҳамоии муайян бо омилҳои биологии ба беморӣ овардарасонанда нақши ҳалкунанда мебозанд.

Маводи мухаддир, чун масалан, марихуана, амфетаминҳо, кокоин, экстазҳо ва героин хотираро заиф мегардонанд, одам ғуломи чунин «кайфият» мешавад, дарди сар пайдо шуда, ҷисм хароб мегардад ва одам метавонад зуд ба ҳалокат расад. Майл ба маводи мухаддир метавонад тамоми умр боқӣ монад ва танҳо ба аҳён-аҳён одамон муяссар мешавад, ки мубталоиро ба он барҳам зананд. Усули беҳтарини канораҷӯӣ аз ин хавф умуман, даст назадан ба он аст.

Истеъмолкунандагони маводи мухаддир одамони нозуку иродаашон заиф аст. Онҳо аз кӯмаки норасои тиббӣ азият мекашанд, ба худ табъизу аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фишор, ҷудосозии иҷтимоӣ ва дахолати дағалонаро ба ҳаёти шахсиашон эҳсос мекунанд.

Нашъамандон бояд аз табъиз ва маҳдуд гардидани ҳуқуқҳояшон ба кӯмаки тиббӣ, таъминоти иҷтимоӣ, ба меҳнат, дахлнопазирии ҳаёти шахсиашон ва ғайра ҳимоят дошта бошанд.

Табиист, ки маҳдудияти захираҳо ва дигар ҳолатҳо ба давлат имконият намедиҳанд, фавран ва ба андозаи пурра ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро дар шароити паҳншавии СПИД ва нашъамандӣ таъмин намояд. Бо вуҷуди ин ӯҳдадории давлат оид ба таъмини ҳуқуқҳо танҳо бо қабули қонунҳои дахлдор маҳдуд намешавад. Амалисозии ҳуқуқҳо бояд ба захираҳои буҷетии махсус ҷудошуда, кадрҳои таълимдида, таъминоти моддӣ-техникӣ ва умуман, ба инфраструктураи томе такя намояд, ки барои бунёди он вақт ва иродаи сиёсӣ лозим аст.

Аз ҷониби умум эътироф шудааст, ки вақте ҳуқуқҳои инсон ҳифз мешаванд, теъдоди камтари одамон ба нашъа майл мекунанд, худи нашъамандон ва аҳли оилаи онҳо бошанд, душвориҳоеро, ки аз ин бало бармеоянд, муваффақонатар паси сар мекунанд.

? Шумо дар бораи проблемаи нашъамандӣ дар Тоҷикистон чӣ андеша доред?

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

ҳуқуқҳои инсон дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ

Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои зерин таҷассум ёфтааст:

  1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ».
  3. Санадҳои байналмилалии меъёрӣ-ҳуқуқии эътирофкардаи Тоҷикистон.

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм тадбирҳо меандешад.

Моддаи 38-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» санади муҳими меъёриест, ки ҳуқуқҳои инсонро дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ таҷассум мекунад. Масалан, дар моддаи 22-и ин қонун чунин ҳуқуқи муҳими аз ҷониби мо аллакай зикршуда чун ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот дар бораи вазъи саломатиашон ва омилҳои ба он таъсиррасонанда таҳким бахшида шудааст. Ба ин тариқ, шаҳрвандон барои гирифтани иттилооти зарурӣ дар бораи вазъи саломатии худ ва саломатии фарзандонашон, роҳу усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобат, дараҷаи бемории аҳолӣ, омилҳои ба саломатӣ таъсиррасонанда бо фарогирии вазъи муҳити зист, шароитҳои меҳнат, маишат ва истироҳат ҳуқуқ доранд.

Мутобиқи ин қонун ҳуқуқи беморон, аз ҷумла онҳое, ки гирифтори ВИЧ/СПИД мебошанд, аз нашъамандию майзадагӣ азият мекашанд, аз ҷониби давлат ҳимоя карда ва кафолат дода мешавад. Масалан, ҳангоми муроҷиат кардан барои ёрии тиббӣ ва гирифтани он одами мариз чунин ҳуқуқҳо дорад:

– муносибати боэҳтиромона ва инсондӯстона аз ҷониби кормандони тиб ва ҳайати хизматрасон;

– интихоби духтур, аз ҷумла духтури оилавӣ ва табобаткунанда бо дар назардошти ризоияти ӯ;

– дастрасӣ ба адвокат ё дигар намояндаи қонунӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ.

Байни принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла инҳо зикр шудаанд: риояи санадҳо ва созишномаҳои байналмилалии меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарордодҳо, пешгирии ҳодисаҳои вайронкунии ҳуқуқҳои беморон, таъмини хизматрасонии баробари тиббӣ ва ёрии иҷтимоӣ-психологӣ.

Соли 2000 бо дар назардошти чунин ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалии СММ чун Эъломияи ҷонибдорӣ дар кори мубориза бо ВИЧ/СПИД ва Принсипҳои байналмилалии роҳбарикунанда оид ба дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ВИЧ/СПИД Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007 қабул гардид.

9 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.