Фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Мафҳум, зарурат, аҳамият ва мундариҷаи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон

 

Дар ҷаҳони имрӯза фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон аҳамияти басо муҳим ва принсипиалиро моликанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, масалан, дар соҳаҳои ҳифзи сулҳ, пешгирии ҷанги ядроӣ, мубориза бо терроризми байналхалқӣ, ҳифзи табиат, солимгардонии муҳити зисти одамон, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳалли проблемаҳои оилавӣ, демографӣ ва ғайра амал менамоянд. Ҳуқуқҳои инсон яке аз соҳаҳои амали онҳост.

Фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ташкил ва амали низоми созмонҳои байналмилалӣ баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон дар ҳамаи мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон аст.

Зарурати таърихии пайдоиши созмонҳои байналмилалӣ бар он асос меёбанд, ки сарфи назар аз миқёси рушди ҷомеа ҳуқуқҳои инсон арзиши беш аз пеш пайдо мекарданд, низоъҳои мусаллаҳона ва даҳшатҳои марбут ба онҳо, ҷангҳои ҷаҳонии асри гузашта, махсусан ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба сари тамоми инсоният хатарҳои марговар оварданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати таъсиси низоми томи созмонҳои байналмилалиро, ки баҳри сулҳу амният дар сайёра, рушди муваффақонаи он дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти инсонӣ ҷавоб гуфта тавонанд, дарк кард.

Ҷаҳони имрӯза шоҳиди бисёр мисолҳои низоъҳои мусаллаҳона, офатҳои табиии тақозокунандаи дахолати муташаккилонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки танҳо тавассути созмонҳои байналмилалии доимоамалкунанда ба таври самарабахш амалӣ шуда метавонанд. Вазъият дар Афғонистон, Ироқ, Фаластин, Судон аз ҷумлаи чунин мисолҳоянд. Созмонҳои байналмилалие чун СММ ва САҲА дар танзими низоъи солҳои 1992-1997-и байни тоҷикон ҳиссаи бузурги худро гузоштанд. Дар айни замон терроризми байналхалқӣ аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии глобалӣ ба амнияти инсоният буда, зидди амали муташаккилонаи байналмилалиро тақозо мекунад. Амалҳои террористӣ дар ИМА, Англия, Испания, Федератсияи Россия ва дигар минтақаҳои кураи Замин боиси ҳалокати шумораи зиёди одамони бегуноҳ гардиданд. Солҳои охир ҳодисаҳои дуздӣ ва ба қатл расонидани гаравгонон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бисёр рух медиҳанд, ки бо ҳуқуқҳои инсон ҳаргиз мувофиқ нестанд.

Низоъҳои мусаллаҳонаи марбут ба содир кардани ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният пурзӯр гардонидани фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон тақозо мекунанд. Назди чунин амалҳои ғайриинсондӯстӣ аҳолии осоишта оҷиз асту фаъолияти давлатҳои алоҳида низ кофӣ нест.

Ба ин тариқ, фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон бар зарурати таърихӣ асос ёфта, аҳамияти умумиинсонӣ дорад.

Мундариҷаи фаъолияти созмонҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҷузъҳои зерин ташкил медиҳанд: таҳия ва пешбурд, кӯмак кардан дар эътирофи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон (эъломияҳо, паймонҳо, конвенсияҳо ва ғайра) аз ҷониби давлатҳо; назорат ба риояи санадҳои зикршудаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон; таъсиси созмонҳо ва институтҳои гуногуни байналмилалӣ бо мақсади таҳлил, мониторинг ва назорати риояи ҳуқуқҳои инсон дар ҷаҳони имрӯза ва пешбурди арзишҳои ҳуқуқҳои инсон; таҳия ва пешниҳоди тавсияҳои муфид дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ба ҳукуматҳои миллӣ, ташкилотҳои дохилидавлатӣ; татбиқи пурсамари тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар мамлакатҳои гуногун; коркарди барномаҳо ва консепсияҳои зарурӣ дар соҳаи таълими ҳуқуқҳои инсон, татбиқу риоя ва таъмини онҳо.

2.Навъҳои созмонҳои байналмилалӣ дар

соҳаи ҳуқуқҳои инсон

Эътироф ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳанӯз маънии таъмини онҳоро надорад. Аз ин рӯ дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ маҳз функсияҳои назоратии мақомоти гуногуни СММ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Махсусияти фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон аз он иборат аст, ки онҳо бевосита ба фаъолияти давлат дахолат накарда, ба ҷои он фишангҳои гуногуни таъсиррасонии сиёсиро ба кор мебаранд. Ин ба сабаби зарурати эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳои миллист. Аммо давлатҳо ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон (созишномаҳо, паймонҳо, конвенсияҳои байналмилалӣ ва ғайра) ҳамроҳ шуда, ҳамзамон ба зимаи худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ӯҳдадориҳои муайяне мегиранд, ки бояд онҳоро иҷро кунанд. Аз ҷониби дигар, ягон давлат ваколатдор нест, ки ба риояи ҳуқуқҳои инсон дар давлати дигар назорат барад ва зиёда аз он ба корҳои дохилии вай дахолат кунад. Чунин амалҳо соҳибихтиёрии давлатро паймол сохта, мухолифи принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқҳои байналмилалист.

Пас, риояшавии ҳуқуқҳои инсонро чӣ навъ назорат кардан мумкин аст? Мо вазъияти корҳоро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар ин ё он мамлакат ва ё минтақаи муайяни ҷаҳон чӣ навъ дониста метавонем?

Шакли ягона ва нисбатан пурсамари назорат ба риояи ҳуқуқҳои инсон дар ҷаҳон маҳз фаъолияти созмонҳои байналмилалист. Созмонҳои байналмилалии бо ташаббус ва иродаи ҷомеаи байналхалқӣ таъсисёбанда барои назорати риояи ҳуқуқҳои инсон дар ҳар як гӯшаи кураи Замин имкониятҳои зарурӣ доранд.

Дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аҳамияти махсус дорад. СММ созмони байналмилалии дар асоси иттиҳоди ихтиёрии давлатҳои мустақил баҳри нигаҳдорӣ ва таҳкими сулҳу амнияти байналхалқӣ, рушди ҳамкориҳои осоиштаи байни давлатҳо таъсисёфта мебошад.

Ассамблеяи Генералии СММ вазифаҳои ҳамкорӣ бобати эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои инсонро ба ҷо меорад. Ассамблеяи Генералӣ ба ҳамкориҳои байналхалқӣ дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, дар соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, татбиқи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон сарфи назар аз фарқиятҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва динии одамон (моддаи 13-и Оинномаи СММ) кӯмак мекунад. Ассамблеяи Генералӣ бо мақсади муваффақшавӣ ба ҳадафҳои зикршуда таҳқиқоти зарурӣ мегузаронад, тавсияномаҳои муфид таҳия месозад, ки одатан дар шакли эъломияҳо ё қоидаҳои стандартӣ қабул мешаванд. Масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсон дар кумитаҳои он, аз ҷумла дар Кумитаи сеюм муҳокима мешаванд. Ассамблеяи Генералӣ ҳуқуқ дорад, ки дар доираи Оинномаи СММ ҳама гуна масъаларо баррасӣ намояд. Вай аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда ба ҳамаи давлатҳои аъзо ва Шӯрои амният тавсияҳо медиҳад.

Мувофиқи Оинномаи СММ дар ҳалли вазифаҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ШИИ) нақши муҳим мебозад. Вай зери роҳбарии Ассамблеяи Генералӣ амал менамояд. Мақомоти ёрирасони вай 5 комиссияи минтақавӣ мебошанд: Комиссияи иқтисодии аврупоӣ, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором, Комиссияи иқтисодии СММ барои Африка, Комиссяи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиёи Ғарбӣ, Комиссияи иқтисодии СММ барои Америкаи лотинӣ ва ҳавзаи Кариб. Ба сифати мақомоти ёрирасони вай боз бештар аз 20 комитету комиссияҳо (оид ба вазъияти занон, ҳуқуқҳои инсон ва ғайра) амал мекунанд. Мақомоти олии Шӯро сессия мебошад, ки соле як маротиба даъват карда мешавад. Қароргоҳи асосии мақомоти мазкур дар Нйу-Йорк ҷойгир шудааст.

Комиссияи оид ба вазъияти занон комиссияи функсионалии ШИИ мебошад. Вай соли 1946 таъсис дода шудааст. Аъзои он аз ҷониби ШИИ ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Комиссия дар асоси принсипи баробарҳуқуҳии мардон ва занон маърӯзаҳо ва тавсияҳои ШИИ-ро оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа омода месозад. Комиссия дар таҳияи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон, Эъломия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои занон иштирок шудааст. Вай ҳамчунин иҷрои конвенсияҳо, эъломияҳо ва тавсияҳои қабулшударо баррасӣ менамояд.

Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ташкил гардида, аъзои он аз ҷониби ШИИ интихоб карда шуданд. Комиссия оид ба ҳуқуқҳои инсон дар соҳаи татбиқи Билли байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, эъломияҳо ва конвенсияҳо оид ба озодиҳои шаҳрвандӣ, вазъияти занон, озодии иттилоот, ҳифзи ақаллиятҳо, пешгирии табъиз аз рӯи аломатҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва динӣ, инчунин оид ба ҳама гуна масъалаҳои дигар дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон маърӯзаҳо ва тавсияҳо омода сохта, онҳоро ба ШИИ пешниҳод менамояд. Соли 1947 Комиссия оид ба ҳуқуқҳои инсон Зеркомиссияи оид ба пешгирии табъиз ва ҳифзи ақаллиятҳоро таъсис дод. Комиссия бо мақсади санҷиши риояи ҳуқуқҳои инсон гурӯҳҳои гуногуни корӣ таъсис намуд, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон (дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чили ва ғайра) амал карданд. Намояндагони махсуси комиссия дар Ироқ, Гаити ва мамлакатҳои дигар таъин шудаанд, онҳо дар мамлакатҳои муайян тадқиқот гузаронида, маърӯзаҳои худро ба СММ пешниҳод менамоянд. Бо иштироки Комиссия як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, масалан, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи пешгирии ҷиноятҳоти апартеид ва дар бораи ҷазо барои онҳо қабул шудаанд. Мубориза бар зидди апартеид, нажодпарастӣ ва табъизи нажодӣ, ба таври оммавӣ вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чили, Салвадор, ҳудудҳои аз ҷониби Исроил истилошудаи арабҳо) ҳамеша дар маркази диққати Комиссия қарор доштанд.

Дар айни замон ислоҳоти низоми СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба амал омада, ба ҷои комиссия Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис ёфтааст, ки на ҷузъи сохтории ШИИ, балки мақомоти ёрирасони Ассамблеяи Генералии СММ мебошад. Шӯро оид ба ҳуқуқҳои инсон, тавре умед мебанданд, дар оянда метавонад мақомоти асосии СММ гардад. Ба ҳайати он 47 давлати аъзои СММ интихоб шудаанд, ки ҳамаи онҳо бояд стандартҳои баланди риояи ҳуқуқҳои инсонро риоя намоянд. Агар дар ин давлатҳо ҳодисаҳои ба таври оммавӣ ва мунтазам вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ошкор гарданд, пас узвияти онҳо ба овоздиҳии 2/3 аъзои Ассамблеяи Генералии СММ боздошта мешавад. Ба Шӯро лозим меояд, механизми ҳисоботдиҳии универсалии ҳамаи давлатҳо ва таассури фавриро ба вазъиятҳои фавқулодда дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон таҳия намояд. Бар фарқият аз пешгузаштагони худ Шӯро ба андозаи бештар ҷамъ меояд ва вай имконият дорад, ки дар сурати зарурат сессияҳои фавқулодда даъват намояд.

Дар асоси қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 1993 мансаби Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис дода шудааст. Вай тамоми фаъолияти СММ-ро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамоҳанг месозад.

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои инсон шумораи зиёди мақомоти конвенсионии (қарордодии) назоратӣ амал мекунанд, ки дар асоси созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон таъсис дода шудаанд. Дар ибтидо Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон ташкил гардид. Баъдан мақомоти зерини конвенсионӣ таъсис ёфтанд. Кумитаи оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ (1970), Кумитаи оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон (1982), Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1985), Кумитаи зидди шиканҷа (1988), Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак (1990). Кумитаҳо огоҳӣ ва тавсияҳои тартиботи умумӣ ва тавсияҳои умумие манзур медоранд, ки мундариҷаи муқаррароти конвенсияҳои дахлдорро тафсир мебахшанд.

Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон дар асоси моддаи 28-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бо мақсади назорат ба рафти татбиқи Паймон аз ҷониби давлатҳои иштирокдор таъсис дода шудааст. Аъзои Кумита ба мӯҳлати чор сол интихоб мешаванд. Онҳо ба сифати на намояндагони давлатҳо, балки мумайизон кор мекунанд. Дар сессияҳои Кумита, ки соле ду маротиба даъват мегарданд, маърӯзаҳои давлатҳои иштирокдор дар бораи татбиқи Паймон шунида мешаванд. Кумита ҳамчунин муроҷиатҳои инфиродии шаҳрвандонро баррасӣ намуда, нисбати мамлакатҳое, ки Протоколи аввалини факултативиро ба Паймон тасдиқ кардаанд, мулоҳизаҳои худро пешниод менамояд. Кумита ба Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи кори худ маърӯзаҳо манзур месозад.

Ҳамаи кумитаҳои зикршуда аз мумайизоне иборатанд, ки аз ҷониби давлатҳои иштирокдори конвенсияҳои дахлдор интихоб мешаванд. Давлатҳои иштирокдори конвенсияҳо ба баррасии Кумита маърӯзаҳоро оид ба тадбирҳои андешидаашон бобати дар ҳаёт татбиқ намудани муқаррароти конвенсия пешбарӣ мекунанд. Кумитаҳо ҳамасола ба Ассамблеяи Генералӣ маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд.

Мутобиқи резолютсияи 1235 ШИИ аз 6 июни соли 1907 Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон ва Зеркомиссияи оид ба пешгирии табъиз ва ҳифзи ақаллиятҳо барои баррасии муроҷиатҳои ашхоси алоҳида ваколатдор дониста шудаанд. Шикоятҳои инфиродиро дигар мақомоти конвенсионӣ низ баррасӣ менамоянд.

Дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин ҳамкориҳои минтақавӣ аҳамияти калон доранд. Дар низоми аврупоии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон Шӯрои Аврупо нақши ҳалкунанда мебозад. Мутобиқи Конвенсияи Аврупоии ҳуқуқхои инсон ва озодиҳои асосӣ Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон шикоятҳои давлатҳои алоҳида, ашхоси хусусӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва гурӯҳи одамонро дар бораи вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон, ки Конвенсияи аврупоӣ пешбинӣ кардааст ва ин ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳудуди зери юрисдиксияи (доираи ҳуқуқии) мамлакатҳои иштирокдори Конвенсия қарордошта ба амал омадаанд, баррасӣ менамояд. Ба иҷрои қарорҳои суд, ки барои давлатҳои иштирокдори Конвенсияи аврупоӣ ҳатмианд, Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо назорат мебарад.

Дар қитъаи Америка мутобиқи Конвенсияи байниамрикоии ҳуқуқҳои инсон (соли 1969) бо мақсади назорати татбиқи Конвенсия ду ташкилот – Комиссияи байниамрикоӣ ва Суди байниамрикоӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис дода шудаанд. Давлатҳои африкоӣ Хартияи Африкоии ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои халқҳоро қабул намуда, низ ташкилоти минтақавии худро таъсис додаанд. Чунин ташкилот Комиссияи Африкоии ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои халқҳо мебошад. Комиссия дар зарфи даҳ соли аввали фаъолияти худ беш аз сӣ далели мунтазам вайрон гардидани ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои халқҳоро баррасӣ кардааст. Дар минтақаи давлатҳои араб Комиссияи доимоамалкунандаи арабӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис ёфтааст.

Дигар соҳаи фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ бо пешгирии ҷиноятҳои байналхалқӣ алоқаманд аст. Ба ин мақсад бо қарори Шӯрои амният соли 1993 Трибунали ҷиноятии муваққатии байналхалқӣ оид ба таъқиби ашхоси гунаҳкор дар вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон дар Югославияи собиқ ва соли 1994 Трибунали ҷиноятии байналхалқӣ оид ба Руанда (оид ба ҷавобгарии ашхоси гунаҳкор дар геносид ва ҷиноятҳо бар зидди инсоният) таъсис ёфта буданд. Соли 1998 Суди байналхалқии ҷиноятӣ таъсис ёфт. Вай айбномаҳоро нисбати ашхоси гунаҳкор дар барангехтани ҷангҳои истилогарона, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳои истилогарона, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва ҷиноятҳо бар зидди инсоният баррасӣ менамояд.

3.Фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти муносибатҳои байналмилалӣ, узви комилҳуқуқи СММ буда, ба теъдоди зиёди эъломияҳо, паймонҳо, конвенсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст ва сиёсати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани қонунгузориҳои худро ба амал мебарорад. Тоҷикистон узви ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла САҲА, Созмони оид ба ҳамкории Шанхай мебошад ва феълан масъалаи вуруди Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо дар миён меистад.

Созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон намояндагиҳои худро дар Тоҷикистон доранд. Аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон то ба ин дам ба мамлакати мо сарони қароргоҳҳои бисёр созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Муншии умумии СММ, Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, Раисикунандаи САҲА ва ғайра ташриф оварда, дар рафти сафарҳои онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ ва фаъол гардонидани нақши Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқҳои инсон муҳокима шудаанд.

Тавре қаблан қайд кардем, хизмати созмонҳои байналмилалӣ дар қатъшавии ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар Тоҷикистон беназир аст. Воқеаҳои фоҷеабори он замон ҳамеша дар маркази диққати СММ ва шахсан Муншии умумии он буданд. Гуфтушунидҳои байни ҷонибҳои низоъкунанда зери назорати СММ мегузаштанд. Дар танзими низоъ ва барқарорсозиҳои баъдиҷангӣ дар Тоҷикистон дигар созмонҳои байналмилалӣ низ, аз ҷумла Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо (ИКОГ СММ), Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх (КБСС) ва ғайра нақши калон бозиданд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ ба ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ аҳамияти калон дода, якҷоя бо онҳо аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон бо татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳо машғул мешаванд.

Дар таъмини сулҳ ва ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон Дафтари СММ оид ба мусоидат дар бунёди сулҳ дар Тоҷикистон (ДСММБСТ) нақши муҳим бозид. Мутобиқи истилоҳоти СММ мафҳуми бунёди сулҳ ҳамаи кӯшишҳои берунии ба расонидани ёрӣ ба мамлакатҳо ва минтақаҳо нигаронидашударо бобати гузаштан аз ҷанг ба сулҳ дар асоси истифодаи ҳама гуна фаъолиятҳо ва барномаҳо оид ба таъмини ин давраи гузариш фаро мегирад. ДСММБСТ кӯшишҳои қаблии сиёсии СММ дар Тоҷикистон ва ҳамаи он чиро, ки Намояндагии мушоҳидони СММ дар Тоҷикистон (НМСММТ) муваффақ гардида буд, инкишоф дод. Намояндагии мушоҳидони СММ дар Тоҷикистон бо резолютсияи Шӯрои амният аз 6 декабри соли 1994 таъсис ёфта буд. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (соли 1997) ва гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000) амали ваколати НМСММТ боздошта шуд. Баъди аз нав ташкилдиҳии НМСММТ бо дастгирии Шӯрои амнияти СММ 1 июни соли 2000 Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди сулҳ дар Тоҷикистон ташкил гардид.

ДСММБСТ ба Тоҷикистон дар таъминоти техникии тайёр кардани маърӯзаҳо оид ба татбиқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва таъмини омӯзиши ҳуқуқҳои инсон ёрии басо муҳиму зарурӣ расонд. Лоиҳаи ДСММБСТ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр кардани маърӯзаҳои миллӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ба кӯмакрасонӣ бобати омӯзиши талаботи СММ ба мундариҷаи маърӯзаҳо оид ба риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ҳукумат, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва доираҳои академикӣ нигаронида шуд. Лоиҳаи ДСММБСТ оид ба омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон бо кӯмакрасонӣ бобати иҷрои Барномаи «Системаи давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. ДСММБСТ дар доираи ин лоиҳа ба тайёр кардани неруи миллии муаллимон, тренерҳо, маъмурони мактабҳо, кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ кӯшида, оид ба масъалаҳои методикаи таълими ҳуқуқҳои инсон як силсила вохӯриҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо гузаронид; тавассути Маркази иттилоот ва ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аҳолиро ба иттилоот ва адабиёти таълимию методӣ оид ба омӯзиши ҳуқуқҳои инсон таъмин намуд; моҳе ду маротиба нашрияи «Ҳуқуқи инсон» (замимаи ҳафтаномаи «Омӯзгор») ба табъ мерасад, ки дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таълимгоҳҳои олӣ паҳн карда мешавад; дар васоити ахбори омма маводи иттилоотӣ паҳн намуд. ДСММБСТ ҳамчунин лоиҳаҳоро барои ҷавонон дастгирӣ кард, то ки хатари ҷалби онҳо ба интиқоли маводи мухаддир ва экстремизми сиёсӣ камтар гардад. ДСММБСТ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе Маркази захиравии ҷавонон ва дар минтақаҳои аз амалиётҳои ҷангӣ зарардида оид ба масъалаҳои ҳалли низоъҳо ва ҳуқуқҳои инсон чор маркази омӯзишӣ ташкил намуд.

31 июли соли 2007 бо дар назардошти анҷом ёфтани раванди бунёди сулҳ дар ҷумҳурӣ амали ваколати ДСММБСТ дар Тоҷикистон хотима ёфт.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон. мақомоти конвенсионии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, бунёди сулҳ.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.