Ташкилоти байналхалқии меҳнат ва созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират

  1. Таърихи таъсисёбӣ ва самтҳои асосии фаъолияти

Ташкилоти байналхалқии меҳнат

Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) таърихи беш аз 85-сола дорад. Вай дар як вақт бо Лигаи миллатҳо соли 1919 дар асоси Муоҳидаи сулҳи Версал таъсис ёфта буд. Ба таъсиси ТБМ шиддати иҷтимоии дар Аврупо баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ баамаломада ба сабаби вусъати ҳаракатҳои инқилобӣ таъсир расонд. Дар Россия Инқилоби Октябр ба амал омад, дар Италия, Фаронса, ИМА, Британияи Кабир, мамлакатҳои дигар корпартоиҳои пурвусъат шуданд. Ҳизбҳои коммунистӣ ва коргарии таъсисёфта, иттифоқҳои касабаи ба манфиатҳои меҳнаткашон амалкунанда аз ҳукуматҳо талаб доштанд, ки вазъияти коргаронро дигаргун сохта, шароитҳои меҳнат ва зиндагии онҳоро беҳтар гардонанд. Дар чунин шароит Конфронси сулҳ, ки соли 1919 аввал дар Париж барпо гардида, сипас корашро дар Версал анҷом дод, бо мақсади бартарафсозии шиддати тамоюли ба вуҷудомадаи мухолифати байни меҳнат ва сармоя ғояи сеҳизбиро (намояндагии сеҷониба) пешниҳод кард. Сеҳизбӣ аз шарикии иҷтимоии байни корфармо ва меҳнаткашон бо иштироки ҳукуматҳо иборат буда, ин механизм дар кори ТБМ асосӣ мебошад. Комиссияи оид ба меҳнати ташкилкардаи Конфронси сулҳи Париж иборат аз намояндагони ҳукуматҳо, корфармоён ва иттифоқҳои касаба Оинномаи ТБМ-ро таҳия кард, ки ба сифати қисми Х111 Муоҳидаи сулҳи Версал дохил карда шуд.

Дар Оинномаи ТБМ омадааст, ки сулҳи умум ва устувор танҳо дар асоси адолати иҷтимоӣ барқарор мегардад.

Конфронси якуми ТБМ соли 1919 дар Вашингтон барпо гардид. Дар ин конфронс аввалин шаш конвенсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои меҳнат: дар бораи давомнокии рӯзи кор дар саноат, дар бораи бекорӣ, дар бораи ҳифзи модарӣ, дар бораи маҳдудсозии меҳнати занон дар басти шабона, дар бораи синну соли ҳадди ақали қабул ба кор ва маҳдудсозии меҳнати ҷавонон дар басти шабона дар саноат қабул карда шуданд.

Баъди парокандашавии Лигаи миллатҳо ва пайдоиши таҳдиди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъолияти ТБМ суст шуд. Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъолияти он амалан қатъ гардид. Ҷоннокшавии фаъолияти ТБМ бо таъсис ва фаъолияти СММ зич алоқаманд аст. Соли 1946 ТБМ нахустин муассисаи махсусгардонидашуда дар низоми СММ гардид. Аз он замон то рӯзҳои мо ТБМ яке аз ташкилотҳои аз ҳама фаъол ва бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки бо проблемаҳои меҳнат машғул аст. Соли 1969 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш ташкилот сазовори Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Дар айни замон 175 давлат узви он мебошанд.

Ташкилоти байналхалқии меҳнат оҷонсии махсусгардонидашудаи СММ мебошад, ки бо паҳн кардани адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои меҳнатии аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшуда машғул аст. Вазифаҳои асосии ТБМ беҳтар кардани шароитҳои меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини эътидоли иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Соли 1944 дар Конфронси байналмилалии меҳнат дар Филаделфия (ИМА) эъломияе қабул гардид, ки принсипҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои ТБМ-ро муайян кард ва вусъат бахшид. Дар айни замон Эъломияи Филаделфия чун ҳуҷҷати асосии фаъолияти ТБМ хизмат карда, замима ба Оинномаи он мебошад. Дар он принсипҳои муҳими ба арзишҳои ҳуқуқи инсон асосёфта таҳким бахшида шудаанд, аз ҷумла:

– меҳнат мол нест;

– озодии сухан ва озодии муттаҳидшавӣ шарти зарурии пешрафт мебошад;

– қашшоқӣ дар ҳама ҷо таҳдидест барои некӯаҳволии умум ва ғайра.

Тавре қайд шуд, фаъолияти ТБМ дар асоси принсипи сеҳизбӣ, яъне намояндагии сеҷониба татбиқ мегардад. Дар кори ТБМ намояндагони корфармоён ва меҳнаткашон «ҳамкасбони иҷтимоӣ» буда, ҳангоми таҳияи тадбирҳо ва барномаҳои иқтисодӣ бо намояндагони ҳукуматҳо овози баробар доранд. Ғайр аз ин ТБМ ҳамчун сохтори сеҷониба ҳамкориҳои байни мамлакатҳои иштирокдорро бо роҳи кӯмакрасонӣ, «муколамаи иҷтимоӣ»-и байни иттифоқҳои касаба, корфармоён ва ҳукуматҳо барои таҳияи сиёсати миллӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дастгирӣ менамояд.

ТБМ чунин ҳадафҳои асосии стратегӣ дорад:

    • рушд ва муқаррарсозии меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳо дар соҳаи меҳнат;
    • фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ва баробар барои занон ва мардон баҳри дарёфти ҷои кор;
    • вусъатбахшӣ ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоӣ барои ҳама;
    • такмили сохтори сеҷониба ва дастгирии ҳамкории иҷтимоӣ.

ТБМ ба ҳадафҳои зикршуда бо роҳи таҳия, қабули меъёрҳои байналхалқӣ ва татбиқи назорат ба риояи онҳо ноил мегардад. Фаъолияти меъёрофаринии ТБМ – таҳия ва қабули меъёрҳои байналхалқии меҳнат (конвенсияҳо ва тавсияҳо) функсияи муҳимтарини ташкилот мебошад.

Байни конвенсияҳои бунёдии ТБМ, масалан, аз ҷумла инҳоро номбар кардан мумкин аст: Конвенсия дар бораи озодии ассосиатсияҳо ва ҳифзи ҳуқуқ ба ташкили онҳо» (1948), Конвенсия дар бораи истифодаи принсипҳои ҳуқуқ ба ташкил ва бурдани гуфтушунидҳои дастаҷамъона» (1949), Конвенсия дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ (1930), Конвенсия дар бораи тақдирсозии баробари мардон ва занон барои меҳнати баробарарзиш» (1951) ва ғайра.

Ба ин тариқ, ТБМ бо қабули стандартҳои байналхалқии меҳнат, таҳияи сиёсат ва барномаҳои ба татбиқи ҳуқуқҳои асосии инсон нигаронидашуда, аз ҷумла фароҳам овардани шароитҳои мусоиди меҳнат ва зиндагӣ, баланд бардоштани дараҷаи шуғли аҳолӣ, ҳифзи муҳоҷирини меҳнатӣ ё муқаррарсозии маоши баробар ба ҳадди ақали пардохти музди меҳнат машғул аст. ТБМ ҳамчунин барои тайёрии касбӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, таъмини ҳамкориҳои техникӣ дар асоси барномаҳои таҳқиқотӣ, маърифатӣ ва иттилоотӣ кӯмак мерасонад.

ТБМ ҳамчунин аввалин ташкилоти байналхалқие мебошад, ки бо баррасии проблемаҳои халқҳои таҳҷоӣ дар асосҳои ҳамаҷониба машғул шуда, чунин фаъолиятро ҳанӯз солҳои 20-ум оғоз карда буд. Фаъолияти ТБМ марбут ба халқҳои таҳҷоӣ ва халқҳое, ки ба тарзи қабилавӣ ҳаёт ба сар мебаранд, ду самти асосиро фаро мегирад: тарғиб ва назорати татбиқи ду конвенсияи марбут ба халқҳои таҳҷоӣ ва халқҳое, ки ба тарзи қабилавӣ ҳаёт ба сар мебаранд ва барномаҳои кӯмакҳои моддӣ бо мақсади беҳсозии шароитҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳаёти ин халқҳо. Конвенсияҳои ТБМ, ки сухан дар бораи онҳо меравад, конвенсияҳо дар бораи халқҳои таҳҷоӣ ва халқҳое, ки ба тарзи қабилавӣ ҳаёт ба сар мебаранд (солҳои 1957 ва 1989), мебошанд. Масалан, тибқи муносибати дар конвенсияи соли 1989 омада зарурати эҳтироми фарҳанг ва институтҳои халқҳои таҳҷоӣ ва халқҳои ба тарзи қабилавӣ зиндагикунанда дар назар дошта шуда, ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд дар ҳудуди ҷомеаҳои миллиашон зиндагӣ кунанд, институтҳои худашонро барпо карда, роҳи худии инкишофро муайян намоянд. Дар Конвененсия ҳамчунин аз ҳукуматҳо даъват ба амал омадааст, бо халқҳои таҳҷоӣ ҷиҳати таҳияи тадбирҳои қонунгузорӣ ва маъмурие, ки бевосита ба онҳо дахл доранд ва ҳуқуқҳои ин халқҳоро бобати иштирок дар раванди қабули қарорҳо нисбати сиёсат ва барномаҳои марбути онҳо пешбинӣ менамоянд, машваратҳо барпо кунанд.

? 1. Сабаби таъсисёбии ТБМ чӣ буд ва ин ташкилот бояд кадом проблемаҳои асосиро ҳал менамуд?

  1. Ба андешаи Шумо, чаро ТБМ бо проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои халқҳои таҳҷоӣ ва халқҳое, ки ба тарзи қабилавӣ ҳаёт ба сар мебаранд, машғул мешавад?

 

2. Фаъолияти ТБМ дар Тоҷикистон

Ташкилоти байналхалқии меҳнат фаъолияти пурҷӯшу хурӯши худро дар Тоҷикистон соли 2002 дар асоси созишномаи бо Ҳукумати мамлакат имзокардааш оғоз намуд. Бо дар назардошти душвориҳои ба сари Тоҷикистон дар давраи барқарорсозии баъди низоъ ба амаломада ва бӯҳрони иқтисодии марбут ба он афзалиятмандиҳои кори ТБМ дар Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

– пешбурди стандартҳо, принсипҳои бунёдӣ ва ҳуқуқҳо дар соҳаи меҳнат;

– кӯмак дар ҳалли проблемаҳои шуғл ва зиёд кардани даромади аҳолӣ, имкониятҳои баробари мардон ва занон барои дарёфти ҷои кор;

– ҳифзи пурсамари иҷтимоии меҳнаткашон.

Барои муваффақшавӣ ба ин ҳадафҳо ТБМ якчанд лоиҳаро татбиқ менамояд. Аз ҷумла ТБМ ба сокинони минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон – оилаҳои муҳоҷирин бо мақсади беҳгардонии шароити зиндагии онҳо тавассути манзур кардани донишҳо ва малакаҳои зарурӣ, дастгирии ташкили бизнеси хурд, гирифтани қарзҳои хурд, бунёди ҷойҳои корӣ, ташкили мезанизмҳои шарикии иҷтимоӣ, масалан, бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайра ёрӣ мерасонад.

Дигар қисми муҳими кори ТБМ дар Тоҷикистон иборат аст аз кӯмакрасонӣ ба Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати решакан кардани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакона, ки ин кор тавассути баланд бардоштани лаёқатмандиҳои мақомоти давлатӣ оид ба амалисозии сиёсат, барномаҳо ва дигар ташаббусҳои ба пешгирӣ, манъсозӣ ва решакан кардани шаклҳои тоқатнопазири меҳнати кӯдакон нигаронида шуда, ҳамчунин тадбирҳо оид ба ҳифз, офиятбахшӣ ва ҳамҷӯрии иҷтимоии кӯдакони бо чунин меҳнат ҷалбшуда сурат мегирад.

Шаклҳои тоқатнопазир ё бадтарини меҳнати кӯдакон дар навбати аввал ғуломӣ, фоҳишагарии кӯдакона ё истифодаи кӯдакон бо мақсади порнография, инчунин корҳои дигаре мебошанд, ки метавонанд барои саломатӣ, амният ва маънавиёти кӯдакон зарарнок бошанд. Бинобар ин ТБМ ҳамчунин ба беҳсозии дастрасӣ ба таҳсилот ва сифати он, аз ҷониби ҷавонон азхуд шудани касбҳои фоидаовар бо имконияти минбаъд пайдо кардани ҷои кор бо мақсади пешгирии хавфи ҷалбсозии онҳо ба шаклҳои бадтарини кор диққати зиёд медиҳад.

? Ба андешаи Шумо, дар Тоҷикистон боз кадом проблемаҳое ҳастанд, ки таваҷҷӯҳи ТБМ-ро ба онҳо ҷалб кунондан мумкин аст?

 

  1. Таърихи таъсисёбӣ ва самтҳои асосии фаъолияти Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират

Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (СБМ) соли 1951 таъсис дода шудааст. Баъзе давлатҳо аллакай дар охири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зарурати таъсиси механизми байналмилалиеро бо ваколати расонидани ёрии техникӣ дар асоси ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки битавонад ҷиҳати ба тартиб андохтани раванди муҳоҷирати аҳолӣ, ҳамчунин проблемаҳои гурезаҳо ва ҷойивазкуниҳои дохилии одамон дар ҳудуди Аврупо ёрӣ расонад, дарк карданд. Дар ибтидо ташкилот Кумитаи байниҳукуматии муҳоҷирати Аврупо (КБМА) номида мешуд. Пайдоиши проблемаҳои нав дар соҳаи муҳоҷират ба тадриҷан васеъшавии доираи фаъолияти кумита оварда расонд, ваколат ва номи он чанд маротиба тағйир ёфт ва соли 1989 ташкилот номи Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷиратро гирифт.

То соли 2007 аллакай 120 давлат узви СБМ гардида, 19 давлати дигари мақоми мушоҳидро гирифтанд. Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират дар беш аз 100 давлати дунё намояндагиҳои худро дошта, дар айни замон дар соҳаи муҳоҷират созмони байнидавлатии пешоҳанге мебошад, ки дар ҳамкории зич бо оҷонсиҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо мақсади танзими пурсамари муҳоҷират фаъолият мебарад.

Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират ташкилоти байналмилалиест, ки дар таъмини идоракунии пурсамар ва башардӯстонаи муҳоҷират, пешбурди ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҷустуҷӯи қарорҳои амалӣ оид ба проблемаҳои муҳоҷират ва расонидани ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирин бо фарогирии гурезаҳо бавашхоси ҷойивазкунандаи дохилӣ ёрӣ мерасонад.

СБМ дар чор соҳаи асосии идоракунии муҳоҷират кор мебарад:

муҳоҷират ва рушд;

– сабуксозии равандҳои муҳоҷират;

– танзими равандҳои муҳоҷират;

– муҳоҷирати иҷборӣ.

Фаъолияти СБМ дар доираи ҳар кадоме аз самтҳои нишондодашуда дар худ ҳамчунин пешбурди ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирин ва дурнамои гендерии муҳоҷиратро, ки маънии имкониятҳои баробари мардону занонро дорад, фаро мегирад.

Ба ин тариқ, СБМ лоиҳаҳои сершумори худро, масалан, дар соҳаҳои зерин татбиқ менамояд:

– муҳоҷирати меҳнатӣ (расонидани ёрӣ ба муҳоҷирин ва давлатҳое, ки муҳоҷирини меҳнатиро мефиристанд ва қабул мекунанд, таҳияи барномаҳои махсус оид ба танзими ҳаракати қувваҳои корӣ ва дастгирии муҳоҷирати ошкорои меҳнатӣ ба давлатҳои ниёзманд);

-муқовимат ба хариду фурӯши одамон (ёрии машваратӣ – мумайизӣ, аз ҷумла оид ба таҳия ва қабули барномаҳои бозгардонии муҳоҷирини дучори вазъиятҳои мураккаб гардида, ҳамкориҳо бо ҳукуматҳо дар соҳаи рушд, заминаҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон);

-ҳифзи саломатии муҳоҷирин ва таъмини амнияти онҳо аз ҷониби давлати қабулкунанда (таҳқиқи саломатии муҳоҷирин, ваксинагузаронӣ, ташхис ва ғайра);

-ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирин ва муҳоҷирони иҷборӣ ба сабаби офатҳои табиӣ ва низоъҳо,

– таҳияи барномаҳои кӯмаки техникӣ (масалан, таҳияи номгӯи чорабиниҳо барои ҳалли проблемаҳои муҳоҷиратӣ, таҳкими неруи техникии давлатҳои ниёзманд бо роҳи ба онҳо расонидани ёрии техникӣ ва тайёр кардани кормандони хадамоти муҳоҷират);

– ёрии иттилоотӣ – маърифатӣ (гузаронидани семинарҳо ва конфронсҳо оид ба проблемаҳои муҳоҷират, тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи муҳоҷират, барпо кардани базаҳои иттилоотии маълумот ва ғайра).

? Мамлакатҳои муассиси СБМ чаро ба хулосаи зарурати идоракунии муҳоҷират омаданд? Муҳоҷирати идора ва танзимнагашта ба муносибатҳои байналмилалӣ чӣ таҳдиде карда метавонад?

4. Фаъолияти СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1993 Тоҷикистон дар Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират мақоми мушоҳидро гирифт ва худи ҳамон сол дар мамлакати мо намояндагии СБМ кушода шуд. Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СБМ гашт.

Дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон тахминан 700 ҳазор одам муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезаҳое шуданд, ки маҷбур буданд, хонаҳои худро тарк кунанд. Аз ин рӯ СБМ аз рӯзҳои аввалини фаъолияти худ дар Тоҷикистон чи ба муҳоҷирини иҷборӣ ва чи ба мақомоти давлатӣ барои баргардонидани муҳоҷирини иҷборӣ ё ҷойгузинии шоистаи онҳо дар мавзеъҳои нави истиқоматӣ дар Тоҷикистон ёрмандӣ намуд.

Дар айни замон дар шароити барқарории сулҳ соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти СБМ дар Тоҷикистон инҳо мебошанд:

– дастгирии ислоҳоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират;

– беҳсозии шароитҳои зиндагии муҳоҷирин;

– расонидани ёрӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати такмили кор дар идораи равандҳои муҳоҷират ва мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон.

Ҳар сол ҳазорҳо нафар тоҷикистониён ба мамлакатҳои дигар, пеш аз ҳама ба Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ин равандҳо ба бисёр ҷабҳаҳои идоракунии давлатӣ, аз ҷумла масоили омадан ба мамлакат ва рафтан аз он, мақоми ҳуқуқии муҳоҷирин, яъне миқёси ҳуқуқҳо ва вазифаҳо ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо мамлакате, ки муҳоҷирини моро бо фарогирии ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо қабул менамояд, дахл мекунад. Бинобар ин СБМ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаи ба бартарафсозии душвориҳои дар солҳои охир дучоромадаи мамлакати мо нигаронидашударо амалӣ мегардонад. Байни онҳо барномаи баланд бардоштани неруи идоракунии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва хадамоти назорати сарҳадӣ, бунёди Маркази иттилоотӣ-ҳуқуқӣ барои муҳоҷирини меҳнатӣ, кӯмакрасонӣ дар қабули қонунҳо ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва ғайра ҳастанд. Масалан, дар Маркази иттилоотӣ-ҳуқуқӣ одами озими мардикорӣ ба хориҷа метавонад маслиҳатҳои барои ӯ зарурии ҳуқуқшиносро гирад, фаҳмад, ки мамлакати қабулкунанда чӣ гуна қоидаҳои вуруду бақайдгирӣ дорад, чӣ гуна иҷозаи кор гирифтан мумкин аст ва ғайра.

Байни проблемаҳое, ки дар маркази диққати СБМ дар Тоҷикистон қарор доранд, ҳамчунин масъалаҳои хариду фурӯши муҳоҷирин, аз ҷумла пешгирӣ аз ВИЧ/СПИД, гузаронидани тадқиқот, семинарҳо ва мизҳои мудаввари ба омӯзиш ва муҳокимаи тамоюлҳо дар соҳаи муҳоҷират нигаронидашуда ва таҳияи сиёсати пурсамари муҳоҷират ҳастанд.

? Шумо кадом самтҳои фаъолияти СБМ-ро дар Тоҷикистон медонед?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Ташкилоти байналхалқии меҳнат, сеҳизбӣ (намояндагии сеҷониба), иттифоқҳои касаба, корфармоён, стандартҳои байналхалқии меҳнат, шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакона, халқҳои таҳҷоӣ ва халқҳое, ки ба тарзи қабилавӣ ҳаёт ба сар мебаранд, Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират, муҳоҷирини меҳнатӣ, муҳоҷирини иҷборӣ.

6 Загрузки
test

Добавить комментарий