Идораи Комиссари Олии Смм Оид Ба Корҳои Гурезаҳо (Иког Смм)

  1. Таърихи таъсисёбӣ ва самтҳои асосии

фаъолияти ИКОГ СММ

Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо (ИКОГ СММ) дар тамоми ҷаҳон гурезаҳоро ҳифз мекунад ва ба онҳо ёрӣ мерасонад. Қарор дар бораи таъин кардани Комиссари Олӣ оид ба корҳои гурезаҳо ва ташкил додани Идораи дахлдор аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ соли 1949 қабул гардида, бо зарурати сабуксозии проблемаҳои ба сабаби ҷойивазкунии зиёди одамон дар натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба амаломада вобаста буд. Ассамблеяи Генералии СММ принсипҳои асосии амалиётро нисбат ба гурезаҳо чунин муайян кард: проблемаи гурезаҳо аз нигоҳи аҳамият ва характери худ проблемаи байналмилалист; ҳама гуна гуреза ё шахси ҷойивазкардаи ихтиёран изҳоркардаи нияту хоҳиши худ бобати барнагаштан ба ватан набояд ба ин амал маҷбур карда шавад; тақдири ояндаи чунин гурезаҳо ва ашхоси ҷойивазкарда бояд объекти фаъолияти мақомоти байналмилалие гардад, ки таъсиси он зарур аст; вазифаи асосӣ андешидани ҳамаи тадбирҳои имконпазир бобати баргардондани гурезаҳо ба мамлакатҳояшон аст.

Гуреза шахсест, ки «ба сабаби хатари комилан асосноки ҷабр дидан аз таъқибот аз рӯи аломатҳои нажодӣ, дин, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқодмандии сиёсӣ берун аз мамлакати мансубияти шаҳрвандии худ қарор дошта, аз ҳимояи ин мамлакат истифода карда наметавонад ва аз чунин ҳимоя ба сабаби чунин хатарҳо истифода кардан намехоҳад.

 

Моддаи 6-и Оинномаи ИКОГ СММ

Оинномаи ИКОГ бо резолютсияи Ассамблеяи Генералӣ соли 1950 қабул гардида, соли 1951 ҳукми амал пайдо кард. Азбаски низоъҳои баъдиҷангии дохилӣ ва байналхалқӣ амвоҷи нави гурезаҳоро ба миён оварданд, ваколати ИКОГ якчанд маротиба дароз карда шуд (ба мӯҳлати панҷсолаҳо). Ҳуҷчатҳое, ки асоси юридикии фаъолияти ИКОГ-ро ташкил медиҳанд, Оинномаи он, Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо (соли 1951), Протоколи марбут ба мақоми гурезаҳо (соли 1967) ва ғайра мебошанд. Мутобиқи Оинномаи ИКОГ фаъолияти Комиссари Олӣ характери сиёсӣ надошта, комилан башардӯстона ва иҷтимоист.

Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо (ИКОГ СММ) муассисаи махсусгардонидашудаи СММ барои амалисозии ваколати байналмилалӣ оид ба ҳифзи гурезаҳо ва ба онҳо расонидани ёриҳои гуногун мебошад.

Ба доираи фаъолияти ИКОГ СММ на танҳо гурезаҳо, балки одамони категорияҳои дигаре низ чун ашхоси ҷӯяндаи паноҳгоҳ, гурезаҳои ба хонаҳояшон баргарданда, одамони бетабаа ва ашхоси дар дохили мамлакати худ ҷойивазкарда дохил мешаванд. ИКОГ СММ тӯли тамоми солҳои мавҷудияти худ ба беш аз 50 млн. одамон баҳри муваффақона оғоз кардани ҳаёти худ ёрӣ расонда, ба ин сабаб ду карат (солҳои 1954 ва 1981) сазовори Ҷоизаи сулҳи Нобел гардидааст.

ИКОГ дар навбати аввал функсияи ҳифзи байналмилалии гурезаҳоро ба ҷо оварда, ҳамчунин дар ҳамкории зич бо давлатҳои манфиатдор кӯшиш менамояд, ки ба ҳалли ниҳоии проблемаҳо муваффақ шавад. Фаъолияти ИКОГ инҳоро фарогир аст: пешниҳоди ҳифзи байналмилалӣ (инфиродӣ – аз бадарғакунии ғайриқонунӣ аз мамлакати паноҳгоҳ ва коллективӣ – ҳимояи лагерҳои гурезаҳо); расонидани ёрии моддӣ ва иҷтимоӣ ба гурезаҳо; ба гурезаҳо расонидани ёрӣ бобати рафтани онҳо ба давлати сеюм аз мамлакати аввали гурезаҳо ва ихтиёрӣ баргардондани онҳо; расонидани ёрӣ дар фароҳам овардани шароитҳо барои ҳамгироии гурезаҳо дар мамлакати паноҳёфта дар сурате, ки баргардондани онҳо ба мамлакати худашон имконнопазир аст; гузаронидани фаъолият оид ба ҷамъоварии маблағҳои зарурӣ барои маблағгузории барномаҳои ИКОГ; расонидани хадамоти маслиҳатӣ (консултативӣ).

Ҳифзи байналмилалӣ санги маҳаки фаъолияти ИКОГ СММ мебошад. Дар амал он ба таъмини риояи ҳуқуқҳои асосии гурезаҳо, ҳамчунин ин ки ягон одам бар хилофи иродаи вай ба мамлакате, ки ӯ дар он ҷо ба таври асоснок аз дучори таъқибот шудан меҳаросад, набояд баргардонда шавад, нигаронида шудааст. Ташкилот ба бастани созишномаҳои марбут ба гурезаҳо кӯмак карда, ба риояи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи дахлдор аз ҷониби ҳукуматҳо назорат мебарад, ҳамчунин ба аҳолии осоиштаи ҷойҳои истиқомати доимии худро тарккарда кӯмакҳои моддӣ бо фарогирии маҳсулоти хӯрока, оби нӯшиданӣ, манзили муваққатӣ ва хизмати тиббӣ мерасонад.

Навъи дигари фаъолияти бо пешниҳоди ҳифзи байналмилалӣ ба таври зич алоқаманди ИКОГ СММ ҷустуҷӯи қарорҳои дарозмуддат аз рӯи се самти асосӣ ва маҳз: репатриатсияи (бозгашти) ихтиёрӣ, ҳамгироӣ дар мамлакатҳои паноҳгоҳи аввал ё муҳоҷир кардан ба давлати сеюм мебошад. Репатриатсияи (бозгашти) ихтиёрӣ ба ҷойҳои иқомати доимии ибтидоӣ қарори нисбатан мақбултаре барои аксари гурезаҳо дар ҷаҳон аст. Аммо ин на ҳамеша имконпазир мебошад ва дар чунин ҳолатҳо ИКОГ СММ кӯшиш мекунад ба гурезаҳо баҳри оғози ҳаёт дар ҷои нав – дар мамлакати паноҳгоҳдода ё мамлакати сеюме, ки розӣ шудааст, одамони бенаворо қабул намояд, кӯмак расонад.

Ашхоси дар дохили мамлакат ҷойивазкунанда сарҳадҳои байналхалқиро убур намекунанд ва зери таъсири он конвенсияҳои байналмилалие, ки нисбат ба гурезаҳо истифода мешаванд, қарор намегиранд. Аммо тақдири вазнини одамон аз ҳар ду гурӯҳ бисёр вақт бо ҳам дучор меоянд ва амалҳои ягонаи ҳамоҳангкардашуда ҳалли ягонаи оқилона ва дуруст мебошанд. Ин махсусан ба амалиётҳо оид ба бозгашт, вақте ашхоси дар дохили мамлакат ҷойивазкарда бо гурезаҳои баргарданда дар ҳамон як минтақаи ҷуғрофӣ мешаванд ва бо ҳамон проблемаҳо дучор меоянд, дахл дорад. Дар охири соли 2005 СММ ва дигар оҷонсиҳои махсусгардонидашуда дар бораи муносибати нисбатан ҳамоҳангкардашудаю ягона ба ҳалли проблемаҳои ашхоси шаҳрванди дар дохили мамлакат ҷойивазкарда ба мувофиқат расиданд. Мутобиқи «муносибати нави ҳамоҳангкардашуда» ИКОГ СММ ба нақша гирифтааст, ки дар оянда бобати муайянсозии талаботи ашхоси дар дохили мамлакат ҷойивазкарда ҷиҳати ҳимоя ва манзили муваққатӣ, ҳамчунин идоракунии ҳамаи лагерҳои мавҷуда нақши пешоҳангӣ бозад.

Фаъолияти ИКОГ СММ аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии асосан ҳукуматҳо ва ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматию ашхоси хусусӣ маблағгузорӣ мешавад. ИКОГ СММ ба андозаи мураккабшавии бӯҳронҳои башардӯстона шумора ва ҳайати ташкилотҳо – шарикони иҷрокунандаро васеъ мегардонад, ки дигар оҷонсиҳои низоми СММ ва наздики 645 созмони ғайриҳукуматӣ аз ҳамин ҷумлаанд.

2. Фаъолияти ИКОГ СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИКОГ СММ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 бо мақсади осон гардондани бозгашти гурезаҳои тоҷик ба ватан оғоз кард. Дар назди вай вазифаи назорат кардани риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии гурезаҳо, таъмини амнияти онҳо баъди бозгашт ба ватан меистод. ИКОГ СММ дар Тоҷикистон кӯшиш мекард ба ҳадафҳои худ бо роҳи фароҳам овардани шароитҳои ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мусоидаткунанда ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва низоъҳо, ҳамчунин то ба ҳадди охирин кам кардани ҷойивазкунии иҷбории одамон ноил гардад.

Гуфтушунидҳои ҳанӯз соли 1993 шурӯъшудаи байни тоҷикон 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба анҷом расид, ки дар он ҷои муайянро проблемаҳои репатриатсия ва бозгашти гурезаҳои тоҷик ба ватан ишғол мекард.

ИКОГ СММ чун созмони байналмилалии оид ба ҳалли проблемаи мазкур соҳиби таҷрибаи фаровон ба даъвати Ҳукумати Тоҷикистон бобати кӯмакрасонӣ ҷиҳати осонсозии репатриатсияи одамоне, ки аз Афғонистон, дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, мамлакатҳои хориҷӣ баргаштан мехостанд, ҳамчунин бо мақсади ёрирасонӣ ба онҳое, ки баъди имзошавии Созишнома аз 27 июни соли 1997 ва татбиқи Протокол дар бораи гурезаҳо баргаштанд, ҳамовоз шуд. ИКОГ СММ ба ҷуз он чи ки дар боло зикр шуд, диққати асосиро ба масъалаҳое чун таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон, оштӣ додани ҷонибҳои низоъкунанда, ҳамчунин масъалаҳои пурзӯр намудани алоқамандии байниҳамдигарии миёни кӯмакҳои башардӯстона ва рушд равона намуд.

ИКОГ СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба ҳифзи занҳо – гурезаҳо диққати махсус доданд. Дар барномаҳои таъминот бо манзил ва даромади доимӣ оилаҳои бесарабонмонда нисбат ба дигарон афзалият доранд. Барномаҳои махсус ба маърифати ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва проблемаҳои ҳифзи саломатии онҳо бахшида шуданд.

Яке аз тарафҳои муҳими фаъолияти ИКОГ СММ дар Тоҷикистон кор оид ба ҳифзи кӯдакон – гурезаҳо буд, ки нисфи аҳолии баргаштаро ташкил медоданд. ИКОГ СММ дар доираи барномаҳои худ омӯзиши вазъиятро бо кӯдакон – гурезаҳо гузаранд. Маълумотҳои ба даст омада асоси барномаҳои кӯдаконаи ИКОГ СММ дар солҳои 1999 – 2002 гаштанд. ИКОГ СММ дар ин соҳа кӯмакрасонӣ ба занҳо ва кӯдакони осебдида, ҳамчунин дастгирии барномаҳоро дар соҳаи кӯмаки иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ донист. ИКОГ СММ ҳамчунин тавассути мактабҳои маҳаллӣ ва ТҒҲ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокӣ байни кӯдаконе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба мактаб нарафтанд ва хондаю навишта наметавонистанд, якчанд барномаро татбиқ кард.

ИКОГ СММ дар Тоҷикистон дар доираи стратегияи дар конфронси ИДМ коркардашуда барномаҳои ба такмили низоми ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон нигаронидашударо фаъолона дастгирӣ менамояд. Ҳадаф аз ин барномаҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷӯёни ҳуқуқшинос, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани ҳамаи ҷанбаҳои ҳуқуқи башардӯстона, ҳамчунин масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба ҳамаи категорияҳои бозгаштагон мебошад.

Вобаста ба бозгашти қисми асосии гурезаҳо ба Ватан кори қароргоҳи ИКОГ дар Тоҷикистон тадриҷан камтар шуд. ИКОГ СММ як қисми функсияҳои худро оид ба ҳифзи гурезаҳо ба САҲА, дигар намояндагиҳои СММ дода, барои ҳамоҳангсозӣ ва робитаи байни гурезаҳо, Ҳукумат, СММ ва дигар ташкилотҳо дар Тоҷикистон шумораи хеле маҳдуди кормандони худро боқӣ гузошт.

Ба ин тариқ, фаъолияти ИКОГ СММ дар Тоҷикистон соҳаҳои зеринро фарогир буд: бозгашти ихтиёрӣ, кӯмаки тиббӣ, дастгирии гурезаҳо бо асбобу ашёи маишии зарурати аввал, барқарорсозии бемористонҳо, пешниҳоди маслиҳатҳо, кӯмаки юридикӣ, тарғиби донишҳои ҳуқуқшиносӣ, расонидани ёрӣ дар омодасозии заминаи қонунгузорӣ ба Ҳукумат ва ҳокимияти қонунбарор, кӯмаки моддӣ ва ғайра.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: гурезаҳо, шахсони дар дохили мамлакат ҷойивазкарда, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо.

3 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.