Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС)

1.Таърихи таъсисёбии Кумитаи байналмилалии

Салиби Сурх (КБСС) ва самтҳои асосии фаъолияти он

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ташкилоти башардӯстона бо мақоми махсуси баробаркардашуда бо мақоми ташкилотҳои байналмилалиест, ки ба ҷуз корҳои дигар бо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон машғул мебошад. Аммо ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ин ташкилот дар шароитҳои махсус, маҳз ҳини низоъҳои мусаллаҳона амалӣ мегардад. Зимнан, чунин ёрӣ ба ҷабрдидагони низоъҳои миллӣ – ашхоси шаҳрванди аз ҷанг осебдида, хизматчиёни ҳарбии захмдору бемор, асирони ҳарбие, ки ҳаёту саломатӣ ва шаъну эътиборашон дар шароити низоъҳои мусаллаҳона бештар ҳифз намешаванд, расонида мешавад.

Сар задании ҷанг ва низоъҳои мусаллаҳона дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамеша ба қурбониҳои зиёд ва азияти одамӣ оварда мерасонд. Соҳибкор ва сайёҳи швейсарӣ Анри Дюнан соли 1859 дар наздикии деҳаи Солферино, воқеъ дар қисмати шимолии Италия, шоҳиди яке аз чунин задухӯрдҳои шадид шуд. Вай беш аз 40 ҳазор сарбозони маҷрӯҳи ба ҳукми тақдир вогузошташударо дид, ки аксарашон ба сабаби надидани ёрии зарурии тиббӣ бо азиятҳои гӯшношунид ба ҳалокат расиданд. Анри Дюнан соли 1862 китобе бо номи «Ёддоштҳо дар бораи муҳорибаи назди Солферино» навишт. Ин моҳиятан як навъ даъвате ба аҳли ҷаҳон баҳри минбаъд роҳ надодан ба чунин фоҷеа буд. Анри Дюнан дар китоби худ чунин даъватҳо ба амал овард:

«…Дар ҳолатҳои фавқулодда, вақте сарони идораҳои ҳарбии миллатҳои гуногун ҷамъ меоянд, чаро онҳо аз чунин маҷлисҳое истифода накунанд, ки дар онҳо ягон қоидаи байналмилалӣ, қарордодӣ ва ҳатмие тарҳрезӣ шуда, қабулу тасдиқашон барои ҳама асосе барои таъсиси Ҷомеаи кӯмак ба маҷрӯҳон дар давлатҳои гуногуни Аврупо гардад…»

«…Чаро дар давраи осоишта ҷомеае таъсис додан мумкин нест, ки дар вақти ҷанг ба маҷрӯҳон ёрӣ расонида, нигоҳубини онҳоро ташкил кунад?»

Ғояҳои ташкилдиҳандаи асоси китоб бисёриҳоро бетараф нагузоштанд. Онҳо қариб ҳамаи касофатҳои ҷангро ошкор сохта, воситаҳои муборизаи зидди онро нишон доданд.

Соли 1863 ҷамъияти хайрияи Женевагии дастгирии некӯаҳволии ҷамъиятӣ барои омӯзиши имконпазирии татбиқи ғояҳои Дюнан дар ҳаёт дар ҳайати панҷ нафар кумитае таъсис дод.

17 феврали соли 1863 ҷамъомади Кумита чун муассисаи мустақили соҳибихтиёр даъват шуд ва ин ба пайдоиши Кумитаи байналмилалӣ оид ба расонидани кӯмакҳо ба маҷрӯҳон, ки баъдтар номи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро гирифт, асос гузошт. Ҳангоми ин вохӯрӣ зарурати аз ҷониби давлатҳо имзо гардидани ҳуҷҷати байналмилалие, ки ҳайати кормандони тиббиро чун иштирокдорони амалиётҳои ҷангӣ соҳиби мақоми махсусе гардонад, бори дигар таъкид шуд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки барои кӯмакрасонҳои ихтиёрӣ нишон, либос ё дастбандаки махсусе муайян карда шавад, ки мавриди эътирофи дахлдор гардад ва соҳибони онҳоро аз иштирокдорони ҳақиқии низоъҳои мусаллаҳона фарқ кунонад.

Аъзои Кумита бо мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани ин ғояҳо қарор доданд конфронс даъват кунанд ва ба давлатҳо бо хоҳиши ба Женева фиристодани вакилон ва мутахассисони худ оид ба проблемаҳои ҳарбӣ муроҷиат намоянд. 26 октябри соли 1863 конфронс барпо гардида, дар он 18 нафар намояндаи 14 ҳукумат иштирок карданд. Иштирокдорони конфронс резолютсия – тавсиянома қабул намуданд. Нуктаҳои асосии резолютсия инҳо буданд:

«Моддаи 1. Ҳар як мамлакат бояд кумитае дошта ва вазифаи вай аз он иборат бошад, ки дар сурати сар задани ҷанг, агар чунин зарурат пайдо шавад, ба хадамоти санитарии қувваҳои мусаллаҳ бо тамоми воситаҳои дар ихтиёр доштааш ёрӣ расонад».

«Моддаи 5. Дар замони ҷанг кумитаҳои давлатҳои ҷангкунанда ба андозае, ки воситаҳои дар ихтиёр доштаашон ба онҳо имконият медиҳанд, ба қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои худ ёрӣ мерасонанд, аз ҷумла онҳо ҳайати ихтиёрӣ ташкил карда, онро ба вазъи омодагӣ меоранд, ҳамчунин бо ризоияти ҳокимиятҳои ҳарбӣ барои нигоҳубин ба маҷрӯҳон қаблан биноҳо омода месозанд».

«Моддаи 8. Чунин ҳайат дар ҳамаи мамлакатҳо бояд нишони фарқкунандаи якхела – дастбандаки сафед бо Салиби Сурх дошта бошанд».

Дар як тавсияе боз омадааст: «Дар замони ҷанг давлатҳои ҷангкунанда бояд бетарафии аробаҳои санитарӣ ва госпиталҳои ҳарбиро эълон кунанд, ҳамчунин ҳайати расмии санитарӣ ва ҳайати ихтиёрии тиббӣ, аҳолии мамлакат, ки ба ёрии маҷрӯҳон меоянд ва худи маҷрӯҳон бояд пурра ва комилан бетараф эътироф карда шаванд».

Ин резолютсияҳо дар фаъолияти Салиби Сурх ва кори расонидани ёрӣ ба маҷрӯҳон дар майдони ҷанг аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ муқаррароти бунёдӣ гаштанд. Баъди қабули резолютсия ва тавсияҳо дар мамлакатҳои Аврупо яке аз паси дигар нахустин ҷамъиятҳои кӯмакрасонӣ ба маҷрӯҳон таъсис ёфтанд.

Имрӯз чунин ҷамъиятҳоро ҷамъиятҳои Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар меноманд. Онҳо чи дар замони осоишта ва чи дар давраи ҷанг амал мекунанд.

Аз ҷониби ҳукумати Швейсария бо ташаббуси КБСС даъват шудани Конфронси дипломатӣ, ки дар он 22 августи соли 1864 нахустин Конвенсияи женевагӣ «Дар бораи беҳтар кардани вазъи маҷрӯҳон ва беморон дар армияҳои амалкунанда» қабул гардид, воқеаи дорои аҳамияти калон маҳсуб мешавад. Дар он аз ҷумла муқаррароти зерин зикр гардидаанд:

«Моддаи 1. Лазаретҳои сафарӣ ва госпиталҳои ҳарбӣ бетараф эътироф мегарданд ва дар ҳамин асос дахлнопазир маҳсуб шуда, аз парастории тарафҳои ҷангкунанда дар ҳамаи давраҳое, ки дар онҳо беморон ё маҷрӯҳон ҳастанд, бархурдор мегарданд.

Моддаи 2. Ҳуқуқи бетарафӣ ба ҳамаи ҳайати шахсии госпиталҳо ва лазаретҳои сафарӣ, вақте онҳо амал мекунанду маҷрӯҳон доранд, тааллуқ дорад…

Моддаи 7. Барои госпиталҳо ва лазаретҳои сафарӣ байрақи барои ҳама якхелаи махсус қабул карда мешавад. Он дар ҳамаи ҳолатҳо бояд якҷоя бо парчами миллӣ гузошта шавад.

Ба тарзи баробар барои ҳамаи ашхоси зери ҳимояи бетарафӣ буда истифодаи нишонаи махсус дар банди даст иҷозат дода мешавад… Байрақ на нишонаи дар банди даст буда сафед ва бо тасвири Салиби Сурх мешаванд».

Ба таърихи пайдоиши ин нишон моддаи 38-и Конвенсияи женевагии соли 1949 равшанӣ меандозад. Дар он омадааст, ки ба сифати нишон «чун арзи эҳтиром ба Швейсария нишони гералдии Салиби Сурх дар матои сафед эътироф шудааст». Нишон як навъ калидест ба амалисозии ҳамаи фаъолияти башардӯстона – он ҳам ҷабрдидагон ва ҳам одамонеро, ки ба ёрии онҳо омадаанд, бояд ҳимоя кунад. Дар мамлакатҳои аксари аҳолиашон мусулмон ба таври анъанавӣ ба ҷои нишони Салиби Сурх Ҳилоли Аҳмар истифода мешавад. Нишонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ягон хел маънои динӣ ё сиёсӣ надоранд, рамзи тиббӣ маҳсуб намешаванд ва дар истифода баробараҳамиятанд.

Конфронси женевагии соли 1864 ба таъсиси соҳаи нави ҳуқуқи байналмилалӣ – ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ (ҲББ) ибтидо гузошт. Ҳадафи асосии он сабуксозӣ ва пешгирӣ кардани азоби одамон дар вақти низоъҳои мусаллаҳона мебошад.

Ҳуҷҷатҳои асосии ҳуқуқи муосири башардӯстона – чор Конвенсияи женевагии соли 1949 ва ду протоколи иловагӣ ба он (мундариҷаи ин қарордодҳои байналмилалӣ да𠧧 44 ва 45 кушода дода мешавад) мебошанд.

КБСС қариб як саду панҷоҳ сол пеш аз ин таъсис ёфта буд, то ки дар вақти шиддати низоъҳо заррае ҳам бошад, башардӯстиро нигоҳ дорад. Чун дар он замон имрӯз ҳам КБСС принсипи зеринро ба роҳбарӣ гирифтааст: «Ҳатто ҷанг ҳам ҳудуд дорад».

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ташкилоти соҳибихтиёр ва бетарафест, ки бо пешниҳоди ҳимоя ва расонидани ёрӣ ба ҷабрдидагон дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона ва бетартибиҳои дохилӣ машғул мешавад. Ташкилот тибқи ваколати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх додашуда ва ба роҳбарӣ гирифтани принсипи беғаразӣ ба ашхоси дар асорат буда, беморон, маҷрӯҳон ва ашхоси шаҳрвандии дар натиҷаи низоъи мусаллаҳона ҷабрдида кӯмак мерасонад.

Ба вазифаҳои КБСС инҳо дохил мешаванд:

    • аёдати асирони ҳарбӣ, ҳамчунин ашхоси шаҳрвандии ба сабаби низоъ дастгиршуда;
    • ҷустуҷӯи онҳое, ки бе ному нишон гум шудаанд;
    • ташкили мубодилаи мактубҳои байни аъзои оилаҳое, ки дар натиҷаи низоъ аз ҳам ҷудо шудаанд;
    • баҳамории (пайвастсозии) оилаҳои ҷудошуда;
    • пешниҳоди хӯрок, об ва ёрии тиббӣ ба ашхоси шаҳрвандие, ки аз ҳама гуна чизҳои зарурӣ маҳрум шудаанд;
    • паҳн кардани донишҳо дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ва назорат ба иҷрои меъёрҳои он;
    • ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба ҳодисаҳои вайрон карда шудани ҳуқуқи башардӯстона ва кӯмак ба рушди он.

Фаъолияти имрӯзаи КБСС ба ҷуз вазифаҳои дар боло зикршуда соҳаҳоеро чун миёнравӣ ҳангоми низоъҳои миллии характери байналхалқӣ ва ғайрибайналхалқӣ дошта, фаъолият ба манфиати маҳбусони сиёсӣ ва ғайра фаро мегирад. Аммо чунин фаъолият характери конфиденсиалӣ дошта, ошкор карда намешавад. Ба ин тариқ, КБСС ҳангоми низоъҳо боварии ҳамаи ҷонибҳоро сазовор шуда, ҳамзамон чун миёнрави беғараз, аммо на довар баромад мекунад.

Конфронси байналмилалии соли 1863, ки бо ташаббуси КБСС даъват шуд, ба муттаҳидшавии ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ибтидо гузошт. Имрӯз ин иттиҳодия номи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дорад. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асосгузори ин ҳаракати умумиҷаҳонии башардӯстона маҳсуб мешавад.

Ҳаракат аз се қисми асосӣ иборат мебошад:

    • Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС).
    • Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар (чунин ташкилотҳо қариб дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мавҷуданд). Онҳо ба ҳукуматҳои мамолики худ барои амалисозии фаъолияти башардӯстона ёрӣ мерасонанд. Дар давлат метавонад танҳо як ҷамъияти Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмар бошад. Танҳо дар ҳамин сурат ҷамъият эътироф гардида ва ба Ҳаракат ҳамроҳ карда мешавад. Ин ҷамъият фаъолияти худро чи дар давраи осоишта (расонидани корҳои тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ, гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми офатҳои табиӣ) ва чи дар вақти ҷанг (расонидани ёрӣ ба аҳолии осоишта ва ҳайати ҳарбию тиббӣ) амалӣ мегардонад.
    • Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар. Вай ҷамъиятҳои миллиро дастгирӣ намуда, ба онҳо баҳри амалисозии фаъолият оид ба беҳсозии вазъи шаҳрвандони бештар бе ҳимоя монда кӯмак мерасонад, ҳамчунин фаъолияти Ҳаракатро ҳангоми офатҳо, фалокатҳо ва эпидемияҳо ҳамоҳанг месозад.

Ҳамаи қисматҳои таркибии Ҳаракат принсипҳои ягонаро ба роҳбарӣ мегиранд, аммо байни онҳо алоқамандии иерархӣ вуҷуд надорад. Дар вазъиятҳои низоъ КБСС нақши пешоҳангӣ бозида, ба ҳамаи амалҳои шарикони худ роҳбарӣ менамояд.

Принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар инҳоянд: башардӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ, новобастагӣ, ихтиёрӣ будан, ягонагӣ ва универсалӣ. Принсипҳо таҷассуми ҳадафҳо ва методҳои фаъолияти ҳаракат мебошанд, ки барои муваффақшавӣ ба ҳадафҳои башардӯстонаи пешгирӣ ва сабук кардани азиятҳои одамӣ асос ёфтаанд, ба мухолифатҳои характери нажодӣ, динӣ ё идеологӣ дошта дахл намекунанд ва ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ ба ягон ҷониб бартарӣ намедиҳанд. Ҳаракат мустақилу ихтиёрӣ ва умумиҷаҳонист (универсалист).

? 1. Таъсиси КБСС ба чӣ зарурат пеш омад?

2. Фаъолияти КБСС ба ҳалли кадом вазифаҳои башардӯстона равона карда шудааст?

  1. Фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон

Намояндагии минтақавии КБСС дар Осии Марказӣ соли 1992 кушода шуда буд. Самти асосии фаъолияти КБСС дар минтақаи мо кӯмак кардан дар тасдиқи созишномаҳо дар соҳаи ҳуқуқи башардӯстона ва воридсозии онҳо ба қонунгузории миллӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳим инчунин ҳамгиросозии принсипҳои инсондӯстона дар барномаи таълимии тайёр кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва барномаи таълимгоҳҳои щаҳрвандӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии КБСС соли 1993 кушода шуд. Вакилони КБСС дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар гуфтушунидҳо оид ба оташбаси муваққатӣ борҳо фаъолона иштирок карда, ба тарафҳои даргир масъулияташонро оид ба ҳифзи аҳолии осоишта ба таври доимӣ хотиррасон мекарданд ва дар гуфтушунидҳои байни тоҷикон, ки зери васояти СММ мегузашт, ба сифати нозирон ширкат меварзиданд.

Дар давраи низоъҳои мусаллаҳона КБСС ба расонидани кӯмакҳои башардӯстонаю тиббӣ ба аҳолии осоишта дар ноҳияҳои дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ аз ҳама бештар зарардида диққати махсус дод. Кӯмаки тиббӣ дар шакли таъмини муассисаҳои тиббӣ бо доруворӣ, асбобҳои ҷарроҳӣ, маводи мебаста, доруҳои зиддисироятӣ ва ғайра ифода меёфт. Кори анҷомдодаи ходимони КБСС оид ба ташкили клиникаҳои сайёр барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба муҳоҷирин ва гурезаҳои дохилӣ, ки ба сабаби хатарнокӣ аз имконияти истифодаи хизматрасонии муассисаҳои тиббии маҳаллӣ маҳрум гашта буданд, басо назаррасу пурсамар аст. КБСС дар давраи низоъҳои мусаллаҳона ҳамчунин бобати барқарорсозии робитаҳои оилаҳо кори муҳимеро ба ҷо овард. Садҳо мактубу номаҳо таҳвил карда шуданд, ки ба туфайли онҳо бисёр гурезаҳо якдигарро ёфтанд ё аз вазъи саломатию зиндагии аъзои оила, ки дар натиҷаи ҳолатҳои иҷборӣ аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд, огоҳ гаштанд.

Фаъолияти КБСС баъди анҷоми низоъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигар шуд. Дар шароити ҳозира мавқеи марказиро паҳн кардани донишҳо оид ба ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ишғол менамояд. Бо ин мақсад Конвенсияҳои женевагии соли 1949 дар бораи ҳифзи ҷабрдидагони ҷанг ва ду протоколи иловагӣ ба он (соли 1977) ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. Ҳамчунин ба забони тоҷикӣ маводи иловагии марбут ба ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ (ҲББ) тарҷума карда шуданд, ки барои шиносоии васеъ бо асосҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ ба забони давлатӣ имконият медиҳанд.

КБСС гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, тренингҳо ва семинарҳоро барои ҳайати ҳарбӣ, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён оид ба ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ дастгирӣ менамояд.

Дар айни замон омӯзиши ҲББ ба барномаи таълимгоҳҳои ҳарбӣ, Донишкадаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ ва журналистика дохил карда шуда, оид ба ҲББ дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ нашр мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими қонунгузорӣ қабул кардааст, ки барои мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои ҲББ нигаронида шудаанд.

? Шумо дар бораи фаъолияти КБСС дар Тоҷикистон ва мушаххасан дар минтақаатон чиҳо медонед?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, конвенсияи женевагӣ, ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, ҷабрдидагони низоъҳои мусаллаҳона, Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

10 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.