Мафҳуми шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона

  1. Таърихи муносибат ба истифодаи шиканҷа ва дигар

намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона

Манъи истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф характери мутлақ дошта, дар бисёр созишномаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва қонунгузориҳои миллӣ зикр шудааст. Вай ба ҳуқуқҳои ҷудонопазири инсон мансуб аст, яъне дар ҳамаи ҳолатҳо ҳукми амал дорад, давлат бошад, ҳуқуқ надорад, ки бе ягон ваҷҳ онро бекор кунад.

Вале бояд гуфт, ки дар таърихи инкишофи тамаддуни инсонӣ муносибат ба проблемаи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсондӯстӣ ва ҷазои бераҳмона якхела набуд. Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна шиканҷа яке аз навъҳои муҳимтарини исботкунӣ, воситаи «муқаррарсозии» ҳақиқат, муваффақшавӣ ба иқрори шахси гумонбар ё воситаи ҷазодиҳӣ дар шароитҳои инкивизатсия ва раванди ҷустуҷӯҳо дониста мешуд. Шиканҷа аз нигоҳи юридикӣ дар бисёр кодексҳо, маҷмӯаи қонунҳо, санадҳои давлатҳои он замон таҳким бахшида шуда буд.

Гуногуннавъии хоси шиканҷа «судҳои худовандӣ» буданд. Барои муайян кардани айбдории одами ба содир кардани ҷиноят гумонбаршаванда ӯро маҷбур мекарданд, ки аз озмоишҳои муайян, масалан, аз байни оташ, оби ҷӯшидаистода, оҳани дар оташ гудохташуда гузарад. Далели равшани ин даъво лаҳзаҳои аз байни забонаҳои оташ гузаштани Сиёвуш дар филми «Достони Сиёвуш» мебошад.

Дар шаҳри Амстердами Ҳолланд осорхонаи шиканҷа ҳаст. Ин ҷо дидан мумкин аст, ки одамон барои азобу шиканҷа додан чӣ олоти ваҳшатангезе ихтироъ кардаанду чӣ усулҳои гӯшношунидро фикр карда баровардаанд.

Тадриҷан, бо инкишофи муносибатҳои инсонӣ, болоравии дарки арзишмандии шаъну шарафи инсонӣ ва дахлнопазирии шахсият баъзе мамлакатҳо дар сатҳи қонунгузорӣ шиканҷаро маҳдуд карданд ё аз истифодаи он даст кашиданд. Масалан, Кодексҳои асрҳои ХУ111-Х1Х дар Германия (Пруссиягӣ – соли 1756, Австриягӣ – 1776, Бавариягӣ -1806) бо додани як қатор ҳуқуқҳо ба айбдоршаванда ва бекор кардани шиканҷа ҳамчун воситаи иқроркунӣ низоми раванди ҷустуҷӯиро нав сохтанд.

Озодӣ аз шиканҷа орзуи қадимии инсоният буда, он танҳо дар гузаштаи начандон дур бо қабули ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ки кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро бобати на танҳо манъ кардани муносибати бераҳмона, инчунин таъқиби пуртаъсири ашхоси дар истифодаи шиканҷа айбдоршаванда, ба амал баровардани тадбирҳои пешгирикунандаи ба решакан сохтани шиканҷа нигаронидашуда таҷассум менамоянд, имконпазир гардид.

«Ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шарафи ӯ қарор дода шавад»

Моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Дар ҷаҳони имрӯза ягон ҷомеа ё давлате нест, ки расман истифодаи шиканҷаро эътироф намояд. Ва ҳамзамон, чунон ки созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ мекунанд, дар ҷаҳон ягон давлате нест, ки аз истифодаи шиканҷа ё дигар шаклҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф истифода накунад. Шаклҳои ҷиддии муносибати бераҳмона ҳанӯз паси сар нашудаанд. Бо гузашти айём ба ҷои усулҳои ваҳшиёнаи қадимию асримиёнагӣ усулҳои мукаммали бераҳмиашон на камтари замони ҳозира пайдо гаштаанд ва самараю натиҷаҳои онҳо тағйир наёфтаанд. Шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати ғайриинсондӯстона ҳанӯз ҳам чун таҳдиди ҷиддии амнияти одам боқӣ монда, кӯшишҳои нисбатан ҷиддиро бобати пешгирии онҳо тақозо доранд.

? Шумо дар бораи истифодаи шиканҷа дар давраҳои гуногуни таърих чиҳо медонед?

2.Шаъну эътибори инсонӣ ва манъи истифодаи шиканҷа

Дар асоси манъи истифодаи шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона ё таҳқиркунандаи шаъну шараф эътибори шаъну шарафи инсонӣ ва дахлнопазирии шахсии одам чун арзишҳои олӣ меистад.

Ба ҳар одам шаъну шарафи инсонӣ танҳо барои он хос аст, ки ӯ инсон аст ва аз зоти инсон мебошад. Ҳамчунин фаҳмиши дигари шаъну шарафи инсон вуҷуд дорад, ки ба эътирофи сифатҳои ахлоқию маънавии шахсият асос ёфта, ин маврид ба назар дошта намешавад.

Ҳар инсон вазифадор аст, ки одамонро ба «бад»-у «нек» ҷудо накарда, шаъну шарафи инсонии дигаронро эҳтиром намояд. Матни моддаи 1-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маҳз бо ҳамин ғоя сар мешавад: «Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд ба якдигар муносибати бародарона дошта бошанд». Агар шаъну шарафи инсонӣ хосияти ҷудонопазири ҳама гуна мавҷудоти одамӣ бошад, мувофиқан вай бо баҳонаи он ки одам қонунро вайрон кардааст ва ё ба содир кардани амали террористӣ гумонбар мешавад, набояд поймол гардад.

Масалан, дар моддаи 1-и Маҷӯаи принсипҳои ҳифзи ҳамаи ашхоси ба ҳар гуна шакл дастгиру ҳабсшаванда, ки Ассамблеяи Генералии СММ соли 1998 қабул кардааст, омадааст: «Ҳамаи ашхоси ба ҳар гуна шакл дастгиру ҳабсшаванда ба муносибати инсондӯстона ва эҳтироми шаъну шарафи хоси шахсияти инсонӣ ҳақ доранд».

Бо мақсади ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ ва томияти (дахлнопазирии) ба он вобастаи ҷисмонӣ, маънавӣ ва рӯҳии одам Созмони Милали Муттаҳид як қатор ҳуҷҷатҳое қабул кардааст, ки истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро маҳкум карда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд, ки оид ба решакан кардани он чораҳои пуртаъсир андешанд. Байни санадҳои байналмилалии манъкунандаи истифодаи шиканҷа ба ҷуз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) қайд кардани Конвенсияи СММ бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1984), Паймони байналхалқӣ дар барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), Стандартҳои минималии қоидаҳои муносибат бо маҳбусон (1955), Эъломия оид ба ҳимояи ҳамаи ашхос аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (1977), Кодекси рафтори ашхоси мансабдор оид ба нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ (1979) ва боз ҳуҷҷатҳои зиёди дигарро қайд кардан ҷоиз аст.

Бо санадҳои байналмилалии зикршуда ва қарорҳои мақомоти байналмилалии судӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон шаклҳои тамоман гуногуни амалҳо ва баъзан беамалии ашхоси мансабдори давлат, масалан, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дигар шаклҳои зӯроварӣ, ҳабс кардан дар камераҳои торик, маҳрум кардан аз ғизову хоб, гузаронидани озмоишҳои тиббӣ ё илмӣ бе розигии озодонаи ашхоси мавриди онҳо қароргирифта ё экстрадитсия (ба давлати хориҷа дошта додани шахсе, ки қонуни онро вайрон карда гурехта омадааст) ва бадарға кардани одам ба давлати дигар дар сурати мавҷудияти асосҳои ҷиддии эҳтимолияти таҳдиди истифодаи шиканҷа ба вай дар он ҷо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шaрафи дониста мешаванд.

Шиканҷа ба сифати ҷинояти байналхалқӣ эътироф мегардад, яъне ба категорияи ҷиноятҳои аз ҳама ҷиддӣ, ки боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, мансуб аст. Тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як мамлакати ҷаҳон соҳиби ба ном юрисдиксия (ҳуқуқи ҳалли масълаҳои юридикӣ) ба ҳар каси содиркардаи ҷиноят дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон мебошад ва на танҳо ҳуқуқ дорад, балки вазифадор аст, ки худ тафтишот гузаронида, чунин одами дар ҳудуди вай пайдошударо ба суд диҳад, ё ин одамро ба давлате, ки вай он ҷо ба суди боадолат дода мешавад, таҳвил намояд. Шиканҷа ҳамчун ҷиноят бар зидди инсоният ва ҷиноятҳои ҳарбӣ ба рӯйхати юрсддиксияи трибуналҳои байналмилалии ҷиноятӣ оид ба Югославияи собиқ ва Руанда, ҳамчунин ба рӯйхати ҷиноятҳое, ки дар Суди байналмилалии ҷиноятӣ баррасӣ мешаванд, дохил карда шудааст.

? Андешаи шахсиатонро дар бораи он ки нисбат ба одам ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шиканҷа истифода шавад, баён кунед.

 

3.Мафҳуми шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат

ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи

шаъну шараф

Пас зери мафҳуми шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф чӣ фаҳмида мешавад?

Мафҳуми шиканҷа, масалан, дар Эъломия ва Конвенсияи СММ бар зидди шиканҷа дода шудааст: «…ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонда мешавад, то ки аз ӯ ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гирад, ё ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ӯро барои амалҳои содирнамудаи амали ҷиноӣ ҷазо диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд, ё маҷбур созанд, дар сурате, ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо, ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомӯшонаи онон расонида мешавад, маънои шиканҷаро дорад. Ба ин мафҳум дард ё азобҳое, ки танҳо дар натиҷаи муҷозоти қонунӣ, муҷозоти шабеҳ ё аз ҷониби онҳо тасодуфан рӯйдиҳанда бармеоянд, дохил намешаванд».

Моддаи 1-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (1984).

Тибқи ин таъриф шиканҷа пеш аз ҳама амали шахси мансабдор ё шахси дигари расмист, ки бо мақсади муайян сурат мегирад ва дидаю дониста, азоби сахт ё азият медиҳад. Ҳадафҳои дар Конвенсия нишондодашуда мукаммал набуда, танҳо ба сифати мисоланд: аз одами мавриди шиканҷа гирифтани маълумот ё иқроршавӣ, ҷазо додани ӯ, тарсондан ва ғайра.

Дидаю дониста дарду азоби ҷисмонӣ ё рӯҳонӣ додан ҳам барои шиканҷа ва ҳам барои дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф хос буда, бисёр вақт дар амалия фарқ кардани онҳо душвор аст.

Одатан эътироф мешавад, ки фарқияти байни шиканҷа ва муносибати ғайриинсонию таҳқиркунандаи шаъну шараф аз характери амали ба ҷо овардашуда, аз ҳадафҳо ва дараҷаи вазнинии он, инчунин то чи андоза ҷоҳилона будани воситаҳои истифодашаванда маълум мешавад. Ба таври дигар гӯем, амал ҳар қадар ҷоҳилона, дарднок ва ҳадафмандона бошад, суд ҳамон қадар ба сӯи баррасии чунин амалҳо чун шиканҷа майл мекунад.

4. Манъи истифодаи шиканҷа, дигар

намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона,

ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб иштирокдори Конвенсияи СММ бар зидди шиканҷа мебошад. Мамлакати мо чун дигар давлатҳои иштирокдори ин Конвенсия кӯшиш мекунад, ки шаъну шарафи инсонӣ тавассути қонунҳои зарурии қабулшуда ҳифз гардида, ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона дар ҳудуди он роҳ дода нашавад.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

Қисми 2-и моддаи 18-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин тариқ, дар ҳудуди Тоҷикистон шиканҷа, муносибатҳои ғайриинсонию ҷазодиҳӣ қатъиян манъ аст. Содир кардани онҳо тибқи Кодекси ҷиноятии мамлакат ҷиноят ҳисоб карда мешавад.

Масалан, моддаи 117 «Азобу уқубат»-и Кодекси ҷиноятӣ «азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳии бо роҳи лату кӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ» расонидашударо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар менамояд. Мувофиқи қисми 2-и ҳамин модда додани азобу уқубат тавассути шиканҷа ба сифати аломати вазнин нишон дода шуда, барои чунин ҷиноят бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Истифодаи шиканҷаро ҳамчунин Кодекси ҷиноятӣ-просессуалии Тоҷикистон, ки тартиби кушодани парвандаҳои ҷиноятӣ, гузаронидани тафтишот ва баррасии судиро ба танзим медарорад, манъ мекунад. Мутобиқи моддаи 15-и Кодекси мазкур гирифтани баёноти шахси айбдоршаванда ва дигар иштирокдорони мурофиа бо роҳи зӯроварӣ, найранг, таҳдид ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ манъ аст. Муқаррароти ин қонун ҳамчунин имконияти истисно кардани баёноти бо роҳи истифодаи шиканҷа гирифташударо ба сифати далел аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ медиҳад.

Моддаи 354-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали шахси таҳқиқи ибтидоӣ мегузаронида, муфаттиш ё судяро, ки бо роҳи маҷбурсозӣ, аз ҷумла шиканҷа додани шахси гумонбар, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ё шоҳид баёнот гирифтан мехоҳанд, ҷиноят меҳисобад.

Моддаи 10-и дигар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – Кодекси ҷиноятӣ – иҷрокунандагӣ, ки масъалаҳои иҷрои ҷазоҳои ҷиноятиро танзим мекунад, низ ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, озмоишҳои тиббию илмӣ ва дигар озмоишҳо дучор сохтани маҳбусонро ҳатто бо розигии онҳо қатъиян манъ мекунад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: шиканҷа, муносибати бераҳмона, муносибати ғайриинсонӣ, муносибати таҳқиркунандаи шаъну шараф.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.