Шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона: назаре ба проблема

1. Конвенсияи СММ бар зидди шиканҷа ва дигар

намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона,

ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

Мо дар параграфи гузашта аллакай Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро хотиррасон кардем. Таҳия ва қабули ин ҳуҷҷати муҳимтарини байналмилалии мубориза бар зидди шиканҷа натиҷаи рушди ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки аллакай яке аз аввалинҳояш (масалан, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, соли 1948) манъи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро таъкид мекард. Соли 1975 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломия дар бораи ҳифзи ҳамаи ашхос аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро қабул кард. Аммо азбаски Эъломия қувваи ҳатмии юридикӣ надорад, соли 1977 Ассамблеяи Генералии СММ ба Комиссия оид ба ҳуқуқҳои инсон супориш дод, ки дар асоси принсипҳои дар Эъломия баёнгардида лоиҳаи созишномаи (конвенсияи) байналмилалиро тайёр кунад.

Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф 10 декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, барои имзо кардан, тасдиқ намудан ва ҳамроҳ шудан манзур гардид. Конвенсия аз 33 модда иборат буда, 26 июни соли 1987 қувваи амал пайдо кард.

Мувофиқи Конвенсия ҳамаи давлатҳои иштирокдор барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар ҳудуди худ бояд тадбирҳои самарабахши қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва ғайра андешанд. Конвенсия муқаррар менамояд, ки ягон хел ҳолатҳои истисноӣ, ҳар хеле бошанд – хоҳ ҳолати ҷанг ё таҳдиди он, хоҳ ноэътидолии сиёсии дохилӣ ё ҳама гуна ҳолатҳои фавқулоддаи дигар ҳаргиз баҳонаи дуруст баровардану сафед кардани шиканҷа шуда наметавонад. Ҳамчунин фармони сардори мақомаш боло наметавонад баҳонаи сафед кардани шиканҷа шавад. Ин нуктаи махсусан муҳим аст.

Ҳар як давлати иштирокдор вазифадор мешавад таъмин намояд, ки ҳамаи ҳодисаҳои шиканҷа, ҳамчунин кӯшишҳои содир кардани шиканҷа ва иштирок дар онҳо тибқи қонунгузории миллӣ ба сифати ҷиноят баррасӣ шаванд ва вазифадор мешавад, ки вақте асоси кофии истифода шудани шиканҷа мавҷуд аст, тафтишоти фаврӣ ва беғаразона гузаронад. Мамлакатҳои иштирокдор ҳамчунин вазифадор мешаванд, ки маводи таълимӣ ва иттилоотӣ оид ба манъи шиканҷа ба андозаи пурра ба барномаи тайёр кардани ҳайати мақомоти истифодаи ҳуқуқ, ҳайати кормандони соҳаи тиб ва ҳамаи онҳое, ки бо нигоҳдорӣ дар ҳабс, пурсиши ашхоси ба ҳар шакл дучори дастгиркунӣ, боздошт ё ҳабси маҳбасигашта сару кор доранд, дохил карда шаванд.

Конвенсияи зидди шиканҷа ба зиммаи давлатҳои иштирокдор боз чӣ гуна ӯҳдадориҳо мегузорад?

2.Мақомоти бо проблемаҳои шиканҷа машғулбудаи СММ

Байни кафолатҳои муҳими зидди амали шиканҷа Конвенсия ҳуқуқи ҷабрдидагони шиканҷаро барои шикоят овардан ба ҳокимиятҳои салоҳиятдор баҳри аз ҷониби онҳо зуд ва беғаразона баррасӣ шудани чунин шикоят дар назар дорад. Ҳамчунин ҳуқуқ ба ҷуброни одилонаю баробарарзиш бо фарогарии воситаҳо баҳри офиятбахшии ҳар чи пурратар дар назар дошта мешавад. Барои таъмини ҳифзи ҷабрдидагони шиканҷа аз ҳама гуна шаклҳои муносибати бад ё тарсондани онҳо ба сабаби шикоят оварданашон бояд чораҳо андешида шаванд.

Ба риояи Конвенсияи зикршуда Кумитаи СММ оид ба шиканҷа, ки аз 10 нафар мумайизи дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ ва дар соҳаи ҳуқуқи инсон салоҳиятманд эътирофшуда иборат мебошад, назорат мебарад. Кумита ҳисоботҳои давлатҳои иштирокдорро, ки бояд дар ҳар чор сол пешниҳод гарданд, меомӯзад: вай нисбати далелҳои дар ин ҳисоботҳо баёншуда метавонад дархостҳо кунад, шарҳу эзоҳ ё иттилооти иловагӣ талаб намояд. Ғайр аз ин давлат метавонад дархост намояд, то ба Кумита иҷозат дода шавад, ки шикоятҳои шахсӣ (яъне аз номи шаҳрвандони мушаххас додашуда) ва байнидавлатиро баррасӣ кунад, онҳоро омӯзад ва ба муаллифи шикоят ва давлати манфиатдор хулосаҳои қатъии худ ва тавсияномаро барои амалиёт фиристад. Шикоятҳои инфиродӣ ба Кумита дар ҳолате усули муҳими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мегарданд, ки агар шахс дар сатҳи миллӣ воситаи самарабахши ҳифзи ҳуқуқиро пайдо карда натавонад.

Соли 1985 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар бораи таъин кардани Гузоришгари махсус доир ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки бояд бо омӯзиши масъалаҳои марбут ба шиканҷа машғул шавад, қарор қабул кард. Гузоришгари махсус ҳар сол ба Комиссия, акнун ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон дар бораи фаъолияти худ бо ташреҳи ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ва паҳншавии онҳо, инчунин бо тавсияҳо ба Ҳукуматҳо бобати решакан кардани онҳо ҳисоботи васеъ манзур менамояд. Ваколати Гузоришгари махсус ҳамаи давлатҳои аъзои СММ-ро сарфи назар аз он ки онҳо Конвенсияи зидди шиканҷаро тасдиқ кардаанд, ё не фаро мегирад.

Дар низоми Созмони Милали Муттаҳид ба ёрии ҷабрдидагони шиканҷа ҳамчунин Хазинаи ихтиёрии махсус таъсис дода шудааст, ки ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо кӯмакҳои башардӯстона, ҳуқуқӣ ва молиявӣ мерасонад. Хазина комилан ба хайрияҳои ихтиёрӣ асос ёфта, аз ҷониби Муншии умумии СММ бо кӯмаки Шӯрои парасторон идора карда мешавад. Қисми зиёди воситаҳои Хазина барои маблағгузорӣ ва офиятбахшии ҷабрдидагони шиканҷа ва қисми боқимонда барои таълими коркунони тиббӣ сарф мегардад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа, шикояти инфиродӣ ба Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа, Маърӯзагари махсус оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Хазинаи ихтиёрии СММ оид ба расонидани кӯмакҳо ба ҷабрдидагони шиканҷа

Саволҳо ва супоришҳо:

  1. Дар баъзе мамлакатҳо (масалан, дар Нигерия) қонунгузориҳои ҷиноятии ба меъёрҳои шариат асосёфта ба сифати ҷазо баробари маҳрум кардан аз озодӣ ва ҳукми қатл ҳамчунин ҷазоҳои бо чӯб задан ё кӯтоҳ кардани нӯги узвҳои бадан (даст, пой) – ро пешбинӣ менамоянд. Ба фикри Шумо, оё ин вайрон кардани манъи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанди шаъну шараф нест? Ҷавоби худро асоснок кунед.
  2. Давлатҳои иштирокдори Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунанди шаъну шараф чӣ вазифаҳое доранд?
  3. Ҷабрдидагони шиканҷа чӣ ҳуқуқҳо доранд?
  4. Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа бо чӣ корҳое машғул мешавад?
  5. Боз кадом мақомот ва сохторҳои СММ ҳастанд, ки бо масъалаҳои манъи истифодаи шиканҷа машғуланд?

Боби 5

ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК

§ 20. КӮДАКОН – ГУРӮҲИ НОЗУКИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

1. Мафҳуми кӯдак

Кӯдакӣ давраи ташаккули инсон, иҷтимоъи ӯ, тайёрӣ ба ҳаёти мустақилона аст. Он давраи зиндагиест, ки амалан қариб ҳамаи талаботи инсонӣ татбиқ мегардад, вале худи истеъмолгар ҳанӯз қудрат надорад, ки онҳоро мустақилона қонеъ гардонад. Татбиқи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ин ҷо гӯё дар сатҳи дигари маҳз ба ин синну сол хос ва дар ченаки андаке дигар мегузарад. Кӯдак, чун қоида, танҳо якҷоя бо калонсолон – волидон, парасторон, педагогҳо, ҷомеа ва давлат чун субъекти ҳуқуқ баромад мекунад.

Кӯдак ҳам чун ҳар як инсон ҳуқуқи меҳнат, истироҳат, манзил, таҳсил, ҳуқуқи гирифтани иттилоот ва ғайраро соҳиб аст. Хусусияти асосии фарқкунандаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои кӯдак ба синну соли ӯ ва нишондиҳандаҳои ҷисмонию ақлониаш асос меёбад. Озодиҳои кӯдак ба манфиати амнияти ӯ маҳдуданд. Бинобар ин баъзан мегӯянд, ки функсияи аз ҳама асосии ҳуқуқҳои кӯдак ҳифозатӣ аст, чунки кӯдак категорияи иҷтимоии нозуки аҳолӣ мебошад. Амнияту бехатарии кӯдак зери хавфи махсус қарор дорад, зеро кӯдак ба сабаби имкониятҳои ҷисмонию равонии худ наметавонад, ки мустақилона ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад ва худро дар вазъиятҳои гуногуни номусоид ҳифз намояд. Кӯдак таҷрибаи ҳаётӣ надорад, амалҳои худро ба андозаи пурра эҳсос намекунад ва барои кирдорҳои худ масъулият ба дӯш надорад.

Категорияи иҷтимоии нозуки аҳолӣ гурӯҳи одамонест, ки аз гурӯҳҳои дигар аз рӯи синну сол, ҷинсият, махсусиятҳои биологию ҷисмонӣ, вазъи мавҷуда фарқ мекунанд, зери таҳдиди табъиз (зӯроварӣ) қарор доранд ва ба ҳифзу ғамхории махсус ниёзманданд.

Ба гурӯҳи аз нигоҳи иҷтимоӣ нозуки аҳолӣ кӯдакон, занон, ашхоси пиронсол, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирин ва ғайра дохил мешаванд. Байни кӯдакон бошад, боз чанд категорияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки дар шароитҳои махсусан вазнин қарор доранд; кӯдакони ятим, кӯдакони бе парастории волидон монда; кӯдакони қонунро вайронкарда; кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон); кӯдакон – гурезаҳо; кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирин; кӯдакон аз оилаҳои бекорон, ё кӯдаконе, ки маҷбуранд меҳнат кунанд, кӯдакон-ҷабрдидагони низоъҳои мусаллаҳона ва байнимиллӣ; кӯдакон – ҷабрдидагони фалокатҳои экологӣ; кӯдакони беназорат, аз ҷумла бегона ва ғайра.

Аммо ҳуқуқҳои кӯдак на танҳо ба консепсияи амнияти кӯдак, ки ҷалбсозандаи таваҷҷӯҳ ба нозукӣ ва вобаста будани ӯ мебошанд, асос мекунанд. Муносибатҳои дигаре ба ҳуқуқҳои инсон низ, ки замина бар ҷанбаҳои пешниҳоди имкониятҳо ва худтатбиқкунии кӯдак доранд, аз нигоҳи аҳамиятнокӣ баробарарзишанд.

Вале ба мо пеш аз ҳама лозим аст муайян кунем, ки кӯдак кист? Дар ҳаёти ҳамарӯза дар вазъиятҳои гуногун шунидан мумкин аст, ки чӣ тавр одамон мегӯянд: «кӯдаки ман», «писар», «духтар»… Ин калимаҳо ба мо кӯмак мекунанд, масалан, робитаи иҷтимоӣ, хешу табории байни одамони гуногун – модар ва духтар, писар ва ғайраро муайян кунем.

Мафҳуми юридикии «кӯдак» бошад, танҳо ба меъёрҳои синну сол асос мекунад. Бо санадҳои қонунгузорӣ дар мамлакатҳои гуногун синну соли гуногуне муқаррар гардидаанд, ки то расидан ба онҳо одам кӯдак ҳисоб мешавад – 16 сола, 18 сола, ҳатто 21 сола. Вале нуктаеро, ки дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳким бахшида шудааст, асосиву бунёдӣ номидан мумкин аст:

Ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18-сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад.

Моддаи 1- и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Кодекси оила мафҳуми кӯдак чунин баррасӣ мешавад:

Шахсе кӯдак эътироф мегардад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (балоғат) нарасидааст.

Қисми 1-и моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Синну сол мақоми ҳуқуқии шахсият, андозаи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои ӯро муайян менамояд.

Дар кодексҳои ҷиноятӣ ва граждании Тоҷикистон истилоҳҳои «шахси ноболиғ» ё «ба балоғат нарасида», «хурдсол», «кӯдак», «атфол» истифода мешаванд, ки ба ҷуз як истисно, ки мафҳуми «хурдсол» нисбат ба категорияи нисбатан маҳдуди кӯдакони аз ҷумла ба синни 14 нарасида истифода мешавад, мушобеҳу ҳамоҳанганд.

Бо мақоми ҳуқуқии кӯдак мафҳумҳои махсус истифодашавандае дар ҳуқуқи гражданӣ чун соҳибҳуқуқӣ, яъне лаёқатмандии шахс барои доштани ҳуқуқҳо ва вазифаҳо ва мукаллафият, яъне лаёқатмандии шахс барои амалӣ гардонидани ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худ (яъне масъулият ба зимма доштан) алоқаманданд.

Чуноне мо гуфтем, агар ҳамаи одамон, бе ягон истисно, ба андозаи баробар аз лаҳзаи таваллуд соҳиби ҳуқуқҳо ва озодиҳо (соҳибҳуқуқ) бошанд, пас имконияти татбиқи онҳо (мукаллафият) дар кӯдакон, масалан, маҳдуд аст. Кодекси граждании Тоҷикистон аз ҷумла пешбинӣ менамояд, ки «ба ҷои ноболиғони ба синни 14-солагӣ нарасида (хурдсолон) муомилоту созишҳоро… аз номи онҳо танҳо волидон, падархондҳо ё парасторони онҳо ба ҷо оварда метавонанд». Истисно танҳо барои хариду фурӯши чизҳои майда-чуйдаи маишӣ, чун масалан, харидории нон, китобҳо, қаламҳо ва ғайра карда шудааст. Ноболиғи синнаш аз 14 то 18 сола бо иҷозати волидон ё парасторон аллакай метавонад миқдори бештари муомилотро ба ҷо орад. Вай метавонад мустақилона музди меҳнат, стипендия ва дигар даромадҳои қонунии худро истифода намояд, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқи муаллифиро татбиқ кунад. Мукаллафияти комил аз син6ни 18-солагӣ, яъне аз лаҳзаи балоғат фаро мерасад.

Ноболиғ дар ду ҳолат метавонад соҳиби мукаллафияти комил бошад;

Аввалан, дар Кодекси оила синну соли бастани ақди никоҳ аз 17-солагӣ муқаррар шудааст. Ва дар ин ҳолат шаҳрванди ба балоғат нарасида ба андозаи пурра вақти бастани ақди никоҳ мукаллафият пайдо мекунад.

Дуюм, ноболиғи ба синни 16 расида бо ризоияти ҳар ду волид, агар ӯ аз рӯи қарордоди меҳнатӣ кор кунад ё бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, метавонад мукаллифи комил эълон гардад. Чунин тартиби ба андозаи пурра мукаллиф эътироф гардидани ноболиғ дар ҳуқуқи гражданӣ эмансипатсия (озод карда шудан) номида мешавад.

? Муомилотеро мисол оред, ки кӯдакони ба синни 18 нарасида бе рbзоияти намояндагони қонуниашон (волидон, парасторон) онҳоро ба ҷо оварда наметавонанд?

2. Вайрон карда шудани ҳуқуқҳои кӯдакон дар ҷаҳон

 

Қабл аз он ки сухан аз ҳуқуқҳои кӯдак оғоз кунем, ба мо лозим аст омӯзем, ки кӯдакони ҳозира, алалхусус онҳое, ки дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф зиндагӣ мекунанд, бо чӣ проблемаҳое дучор меоянд? Дар маърӯзаи соли 2001 барои сессияи махсус оид ба вазъи кӯдакон омодагардидаи Муншии умумии СММ «Мо – кӯдакон» баъзе рақамҳое оварда шудаанд, ки дар бораи миқёси ин проблемаҳо тасаввуроти умумӣ медиҳанд.

– Фавти кӯдакон дар синни то 5 солагӣ соле қариб 11 миллион нафарро ташкил медиҳад: онҳо бисёр вақт аз бемориҳое, ки пешгирӣ карданашон мумкин аст («бемориҳои кушанда»-и асосӣ: дарунравӣ, сироятҳои шадиди нафасгир, гулӯзиндонак, сил, сулфаи кабутак, сурхча, пузоз) мемиранд. Ба болоравии фавти кӯдакон набудани шароитҳои зарурии санитарӣ, хизматрасонии босифати тиббӣ таъсир мерасонанд.

– Фавти модарон ҳини таваллуд: ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон соле ба 100 000 модари ҳини таваллуд зиндамонда 400 фавт рост меояд. Барои муқоиса таносуби ин рақамҳо дар Африка 1100 ба 100 000 ва дар мамолики тараққикардаи индустриалӣ 12 ба 100 000 аст.

ВИЧ /СПИД: соли 2000-ум тахминан 13 млн. кӯдак ба сабаби ВИЧ /СПИД аз модар ё ҳар ду волид маҳрум шуданд.

Ғизо (хӯрокворӣ): тахминан 150 млн. кӯдак серӣ хӯрок намехӯранд.

– Қашшоқӣ: дар сайёра 3 млрд. одам ҳар кадом рӯзе бо 2 доллари ИМА зиндагӣ мекунанд, 50% онҳо кӯдаконанд.

– Меҳнати кӯдакон: қариб 250 млн. кӯдаки синнашон аз 5 то 14 сола кор мекунанд.

– Кӯдакони кӯча: тақрибан 100 млн. кӯдак (4 сола ва аз он боло) дар кӯча зиндагӣ ва кор мекунанд.

Таҳсилот: 100 млн. кӯдак ба мактаб намераванд, 53% онҳо духтараконанд.

– Низоъҳои мусаллаҳона: солҳои 90-уми асри гузашта дар рафти низоъҳои мусаллаҳона 2 млн. кӯдак ҳалок гардиданд, 6 млн. кӯдак захмӣ ва маъюб шуданд: 300 ҳазор кӯдак ба сафати сарбоз бевосита ба низоъҳои мусаллаҳона ҷалб гардиданд.

– Кӯдакон- гурезаҳо ва кӯдакон- муҳоҷирин: дар тамоми ҷаҳон 11 миллион кӯдакон – гурезаҳо ҳастанд.

Маъюбон: тақрибан 120-150 млн. кӯдак маъюбанд. Ҳар сол дар ҷаҳон 70% кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуд таваллуд мешаванд.

Зӯроварӣ: ҳар сол 40 млн. кӯдаки синни то 15-сола аз зӯроварӣ дар оила ё набудани ғамхории волидон ба андозае, ки ёрии тиббӣ лозим мешавад, ҷабр мебинанд.

– Хариду фурӯши кӯдакон: дар Африка ва Осиёи Ҷанубӣ- Шарқӣ ҳар сол 400 000 духтаракон ва писаракон ҷабри хариду фурӯш мекашанд; дар тамоми ҷаҳон ҳар сол то 2 млн. кӯдакону занон фурӯхта мешаванд.

Дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии баъди пошхӯрии ИҶШС ба амаломада ба тақдири миллионҳо кӯдакони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ таъсири зиёде расонданд. Шумораи кӯдакони беназоратмонда, аз ҷумла бехонаҳо, ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила афзуда, проблемаҳои дастрасӣ ба таҳсилот ва хизматрасонии босифати тиббӣ ба миён омаданд. Ин аз ҷумла ба Тоҷикистон низ, ки мутаассифона, яке аз мамлакатҳои дар он сатҳи фавти кӯдакону модарон баланд маҳсуб мешавад, дахл дорад.

Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳаққи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин фароҳам овардану такмил бахшидани механизмҳои пурсамари давлатӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ, ки амалисозию ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои кӯдакро таъмин карда, рушди муваффақонаи онро дастгирӣ менамоянд, махсусан муҳим аст. Ин амал метавонад дар шаклҳои гуногун ба амал ояд, масалан, бо роҳи сохтмони боғчаҳои бачагона, яслиҳо, мактабҳо, литсейҳо, хонаҳои кӯдакон таъсиси барномаҳои махсуси кӯдакона дар радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо, кинофилмҳо, ташкили фароғати кӯдакон, дар шакли лагерҳои тобистона, санаторияҳо, пансионатҳо. Тавре дар Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдаки СММ омадааст, «инсоният вазифадор аст ба кӯдакон ҳамаи чизҳои беҳтаринеро, ки дорад, диҳад».

  1. Машғулияти дӯстдоштаи худро гӯед.
  2. Шумо оянда кӣ шудан мехоҳед?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: категорияи нозуки иҷтимоии аҳолӣ, кӯдак.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.