Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак

1. Таърихи пайдошавии Конвенсияи

СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак

Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд, ки мо онро аллакай чандин маротиба хотиррасон кардем. 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кӯшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиҳои махсуси кӯдакон ба ҷо меовард. Инсоният ба қабули ин ҳуҷҷат тадриҷан ва бо роҳи дуру дароз расид: соли 1924 – қабули Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо; соли 1948 – аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ тасдиқ гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар; соли 1959 – қабули Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак; соли 1979 – эълон гардидани Соли байналхалқии кӯдак. Ғайр аз ин дар як қатор созишномаҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои башардӯстӣ меъёрҳои мушаххасе дар бораи вазъияти кӯдакон таҳким бахшида шуданд. Ҳамзамон бо ин ҳама баъзе давлатҳо зарурати қабули созишномаи байналмилалии ҳамаро фарогирандаро дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бояд характери ҳатмӣ дошта бошад, изҳор менамуданд.

Ба таҳкими чунин нуқтаи назар хабарҳо дар бораи шароитҳои вазнини зиндагии кӯдакон, ки дар ин хусус фавти хеле зиёд, ҳифзи нокифояи саломатии кӯдакон, дар онҳо набудани имкониятҳои зарурии гирифтани таҳсилоти оддӣ шаҳодат медоданд, мусоидат мекарданд. Ғайр аз иттилоот, дар хусуси кӯдакони дучори зишткориҳою истисморгардида дар шакли фоҳишагарӣ ё меҳнати хавфнок, дар бораи кӯдакони дар маҳбасҳо нигоҳдошташаванда ё кӯдакони ҷабрдидаи низоъҳои мусаллаҳона боиси нигарониҳои боз ҳам бештаре мешуданд.

Бо таҳияи Конвенсия гурӯҳи кории таъсисдодаи Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ, ки аз ашхоси махсус фиристодаи ҳукуматҳо, ҳамчунин намояндагони як қатор мақомот ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, чун масалан, Созмони байналхалқии меҳнат, ЮНИСЕФ, ИКОГ СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иборат буданд, машғул шуд.

Конвенсия нахустин ҳуҷҷати байналмилалии ҳатмии юридикие мебошад, ки доираи ин қадар васеи ҳуқуқҳои инсон – ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро гирифтааст. Конвенсия муносибати ҳамаҷониба (том)-ро ба баррасии вазъиятҳои кӯдакон истифода мекунад, муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро, ки ҳамагӣ аз 10 принсип иборат буда, таваҷҷӯҳро ба зарурати ҳифзи кӯдак дар давраи рушди ӯ ҷалб месозад, инкишоф медиҳад ва мушаххас мегардонад. Конвенсия ба эҳтироми шаъну шарафи ҳамаи одамон асос карда, эътироф мекунад, ки ҳар кӯдак ҳуқуқҳои инсонро соҳиб аст: ин ҳуқуқҳо аз ҳуқуқҳои волидон ё ягон одами калон гирифта нашудаанд ва вобастаи онҳо нестанд. Ин асоси консепсияи вусъат бахшидани имкониятҳои кӯдак буда, эътирофи кӯдак ба сифати субъекти соҳибэҳтиром ва узви ҷомеа ба он мақсад аст, ки ақидаҳо ва интизориҳои маҳдудсозандаю табъизӣ нисбат ба одамони ҷавон дигаргун гарданд.

? Кадом мақомоти СММ ба давлатҳои иштирокдори СММ бобати имплементатсияи муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ёрӣ мерасонанд?

2. Мундариҷаи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак

Дар Конвенсия чор принсипи умумии роҳбарикунанда таҳким бахшида шудаанд. Ин принсипҳо, ки бояд ҳамаи муқаррароти Конвенсияро бо фарогирии барномаҳои миллӣ оид ба татбиқи онҳо тафсир бахшанд, аз ҷумла дар моддаҳои 2, 3, 6 ва 12-и Конвенсия баён шудаанд.

– Пешгирии ҳуқуқпоймолкунӣ. Давлатҳои аъзо бояд таъмин намоянд, ки ҳар як кӯдаки дар доираи ҳуқуқии (юрисдиксияи) онҳо қарордошта ҳуқуқҳои худро бидуни табъиз дар асоси «нажод, ранги пӯст, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ақидаи дигар, асли миллӣ, этникӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, вазъи саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидайн ва сарпарасти қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар» амалӣ гардонда тавонад. Асоси ин принсип таъмини имкониятҳои баробар мебошад. Духтаракон бояд бо писаракон имкониятҳои баробар дошта бошанд. Кӯдакон аз ҷумлаи гурезаҳо, кӯдакони мансуб ба халқҳои таҳҷоӣ ё ақаллиятҳо бояд соҳиби ҳамон ҳуқуқҳое бошанд, ки аҳолии дигар доранд.

– Таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак. Ин муқаррарот ба зарурати дар навбати аввал таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба манфиатҳои кӯдак нигаронида шудааст. Вай бо амалҳои бевосита ба кӯдакон нигаронидашуда (масалан, таҳсилот, корҳои судӣ оид ба парасторӣ ва ғайра) маҳдуд намешавад ва инчунин ба ҳамаи амалҳое, ки метавонанд ба кӯдак таъсири мустақим ё ғайримустақим расонанд (сиёсати бо кор таъмин кардан, тақсимоти буҷет ва ғайра) мансуб нест. Бинобар ин вай вазифадории ҳар касро (давлатӣ ё хусусӣ) бобати дар навбати аввал гузаронидани «арзёбии таъсири амалҳо ба кӯдак» барои баррасии оқибатҳои имконпазири ҳама гуна тадбирҳо ва алтернативаҳо ва минбаъд гузаронидани мониторинги истифодаи ин тадбир дар назар дорад.

– Ҳуқуқ ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд. Муқаррароти модда дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқро ба зинда мондан ва рушд, ки бояд дар «ҳадди аксар имконпазир» таъмин гардад, фаро мегирад. Истилоҳи дар ин қарина истифодашавандаи «рушд»-ро ба маънии васеъ бо дар назардошти ҷанбаи сифатии он бояд тафсир бахшид: ҳадафи меъёри нишондодашуда на танҳо нигаҳдошти саломатии ҷисмонӣ, ҳамчунин таъмини рушди рӯҳонӣ, эмосионалӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

– Ақидаҳои кӯдак. Ба кӯдакон бояд ҳуқуқи озодона баён кардани ақидаҳои худ оид ба ҳамаи масъалаҳои ба онҳо дахлдор дода шавад. Зимнан, ба ақидаҳои кӯдак «мутобиқи синну сол ва камолоти кӯдак» бояд диққати зарурӣ зоҳир гардад. Ин принсип дар кӯдакон мавҷуд будани ҳуқуқи баён кардани фикри худ ва ба таври ҷиддӣ ба назар гирифтани ақидаҳои худро аз ҷумла дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдошта дар назар дорад.

Барои баёни мундариҷаи Конвенсия ба ҷуз баррасии принсипҳои дар боло овардашудаи роҳбарикунанда сохторҳои зайлро истифода кардан мумкин аст: иштирок- ҳифз- таъминот.

Ҷанбаи иштирок дар навбати аввал бо эътирофи саҳеҳи ҳуқуқҳои кӯдак ба иштирок, чуноне дар моддаи 12 (1) муқаррар гардидааст, пешниҳод шудааст. Додани «диққати зарурӣ» ба ақидаҳои кӯдак, тавре дар боло гуфтем, унсури асосии муқаррароти мазкур мебошад. Вай дараҷаи иштироки кӯдакро, ки ба вай имконият медиҳад, воқеан ҳам ба раванди кор ва қабули қарорҳо таъсир расонад, дар назар дорад. Конвенсия баъзе ҳуқуқҳои асосии сиёсӣ ва шаҳрвандиро ба ҳуқуқҳои кӯдак мутобиқ мегардонад, ки байни онҳо озодии афкор ва эътиқод, ассосиатсияҳо, маҷлисҳо ва эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқ ба ҳаёт (бо фарогирии манъи истифодаи ҷазои қатл нисбат ба ҷинояткорони ноболиғ), ҳимоя аз шиканҷа ва дастгиркуниҳои худсарона ва кафолати баррасии боадолатонаи судӣ ҳастанд.

– Нисбати масъалаҳои ҳифз Конвенсия дар худ тадбирҳои ҳифзро «аз тамоми шаклҳои зӯроварии ҷисмонӣ ё психологӣ, таҳқир ё сӯиистифода, набудани ғамхорӣ ё муносибати беэътиноёна, муносибати дағалона ё сӯиистифода, аз ҷумла сӯиистифодаи шаҳвонӣ аз ҷониби волидайн, сарпарастони қонунӣ ё ҳар шахси дигаре, ки ғамхории кӯдак бар дӯши ӯ мебошад» (муқаррароти мазкур ҳамчунин ба ҷазодиҳиҳои интизомӣ дар мактаб дахл дорад) фаро мегирад. Ҳифз бо муқаррароти муайянкунандаи тадбирҳо бар зидди истисмори иқтисодӣ (меҳнати кӯдакона), истисмори шаҳвонӣ ва хариду фурӯши кӯдакон, нашъамандӣ, ҳамчунин стандартҳо нисбати кӯдакон ва низоъҳои мусаллаҳона ба таври илова пурзӯр карда мешавад.

– Ҳуқуқ ба таъминот, ки Конвенсия кафолат медиҳад, дар худ ҳуқуқ ба саломатӣ, ба таҳсилот, амнияти иҷтимоӣ ва сатҳи шоистаи зиндагиро фаро мегирад.

Зиёда аз ин Конвенсия ҳамчунин стандартҳои навро бо роҳи таҳким бахшидани ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳифзи шахсияти ӯ, оила ва дигар муносибатҳои байниҳамдигарии иҷтимоӣ (бо фарогирии баҳамории оила), маҳдудиятҳо дар писархонию духтархонии байналмилалӣ, ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат, вақти холӣ, бозӣ ва фаъолияти фарҳангӣ, ҳамчунин таҳкимбахшии вазифадории давлатиро оид ба таъмини барқарорсозӣ ва офиятбахшии ҳамаи кӯдаконе, ки аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва истисмор ҷабр дидаанд, таҳия намуд.

Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак. Моддаи 43-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таъсиси Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро, ки аз 18 нафар мумайизони ба сифати инфиродӣ коркунанда иборат аст, пешбинӣ менамояд. Ба ин тариқ, Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак боз як мақомоти қарордодии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад. Вай ба рафти татбиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби давлатҳои иштирокдор назорат мебарад. Мутаассифона, Конвенсия танҳо як механизми мониторинги риояи муқаррароти он, яъне маҳз пешниҳод кардани ҳисоботҳоро дар назар дорад. Мувофиқи тартиботи мазкур давлатҳо вазифадоранд, ки дар ҳар чор сол дар бораи пешравиҳо дар татбиқи муқаррароти Конвенсия (ва протоколҳои факултативӣ) ба Кумита ҳисобот пешниҳод намуда, дар он вазъияти кӯдаконро дар мамлакатҳои худ инъикос намоянд. Кумита ин ҳисоботҳоро, ки қисми «муколамаи асоснок» бо давлатҳои дахлдори нашркунандаи эродҳои танқидӣ ва тавсияҳо мебошанд, меомӯзад. Созмонҳои ғайриҳукуматии машғули масъалаҳои ҳифзи кӯдакон кӯшиш мекунанд, ки механизмҳои шикоятҳои инфиродиро дар сатҳи байналхалқӣ баррасӣ кунанд. Ин ба Кумита имконият медиҳад, ҳуқуқи худии амсолиро таҳия намояд, ки барои рушди юридикии стандартҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон дастгирии пурзӯре мешавад.

Маърӯзаи аввалини Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Конвенсия аз ҷониби Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 баррасӣ шуда буд. Проблемаҳои асосии дар маърӯза инъикосёфта қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кӯдаконро фаро мегирад, масалан, ҳуқуқҳои кӯдакон ва санадҳои асосии меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот; ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва кӯдакони бе сарпараст монда; ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб; пешгирии ҷинояткориҳои кӯдакона; ҳифзи саломатии кӯдакон ва ғайра.

Кумита дар қайдҳои хотимавии худ зикр кард, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул гардидани тадбирҳои сершумори қонунгузорӣ ва маъмурии марбут ба ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳамчунин лоиҳаи барномаи давлатии омӯзиши ҳуқуқҳои инсонро шодбош мегӯяд. Баробари ин Кумита изҳори нигаронӣ кард, ки дар чанд соли охир Тоҷикистон ба сабаби давраи гузариш ба иқтисодиёти бозор ва ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ бо фарогирии бекорӣ, қашшоқӣ, коррупсия, ки махсусан ба кӯдакони мансуб ба табақаҳои нисбатан нозуки ҷомеа таъсири зиёд расонданд, бо бисёр проблемаҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор омад. Дар қайдҳои Кумита ба Ҳукумати мамлакат тавсияҳои мушаххас дода шудааст, ки ҳоло дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба кӯдакон ба эътибор гирифта мешаванд.

? Муайян кунед, ки ҳуқуқҳои зикргардида ба иштирок, ҳифз ва таъминот дар кадом моддаҳои Конвенсия нишон дода шудаанд? Ҳуқуқҳои кафолатдодаи Конвенсияро ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, шахсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ гурӯҳбандӣ кунед ва нишон диҳед, ки онҳо дар кадом моддаҳои Конвенсия нишон дода шудаанд.

3. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон чун давлатҳои дигари узви Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия таҳкимбахшидашудаи кӯдаконро таъмин намояд ва ҳифз кунад. Бо мақсади таъмини ҳифзи кӯдакон дар сатҳи давлатӣ бисёр сохторҳои давлатӣ бо проблемаҳои кӯдакон машғул шуда, амалан ба татбиқи муқаррароти Конвенсия ҷалб карда шудаанд, аз ҷумла: Идораи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, Вазорати маориф, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳо дар доираи салоҳиятҳои худ, ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила.

Соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Байни дигар мақомоти муҳими давлатии бевосита бо ҳуқуқҳои кӯдакон машғулбуда махсус қайд кардани Комиссияи оид ба корҳои ноболиғон ҷоиз аст.

Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратист. Вай бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимият баҳри татбиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар қарордодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст. Чунончи, Комиссия бо арзёбии муботиқати қонунгузории Тоҷикистон бо муқаррароти қарордодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак машғул шуда, оид ба истифода ва такмили минбаъдаи меъёрҳои марбут ба ҳуқуқҳои кӯдакон маърӯзаҳо ва тавсияҳо тайёр мекунад, ба паҳн кардани донишҳо дар бораи меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва ғайра кӯмак мекунад. Ба функсияҳои Комиссия ҳамчунин таъмини тайёр кардани маърӯзаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ дар бораи рафти иҷрои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дохил мешавад.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки бо коркарди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрӣ- ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавонон, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм машғул аст. Вай ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти марказҳо, муассисаҳо, таълимгоҳҳо ва ташкилотҳои ба низоми он шомилбударо амалӣ мегардонад. Байни вазифаҳои асосии кумита кӯмак кардан ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, ватандӯстӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷавонон, мустаҳкам кардани дӯстӣ, ягонагӣ ва муттаҳидии ҷавонони мамлакат, тарғиби тарзи солими ҳаёт, идеалҳои ҳаракати олимпӣ, ҷойҳои шоёни таваҷҷӯҳи сайёҳии мамлакат ва ғайра меистанд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияест, ки бо татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳо ва манфиатҳои занон ва оила, муваффақшавӣ ба баробарии гендерӣ, вусъати доираи иштироки занон дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, идораи корҳои давлат ва ҷомеа машғул мебошад. Ба ин тариқ, кумита дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамчунин бо дастгирии саломатии модарӣ машғул шуда, оид ба дарёфту андозагирии муносибатҳои навоваронаю муҳим дар ҳалли проблемаҳои занон ва оила, тарғиби тарзи солими ҳаёт, некӯаҳволии маънавӣ, муносибати масъулиятшиносонаи ҷавонон ба ташкили оила корҳоро ба роҳ мемонад ва ба ин тариқ дар татбиқи ҳуқуқҳои оилавии кӯдак, ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, зинда мондан ва рушд кардани ӯ ёрӣ мерасонад.

Комиссияи оид ба корҳои ноболиғон ба сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроия дохил шуда, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъсис дода мешавад. Вазифаҳои асосии комиссияҳои оид ба корҳои ноболиғон ташкили кор оид ба пешгирии беназоратӣ, ҳуқуқвайронкунии кӯдакон, баррасии корҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон ва амалисозии назорат ба шароитҳои нигоҳдорӣ ва гузаронидани корҳои ислоҳотӣ бо ноболиғон дар муассисаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва муассисаҳои махсуси тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Ба ҳайати комиссия вакилони маҷлисҳо, намояндагони ташкилотҳои иттифоқи касаба ва ҷавонон, коллективҳои меҳнатӣ, коркунони маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, консернҳо, ширкатҳо шомил шуда метавонанд, ки баҳри таъмини ҳимояи бештари манфиатҳои кӯдакон амалӣ мегардад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Комиссияи оид ба корҳои ноболиғон.

7 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.