Фанни Ҳуқуқи инсон

Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кӯдак

1. Таъмини ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳои ҳифзи кӯдакон на танҳо дар санадҳои байналмилалии меъёрӣ-ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд, балки дар ҳуҷҷатҳои миллии ҳуқуқии давлатҳои иштирокдори Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳким бахшида шудаанд, зеро чунин вазифаро ба зиммаи онҳо Конвенсия вогузоштааст.

Ҳуқуқҳои кӯдак дар Тоҷикистон бо роҳи тадбирҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва омӯзишӣ таъмин карда мешаванд.

Ба тадбирҳои ҳуқуқӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки бо мақсади беҳтар кардани ҳаёти кӯдак дар ҷомеа қабул мегарданд ва усулҳои юридикии бо қонунҳо пешбиникардаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ки байни онҳо ҳифзи судӣ аз ҳама муҳимтар маҳсуб мешавад, тааллуқ доранд.

Манбаъҳои асосии ҳуқуқии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон ба ҷуз қарордодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, ки Тоҷикистон тасдиқ кардааст, инҳоянд:

• Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

• Кодекси оила

• Кодекси меҳнат

• Кодекси гражданӣ

• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

• Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии

аҳолӣ» ва ғайра.

Ба тадбирҳои маъмурӣ дохил мешаванд, масалан: маориф ва амал кардани мақомоти васояту парасторӣ дар назди мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои бачагона, ғайриҳукуматӣ, ҳукуматӣ ва ғайра.

Ба тадбирҳои омӯзишӣ дохил мешаванд, масалан: ҷалбсозӣ ба барномаи мактабии фанни ҳуқуқҳои инсон бо фарогирии ҳуқуқҳои кӯдак, нашри рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва буклетҳои махсус ва ғайра, ё таъсиси барномаҳои радио ва телевизион, ки дар бораи вазъи кӯдакон дар мамлакат гузоришҳо оид ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои кӯдак, усулҳои ҳифзи онҳо иттилоот пешниҳод мекунанд.

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

Моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ҳуқуқи кӯдак дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ

Кодекси оила санади асосии қонунгузорие мебошад, ки асосҳои муносибатҳои оилавиро ҳифз мекунад. Дар ин кодекс кӯдакон чун субъекти мустақими ҳуқуқ баромад мекунанд. Таснифи ҳуқуқҳои ноболиғон дар Кодекси оила вобаста ба мундариҷаи онҳо оварда шудааст. Чунончи, ҳуқуқҳои кӯдак ба ду навъ тақсим мешаванд:

  1. Ҳуқуқҳои шахсӣ
  2. Ҳуқуқҳои амволӣ.

Мафҳуми «ҳуқуқҳои шахсии кӯдак» маҷмӯист, зеро дар онҳо номгӯи ҳуқуқҳои дорои ҳадафҳои гуногун шомил мешавад.

Ба ҳуқуқҳои шахсӣ дохил мешаванд, масалан:

— ҳуқуқи зиндагӣ кардан ва тарбия дидан дар оила;

— ҳуқуқи муошират бо волидон ва дигар хешовандон;

— ҳуқуқ ба ном, номи падар ва номи хонаводагӣ;

— ҳуқуқ ба ҳифзи манфиатҳои қонунии худ;

— ҳуқуқи баён кардани фикри худ.

Ҳуқуқҳои амволии кӯдакон:

-ҳуқуқ ба таъмини зист аз ҷониби волидон ва дигар аъзои оила (бародарон ва хоҳарони болиғу қобили меҳнат, бобоҳо ва бибиҳо);

— ҳуқуқи моликият ба даромадҳо ва амволе, ки кӯдак тӯҳфа ё ба тартиби мерос гирифтааст ва ҳама гуна амволи дигаре, ки бо маблағҳои кӯдак гирифта шудаанд;

— ҳуқуқи соҳибият ва истифода кардан аз амволи волидон дар сурати зиндагии якҷоя бо онҳо.

Фароҳам овардани шароитҳои зиндагии барои рушди кӯдак зарурӣ асосан аз ҷониби волидон, ки барои нигаҳдории шоистаи ӯ масъулияти асосии молиявӣ ба дӯш доранд, таъмин карда мешавад. Ҳама гуна ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволӣ имкониятест, ки аз ҷониби давлат барои рушди ҳар як кӯдак пешниҳод мегардад. Давлат ҳуқуқҳои мазкурро дар қонунгузорӣ таҳким бахшида, аҳамияти онҳоро таъкид мекунад ва барои татбиқашон кафолат фароҳам меорад.

Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ кардан ва тарбия дидан дар оила

Омилҳои зарурии тарбияи кӯдак дар оила инҳоянд:

• Аз ҷониби волидон дар оила фароҳам овардани шароитҳое, ки шаъну шарафи кӯдакро таъмин мекунанд (яъне аз ҷониби кӯдак дарк гардидани ҳуқуқҳои инсонии худ, арзиши ахлоқии худ ва эҳтиром ба хеш);

• Таъмини ҳамаҷонибаи манфиатҳои ӯ.

Ҳар як кӯдак ҳақ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхорӣ аз ҷониби волидон, таъмини манфиатҳои ӯ, рушди ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну шарафи инсонии вай ҳақ дорад.

Моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ кардан ва тарбия гирифтан дар оила чунин маъно дорад, ки кӯдак метавонад якҷоя бо волидони худ зиндагӣ кунад. Ҷои зисти ноболиғони ба синни 16 нарасида ҷои зисти намояндагони қонунии онҳо- волидон, падархондҳо ё сарпарастон эътироф мешавад. Ҷои зисти кӯдак ҳангоми аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани волидон бо ризоияти волидон муайян мегардад. Дар сурати набудани чунин ризоият баҳсро суд ҳал мекунад. Ҳуқуқи кӯдакро барои зиндагӣ кардан ва тарбия гирифтан дар оила танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, вақте зиндагии якҷоя бо волидон ба манфиатҳои кӯдак мухолиф буда, ба ӯ зарар меоранд, татбиқ кардан мумкин нест. Ин дар сурати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ, ё маҳдуд сохтани ҳуқуқҳои волидайнӣ ба амал меояд. Ин муқаррароти қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ мувофиқат мекунанд. Тибқи онҳо ҷудо кардани кӯдак аз волидон танҳо бо қарори суд, бар асоси манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар ҳолатҳое мумкин аст, ки волидон бо кӯдак муносибати ҷоҳилона менамоянд ё дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ намекунанд, ё вақте волидон аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ доранду нисбати муайян кардани ҷои зисти кӯдак қарор қабул кардан лозим меояд.

Волидон бояд барои саломатии кӯдакон, рушди ҷисмонӣ, равонӣ, болоравии рӯҳонӣ ва камолоти маънавии онҳо ғамхорӣ кунанд. Ҳуқуқи кӯдак ба ғамхорӣ аз ҷониби волидони худ ба тарзи зайл амалӣ мегардад:

а) бо роҳи қонеъсозии талаботи ҳаётан муҳими моддӣ-маишии ӯ

(ғизо, таъминот бо либос, пойафзол, ашёи хониш ва ғайра);

б) бо роҳи зоҳир кардани таваҷҷӯҳ ба кӯдак, расонидани ёрӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки таваҷҷӯҳашро ҷалб менамоянд, низоъҳои имконпазир бо дигар кӯдакон ва ғайра (яъне таъмини манфиатҳои гуногунранги кӯдакон).

Ба волидон озодии интихоби воситаҳо ва усулҳои тарбияи кӯдакони худ бо риояи маҳдудиятҳои зерин дода мешавад:

  1. Волидон ҳақ надоранд, ки ба рушди ҷисмонӣ, рӯҳонӣ ё маънавии кӯдак зарар расонанд;
  2. Усулҳои тарбия бояд муносибатҳои бепарвоёна, ҷоҳилона, дағалона, пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ, таҳқир ё истисмори кӯдакро сарфи назар намояд.

Ҳуқуқ ба ном аз лаҳзаи таваллуд ҳамзамон бо ҳуқуқ барои соҳибият ба шаҳрвандӣ пайдо мешавад. Ном, номи падар ва номи хонаводагии кӯдак дар қайди санад дар бораи таваллуд ва шаҳодатнома дар бораи таваллуд нишон дода мешавад.

Ҳама гуна баҳсҳои миёни волидон оид ба ном ё номи хонаводагии кӯдак, ё иваз кардани онҳо бар асоси манфиатҳои кӯдак аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ ҳаллу фасл карда мешаванд. Дигар кардани ном ё номи хонаводагии ноболиғи ба синни 10 расида бе розигии ӯ мумкин нест.

Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидон

Кӯдак ба муошират бо волидон ва хешовандон ҳақ дорад. Шакли муошират метавонад гуногун бошад: мукотибот, гуфтугӯҳои бевоситаи шахсӣ, вохӯриҳо, гуфтугӯи телефонӣ ва ғайра.

Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидон дар ҳолатҳои аз ҳам ҷудо шудани волидон, бекор гардидани ақди никоҳи онҳо, ҳамчунин дар ҳолатҳои аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани волидон аз ҷумла дар давлатҳои гуногун нигоҳ дошта мешавад:

Ҳуқуқи кӯдак ба муошират бо волидони худ ва дигар хешовандон бо дар назардошти муҳимияти он бояд дар шароитҳои ғайриоддӣ ё ниҳоӣ низ, масалан, ҳангоми боздошти (дастгиркунии) ноболиғ, ҳабс кардани ӯ ё нигоҳдорӣ дар муассисаи табобатӣ бояд кафолат дода шавад.

Ҳуқуқи кӯдак ба ифодаи озодонаи фикри худ

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки кӯдак ҳақ дорад ҳангоми дар оила ҳал гардидани ҳама гуна масъалаҳои ба ӯ дахлдошта фикри худро озодона баён кунад, ҳамчунин дар ҷараёни баррасии судӣ ё маъмурӣ ширкат варзад. Ба назар гирифтани фикри кӯдаки ба синни 10 расида, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин амал ба манфиатҳои ӯ мухолифанд, ҳатмист. Масалан, розигии кӯдаки ба синни 10 расида ҳангоми ба писархондӣ додани ӯ ҳатмӣ аст.

Кӯдак ҳақ дорад фикри худро на танҳо дар оила, балки берун аз он низ (аз ҷумла ҳангоми баррасии корҳо бо тартиботи маъмурӣ ё судӣ) озодона баён кунад. Фикри ноболиғ, масалан, ҳангоми аз ҷониби волидон интихоб кардани муассисаи таълимӣ, шакли таълим, инчунин ҳини аз ҷониби волидон ҳал кардани масъалаҳои марбут ба тарбияи оилавии кӯдакон, таҳсилоти онҳо, вақти аз ҷониби суд ҳал шудани баҳс оид ба ҷои зисти кӯдакон дар мавриди аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ кардани волидон ё дар сурати аз ҷониби онҳо рад карда шудани даъвои барқарорсозии ҳуқуқҳои волидайнӣ ва ғайра бояд ба эътибор гирифта шавад.

Ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои кӯдаконе, ки

бе парастории волидон мондаанд

Дар мавриди набудани волидон, аз ҳуқуқи волидӣ маҳрум кардани онҳо ва дар дигар ҳолатҳои маҳрум шудан аз парастории волидон ҳуқуқи кӯдакро барои тарбия дар оила мақомоти васоят ва парасторӣ, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошанд, таъмин мекунанд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ чунин кӯдаконро ошкор сохта, ба ҳисоб мегиранд ва бар асоси ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории волидон шаклҳои ҷойгиркунии чунин кӯдаконро интихоб карда, ҳамчунин ба шароитҳои нигоҳубин, тарбия ва таълими онҳо назорати минбаъда мебаранд. Масалан, мақомоти васоят ва парасторӣ оид ба писархонд кардани кӯдакон тадбирҳо меандешанд ва агар чунин имконият набошад, онҳоро дар хонаҳои кӯдакон ҷойгир месозанд. Корҳо оид ба писархондӣ аз ҷониби суд бо иштироки ҳатмии худи падархонд, намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ баррасӣ мешаванд.

Дар ҳамаи ҳолатҳо ва шаклҳои ҷойгиркунии кӯдакони аз парастории волидон маҳрумшуда ба назар гирифтани баромади этникию динии кӯдак, забони модарии ӯ, имкониятҳои таъмини тарбия ва таълими минбаъдаи чунин кӯдаконро дар ҷои нав ба назар гирифтан лозим аст.

Васоят (парасторӣ) шакли ҷойгиркунии кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории волидон маҳрумшуда мебошад.

Васоят ва парасторӣ ба ноболиғони аз парастории волидон маҳрумгашта бо мақсади нигоҳубин, тарбия ва таълим, ҳамчунин барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.

Қисми 1-и моддаи 147-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки васоят ба кӯдакони синни то 14- сола ва парасторӣ бошад, ба ноболиғони синнашон аз 14 то 18 сола муқаррар карда мешавад. Ба ин тариқ, хурдсолон чун ба синни 14 расиданд, васоят ба таври автоматӣ ба парасторӣ табдил мегардад.

? Мувофиқи қонун дар кадом ҳолатҳо бояд фикри кӯдак ба инобат гирифта шавад?

3. Ҳуқуқи ноболиғ ба меҳнат

Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон синни ба кор қабул шудани ноболиғ 15 муқаррар гардидааст. Онҳое, ки ба синни 14 расидаанд, ҳуқуқ доранд бо рухсати волидон ё ашхосе, ки онҳоро иваз мекунанд, дар вақти холӣ машғули фаъолияти меҳнатӣ гарданд, яъне ба кор қабул шаванд.

Ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат маҳдудиятҳои марбут ба ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдакро дорост. Аз ҷумла ноболиғон танҳо ба корҳои сабуке қабул карда мешаванд, ки ба саломатии онҳо зарар нарасонанд ва раванди таълими онҳоро бо расидан ба синни 14 -солагӣ бо ризоияти яке аз волидон ё шахси ӯро ивазкунанда халалдор насозанд.

Ноболиғон ҳангоми татбиқи ҳуқуқи худ ба меҳнат нисбат ба калонсолон баъзе афзалиятҳо доранд. Масалан, истифодаи меҳнати ноболиғон дар корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зараррасону хавфнок, дар корҳои зеризаминӣ, ҳамчунин дар корҳое, ки иҷрояшон метавонад ба саломатии ноболиғон ё рушди маънавии онҳо зарар расонад, манъ аст. Ба ноболиғон дастӣ бардоштан ва аз ҷое ба ҷои дигар кашондани борҳои вазнашон аз меъёри барои онҳо муқарраргардида зиёд иҷозат дода намешавад. Қонунгузории меҳнатӣ ба корҳои шабона, корҳои зиёда аз меъёр, кор дар рӯзҳои истироҳату идҳо ҷалб кардани кормандони синнашон аз 18 хурд, ҳамчунин ба сафарҳои хидматӣ фиристодани онҳоро манъ мекунад.

Давомнокии вақти кор дар як ҳафта барои кормандони синнашон аз 15 то 18 сола на бештар аз 35 соат ва барои кормандони синнашон аз 14 то 15 сола на зиёда аз 24 соат муқаррар гардидааст. Вале сарфи назар аз ҳафтаи кории давомнокиаш кӯтоҳ пардохти музди меҳнати ноболиғон чун барои ҳафтаи кории давомнокиаш пурра сурат мегирад. Меҳнати хонандагоне, ки дар вақтҳои фориғ аз таҳсил дар корхонаҳо кор мекунанд, бар асоси вақти коркарда ё вобаста ба маҳсулоти истеҳсолкарда пардохт карда мешавад.

Дар қонунгузории меҳнатӣ дигар кафолатҳои иловагии марбут ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакони коркунанда, аз ҷумла пешниҳод кардани рухсатии меҳнатии на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ, раво будани қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо ноболиғ бо ташаббуси кордеҳ, вале танҳо бо ризоияти мақомоти маҳаллии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва комиссияи оид ба корҳои ноболиғон ва ғайра муқаррар карда шудаанд.

?. Оё Шумо ҳуқуқи худро ба меҳнат амалӣ мегардонед? Бигӯед, ки Шумо бо чӣ коре машғул ҳастед?

4. Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил

Ӯҳдадории фароҳам овардани шароитҳо барои рушди ақлонӣ ва рӯҳонии кӯдак пеш аз ҳама ба зиммаи волидон, сарпарастон, омӯзгорон ва давлат аст. Маҳз ҳуқуқи таҳсил ба кӯдакон барои рушди комили зеҳнӣ имконият фароҳам оварда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо замина бунёд месозад. Ҳуқуқи таҳсил бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» танзим карда мешавад. Дар ин қонун кӯдак субъекти раванди омӯзиш эътироф гардидааст. Таълим ва тарбияи кӯдакон тибқи қонун бояд ба принсипҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, муҳаббат ба модар ва оила ва ғайра асос ёбад. Тавассути он алоқамандии байниҳамдигарии таълим ва тарбия ба амал меояд, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 41-и Конститутсияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯдакон дар Тоҷикистон ба таҳсилоти томактабӣ, умумӣ (таҳсилоти умумӣ, асосӣ), ибтидоӣ, касбӣ ва олӣ ҳақ доранд. Таҳсилоти умумии асосӣ дар муассисаҳои давлатӣ ҳатмӣ ва ройгон буда, аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Давлат кафолатҳои худро амалӣ сохта, масалан, сохтмони мактабҳо ва таҷҳизонидани онҳоро дар миқёсу миқдори зарурӣ ба амал бароварда, китобҳои дарсӣ нашр мекунад, нақшаҳо ва барномаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва ғайраро, ки дар онҳо номгӯи фанҳои ҳатмии таълимӣ, ҳадди ақали донишҳо ва маҳоратҳои ба андозаи беҳтарин ба рушди кӯдак мусоидаткунанда ва ғайра муқаррар мегарданд, қабул менамояд ва такмил медиҳад.

Дараҷаи ҳозираи прогресси илмӣ-техникӣ, ки имконият медиҳад ба раванди таълиму тарбия технологияҳои иттилоотӣ-коммуникативӣ дохил карда, методҳои фаъолгардонии (интерактивии) таълим пурзӯр гардонида шаванд, имкониятҳои таълимро ба таври ҷиддӣ васеъ карданд.

Яке аз принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, чун дигар паҳлуҳои зиёди ҳаёти ҷамъиятӣ, бисёрандешӣ ё гуногунандешӣ (плюрализм) аст (аз лот. Pluralis – бисёр). Истифодаи ин принсип дар таҳсилоти умумӣ, масалан, дар таъсиси мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ ифода меёбад ё дар он зоҳир мегардад, ки имрӯз баробари мактабҳои анъанавии муқаррарӣ гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои омӯзиши амиқи ин ё он фанни таълимӣ, мактабҳо дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон ва ғайра амал мекунанд.

Кӯдак на истеъмолкунандаи оддӣ, балки иштирокдори фаъоли раванди таълиму тарбия мебошад, бинобар ин гирифтани таҳсилот бояд бо ҷалби фаъолонаи кӯдак ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мактабӣ мушоиат кунад. Ин ҷо ҳам худи раванди таълим, истифодаи китобхонаҳо, толорҳои варзиш ва дигар захираҳое, ки бояд мактаб ба кӯдакон пешниҳод намояд, иштирок дар факултативҳо, ки шавқмандиҳои кӯдаконро дар соҳаҳои муайян инкишоф дода, онҳоро ба касбу корҳои оянда омода месозад ва ҳам раванди иштироки кӯдакон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти мактабӣ дар назар аст. Мактаб на танҳо муассисаи оддии таълимӣ-тарбиявист, ки дар он раванди механикии додани донишҳо ба амал меояд. Мактаб муҳити нодирест, ки бояд ба рушди малакаҳои зарурии иҷтимоӣ дар хонандагон мусоидат намояд. Вай ҷои ҳосил кардани таҷрибаи ҳаёт, масалан, дар муносибатҳои байни шахсиятҳо бо фарогирии бартарафсозии низоъҳо ва пайдоиши дӯстӣ мебошад. Маҳз бо таъсири мактаб ва оила дар кӯдак дарки шахсии ҳаёт ташаккул ёфта ва рушд карда, мавқеи шаҳрвандии вай поягузорӣ мешавад. Арзёбии аҳамияти мактаб барои кӯдак ва таъсири он ба ҳаёти вай басо душвор аст. Бинобар ин ғояи худидоракунии мактабӣ, ки ҳуқуқи хонандагонро баҳри иштирок дар раванди қабули қарорҳо дар ҳаёти мактабӣ дар назар дорад, дар муҳити педагогӣ беш аз пеш эътироф пайдо мекунад. Ин на танҳо марбут ба таҳияи Оинномаи мактабҳо бо ҷалби хонандагон ва волидони онҳо, инчунин аз ҷумла таъсиси шӯроҳои мактабӣ мебошад, ки ҳайаташон аз омӯзгорон, волидон, намояндагони хонандагон (ба таври интихобӣ), парасторон иборат аст. Чунин шӯроҳо масъалаҳои ҷиддии марбут ба ҳаёти кӯдаконро ҳал карда, ҳамзамон фикри онҳоро, масалан, бобати чӣ тавр сарф кардани маблағҳои ҷудокардаи парасторон, кушодани чӣ гуна факултативҳои иловагӣ, дар вазъи мураккаби ихтилофотӣ аз мактаб хориҷ кардан ё накардани кӯдак ва ғайра ба эътибор мегиранд.

Дигар ҳуқуқи муҳими кӯдак, ки бо ҳуқуқи таҳсилот гирифтани ӯ алоқаманд аст, ҳуқуқ ба шаъну шарафи инсонӣ ва манъи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф мебошад. Масалан, амалияи Суди аврупоӣ ба онҳо ба таври саҳеҳ ҳамаи навъҳои ҷазоҳои ҷисмонии дар муассисаҳои тарбиявӣ истифодашавандаро мансуб медонад. Кӯдак ҳақ дорад худро аз чунин амалҳои маъмурият, омӯзгорон ва кормандони дигар, ки қадру қимат ва шаъну шарафи ӯро паст зада, халалдор месозанд, ҳимоя кунад.

Педагогикаи ба ном ғайризӯроварӣ маҳз ба эътирофи шаъну шарафи кӯдак ва эҳтироми шахсияти ӯ асос меёбад. Ғояҳои вай аз он иборат аст, ки ҳам тарбия ва ҳам таълими кӯдак бояд дар асоси ғайризӯроварӣ, дар рӯҳи ғайризӯроварӣ ба роҳ монда шуда, онҳо кӯдакро тавассути паҳн кардан ва шинос намудан бо идеалҳо ва принсипҳои башардӯстӣ ба рафтори беғаразона ва сулҳдӯстона омода созанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: тадбирҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва омӯзишӣ оид ба таъмин кардани ҳуқуқҳои кӯдак, ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволии кӯдакон, васоят, парасторӣ, принсипи бисёрандешӣ (плюрализм)

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *