Ҳифзи кӯдак аз зӯроварӣ ва истисмор

1. Муносибати ношоиста бо кӯдакон

Мавзӯи дар параграфи гузашта шурӯъкардаамонро давом дода истода қайд кардан лозим аст, ки мутаассифона, баъзан «қувваи аз ҳад зиёди тарбиявии» калонсолон ё нокифоягии донишҳо ё сифати шахсият ба вайрон кардани сарҳадҳои байни ҷазо ҳамчун методи ҳавасмандкунӣ ва зӯроварӣ, муносибати бо кӯдак ношоистаи таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонии ӯ мусоидат мекунанд.

Муносибати ношоиста бо кӯдак ҳама гуна рафтор бо кӯдак аст, ки некӯаҳволии рӯҳонӣ ва ҷисмонии ӯро таҳқир карда, рушди синнусолӣ ва вазъи саломатиашро зери хавф мегузорад.

Муносибати ношоистаро бо кӯдакон ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: зӯроварӣ ба кӯдак; бе назорат гузоштани кӯдак, яъне қонеъ насохтани талаботи зарурии ӯ (масалан, чун вақти зиёде бенигоҳубин ё хӯрок гузоштани ӯ) ва васояти аз ҳад зиёд, яъне ҳифзи беҳадду ҳудуди ӯ (аз ҳад зиёд дахолат кардан ба ҳаёти кӯдак, назорат кардани ҳар як амалу қадами ӯ ва ғайра).

Зӯроварӣ ба кӯдак дидаву дониста зӯран тазъиқу фишор овардан ё беэътиноӣ кардан нисбат ба кӯдак аз ҷониби волидон ё ашхоси тарбиякунанда мебошад, ки ба кӯдак зарари ҷисмониву рӯҳонӣ мерасонад, иллатдор мекунад, рушди ӯро бозмедорад ва дар баъзе ҳолатҳо зуд ба марг меоварад.

Байни шаклҳои зӯроварӣ инҳоро ҷудо мекунанд; эмосионалӣ, равонӣ ё рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ. Бисёр вақт кӯдак якбора аз якчанд шакли зӯроварӣ ҷабр мебинад. Масалан, зӯроварии ҷисмонӣ ногузир иллатҳои ҳам рӯҳӣ ва ҳам эмосионалӣ мерасонад.

Зӯроварии эмосионалӣ ба кӯдак ҳама гуна амалҳоест, ки кӯдакро ба ҳолати шиддати эмосионалӣ расонда, рушди синнусолии ҳаёти эмосионалии вайро зери хавф мегузорад. Чунин амалҳо зӯроварии эмосионалӣ ба кӯдак дониста мешаванд: аз дигарон ҷудо кардани кӯдак, рад кардани муҳокимаи якҷояи проблемаҳо, таҳқир кардан, ҳақорат додан, мунтазам зери шиддат нигоҳ доштан (тарсондан, таҳдид кардан), ахлоқан вайрон кардани кӯдак (ҷалб кардани кӯдакон ба амалҳои ношоиста – дуздӣ, истеъмоли шароб ё маводи мухаддир) ва ғайра.

Зӯроварии равонӣ ё рӯҳонӣ кирдори нисбат ба кӯдак ба амал омадаест, ки рушди лаёқатмандиҳои потенсиалии кӯдакро бозмедорад ё ба он зарар мерасонад. Масалан, ҷангу ҷидолҳои зиёд дар оила, рафторҳои ғайричашмдошти волидонро зӯроварии рӯҳонӣ меҳисобанд. Зӯроварии равонӣ кӯдакро зудранҷ мегардонад, лаёқати ӯро ба худэҳтирому худбаҳодиҳӣ паст месозад, ба ин сабаб рушди зеҳнии кӯдак суст мегардад, равандҳои дарккунии ба синну соли ӯ хос (қувваи ҳофиза, таваҷҷӯҳ, тахайюлоташ) зери хатар мемонанд.

Зӯроварии ҷисмонӣ навъи муносибати ношоиста ба кӯдак аст, ки дар рафти он кӯдак дидаву дониста ба ҳолати ногувори ҷисмонию рӯҳонӣ гузошта мешавад, ба ӯ дидаву дониста зарари ҷисмонӣ мерасонанд ва ё имкониятҳои зараррасонии онро пешгирӣ намекунанд. Аломатҳои зӯроварии ҷисмонӣ пайи лату кӯбҳо, хунравӣ, захмӣ шудан, изи ашё (тасма, чӯб, утуг, яъне дарзмол), сӯхтанҳо, шикастанҳо, иллат дидани узвҳои дарунӣ (масалан, даридани ҷигар ба сабаби зарба ба шикам) мебошанд.

Амалҳои бадахлоқонаи характери шаҳвонидошта нисбат ба кӯдак ҳама гуна фаъолмандии рӯҳияи шаҳвонидошта нисбат ба кӯдак аст. Зӯроварии шаҳвонӣ қонеъсозии нафси ҳайвонии ҷинсӣ бо кӯдак аст, ки дар ин маврид кӯдак ба сабаби нобаробарии қувваҳои ҷисмониву рӯҳонӣ қудрат надорад онро рад кунад ва худро ҳимоя карда тавонад.

Ҳарчанд кӯдак шикоят накунад ҳам, доимо ба изу пайҳои зӯроварӣ дар бадан ва ноҷӯриҳо дар рафтори кӯдак (кӯдак дамдузд мешавад, дар тарсу ҳарос аст, аз хона мегурезад ва ғайра) диққат дода ва фавран ба чунин ҳолатҳо эътино карда, гузаронидани тафтиши дақиқкоронаро талаб кардан лозим аст.

Кӯдакони зӯровариро аз сар гузаронда бисёр вақт дар амалу рафторҳои шахсии худ тағйироту дигаргуниҳо нишон медиҳанд. Зӯроварии аз сар гузаронида худи тасаввуроти кӯдакро дар бораи мавҷудияту ҳастии ӯ вайрон месозад, ӯро аз боварию эътимод ба он ки вай шахсияти арзишманд ва қобили ҳаёт аст, маҳрум мекунад. Вай худро мисли дигарон «озоду беҷурм» эҳсос намекунад, худ ба назари худ бад, «нопок», бекора, номуносиби меҳрубонию муҳаббат менамояд. Кӯдакон – ҷабрдидагони зӯроварӣ ба касе бовар намекунанд, онҳо аз дигарон, махсусан калонсолон, метарсанд. Ва боз дар рафторҳои муайянкардаи мутахассисон –равоншиносон ҳангоми муошират бо чунин категорияи кӯдакон бисёр хусусиятҳои дигари проблемавӣ мушоҳида мегарданд. Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон – ҷабрдидагони зӯроварӣ ба амалисозии барномаҳои махсуси офиятбахшӣ, ёрии тиббию машваратӣ, ки имконият медиҳанд кӯдакон аз оқибатҳои иллатҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ раҳоӣ ёфта, боз ба худ ва ба одамон боварию эътимод ҳосил кунанд ва ҳаёти саодатмандона ба сар баранд, бояд диққати алоҳида дод.

Яке аз навъҳои зӯроварӣ, ки дар бораи он муфассалтар сухан ронданием, истисмор аст.

? Истилоҳи «истисмор» чӣ маъниҳое дорад?

  1. Истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонии кӯдакон

Истисмор нисбат ба кӯдак метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир шавад, вале бештар дар бораи истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонии кӯдакон сухан меронанд.

Зери мафҳуми «истисмори иқтисодӣ» ба маънии васеъ азхудкунии натиҷаҳои меҳнати бегона аз ҷониби онҳое фаҳмида мешавад, ки соҳиби воситаҳои истеҳсолотанд.

Истисмори иқтисодии кӯдакон дар истифодаи меҳнати кӯдакон бо фарогирии меҳнати хурдсолон дар корҳои барои кӯдакон манъшудаи зараррасон ё дар сурати меъёрҳои норавои давомнокии рӯзи кор бо пардохти хеле ночизи музди меҳнати онҳо, қариб дар ҳадди ройгон ифода меёбад.

Тавре дар маърӯзаи ЮНИСЕФ қайд карда мешавад, қолинҳои дар ҷаҳон аз ҳама зеботаринро кӯдакони хурдсол бо ангуштакони каҷшуда ва тахтапуштҳои нозуки хамхӯрда мебофанд. Садҳо ҳазор духтаракону писаракони маҳрум аз вақти бозӣ ва мактабравӣ, маҳрум аз худи овони кӯдакӣ дар Ҳиндустону Покистон бар ивази музди ночизи ҳатто барои рӯзгузаронӣ нокифоя кор карда, рушди соҳаеро таъмин мекунанд, ки содироти маҳсулоташ миллионҳо доллар фоидаи соф меорад. Онҳо дар синни 6-7 солагӣ, вақте ангуштаконашон хеле серҳаракату чаққон аст, қолинбофиро ёд мегиранд. Барои соҳибони фабрикаҳои қолинбофӣ меҳнати кӯдакон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки онҳо гапдарою итоаткоранд, бо маоши ками ночиз ва шароитҳои даҳшатовари меҳнат муросо мекунанд. Ин танҳо яке аз мисолҳои зуҳуротест, ки ба ин ё он андоза ба ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон маълум аст. Ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамаи шаклҳои истисмори иқтисодии кӯдаконро манъ мекунад ва давлатҳо вазифадоранд на танҳо аз нигоҳи қонунгузорӣ, балки дар амал низ меҳнати ғуломонаи кӯдаконро решакан намоянд.

Давлатҳои аъзо ҳуқуқи кӯдакро барои ҳимоя аз истисмори иқтисодӣ, иҷрои ҳама гуна коре, ки метавонад ба саломатии ӯ зиён дошта бошад ё барои маълумотгирии ӯ монеъ мешуда бошад, ё ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, фикрӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯ зарар мерасонида бошад, эътироф менамоянд.

Қисми 1-и моддаи 32-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак.

Шакли дигари истисмори кӯдакон ба ном истисмори шаҳвонист.

Зери таърифи «истисмори шаҳвонии кӯдакон» инҳо фаҳмида мешаванд:

– Ҳама гуна амалҳои зӯроварии шаҳвонӣ, агар объекти он ноболиғ гардад.

– Содир кардани амалҳои бадахлоқона бе истифодаи зӯроварӣ нисбати ноболиғон.

– Ҷалбсозии ноболиғон ба фоҳишагарӣ, содир кардани амалҳои шаҳвонӣ, ҳамчунин амалҳои марбут ба тайёр кардани мавод ва ашёи характери порнографидошта.

Мо дар бораи фоҳишагарӣ ва порнографияи кӯдакона аллакай сухан рондем ва шумо медонед, ки ин мафҳумҳо чӣ маънӣ доранд. Инак, мо ба ин мавзӯъ аз ҷанбаи норавоии зӯроварӣ ва истисмори кӯдакон бармегардем, то минбаъд дар мисоли қонунгузориҳои Тоҷикистон бинем, ки оё ҳамаи навъҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, бо фарогирии навъҳои аз ҳама хатарноки он, дар мамлакати мо манъ гардидаанд ва барои онҳо ҷазо дода мешавад?

Чуноне ЮНИСЕФ қайд мекунад, дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ дар ин ҷода ҳанӯз тадбирҳои кофие андешида намешаванд, ки миқёси васеъшавандаи ин зуҳуротро боздоранд. Истисмори кӯдакон дар фоҳишагарӣ ва порнография индустрияи глобалист. Ба болоравии он қашшоқӣ, ки кӯдакон дар ин зиндагӣ мекунанд, ҳамчунин ҳарисию талоши ашхоси беномус ба шаҳвати арзон мусоидат мекунанд. Барои шумораи ҳар чи бештар афзояндаи кӯдакон истисмори шаҳвонӣ, ки ҷону тани кӯдаконро абгор сохта, ба сарашон хатари гирифторӣ ба ВИЧ /СПИД-ро бор мекунад, ҳамзамон ҳукми қатл ба шумор меравад.

3.Ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ ва истисмор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабулу истифодаи тадбирҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва ғайра амалӣ мегардад.

Ба тадбирҳои қонунгузорӣ санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқие дохил мешаванд, ки кӯдаконро ҳифз мекунанд: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ғайра.

Кодекси оила ба зиммаи калонсолон вазифаи таъмин кардани ҳифзи кӯдаконро вомегузорад. Ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби волидон (ашхоси онҳоро ивазкунанда), мақомоти васоят ва парасторӣ, прокурор ва суд амалӣ мегардад.

Волидон намояндагони қонунии кӯдакони худ буда, дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо дар муносибат бо ҳама гуна ашхоси ҷисмонию юридикӣ, аз ҷумла дар судҳо бе ваколатҳои махсус баромад мекунанд.

Кӯдак ба ҳимоя аз сӯиистифода аз ҷониби волидон (ашхоси онҳоро ивазкунанда) ҳақ дорад. Масалан, дар сурати аз ҷониби волидон (яке аз онҳо) иҷро нагаштан ва ё ба қадри зарурӣ иҷро нагаштани вазифаҳои худ оид ба тарбия ва таълими кӯдак, ё худ ҳангоми аз ҳуқуқҳои худ сӯиистифода кардани волидон кӯдак ҳақ дорад, ки барои ҳимояи худ мустақилона ба мақомоти васоят ва парасторӣ ва баъди расидан ба синни чордаҳсолагӣ ба суд муроҷиат намояд. Ҳамаи онҳое, ки аз мавҷудияти хатар ба ҳаёти кӯдак, саломатии ӯ ва ё вайрон гардидани ҳуқуқҳояш огоҳанд, бояд ба мақомоти васоят ва парастории ҷои зисти воқеии кӯдак хабар диҳанд ва мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадор аст, ки оид ба ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдак тадбирҳои зарурӣ андешад. Кормандони мақомоти васоят ва парасторӣ ҳақ доранд бе мамониат ба оилаҳое раванд, ки он ҷо будани кӯдакон барои ҳаёт ва саломатии онҳо хатарнок аст. Онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба ин кор кормандони милисаро низ ҷалб карда метавонанд.

Волидон (яке аз онҳо)-ро аз ҳуқуқҳои волидайнӣ дар сурате маҳрум кардан мумкин аст, ки агар онҳо иҷрои вазифаҳои волидайниашонро рад кунанд, аз ҷумла аз пардохти алимент саркашӣ кунанд; аз ҳуқуқҳои волидайнии худ сӯиистифода намоянд; бо кӯдакон ҷоҳилона муносибат карда, аз ҷумла нисбат ба онҳо зӯровариҳои ҷисмонию рӯҳониро раво бинанд; ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо таҷовуз кунанд, майзадаву нашъаманд бошанд; бар зидди ҳаёт ё саломатии кӯдакони худ ё бар зидди ҳаёт ё саломатии ҳамсари худ дидаву дониста ҷинояте содир кунанд.

Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон навъҳои ҷиддии вайрон кардани ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби волидон ё одамони дигар ба сифати ҷиноят дониста шуда, таъкид гардидааст, ки барои содир кардани онҳо ашхоси айбдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Ба ҳимояи кӯдак боби алоҳидаи (боби 20-и) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки «Ҷиноятҳо бар муқобили оила ва ноболиғон» ном дорад.

Байни ҷиноятҳои дар ин боб пешбинишуда аз ҷумла инҳо ҳастанд:

Моддаи 165 «Ҷалби ноболиғон ба содир намудани ҷиноят». Тибқи нишондоди моддаи мазкур ҳамин кирдор агар аз ҷониби волидайн ё омӯзгор, инчунин бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, ҳамчун ҳолати вазнинсозандаи ҷавобгарӣ баррасӣ мешавад.

Моддаи 167 «Хариду фурӯши ноболиғон» ном дошта, дар он омадааст: «Хариду фурӯши ноболиғон ин дидаву дониста харидорӣ кардан ё фурӯхтани шахси ноболиғ, сарфи назар аз воситаю шаклҳои маҷбурсозист» ва барои ин ҷиноят ҷазо бо мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ аз 5 то 8 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ мешавад.

Моддаи 168 «Ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида» ном дорад. Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби волидайн, ё ашхосе, ки духтар таҳти васояти онҳост, ё ашхосе, ки ӯ тобеи онҳо мебошад, ҳамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додан ҷиноят ҳисобида мешавад.

Моддаи 171 «Иваз намудани тифл» ном дошта, содир шудани ҳамин кирдор бо мақсади ғаразнок ё нияти дигари қабеҳ ҳамчун ҳолати вазнинсозандаи ҷавобгарӣ баррасӣ мешавад.

Моддаи 172 «Писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ аст. Ин ҷо «кирдори ғайриқонунӣ дар мавриди писархондии (духтархондии) кӯдак, ба парасторӣ (таҳти васоят) додани онҳо ё додани онҳо ба тарбияи оилаи шаҳрвандон, ки бо мақсадҳои ғаразнок ё бо ниятҳои қабеҳ анҷом дода шудааст», ҷиноят ҳисобида мешавад.

Моддаи 174 «Иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғон» аст. Дар он омадааст: «Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ аз ҷониби волидайн ё шахси дигар, ки ин ӯҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузашта шудааст, инчунин омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат ба ноболиғ алоқаманд бошад, – бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

Моддаи 175 «Иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак» ном дорад. Мувофиқи нишондоди ин модда агар дар натиҷа аз беэҳтиётӣ ба саломатии кӯдак зарари миёна расида бошад, агар ин боиси ворид гаштани зарари вазнин ба саломатии хурдсол гаштааст, ё боиси марги ӯ шудааст, ҷиноят ҳисобида, ба сифати ҳолати вазнин созандаи ҷавобгарӣ баррасӣ мешавад.

Моддаи 176 «Сӯиистифода аз ҳуқуқи васӣ ё парастор» ҷавобгариро барои «истифодаи васоят ё парасторӣ бо мақсади ғаразнок ё дигар ниятҳои қабеҳ, ҳамчунин дидаю дониста бе назорат ё бе ёрдами зарурӣ гузаштани шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордошта, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси таҳти васоят ё парасторӣ қарордоштаро ба таври назаррас маҳдуд кардааст», дар назар дорад.

Моддаи 177 «Барқасдона саркашӣ намудани волидайн аз таъминоти фарзандон» аст. Дар он омадааст: «Бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок, бештар аз се моҳ саркашӣ намудани волидайн аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ нарасидааст», бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад» ва ғайра.

Дар дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ дигар навъҳои ҷиноят пешбинӣ шудаанд, ки низ ҳуқуқҳо ва манфиатҳои гуногуни кӯдаконро ба фарогирии ҳимоя аз зӯроварӣ ва истисмор ҳифз мекунанд. Дар боби 17 «Ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият» моддаи «Ҷалби одамон барои истисмор» (132) ҳаст, ки дар он барои ҷалби одамон бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигари истисмор ва агар ин кирдор нисбати шахси барало хурдсол ё ноболиғ анҷом дода шуда бошад, ҷазо сахттар гардонида, бо ҷарима ба андозаи аз ҳазор то якуним ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол пешбинӣ шудааст. Дар боби 18 «Ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ» намудҳои ҷиноятҳое оварда шудаанд, ки дар онҳо махсус таъкид шудааст: содир кардани чунин ҷиноятҳо нисбати ноболиғон ё хурдсолон ҳамчун ҳолатҳои вазнинсозандаи ҷавобгарӣ (аломати тахассусии намуди нисбатан вазнин) баррасӣ мешавад. Инҳо моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус, 139 (кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, 142 (ирдори бадахлоқона) мебошанд. Моддаи 141 бошад, «Алоқаи ҷинсӣ ва дигар кирдори дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст» номида мешавад.

4. Мақомоти баамалбарорандаи

ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аз зӯроварӣ

Бо тартиботи судӣ ҳама гуна вайронкуниҳои ҳуқуқи субъективии кӯдакро ҳимоя намудан мумкин аст. Мутобиқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи судии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои шаҳрвандӣ ва оилавии кӯдак шакли асосии ҳимояи ҳуқуқӣ аст.

Танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки масалан:

– волидонро аз ҳуқуқи волидайнӣ маҳрум кунад ё ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд созад; ҳуқуқҳои волидайниро барқарор намояд;

– кӯдакро ба писархондӣ диҳад ё писархондиро бекор кунад;

– аз волидайне, ки аз нигоҳубини кӯдак саркашӣ мекунанд, алимент ситонад;

– муайян кунад, ки баъди аз ҳамдигар ҷудо шудани ҳамсарон кӯдак бо кадоме аз волидон зиндагӣ кунад, барои кӯдакон аз кадоме аз онҳо ба кадом андоза алимент ситонда шавад, агар дар ин бобат байни ҳамсарон созише набошад;

– баромади кӯдакро аз шахси мушаххас (падарӣ) муқаррар намояд.

Ҳуқуқҳои кӯдакро ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чун милитсия ва прокуратура муайян менамоянд.

Ҳангоми маълум гардидани вайроншавии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдак мақомоти прокуратура ҳақ дорад ва ҳатто вазифадоранд, ки ба мақомот ё шахси мансабдори қарори ғайриқонунӣ қабулкарда эътироз манзур созанд; ба суд бо даъво ба манфиатҳои ноболиғ муроҷиат намоянд; дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ делои ҷиноятӣ ё истеҳсолот кушоянд; дар ҳама гуна марҳилаи ҷараёни судӣ, агар инро ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғ талаб намояд, ба кор ҳамроҳ шаванд, ба ҳалномаҳо, ҳукмномаҳо, таърифот ё қарорҳои ғайриқонунӣ ё беасос қабулшудаи суд ва ғайра эътироз оваранд.

Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ, масалан, аз рӯи корҳое чун маҳрум кардан аз ҳуқуқҳои волидайнӣ, маҳдуд ё барқарорсозии онҳо, дар бораи писархондӣ ё бекор кардани писархондӣ ҳатмист.

Ваколатҳои прокурор ба вазифаҳои прокуратура оид ба амалӣ сохтани назорат ба риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва андешидани тадбирҳои пешбиникардаи қонун (бо фарогирии иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби суд, ҳамчунин пешниҳод ва дастгирӣ кардани даъво дар суд) оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ашхосе, ки вобаста ба вазъи саломатӣ ё синну сол (чун ноболиғӣ) наметавонанд шахсан аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд, асос меёбад.

Оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки масалан, қабулгоҳҳои ройгони юридикӣ ё марказҳои бӯҳронӣ-офиятбахшӣ доранд ва онҳо ба кӯдакони аз зӯроварию истисмор ҷабрдида ёрӣ расонда метавонанд, кӯмаки муайяне мекунанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: муносибати ношоиста бо кӯдак, зӯроварӣ, истисмори иқтисодӣ, истисмори шаҳвонӣ.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.