Ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ҳамчун гурӯҳи нозуки иҷтимоии аҳолӣ

  1. Мафҳуми «шахси имкониятҳояш маҳдуд»

тағйирёбии муносибат ба таърифи он

Дар ҳаёти қариб ҳар як одам воқеаҳое рух медиҳанд, вақте ба сабаби зарбу латхӯрӣ ё бемориҳо имкониятҳояш маҳдуд мегарданд: ҳаракату роҳгардиаш душвор мешавад; вай мисли пештара меҳнат карда наметавонад, аз ӯҳдаи барои худ мустақилона хӯрок пухтан ё харид кардан намебарояд…

Ин рӯйдодҳо аксаран оқибатҳои муваққатӣ доранд, одами зарбу латдида ё беморшуда дар натиҷаи табобат комилан сиҳат мешавад, лаёқатмандиҳои зеҳнӣ ва ҷисмонии худро барқарор месозад ва ба ҳаёти мӯътадил бармегардад. Аммо чунин ҳам мешавад, ки бемориҳо характери ғайрибозгардандагӣ доранд, ё одам бо онҳо таваллуд шудааст, вале сатҳи рушди тиб ҳанӯз имконият намедиҳад, ки саломатии ӯ барқарор карда шавад ва одам аз атрофиён вобаста мегардад, ба кӯмаку ғамхорӣ ва баъзан фаҳмиши оддӣ ва табъиз надидан аз ҷониби ҷомеа ва давлат ниёзманд мешавад. Бинобар ин чунин одамон чун ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ба категорияи иҷтимоии нозуки аҳолӣ дохил мешаванд.

Ба категорияи одамони имкониятҳояшон маҳдуд маҳз киҳо дохил мешаванд ва чаро?

Баланд гардидани стандартҳоро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар мисоли консепсияи ҳуқуқҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд мушоҳида кардан мумкин аст. Пештар дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони тиббию иҷтимоӣ асосан истилоҳи «маъюб» (ба русӣ «инвалид») истифода мегардид, ки зери он одамони иллатҳои ҷисмонӣ ва ё рӯҳонидошта фаҳмида мешуданд. Дар доираи СММ якчанд ҳуҷҷати ба ҳифзи онҳо нигаронидашуда, аз ҷумла Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (соли 1975), Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои одамони иллатҳои ақлонидошта (соли 1971) қабул гардидаанд. Вале аллакай дар солҳои 1970-1980 пешниҳодҳо дар бораи даст кашидан аз истифодаи ин истилоҳ пайдо шуданд, зеро дар асоси он калимаи англисии «invalid» меистад, ки маънояш «корношоям», «аз саф (кор) баромада» аст Духтури англис Филип Вуд консепсияи «Handicap» (hand in cap)- ро таҳия кард, ки он дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ маънои «даст дар кулоҳ»-ро дорад.

Handicap бозиест, ки иштирокдорони он бо дастони баста амалҳои муайянеро ба ҷо меоваранд. Чунин монеа имкониятҳои бозингаронро бобати қиёс кардани вазъи муваққатии худ бо вазъи ғайрибозгардандагии маъюбон ва фаҳмиши дар чӣ гуна ҳолати иҷтимоии ноҷӯр афтодани охириҳоро нисбат ба аксари аҳолӣ маҳдуд мегардонд. Ба ин тариқ, Ф. Вуд консепсияи худро бар асоси хулосаи оддие бунёд сохт: «Маъюб- инвалид (шахси имкониятҳояш маҳдуд) ҳар одаме шуда метавонад, ки дар рӯ ба рӯяш монеаҳо, маҳдудиятҳои ба ӯ баҳри амалиёти мӯътадил халалрасонанда пайдо мешаванд ва дар натиҷа ӯ дар ҳолати аз нигоҳи иҷтимоӣ ноҷӯр меафтад. Ҳодисаи нохуш, беморӣ ва сабабҳои дигар метавонанд ба вайроншавиҳои таркибие оварда расонанд, ки қодиранд боиси норасоии функсияҳои организм шаванд ва ин худ аллакай сабаби ноҷӯрии иҷтимоӣ, вазъи ногувор мегардад. Норасоӣ метавонад муваққатӣ ё доимӣ, ё бозногарданда бошад.

Солҳои 80-уми асри гузашта Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳангоми мураттабсозии Таснифоти байналхалқии имкониятҳои маҳдуд консепсияи «Handicap» – и Ф. Вудро ба асос гирифт. Мувофиқи нишондоди СУТ ба шумули ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд одамони ҳам норасоиҳои ҷисмонӣ, физиологӣ ва зеҳнӣ дошта ва ҳам онҳое, ки биноию шунавоиашон суст аст ва ҳатто онҳое дохил мешаванд, ки зукоми оддӣ ба ҳоли ноҷӯри иҷтимоӣ оварда, муваққатан аз саф баровардааст. Маҳз барои ҳамин консепсияи «имкониятҳояшон маҳдуд» ҳамзамон консепсияи ҳам фалсафӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳам тиббӣ ба шумор меравад.

Дар таърифи аз ҷониби умум қабулшудаи ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд, чун қоида, ду унсур мавҷуд аст: таърифи тиббӣ, ки ба функсияҳои физиологии одам мансуб аст ва монеаҳои иҷтимоие чун муносибати боғаразона ё имконнопазирии дастрасӣ ба бино, ки ба одамон имконият намедиҳад, то дар ҳаёти ҷомеа иштирок кунанд.

Мафҳуми «ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд» одамони дорои иллатҳои устувори ҷисмонӣ, рӯҳӣ, зеҳнӣ ё сенсориеро фаро мегирад, ки вақти дучороӣ бо монеаҳои гуногун ин иллатҳо ба онҳо баҳри иштироки комил ва пурсамарашон дар ҳаёти ҷомеа баробар бо дигарон халал мерасонанд.

Қисми 1-и моддаи 1-и Конвенсия дар бораи

ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд).

Тағйирёбии муносибат ба мафҳуми маъюбӣ дар фаҳмиши ҳуқуқҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд низ инъикос ёфтааст. Сиёсати нисбат ба маъюбон аз нигоҳубини оддии маъюбон дар муассисаҳои дахлдор сар карда, то таҳсилот гирифтани кӯдакони маъюб ва офиятбахшии ашхоси аллакай дар синну соли калон маъюбгашта роҳ тай кардааст. Ҳуқуқҳои чунин одамон асосан аз нуқтаи назари пешниҳоди ҳимоя ва хадамот баррасӣ мешавад: хадамоти табобати тиббӣ, офиятбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба маъюбон имконият медиҳанд ба ҳаёт ҳар чи беҳтар мутобиқ шаванд.

Боз як самти кор тадбирҳои эҳтиётӣ оид ба пешгирии сабабҳои алоҳидаи маъюбист, вале дар ин маврид ба он ки маъюбон бобати иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва худтатбиқкунӣ чӣ проблемаҳое доранд, эътибори кам дода мешуд. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ консепсияҳое чун ҳамгироӣ ва шомилсозии маъюбон ба ҳаёти мӯътадили ҷомеа пайдо шуданд, ки фаҳмиши афзояндаи имкониятҳои потенсиалии маъюбонро инъикос мекарданд. Маъюб ҳам чун ҳамаи одамони дигар инсон аст, вай низ мехоҳад таҳсилот гирад, кори хубу шавқовар дошта бошад, интихоб кунад ва интихоб шавад, саёҳат намояд, муоширату муомила кунад, яъне ба андозае, ки имконит ҳаст, одами зарурӣ бошад. Бинобар ин ҳадафҳои Барномаи умумиҷаҳонии амалиёт нисбат ба маъюбон, ки соли 1982 қабул шудааст, иштироки комиларзиш ва баробарӣ гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътироф гардидани зарурати истифодаи муносибати томро ба ҳалли проблемаҳои беҳтар гардонидани вазъи маъюбон инъикос менамоянд.

Ин ҳадафҳо ғояҳои консепсияи нави маъюбиро, тавре гуфтем, инъикос мекарданд, алоқамандии зичи байни маҳдудиятҳои аз сар мегузаронидаи маъюб, сохтор ва характери муҳити ӯро иҳотакарда ва муносибати аҳолиро ба маъюб ба инобат мегиранд. Таҷдиди назари мафҳумҳои маъюбӣ зарурати диққати махсус додан ба муҳимияти бартарафсозии монеаҳо ва таъмини дастрасии вазъи иҳотакардаро дар назар дорад, то одамони маъюб битавонанд, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва рушд дар асоси баробарӣ ҳар чи пурратар иштирок намоянд. Бартарафсозии чунин монеаҳо татбиқи стратегияҳои офиятбахширо, ки ба маъюбон баҳри ҳар чи бештар истифода кардани лаёқатмандиҳои онҳо; стратегияи шомилсозии маъюбон ва васеъ кардани ҳуқуқҳои ба таъмини фаъолияти пуррарзиш нигаронидашуда; ва стратегияи истифодаи чунин қарорҳои меъморӣ, меъморӣ-муҳандисиро, ки имконият медиҳанд монеаҳои нолозим дар инфраструктура, лоиҳакашии биноҳо, низомҳои нақлиёт, ҷойҳои корӣ, ҳамчунин низоми технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ истисно карда ва ё барҳам дода шаванд, дар назар дорад.

  1. Вайрон карда шудани ҳуқуқҳои ашхоси

имкониятҳояшон маҳдуд ва монеаҳо дар роҳи

ҳуқуқҳои худро амалӣ сохтани онҳо

Қариб 600 млн. одам ё 8% аҳолии тамоми ҷаҳон ба сабаби иллатҳои ақлонӣ, ҷисмонӣ ё сенсорӣ одамони имкониятҳояшон маҳдуд мебошанд. Баъзан онҳо ба сабаби мавҷудияти монеаҳои иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ дар ҷомеа, ки ба иштироки комилҳуқуқонаи онҳо халал мерасонанд, ҳаёти пуррарзиш ба сар бурда наметавонанд ва ин ба сегрегатсия ва паст задани шаъну эътибори миллионҳо одамони калонсол ва кӯдакони имкониятҳояш маҳдуд дар сайёра боис мешавад.

Ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ҳангоми татбиқи ҳуқуқҳои худ бо чӣ гуна душвориҳо (монеаҳо) дучор мешаванд?

 

Хурофотҳои иҷтимоӣ ва ҷудосозӣ. Дар бисёр ҳолатҳо монеаи нисбатан ҷиддӣ муносибати ҷомеа ба ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд аст. Ба онҳо аксаран чун ба одамони аз ҳама ҷиҳат нокомил беэътиноёна муносибат мекунанд, яъне онҳоро «дигар»-у «бегона» меҳисобанд. Аз онҳо метавонанд канораҷӯӣ кунанд, онҳоро метавонанд ҷудо созанд ва агар махсусан кӯдакон бошанд, бо онҳо метавонанд муносибати бераҳмона намоянд. Ҳатто онҳое, ки чунин одамонро қабул мекунанд, бисёр вақт онҳоро аз нуқтаи назари маҳдудиятнокиашон, вале на потенсиал баррасӣ менамоянд. Барои он ки муносибати ҷомеа ба ин проблема дигаргун карда шавад, зарур аст, ки хурофот оид ба имкониятҳои маҳдуд чун нокомил барҳам зада шавад, то одамон онро чун унсури ҷудонопазири гуногунрангии одамӣ, тавре ки дар асл ҳастанд, қабул намоянд. Масалан, вақтҳои охир ба ҷои истилоҳҳои «камақл» ё «аз нигоҳи ақлонӣ (рӯҳӣ) нокомил» кӯшиш мекунанд таркиби «шахси рушди рӯҳиаш махсус»-ро истифода кунанд, ки нисбатан боадолатона аст. Рӯҳиёт ва имконоти майнаи одам соҳаи дар тиб аз ҳама кам омӯхташуда мебошад. Бинобар ин аниқсозии рӯҳии «комил» ё «нокомил» басо шартӣ ва душвормуайянкунанда аст. Бисёр вақт кӯдаконе, ки дар хурдсолиашон ба онҳо тамғаи «камақл»-ро часпонда буданд, минбаъд бе ҳеҷ гуна иллат калон шуда, чи дар кор ва чи дар ҳаёти оилавӣ ба пешравиҳои назаррас муваффақ шудаанд.

Хурофот ва ғалатфаҳмии нисбат ба пиронсолон ва ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд мавҷуда сабабҳои асосии ҳамаи навъҳои табъиз ва вайрон карда шудани ҳуқуқҳои онҳо мебошанд.

Табъиз. Табъизро махсусан бисёртар одамоне мебинанд, ки маъюбӣ ба намуди зоҳириашон асар кардааст ва ба ин сабаб онҳо аз дигар одамони атроф сахт фарқ мекунанд. Инҳо пеш аз ҳама маъюбони савори аробача ё чигасдор, одамони ташхисашон ФКМ (фалаҷи кӯдаконаи майна), нобиноён ва ғайра мебошанд. Масалан, одамеро ба вазифаи барномасоз танҳо барои он ба кор қабул накарданд, ки ӯ маъюб асту бо чигас мегардад, духтараки маъюби аробачасаворро ба консерт роҳ надоданд ё маризи клиникаи бемориҳои рӯҳӣ аз муносибати ҷоҳилона ҷабр мебинад. Инҳо мисолҳои табъизи барало ва бевоситаанд.

Вале баъзан табъизҳои ғайримустақим низ ҳастанд, ки оқибати набудани инфраструктураи зарурӣ барои маъюбон мебошад. Имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ монеаҳое мешаванд, ки садди роҳи дастрасӣ ба фаъолияти меҳнатӣ, иттилоот, хизматрасонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ мешаванд. Талаби таъмини имкониятҳои баробар барои ҳама ҷомеа ва давлатро вазифадор месозанд, ки барои пайдо шудани чунин имкониятҳои баробар тадбирҳои иловагӣ андешанд. Масалан, оё гуфтан мумкин аст, ки одами солим ва одами маъюби аробачасавор дар шаҳр, агар дар ҳеҷ ҷо роҳравҳои махсусе набошанд, ки тавассути онҳо одами маъюби аробачасавор ба дохили бино даромада метавонад, имкониятҳои баробари ҳаракат кардан доранд? Барои одами маъюб на танҳо роҳ, балки зинапояи даромадгоҳ ва канораи роҳи пиёдагард ҳам монеаҳои бартарафнашавандаанд.

Агар биноҳои ҷамъиятӣ, мағозаҳо, дорухонаҳо, тарабхонаҳо, идораҳои хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ бо остонаи махсус ва таҷҳизоти болобардорӣ муҷаҳҳаз набошанд, агар чароғакҳои чорраҳаҳо барои одамони биноиашон заиф ё нобиноён сигналҳои махсуси овоздиҳанда надошта бошанд, имкониятҳои чунин одамон хеле маҳдуд мегарданд. Ин ҳама монеаҳои ғайримустақим барои гирифтани таҳсилот (агар дар мактабҳо ва донишгоҳҳо инфраструктураҳои махсус набошанд), ҷустуҷӯи кор, татбиқи ҳуқуқҳои интихобкунанда ва ғайра мешаванд. Танҳо бо таъмини эҳтиёҷоти махсуси одамони имкониятҳояшон махсус гуфтан мумкин аст, ки принсипи баробарӣ риоя шудааст.

Проблемаи дигари ҷиддии ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд дастрасии нокифоя ба хадамоти тиббӣ ва иҷтимоӣ – хизматрасонии босифату ройгони тиббӣ, дорувориҳо, воситаҳои махсус, масалан, чун аробачаҳо барои маъюбон ё узвҳои ориятӣ ва ғайра мебошад. Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон одамони имкониятҳояшон маҳдуд маҷмӯи томи хадамоти иҷтимоиро дар шакли имтиёзҳо ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, хизматрасонии коркунони иҷтимоӣ бобати ба хонаҳои чунин одамон рафта ёрӣ расондан ва ғайра соҳиб нестанд, ки ин ҳама ба нобасомониҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад.

Оқибатҳои ғалатфаҳмиҳо нисбат ба одамони имкониятҳояшон маҳдуд бисёр вақт боиси нолозимии институтсионалии онҳо мегардад, ки зери ин истилоҳ ҷойгирсозии онҳо дар муассисаҳои махсусгардонидашуда фаҳмида мешавад.

Муносибати умумии дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ таҳкимбахшидашуда аз он иборат аст, ки ба институтсионалӣ гардонидани одамони имкониятҳояшон маҳдуд танҳо дар ҳолатҳои ниҳоию истисноӣ бояд даст зад ва баръакс, чун қоидаи умумӣ, чунин одамон бояд ҳар чи бештар иҷтимоӣ гардонида шаванд, дар байни қисми дигари ҷомеа бошанд – дар мактабҳои муқаррарӣ ва донишгоҳҳо таҳсил намоянд, дар оила зиндагӣ кунанд, на дар муассисаҳои махсусгардонидашуда. Кӯшиши «ҷудо ё мустақилсозии» одамони имкониятҳояшон маҳдуд, «дигаргунсозии» онҳо ба сегрегатсияи хос ва дар ниҳояти кор ба комилан «берунсозии» онҳо аз ҳаёти ҷамъиятӣ, ба зуҳуроти «иштирок накардан» боис мегардад, ки чи барои худи ин категорияи одамон ва чи барои ҷомеа ҳеҷ нафъе намеорад.

Ба ҷуз проблемаҳои умумии мансуб ба одамони имкониятҳояшон маҳдуд боз якчанд ҷиҳатҳои хосеро қайд кардан мумкин аст, ки ба татбиқи ҳуқуқҳои категорияҳои алоҳидаи ин одамон дахл доранд.

Мутахассисон ченаки гендерӣ гузаронида, қайд кардаанд, ки занҳои аз таҳқирҳои шаҳвонӣ азияткашанда қисмати зиёди занҳои маъюбро ташкил медиҳанд: ҳодисаҳои таҷовуз ба номус, ҳамчунин тааррузҳо ва талабу талошҳои шаҳвонӣ нисбат ба занҳо- маъюбон бисёр вақт аз назарҳо ғоиб мемонанд.

Барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд махсусан масъалаҳои дастрасӣ ба таҳсилот, бо фарогирии таҳсилоти олӣ, муҳим аст.

Дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз низоми шӯравӣ амалияи паҳнгаштаи ҷойгирсозии чунин кӯдакон дар муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки шароитҳои нигаҳдории кӯдакон дар онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд, мерос мондааст.

Дар таъмини ҳуқуқҳо, озодиҳо ва зиндагии шоистаи ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд давлат ва ҷомеа масъулияти басо калоне ба зимма доранд. Давлат барои ин категорияҳои одамон қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул мекунад, шароитҳои мӯътадили зиндагиву кор фароҳам меорад, дар сурати зарурат ҷойҳои корӣ ҷудо мекунад ё барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва таълимгоҳҳои олӣ ба эҳтиёҷоти онҳо мутобиқ гардонда мешаванд. Рушди ҳуқуқҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд бо дастгирии ҳуқуқ ба ҳаёти «новобаста» ва мустақилона, ки омилҳои зиёдеро чун озодии шахсӣ, дахлнопазирии ҷисмонӣ, имконияти қабул кардани қарорҳои мустақилонаи марбут ба ҳаёти шахсии худ, имконияти изҳори проблемаҳои худ ва талаб намудани ҳалли онҳо ва ғайра фаро мегирад, зич алоқаманд аст.

Қисмати муҳими сиёсати давлатӣ бояд аз тадбирҳои ҳифзкунанда иборат бошад. Мумайизони СММ қайд мекунанд, ки дар бисёр ҳолатҳо маъюбонро тавассути чораҳои мубориза бо шикамсерӣ хӯрок нахӯрдан, ифлосшавии муҳити зист, зиддисанитария, нигоҳубини нокифояи қабл аз таваллуд ва баъди таваллуд, бемориҳои марбут ба ифлосшавии об ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши тасодуфӣ пешгирӣ кардан мумкин аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути вусъати барномаи эмкунӣ метавонад дар мубориза бар зидди маъюбиҳое, ки дар натиҷаи бемориҳои варами ҳароммағз, яъне шалшавӣ, сурхча, кузоз, сулфаи кабутак, гулӯзиндонак ва ба андозаи кам аз бемории сил пайдо мешаванд, дастовардҳои назаррасро соҳиб шавад.

Ба вазъи одамони имкониятҳояшон маҳдуд рушди иқтисодию иҷтимоӣ, аз нав тақсимкунии воситаҳо ва даромадҳо ва беҳсозии ҳаёти аҳолӣ таъсири калон мерасонад. Дар ҳуҷҷатҳои СММ қайд карда мешавад – давлатҳо барои пешгирии ҷангҳо, ки боиси харобиҳо, фалокатҳо, қашшоқӣ, гуруснагӣ, азиятҳо, бемориҳо ва ба таври оммавӣ маъюбшавии одамон мегарданд, бояд тамоми кӯшишҳояшонро равона созанд ва ба ҳамин мақсад дар ҳамаи сатҳҳо оид ба таҳкими сулҳу амнияти байналхалқӣ тадбирҳо андешанд.

? Душвориҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд дар чӣ зуҳур мешавад?

Одамони пиронсол, чун қоида, эҳтиёҷманди нигоҳубин дар хона мебошанд, бинобар ин онҳо бештар аз сатҳи нокифояи хизматрасонии иҷтимоӣ, аз сари вақт нагирифтани нафақа, аз андозаи ками ҳадди ақали барои рӯзгузаронӣ зарурӣ азоб мекашанд. Дар ҷомеаҳо пиронсолон ҳиссаи бештар номутаносиби нодорон ва табақаҳои камбағалтарини аҳолиро ташкил медиҳанд ва қашшоқӣ метавонад проблемаи риоя нагардидани ҳуқуқҳои асосии инсонро боз ҳам пуршиддаттар гардонад. Одамони солхӯрда бисёр вақт дар хонаҳои пиронсолон аз муносибатҳои бераҳмона ҷабр мебинанд, ё ҷабрдидагони зӯровариҳо дар хона мешаванд.

Яке аз шаклҳои поймолсозӣ ё вайрон карда шудани ҳуқуқҳои одамони солхӯрда табъизи синнусолӣ мебошад, ки алалхусус дар муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ равшан зуҳур мекунад. Қолабҳои манфӣ нисбат ба пиронсолон («замони онҳо гузашт», «онҳо дигар ба ҳеҷ чиз кор намеоянд») метавонад дар набудани шавқмандии ҷомеа ба проблемаҳои калонсолон, рад карданҳо дар риояи принсипҳои дастрасии баробар ба имкониятҳо, захираҳо ва имтиёзҳо ифода ёбад.

4. Стандартҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд

Аввалин ҳуҷҷатҳои характери тавсиявӣ дошта дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд дар доираи Созмони Милали Муттаҳид 30 сол қабл аз ин қабул шуда буданд. Инҳо Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои одамони иллатҳои ақлонӣ дошта (соли 1971) ва «Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (соли 1975) мебошанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо таваҷҷӯҳ асосан ба эътирофи ҳамаи ҳуқуқҳои барои маъюбон зарурӣ дода шуда, ҳуқуқ ба хизматрасонӣ ва табобати зарурии тиббӣ, ҳуқуқ ба таъминоти моддӣ ва сатҳи қонеъкунандаи зиндагӣ, ҳуқуқи меҳнат кардан ё машғул шудан бо ягон навъи меҳнати фоиданок ба андозаи имкониятҳои пурраи худ ва ҳуқуқи зиндагӣ кардан дар ҳалқаи оилаи хеш махсус таъкид шудааст. Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ҳуқуқҳои ҷудонопазири маъюбон ба шаъну эътибори инсонӣ ва манъи ҳамаи навъҳои табъизро алоҳида қайд кардааст.

Дар дунё ҳаракат барои ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд тадриҷан вусъат пайдо кард. Ҷамъбасти басо муҳими Соли байналхалқии маъюбон (соли 1981) аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидани Барномаи умумиҷаҳонии амалиёт нисбат ба маъюбон (соли 1982) шуд. Ҳадафҳои барномаи умумиҷаҳонӣ аз кӯмакрасонӣ ба чорабиниҳои пурсамар оид ба фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ баҳри маъюбон чун барои тамоми аҳолӣ ва ҳиссаи баробар дар беҳтарсозии шароитҳои зиндагӣ дар натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси «иштироки пурра» иборат мебошад. Дар ҳуҷҷат қайд шудааст, ки масъулият барои бартарафсозии шароитҳои мусоидаткунандаи пайдошавии монеаҳои иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ барои маъюбон ба зиммаи на танҳо ҳукуматҳо, инчунин умуман ҷомеа, ашхос ва ташкилотҳои хусусӣ бояд гузошта шавад. Дар Барнома зарурати андешидани тадбирҳои характери ҳам тиббӣ ва ҳам сиёсӣ-юридикӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта оид ба пешгирии маъюбӣ, барқарорсозии қобилияти меҳнатӣ, фароҳам овардани шароитҳои баробар пешбинӣ шуда буд. Ғайр аз ин бори аввал маъюбӣ ҳамчун функсияи муносибатҳои байни маъюбон ва атрофи онҳо муайян карда шуд.

Ин муқаррарот дар ҳуҷҷати дигари муҳими тавсиявии СММ- Қоидаҳои стандартии таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон, ки Ассамблеяи Генералии СММ соли 1993 қабул карда, он дар асоси таҷрибаи тӯли Даҳсолаи маъюбони (солҳои 1983-1992) Созмони Милали Муттаҳид ғуншуда таҳия гаштааст, рушд бахшида шуданд. Асоси ахлоқӣ- ҳуқуқии Қоидаҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ҳамчунин Барномаи умумиҷаҳонии амалиёт нисбат ба маъюбон мебошанд.

Дар Қоидаҳо принсипҳои марбут ба масъулиятмандӣ, андешидани тадбирҳо ва таъмини ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар онҳо ҳамчунин соҳаҳои барои таъмини сифати ҳаёт, иштироки ҳамаҷониба дар ҳаёти ҷомеа ва баробарӣ аҳамияти ҳалкунандадошта нишон дода шудаанд. Қоидаҳо асосе мебошанд, ки бар заминаи онҳо маъюбон ва созмонҳои онҳо метавонанд сиёсати худро таҳия сохта, фаъолияташонро ба роҳ монанд.

Дар Қоидаҳо ҳамчунин таърифи истилоҳоти маъюбӣ ва ғайри қобили меҳнат будан дода шудааст.

Истилоҳи «маъюбӣ» дар худ шумораи зиёди маҳдудиятҳои функсионалиро, ки байни аҳолӣ дар тамоми ҷаҳон дучор мешаванд, фаро мегирад. Одамон бар оқибати иллатҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ ё сенсорӣ, вазъи саломатӣ ё бемориҳои рӯҳӣ метавонанд маъюб шаванд. Чунин иллатҳо, вазъият ё бемориҳо аз рӯи характери худ метавонанд доимӣ ё муваққатӣ бошанд.

Таркиби «Ғай ри қобили меҳнат» маънии аз даст додан ё маҳдудгардии имкониятҳои иштирок дар ҳаёти ҷомеа баробари дигаронро дорад. Вай муносибати байни маъюб ва атрофи ӯро дар назар дорад. Ин таркиб бо мақсади таъкиди норасоиҳои муҳит ва ҷанбаҳои бисёри фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, алоқа ва маориф, ки имкониятҳои иштироки маъюбонро дар ҳаёти ҷомеа баробари дигарон маҳдуд месозанд, истифода мешавад.

Бандҳои 17 ва 18-и Қоидаҳои стандартии СММ оид ба таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон.

Дар Қоидаҳо нишон дода шудааст, ки ҳар ду мафҳум – маъюбӣ ва ғайра қобили меҳнат буданро дар партави тасаввуроти ҳозираи баназаргирандаи муҳити иҷтимоӣ ва муносибати атроф баррасӣ кардан лозим аст.

Қоидаҳои стандартии таъмини имкониятҳои баробар барои маъюбон, ки аз 22 қоида иборат аст, 4 фасли мавзӯӣ дорад.

Фасли аввал «Заминаҳо барои иштироки баробарҳуқуқона» ном дошта, муқарраротро оид ба зарурати фаҳмиши амиқи проблемаҳои имкониятҳои маҳдуд пешбинӣ менамояд, ки барои ин давлатҳо бояд маъракаҳои иттилоотии марбут ба проблемаҳои маъюбон ва сиёсат нисбат ба маъюбонро гузаронида, дар ин маврид таъкид намоянд, ки маъюбон низ шаҳрвандон буда, мисли дигар одамон ҳуқуқҳо ва вазифаҳо доранд. Ин фасл ҳамчунин ба ӯҳдадориҳои давлатҳо бобати таъмини хизматрасонии тиббӣ, пешниҳоди хадамот оид ба офиятбахшӣ ва хадамоти ёрирасон (додани узвҳои ориятӣ, аробачаҳои маъюбӣ, хизматрасонии тарҷумон ва ғайра) баҳри дастгирии саломатӣ ва имкониятҳои волидон ва баланд бардоштани мустақилият дар ҳаёти ҳамарӯза ва амалисозии ҳуқуқҳои худ бахшида шудааст.

Дар фасли дуюм «Соҳаҳои мақсаднок барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар» масъалаҳои дастрасӣ муфассал ба танзим дароварда шудаанд. Дастрасӣ ба муҳити моддӣ чунин маънӣ дорад: давлат бояд тадбирҳое андешад, ки дастрасии одамони имкониятҳояшон маҳдудро ба объектҳои гуногуни истифодаи умум таъмин гардонад. Меъморон, муҳандисони бинокор ва мутахассисони дигар, ки дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбии худ бо лоиҳакашӣ ва бунёди инфраструктура машғул мешаванд, бояд аз чунин дархостҳо огоҳ бошанд ва ҳангоми сохтмони ба ном муҳити моддӣ (яъне манзилгоҳҳо, биноҳо, низоми нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯчаҳо ва дигар объектҳои кӯчагии атроф) онҳоро ба эътибор гиранд. Дастрасӣ ба иттилоот ва коммуникатсияҳо ба таъмини ҳуқуқҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд ба иттилоот дар бораи ташхиси худ, ҳуқуқҳо, хадамот ва барномаҳои мавҷуда дахл дорад. Давлат ҳамчунин вазифадор аст хадамоти иттилоотӣ ва ҳуҷҷатҳоро барои гурӯҳҳои гуногуни маъюбон дастрас созад, яъне масалан, бояд ҳуруфоти Брайл, сабтҳои фонографӣ, ҳарфҳои калон ва дигар технологияҳои мувофиқро истифода намояд, то ки одамони иллати биноӣ дошта ба иттилооти хаттӣ ва ҳуҷҷатҳо дастрасӣ пайдо кунанд. Айнан ҳамин тавр барои таъмини дастрасӣ ба иттилооти овозии ашхоси иллати шунавоӣ дошта ва онҳое, ки дар фаҳмиш душвориҳо доранд, технологияҳои мувофиқро истифода бурдан лозим аст. Ғамхорӣ кардан зарур аст, ки забони ишораҳоро барои таълим додани кӯдакон дар оилаҳо ва ҷомеаҳои онҳо истифода кунанд. Ҳамчунин хадамоти сурдотарҷумаро пешниҳод кардан лозим аст, то ки ба муоширати гунгҳо бо одамони дигар мусоидат карда шавад. Давлатҳоро зарур аст воситаҳои ахбори омма, алалхусус телевизион, радио, рӯзномаҳоро барои таъмини дастрасии хизмати онҳо ба маъюбон сафарбар намоянд. Дар ин фасл ҳамчунин муқаррароти махсус оид ба таъминсозии баробарии имкониятҳо дар масъалаҳое чун маориф, шуғл, дастгирии даромадҳо ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳаёти оилавӣ ва озодии шахсият, фарҳанг, фароғат ва варзиш, дин ва ғайра ҳастанд.

Фасли минбаъда ба чорабиниҳо оид ба татбиқ (иттилоот ва тадқиқот, таҳияи сиёсати банақшагирӣ, қонунгузорӣ, сиёсати иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият, созмонҳои маъюбон, тайёр кардани кормандон, назорати миллӣ ва арзёбии барномаҳои марбут ба маъюбон, ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ, ҳамкориҳои байналхалқӣ дахл мекунад.

Фасли охирин ба механизмҳои назорат, ки таъин кардани Маърӯзагари махсуси Комиссияи рушди иҷтимоӣ дар назар дошт, бахшида шудааст. Функсияҳои Маърӯзагари махсус аз кӯмакрасонӣ ба гурӯҳи мумайизон бобати амалисозии ташреҳ, маслиҳатдиҳӣ ва манзур сохтани иттилооту пешниҳодот нисбати ташвиқу тарғиб ва татбиқи Қоидаҳо ва назорат ба онҳо иборат аст.

Сарфи назар он ки Қоидаҳои стандартӣ ва механизмҳои назорати пешбиникардаи онҳо нақши худро бобати эътирофи байналмилалии ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд бозиданд, миқёси калони табъиз нисбат ба ин категорияи одамон ва зарурати ҳифзи нисбатан пурсамари онҳо то ба ғояи таҳияи ҳуҷҷати байналмилалие, ки характери на тавсиявӣ, балки ҳатмӣ дошта бошад, оварда расонд. Ва моҳи декабри соли 2006 Ассамблеяи Генералии СММ лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдудро қабул кард, ки алъон барои ҳамроҳшавӣ ва тасдиқ кардан кушода аст.

Конвенсияи нав ҳангоми гирифтани таҳсилот, қабулшавӣ ба кор, дар нигаҳдории тандурустӣ, дар ҷойҳои истифодаи умумӣ ва ҳангоми гирифтани иттилоот табъизро қатъиян манъ кардааст. Дар конвенсия тадбирҳои мушаххаси зарурӣ ҷиҳати воқеӣ гардонидани ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд зикр гардидаанд. Дар он дар бораи эҳтиёҷоти махсуси категорияи аз ҳама беҳимояи аҳолӣ – кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд сухан рафта, ҳамчунин ба занҳои имкониятҳояшон маҳдуд, ки аз ҳама бештар дучори табъизҳои гуногун мешаванд, диққати махсус дода шудаст. Махсусан таъсиси Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд, ки ба риояи Конвенсия аз ҷониби давлатҳои иштирокдор назорат мебарад, дорои аҳамияти махсус мебошад. Бояд гуфт, ки якҷоя бо Конвенсия Протоколи факултативӣ низ қабул карда шудааст. Ин ба давлатҳои иштирокдор имконият медиҳад Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдудро ваколатдор намоянд то аз номи онҳо ва ё ба дастгирии ашхос ва гурӯҳи одамоне, ки ҳуқуқҳояшон дар натиҷаи риоя накардани муқаррароти Конвенсия вайрон шудаанд, муроҷиатҳоро қабул кунанд ва баррасӣ намоянд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: маъюб, шахси имкониятҳояш маҳдуд, монеаҳои иҷтимоӣ, институтсионаликунонӣ, дастрасӣ ба муҳити моддӣ, Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои ашхоси камақл, Эъломия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, қоидаҳои стандартии СММ оид ба таъмини имкониятҳои баробар барои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд, Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.