Пиронсолон ҳамчун гурӯҳи нозуки иҷтимоии аҳолӣ

1. Мафҳумҳои «пиронсолон» ё «одамони солхӯрда»

 

Вақтҳои охир тамоюли боз ҳам васеътар фаҳмидани категорияи одамони имкониятҳояшон маҳдуд, ки пиронсолонро низ шомил месозад, ба мушоҳида мерасад. Бар фарқият аз муносибати тиббии дар Таснифоти байналхалқии СУТ истифодашаванда олимон муносибати дигареро ба таъриф бахшидани имкониятҳои маҳдуд дар асоси истифодаи мафҳуми соҳаҳои ҳаёт кор карда баромадаанд, ки дар он таъкиди таҳлил бо муайян кардани лаёқатҳои ҷисмонӣ, сенсорӣ ва ақлии одам ба баррасии мавҷудияти имкониятҳо дар ҷомеа омехта мегардад. Ин ҷо масъалаи асосӣ дар одам мавҷуд будани имконияти интихоб дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти мустақилона бе зарурати истифодаи лавозимоти ёрирасон ё кӯмаки беруна мебошад. Гузариш ва тайёр кардани одамон ба дигаргуниҳо дар ҳаёт дар натиҷаи кам кардани баъзе лаёқатҳои ҷисмонӣ ва сенсорӣ як навъ аломати боэътимоди пиршавиро мемонад. Маълум аст, ки ба андозаи пиршавии аҳолӣ фоизи одамони эҳсоскунандаи як дараҷа бадшавии саломатӣ, вале маъюбнабуда меафзояд. Афзудани шумораи пиронсолон дар сайёра таваҷҷӯҳи махсусро ба ин гурӯҳи синнусолӣ ҷалб менамояд, зеро беморшавиҳо, маҳдудияти даромадҳо ва камшавии дастгирии иҷтимоӣ ҷои ин одамонро дар гурӯҳи нисбатан хатарнок муайян намуда, шомилсозии онҳоро ба категорияи одамони имкониятҳояшон маҳдуд асоснок мегардонад.

Ба мафҳуми «шахси пиронсол» кӣ шомил мешавад?

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ соли 1982 65 солро ҳамчун индикатори пиронсолӣ интихоб намуда, ба гурӯҳи одамони пиронсол ҳамчунин боз ҷудо кардани гурӯҳи «пиронсолон» – одамони 80 сола ва аз он калонтарро тавсия намуд.

Чунон ки мумайизони СУТ қайд кардаанд, вақтҳои охир на танҳо зиёдшавии шумораи аҳолии пиронсоли сайёра, балки пиршавии минбаъдаи онҳо ба амал меояд, зеро шумораи одамони дарозумр меафзояд. Дар Нақшаи байналмилалии амалиёти Мадрид оид ба проблемаҳои пиршавӣ қайд гардидааст, ки дар давраи байни солҳои 2000 то 2050 ҳиссаи одамони 60 сола ва аз он боло дар ҳайати аҳолии ҷаҳон, мувофиқи пешгӯиҳо, бояд ду маротиба – аз 10 то 21 фоиз афзуда, дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дар соли 2050 вазни қиёсии одамони пиронсол мувофиқи пешгӯиҳо бояд аз 8 то 9 фоиз зиёд шавад. Дигар зуҳуроти муҳими раванди глобалии пиршавии аҳолии сайёра, ба фикри мутахассисон, болоравии шумораи занон байни одамони пиронсол ба андозаи пиршавии аҳолӣ мебошад.

Фаҳмиши ин манзараи демографӣ ҳам аз нуқтаи назари такмили стандартҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва ҳам дар мавриди нақшаҳои стратегии амалиёт барои татбиқи онҳо, ки дигаргуниҳои дар сайёра ба амалояндаро ба назар мегирифтанд, муҳим аст.

Одамони солхӯрда ҳамчун гурӯҳи махсуси нозуки аҳолӣ дар маркази диққати ҷомеаи байналмилалӣ нисбатан ба қарибӣ қарор гирифтанд. Дигаргуншавии сохтори демографӣ, яъне афзоиши шумораи аҳолии пиронсол дар сайёра ҷомеаи моро бо зарурати кӯмакрасонӣ ба вусъати имкониятҳои пиронсолон бобати амалисозии неруи иштироки пурраарзиши худ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мегузорад. Натиҷаи кору кӯшишҳои мумайизони соҳаҳои гуногун қабул шудани ҳуҷҷатҳои зерин гардиданд: Нақшаи байналмилалии Вена оид ба проблемаҳои пиршавӣ (соли 1982), Эъломия оид ба проблемаҳои пиршавӣ (соли 1982), Эъломия оид ба проблемаҳои пиршавӣ (соли 1992), Принсипҳои СММ нисбат ба одамони пиронсол (соли 1991), Тавсияҳои ТБМ № 162 дар бораи кормандони пиронсол, ҳуҷҷатҳои СММ ба Соли байналхалқии одамони пиронсол (соли 1999), Нақшаи байналмилалии амалиёти Мадрид оид ба проблемаҳои пиршавӣ (соли 2002). Дар ҳуҷҷати охирӣ қайд шудааст, ки давлатҳо бояд дар ҳамаи сатҳҳо, бо фарогирии сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ, дар се соҳаи афзалиятдор – одамони пиронсол ва рушд; беҳсозии саломатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволӣ дар пиронсолӣ ва таъминоти фароҳамоварандаи имкониятҳои васеъ ва шароитҳои мусоид – бояд тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои зикршуда аз давлатҳо даъват ба амал меоваранд, ки бо табъизи одамони солхӯрда аз рӯи аломати пиронсолӣ ва шаклҳои дигари табъиз мубориза бурда, ҳаёти ашхоси пиронсолро пурмаънӣ ва босаодат гардонанд. Ин пеш аз ҳама таъмини новобастагии одамони пиронсол аст, ки шарти он дар ихтиёри чунин ашхос мавҷуд будани миқдору сифати кофии хӯрокворӣ, об, манзил, либос, хизматрасонии тиббӣ бо роҳи таъмини даромадҳои онҳо, дастгирӣ аз ҷониби оила, ҷамоа ва кӯмаки худӣ мебошад. Ин одамон бояд имконият дошта бошанд, ки кор кунанд ё бо намудҳои дигари фаъолияте машғул шаванд, ки даромад меорад. Онҳо худ бояд ҳал кунанд, ки фаъолияти меҳнатиашонро давом медиҳанд ё қатъ мекунанд, дар барномаҳои дахлдори омӯзишӣ ва тайёрии касбӣ иштирок мекунанд, ё не. Вале дар ҳама гуна ҳолатҳо онҳо бояд дар шароитҳое зиндагӣ кунанд, ки бехавфу хатар ва ба имкониятҳояшон мутобиқу мувофиқ бошанд. Тавсияҳои ТБМ № 162 аз ҷумла имтиёзҳои махсусро барои кормандони пиронсол дар шакли кам кардани давомнокии мӯътадили рӯзи корӣ, зиёд кардани давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бо асос кардани собиқаи корӣ ё синну сол ва ғайра пешбинӣ менамояд.

Одамони пиронсол бояд имконият дошта бошанд, ки дар ҳаёти ҷомеа, дар таҳия ва амалисозии сиёсате, ки бевосита ба осудаҳолии онҳо дахл дорад, фаъолона иштирок кунанд, бо хоҳиши худ бо кори ҷавобгӯи манфиатҳои хеш ва манфиатҳои ҷомеа ва мутобиқ ба имкониятҳои синнусолиашон машғул шуда, намояндагони насли ҷавонро аз донишу таҷрибаи бояшон баҳраманд созанд. Зеро неруи одамони пиронсол асоси пуриқтидори рушди оянда буда, ба ҷомеа имконият медиҳад малакаҳо, таҷриба ва хиради зиндагии пиронсолонро ҳар чи васеътар истифода намояд ва тамоми шароитҳоро фароҳам оварад то пиронсолон на танҳо барои беҳсозии вазъияти худ, инчунин беҳсозии ҳаёти тамоми ҷомеа нақши пешоҳангӣ бозанд. Онҳо ҳақ доранд ҳаракатҳо ё ассосиатсияҳои одамони пиронсолро ташкил диҳанд. Пиронсолон бояд ба хизматрасонии тиббӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади пурзӯр кардани новобастагӣ ва ҳифзи онҳо дастрасӣ дошта бошанд, аз хизматрасонии муассисаҳои парасторӣ, ки ҳимову офиятбахшии онҳоро таъмин мекунанд, ҳамчунин дастгирии иҷтимоию психологӣ дар шароитҳои инсондӯстона ва бехавф истифода кунанд.

Ба одамони пиронсол бояд имконият дод, ки неруи ботинии худро ҳамаҷониба татбиқ созанд, ҳаёти шоиставу бехавф ба сар баранд ва ҳаргиз дучори истисмор ва зӯровариҳои ҷисмониву равонӣ нашаванд.

Одамони пиронсол чун қоида, эҳтиёҷманди нигоҳубин дар хона мебошанд, бинобар ин онҳо бештар аз сатҳи нокифояи хизматрасонии иҷтимоӣ, аз сари вақт нагирифтани нафақа, аз андозаи ками ҳадди ақали барои рӯзгузаронӣ зарур азоб мекашанд. Дар ҷомеаҳо пиронсолон ҳиссаи бештар номутаносиби нодорон ва табақаҳои камбағалтарини аҳолиро ташкил медиҳанд ва қашшоқӣ метавонад проблемаи риоя нагардидани ҳуқуқҳои асосии инсонро боз ҳам пуршиддаттар гардонад. Одамони солхӯрда бисёр вақт дар хонаҳои пиронсолон аз муносибатҳои бераҳмона ҷабр мебинанд, ё ҷабрдидагони зӯровариҳо дар хона мешаванд.

Яке аз шаклҳои поймолсозӣ ё вайрон карда шудани ҳуқуқҳои одамони солхӯрда табъизи синнусолӣ мебошад, ки алалхусус дар муносибатҳои ҳуқуқӣӣ меҳнатӣ равшан зуҳур мекунад. Қолабҳои манфӣ нисбат ба пиронсолон («замони онҳо гузашт», «онҳо динар бе ҳеҷ чиз кор намеоянд») метаонад дар набудани шавқмандии ҷомеа ба проблемаҳои калонсолон, рад карданҳо дар риояи принсипҳои дастрасии баробар ба имкониятҳо, захираҳо ва имтиёзҳо ифода ёбад.

? Ба фикри Шумо, чаро принсипи иштироки пиронсолон дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ ин қадар муҳим аст?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: пиронсолон, одамони солхӯрда, табъиз аз рӯи синну сол, Принсипҳои СММ нисбат ба одамони пиронсол, Нақшаи байналмилалии амалиёти Мадрид оид ба проблемаҳои пиршавӣ (соли 2002).

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.