Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ

  1. Бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ

аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозори меҳнат категорияи махсуси иқтисодии фарогирандаи шуғли пардохташавандаест, ки ба он даъвогарони ҷои кор ва ҳамаи ашхоси машғули меҳнат, ба ҷуз хонандагон ва коркунони мустақили (хонагии) барандаи хоҷагии натуралӣ, мансубанд. Ба таври дигар гӯем, бозори меҳнат бозори дархост ва пешниҳод ба қувваи корӣ аст. Вай бо нишондиҳандаҳое чун шуғл, бекорӣ, мавҷудияти ҷойҳои холии корӣ ва ғайра тавсиф меёбад.

Тибқи тадқиқотҳои дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронидашуда дар чанд соли охир сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон аз 1, 7 фоиз то 3, 2 фоиз афзуд, ки ба ҳар ҳол онро нишондиҳандаи начандон калон номидан мумкин аст. Аммо агар ба назар гирем, ки аксари бекорон аз қайд намегузаранд, миқёси воқеии бекорӣ аз рӯи ҳисобҳои мутахассисони Бонки умумиҷаҳонӣ наздики 3 фоиз аз аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад. Ҳалли проблемаи шуғли аҳолӣ ба зиммаи муассисаҳои тайёрии касбӣ ва марказҳои шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудааст. Масалан, Маркази шуғл барои соҳиб шудан ба ихтисосҳои зерин кӯмак карда метавонад: дуредгар, андовагар, рангуборчӣ, кафшергари барқу газ, челонгар, мутахассиси техникаи санитарӣ ва ғайра. Мӯҳлати таҳсил барои омӯзиши ин ихтисосҳо аз 1, 5 то 3 моҳ аст. Дар чунин курсҳо одамоне, ки мувофиқи талаботи замон ихтисоси нав гирифтан мехоҳанд, таҳсил карда, баъди анҷоми таҳсил имконияти бештари пайдо кардани касби серталабро соҳиб мешаванд. Аммо ҳатто ин чораҳо ҳам наметавонанд, ки проблемаи шуғли аҳолиро пурра ҳал кунанд.

Мувофиқи Маърӯзаи БРСММ дар бораи рушди инсонӣ барои соли 2005 аз рӯи индекси рушди неруи инсонӣ (ИРНИ), ки суръати рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагиро дар мамлкат ба назар мегирад, Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои 122-юмро ишғол карда, бо мамлакатҳое чун Конго, Ангола, Кения дар як саф меистад. Таҳлили маълумотҳои оморӣ барои соли 2004 нишон медиҳад, ки музди миёнаи меҳнати аз ҳама кам дар ИДМ дар Тоҷикистон (57 сомонӣ ($ 19) ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба сабади истеъмолӣ чандин карат паст мебошад. Ин худ мефаҳмонад, ки чаро дар мавриди имконияти воқеии пайдо кардани кор дар дохили мамлакат шумораи ҳар чи бештари шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирини байналхалқии меҳнат мегарданд.

Тибқи маълумотҳои гуногун ҳар сол паи ҷустуҷӯи музди бештари маҳнат аз 400 то 600 ҳазор одам мамлакатро тарк карда, қисми зиёди онҳо ба Федератсияи Россия мераванд. Тахминан чоряки шумораи умумии муҳоҷирини меҳнатӣ дар давлати қабулкунанда то ним сол, 53 фоизашон 7-12 моҳ, 22 фоизашон зиёда аз як сол, аксаран 2, 5-3 сол кор мекунанд.

Ба сурати умум муҳоҷират аз Тоҷикистон характери мавсимӣ дорад. Дар марҳилаҳои ҷӯшу хурӯш муҳоҷират ин сеяки аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад, ки аз рӯи вазъи соли 2005-ум наздики 2 млн.нафар одам аст. Қафомонии низоми тайёрии касбӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар Тоҷикистон ба он оварда расондааст, ки қувваи кории аз ҷумҳурӣ мерафта қариб беихтисос буда, аксаран дар сохтмон, бозор, соҳаи хизматрасонӣ кор мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон як қатор тадбирҳоеро амалӣ месозад, ки дар ояндаи андаке дуртар имконият медиҳад ҳам вазъияти иқтисодиро беҳтар созад ва ҳам қисман проблемаи бо ҷои кор таъмин намудан ва ҳаҷми шоистаи баландтари музди меҳнатро ҳал кунад. Ин ҷо ҳам ислоҳоти иқтисодии дар мамлакат ба амалояндаи ба дастгирии бизнеси хурд ва миёна нигаронидашуда ва ҳам лоиҳаҳои инсеститсионии татбиқашон дар соҳаи гидроэнергетика шурӯъшуда, инчунин сохтмони як силсила нақбҳо, ки баҳри пайвастшавии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони кӯҳсор ёрӣ расонда, ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ медиҳанд, дар назар аст. Дар Ҳуҷҷати Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ки сиёсат дар соҳаи бозор ба ҳадафҳои зерин нигаронида мешавад: бунёди бозори нисбатан муваффақона тавассути таълим ва бозомӯзии кормандон; маслиҳату машваратҳо бобати таъмин кардан бо ҷои кор ва расонидани кӯмак ба онҳое, ки кор меҷӯянд. Болоравии истеҳсолот дар бахши хусусӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ унсурҳои марказии стратегияи муваффақонаи Ҳукумат дар кори кам кардани сатҳи камбизоатӣ мебошанд.

Вале пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон мисли пештара чун мамлакати интиқолдиҳандаи қувваи корӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Россия амалан дар миқёси қаблӣ боқӣ мемонад. Консенсияи аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1998 тасдиқшудаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа як қатор афзалиятҳои муҳоҷирати меҳнатиро дар марҳилаи ҳозира – аз паст кардани шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеа сар карда, то баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва нармсозии проблемаи камбизоатӣ тавассути маблағҳои пулии мефиристодаи муҳоҷирини меҳнатӣ – эътироф менамояд.

2.Проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирини

меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ

Муҳоҷирини меҳнтӣ аз ҶумҳурииТоҷикистон асосан ба Федератсияи Россия мераванд. То вақтҳои наздик сиёсати муҳоҷират дар Россия маҳдуд буд. Ҳам кордеҳони баҳри киро кардани қувваи кории хориҷӣ хоҳишдошта ва ҳам муҳоҷирини байналхалқии меҳнатӣ пеш аз он ки мақоми расмӣ ва иҷозаи кор гиранд, бояд монеаҳои зиёди маъмуриро бартараф мекарданд. Ва ҳарчанд байни Тоҷикистону Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон режими раводидӣ вуҷуд надорад, муҳоҷирини Тоҷикистонӣ ба мамлакати кормекардаашон ба таври қонунӣ рафта, вале он ҷо қоидаҳои иқоматро вайрон карда ё барои кор иҷозат пайдо карда натавониста, ба шумули муҳоҷирини фаъолияти меҳнатиашон ғайриқонунӣ мегузаранд.

Проблемаи дигари шиддаташ то ҳанӯз пастнашаванда аз нигоҳи иҷтимоию ҳуқуқӣ ҳифз нагаштани муҳоҷирини меҳнатӣ, аз ҷумла нокифоягии суғуртаи иҷтимоӣ (суғуртанома) аст, ки ба ҳодисаҳои зиёди вайрон гардидани ҳуқуқҳо ва озодиҳои онҳо оварда мерасонанд. Чун қоида, хеле кам воқеъ мегардад, ки шаҳрвандони ба хориҷа барои кор мерафтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли ҳуҷҷатҳои кафолатдиҳандаи мақоми ҳуқуқӣ ва ҳифзи онҳоро дошта бошанд. Ғайр аз ин муҳоҷирини Тоҷикистонӣ бисёр вақт дучори фишори ғайриқонунӣ ва дар ҳама ҷо вайрон гардидани ҳуқуқҳои оддиашон аз ҷониби кормандони звенои миёнаи мақомоти гумрук, корҳои дохилӣ ва ғайраи мамлакатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ мегарданд. Сатҳи пасти иттилоотдорӣ, саводнокии ҳуқуқӣ ва мавҷуд набудани як қатор малакаҳо ва донишҳои зарурӣ дар муҳоҷирин, аз ҷумла надонистан ё суст донистани забонҳо боиси мутобиқати душвор дар муҳити нави кору зиндагӣ мешаванд.

Он ки қисми зиёди муҳоҷирини Тоҷикистонӣ ба вазъи ғайриқонунӣ афтода, тамоми маҳрумиятҳои вобаста ба чунин вазъиятро бо фарогирии шароитҳои вазнини меҳнат ва зиндагии ҳатто ба ҳаёту саломатиашон хавфдошта аз сар мегузаронанд, ҳамроҳи аҳли оилаашон ба тарзи кироя ба давлати дигар ба кор омаданашонро имконнопазир мегардонад.

Аз соли 2006 сар карда, дар Федератсияи Россия сиёсати муҳоҷират ба самти нисбатан мусолиҳавӣ дигаргун гашт ва тамоми раванди кироякунӣ, омадан ва кори муҳоҷирини меҳнатӣ ҷараёни нисбатан тамаддунӣ пайдо кард, ки ба вазъи умумии амалишавии ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирини меҳнатӣ бетаъсир намонд.

Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолиятдошта низ ба андозаи зиёд мусоидат мекунанд, ки тамоми раванди бо кор таъмин кардани муҳоҷирин дар доираи қонун сурат гирад. Муҳоҷири меҳнатӣ қабл аз баромадан аз марзи Тоҷикистон донад, ки ӯ куҷо меравад, дар куҷо ва дар чӣ гуна шароит кор мекунад. Бинобар ин дар сиёсати муҳоҷират ба иттилоотдиҳӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Вобаста ба ин бо иштироки ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ғайриҳукуматии маҳаллӣ барои муҳоҷирин дастурҳо, китобчаҳои кисагӣ, бюллетенҳо ва ғайра таҳия мегарданд, ки аз онҳо одами азми кор дар хориҷа дошта тамоми иттилооти барои вай заруриро (аз ҷумла бобати чӣ тавр ва ба воситаи кӣ пайдо кардани кор, бастани қарордоди меҳнатӣ, қоидаҳои рафтан ба давлати хориҷӣ ва он ҷо дар қайд истодан, шароитҳои зиндагӣ ва усулҳои корёбӣ, ҳуқуқҳои худ, масалан, ба хизматрасонии тиббӣ, роҳ надодан ба табъиз дар масъалаҳои музди меҳнат, иттилоот дар бораи интиқолоти бонкию пулӣ, муассисаҳои консулгарию дипломатӣ, дар бораи он ки агар ба ҳар ҳол ҳуқуқҳои муҳоҷир вайрон карда шуда бошанд, вай онҳоро чӣ тавр ҳимоя мекунад ва дар ин кор ба ӯ киҳо ёрӣ расонда метавонанд ва ғайра) пайдо карда метавонад. Шабакаи марказҳои иттилоотӣ-ҳуқуқӣ барои муҳоҷирин, ки он ҷо ба таври ройгон аз ҳуқуқшиносон оид ба қонунгузории мамлакати кори кироя маслиҳатҳову иттилоот гирифтан мумкин аст, дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд. Чунин хадамотро одатан созмонҳои ғайриҳукуматӣ мерасонанд.

Дар сохтори мкқомоти иҷроияи ҳокимияти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷират кушода шудааст, ки намояндагиҳои он дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ амал менамоянд. Хадамоти муҳоҷират идоракунии умумии равандҳои муҳоҷирати меҳнатиро амалӣ гардонда, ба ин мақсад дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои давлатии марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ширкат меварзад, дар робитаву тамоси доимӣ бо ҳамин гуна хадамот дар Федератсияи Россия ва мамлакатҳои дигари қабулкунандаи муҳоҷирини меҳнатӣ мешавад. Байни вазифаҳои аввалиндараҷа дар кори Хадамоти муҳоҷират ҳам кӯмак кардан ба татбиқи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ ва ҳам таъмини рақобатпазирӣ, омодагии касбии онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонии меҳнат меистанд.

Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатии тоҷикро Ҳукумат ҳамчунин тавассути ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба бо мамлакатҳои қабулкунандаи муҳоҷирини меҳнатӣ ба амал мебарорад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо Федератсияи Россия созишномаро дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳар ду давлат дар ҳудудҳои якдигар имзо карда, тасдиқ намудааст, ки аз моҳи январи соли 2006 ҳукми амал пайдо кард. Созишнома тартиби амалисозии фаъолити меҳнатӣ (дар мавриди мавҷуд будаи иҷозатнома ба кор) ва аз ҷумла муқаррароти муҳимеро чун баҳисобгирии собиқаи корӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ, талабот ба шартҳои қарордоди меҳнатӣ, вазифаҳои кордеҳ оид ба пӯшондани хароҷот барои ҳамлу нақли ҷасади муҳоҷир ба хонааш дар мавриди ба ҳалокат расидани ӯ ва ғайра пешбинӣ менамояд.

Дар Тоҷикистон низ маҷмӯи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ нигаронидашуда қабул гардида, пайваста такмил дода мешаванд. Соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул гардид, ки минбаъд пурра гардонида шуд. Чунончи, масалан, тибқи моддаи 8-и қонуни мазкур давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба кишварҳое фиристода шаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд. Мутобиқан ба ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми ба хориҷа барои кор рафтан доранд, бояд қарордоди имзошуда, шиносномаи хориҷӣ ва дар мавриди зарурӣ раводиди ба ин мамлакат омадан дошта бошанд. Баъзе созишномаҳо, масалан, созишномаи байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд номгӯи ҳуҷҷатҳои иловагӣ, аз ҷумла, маълумотнома дар бораи вазъи саолматӣ ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот ва тахассуси зарурии муҳоҷирро пешбинӣ намоянд.

Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шаҳрвандони муваққатан дар хориҷа коркунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҷараёни муҳоҷират, пешгирӣ кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тасдиқ гардидани қонуниятро дар раванди муҳоҷират ба сифати ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ арзёбӣ мекунад.

Ҳукумат дар асоси ин консепсия Барномаи муҳоҷирати берунаи меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010-ро таҳия кардааст. Дар ин ҳуҷҷат муҳим будани вусъати заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар танзими муҳоҷирати берунии меҳнатии шаҳрвандон бо роҳи қабули созишномаҳо, қарордодҳо ва муоҳидаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ; ҷорӣ кардани низоми баҳисобгирии ҷараёнҳои муҳоҷират; муайян кардани чораҳои ҷавобгарӣ барои фаъолияти ғайриқонунӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тадбирҳои дигар таъкид гардидаанд. Масалан, бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ, ки моҳиятан хариду фурӯши одамонро мемонанд, ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирини меҳнатӣ барои таъмин шудан бо кор ёрӣ мерасонанд, фаъолияти худро танҳо дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби давлат додашуда ба роҳ монда метавонанд.

Мақомоти гуногуни давлатӣ, ки дар фаъолияти касбии худ бо масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ сару кор мегиранд – кормандони хадамоти муҳоҷират, ШРБ (шӯъбаи раводид ва бақайдгирӣ), назорати сарҳадӣ, хадамоти гумрук, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра – бояд аз ҷониби худ низ ба амалишавии ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирин дар асоси муносибати башардӯстона ва боэҳтиромона нисбат ба онҳо мусоидат кунанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: бозори меҳнат, шуғл, сиёсати муҳоҷират, Маркази шуғли аҳолӣ, Хадамоти давлатии муҳоҷират.

9 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.