Гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ҳамчун гурӯҳҳои нозуки иҷтимоӣ

  1. Мафҳумҳои «гурезаҳо» ва «муҳоҷирини иҷборӣ»

Муҳоҷирати берунӣ, ё ҳаракату ҷойивазкунии одамон аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар метавонад ҳамчунин характери иҷборӣ дошта бошад. Байни ин категорияи одамони тарки хонаи худ карда ва бо амри тақдир ба мулки бегона афтода гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ низ ҳастанд. Мувофиқи маълумоти Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо (ИКОГ СММ) имрӯз дар сайёра беш аз 20 млн. гурезаҳо ҳастанд. Фарқияти онҳо аз муҳоҷирин ин аст, ки муҳоҷирин интихоби ҷустуҷӯи зиндагии беҳтарро амалӣ мегардонад. Гурезаҳо бошанд, интихоб надоранд – онҳо барои зинда ва озод мондан бояд ҷони худро халос кунанд. Низоми баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташаккулёфтаи додани мақоми гуреза ҳаёти теъдоди хеле зиёди одамонро наҷот додааст ва ҳамаи ин аз он аст, ки бисёр давлатҳо барои истисно кардан ба онҳое, ҷонашон дар хатар аст, розӣ шуданд.

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ бо санадҳои махсуси меъёрӣ муайян мегардад. Инҳо, дар навбати аввал, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» аз 10 майи соли 2002, ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» мебошанд.

Таърифи гурезаҳо нахустин маротиба дар ҳуқуқи байналмилалӣ дар Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо (соли 1951) таҳким бахшида шуда буд. Ҳамин таъриф минбаъд дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи стандарти бо Конвенсияи соли 1951 таҳкимбахшидашуда таҷассум гардид.

«Гуреза – шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад».

Моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»

Чанд аломати мақоми гурезаро ҷудо кардан мумкин аст:

• одам шаҳрванди мамлакати омадааш, яъне мамлакате нест, ки вай дар он ҷо паноҳгоҳ меҷӯяд. Яъне одам бояд берун аз марзи ватани худ бошад.

• хавфи ҷабр дидани одам аз таъқибот бояд асоснок ва воқеӣ бошад, яъне масалан, дар мамлакат геносиди оммавӣ ва танг кардани гурӯҳи динӣ ё этникӣ, ки одами мазкур ба он мансуб аст, сар шудааст ва мутобиқан ба он ин одам зери хавфи воқеии чунин таъқибот қарор дорад;

• таъқиботи ба одам таҳдидкунанда бояд аз рӯи аломатҳои нажодӣ, динӣ, шаҳрвандӣ, миллӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқодмандии сиёсӣ бошад. Ин номгӯи истисноии асосҳост, яъне фақат таъқиботи ба ҳар кадоме аз ин аломатҳо асосёфта барои эътироф кардани мақоми гуреза асос бахшида метавонад. Бинобар ин, мутаассифона, одамони аз минтақаҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо роҳи халосӣ ҷӯянда, аз ҷумла аз мамлакатҳои бо проблемаҳои гуруснагӣ ва ҷанг бархӯрддошта метавонанд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ гуреза эътироф шаванд.

Ин, зимнан, ҳаргиз чунин маънӣ надорад, ки ба онҳо кӯмаку ҳифозат бояд пешниҳод карда нашавад.

• бар асари ҳолатҳои нишондодашуда вай наметавонад аз ҳимояи мамлакати шаҳрвандии худ (нисбат ба ашхоси зиёда аз як шаҳрвандӣ дошта – ҳимояи ҳар кадоме аз ин давлатҳо) истифода кунад. Дар ин маврид имконнопазирии истифода кардан аз ҳимояи давлатҳои худи онҳо гурезаро аз имконияти гирифтани ёрӣ аз онҳо, бо фарогирии кӯмаки иҷтимоию ҳуқуқӣ ва ғайра, маҳрум месозад, ки ба ин сабаб онҳо ба кӯмаки дахлдори давлати нав ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманд мешаванд.

Дар қонунгузории Тоҷикистон низ таърифи «муҳоҷирини иҷборӣ» дода шудааст. Пайдошавии ин категорияи шаҳрвандон бо воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар ҳудуди ҷумҳурӣ, вақте қисми зиёди аҳолӣ маҷбур буд бо мақсади наҷотёбӣ аз зӯроварӣ ва даҳшатҳои низоъҳои мусаллаҳона марзҳои ватани худро тарк кунад, вобаста аст.

Муҳоҷирини иҷборӣ – ашхосе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зӯроварӣ ва таъқиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажодӣ ё миллӣ, эътиқоди динӣ, забонӣ, ақидаҳои сиёсӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъқиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар қаламрави кишвари дигар мебошад.

Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Ба ин тариқ, агар гуреза шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ба сабаби умед баста натавонистан ба ёрии давлати шаҳрвандии худ (ва агар ин шахс бетабаа бошад – давлати қаблии истиқомати худ) ҷӯяндаи ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, муҳоҷирини иҷборӣ баръакс шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таври доимӣ берун аз марзи он зиндагӣ мекунанд, вале ба вай барои ёрӣ муроҷиат менамоянд.

Илова ба амалияи байналмилалӣ категорияи алоҳидаи одамони дигари аз рӯи мақомашон ба гурезаҳо наздик ҷудо карда мешаванд – инҳо «ашхоси дар дохил ҷойивазкарда» мебошанд, ки барои онҳо низ истилоҳи «муҳоҷирини иҷборӣ» истифода мешавад. Ба сурати умум вазъияти онҳо бо гурезаҳо монанд аст, вале дар ин маврид онҳо марзҳои давлати худро тарк намекунанд, кӯшиш мекунанд, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакати худ ҷой иваз карда, аз таъқибот пинҳон шаванд ва ба ин сабаб зери муқаррарот ва ҳифзи Конвенсияи соли 1951 намеафтанд. Бо вуҷуди ин ҷомеаи байналмилалӣ зарурати таъмини ҳифозат ва кӯмакрасониро ба онҳо низ беш аз пеш эътироф менамояд. Солҳои охир Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо (ИКОГ СММ) бо проблемаҳои ашхоси дар дохил ҷойивазкунанда дар тамоми ҷаҳон низ машғул шуд, то ки ба онҳо стандартҳои ҳадди ақали ҳифз ва барои кӯмакрасонӣ ёрии башардӯстона пешниҳод намояд.

  1. Самаранокии низоми пешниҳоди паноҳгоҳ –

омили асосӣ дар таъмини ҳуқуқҳои инсонии

гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ

Шаҳрванд барои гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда метавонад, агар ӯ ба ҳудуди Тоҷикистон дар асосҳои қонунӣ ояд (масалан, дар асоси раводид ояд, ё худ агар одам аллакай дар ҳудуди ҷумҳурӣ бошаду ин вақт дар мамлакати вай вазъияте ба амал ояд, ки он боиси муроҷиати вай барои гирифтани мақоми гуреза гардад); агар ӯ аллакай ғайриқонунӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур карда бошад, пас дар ин хусус бояд фавран ба намояндагони давлат (кормандони хадамоти сарҳадӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра) бо ариза дар хусуси он ки вай паноҳгоҳ мехоҳад, муроҷиат намояд; дар ҳар ду ҳолат ҳам барои гирифтани мақоми гуреза ба мақомоти давлатӣ оид ба муҳоҷират ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо (ИКОГ СММ) муроҷиат кардан лозим аст. Ба шахсе, ки дархосташ ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи муваққатӣ дода мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ мебошад.

Вақти баррасии дархост дар бораи гуреза эътироф кардани ӯ ва аъзои оилаи ӯ шахси ҷӯяндаи паноҳгоҳ чунин ҳуқуқҳо дорад: гирифтани иттилоот дар бораи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худ; зистан дар ҷойҳои муваққатии ҷойгирсозӣ; гирифтани ёрии фаврии тиббӣ; гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна; гирифтани ҷубронҳо; додани ариза дар бораи қатъ кардани баррасии дархост.

Мақомоти ваколатдор дархостро баррасӣ намуда, дар бораи гуреза эътироф кардани шахс (ё рад кардани дархост) қарор мебарорад, ки мувофиқи натиҷаҳои он ба шахси гуреза эътирофшуда шаҳодатнома дода мешавад. Шаҳодатнома ба мӯҳлати се сол ва дар сурати дар давлат нигоҳ дошта шудани ҳолатҳои мансубияти шаҳрвандии ӯ, ки аз рӯи онҳо вай ҷабрдидаи таъқибот шудааст, мӯҳлати эътироф дар ҳар се соли минбаъда дароз карда мешавад.

Гурезаҳо, ҳамчун шаҳрвандони хориҷӣ, тибқи моддаи 16-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ва «Дар бораи муҳоҷират» ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи шахсияти гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ шаҳодатнома мебошад.

Шаҳодатномаи гуреза – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷӯяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд.

Моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»

Шаҳодатнома бо дархости шахси паноҳҷӯянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти давлатии оид ба муҳоҷират дода мешавад. Дар давраи баррасии дархост ба шахс шаҳодатномаи муваққатӣ дода мешавад.

Шаҳодатномаи муваққатӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда аст, ки ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд.

Моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо»

Зери мафҳуми мақоми гуреза маҷмӯи ҳуқуқҳо, озодиҳо, вазифаҳо ва манфиатҳои қонунии ӯ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, фаҳмида мешавад.

3.Мақомоти байналхалқии ба амалбарорандаи

ҳифзи ҳуқуқҳои гурезаҳо ва ашхоси дар дохили

мамлакат ҷойивазкарда

 

Дар сатҳи байналхалқӣ бори аввал кӯшиши ҳалли проблемаи ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои гурезаҳоро Лигаи миллатҳо кард. Соли 1921 Лигаи миллатҳо бо мақсади таъсиси маркази ҳамоҳангсозии мувофиқгардонии кӯшишҳо оид ба расонидани ёрӣ мансаби махсуси Комиссари Олӣ оид ба корҳои гурезаҳоро муқаррар кард. Минбаъд тадбирҳо оид ба ҳифзи гурезаҳо беш аз пеш гуногунранг гаштанд, аз ҷумла муайян кардани мақоми шахсии онҳо, таъминсозӣ бо кор, ҳифозат бар зидди рондан ва ғайра.

Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки аз таъқибот дар дигар кишварҳо паноҳгоҳ ҷӯяд ва аз ин паноҳгоҳ истифода намояд.

 

Қисми 1-и моддаи 14-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Соли 1945 ба ҷои Лигаи миллатҳо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба майдон омада, изҳор кард, ки ғамхорӣ дар ҳаққи гурезаҳо проблемаи сатҳи байналхалқӣ аст. Соли 1946 дар ҷаласаи нахустини Ассамблеяи Генералии СММ резолютсияи махсусе қабул карда шуд, ки асоси фаъолияти СММ ҷиҳати дастгирии гурезаҳо гардид. Дар ин ҳуҷҷат муқаррароте оид ба истифода накардани бозгашти маҷбурии гуреза ба мамлакати азалии худ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон мақомоти махсус – Созмони байналхалқӣ оид ба корҳои гурезаҳо (СБГ) таъсис ёфт, ки ба ваколати он таъмини ҳифзи се гурӯҳи муҳоҷирини дар замони худ эътирофкардаи Лигаи миллатҳо, ҳамчунин гурезаҳои нави дар натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пайдошуда дохил шуд.

Соли 1951 Созмони байналхалқӣ оид ба корҳои гурезаҳо бо Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо иваз карда шуд, ки вазифаи он «таъмини ҳифзи гурезаҳо дар миқёси байналхалқӣ ва… ҷустуҷӯи ҳалли дарозмӯҳлати проблемаи гурезаҳо мебошад».

Дар соҳаи риояи ҳуқуқҳои инсон ва истифодаи онҳо барои ашхоси дар дохил ҷойивазкунанда (муҳоҷирини иҷборӣ) Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ оид ба ашхоси дар дохил ҷойивазкунанда (муҳоҷирини иҷборӣ) корҳои зиёдеро ба ҷо меорад. Ҳадафи асосии кори ба ҷо меовардаи Намояндаи махсус ошкор сохтани вазъи риояи ҳуқуқҳои ашхоси дар дохил ҷойивазкунанда бо роҳи омӯзиши мавқеи ҳукуматҳо дар асоси иттилооти аз онҳо гирифта, паҳн кардани таҷрибаи пешқадам оид ба ин масъала, таҳияи тавсияҳо бобати такмил додани қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои ашхоси дар дохил ҷойивазкунанда (муҳоҷирини иҷборӣ) мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: муҳоҷири иҷборӣ, гуреза, шахси дар дохили мамлакат ҷойивазкарда шаҳодатномаи гуреза, мақоми гуреза, Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо, Мушовири махсус дар назди Муншии умумии СММ оид ба масъалаҳои ашхоси дар дохили мамлакат ҷойивазкунанда

8 Загрузки
test

Добавить комментарий