Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезаҳо ва проблемаҳои риояи ҳуқуқҳои онҳо

1.Аз таърихи пайдоиши Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезаҳо ва Протоколи марбут ба мақоми гуреза

Соли 1951 дар Женева аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезаҳо қабул карда шуд. Конвенсияи мазкур ҳуҷҷати дорои қувваи ҳатмии юридикӣ барои давлатҳои иштирокдор буда, санадҳои байналмилалии марбут ба гурезаҳои то ин лаҳза дар сатҳи байналмилалӣ қабулшударо ҷамъбаст менамояд. Дар Конвенсия стандартҳои ҳадди ақали муносибат бо гурезаҳо бе ягон хел табъиз аз рӯи нажод, дин ё мамлакати аслии онҳо зикр гардида, дар он кафолатҳо бар зидди рондани гурезаҳо, ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ғайра таҳким бахшида шудаанд. Аммо доираи амали Конвенсия аз ҷониби ашхосе, ки дар натиҷаи воқеаҳои то 1 январи соли 1951 ба амаломада гуреза гаштанд, маҳдуд карда шуданд. Азбаски бо анҷомёбии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низоъҳо ва таъқиби гурӯҳҳои гуногуни одамон дар сайёра қатъ нагаштанд, гурӯҳҳои нави гурезаҳо низ пайдо шудан гирифтанд ва табиист, ки зарурати паҳн кардани муқаррароти Конвенсия ба ин категорияҳои нави гурезаҳо низ ба миён омад.

Бо мақсади рафъи проблемаи пайдошуда 31 январи соли 1967 Раиси Ассамблеяи Генералӣ ва Муншии умумии СММ дар Нйу Йорк Протоколи марбут ба мақоми гурезаҳоро имзо карданд, ки аз 4 октябри соли 1967 қувваи юридикӣ пайдо кард. Давлатҳои иштирокдори ин Протокол ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки муқаррароти асосии Конвенсияи соли 1951-ро нисбат ба ҳамаи гурезаҳо, новобаста аз он ки онҳо кай гуреза шудаанд – то 1 январи соли 1951 ё баъди он, истифода намоянд.

Дар натиҷа ҳам Конвенсия ва ҳам Протокол санадҳои комилҳуқуқи байналмилалии ба ҳифзи гурезаҳо нигаронидашуда гардиданд. Тибқи ҳуҷҷатҳои зикргардида зери истилоҳи «гуреза» ҳама гуна шахси ба таърифи Конвенсия мувофиқмеомада фаҳмида мешавад.

  1. Мафҳуми «гуреза» дар Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо баъди қабули Протокол аз 4 октябри соли 1967

Таҳти истилоҳи «гуреза» шахсе дар назар дошта мешавад, ки бинобар хавфи комилан асосноки ҷабр дидан аз таъқиб аз рӯи нишонаи нажод, дину мазҳаб, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё ақидаи сиёсӣ берун аз кишвари мансубияти шаҳрвандии худ қарор дорад ва наметавонад аз ҳимояи ин кишвар истифода барад ё намехоҳад бинобар чунин хавф аз чунин ҳимоя истифода намояд, ё шаҳрвандии муайян надошта ва дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо берун аз кишвари макони пештараи истиқомати муқаррарии худ қарор дошта, наметавонад ё намехоҳад бинобар чунин хавф ба он баргардад.

Моддаи 1-и Конвенсияи соли 1951

Тавре мебинем, мафҳуми дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» омада ба таърифи Конвенсияи соли 1951 мувофиқат мекунад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки муқаррароти Конвенсияи соли 1951-ро ба ҳамаи ашхоси давлати мансубияти шаҳрвандии худ ё ҷои истиқоматашонро тарккарда паҳн кардан мумкин нест. Муқаррароти Конвенсия ба категорияҳои муайяни шаҳрвандон паҳн намешавад.

Тибқи моддаи 1-и Конвенсия инҳо ашхосе мебошанд, ки нисбаташон асосҳои ҷиддии тахмин кардан мавҷуданд, ки онҳо:

а) ба муқобили ҷаҳон ҷиноят содир намудаанд, ҷинояти ҳарбӣ ё ҷинояти зидди инсоният содир намудаанд…

б) берун аз кишваре, ки ба онҳо паноҳгоҳ додааст ва қабл аз он ки онҳо ҳамчун гуреза ба ин кишвар роҳ дода шуда буданд, ҷинояти вазнини ғайрисиёсӣ содир намудаанд;

в) дар содир намудани амалҳое, ки хилофи мақсад ва принсипҳои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, гунаҳгоранд».

Ба андешаи Шумо, муқаррароти Конвенсия ба категорияҳои зикршудаи одамон чаро дахл надорад? Оё ин аз рӯи адолат аст?

3. Мундариҷаи Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо

Ба мундариҷаи Конвенсия ҳадафҳои қабули ҳуҷҷати мазкур мувофиқат мекунанд ва пешниҳоди тамоми маҷмӯи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои гурезаҳоро дар мамлакати иқоматашон таъмин менамоянд. Конвенсия муқаррар менамояд: ба гурезаҳо ҳамон қадар вазъи ҳуқуқии мусоид пешниҳод мегарданд, ки хориҷиён аз онҳо истифода мекунанд. Чораҳои истисноие, ки нисбат ба ашхос, амвол ё манфиатҳои шаҳрванди хориҷӣ истифода кардан мумкин аст, нисбат ба гурезаҳо, ҳатто агар онҳо низ шаҳрвандони ин давлати хориҷӣ бошанд, истифода карда намешаванд.

Мақоми шахсии гуреза бо қонунҳои давлати иқоматдоштаи ӯ муайян мегарданд. Ҳуқуқҳои соҳибшудаи гуреза, ки мақоми шахсии ӯро ташкил медиҳанд, риоя карда мешаванд. Ба гурезаҳо ҳуқуқи соҳибият ба амволи манқул ва ғайриманқул, иҷорагирии онҳо ва оид ба онҳо бастани қарордодҳои дигар дода мешавад.

Ба гурезаҳо дар давлатҳои иқоматдоштаи онҳо чун ба шаҳрвандони ин мамлакат ҳамон гуна ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ ба асарҳои адабиёт, асарҳои илмӣ ва бадеӣ, ҳамчунин ҳуқуқҳо ба ихтироот, нақшаҳо ва амсилаҳо, номи ширкатҳо ва ғайра пешниҳод мегарданд. Онҳо баробари шаҳрвандони мамлакати иқоматашон ҳуқуқ доранд, ки ба суд баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои вайронкардашудаи худ муроҷиат намоянд.

Акнун чанд сухан дар бораи ҳуқуқҳои меҳнатии гурезаҳо: давлатҳои Конвенсияи соли 1951-ро имзокарда ба онҳо ҳамон шароитҳои нисбатан мусоидеро пешниҳод мекунанд, ки аз онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ истифода мекунанд. Тадбирҳои характери маҳдудсозанда доштаи барои ҳимояи бозори дохилии меҳнат истифодамешуда нисбат ба гурезаҳо истифода намешаванд. Ба онҳо ҳуқуқи мустақилона машғул шудан бо хоҷагии қишлоқ, саноат, ҳунарҳои дигар ва савдо, аз ҷумла ташкил кардани рафоқатҳои савдоӣ ва саноатӣ пешниҳод мегарданд. Ба гурезаҳои дипломдори аз ҷониби ҳокимияти ин давлат эътирофшаванда, ки мехоҳанд бо касбҳои озод машғул шаванд, шароитҳои нисбатан мусоид барои чунин машғулиятҳо дода мешаванд.

Конвенсия як силсила ҳуқуқҳоро барои гурезаҳо дар соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ менамояд. Ин пеш аз ҳама ба гирифтани таҳсилот дахл дорад. Онҳо ҳақ доранд, ки баробари шаҳрвандони ин давлат таҳсилоти ибтидоӣ гиранд. Дар масъалаи гирифтани дигар навъҳои таҳсилот, озод будан аз пардохт барои таҳсил, ҳамчунин додани идрор (стипендия) қайд кардан лозим аст, ки давлати дар он иқоматдоштаашон ба ҳар ҳол ба онҳо вазъи нисбатан мусоидро пешниҳод менамояд. Чунончи, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълимгоҳҳои давлатӣ ҳар кас метавонад таҳсилоти ройгони умумии миёна, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ гирад (моддаи 41).

Дар Конвенсия ба шароитҳои меҳнат ва подоши меҳнат ҷои махсус ҷудо шудааст. Аз ҷумла гурезаҳо баробари шаҳрвандони давлати иқоматдоштаашон ба гирифтани подоши меҳнат, ҳамон давомнокии рӯзи корӣ, рухсатии пардохтшаванда, ҳадди ақали синну соли кори кироя, шогирдӣ ва тайёрии касбӣ, меҳнати занон ва наврасон ва истифодаи бартариҳои қарордодҳои коллективии байни кордеҳ ва коллектив басташуда ҳақ доранд.

Гурезаҳо ба таъминоти иҷтимоӣ ба сабаби ҳодисаҳои нохуш дар кор, бемории касбӣ, таваллуди кӯдак, беморӣ, пиронсолӣ, дар ҳолати фавт ва ғайра ҳуқуқ доранд. Ин ҳама танҳо бо баъзе маҳдудиятҳо дар қонунгузории дохилии мамлакати иқомат пешбинӣ мегардад.

Он чи дар боло зикр гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати макони истиқомат бо гурезаҳо чун бо ҳамаи шаҳрвандони хориҷии дар ҳудуди он қарордошта муносибат менамояд.

Конвенсия як қатор тадбирҳои муҳими характери маъмуридоштаро пешбинӣ менамояд. Масалан, вақте истифода аз ин ё он ҳуқуқ аз ҷониби гурезаҳо кӯмаки ҳукуматдорони давлати хориҷиеро талаб менамояд, ки гурезаҳо ба онҳо муроҷиат карда наметавонанд, давлатҳои ба муоҳидарасидаи дар ҳудудашон гурезаҳои зикршуда иқоматдошта тадбирҳо меандешанд, то чунин кӯмаки маъмурӣ ба онҳо аз ҷониби ҳукуматдорони ҳамон давлат ё ягон ҳокимияти байналхалқӣ расонда шавад.

Ҳукуматдорони мамлакати иқоматӣ ӯҳдадор мешаванд, гурезаҳоро бо ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаҳои одатан аз ҷониби ҳукуматдорони хориҷӣ ё тавассути миёнравии ҳукуматдорони давлатҳое, ки шаҳрвандони он маҳсуб мешаванд, таъмин намоянд (ё чунин таъмин кардан зери назорати онҳо сурат гирад). Ин ҳуҷҷатҳо шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд ва то вақте эътибор доранд, ки эътибор надоштани онҳо исбот карда нашудааст.

Давлатҳои иштирокдори Конвенсия ба гурезаҳо озодии ҳаракату ҷойивазкунӣ ва дар сурати риояи ҳамаи қоидаҳои одатан нисбат ба хориҷиён истифодашаванда ҳуқуқи интихоби ҷои зист пешниҳод мекунанд.

Тавре зикр шуд, дар дохили мамлакат ба гурезаҳо шаҳодатнома дода мешавад. Ҳамзамон бо ин тибқи моддаи 28-и Конвенсия давлатҳое, ки дар онҳо гурезаҳо иқомат доранд, онҳоро барои рафтан берун аз ҳудуди ин давлат бо ҳуҷҷатҳои сафар таъмин мекунанд.

Ҳуҷҷатҳои сафар ҳуҷҷатҳои намунаи муқаррарие мебошанд, ки шахсияти соҳиби онро тасдиқ карда, ҳуқуқи ҳаракат кардан медиҳанд.

Намунаҳои ҳуҷҷатҳои сафар дар замима ба Конвенсия аз 28 июли соли 1951 муқаррар карда шудаанд. Онҳо ба гурезаҳои ба синни балоғат расида дода мешаванд, фарзандон бошанд, аниқтараш, номи онҳо, дар ҳуҷҷатҳои сафари волидон, ё дар ҳолатҳои истисноӣ дар ҳуҷҷати дигар гурезаи калонсол сабт мегарданд. Ҳуҷҷатҳои сафар ба мӯҳлати муайян дода мешаванд (1-2 сол). Онҳоро нав кардан ё мӯҳлати амалашонро дароз кардан мумкин аст, ки давлатҳои иштирокдори Конвенсия нисбат ба ин масъала назари хайрхоҳона доранд. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳудуди ҳамаи давлатҳои иштирокдори Конвенсия эътироф карда мешаванд. Баъди ҷойгирсозии (кӯчондани) гурезаҳо дар ҳудуди давлати дигар вазифаи додани ҳуҷҷатҳои нав ба зиммаи мақомоти дахлдори ин давлат мегузарад. Давлат вазифадор аст ҳар вақт (дар давраи мӯҳлати амали ҳуҷҷат) соҳиби ҳуҷҷатҳои сафарро аз нав дар ҳудуди худ қабул намояд. Асоси ягонаи радсозии додани ҳуҷҷати сафар танҳо таъмини амнияти давлатӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ шуда метавонад.

Дар соҳаи андозбандӣ гурезаҳо ба шаҳрвандони худии давлате, ки дар он зиндагӣ мекунанд, баробар карда мешаванд. Ба гурезаҳои давлатҳои иштирокдори Конвенсия берун бурдани амволи бо худ овардаашон ба мамлакати дигаре, ки он ҷо барои онҳо ҳуқуқи иқомат кардан дода шудааст, иҷозат дода мешавад.

Ҳамзамон бо ин Конвенсия ӯҳдадориҳои гурезаҳоро ҷиҳати риоя кардани қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии давлате, ки дар он зиндагӣ доранд, таҳким мебахшад. Яъне гурезаҳо аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои эъломдоштаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мекунанд ва чун дигар шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа, бар истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробар бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вадифаҳо ва ҷавобгариҳо доранд.

Он чи гуфта шуд, дар бораи принсипи баробарии ҳуқуқҳое шаҳодат медиҳад, ки барои гурезаҳо чун дигар ашхоси дар ин давлат иқоматдошта зиндагии мӯътадил, шуғл варзидан бо фаъолияти муайян, истифода кардан аз озодиҳо ва ғайраро таъмин менамояд ва кафолат медиҳад. Ин ҳуқуқҳо ҷудонопазиранд, онҳоро бе асоси дахлдоре маҳдуд кардан мумкин нест. Онҳо ба андозаи баробар ба ҳамаи гурезаҳо, аз лаҳзае, ки онҳо мақоми гурезаро соҳиб шудаанд, паҳн мешаванд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Конвенсия давлатҳоро бобати додани ҳуқуқҳо ва озодиҳои зиёд ба гурезаҳо маҳдуд намесозад. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар Конвенсия таҳкимёфта он ҳаҷми ҳадди ақале мебошанд, ки дар давлатҳои қабулкардаи гурезаҳо бояд таъмин гарданд.

Манъи бозгардонии зӯроваронаи (рондани) гуреза яке аз принсипҳои асосӣ дар ҳуқуқи байналмилалии пешниҳод кардани паноҳгоҳ аст, ки ҳамчунин дар Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо инъикос ёфтааст. Тибқи ин принсип давлатҳое, ки он ҷо гурезаҳо зиндагӣ мекунанд, онҳоро ба ҷуз аз мулоҳизоти амнияти давлатӣ ё тартиботи ҷамъиятӣ намеронанд. Чун қоида, рондани гурезаҳо дар асоси қарори суд ба амал меояд. Дар ин маврид ба гурезаҳо ҳуқуқи барои ҳақ баровардани худ овардани далелҳои дахлдор дода мешавад, вале агар қарори суд ба ҳар ҳол бароварда шуда бошад, имконияти аз болои он шикоят овардан пешниҳод мегардад.

Ба ин тариқ, аз Конвенсия бармеояд, ки рондани гурезаҳоро дар ҳолатҳои басо маҳдуд ва бо риояи тартиботи муқарраргардида амалӣ сохтан мумкин аст.

Ҳамзамон бо ин Конвенсия рондани гурезаҳо ё бозгардонии онҳоро ба сарҳади мамлакате, ин он ҷо ба ҳаёт ё озодии онҳо ба сабаби нажод, шаҳрвандӣ, дин, ақидаҳои сиёсӣ ё мансубияташон ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ хавф таҳдид мекунад, умуман манъ менамояд.

Ин қоида, агар рондан ба сабабҳои узрнок бошад, паҳн намегардад. Ба чунин сабабҳо таҳдид ба амнияти мамлакате, ки он ҷо гурезаҳо қарор доранд ё барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва он агар ҳукми суд аллакай қувваи юридикӣ пайдо карда бошад, барои мамлакат хавфнок аст, мансубанд.

Конвенсия тартиботи нисбатан оддии (аз рӯи имконият) натурализатсияи (табиигардонии) гурезаҳоро пешбинӣ менамояд.

Натурализатсия (табиигардонӣ) ба шаҳрвандӣ қабул кардани шахси хориҷӣ бо аризаи ӯ аст.

Давлате, ки он ҷо гурезаҳо зиндагӣ доранд, метавонад раванди баррасии аризаи гурезаро ҷиҳати қабул кардан ба шаҳрвандӣ тезонда, мӯҳлатҳои нисбатан камтари зиндагиро дар ин давлат барои гирифтани шаҳрвакндӣ муқаррар намояд. Вай ҳақ дорад, андозаи пардохтҳо ва хароҷоти марбут ба табиигардониро кам кунад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: рондан, ҳуҷҷатҳои сафар, табиигардонӣ (натурализатсия).

6 Загрузки
test

Добавить комментарий