Конвенсияҳои Женевагӣ

  1. Консепсияи конвенсияҳои Женевагӣ

Асоси ҳуқуқи ҳозираи байналмилалии башардӯстонаро,

чор конвенсияи Женевагии ба ҳифзи ҷабрдидагони ҷанг бахшидашуда аз 12 августи соли 1949 ва ду Протоколи иловагӣ ба конвенсияҳои зикршуда аз 8 июни соли 1977 ташкил медиҳанд.

Ҳар кадоме аз конвенсияҳо аз меъёрҳои ҳифзи категорияҳои муайяни одамони аз ҷанг ҷабрдида иборатанд.

Бо ин мақсад ҳамаи конвенсияҳо инҳоро манъ мекунанд:

А) таарруз ба ҳаёт ва дахлнопазирии ҷисмонӣ, аз ҷумла ҳамаи

навъҳои куштор, маъюбсозӣ, муносибати бераҳмона ва шиканҷа;

Б) гаравгонгирӣ;

В) таарруз ба шаъну эътибори инсонӣ, аз ҷумла муносибати

озордиҳанда ва таҳқиркунанда;

Г) маҳкум кардан ва ба иҷро расонидани ҷазо бе қарори қаблии судии баровардаи суди босалоҳият дар сурати мавҷудияти кафолатҳои судии аз ҷониби миллатҳои мутамаддин зарурӣ эътирофшуда.

  1. Муқаррароти асосии конвенсияҳои Женевагӣ

Муқаррароти ҳамаи чор конвенсияро нисбатан муфассалтар дида мебароем.

Конвенсияи якуми Женевагӣ вазъи беморон ва захмиёнро дар артишҳои амалкунанда муайян менамояд. Аз ҷумла, захмиён ва беморон дар ҳама ҳолат бояд аз парасторию ҳифозат баҳраманд бошанд. Давлатҳое, ки ашхоси зикршуда дар ихтиёри онҳоянд, бояд онҳоро бо муносибати инсондӯстона таъмин намоянд, ба табъизи онҳо вобаста ба миллат, ҷинс, нажод ва ғайра роҳ надиҳанд. Таарруз ба ҳаёт ва шахсияти онҳо, маҳву қир кардани онҳо, шиканҷа додан ва бо онҳо гузаронидани озмоишҳои биологӣ, дидаву дониста бе ёрии тиббӣ гузоштани онҳо ва ғайра манъ аст. Эҳтироми махсусро занони бемору захмигашта сазоворанд. Дар ҳолатҳои маҷбур шудани давлат баҳри гузоштани захмиён ва беморони худ дар ҳудуди душман вай бояд баҳри нигоҳубини онҳо то ҳадде, ки амалиётҳои ҷангӣ имконият медиҳанд, як қисми ҳайати санитарии худ ва лавозимоти барои онҳо заруриро низ он ҷо гузорад.

Моддаи 15-и Конвенсияи I муқаррароти басо муҳиме дорад, ки мувофиқи он ҳама вақт ва алалхусус баъди анҷоми муҳориба тарафҳои дар ҳолати ҷанг қарордошта барои ҷустуҷӯю дарёфт ва аз майдони ҷанг берун овардани захмиёну беморон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз ғоратгариҳо тамоми тадбирҳоро андешида, онҳоро бо нигоҳубини зарурӣ таъмин менамоянд. Онҳо ҳақ доранд бо мақсади берун овардани захмиёни дар майдони ҷанг боқимонда, бурдани онҳо ба ҷои бехавф, ҳамчунин ба амал овардани мубодила ё андешидани тадбирҳо бобати таҳлияи онҳо аз муҳосира ё минтақаи истилошуда дар бораи мусолиҳа ё оташбас созиш банданд.

Тарафҳои даргир ҳаддалимкон ҳамаи маълумотҳои ба муқаррарсозии шахсияти захмиён, беморон ва ҳалокшудагони ба дасти онҳо афтодаи душман мусоидаткунандаро бояд ба қайд гиранд.

Ба манфиати захмиён ва беморон ҳокимиятҳои ҳарбӣ метавонанд ба аҳолӣ бо даъвати ихтиёрӣ ҷамъ карда гирифтану ба онҳо нигоҳубин кардан (зери назорати худ) муроҷиат карда, барои одамони чунин даъватро пазируфта парасторӣ ва имтиёзҳои зарурӣ муқаррар намоянд. Ҳокимиятҳои ҳарбӣ вазифадоранд ба аҳолӣ ва муассисаҳои хайрхоҳ дар ноҳияҳои истилошуда иҷозат диҳанд, ки бо хоҳиши худ захмиён ва беморонро ҷамъ карда гирифта, ба онҳо кӯмакҳо ва нигоҳубини заруриро пешниҳод кунанд. Нуктаи асосӣ мутобиқи конвенсия ин аст – ҳеҷ кас барои он ки ба захмиёну беморон нигоҳубин кардааст, набояд таъқиб ё маҳкум карда шавад.

Конвенсияи дуюми Женевагӣ нисбати захмиён, беморон ва киштишикастагон дар баҳр истифода мешавад. Зимнан, конвенсия ба киштишиканӣ фаҳмиши нисбатан васеътар мебахшад:

…истилоҳи «киштишикаста» ба ҳама гуна киштишиканиҳо, сарфи назар аз ҳолатҳои рух додани онҳо аз ҷумла фурудоии иҷбории ҳавопаймоҳо дар баҳр ё дар баҳр афтодан, истифода бурда мешавад».

(Моддаи 12-и Конвенсияи Женевагии II)

Чун Конвенсияи 1 ин конвенсия ҳам ҷонибҳои дар ҳолати низоъ қарордоштаро вазифадор менамояд, ки барои захмиён, беморон ва киштишикастагон муносибату нигоҳубини инсондӯстонаро таъмин намоянд. Ҳама гуна таарруз ба ҳаёт ва шахсияти онҳо қатъиян манъ аст, яъне маҳву қир кардан, дучори шиканҷа, озмоишҳои биологӣ ва озмоишҳои дигар гардондани онҳо манъ карда шудааст.

Ба киштиҳои ҳарбии ҷонибҳои ҷангкунанда ҳуқуқ дода шудааст захмиён, беморон ва киштишикастагони дар киштиҳои ҳарбӣ-госпиталҳо, госпиталҳои ҷамъиятҳои хайриявӣ ва ё ҷойҳои дигар қарордоштаро, агар вазъи саломатии чунин ашхос барои бозгашти онҳо ба давлатҳои шаҳрвандиашон имконият диҳад, талаб карда гиранд.

Захмиён, беморон, киштишикастагони дар дасти душман қарордошта асирони ҳарбӣ маҳсуб мешаванд ва нисбат ба онҳо меъёрҳои марбут ба асирони ҳарбии ҳуқуқи байналмилалӣ истифода мегарданд. Дар чунин ҳолатҳо мамлакати асиргирифта ҳақ дорад, ки онҳоро дар ҳудуди худ нигоҳ дорад; ба бандари худ фиристад, ба бандари бетараф фиристад, ё онҳоро ба бандари тарафи душман интиқол диҳад.

Ҳангоми ба давлати бетараф супурдани захмиён, беморон ва киштишикастагон давлати бетараф вазифадор аст, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ намояд ва тадбирҳо андешад, то ки онҳо дигар дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок карда натавонанд.

Конвенсия давлатҳои ҷангикунандаро вазифадор месозад, ки баъди ҳар як муҳориба тамоми тадбирҳои заруриро андешанд, то ки киштишикастагонро ҷустуҷӯю дарёфт карда, ҳамаи маълумотҳои ба муқаррарсозии шахсияти онҳо мусоидаткунандаро ба қайд гиранд, онҳоро аз ғорат эмин доранд ва барояшон нигоҳубини заруриро таъмин кунанд. Ҳар дафъа оид ба интиқоли захмиёну беморон аз минтақаҳои муҳосирашуда бо роҳҳои баҳрӣ созишномаҳо баста мешаванд.

Пешбинӣ мешавад, ки киштиҳои госпиталии таъиноташон расонидани кӯмак ба беморон ва захмиён ва киштишикастагон ва кашондани онҳо набояд дучори ҳамла ё боздошту дастгиркунӣ гарданд, онҳо бояд эҳтиром ва ҳифз карда шаванд. Муассисаҳои соҳилӣ, киштиҳои госпиталии сарфи назар аз ҳаҷму ғунҷоишашон аз ҷониби ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх истифодашаванда, нақлиёти санитарӣ, кормандони тиббӣ ва госпиталҳо ва ғайра аз парастории махсус бояд баҳраманд бошанд.

Конвенсияи сеюми Женевагӣ ба проблемаҳои муносибат бо асирони ҳарбӣ бахшида шудааст.

Конвенсия вазифадор менамояд, ки бо асирони ҳарбӣ муносибати инсондӯстона карда шавад. Ҳама гуна амали ғайриқонунии ба ҳалокати асири ҳарбӣ боисшуда ё саломатии ӯро зери хатар гузоранда манъ аст ва чун ҷиддан вайрон кардани конвенсияи мазкур баррасӣ мешавад. Аз ҷумла асири ҳарбӣ набояд маъюбу маслуқ карда шавад ва мавриди озмоиши тиббӣ қарор гирад. Онҳо аз ҳимоя аз ҳама гуна зӯроварӣ ё тарсондану таҳқир кардан истифода мекунанд.

Давлати асирони ҳарбӣ дошта вазифадор карда мешавад, ки нигаҳдории онҳоро таъмин намояд ва агар вазъи саломатии асирони ҳарбӣ талаб кунад, ба онҳо ёрии зарурии тиббӣ расонад. Онҳо аз тарафи мамлакате, ки дар он қарор доранд, бояд бо шаҳодатномаи мувофиқ таъмин карда шаванд. Шароити ҷойгирсозии асирони ҳарбӣ дар лагерҳо бояд мисли шароити қӯшунҳои мамлакате бошад, ки асирони ҳарбӣ дорад. Биное, ки онҳо ҷойгиранд, бояд гарм ва равшан карда, аз намӣ ҳифз карда шавад, вояи шабонарӯзии хӯрок аз нигоҳи миқдор, сифат, гуногунрангӣ ва ғайра бояд кофӣ бошад. Асирони ҳарбӣ бояд бо кӯмаки зарурии тиббӣ таъмин карда шаванд, зарур аст, ки давра ба давра муоинаи тиббӣ ва дигар тадбирҳои таъминкунандаи зиндагии мӯътадили онҳо сурат гиранд.

Конвенсия ба ҷонибҳои ҷангкунанда имкониятҳои васеи бастани созишномаҳои махсусро оид ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба беҳсозии вазъияти асирони ҳарбӣ пешниҳод менамояд: онҳо дар тамоми давраи нисбаташон истифода шудани конвенсия аз тамоми бартариҳои ин созишномаҳо бархурдор мешаванд.

Дар қисмати IV конвенсия, ки бозгашти захмиёну беморон, ҳамчунин озод кардан ва бозгашти асирони ҳарбиро баъди анҷом ёфтани амалиётҳои ҷангӣ пешбинӣ менамояд, қоидаҳои басо муҳим зикр гардидаанд.

Байни конвенсияҳои Женевагӣ Конвенсияи IV, ки оид ба ҳифзи аҳолии осоишта дар вақти ҷанг қоидаҳои басо вусъатнокро муқаррар менамояд, махсус ҷудо мешавад.

Муқаррароти конвенсияи мазкур ба тамоми аҳолӣ, новобаста аз миллат, нажод, дин ва ғайра, дахл доранд. Барои таъмини амнияти беморон, захмиён, пиронсолон, кӯдакони то 15-сола, занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдаки то 7 сола дошта то саршавӣ ё баъди саршавии амалиётҳои ҷангӣ ташкил кардани минтақаҳои санитарӣ ва бехавф пешбинӣ карда мешавад. Ҷонибҳои низоъкунанда барои ҳифзи категорияҳои муайяни аҳолӣ метавонанд бобати таъсиси минтақаҳои бетараф муоҳида кунанд.

Минтақаҳои дар ноҳияҳои ҷанг давоммекарда ташкилгардида барои ҳимояи ҳамаи ашхос, бе фарқиятгузорӣ аз хавфу хатари ҷанг, ки дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок надоранд ё дигар иштирок намекунанд ва ҳангоми дар ин минтақаҳо будан ягон хел кори характери ҳарбӣ доштаро ба ҷо намеоранд, бетараф эътироф мегарданд.

(Моддаи 15-и Конвенсияи IV)

Фасли 11 Конвенсияи IV меъёрҳои ҳифзи умумиро, ки ба ҳамаи ашхоси ба низоъи мусаллаҳона фарогирифташуда паҳн мешаванд, таҳким мебахшад. Ин ба кафолатҳои расонидани ёрии тиббӣ ба эҳтиёҷмандон, ҳамлу нақли захмиён ва беморон, сабуксозии сарнавишти кӯдакон, таъмини имконияти хабар додани ҷои худ ба аъзои оила ва аз онҳо гирифтани ахбори характери оилавидошта дахл дорад. Ҷонибҳои даргир бояд ба ҳамроҳшавии оила мусоидат кунанд, принсипи эҳтироми шахсият, шаъну эътибор, ҳуқуқҳои оилавӣ, эътиқоди динӣ ва маросим, одатҳо ва оинҳоро риоя намоянд. Онҳо ба муносибати инсондӯстона ва ҳимоя ҳақ доранд, муносибати бераҳмона бо онҳо ва ғорат кардан, гаравгонгирӣ ва ғайра манъ аст. Конвенсия ҳамчунин ҳуқуқи хориҷиёнро баҳри тарк кардани ҳудуди ҷонибҳои даргир таҳким мебахшад; ба давлати иштирокдори конвенсия додани ашхоси зери парастории ӯ қарордошта ба давлате, ки конвенсияро имзо накардааст, ҳамчунин ба давлате, ки он ҷо ин ашхос аз дучоршавӣ бо таъқибот ба сабаби эътиқоди сиёсиву динии худ хавф доранд, манъ карда мешавад. Умуман, конвенсияи IV қоидаҳое муқаррар менамояд, ки тибқи онҳо ҳимоя аз худсариҳо ва зӯровариҳо нисбат ба ашхоси мулкии дар тобеияти душман афтода таъмин карда мешаванд.

  1. Протоколҳои иловагӣ ба Конвенсияҳои Женевагӣ

Аммо конвенсияҳои зикршуда ба проблемаи ҳифзи аҳолии осоишта аз таъсироти бевоситаи ҷанг дахл накардаанд. Бинобар ин Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх ба баррасии конфронси дипломатӣ ду Протоколи иловагиро ба конвенсияҳои Женевагӣ таҳия карда пешниҳод намуд, ки 8 июни соли 1977 қабул карда шуданд.

Дар Протоколи 1 меъёрҳои нави марбут ба низоъҳои мусаллаҳонаи байналхалқӣ омадаанд, ки иловаҳои муҳиме ба ҳамаи конвенсияҳои женевагӣ мебошанд. Конвенсияҳо ва Протоколи 1 дар ҳамаи ҳолатҳо истифода шуда, то қатъшавии амалиётҳои ҷангӣ байни давлатҳои низоъкунанда ва дар ҳудудҳои истилошуда то қатъшавии истило давом мекунанд.

Протоколи 1 конвенсияҳои женевагиро нисбати ҳифзи захмиён, беморон ва киштишикастагон пурра месозад. Муқаррарот дар хусуси истифодаи силоҳ, тирҳо, мавод ва усулҳои бурдани ҷанг, ки қодиранд харобию азиятҳои аз ҳад зиёд ба бор оранд, боиси таваҷҷӯҳи махсус аст. Дар Протокол манъ будани хисороти аз ҳад зиёд васеъ, дарозмӯҳлат ва ҷиддӣ ба муҳити табиӣ зикр шудааст. Дар Протокол ба ҳифзи аҳолии осоишта ва объектҳои гражданӣ диққати ҷиддӣ дода шудааст: ҷонибҳои даргир вазифадоранд, ки аҳолии осоишта ва комбатантҳо, ҳамчунин объектҳои гражданӣ ва объектҳои ҳарбиро фарқ кунанд ва мутаносибан ба ин амалҳои худро танҳо бар зидди объектҳои ҳарбӣ равона созанд.

Протоколи II аз 8 июни соли 1977, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаи марбут ба низоъҳои мусаллаҳонаи характери ғайрибайналхалқӣ дошта мавҷуд буда, ҳифзи башардӯстонаро ҳангоми ҷангҳои шаҳрвандӣ вусъат мебахшанд, иловаи муҳиме ба конвенсияҳои Женевагӣ аз 12 августи соли 1949 мебошанд.

Мақсади асосии Протоколи II аз он иборат аст, ки ба низоъҳои мусаллаҳонаи ғайрибайналхалқӣ меъёрҳои асосии Протоколи 1-ро оид ба ҳифзи аҳолии осоишта аз оқибатҳои амалиётҳои ҷангӣ паҳн намояд.

Умуман, Протоколи II баробари ҳифзи аҳолии осоишта ҳимоя ва нигоҳубини беморон, захмиён ва киштишикастагон, ҳифзи объектҳои барои зинда мондани аҳолии осоишта зарурӣ, ҳамчунин арзишҳои фарҳангӣ ва ғайраро муқаррар менамояд.

Ба ин тариқ, дар протоколҳои иловагӣ принсипҳои асосии ҳуқуқии байналмилалии башардӯстона – маҳдудияти воситаҳои бурдани ҷанг, манъи ҳамлаоварӣ ба аҳолии осоишта, зарурати фарқиятгузорӣ байни ашхоси дар амалиётҳои ҷангӣ иштироккунанда ва аҳолии осоишта – таҳкими минбаъдаи қонунӣ ёфта, соҳаҳои истифодаи онҳо васеъ гардонда шудаанд.

Дар ташаккули ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва таъмини ҳуқуқҳои одамон Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх (КБСС), ки оид ба фаъолияти он Шумо аллакай тасаввурот доред, нақши махсус бозидааст. Ду протоколи иловагии соли 1977 ба конвенсияҳои Женевагӣ ҳам маҳз бо ташаббуси КБСС қабул гардидаанд. Конвенсияҳои Женевагӣ дар айни замон қарордодҳои байналхалқии беш аз ҳама эътирофгардида маҳсуб мешаванд.

? Ба хотир оред, ки Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар вақти низоъҳои мусаллаҳона чӣ кӯмакҳое мерасонад?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: конвенсияҳои Женевагӣ, протоколҳои иловагӣ ба конвенсияҳои Женевагӣ, ҳифзи башардӯстона,, минтақаҳои бетараф.

7 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.