Тоқатпазирӣ (толерантӣ), ғайризӯроварӣ ва муколама

Қаҳрамони аз ҳама бузург кист? Оне, ки душманонашро ба дӯстони худ табдил медиҳад.

Зарбулмасали исроилӣ.

1. Мафҳуми тоқатпазирӣ

Дар нахустин ҳуҷҷати Созмони Милали муттаҳид – Оинномаи он зарурати истифодаи амалии тоқатпазирӣ ва нигаҳдории сулҳ, адолат, ҳуқуқҳои инсон ва пешбурди прогресси иҷтимоӣ таҳким бахшида шудааст.

Меъёри асосии рафтор барои инсоне, ки ба ҷаҳони беруна муқовимат мекунад (дар сурати мавҷудияти мавқеи фаъолона), мавҷудияти чунин принсипҳои нармкунандаи ихтилофот чун ғайризӯроварӣ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва тоқатпазирӣ мебошад.

Ҷустуҷӯи қарорҳои мусолиҳатомез дар худ дарки равони номукаммалии маънавии инсонро фаро мегирад. Тоқатпазирӣ барои ташаккули малакаҳои фаҳмиши ноадолатӣ асос гузошта, одамро ба самти бартарафсозии ин ноадолатӣ бо мақсади гузариш аз вазъи ихтилофӣ ба созиш ва барқарорсозии мувозинати иҷтимоӣ раҳнамун месозад.

Ҳамдигарфаҳмӣ барои аз ҷониби ҳама (ҷонибҳои вазъи ихтилофӣ) дарк кардани зарурати муваффақшавӣ ба адолат лозим аст. Заминаҳои аввалин барои ҳамдигарфаҳмӣ таваҷҷӯҳ ва шавқмандӣ ба одамони дигар мебошад. Муваффақшавӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ имконпазирии бетафовутиро истисно мекунад ва тоқатпазириро ба омодагии шавқмандонаи қабул кардани шахси дигар, тавре ки ҳаст, табдил медиҳад.

Тоқатпазирӣ – толерантӣ (аз лотинии tolerantia), ки мазмунан ба калимаву таркибҳои «ризоият», «тоқат кардан», «эҳтиром кардан» наздик аст, ифодагари лаёқатмандии одам, ҷомеа ва давлат бобати гӯш карда тавонистан ва эҳтиром кардани фикри дигарон, истиқбол кардани фикри аз фикри ӯтафовутдошта мебошад.

Гузаштагони бузурги мо Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар асари худ ба мавзӯъҳои ҳамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, эҳсосот ва манфиатҳои дигарон дахл кардаанд. Чунончи, ба гуфтаи Мавлоно Румӣ «муошират ва ҳамдигарфаҳмӣ калиди фаҳмиши ҳақиқат аст».

«Тоқатпазирӣ» эҳтиром, арҷгузорӣ ва арзёбии гуногунрангиҳои бойи» фарҳангҳои ҷаҳонӣ, шакли ифода ва навъҳои моҳияти инсонист. Он ба туфайли дониш, ошкороӣ, муоширати байниҳамдигарӣ, озодии афкор, виҷдон ва дин ҳосил мешавад. «Тоқатпазирӣ» барои инсон маънии бе зарурати ба сари дигарон таҳмил кардани нуқтаи назари хеш худ бо худ буданро дорад. «Тоқатпазирӣ» пеш аз ҳама эътирофи бечуну чарои ҳуқуқҳои умумӣ ва озодиҳои асосии ҳамаи одамон аст. Аммо амалияи тоқатпазирӣ маънии тоқат кардан ба ноадолатии иҷтимоӣ ё даст кашидан аз барқарорсозии адолатро мувофиқи қонун бо тартиботи судӣ надорад.

Тоқатпазирӣ озодии одамон, тавре ки ҳастанд, ҳамон хел будан, ба он чи ки эътимод кардан мехоҳанд, эътимод доштани онҳоро эътироф мекунад. Ва одами тоқатпазир кӯшиш намекунад ва ё шояд намехоҳад, ки ҳама чизро мутобиқан ба эътиқодмандиҳои худ дигаргун созад. Вай мефаҳмад, ки афкору ақидаҳои ӯ ҳуқуқи эҳтиром кардан доранд, вале онҳо наметавонанд мақбули ҳамагон бошанд ва одамони дигар низ фикру андешаҳои баъзан аз нуқтаи назари ӯ фарқкунанда моликанд. Асоси тоқатпазирӣ, ки хос буданро раво медонад, миқёсан васеъ ва гуногун будани андешаву ақидаҳост.

«Тоқатпазирӣ муваффақшавиро ба сулҳ имконпазир мегардонад ва аз фарҳанги ҷанг ба фарҳанги сулҳ мебарад», – омадааст дар Эъломияи принсипҳои тоқатпазирӣ, ки конфронси генералии ЮНЕСКО соли 1995 қабул кардааст. Бо ташаббуси ЮНЕСКО ин солро Созмони Милали муттаҳид Соли тоқатпазирӣ ва ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро Рӯзи умумиҷаҳонии тоқатпазирӣ эълон кардааст. Дар Эъломия мафҳуми тоқатпазирӣ чунин муайян карда шудааст:

– Эҳтиром, қабул ва фаҳмиши дурусти бисёррангии бойи фарҳангҳои ҷаҳони мо, шаклҳои худифодасозӣ ва зуҳури фардияти инсонӣ;

– дасткашӣ аз догматизм, аз мутлақигардонии ҳақиқат ва қабулу тасдиқ кардани меъёрҳои дар санадҳои байналмилалӣ – ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон муқарраркардашуда.

Тоқатпазирӣ гузашт кардан, паст омадан ё такрор кардан нест, балки пеш аз ҳама муносибати фаъолонаи дар асоси эътирофи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии универсалии инсон ташаккулёбанда мебошад.

2. Зуҳури тоқатпазирӣ – асоси ҳуқуқҳои инсон

Яке аз одамони аз ҳама донишманду фарҳангии замони худ академик Дмитрий Лихачёв гуфтааст: «Халқи бузург, халқи дорои фарҳанги бойи худ, халқи дорои анъанаҳои миллии худ, агар махсусан тақдири вай бо тақдири халқи хурд пайваст бошад, вазифадор аст, ки накӯкору накӯрой бошад. Халқи бузург бояд ба халқи хурд кӯмак расонад, ки худро, забони худро, фарҳанги худро нигоҳ дорад».

А. Н. Иоффе масъалаи пайдоиши мафҳуми «тоқатпазирӣ» ва алоқамандии байниҳамдигарии ин истилоҳро бо ҳуқуқҳои инсон таҳқиқ кардааст. Вай тоқатпазириро чун баҳамоӣ муайян карда, ҷанбаҳои асосии тоқатпазириро чунин тавсиф бахшидааст: ҷанбаҳои арзишманд, фаъолиятманд, равонӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ. Ҷанбаи арзишманд ин озодӣ, эҳтироми бисёррангӣ, мусолиҳа, ҳамраъӣ аст. Ҷанбаи фаъолиятманд пуррасозии ҳамдигар, кооператсия, муколама, мубоҳиса, созиш, муошират мебошад. Ҷанбаи равонӣ маънои эҳтиром, баҳамоӣ, накӯхоҳиро дорад. Ҷанбаи фарҳангӣ ба худ хос будан, тоқатпазирии этникӣ мебошад. Ҷанбаи ҳуқуқӣ баробарҳуқуқист. Илова бар ин вай дар сари масъалаи тоқатнопазирӣ дар сатҳҳои гуногуни ҳаёти инсон ва ҷомеа муфассат таваққуф кардааст: сатҳи шахсиятӣ нозпарвардӣ, ҳасуд, таҷовуз аст; сатҳи равонӣ ҳарифӣ, дуршавӣ, бадбинӣ мебошад; сатҳи иҷтимоӣ табъиз, экосид ба шумор меравад; сатҳи этникӣ этномарказонӣ, миллатгароӣ, нажодпарастӣ, геносид маҳсуб мешавад; сатҳи идеологӣ бунёдгароӣ, таассуб, экстремизм аст; сатҳи давлатӣ ҷустуҷӯи душман, милитаризм, тоталитаризм мебошад; сатҳи байналмилалӣ глобализм, терроризм аст.

Вақтҳои охир мафҳуми тоқатпазирӣ дар сиёсат, фарҳанг, маориф ва ҳатто дар маишат бисёр истифода мешавад. Зимнан, мо пештар ҳам дар бораи тоқатпазирӣ сухан мерондем ва бо вуҷуди мавҷудияти фарқиятҳои зист дар тафсири ин калима умуман маънии онро мефаҳмидем. Вале проблемаи камолоти муносибати тоқатпазирона ба одамони мансуб ба миллату табақаҳои дигар маҳз имрӯз басо муҳим гардидааст. Низоъву ихтилофоти доимии байниэтникӣ ва байнитабақавии аз ҷумла таҳдидкунандаи мубаддалшавӣ ба ихтилофоти глобалӣ талаб мекунад, ки фарҳанги нави муносибатҳои дар заминаи эҳтиром ва қабули фарҳанги бегона бунёдгардида ташаккул ёбад.

Дар таълим тоқатпазирӣ ба ташаккули муносибатҳои ошкоро, шавқмандии мусбат ба фарқиятҳо ва эҳтироми гуногунрангӣ, маҳорати мутобиқсозии манфиатҳои худ бо манфиатҳои одамони дигар даъват менамояд. Ин яке аз унсурҳои муҳимтарини фарҳанги ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Дар муносибатҳои байниҳамдигарии шахсият бо субъектҳои дигари муносибатҳои ҷамъиятӣ муколама метавонад ба сифати воситаи муҳими муошират ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат намояд. Фарҳанги муколама зуҳури тоқатпазирӣ мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: тоқатпазирӣ, тоқат кардан, оштинопазирӣ, муколама.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.