Ғояҳои ҳуқуқи инсон дар афкори мутафаккирони форс-тоҷик

 

1. Масъалаи эътироф ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар аҳди зардуштӣ

Аҷдодони тоҷикон дар мулкҳои Суғду Бохтар, Хоразму Хуросон аз даврони қадим сукунат намуда, ба ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатҳои қадима таъсири бузург расонидаанд. Дар даврони тамаддуни зардуштӣ, ки аз ибтидои ҳазораи яки қабл аз милод то қарни У11 милодиро фаро мегирад, қисмати асосии ҳудуди мардуми тоҷику форс зери таъсири тамаддуни ҳуқуқии зардуштӣ қарор дошт. Сарчашмаҳои ҳуқуқии «Вандидод», «Бундаҳишн», «Динкард», «Шояст ва нашояст», «Ардавирофнома», «Минуи хирад», «Панду андарзҳои Анӯшервон» ва ғ. аз дастовардхои ҳуқуқие буданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ин даврон муқаррар мекарданд. Қобили қайд аст, ки мардуми форс (тоҷикон) аз қадим ба инсон ҳамчун ба мӯъҷизаи марказии олам муносибат намуда, ҳамеша дар боби ҳурмату эҳтироми ҳаққи инсон, волоияти мақоми он дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва озодии ӯ фикрҳои судманд гуфтаанд.

Яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқии зардуштӣ, ки дар даврони охири тамаддуни зардуштӣ нозил шудааст, нақл дар бораи марде рӯҳониест бо номи Вироф, ки ба ҷаҳони мурдагон сафар кардааст. Вироф дар мурофиаи судии охират ширкат варзида, аз он нақл мекунад, ки чӣ тавр дар он дунё шахсоне, ки ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанд, сазовори ҷазо мегарданду чӣ тавр онҳое, ки кори нек кардаанд, қадр карда мешаванд. Тибқи ин сарчашма ҷазои вазнин барои дуздӣ, зино, расонидани зарари маънавӣ муқаррар шудааст. Ҳуқуқ ба моликият, ба шаъну шараф, тозагии оила, муҳити зист дар ин сарчашма ҳамаҷониба ҳифз гардидаанд. Ин асар мазмунан ба ривояти мисрӣ ва мурофиаи судии Осирис монандӣ дорад.

2. Андешаҳои мутафаккирони тоҷику форс оид ба ҳуқуқу

озодиҳои инсон дар даврони асрҳои миёна

Баъд аз паҳн гардидани дини ислом дар Осиёи Миёна ҳуқуқи мусулмонӣ ҳамчун қисмати таркибии он ба ин минтақа роҳ ёфт. Сарчашмаҳои ҳуқуқи исломӣ чун муайянкунандаи ҳадду мазмуни ҳуқуқи инсон баромад мекарданд. Акнун мазмун ва мӯҳтавои инсон ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ аз назари ҳуқуқи исломӣ ва таълимоти динии нав таҳлил мегардид. Агарчанде дар даврони ибтидои паҳншавии ҳуқуқи исломӣ аз ҷониби ғозиёни (онҳое, ки бо зӯрӣ исломро паҳн менамуданд) исломӣ ақидаҳои суннатгароӣ бештар ҳис мешуд, вале баъдан исломи асрҳои миёна аз таҷрибаи идоракунии шоҳони Аҷам, фалсафаи Юнон ва ҳуқуқи римӣ васеъ истифода менамояд. Маҳз тавассути олимону донишмандони ғайри араб ( А.Форобӣ, А.Берунӣ, М. Ғазолӣ, А.Сино ва дигарон) ислом аз ин манбаъҳои пурғановати маънавӣ истифода намуд. Ҳамин тавр, назария оид ба ҳуқуқи инсон ба зинаҳои нави инкишофи ақлгароёнаи худ расид, ки дар он инсон ҳамчун мавҷудоти марказӣ таҳлил мешуд. Олимону ҳуқуқшиносони форс-тоҷик дар пайи эҷоди арзишҳои нави ҳуқуқӣ таъиноти Қуръон, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои шаръиро мадди назар гирифта, воситаҳои миллии эҷод, таҳия ва танзими ҳуқуқи инсонро кор карда баромаданд.

Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ роҷеъ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон панду андарзҳои зиёде гуфта. Ӯ тамоми инсонҳоро, новобаста аз вазъи иҷтимоию камбудии ҷисмонӣ, дар як сатҳ гузошта, мардӣ ва ҷавонмардиро ба шахсоне мансуб донистааст, ки дасти маъюбону ятимонро гирифта, онҳоро чун инсони комил эътироф мекунанд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Ақидаҳои Рӯдакӣ бештар ба ҷанбаҳои ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон бахшида шуда, дар онҳо омилҳои табиӣ ва иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои барҷомондагон ва пиронсолон бахусус таъкид шудааст. Дар «Қасидаи шикоят аз пирӣ» шоир бештар аз рӯзгори пирӣ ҳамчун даврони нотавонии инсон изҳори мулоҳиза намуда, зарурати нигоҳубин ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро дар ин даврон баён намудааст.

Гарчанде Форобӣ падари фалсафаи сиёсии араб ба шумор равад ҳам, андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва тақвияти ақидаҳои ҳуқуқии мардуми форс хеле назаррас аст. Ақидаҳои ҳуқуқии ӯ дар асарҳояш «Шаҳри накӯрой», «Моҳияти қонунҳои Афлотун» ва «Сухан оид ба таснифи илмҳо» гирд оварда шудаанд. Ба хусус дар асари «Шаҳри накӯрой» ӯ ба ташкили ҷомеаи адлпарвар кӯшиш намуда, роҳҳои нигоҳ доштани идоракунии адолатнок ва таъмини некӯаҳволии мардумро муайян намудааст. Ба ақидаи ӯ санъати идоракунии ҳоким бояд ба таъмини шароити мусоид барои хушбахтии одамон мувофиқат кунад. Дар пояи фаҳмиши хушбахтон ва бадбахтон ӯ ҷамъияти давлатҳои нек ва бадро кашф мекунад. Танҳо дар давлатҳои нек инсон худро ба пуррагӣ озод ва хушбахт ҳисобида метавонад.

Тибқи ақидаи Форобӣ ҳар як шаҳрванди шаҳри идеалӣ бояд дар ҳолати озодии дохилӣ ва баробарии зоҳирӣ қарор гирад. Ҳамин тавр, ба тариқи сатҳӣ ҳам бошад, Форобӣ заминаҳои назарияи ҷомеаи шаҳрвандиро ҳанӯз дар он даврон кор карда баромад, ки асоси онро баробарии шаҳрвандон, озодӣ ва таъмини хушбахтии аъзои он ташкил медиҳад.

Абулқосим Фирдасӣ дар баробари зинда намудани тамаддуни мардуми тоҷику форс ғояҳои олии инсондӯстии шоҳигариҳои Пешдодию Каёнии Аҷамро бо низоми устувори давлату давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш манзури ояндагон гардонидааст. Ӯ аз адлу инсоф, баробарию бародарӣ, озодию мустақилияти халқу миллатҳо дар либоси назм ақидаҳои судманду ибратбахш гуфтааст. Аз ҷумла, одилии шоҳ Нӯшинравонро дар озод намудани мардум аз пардохти вазнини андозҳо таъкид намуда, аз забони шоҳи одил баробарии мардумро новобаста аз мансабу вазифа ва шоҳу гадо будан дар назди офаридгор чунин таъкид мекунад:

Хирадманду бинодил онро шинос,

Ки дорад зи додори гетӣ сипос…

Маро дод фармуду худ довар аст,

Зи ҳар бартарӣ ҷовидон бартар аст.

Ба яздон расӣ, шоҳу кеҳтар якест,

Касеро ҷуз аз бандагӣ кор нест.

Дар назарияи Фирдавсӣ унсури муҳими ифодакунандаи ҳуқуқи инсон ибораҳои «дод», «ростӣ» (мутаносиби ҳақиқату адолат) ва «меҳр» (адлу инсоф) мебошанд, ки ҳоло низ назарияи навини ҳуқуқи табиӣ онҳоро маҳаки шинохти ҳуқуқи инсон қарор додааст:

Нафармуд моро ба ҷуз ростӣ,

Ки дев оварад кажживу костӣ…

Набояд, ки ҷуз доду меҳр оварем,

Дигар чин ба коре ба чеҳр оварем…

Фирдавсӣ то дараҷае ҳуқуқи инсонро мадди назар гирифтааст, ки дар пайравии таҷрибаи идоракунии шоҳони одили Сосонӣ дар ҳолати наборидани борони баҳор аз заминҳои лалмӣ гирифтани андозро манъ кардааст:

Махоҳед бож андар он буму руст,

Гар абри баҳораш ба борон нашуст.

Абӯ Ҳамид Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1111) яке аз бузургтарин алломаҳои форсу тоҷик аст, ки доир ба ҳуқуқ, давлатдорӣ, фалсафа ва диншиносӣ асарҳои зиёде таълиф намуда, барои пешбурди тамаддуни пешқадами асрҳои миёнаи Шарқ хизмати арзандае кардааст. Аз Муҳаммади Ғазолӣ асарҳои зиёд то ба замони мо омада расидаанд. Дар байни онҳо «Кимиёи саодат», « Эҳёи улум аддин», «Насиҳат-ул-мулук» ва ғайра маъруфу машҳуранд. Ақидаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҳуҷҷат-ул-ислом Муҳаммади Ғазолӣ дар аксари асарҳои ӯ ба назар мерасанд, вале дар байни онҳо «Насиҳат-ул-мулук» сирф ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Ғазолӣ ҳимояи ҳуқуқи инсонро бо роҳи тарбия намудани мақомоти роҳбарикунанда талқин мекунад. Аз ин назар ӯ ба фалсафаи сиёсии юнониён, подшоҳони Аҷам, паёмбарони қавми яҳуд ва асосгузорону донишмандони исломӣ такя намуда, кӯшиши дар доираи адл, инсоф, авф, баробарӣ, хайрхоҳӣ маҳдуд намудани ҳокимиятро менамояд. Ӯ ба ҳокимон ва маликҳо муроҷиат намуда, чунин андарзҳо мегӯяд:

«Фарзанди одамро адл кун, ҳамчунон ки бо ту адл кунанд».

***

«Ҳамдостон мабош бо зулм, ки вилоят вайрон шаваду раият дарвеш гардад. Ту он гоҳ подшоҳи дарвешон бошиву солори вайронӣ ва дар ҷаҳон бадном шавӣ».

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (1203-1205) яке аз мутафаккирони бузурги форсу тоҷик аст, ки дар мавзӯи баробарии инсонҳо, дастгирии ятимон, маъюбон ва дармондагон андешаҳои ҷолиб гуфтааст. Ӯ тамоми одамонро мансуб ба табиати ягонаи одамӣ ҳисобида, таъкид мекунад, ки онҳо бояд дар ғаму шодии якдигар шарик бошанд, ба зердастон раҳму шафқат намуда, ятимону бепарасторонро эҳтиром созанд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

***

«Ҳар кӣ ба зердастон набахшояд, ба ҷаври забардастон гирифтор ояд.»

***

«Бар раияти заиф раҳм кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинӣ».

(Аз «Гулистон»)

Мавлоно Ҷалолуддинӣ Румӣ дар асари безаволаш “Маснавии маънавӣ” пайванди ногусастании дӯстии мардуми форс, араб ва туркро суруда, дар либоси назм ҳамдигарфаҳмию гуфтугӯи воқеии намояндагони динҳои масеҳият, насрония ва исломро бо маърифати баланди инсонӣ сурудаст:

Дар маъонӣ қисмату аъдод нест,

Дар маъонӣ таҷзия в-афрод нест.

Иттиҳоди ёр бо ёрон хуш аст,

Пойи маънӣ гир, сурат саркаш аст.

Абӯалии ибни Сино (950-1037) роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ изҳори назар намуда, аввалин шуда, зарурати фардикунонии мансабдорони давлатиро таъкид кардааст. Тибқи ақидаи ӯ як шахс дар як вақт наметавонад ҳам низоми идории шаҳрро бар ӯҳда дошта бошад ва ҳам низоми идории деҳро. Дар чунин сурат ҳуқуқҳои инсонҳо поймол мегардад, зеро шаҳр барои қонеъ гардонидани талаботи худ нерӯи муайянро доимо талаб дорад ва деҳ бошад, мутобиқан сарвари худро бояд дошта бошад. Гузашта аз он, дар чунин сурат як шахс бар манфиати худ сӯиистифода аз мансаб намуда, ҳуқуқҳои авомро поймол хоҳад намуд. Аммо дар масъалаи қонунгузорӣ бошад, Сино ҷонибдори он аст, ки як мақоми қонунбарор метавонад ҳам барои танзими низоми шаҳр ва ҳам барои танзими низоми деҳ қонун қабул намояд. Ба назар чунин мерасад, ки ин табиби бузург аз илми сиёсат ва ҳуқуқ хуб огоҳӣ дошта, аввалин шуда назарияи тақсимоти ҳокимиятро дар Шарқ тарҳрезӣ намудааст.

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ (1017-1092) машҳур ба Низомулмулки Тӯсӣ шахсест, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва мадании халқҳои Шарқ мавқеи назарраси илмӣ ва амалиро дорост. Ӯ дар байни мутафаккирони форсу тоҷик ва умуман ҷаҳон яке аз аввалин шахсиятҳои сиёсист, ки дар сари қудрати вазирӣ нишаста, бо супориши сарвари замони хеш китобе роҷеъ ба идораи давлат бо номи «Сиёсатнома» навиштааст. Низомулмулк дар «Сиёсатнома» ба давлату давлатдорӣ диққати махсус дода, назарияи идоракунии шарқиро, ки аз таҷрибаи пешқадами шоҳони пешин ва замони исломӣ сарчашма мегирифт, барои давлатҳои қуруни вустоӣ ҳамчун намунаи модел тарҳрезӣ намудааст, ки дар он хушбахтии инсон ва ҳимояи ҳаққу инсоф мавқеи марказиро ишғол менамояд.

«Чун дуои халқ ба некӯӣ пайваста гардад, мулк пойдор бувад ва ҳар рӯз зиёдат бошад, он малик аз давлату рӯзгори худ бархурдор бувад. Бад-ин ҷаҳон номи некӯ ва бад-он ҷаҳон растагорӣ ёбад ва ҳисобаш осонтар бувад, ки бузургон гуфтаанд: “Мулк бо куфр бипояду бо зулм напояд”.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз машҳуртарин донишмандони замони Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ буда, бо эшон мукотибаю дӯстӣ доштааст. Мақоми ӯ, махсусан, дар воизиву тарғиби ахлоқи ҳамида шоистаи таваҷҷӯҳ аст. Мероси адабиву ахлоқии Ҳусайн Воизи Кошифӣ доманаи бепоён дошта, он мабнои фанҳои ахлоқ, таърих, тафсир, тасаввуф, фиқҳ ва ғайраро фарогир аст. Ба қавли муҳаққиқин миқдори асарҳои илмии ӯ беш аз чил аст. Дар байни онҳо «Тафсири Ҳусайнӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Рисолаи Хотамия», «Бадоеъ-ул-афкор», «Ахлоқи мӯҳсинӣ», «Мавоҳиб-ул-зуҳал» ва ғ. мавқеи назаррасро ишғол менамоянд. Дар асарҳои ӯ назарияҳои ҷолиби диққат оид ба адлу ҳақиқат, инсоф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон баён ёфтаанд.

Додгарӣ шарти ҷаҳондорияст,

Давлати боқӣ зи камозорияст.

Мамлакат аз адл шавад пойдор,

Кори ту аз адли ту гирад барор.

1. Пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи инсон дар тамаддунҳои

қадимаи Шарқӣ ва Ғарбӣ

Эҳтимол меравад, ки ибтидои шинохти расмии ҳуқуқи инсон чи дар тамаддуни қадимаи Шарқӣ ва чи дар тамаддуни Ғарбӣ дар зинаҳои ибтидоии ҳаёти иҷтимоӣ ҳамоҳанг ва монанд буд. Зеро нахустинсонҳо бо табиати якхела ва талаботи ҳаммонанд ба ҳаёти иҷтимоӣ (чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб) қадам гузоштаанд. Дигар ин ки воситаҳои ҳимояи ин ҳуқуқҳо дар ин минтақаҳо ба усулҳои якхелаи ақлӣ ва ғайриақлӣ такя намуда, манбаи эътирофи ҳуқуқи инсонро на дар табиати иҷтимоии он, балки дар талаботи худоҳои аввалия медиданд. Тасаввуроти динии қадима дар заминаи сатҳи пасти шуури одамон ба сарчашмаҳои ғайриақлӣ такя мекард. Худоҳои осмонӣ Осирис, Аҳура Маздо, Митра, Зевс ва ғ. ҳуқуқи инсонро муайян мекарданд ва иҷрои онро тавассути ҳодисаҳои табиӣ гуё назорат менамуданд. Агар хушксолӣ, гармии аз ҳад зиёд, хунукӣ ва ё боришоти аз ҳад зиёд мешуд, ба тафсири коҳинон ин нишонаи беадолатиҳои инсон дар рӯи замин буд. Худоҳои асотирии борон, офтоб, раъду барқ, об ва ғ. тибқи тасаввури мардумони қадим ба ҳаёти онҳо таъсир мерасониданд. Ҳатто гунаҳкорӣ ва ё бегуноҳии шахсро тавассути усулҳои ғайриақлӣ- ордалия(важи гарм ва сард) исбот менамуданд. Ин ҳама нишонаи он буд, ки ҳуқуқи инсон дар ин зинаҳо чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб ба усулҳои эътироф ва ҳимояи ғайриақлӣ ва ғайришаклӣ шабоҳат дошт. Манбаи эҷод ва ҳимояи ҳуқуқи инсон қувваҳои табиӣ ва осмонӣ буданд. Инсон ҳанӯз аз рӯи талабот дарк намекард, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ шарти мавҷудияти ӯст. Ҳатто сабаби тавлиди фарзандро нафаҳмида, занро дар тамаддуни қадима чун офаридгор мепарастиданд.

2. Хусусияти эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар тамаддуни Шарқӣ

Бо вуҷуди он ки дар ибтидоии пайдоиши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ умумиятҳо зиёд буданд, рафта –рафта байни онҳо дар усулҳои шинохт ва эътирофи ҳуқуқҳо фарқиятҳо пайдо мешаванд. Ин фарқиятҳо бо асосҳои ҷуғрофии макони зист, вазъияти боду ҳаво ва махсусияти инкишофи шуури ин халқиятҳо вобастагӣ дошт. Қисмати давлатҳои шарқӣ, ки дар шароитҳои мусоиди табиӣ қарор доштанд ва тасаввуроти динию сиёсии бармаҳалро соҳиб буданд, бо бунёди иншоотҳои азиму шаҳрҳои аввалия якбора ба низоми ғуломдории махсусияти коллективидошта ворид шуданд (Миср, Бобулистон). Аммо қисмати дигарашон (Осиёи Миёна, аз ҷумла сарзамини таърихии Тоҷикистон), ки бо истеҳсолоти осиёгӣ дар ибтидо маълуманд, дар оғози ташаккули ҳуқуқи давлатӣ, мақомоти идоракунӣ ва эътирофи ҳуқуқҳои нахустини иҷтимоии инсон истисмори молу мулки инсонро намедонистанд. Моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот умуман вуҷуд надошт. Деҳқонон ва ҳунармандони озод табақаҳои асосии ҷамъиятро ташкил медоданд. Ҳуқуқҳои табиии инсон бо ҳуқуқхои нахустини иҷтимоии ӯ: ҳуқуқ ба меҳнат, ба шикор, ҳуқуқ ба ҳунармандӣ, ки ҳамчун мероси даврони авлодӣ баромад мекарданд, дар зинаи нав – зинаи обшинагӣ-ҷамоавӣ арзи вуҷуд мекарданд. Моликият махсусияти коллективиро дошта, тамоми аъзои ҷомеа ба замин ва дигар неъматҳои табиӣ ҳуқуқи баробар доштанд. Ҳуқуқҳои молумулкӣ ба замин, манзил, об ва ғ. умумӣ буд. Давлатҳои нахустини шарқӣ, ки бо чунин омилҳо пайдо шудаанд, бо ду аломат аз дигарон тафовут доштанд:

1. Аз рӯи типи таърихиашон – давлатҳои нахустини зироатпарварӣ

2. Вобаста ба шақли идоравиашон- давлатҳои ҷамоавӣ –табақавӣ.

Дар онҳо деҳқонони озод ва табақаҳои ҳунарманд, ки бунёдкори нахустин шаҳр-давлатҳо буданд, нақши муҳим бозидаанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсонҳои нахустин дар вазифаи давлатҳои нахустини шарқӣ чунин буд:

1. Таъмини мардум бо неъматҳои лозима бо усули тақсими адолатноки меҳнату маҳсули меҳнат;

2. Нигоҳ доштани идоракунии марказонидашуда ва танзими муносибатҳои мураккабшудаистода;

3. Таъмини тартибот ва бехатарии мардум.

Ҳамин тавр, инкишофи озоди сохтори авлодии давлатҳои Шарқи осиёӣ ба бунёди давлатҳои типи зироатпарварӣ бо шакли идораи ҷамоавӣ мусоидат карда, табиатан ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҳудуди манфиатҳои коллективӣ ҳамчун шарти мавҷудияти нахустин чамъиятҳои сиёсӣ ҳимоя намуд. Ин давлатҳо дар муқоиса бо дигар давлатҳои шарқӣ ва ғарбӣ хусусияти синфӣ ва истимориро надошта, ягона проблемаашон идораи чамъиятҳои мураккабгардида буд.

3. Тамаддуни мисрӣ ва масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон

Дар тамаддуни мисрӣ, ки тамаддуни нисбатан қадимаи ҳаёти иҷтимоии инсон ба шумор меравад, нишонаи равшани давлати нахустини синфии навъи ғуломдорӣ инъикоси худро ёфтааст. Аз он давроне, ки шоҳигарии Нили боло бо шоҳигарии Нили поин як мешавад (тақрибан соли 3118 то милод) ва сохтмони пирамидаҳои бузурги Миср сар мешавад, он ягона давлати абарқудрати навъи ғуломдорӣ дар ҷаҳони қадим буд.

Мисри қадим, ки давлати синфии ғуломдорӣ буд, чунин усулҳои низоми идориро дошт, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳдуд карда мешуд:

1. Ҳокимияти сиёсӣ дар дасти як нафар-Фиръавн муттаҳид шуда буд;

2. Ҳуқуқ ва моликияти табақаҳои мухталиф аз марказ муқаррар мешуд;

3. Мардуми оддӣ ҳуқуқ ба моликият надошт;

4. Шоҳ сояи Худо дар рӯи замин ҳисоб мешуд ва шакли идора истибдодӣ буд.

Бо вуҷуди он ки давлати Миср давлати ғуломдорӣ ва истибдодӣ буд, дар замири ин давлат идеяҳои адлу инсоф, баробарию бародарӣ ва ғояи роҳи нек тарғиби худро дошт. Ба ин тамаддун кашфи тарозуи инсоф, ки кирдори неку бади инсонро бармекашид, мансуб аст, Онро баъдан форсҳо ва юнониҳо қабул намуда, то низоми судии имрӯза расонидаанд.

4. Ҳуқуқ ва озодии инсон дар тамаддуни форсҳо

ва таълимоти Зардуштия

Эътироф ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар тамаддуни мардуми Эрон ва тоҷикон хеле ғанӣ ва ибратомӯз мебошад. Мутобиқи маълумотҳои таърихӣ ибтидои эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин тамаддун аз давраи ҳукмронии Ҷамшедшоҳи одил дар ибтидои ҳазораи дуи қабл аз милод оғоз шудааст. Тибқи маълумоти Авасто, Ҷамшедшоҳ аз Аҳуро Маздо рисолати паёмбариро напазируфта, дархост намудааст, ки ба ӯ шоҳии мулки Аҷамро бо адлу инсоф ва баробарии мардумонаш бидиҳад. Ҳамин тавр, то он рӯзгоре, ки Ҷамшедшоҳи пешдодӣ аз рӯи адлу инсоф ҳукмронӣ мекард, мулки ӯ боқӣ монд.

Мутобиқи маълумоти таърихӣ (Берунӣ, Низомулмулк ва дигарон) шоҳони Пешдодӣ дар як сол ду маротиба доди мардумро мешуниданд, ки ин дар арафаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон сурат мегирифтааст. Шоҳон 7 рӯз банавбат мардум ва табақаҳои гуногунро дар майдони кушоди шаҳр қабул менамудаанд. Ва он рӯз касе чӣ шикояте нисбати ҳар нафаре дошта бошад, ба шоҳ арза мекардааст ва шоҳаншоҳ ҳақро ба ҳакдор мерасонидааст. Агар рафту даъво нисбат ба шоҳ бошад, дар чунин сурат шоҳ аз тахт фаромада, кулоҳи шоҳиро аз сар гирифта, назди Мӯъбади мӯбадон ба зону зада, аз ӯ хоҳиш мекардааст, ки ин даъворо нисбати ӯ аз нигоҳи адл ва инсоф ҳал намояд…

Чунин буд нуқтаи олии ҳимояи ҳаққи инсон дар аҳди қадими мардуми тоҷик, ки назири худро дар кишварҳои дигар надошт. Ҳамин тавр, идоракунии боадолатона ва ба манфиати ҳуқуқу озодиҳои мардум дар давраи ҳукмронии шоҳони Пешдодӣ ва Каёнӣ то паёмбарии рӯзгори Зардушт мавҷуд буда, эҳтимол меравад, ки дар ин даврон шакли идоракунии ҷамоавӣ- табақавӣ амал мекард. Аммо дар даврони ҳукмронии Каёниёни охир, ки ба ибтидои ҳазораи яки қабл аз милод рост меояд, ҷангу ҷидолҳои дохилии қавмҳои Эрону Тӯрон бо сабабҳои гуногун шиддат мегирад. Дар ин асно дар Тӯрон дар аҳди ҳукмронии Виштосп Зардушт таълимоти динҳои ҷудогонаро муттаҳид намуда, даъват ба сӯи Худои ягонаи некӣ – Аҳуро Маздо менамояд. Мазмуни таълимоти Зардушт дар муборизаи қувваи некӣ –Аҳуро Маздо бо қувваи бадӣ –Аҳриман ифодаи худро ёфтааст. Зарудушт тибқи муқаррароти Авасто мардумро ба роҳи рост, некӣ ва накӯкорӣ “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» даъват менамояд. Дар таълимоти Зарудштия баъдан сарчашмаҳои зиёди динию ҳуқуқие эҷод мешаванд, ки дар онҳо ҳуқуқҳои табиӣ ва иҷтимоӣ аз қабили: ҳуқуқ ба ҳаёт, ба зиндагии хушбахтона, ба касб, ба никоҳ ва озодии никоҳ, ба моликият, ба таҳсил, ба муҳити мусоиди зист ва ҳатто ҳуқуқ ба ҳаёти ҳайвоноти фоидаовар инъикоси худро ёфтаанд.

5. Ислом ва масъалаҳои эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи инсон

Тавре қаблан қайд намудем, ислом дар қатори дигар арзишҳо инсонро чун неъмати олӣ мавриди ҳимояи хеш қарор дод. Таълимоти илоҳии исломӣ оид ба он ки Худованд баробари офаридани инсон тамоми махлуқот ва мавҷудоти оламро барои таъзим ба одам ҳукм мефармояд, маънии онро дошт, ки Офаридгор аз ҳамаи мавҷудоти олам инсонро болотар гузошта, мавзӯъ ва мазмуни зиндагиро дар ҳастии он мебинад. Бартарии консепсияи исломӣ оид ба ҳуқуқи инсон нисбат ба тамаддуни зардуштӣ дар он буд, ки ислом ҳамаи одамонро, новобаста аз арабу аҷам, турку муғул буданашон, новобаста аз дороияшон ба ҳам баробар дониста, бартариро танҳо ба онҳое медод, ки покизакор, боимон ва ботақвоанд, ба роҳи рост ва ҳакиқат қадам мениҳанд. Аммо дар Зардуштия таълимоти динӣ дар баъзе масъалаҳо маҳдуд баён мешавад. Дигар ин ки таълимоти исломӣ оид ба ҳуқуқи инсон бисёре аз одатҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриақлиро, ки ҳуқуқи зардуштӣ талқин мекард, аз байн бурд. Чунончи, ислом исботкунии ғайриақлӣ дар гунаҳкорӣ ва бегуноҳии шахс, никоҳи маҳорим ва ҷазо додани ҳайвонотро бекор кард. Мутаассифона, дар қатори ин бартариҳо ислом низ бисёр аз одатҳои неку арзишманди мардуми форсро, ки дар ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши бориз доштанд, аз байн бурд. Бо вуҷуди ин ислом ва ҳуқуқи исломӣ зинаи навбатии шинохт, эътироф ва инкишофи ҳуқуқи инсон маҳсуб мешавад. Маҳз хизмати мутафаккирони исломӣ дар инкишофи илми ҳуқуқи инсон дар асрҳои минбаъда хеле ҷолиб аст. Ислом ба замми он ки дини табиатан бо сиёсат дар пайвастагӣ пайдошуда аст, назарияи он оид ба инсон аз ҳудуди давлат берун меравад. Категорияҳое, ки дар ин дин мавриди ҳифз қарор мегиранд – мусулмон, мӯъмин ва инсон дар шакли мардум ё халқ аст.

Қобили қайд аст, ки дар Шарқ (Шарқи Миёна) аз даврони зардуштия сар карда, то ислом ва баъд аз ислом низ ҳуқуқ таҳти парастории дин қарор гирифт. Аммо чунин махсусият дар Ғарб мавҷуд набуд. Аз ин ҷост, ки нуқтаҳои муҳими ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз диди таълимоти динӣ муқаррар мекарданд. Ҳатто илми ҳуқуқ низ баъдан дар доираи муқаррароти динӣ сарҳад ва ҳудуди озодии инсонро мукаррар мекард. Аммо дар Ғарб бошад, фалсафаи Юнон ва бисёрхудоии атиқӣ заминаи инкишофи ҳуқуқи римӣ гардиданд.

6.Тамаддуни Ғарбӣ ва роҳи ғарбии эътироф ва ҳифзи

ҳуқуқу озодиҳои инсон

Аз он ки инкишофи фалсафаи Юнон ва бисёрхудоии ҷаҳони атиқӣ то муттаҳид шудан ба ҷараёни яккахудоӣ заминаи ҳуқуқи римӣ гардиданд, ҳуқуқи римӣ дар як муддати кӯтоҳ шароити мусоиди инкишофро барои худ дар муносибатҳои озоди молумулкӣ касб кард. Илми юнониён, ки аз чор давраи инкишофи тафаккур: тафаккури қаҳрамонӣ(бояд қайд кард ки ин давронро низ аҷдодони тоҷик тибқи маълумоти “Шоҳнома” аз сар гузаронидаанд), тафаккури визионерӣ, тафаккури назариявӣ ва ақлӣ иборат буд, ба инкишофи ҳуқуқи римӣ манбаи хуби ақлӣ ва адолатхоҳ дод. Умуман, ҳуқуқи римӣ инсонро манбаи асосии инкишофи илми ҳуқуқ ва муносибати онро дар асосҳои ақлӣ ва адолатхоҳӣ чун раванди инкишофи ҳуқуқ эътироф мекард. Мушаххасият ва айнияти ҳуқуқӣ, кодификатсия ва таснифи ҳуқуқ, ба ҳуқуқи ақлӣ ва ғайриақлӣ ҷудо кардани ҳуқуқ аз дастовардҳои бузурги ғарбиён буд. Аммо то паҳншавии насрония дар ин паҳно вай аз дастовардҳои ахлоқӣ маҳрум буд. Танҳо баъди пайдоиши дини насронӣ ворисони ҳуқуқи римӣ ба инкишофи ғояҳои ақлонӣ ва ахлоқии ҳуқуқ дар муқобили таълимоти динӣ бештар диққат доданд. Вале баъди расман эътироф шудани дини насронӣ дар интиҳои асри 111 милодӣ ҳуқуқи римӣ низ зери васигии дин қарор гирифта, дигар манбаъҳои ақлии худ (с.395) ва динҳои мухталифро инкор менамояд. Дарвозаи илми фалсафа ва илмҳои дигар барои ғарбиён аз аҳди император Зенон баста мешавад. Ҳамин тавр, бартарии дин дар муайян намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон муқаррар мешавад. Баъдан аз асрҳои У1 то асрҳои Х бартарии сиёсат ва лашкар муайянкунандаи ҳадду ҳудуди ҳуқуқи инсон дар Ғарб мегардад. Зеро дар ин даврон императории Рим се мавҷи ҳуҷуми қавмҳои барбариро бар худ қабул мекунад. Танҳо дар даврони Эҳё (асрҳои ХУ1-ХУ11) инсон дар Аврупо аз сари нав мавқеи марказии худро дар илм, тамаддун ва дигар соҳаҳо пайдо мекунад. Ҳамин тавр ҳуқуқи инсон роҳ ба нахустин ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ёфта, ба тағйир додани мазмун ва моҳияти идораи давлатӣ таи садсолаҳои дигар барои инсоният хизмат карда истодааст.

7. Хусусияти эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон

дар мамлакатҳои Осиё ва Африқо

Қатъи назар аз он ки қисме аз давлатҳои Осиё ва Африқо таърихи хеле куҳан доранд, ба мулки онҳо танҳо баъд аз муборизаҳои озодихоҳона ва озодии воқеии онҳо аз мустамликаи давлатҳои ғарбӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ворид гардид. Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Ҳабашистон, Миср ва дигар давлатҳои Африқои Шимолӣ кишварҳое буданд, ки дар баробари истиқлолияти сиёсӣ истиқлолияти ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиро дар ибтидои асрҳои ХУ111-Х1Х аз даст дода буданд. Қисме аз ин давлатҳо, ки дар асри ХХ ҳамчун давлатҳои рӯ ба инкишоф шинохта шуданд, ду роҳи асосиро пеш гирифтанд: яке режими конститутсионӣ- демократӣ (Ҳиндустон, Туркия, Филиппин) ва дигаре авторитарӣ (давлатҳои араб, Марокко, Урдун ва ғ.). Дар ҳарду режими номбурда ҳуқуқу озодиҳои инсон ба таври ба худ хос ҳифз карда мешуд. Мисол, дар Ҳиндустон бо таъсири ҳаракатҳои озодиҳоҳӣ санадҳои конститутсионӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳанӯз дар байни солҳои 1919- 1935 қабул шуда буд. Дар Индонезияи голландиҳо бошад, Шӯрои халқӣ зери таъсири ҳаракатҳои озодихоҳӣ дар солҳои 20 таъсис ёфт. Ҳамин тавр, Афғонистон соли 1921, Миср соли 1927 ва Ироқ соли 1930 истиқлолияти худро эълом намуданд. Баъд аз чанги дуюми ҷаҳонӣ Алҷазоир, Гвиана, Гваделупа мустақилиятро соҳиб шуданд… Дар солҳои 70 –ум мустамликаҳои Португалия дар Африқо ва солҳои 90-ум қисмати ҷанубӣ-ғарбии Африқо – Ҷумҳурии Намибия истиқлолияти худро эълон намуданд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол баробари истиқлолияти сиёсӣ ва ҳуқуқҳои сиёсии мардумро эътироф намудан бо қабул намудани конститутсияҳои нахустини худ ҳуқуқҳои фитрӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии миллатҳои озодихоҳро расман эълон намуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.