Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон

1.Мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқӣ

Ҳар як ҳодиса манбаъ ва сарчашмаи худро дорад. Мисол, сарчашмаи оби ҷӯй пиряху чашмаҳои кӯҳсор аст. Сарчашмаи ҷараёни электрикӣ истгоҳи барқист. Ҳамин тавр, ҳуқуқ низ сарчашмаи худро дорад. Сарчашмаи ҳуқуқро ба ду маънӣ фаҳмидан дуруст аст. Якум, ба маънии васеъ – яъне манбаи эҷоди ҳуқуқ. Аз ин нуқтаи назар табиати иҷтимоии инсон, халқ, манфиати инсонҳо ва мақомоти ваколатдор ҳар кадом чун сарчашма баромад мекунанд. Зеро онҳо омили тавлидшавии ҳуқуқ мебошанд. Дуюм, маънии маҳдуд – яъне дар ҳаёти воқеӣ шаҳрвандон ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие такя мекунанд, ки дар онҳо ҳуқуқҳо муайян шудаанд. Аз ин рӯ, ин санадҳо ва асосҳо чун сарчашмаи ҳуқуқ баромад мекунанд. Азбаски дар ин сарчашмаҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ дар шаклҳои муайян гирд оварда шудаанд, дар илми ҳуқуқшиносӣ сарчашмаи ҳуқуқро чунин таъриф медиҳанд:

Шаклҳои зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқиро сарчашмаи ҳуқуқ меноманд.

Ба сифати сарчашмаи ҳуқуқ илми муосири ҳуқуқшиносӣ санадҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ, урфу одатҳои ҳуқуқӣ, амсоли судӣ, шартнома ва ғ.-ро пешбинӣ намудааст.

Дар таърихи ҷамъияти инсонӣ дар ҳар давру замон ҳар давлату миллат сарчашмаҳои ба худ хоси ҳуқуқиро доштанд. Дар ҳар давру замон, чи татбиқкунандагони ҳуқуқ ва чи мардуми оддӣ, ба сарчашмаҳои муайян такя намуда, ҳуқуқҳои худро муаррифӣ ва ҳифз менамуданд. Аз ин ҷост, ки дар таърихи миллати тоҷик, ки аз миллатҳои қадимаи ориёист, намудҳои мухталифи сарчашмаҳои таърихии ҳуқуқ истифода шудаанд. Ин ҷо ду нуктаро бояд мадди назар гирифт.

Якум, «сарчашмаҳои таърихӣ- ҳуқуқӣ» гуфта, сарчашмаҳоеро дар назар дорем, ки онҳо замоне дар сарзамини падару бобоёни мо- тоҷикон ҳамчун сарчашма ва манбаи воқеии ҳуқуқ баромад кардаанд, мардум ва татбиқкунандагони ҳуқуқ ба онҳо истинод намуда, масъалаҳои ҳуқуқиро ҳал намудаанд.

Дигар ин ки ин сарчашмаҳо дар Тоҷикистони таърихӣ чун манбаи ҳуқуқ баромад кардаанд. Тоҷикистони таърихӣ тамоми марзу буми мардуми тоҷикнишин аст. Аз ин хотир мафҳуми ҷуғрофии Тоҷикистони таърихӣ нисбат ба Тоҷикистони муосир хеле васеъ аст. Ба Тоҷикистони таърихӣ як қисмати Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Хуросони Эрон ва Қирғизистону Чин, ки аз қадим аҷдодони халқи тоҷик дар ин мавзеъҳо зиндагӣ мекарданд, ворид мешавад. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихиро вобаста ба асосҳои гуногун мумкин аст, ба намудҳо ва навъҳо ҷудо намуд. Дар ин ҷода таснифи сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ вобаста ба низомҳои ҳуқуқӣ ҷолиб аст. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар :

– даврони низоми ҳуқуқии зардуштӣ;

– даврони низоми ҳуқуқии мусулмонӣ;

– даврони низоми ҳуқуқии шӯравӣ.

Ҳар кадоме аз ин давраҳо вобаста ба талаботи давру замон ва табиати тамаддунҳои динӣ сарчашмаҳои махсусгардонидашудаи ҳуқуқиро тавлид кардаанд. Махсусияти сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар аввал мисли қонунгузории имрӯза дар шакли санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ баромад намекарданд. Одатан қисми зиёди онҳо дар ҳамбастагии сарчашмаҳои динӣ ифода ёфта буданд. Сарчашмаҳои динии чи зардуштӣ ва чи исломӣ дар қатори меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ теъдоди зиёди муқаррароти ҳуқуқиро дороанд. Аз ин рӯ, Авасто, Қуръон ва ҳадисҳо сарчашмаҳои ҳам динӣ ва ҳам ҳуқуқӣ мебошад. Дигар ин ки дар аҳди зардуштӣ муқаррароти судӣ низ ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ (Қонунномаи Сосониён) баромад мекард. Дар аҳди тамаддуни исломӣ бошад, китобу фатвоҳои фақеҳон, ки ба масъалаҳои ҳуқуқ бахшида шуда буданд, ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ баромад мекарданд.

 

2.Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон

Ҳамаи сарчашмаҳои динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар Тоҷикистони таърихӣ амал мекарданд, дар қатори дигар меъёрҳо меъёрҳои ҳуқуқиро доир ба баробарии инсонҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва ғайра доро буданд.

Авесто- бо қисмати Вандидод.

Хвешкори редагон.

Шояст нашояст.

Эъломияи Куруши кабир.

Қонунномаи Сосониён.

Қуръон.

Ҳадисҳо.

Асарҳои олимони илми ҳуқуқ.

Насиҳатномаи Тоҳир ибни Ҳусайн.

Фармонҳои амирон ва ҳокимон.

Дар қисмати Вандидоди Авасто нахустин маротиба дар сарзамини Тоҷикистони таърихӣ ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба ҳаёти осоишта, ҳуқуқ ба муносибати хуб, ҳуқуқ ба бастани шартномаҳо, ҳуқуқ ба ҳаёти кӯдаки тавлиднашуда, ҳуқуқ ба тандурустӣ, ҳуқуқ ба никоҳ ва ғ. расман эътироф ва эълон шудааст. Дар ин сарчашма бори нахуст намудҳои шартнома, ҳифзи ҳуқуқҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист, тозагии об, ҳимояи ҳаққи ҳайвонҳо, намудҳои ҷиноят, таснифи ҷиноят, намудҳои никоҳ ва ғ. ҳамчун институти ҳуқуқӣ инъикоси худро ёфтаанд. Дар “Хвешкори редагон” оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон ва ӯҳдадориҳои томактабию мактабии онҳо ва дар “Шояст ва нашояст” бошад, оид ба амалҳои иҷозатдодашуда ва манъшуда батафсил мулоҳизаҳо баён шудаанд. Сарчашмаҳои ҳуқуқии номбаршуда мансубият ба тамаддуни ҳуқуқии дини зардуштӣ доштанд.

Дар Эъломияи Куруши Кабир соли 539 қабл аз милод нахустин маротиба дар таърихи инсоният ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил ва ҳуқуқ ба моликият расман эълон шуда, мавриди ҳифз қарор мегирад. Қонунномаи Сосониён намунаи нахустини амалияи судии ҳуқуқшиносони форс – тоҷик аст, ки ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ расман баромад мекард. Дар муҳокимаю ҳалномаҳои ҳуқуқшиносони он давра масъалаҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ ҳалли худро ёфтаанд.

Қуръон сарчашмаи асосии ҳуқуқи исломӣ аст, ки дар қатори меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ меъёрҳои зиёди ҳуқуқиро доро аст. Ба қавли муҳаққиқон бештар аз 500 ояти Қуръон дорои меъёрҳои ҳуқуқист, ки муносибатҳои мухталифро мавриди танзим қарор медиҳанд. Дар Қуръон ҳуқуқ ба ҳаёт, ба саломатӣ, ҳуқуқ ба моликият, ба озодии афкор, ҳуқуқ ба маълумот, ҳимояи пиронсолон ва ҷавонон ва ғ. танзими ҳамаҷонибаи худро ёфтааст.

Қуръон ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ нисбат ба тифлоне, ки аз падару мо дар бармаҳал ҷудо мегаштанд, бетараф набуд, зеро табиати инсон ва ҷомеаи инсонӣ нигоҳубини ятимон ва парастории онҳоро аз аҳди қадим то ба имрӯз заминаи адолати иҷтимоӣ ҳисоб карда буд ва ҳоло низ чунин меҳисобад. Ва нақши Қуръон дар амалӣ намудани ин таҳкурсии адолати иҷтимоӣ дар Шарқ бениҳоят бузург буда, сарчашмаи рушду нумӯи адабиёти ахлоқии оламшумули форсу тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ятимонро биёзмоед то он гоҳ, ки ба синни заношӯи расанд, пас агар ононро рушде ёфтед, амволашонро ба худашон вогузоред. Ва аз бими он ки мабод ба синни рушд расанд, амволашонро ба ноҳақ ва шитоб махӯред…

Сураи Нисо, ояи 6..

Моли ятимонро ба ятимон диҳед ва ҳалолро ба ҳаром мубодала накунед. Ва амволи онҳоро ҳамроҳ ба амволи хеш махӯред, ки ин гуноҳи бузург аст.

Сураи Нисо, ояи 2.

қуръон дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои иқтисодии занон ду тағйироти куллӣ ворид кардааст, ки алоҳида шарҳ додани онҳо шарт аст. Замоне, ки қавмҳои араб дар аҳди ҷоҳилият зиндагӣ мекарданд, урфу одатҳои нангин хукмфармо буда, занҳо дар ҳолатҳои сангин қарор доштанд.

1. қуръон занро аз олами нестӣ ба олами ҳастӣ берун бароварда, аз объекти муносибатҳои ҷамъиятӣ ба субъекти комилҳуқуқ мубаддал гардонд. Пайғамбари ислом бо меъёрҳои ҳуқуқӣ одатҳои нангини ҷоҳилияро аз қабили зинда гӯронидани духтарон, тариқи ашё ба мерос гузаштани занҳо манъ намуда, бар зидди бехудоён ва бисёрхудоёни ҷоҳилӣ, ки занро дар зиндони асорат ва беҳуқуқӣ нигоҳ доштан мехостанд, мубориэаи оштинопазир оғоз намуд.

2. Ҳуқуқ ба моликият ва меросро бар занон эълон намуд. Мувофиқи одати ҷоҳилия ҳар марде, ки бар китфи бевазан ҷомае партофт, он зан ҳамчун ашё ба он мард дода мешуд. Абулфатҳ ривоят мекунад, ки Авс бинни Собити Ансорӣ вафот ёфт, аз ӯ як зан, ду духтар ва ду писари амма боқӣ монд. Писарони амма тамоми амволи Собитро ба пуррагӣ гирифтанд (ба тариқи мерос), чизе ба зан ва духтарон надоданд, зеро дар ҷоҳилия одат чунин буд, ки занон ва кӯдакон аз мерос маҳрум буданд. Мол ба касе медоданд, ки ӯ ба шутур савор шуда, ба корзор мерафт ва ғанимат меовард. Он зан бо ду духтар гирякунон ба назди расули Акрам рафтанд ва аз воқеият ӯро огоҳ карданд. Ва гуфтанд, ки моро чизе нест, мо се нафар бе ягон ризқу рӯзӣ мондаем, ҳамаи молу ҳолро ду писари аммаи шавҳари марҳумам гирифтанд. Пас аз нолаю зории зан ривоят мекунанд, ки сураи Нисо, ояи 7 нозил шуд.

Аз ҳар чӣ падару модар ва хешовандон ба ирс (мерос) мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чӣ падару модар ва хешовандон ба ирс мегузоранд, чи андак ва чи бисёр занонро низ насибест. Насибе муайян…

Сураи Нисо, ояи 7.

Албатта, дар он давр, ки одатҳои нангини ҷоҳилияи араби бадавӣ дар ҳаёти гузаштаи онон дар шакли муносибатҳои падаршоҳии мутлақ ҷойгир шуда буд, эълон намудани ҳуқуқи зан ба мерос як инқилоби воқеӣ дар ҳаёти иҷтимоии он қавм буд.

Ҳадисҳо, ки нақл, ривоят оид ба гуфтор, кирдор ва афкори Паёмбари ислом маҳсуб мешаванд, дорои меъёрҳои зиёди ҳуқуқианд. Дар онҳо идеяҳои инсондӯстӣ, адлпарварӣ, додварзӣ, ҳимояи мазлумон, ҳаққи ҳамсоягон ва бегонагон ба тадриҷ баён ёфтаанд. Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом зиёданд таъкидоти ҳуқуқие, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро эълон ва ҳифз менамоянд. Дар байни онҳо, махсусан, меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба зан-модар мавқеи муҳимро ишғол менамоянд.

Хушнудии Худо дар хушнудии зан аст.

Ҳуқуқи зан муқаддас аст.

Ҳурмату эҳтироми зан воҷиб аст.

Биҳишт зери қудуми модарон аст

Талаботи илм ба ҳар мӯъмин ва мӯъмина фарз аст

(Аз ҳадисҳои Паёмбари ислом).

Ҳадисҳо ҳамчунин мардонро барои ҳифзи ҳуқуқи занон масъул менамоянд. Аз ҷумла дар ҳадис гуфта шудааст:

«Ҳуқуқи зан ба шавҳар чунин аст: ҳангоми таъом хӯрдан ба зан ҳам бихӯронад, ҳангоми либос пӯшидан ба зан ҳам бипӯшонад, ба рӯи зан назанад, занашро танбеҳ накунад».

Дар қатори сарчашмаҳои ҳуқуқии меъёрӣ боз сарчашмаҳои ҳуқуқие буданд, ки аз ҷониби донишмандони динӣ, ба хусус фақеҳон ва муҷтаҳидон баён карда шудаанд.

Яке аз онҳо «Захират- ал мулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, аз ҷумла дар он чунин омадааст:

“Аммо ҳуқуқи раъоё ду навъ аст, зеро ки раият ду қисманд: мӯъмин ва кофир. Ва аҳкоми ҳуқуқи эшон ба ҳасби куфру ислом мухталиф мегардад. Аммо раияти мусулмонро бар подшоҳ ва ҳоким бист ҳақ аст. Ва қиём ба адои ин ҳуқуқ бар ҳоким ва подшоҳ воҷиб аст.

Ӯҳдадориҳои ҳоким:

Аввал он ки бо ҳама мусулмонон батавозӯъ бошад ва ба сабаби ҳукумат ва вилоят бар ҳеҷ мусулмон такаббур накунад.

Ҳаққи дуюм он ки сухани омро дар ҳаққи якдигар нашнавад, ки охир он фитна ба надомат кашад, хоса сухани фосиқонро ва соҳибғаразонро ва ҳасудонро ва тамаъонро, зеро ки тамоъ халқеро ба тамаъи луқмае биранҷонад ва ҳасуд ҷумлаи ҳунарҳоро айб донад… Зеро ҳар кӣ айби дигаронро ба ту расонад, бешак, айби туро низ ба дигарон расонад.

Ҳаққи сеюм он ки чун ба ҷиҳати зиллате ё тақсире бар мусулмоне ғазаб кунад ва ваҷҳи имкони авф бошад, аз се рӯз зиёда таъхири авф накунад. Зеро бидон, ки Юсуф аз бародарони худ авф кардӣ, номи ӯ баланд гардида, ба таърих мондӣ.

Ҳаққи чаҳорум он ки файзи адл ва эҳсон бар ҷамеъи раъоё насиб гардонад ва дар нашри осори эшон миёни аҳл ва ноаҳл тамиз накунад, зеро ки подшоҳ сояи ҳақ аст, чунон ки раҳмати ҳақ азза исмаҳу кофиру мӯъминонро шомил аст, ҳамчунин адлу эҳсони ҳоким бояд, ки неку бадро шомил бувад.

Зеро Паёмбари ислом фармудааст, ки фозилтарин ақл баъди имон дӯстӣ кардан аст бо халқ ва некӣ кардан бо некон ва бадон.

Ҳаққи панҷум он ки ба сабаби таҷарруби (ғуруру ҳавобаландӣ) ҳукумат бо истило назар дар ҳарами мусулмонон накунад ва бе истезон (иҷозат хостан) дар манозил ва махозини раъоё наравад. Ва Паёмбар фармудаанд: чун дари хонаи мусулмонон шудӣ, се бор овоз додӣ. Агар иҷозат додандӣ, даромадӣ ва агар не, бознишастӣ ва наранҷидӣ.

Се бор иҷозат хостан маънии онро дорад, ки: бори аввал бишнаванд, бори дуюм худро ва ҷойро рост созанд, бори сеюм ба ҷиҳати маслиҳат иҷозат диҳанд ё манъ кунанд.

Ҳаққи шашум он ки мухотаба ва муомила бо аснофи халқ ба қадри маротаб ва дараҷоти ҳар кас бувад, аз аҷфолу (дурушт, беодоб) авбош ибороти латиф чашм надорад ва аз ҷиҳоли омма фасоҳату балоғат наҷӯяд. Ва аз кӯҳӣ ва биёбонӣ адаби маҷлиси ашроф наталабад ва таклифи ҳар кас ба қадри ҳоли ӯ кунад ва ҳар қавмро дар мартабаи ӯ маъзур дорад ва аз мавоҷиҳати (рӯ ба рӯ шудан) ҳеҷ кас истинкоф (саркашӣ, рад) накунад.

Ҳаққи ҳафтум он ки дар маҷлису муҳозир пиронро ҳурмат дорад, хоса пирони муттадинро ва тифлонро ба чашми шафқат нигарад.

Ҳаққи ҳаштум он ки ҳар мусулмонро, ки ба чизе ваъда кунад, он ваъдаро вафо кунад ва хилофи он, албатта, раво надорад.

Ва дар асар аст, ки Зулқарнайн подшоҳӣ ба сабаби се хислат ёфт:

Аввал он ки чун сухан гуфтӣ, рост гуфтӣ ва чун касеро ваъда кардӣ, хилоф накардӣ ва ҳар мол, ки пеш овардандӣ, дар вақт онро сарф кардӣ ва ба фардо нагузоштӣ ва дар хазина наниҳодӣ.

Ҳаққи нӯҳум он ки дар ҳукм сухан ба унф (дуруштӣ) нагӯяд ва бо вазеъ ва шариф рӯи кушода дорад ва бо заъифон сухан ба вафқ (мулоимӣ) гӯяд.

Ҳаққи даҳум он ки дар муносиби ҳукумат риъояти инсоф кунад. Чунон ки инсофи худ аз халқ талаб мекунад, инсофи халқ низ аз нафси худ талаб кунад ва бо мусулмонон чунон муъомила кунад, ки агар он муъомила бо ӯ кунанд, писандад.

Ҳаққи ёздаҳум он ки мубодарати ислоҳи зотулбайн (кӯшиши ислоҳи ду нафари бо ҳам даҳрӣ) бaр худ воҷиб донад ва таъхир дар фасли хусумати мусулмонон раво надорад ва дар ҳукми мухосамот (низоъ, муҷадала) чандон таваққуф накунад, ки модаи ҳақуду (бадхоҳ) адоват гардад ва ба фасод анҷомад.

Ҳаққи дувоздаҳум он ки сиъоти (суханчинӣ, бадгӯӣ) гуноҳи гуноҳони мусулмонон саъйе накунад ва баҳри зилате раъияти заъифро наранҷонад ва аз ҳафавоти (лағжидан) халқ ба қадри имкон таҷовуз кунад ва айбҳои халқро пӯшида дорад.

Ҳаққи сенздаҳум он ки бо иртиккоби шубҳот халқро ба маъосӣ далер нагардонад ва ба ҷиҳати дафъ зиннат аз мавозеъи тӯҳмат эътироз кунад ва агар аҳёнан ба маъсияте мубтало гардад, онро мастуру пӯшида дорад, ки оммаи халқ дар салоҳ ва фасод тобеъи ҳоким ва подшоҳанд. Агар ҳокимро ба ранҷи салоҳ бинанд, ҳама дар салоҳ рағбат намоянд ва савоби он ҳама ба девони аъмоли ӯ роҷеъ (баргардонида) шавад. Ва агар аз ӯ фасод мушоҳида кунанд, яъне он подшоҳ ва ҳоким фосиқ бошад, ҳама мардумон дар фисқу фасод кӯшанд ва он гуноҳ тамом ба девони аъмоли он подшоҳ ва ҳоким бозгардад.

Ҳаққи чаҳордаҳум он ки чун ҷазои ҳоҷати мусулмонон ба калимаи шафоати ҳоким мавқуф бувад, ба шафоати он муҳим кифоят кунад ва эҳмоли он раво надорад ва аз хосияти ҳукумат яке он аст, ки корҳои хатир ва муҳимоти бузург ба як сухани эшон кифоят шавад ва саъодати ин савобро ғанимат шуморад.

Ҳаққи понздаҳум он ки ҷониби масокину зуафоро бар ҷониби аҳли дунё аз ақвие (зӯр, пурқувват) ва ғаниёро ҳеҷ дорад ва бештари муҷолисат бо фуқаро ва аҳлуллоҳ дорад ва ҳар рӯз як бор оинаи дили худро ба мавоъиз ва насоиҳи (насиҳатҳо) сулаҳо ҷило диҳад…

Ҳаққи шонздаҳум он ки аз аҳволи аҳли фоқа ғофил набошад ва дар садди фоқаи заъифон ва фурӯмондагон тақсир раво надорад, нафақаи ятимон бар худ воҷиб донад ва аз бозхост бияндешад, ки дар рӯзе, ки молу мулк фарёдрас набошад, ин ҳама мустаҳақон аз ҳоким талаби ҳуқуқ кунанд. Имрӯз, ки метавонад, дар халоси зимати хеш кӯшад.

Ҳаққи ҳафтдаҳум он ки роҳҳои мусулмононро аз хавфи роҳзанон ва дуздон ба сатвати сиёсат эмин дорад ва ҳар кас, ки дар роҳе бо изою таадди мӯътааризи (дучори) мусулмонон шавад, ба никол (азоб, уқубат) ва уқубат ӯро ибрати дигарон гардонад ва дар ҳар вилоят ҳар ҷо ки маҳали хавф бувад, агар имкони иморат бувад, иморат кунад ва агар маҳали иморат набувад, нигоҳ бо онон боздорад.

Ҳаққи ҳаждаҳум он ки дар вилоят ҳар ҷо ба работ ва пуле ҳоҷат бошад, дар иморати он хайр бикӯшад ва эҳмол (гаронӣ) раво надорад.

Дар хабар аст, ки ҳар кӣ бино кунад пуле ба роҳи мусулмонон, ки осон бар вай бигзаранд, худои азза ва ҷалла осон гардонад бар вай гузаштани сиротро.

Ҳаққи нуздаҳум он ки дар ҳама буқъа аз буъқаҳои (замин, қитъаи хурд) мусулмонон масҷиде бино кунад ва имому муаззини онро таъин кунад ва боби маъишати эшонро муҳайё гардонад, ки ба фароғат мувозибат авқоти намоз тавонанд кард ва ҷиҳати талаби қут иқомати ин амр ба эшон мутааззир нашавад.

Ҳаққи бистум он ки амри маъруф ва наҳий мункар тарк накунад ва насиҳати динӣ аз хосу ом дареғ надорад ва раъоёи мамлакати худро ба тоъоти ҳақ таъоло фармояд ва аз маъосӣ ва маноҳӣ ва сиёсат манъ кунад.

Ҳорунаррашид Шақиқи Балхиро талаб карду гуфт:

—Маро панде деҳ.

Гуфт:-Эй Амиралмӯъминин, худойро сароест, ки онро дӯзах хонанд ва туро дарбони он сарой гардонидааст ва туро се чиз додааст, то бад-он се чиз халқро аз дӯзах боздорӣ: молу шамшеру тозиёна. Бояд, ки ба мол садди фоқаи мӯҳтоҷон кунӣ, то ба сабаби изтирор (тангдастӣ, дармондагӣ) иқдоми (рафтор, афъол) шубҳот накунанд ва золимонро ба шамшер қамъ (задан, нест кардан) кунӣ ва фосиқонро ба тозиёна адаб кунӣ.

Қобили қайд аст, ки чунин адабиёти ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби фақеҳони бузурги исломӣ таълиф шуда, дар ҳаёту рӯзгори асрҳои миёна чун манбаи эътимодбахши ҳуқуқӣ хизмат мекарданд, зиёданд. «Насиҳат –ал- мулук»-М. Ғазолӣ, «Сиёсатнома» – и Насириддини Тӯсӣ, «Ахлоқи мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва амсоли инҳо. Ин манбаъхо чун сарчашмаи ҳуқуқ ба он асос баромад мекарданд, ки соҳибони онҳо шахсиятхои маъруфи илми ҳуқуқ ба шумор рафта, чун муҷтаҳид ва ё фақеҳи бузург эътироф шудаанд. Аз ин ҷост, ки ба гуфтаи онҳо чун иҷтиҳод ва ё фатво қозиён истидлол менамуданд. Дигар ин ки дар ин асарҳо теъдоди зиёди иҷтиҳод ва иҷмои даврони пешин гирд оварда шудаанд, ки ба инҳо қозиён бевосита такя менамуданд.

3.Асарҳои олимони илми ҳуқуқ

Ба замми чунин сарчашмаҳои адабию ҳуқуқӣ боз сирф сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносони касбӣ ва назариявӣ таълиф шуда буданд, дар сарзамини тоҷикон чун манбаи ҳуқуқи боэътимод баромад мекарданд. Дар сарзамини тоҷикон асарҳои ҳуқуқии фақеҳони пайрави мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ (асосгузораш Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собити Кӯфагӣ) мавриди истифодаи васеъ қарор мегирифтанд. Ба хусус «Ал-фиқҳ – ал акбар»-и Абӯҳанифа (Имоми Аъзам), «Китоб-ал-ҳараҷ»-и Қозӣ Абӯ Юсуф, «ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғелонӣ, «Мухтасар»-и Убайдулло ибни Масъуд ва ғ. Ба меъёрҳои китобҳои номбурда қозиёни (судяҳои) Осиёи Миёна васеъ такя менамуданд. Дар ин асарҳо институтҳои ҳуқуқӣ бо фаслҳои алоҳида баён гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мардуми мусулмон ва ғайри мусулмон мавриди танзими ҳамаҷониба қарор гирифтаанд, ки манбаи хуби танзими ҳуқуқӣ буданд.

“Насиҳатнома”-и Тоҳир ибни ҳусайн аз зумраи ҳуҷҷатҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ аст, ки аз маҳорати баланди таҷрибаи давлатдорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, инсондӯстӣ ва адлу адолатпарварии шахсиятҳои сиёсии мардуми тоҷик шаҳодат медихад. “Насиҳатнома” дар шакли мактуб ва васият ба писараш Абдуллоҳ навишта шудааст, ки бояд писараш ҳангоми идораи кишвар ба он такя мекард. Мазмуни насиҳатнома гувоҳи он аст, ки вай як дастури давлатдорист, ки дар он усули идоракунӣ дар такя ба таҷрибаи давлатдории мамолики Шарқ тарҳрезӣ гаштааст. “Насиҳатнома” ба соҳаҳои гуногуни илми ҳуқуқ бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои ҳуқуқии идораи давлат, ҳуқуқи хироҷситонӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ ва ғ. зиёд мавҷуд аст. Дар масъалаи идораи кишвар “Насиҳатнома” озодии ҳокимро бо ӯҳдадориҳои муайян маҳдуд менамояд, ки бисёр ҷолиб аст.

Ҳоким бояд:

-аз ҳифзи раъияти (халқи) хеш ғофил мабошад;

-адолати иҷтимоиро дар муносибат бо бандагон нигоҳ дорад;

-ҳуқуқи мардумро, ҳифзи саломатиашонро, амнияти роҳҳо ва бехатарияшонро таъмин намояд;

-мардумро сари чанд вақт қабул намояд ва аз ҳоли онҳо огоҳ бошад.

Фармонҳои амирон ва ҳокимон аз қадим манбаи боэътимоди ҳуқуқ дар ҳамаи халқу миллатҳо маҳсуб мешавад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон низ ин манбаъ васеъ истифода мешуд. Аз Пешдодиён сар карда, то Сосониёну Сомониён ва ин тараф то Инқилоби Октябр тамоми халқиятҳои ҳукуматгари ин минтақа аз ин усули танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ васеъ истифода намудаанд. Дар ин раванд фармону амрҳои синфи ҳоким ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти мардумро ба танзим медаровард. Албатта, зиёд буданд манбаъҳое, ки моҳияти синфӣ доштанд, вале дар байни онҳо санадҳое, ки моҳияти инсондӯстӣ, адлпарастӣ ва меҳрварзӣ доштанд, кам набуданд. Бояд қайд кард, ки Эъломияи Куруши кабир оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон соли 539 қабл аз милод, “Насиҳатнома”-и Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш Абдулло дар асри 1Х аз зумраи ҳамин гуна сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Чунин сарчашмаҳои пурарзиши ҳуқуқӣ дар давлатдориҳои баъдӣ низ зиёд мушоҳида мешаванд.

Инак, чанд мисол аз ҳимояи ҳуқуқи инсон:

Ҳангоме ки давлатдории чодарнишинони муғулӣ дар Осиёи Миёна ва Хуросон ба бӯҳрон гирифтор шуд, онҳо аз ҳуқуқшиносони маҳаллӣ дархости чораҷӯӣ намуданд. Он рӯзгор роҳи ягонаи халосиро ҳам ҳукумат ва ҳам ҳуқуқшиносон дар таъмини адл ва ҳимояи ҳаққи мардум диданд. Ва барои он ки адл ҷорӣ шавад, эътирофи ҳокимияти судӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳокимият, ки дар ҳалли баҳсҳо адолатро муқаррар мекард, зарур буд. Аз ин рӯ хони муғул Ғозинхон бо пешниҳоди ҳуқуқшиносони маҳалӣ ва қозии Ҳирот Сайид Фахриддин фармони махсусе дар бораи дахлнопазирии судяҳо (қозиҳо) қабул менамояд. Бояд қайд кард, ки фармони мазкур то дараҷае адлпарвар ва зарур буд, ки умри империяи аз байнрафтаистодаи муғулро дар сарзамини Осиёи Миёна ва Хуросон боз ба мӯҳлати 50 сол дароз намуд. Сабаби асосӣ он буд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути дахлнопазирии фаъолияти қозиҳо роҳи ҳимояи худро касб кард.

Ба маълумоти ҳамаи баскокон, маликҳо ва ононе, ки аз номи мо ҳукумат меронанд, расонида мешавад, ки дар мулкҳои онҳо мо қозиҳо таъин намудаем. Дар ҳалли баҳсҳо… қарори қатъиро қозиҳо мебароранд. Қозиҳо бояд амволи ятимон ва ғайбзадагонро ҳифз кунанд. Ҳеҷ кас, қатъи назар аз он ки ӯ кист, ҳақ надорад, ба кори қозӣ далолат кунад. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, гунаҳкореро, ки қозӣ аз озодӣ маҳрум намуда, ба маҳбас кашидааст, аз маҳбас озод намояд… Қозиҳо аз супоридани андоз, молиёти дигар ва копчур озоданд… Ҳар нафари дар назди қозӣ алфози қабеҳгӯяндаро мутасаддиён ҳатман ҷазо бидиҳанд…

-Қозӣ набояд аз касе чизе ситонад…

-Қозӣ набояд дар таҳти зӯрӣ ва маҷбурият парвандаҳоро бинад.

Бигузор, қозиҳои мулкҳо бидонанд, ки ҳамаи фаъолияти мо барои барқарории адолат байни мардум ва решакан намудани беадолатӣ, зӯрӣ, маҳдудкунии даъвоҳои беасос… равона шудааст. Ҳуқуқ ба оне дода шавад, ки ҳаққи ӯст, дарвозаи фиребгарӣ, зӯрӣ ва дуздӣ баста шавад…

Фармон аз 25.03.1300.

Ҳамин тавр, тайи муддати тӯлонии давлатдорӣ дар сарзамини таърихии тоҷикон сарчашмаҳои мухталифи ҳуқуқӣ мавриди амал ва татбиқ карор гирифтаанд, ки дар аксари онҳо арзишҳои волои ҳуқуқӣ оид ба эътироф ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон тарҳрезӣ шудаанд.

test

Добавить комментарий