Норавоии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрванд дар шароити вазъияти фавқулодда

1. Мафҳуми вазъияти фавқулодда ва маҳдудсозии ҳуқуқҳои инсон

Ба ҷуз маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар шароити муқаррарӣ равост, давлат метавонад ҳамчунин маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрвандро дар вазъиятҳои фавқулодда ҷорӣ намояд.

Одатан, вазъияти фавқулодда дар мамлакат дар ҳолатҳое, ки вазъияти фавқулодда ба ҳастии миллат ё шароити мӯътадили зиндагии ҳамаи (қисми) аҳолӣ, мавҷудияти худи давлат таҳдид мекунад ва амалҳои муқаррарии мақомоти давлатии ҳокимият барои ба танзим даровардани чунин вазъият кофӣ нестанд, ҷорӣ карда мешавад. Чунин таҳдидҳо аз инҳо бармеоянд: дигаргуниҳои ҷиддии харобиовари табиӣ (сӯхторҳо, обхезиҳо, заминларзаҳо, гуруснагӣ, эпидемияҳо, ҳамлаи ҳайвонот ва ҳашароти зараррасон), омилҳои берунӣ (амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷӣ), омилҳои дохилидавлатӣ (бадшавии вазъияти иҷтимоӣ – иқтисодии аҳолӣ, муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ дар ҷомеа). Дар ин маврид давлат баҳри ба эътидол овардани вазъияти баамаломада ва бартарафсозии оқибатҳои манфии он бо мақсади нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави худ маҷбур аст, ки чораҳои фавқулодда бинад. Ин чораҳо дар навбати аввал маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои муайяни шаҳрвандон ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳои иловагиро пешбинӣ менамоянд. Одатан, ин маънии маҳдудсозии як қисми ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, пурзӯр кардани масъулияти маъмурӣ ва ҷиноиро дорад.

Вазъияти фавқулодда чораҳои муваққатии бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат эълонгардида дар ҳолати ба амал омадани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёти аҳолии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он аст.

2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдудсозиҳои

ҳуқуқҳои инсон дар шароитҳои вазъияти фавқулодда

Махсусиятҳои ҷорӣ намудани режими вазъияти фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ин давра дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» (аз 3 ноябри соли 1995), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва технигенидошта» (аз 15 июли соли 2004) ва дигар санадҳои меъёрӣ таҳким ёфтаанд.

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад.

Моддаи 46-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» таркиби режими фавқулоддаро ҳамчун чораи муваққатии мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълоншавандаи пешбиникунандаи режими махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ки дар амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ҳамчунин ҳуқуқҳои ашхоси юридикӣ маҳдудиятҳоро раво мебинанд ва ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳои иловагӣ вомегузоранд» таҳким мебахшад.

Моддаи 4-и Қонун «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва технигенидошта» мафҳуми «вазъияти фавқулодда»-ро ҷорӣ менамояд.

Вазъияти фавқулодда ҳолати дар ҳудуди муайян дар натиҷаи садама, рӯйдоди хатарноки табиӣ, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва ғайра ба амал омадаест, ки боиси ҳалокати одамон, зараррасонӣ ба саломатии онҳо ё муҳити зисти табиӣ, хисороти зиёди моддӣ ва халалдор шудани шароитҳои фаъолияти ҳаётии одамон мегардад ё гардидааст.

Қонун «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» чунин шартҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулоддаро дар Тоҷикистон пешбинӣ менамояд: 1) ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд; 2) ҳангоми вайронкуниҳои оммавии тартиботи ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдиди воқеӣ мекунанд; 3) ҳангоми кӯшишҳои ғасби ҳокимияти давлатӣ ё дигаргунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ; 4) ҳангоми таарруз ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйир ёфтани сарҳадҳои он таҳдид мекунад; 5) ҳангоми зарурати барқарорсозии тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Дар мамлакатҳои гуногун усулҳои худии ҷорӣ кардани режими вазъияти фавқулодда мавҷуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми дуюми моддаи 46-и Конститутсия ҳуқуқ дорад, ки дар тамоми қалам рави ҷумҳурӣ, ё дар маҳалҳои алоҳидаи зери хатар қарордошта бо фаврӣ пешниҳод кардани фармон дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳсозии СММ вазъияти фавқулодда эълон намояд. Мӯҳлати вазъияти фавқулодда 3 моҳ буда, дар сурати зарурат онро дароз кардан мумкин аст.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароитҳои ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда маҳдудсозиҳои ҳуқуқу озодиҳои гуногунро пешбинӣ менамояд. Масалан, вобаста ба таҳдиди мавҷуда давлат метавонад режими махсуси кори корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро муқаррар кунад, яъне рӯзи кори баъзе кормандон (духтурон, ҳарбиён, коркунони милитсия) дароз мешавад, шаҳрвандони дигар (муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кормандони муасиссаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ) баръакс метавонанд муваққатан фаъолияти меҳнатии худро қатъ кунанд. Дар чунин ҳолатҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба таҳсил, махфӣ будани мукотиба ва гуфтугӯҳои телефонӣ, озодии ҷойивазкунӣ, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои динӣ, ҳуқуқ ба гузаронидани ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, озодии сухан, ҳуқуқи истифода аз васоити ахбори умум ва боз бисёр ҳуқуқҳои дигар имконпазир аст.

Аммо чунин маҳдудиятҳо танҳо дар сурати мавҷудияти таҳдиди воқеӣ ва дар асоси қонун ҷорӣ мегарданд.

3.Норавоии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон

ва шаҳрванд дар шароити вазъияти фавқулодда

Баробари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки нисбати онҳо дар шароити вазъияти фавқулодда аз ҷониби давлат ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мумкин аст, чунин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳое мавҷуданд, ки маҳдудсозии онҳо дар ягон шароит раво нест. Чунин ҳуқуқу озодиҳоро мутлақ меноманд.

Мутобиқи қонунгузориҳои байналмилалӣ ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда барои маҳдудсозии чунин ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) асос шуда наметавонад: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаю ҷазодиҳӣ, озодӣ аз ғуломӣ ва ҳолати озод набудан. Ин ҳуқуқҳо характери табиӣ дошта, маҳдуд карда намешаванд.

Мутобиқи моддаи 47- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар моддаҳои 16,17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28 –и Конститутсия пешбинигардида маҳдуд карда намешаванд.

? Моддаҳои зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат хонед. Дар ин моддаҳо кадом ҳуқуқу озодиҳо таҳким бахшида шудаанд?

Ҳамин тавр, ҳангоми вазъияти фавқулодда давлат наметавонад, ки аз ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони дар хориҷа будааш даст кашад. Вай сарфи назар аз вазъияти дохилии мамлакат вазифадор аст, ки нисбат ба онҳо ӯҳдадориҳои худро ба ҷо орад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ ба ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи амали вазъияти фавқулодда берун аз ҳудуди мамлакат низ (моддаи 16-и Конститутсия) боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда касе ҳақ надорад, ки ҳуқуқи баробарӣ дар назди қонун ва судро маҳдуд кунад. Давлат ҳуқуқу озодиҳои ҳар як одамро, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоию амволӣ кафолат медиҳад, яъне дар шароити вазъияти фавқулодда табъиз низ раво нест (моддаи 17-и Конститутсия).

Дар шароити ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда ҳамчунин маҳдудсозии ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсият (моддаи 18-и Конститутсия), ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва кӯмаки адвокат (моддаи 19-и Конститутсия), фарзияи бегуноҳӣ (моддаи 20-и Конститутсия), дахлнопазирии манзил (моддаи 22-и Конститутсия), ҳуқуқ ба имконияти шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои шахс (моддаи 25-и Конститутсия) ва ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ (моддаи 28-и Конститутсия) мумкин нест.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: вазъияти фавқулодда, лаҳзаи фавқулодда, ҳуқуқҳои мутлақ.

Савол ва супоришҳо:

1.Зери ибораи «вазъияти фавқулодда» чиро мефаҳманд? Он дар кадом ҳолатҳо дар мамлакат ҷорӣ карда мешавад?

2.Ба андешаи Шумо, чаро дар шароитҳои вазъияти фавқулодда маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрванд мумкин аст?

3. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар шароити вазъияти фавқулодда кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшанд?

? Схемаро бодиққат омӯзед. Ба хотир оред, ки давлат чист?

Таърифи шакли идоракунӣ, сохти давлатӣ ва режими сиёсиро гӯед.

1.Шахсият ва давлат

Муносибатҳои байни давлат ва инсон бояд ба эҳтирому масъулиятнокии байниҳамдигарӣ асос ёбанд. Ҳар як одами дар давлати муайян зиндагикунанда ӯҳдадор мешавад, ки қонуни асосӣ ва тартиботи ҷамъиятиро эҳтиром кунад ва риоя намояд. Аз ҷониби дигар, давлат бояд барои рушди мӯътадили ҷомеа шароитҳои муайян фароҳам созад. Дар назди вай вазифаҳои таъмини сулҳу осоиш ва амният, ҳаёти шоистаи аҳолӣ меистанд. ди мӯътадили ҷомеа шароитҳои муайян фароҳам созад. Дар назди вай вазифаҳои таъмини сулҳу осоиш ва амният, ҳаёти шоистаи аҳолӣ меистанд. Амалишавии ин вазифаҳо аз сиёсати давлат вобаста аст.

Сиёсат (аз юнонии polis – давлат) санъати идоракунии давлат, низоми муносибатҳои байни одамон бобати ташкил намудан ва истифода кардани ҳокимият аст.

Сиёсат мундариҷа, моҳият ва вазифаҳои фаъолияти ҳар як давлатро муайян мекунад. Ҳаёти сиёсиро метавон ҳамчун яке аз соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баррасӣ кард, зеро сиёсат бо роҳи иштироки инсон ё гурӯҳи одамон дар корҳои давлатӣ амалӣ мегардад. Функсияи асосии сиёсати давлат нигаҳдорию эҳтиёт кардан ва инкишоф додани миллат, таъмини тамомияти арзии давлат ва мӯътадилии низоми давлатӣ, ҳимояи амният ва некӯаҳволии шаҳрвандони худ мебошад.

Ҳар як давлат барои амалисозии манфиатҳои миллӣ сиёсати дохилӣ ва беруниро пеш мебарад. Сиёсати дохилӣ бо ҳалли вазифаҳои ҷамъиятии дохилӣ вобаста буда, ҳалли масъалаҳои сохтмони давлатӣ ва низоми идоракунии давлатӣ, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, болоравии некӯаҳволӣ, сифат ва давомнокии зиндагии аҳолӣ, таҳкими амният ва тартиботи ҳуқуқиро дар назар дорад. Сиёсати берунӣ фаъолияти давлат дар арсаи байналмилалиро, ки бо муносибати байни давлатҳо (пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя) вобаста аст, бо мақсадҳои ҳимояи манфиатҳои умумидавлатӣ, таъмини амнияти давлат, мустаҳкамшавии мавқеи он дар ҷаҳон ва пурзӯршавии таъсираш ба равандҳои ҷаҳонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ фаро мегирад.

Аммо сиёсати ҳам дохилӣ ва ҳам берунии ҳар як давлат мақсадҳои умумӣ доранд, ки онҳо таъмини рушди ҳамаҷонибаи инсон ва фароҳам овардани шароитҳо барои эҳтиром ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯ мебошад.

Афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсат чунин маъно дорад, ки ҳамаи дигаргунсозиҳои давлатӣ ва ислоҳот бояд ба манфиати беҳбуди ҳаёти инсон сурат гирифта, ҳуқуқу озодиҳои ӯро коста нагардонанд. Тамоми фаъолияти давлат бояд ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон, таъмини манфиатҳои ӯ нигаронида шавад. Бинобар ин функсияҳои сиёсии давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра амалӣ мегарданд. Дар замони ҳозира сиёсати давлат бояд ба принсипҳои инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон асос ёбад, ки ин бешак, ба инкишофу мустаҳкамшавии сулҳ ва амният дар рӯи Замин мусоидат мекунад.

Аммо афзалиятнокии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ нисбат ба сиёсати давлат таърихан на ҳамеша амалӣ мегардид. Масалан, дар давлатҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ сиёсат манфиати танҳо табақаҳо ва синфҳои ҳукмронро таҷассум мекард. Чунин давлатҳо арзишнокии шахсият ро умуман эътироф намекарданд ва ҳуқуқҳои инсон бошанд, моҳияти табақавӣ доштанд. Қисмати асосии аҳолӣ аз ҳуқуқу озодиҳои оддӣ маҳрум буд. Чунончи, ғуломдор ғуломро метавонист бихарад, бифурӯшад ва ҳатто бикушад. Бинобар ин сиёсат ба зӯроварию маҷбурсозӣ асос ёфта буд. Таърих бисёр мисолҳои амиқан ғалати сиёсати давлатҳоро медонад, ки ба талафоти ҷонӣ ва азобу уқубатҳои одамон оварда расондаанд.

Дар ҷаҳони имрӯза амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз навъи давлат, сиёсати давлатӣ ва режими сиёсӣ вобаста аст.

2.Режими сиёсӣ ва ҳуқуқҳои инсон

Зери мафҳуми режими сиёсии давлат маҷмӯи усулҳо ва методҳое фаҳмида мешаванд, ки бо ёрии онҳо мақомоти давлатӣ ҳокимияти сиёсии ба онҳо мансуббударо амалӣ мегардонанд. Ҳамагуна режими сиёсӣ механизмҳои муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимият: ҷомеа (халқ) ва шахсият (шаҳрванд), кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҷассум менамоянд.

? Ба хотир оред, ки кадом навъҳои режимҳои сиёсӣ ба Шумо маълуманд?

Олимон се навъи асосии режимҳои сиёсиро ҷудо мекунанд: тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ. Ба режими сиёсии тоталитарӣ ҳукмронии комили ҳокимият бар ҷомеа ва шахсият, назорати ҳамаро фарогиранда ба шаҳрвандон аз ҷониби давлат характернок аст.

Тоталитаризм (аз лот. Totalis –умумӣ) режими сиёсиест, ки дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бо фарогирии ҳаёти шахсии ҳар як одам назорати пурра мебаранд.

Ҳангоми режими сиёсии тоталитарӣ ҳуқуқҳои инсон қатъиян маҳдуд мешаванд; ҳокимият дар дасти табақаи ҳукмрон, ки сохтори ҳизбӣ-давлатиро роҳбарӣ мекунад, ҷамъ меояд; тақсими ҳокимият ба рукнҳо рад карда мешавад; идоракунӣ ба таври максималӣ муттамарказ мегардад; интихобот гузаронида шавад ҳам, аҳамияти воқеӣ надорад; гуногунандешии сиёсӣ бо ҳукмронии як ҳизб иваз мешавад; идеологияҳои мухолифи идеологияи расмӣ манъ мегарданд; афкори дигар таъқиб мешавад; масъулиятнокии давлат дар назди шаҳрванд эътироф намегардад; шаҳрвандон дар механизми умумии давлат чун “мехаки оддие” баррасӣ мешаванд.

? Мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми режими сиёсии тоталитариро ба хотир оред ва гӯед. Ба андешаи Шумо, оё дар даврони режими тоталитарӣ афзалитнокии ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсат амалӣ мегардад?

Режими сиёсии авторитарӣ бо ҳокимияти бемаҳдуди як одам ва ё гурӯҳи одамон ба шаҳрвандон бо нигаҳдории озодии нисбии шахсият ва ҷомеа дар соҳаҳои ғайрисиёсӣ, масалан, дар иқтисодиёт ва фарҳанг фарқ мекунад.

Авторитаризм (аз лот. Auctoritas – ҳокимият, таъсир) режими сиёсиест, ки дар он ҳокимият дар дасти як одам (диктатор) ё гурӯҳи одамон ҷамъ омада, он бо мавҷудияти назорат аз ҷониби давлат пеш аз ҳама ба соҳаи сиёсӣ характернок мебошад.

Дар даврони режими сиёсии авторитарӣ ҳамаи рукнҳои ҳокимият дар дасти як мақомоти давлатӣ ё одам (диктатор) ҷамъ меоянд; тақсимоти ҳокимият риоя намешавад; идоракунии давлат муттамарказ аст; фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои мухолифин дар сурати мутобиқат накардани манфиатҳои онҳо бо манфиатҳои ҳизби ҳукмрон манъ карда мешаванд; фаъолияти васоити ахбори омма зери назорати давлат аст.

? Мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми режими сиёсии авторитариро ба хотир оред ва гӯед.

Дар давраи режими сиёсии авторитарӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус дар соҳаи сиёсӣ, ба таври назаррас маҳдуд мегарданд. Ҳатто агар ҳуқуқу озодиҳои инсон, масалан, дар соҳаҳои иҷтимоӣ ё фарҳангӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлат дар қонунгузорӣ таҳким ёбанд ва қисман амалӣ шаванд ҳам, дар воқеият манфиатҳои элитаи сиёсии ҳукмрон назар ба ҳуқуқҳои ҳар як шахсияти алоҳида бартарӣ доранд.

Бар фарқияти режимҳои сиёсии тоталитарию авторитарӣ барои режими сиёсии демократӣ эътироф ва амалишавии воқеии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳранд дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандон хос аст.

Демократия (аз юнонии demos – халқ, cratos-ҳокимият) режими сиёсиест, ки ба эътирофи халқ ҳамчун манбаи ҳокимият, ҳуқуқи ӯ барои иштирок кардан дар ҳалли корҳои давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо доираи васеи ҳуқуқу озодиҳо, амалишавии назорати ҷомеа (аксарият) бар ҳокимият бунёд ёфтааст.

Дар даврони режими сиёсии демократӣ инҳо эътироф мешаванд ва амалӣ мегарданд: принсипҳои давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ; нақши волои конститутсияи бо роҳи демократӣ қабулшуда ҳамчун асоси ҳуқуқии тартиботи ҳуқуқии мавҷуда; идоракунии давлат дар асоси ба рукнҳо тақсим кардани ҳокимият; озодии фаъолияти ҳамаи ҳизбҳое, ки зӯровариро пеша намекунанд; аҳамияти воқеии сиёсии интихобот ва дигар шаклҳои иштироки шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ.

Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, таъминот ва ҳимояи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти давлати демократӣ мебошад. Шахсият имконият дорад, ки дар идоракунии давлат фаъолона иштирок намояд. Ба ин тариқ, ба режими сиёсии демократӣ амалисозии принсипҳои зерин хос аст: баробарӣ; озо эътиқоди динӣ, ба онҳо ҳеҷ кас, ҳатто давлат ҳам, ҳуқуқи дахолат кардан надорад. Яъне ҳудудҳои фаъолияти давлатӣ аҳамияти махсус доранд, давлат наметавонад, ки бевосита ба ҳамаи ҳуқуқҳои инсон таъсир расонад.

? Схемаро бодиққат омӯзед. Фикр кунед, ки муносибати байниҳамдигарии шахсият, ҷомеа ва давлат чӣ навъ амалӣ мегарданд?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: сиёсат, режими сиёсӣ, тоталитаризм, авторитаризм, демократия.

test

Добавить комментарий