Арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқҳои инсон

1.Меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқ

Муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа бо низоми меъёрҳои иҷтимоӣ ба танзим дароварда мешавад, ки асоситарини онҳо меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Дар меъёрҳои ахлоқӣ тасаввурот дар бораи некию бадӣ, адолату эътибор, шарафу шафқат ифода ёфтаанд. Меъёрҳои ахлоқ маҳсули рушди таърихии инсоният мебошанд, онҳо дар рафти муборизаҳо бо бадӣ, барои барқарории некию инсондӯстдорӣ, бахту саодати одамон ташаккул ёфтаанд. Бо сурати умум мундариҷаи ахлоқ дар “Қоидаи тиллоӣ”, ки ҳанӯз дар Юнони қадим, Ҳиндустону Хитой маълум буд, ифода ёфтааст: “Нисбат ба дигарон тавре рафтор намо, ки нисбат ба ту низ чунин рафтор кунанд”.

Меъёрҳои ахлоқӣ (маънавӣ) дар афкори ҷамъиятӣ тарҳрезӣ гардида ва бо худи ҳамин афкор аз вайрониҳо эмин монда, чун қоида, бар асари мӯътақидии шахсӣ ва одатҳои одамон ба ҷо оварда мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқ аз ҷониби давлат муқаррару тасдиқ мегарданд ва бо меъёрҳои ахлоқ алоқамандии зич доранд. Чунончи, масалан, панди бузургон “Ҳуқуқ санъати некию адолатнокист” алоқамандии таркибии ҳуқуқ ва ахлоқро бозгӯ мекунад, ки мувофиқи ин муқаррарот қонунҳо бояд боадолатона ва инсондӯстона бошанд.

Меъёрҳои умумиинсонии ахлоқ арзишҳои маънавианд. Ҳуқуқҳои инсон бо арзишҳои ахлоқӣ алоқамандии зич доранд. Мафҳумҳои мазкур ё якдигарро пурра месозанд, ё дар ҳамбастагӣ аҳамияти умумиро моликанд. Вақте сухан дар бораи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, дараҷаи инкишофи муносибатҳои ахлоқӣ дар ҷомеа дар назар дошта мешавад, ки бо ҳуқуқҳои инсон бевосита алоқаманданд. Ҳуқуқҳои инсон низ арзише маҳсуб мешаванд, ки дигар категорияҳои ахлоқиро муттаҳид месозанд.

Арзиш гуфта ҳамаи он чиро меноманд, ки рӯҳияи мусбат дошта, ҳамчун некӯаҳволӣ, накӯкорӣ, кӯмак ва зарурат баррасӣ мешавад.

Арзишҳо идеалҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи маънавие мебошанд, ки инсоният ба онҳо муваффақ шуда, дар шуури ҷамиятӣ таҷассум сохтааст.

Арзишҳо таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб карда, ҳамчун сарват ва манфиат баррасӣ мешаванд ва тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётии одам ва ҷомеаро фаро мегиранд. Онҳо мувофиқсозандаи манфиатҳои шахсият ва ҷомеа, таъминкунанда ва болобарандаи шаъну эътибори инсон, нигоҳдорандаи тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд.

2.Ҳуқуқҳои инсон ҳамчун арзиши умумиинсонӣ

Ҳуқуқҳои инсон арзиши бузургтарини маънавӣ мебошанд. Онҳо чун арзиши умумиинсонӣ аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

Мундариҷаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун арзиши маънавӣ як силсила категорияҳои ахлоқӣ муайян мекунанд, аз ҷумла: инсондӯстӣ, озодӣ, адолат, шаъну эътибор, виҷдон, поквиҷдонӣ ва ғайра. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ, дахлнопазирии манзил, махфияти мукотибот ба меъёрҳои ахлоқии ҳалимӣ, раҳмдилӣ, боодобӣ асос ёфтаанд. Дар озодӣ аз шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонии золимонаю ҷазодиҳӣ арзишҳои маънавӣ-инсондӯстонаи ҳамдардӣ ва инсонгароӣ ниҳонанд. Дар ҳуқуқи ҳимояи баробар аз ҷониби қонун ва баррасии одилонаи судӣ мафҳумҳои маънавии баробарӣ, боварӣ, кӯмаку дастгирӣ, худидоракунӣ мавҷуданд. Озодии афкор, виҷдон, дин, эътиқод ба хирадмандӣ, мулоҳизакорӣ, интеллигентнокӣ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ба раҳму шафқат, саховатмандӣ ва адолат асос меёбанд.

? Арзишҳои ахлоқии ба Шумо маълуми бо ҳуқуқҳои инсон алоқамандро ба хотир оред.

Инсондӯстӣ ҷараёни афкори ҷамъиятиест, ки дар даврони Эҳё пайдо шуда, арзишмандии ҳар як шахсияти инсониро таҳким бахшидааст ва чунин арзишҳои ахлоқиеро муайян кардааст, ки ҳуқуқҳои инсонро таъмин ва ҳимоя мекунанд: шаъну эътибор, виҷдон, маънавият, озодӣ, баробарӣ, ҳамраъӣ. Инсондӯстдорӣ, волоияти мақоми иҷтимоии инсон ва ҳимояи манфиатҳои вай ба пайдошавии худи категорияи «ҳуқуқҳои инсон” оварда расондааст. Даст кашидан аз ғояҳои гуманизм, инсондӯстдорӣ ба футурравию пошхӯрии олами ба инсоният маълум ва ҳамаи арзишҳои умумиинсонии ба он такякунанда оварда мерасонад.

Ҳамаи одамон озоданд. Озодӣ яке аз арзишҳои ахлоқии умумиинсонист, имконияти ба амал баровардани ҳамаи чораҳоест, ки ба каси дигар зарар нарасонад. Файласуфи машҳури Юнони қадим Суқрот (солҳои 470-399 то мелод) ҳаёти худро ба он бахшидааст, ки озодии суханро соҳиб шуда, мувофиқи эътиқоди худ амал намояд.

Озодии инсон бисёрҷабҳа аст, вай ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳар як шахсияти алоҳидаро фаро мегирад. Аммо озодӣ мутлақ шуда наметавонад, чунки он ба ҳар кас тааллуқ дошта бошад ҳам, одамон дар ҷомеа зиндагӣ мекунанд. Сарфи назар аз он ки озодӣ арзиш аст, инсоният ҳанӯз аз замонҳои қадим ба хулосаи зарурати маҳдудсозии он бо мақсади нигоҳдошти некӯаҳволии умум, назорати муносибатҳои байни одамон, ҳамчунин кафолатҳои он расидааст. Озодӣ дар мустақилияти шахсият ифода меёбад, вале амалҳои мустақилонаи одам бояд оқилона бошанд ва ба дигар одамон зараре нарасонанд. Дар назди ҳар як шахсият чунин вазифаи маънавӣ меистад: “Ман соҳибихтиёрии худро маҳдуд месозам, то ки қарзи хешро дар назди дигарон ба ҷо орам, ҳуқуқҳои дигаронро эҳтиром кунам, нисбати дигарон ноадолатӣ накунам, ба некӯаҳволии онҳо мусоидат намоям”.

Адолатнокӣ категорияи ахлоқии бевосита бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманд аст, зеро он маънии баробариро ифода мекунад. Ҳамаи одамон гуногунанд, аммо онҳо бобати ҳуқуқҳо ва шаъну эътибори худ баробаранд. Адолатнокӣ татбиқи мавзунияти ҷаҳонӣ дар рӯи Замин, ҳолати баробармувозинатии ҷомеа аст, ки дар он ҳар кадоме ба ҳар нафаре хидмат мерасонад, “чизи худро” медиҳаду мегирад. Моҳияти маънавии адолатнокиро се қоидаи асосӣ муайян мекунанд: “ростгӯю ростқавл бош”, “ба нафари дигаре зарар нарасон”, “ба ҳар кас чизи худашро деҳ”. Адолатнокӣ сатҳи некӯаҳволии ҳаёт ва пешрафти ҷомеаро таҷассум менамояд, рушди давлат ва давлатдориро таҳким мебахшад ва чун асоси маънавии мақоми инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ хизмат менамояд.

? Ба гуфтаи Арасту, “адолатнокӣ як навъ миёне байни барзиёдӣ ва камист. Беадолатӣ зараррасонист, дар навбати худ зарари орӣ аз некӣ аст. Ба худ додани ҳиссаи зиёди некӣ ва қисми ками бадӣ беадолатист”. Шумо ба маънии ин гуфтаи Арасту сарфаҳм меравед?

Шаъну эътибор ва қадру қимат категорияҳои муҳимтарини маънавӣ ва ахлоқие мебошанд, ки муносибати боэҳтиромонаро ба ҳар як одам, сарфи назар аз хизматҳо, мавқеи ҷамъиятӣ, мансубияти миллӣ ё эътиқодмандиҳо аз ҷониби дигар одамон, ҳамчунин ҷомеа ва давлат дар назар дорад. Шаъну эътибори инсониро ба андозаи ба робар ҳам тифли навзод, ҳам ҷинояткор ва ҳам шаҳрванди қаторӣ соҳибанд. Дар давлатҳое, ки беҳокимиятӣ, қашшоқӣ, беқонунӣ ҳукмронанд, дар бораи шаъну шараф ва қадру қимати инсон сухан гуфтан ҳам нашояд. Эҳтироми қадру қимати инсон дар тамоми низоми ҳуқуқҳои инсон ва ба андозаи боз ҳам равшантару пурҷилотар дар чунин ҳуқуқҳо, чун ҳуқуқ ба дахлнопазирии қадру қимат ва обрӯю нуфуз, ҳуқуқ ба ном, ба ҳаёт, ба манъи шиканҷа, муносибату ҷазодиҳии ғайриинсонию пастзанандаи шаъну эътибор, ба манъи ғуломдорӣ ва меҳнати маҷбурӣ, ба ҳаёти шахсӣ, ба зиндагии шоиста ва ғайра таҷассум меёбанд.

Байни арзишҳои ахлоқие, ки ба ҳуқуқҳои инсон муносибати бевосита доранд, инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: ҳақиқат, виҷдон, поквиҷдонӣ, муҳаббат, саодат ва бисёр арзишҳои дигар. Виҷдон эҳсоси ботинӣ, чунин рӯҳияи инсон аст, ки имконият медиҳад, некию зиштӣ, хубию бадӣ, адолатнокию беадолатӣ фарқ карда шавад. Ин ҳамон нидои даруниест, ки ба одам кӯмак мекунад, дар асоси тасаввуротҳои умумии маънавӣ ин ё он тарзи рафторро интихоб намояд. Бо мафҳуми виҷдон категорияи ахлоқии поквиҷдонӣ – муносибати бомасъулиятонаи одам ба муҳит, атроф, одамон, кор, ӯҳдадориҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда дар назди ҷомеа ва давлат зич алоқаманд аст. Муҳаббат низ ҳамчун арзиши ахлоқӣ баррасӣ мешавад. Дар муҳаббат мундариҷаи ғамхорӣ, муносибати боэҳтиромона ба нафаре: ба одам, ба наздикон ва пайвандон, ба табиат, ба Ватан ва ғайра таҷассум меёбад.

Арзишҳои ахлоқӣ ба ҳуқуқҳои инсон барои таъмини манфиатҳои инсон хизмат карда, баҳри бунёди ҷомеаи инсондӯстона замина фароҳам меоранд.

3.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои ахлоқӣ

Ҳуқуқҳои инсон ибтидои маънавӣ дошта, аз меъёрҳои ахлоқӣ бармеоянд, аммо онҳо чун дар меъёрҳои ахлоқӣ дар меъёрҳои ҳуқуқӣ низ таҳким меёбанд. Бисёр вақт санадҳои қонунгузорӣ категорияҳои маънавиро инъикос мекунанд. Чунончи, дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст, ки ҳамаи одамон соҳиби “ақл” ва “виҷдон” мебошанд ва нисбати якдигар бояд дар рӯҳияи “бародарона” рафтор намоянд. Дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мафҳумҳои ”хушбахтӣ” ва “муҳаббат” ҳастанд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои ахлоқӣ чун қисми таркибии ҳуқуқу озодиҳои таҳкимёфтаи инсон ва чун кафолатҳои ҳимояи онҳо баромад мекунанд. Чунончи, дар моддаи 1-и Констиутутсия чунин нишондодҳои категорияҳои ахлоқӣ чун “зиндагии арзанда” ва “инкишофи озодона”, дар моддаи 5- “қадр” ва “номус”, дар моддаи 17- “баробарҳуқуқӣ”, дар моддаи 34 – “ғамхорӣ” ва ғайра мавҷуданд.

Дар қонунгузориҳои миллии оилавӣ ва гражданӣ истилоҳи ҷуброни хисороти (зарари) ахлоқӣ истифода шуда, дар қонунгузориҳои ҷиноятӣ чунин принсипҳои маънавӣ чун адолатнокӣ ва инсондӯстӣ таҳким ёфтаанд, масъулият барои рафтори бадахлоқонаи одам, ҳамчунин барои содир кардани ҷиноятҳо бар зидди озодии шахсӣ, паст задани шаъну эътибор ва қадру қимат, масалан, барои дуздидани одам, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, зархарид кардани одамон барои истисмор, ғайриқонунӣ ҷойгузин сохтан дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ, маҷбурсозӣ, тӯҳмат, таҳқир кардан пешбинӣ шудааст.

Ҳамаи мисолҳои овардашуда ба ҳамбастагии зичи меъёрҳои ахлоқ ва меъёрҳои ҳуқуқ далолат мекунанд. Мафҳумҳои ахлоқ бо категорияҳои ҳуқуқӣ омехта шуда, аҳамияти аслии худро гум намекунанд. Ҳуқуқҳои инсон ҳамчун соҳаи якдигарро пурракунандаи ҳуқуқ ва ахлоқ баромад мекунанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: меъёрҳои ахлоқ, меъёрҳои ҳуқуқ, арзишҳо.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.