Ҳуқуқҳои инсон ва давлати иҷтимоӣ

1.Давлати иҷтимоӣ: мафҳум, моҳият

Дар ҷаҳони имрӯза дар назди давлат маҷмӯи томи вазифаҳои муҳимтарин меистанд, ки таъиноти иҷтимоии давлат дар онҳо ифода мегардад. Ва дар тавсифи таъиноти иҷтимоии давлат вазифаи аз ҳама  асоситарини он таъмини сатҳи муайяни зиндагии шаҳрвандони худ, қонеъсозии талаботи моддӣ ва маънавии онҳо мебошад.

Мафҳуми «давлати иҷтимоӣ” дар миёнаҳои асри ХХ пайдо шудааст. Нуктаҳо дар бораи давлати иҷтимоӣ дар конститутсияҳои як қатор давлатҳои демократии иқтисодиёташон хеле пешрафта (дар ҶФО – соли 1949, Фаронса – 1958, Испания – соли 1978 ва ғайра) зикр гардидаанд. Чунин давлат чун «давлати некӯаҳволии умум» баррасӣ мешавад.

Аммо ғояи некӯаҳволии халқ ҳамчун вазифаи асосии давлат ҳанӯз дар давраи дунёи қадим пайдо шуда буд. Масалан, Арасту давлатро «иттиҳоди озодон баҳри муваффақшавӣ ба ҳаёти хушбахтона» донистааст. Дар Рим шиори зер маълум буд: «Некӯаҳволии халқ қонуни олитарин аст».

Давлати иҷтимоии замони ҳозира вазифадор аст бобати фароҳам овардани шароитҳое, ки ҳаёти шоиста ва рушди озодонаи шаҳрвандонро таъмин менамоянд, ғамхорӣ кунад. Зимнан, зери мафҳуми ҳаёти шоиста таъминоти моддии мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ, дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, амнияти ҳуқуқии шахсӣ ва зери мафҳуми рушди озодона  рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии инсон фаҳмида мешавад.

Давлати иҷтимоӣ давлатест, ки сиёсаташ ба таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ ва рушди озодонаи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вай нигаронида шудаст.

Сиёсати иҷтимоии давлат яке аз принсипҳои асосии давлати демократии замони ҳозира мебошад. Моҳияти давлати иҷтимоӣ дар муттаҳидшавии ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ, миллатҳо, арзишҳо ифода ёфта, аломатҳои асосии он таъмини қадру қимати инсон, адолат, масъулиятнокӣ, барҳам додани нобаробарии воқеӣ, ба эътидол омадани  низоъҳои иҷтимоӣ ва ихтилофот дар ҷомеа мебошад. Дар давлати иҷтимоӣ ҳама гуна шаклҳои табъизи одамон аз рӯи аломатҳои мансубияти иҷтимоӣ манъ аст.

Инкишофи моликияти хусусӣ, ки  ба тақсимоти табақавии иҷтимоии ҷомеа бурда мерасонад, аз давлати иҷтимоӣ ҳалли проблемаи нисбатан мураккаб – эътидолбахшии низоъҳоро аз рӯи принсипи “то ки камбағалон набошанд», на аз рӯи принсипи «то ки бойҳо набошанд»   тақозо мекунад. Таъминоти шоистаи моддӣ маънии баробарии пурраи моддиро надорад. Давлат бояд роҳҳоеро дарёбад, ки пеши роҳи камбизоатии оммавиро гирифта, болоравии некӯаҳволии шаҳрвандонро таъмин намояд.

Яке аз ҷиҳатҳои давлати иҷтимоии замони ҳозира ғамхории зиёд дар ҳаққи категорияҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ беҳимояи шаҳрвандон: кӯдакон, одамони имкониятҳояшон маҳдуд, пиронсолон, бехонаҳо ва ғайра мебошад.

Аммо давлати иҷтимоӣ набояд тайёрхӯронро тарбият кунад ва бо васояти худ ба фаъолмандии корӣ, ташаббусҳои соҳибкории аъзои ҷомеа халал расонад. Сухан танҳо дар бораи фароҳам овардани чунин имкониятҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва ташкилӣ меравад, ки дар онҳо шаҳрвандон бо кӯшишҳои хеш барои худ ва аҳли оилаашон некӯаҳволӣ ба вуҷуд оранд.

Фаъолияти давлати иҷтимоӣ бевосита бо таъмину ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд аст. Сухан пеш аз ҳама дар бораи насли дуюми ҳуқуқҳои инсон-ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ меравад, ки амалисозии онҳо аз давлат бунёди кӯдакистонҳо, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ, роҳҳою кӯпрукҳо, иншооти табобатию курортӣ, хонаҳои маданият, пардохти музди меҳнати коркунони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва ҳадди ақали музди меҳнат, навъҳои гуногуни кӯмакҳои моддӣ, тарбияи ятимон ва бепарасторон, шаклҳои хадамоти гуногуни маишӣ ва ғайраро тақозо мекунанд. Аммо давлати иҷтимоӣ ба амалишавии тамоми маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳо таъсири бевосита мерасонад.

 

  1. Шароитҳои шоистаи зиндагӣ

Тавре дар боло изҳор гардид, маънии фаъолияти давлати иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки давлат ба нишондодҳои қонун асос карда, ба худ ӯҳдадории барои ҳар инсон таъмин кардани шароитҳои зиндагии шоистаи моддиро мегирад ва ҳар одам ба чунин сатҳи зиндагӣ умед баста метавонад, ки дар он на танҳо  зиндагии  оддӣ ба  сар барад, балки худро ҳамчун шахсият зоҳир карда, аз давлати худ ифтихор намояд.

Ҳуқуқи ҳар як одам ба шароитҳои шоистаи зиндагӣ ва моҳияти он дар моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар кушода дода шудааст: «Ҳар як инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии  иҷтимоие, ки барои сиҳатию некӯаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ ба вуҷуд меоянд, ҳақ дорад»”. Ва минбаъд: «Модарону кӯдакон ба васоят ва кӯмаки махсус ҳақдоранд. Хамаи кӯдаконе, ки дар аҳди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоӣ баробар истифода намоянд».

Ҳуқуқи мазкурро дигар ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ низ таҳким бахшидаанд. Масалан, тибқи моддаи 11-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ “давлат ҳуқуқи ҳар шахсро ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилаи ӯ бо фарогирии хӯрок, пӯшок ва манзили кофӣ ва пайваста беҳтар шудани шароитҳои зиндагӣ» эътироф мекунад. Дар ин маврид ҷомеаи байналмилалӣ ба озоду эмин будани ҳар кадоме аз гуруснагӣ эътибори махсус медиҳанд.

Ба ин тариқ, шароитҳои шоистаи зиндагӣ таъминоти оддӣ бо хӯрок, либос, манзил, ёрии тиббӣ, музди меҳнат, шароитҳои хуби маишӣ, хадамоти гуногуни иҷтимоӣ дар таъминоти коммуналӣ, қувваи барқ, об ва ғайраро фаро мегиранд. Кӯшиш ба сатҳи шоистаи зиндагӣ хамчун некӯаҳволӣ асоси амалишавии як силсила ҳуқуқу озодиҳоро ташкил медиҳад, ки дар боби алоҳидаи китоби дарсии мазкур мавриди баррасӣ қарор  хоҳад гирифт.

 

  1. Моҳият ва мундариҷаи фаъолияти иҷтимоии давлат

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ташкил кардани давлати иҷтимоиро пеш гирифта, онро дар моддаи 1-и Конститутсия таҳким бахшид. Мувофиқи  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат дар шахси мақомоти ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия оид ба самтҳои асосии зерин сиёсати иҷтимоиро таҳия месозад: дастгирии давлатии оила, модарӣ, падарӣ ва кӯдакӣ, таъин кардани нафақаҳо ба маъюбон ва дигар ашхоси ғайри қобили меҳнат; таъсиси низомҳои хадамоти иҷтимоии шуғл, ки вазифадоранд бобати бо ҷои кор таъмин намудани ашхоси кори доимӣ надошта ва ба онҳо додани кӯмакпулиҳои мувофиқ ба сабаби бекорӣ чораҳо бинанд; пардохти нафақаҳои давлатӣ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва сиҳатии одамон; муқаррар кардани андозаи минималии кафолатноки пардохти музди меҳнат ва ғайра.

Давлат ба андозаи иқтидору имкониятҳои моддӣ ва молиявии худ кӯшиш мекунад, ки дар ҳаёт сиёсати иҷтимоиро татбиқ карда, дараҷаи некӯаҳволии аҳолиро баланд бардорад. Самаронокии сиёсати иҷтимоии давлат, бешак, аз рушди иқтисодии мамлакат, мавҷудияти заминаҳо ва захираҳои моддӣ-техникӣ, аз  мӯътадилии вазъи сиёсӣ, ҳамчунин аз дурандешӣ, инсондӯстӣ ва муттасил дар ҳаёт татбиқ намудани ислоҳотҳо вобаста аст.

Фаъолияти иҷтимоии давлат оид ба таъминсозии шароитҳои шоистаи зиндагии аҳолӣ маблағи зиёди молиявии буҷет ва маҷмӯи томи чорабиниҳои гуногунро тақозо мекунад, ки сиёсати оқилонаи андозбандӣ, таҳияи буҷети давлатӣ, гузаронидани ислоҳотҳои иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани барномаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ,  шуғли аҳолӣ, сохтмони коммуналӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Сиёсати иҷтимоии давлат бояд оқилона  бошад. Аз як тараф, фаъолияти иҷтимоии давлат ба фаъолияти озодонаи соҳибкории одамон, рушди муносибатҳои бозорӣ набояд халал расонад. Вай дахолати номаҳдуди давлатро ба ин соҳаҳо дар назар надорад. Ин фаъолият на бо чораҳои фармонфармоӣ, баръакс бо тавсияҳо ва манфиатдорӣ амалӣ мешавад. Аз тарафи дигар, ҳамзамон бо кафолатнокии шароитҳои мусоиди зиндагӣ давлат бояд бемасъулиятии шахсии шаҳрвандони алоҳидаро огоҳ созад. Таъмини ҳаёти шоиста маънии озодии номаҳдуди соҳибихтиёронаро надорад, баръакс эҳтиром ва риояи қонунҳоро талаб мекунад.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: давлати иҷтимоӣ, сиёсати иҷтимоии давлат, шароитҳои шоистаи зиндагӣ.

 

test

Добавить комментарий