Санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон

1.Санадҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ: мафҳум, навъҳо

Дар ҷаҳони имрӯза ҳуқуқҳои инсон дар санадҳои гуногуни меъёрӣ-ҳуқуқии аксари кулли давлатҳо таҳким бахшида шудаанд. Ҳамаи онҳо амалан ба стандартҳои дар ин соҳа таҳиякардаи ҷомеаи байналмилалӣ такя мекунанд. Зери мафҳуми стандартҳои ҳуқуқҳои инсон талабот ва меъёрҳои ҳатмии дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ таҳкимёфтаи ба эътирофи ҳуқуқҳои инсон чун арзиши олӣ асосёфта фаҳмида мешавад.

Дар айни замон маҷмӯи томи санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқии ба масъалаҳои амалисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон бахшидашуда мавҷуданд. Зери мафҳуми санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ одатан қарордодҳои байналхалқии миёни давлатҳо басташуда ва чун қоида дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, масалан, СММ ё конференсияҳои байналмилалӣ қабулгардида фаҳмида мешавад.

Санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ қарордод ё созишномаи байналмилалии байни давлатҳо дар шакли хаттӣ басташуда ва бо ҳуқуқҳои байналмилалӣ танзимшавандаест, сарфи назар аз он ки вай дар як, ду ё якчанд хуҷҷати байни ҳамдигар алоқаманд омадааст ва ҳамчунин сарфи назар аз он ки номи мушаххас дорад.

Дар ҳар як қарордоди байналмилалӣ ҳадафҳои имзошавии он, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафайн, тартибу шартҳои қувваи амал пайдо кардани қарордод, мӯҳлати амали он муайян карда мешавад.

Аксари давлатҳои ҳозира дар қонунгузории миллӣ афзалиятнокии принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба принсипҳо ва меъёрҳои дохилидавлатӣ қайд кардаанд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қисми 3-и моддаи 10-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ метавонанд номҳои гуногун дошта бошанд: эъломия, консепсия, паймон, созишнома, статут (қонун, низомнома), хартия, оиннома, протокол ва ғайра.

Эъломия (декларатсия) (аз лот. declaratio –изҳорот, огоҳсозӣ) санади ҳуқуқии байналмилалиест, ки аз принсипҳо ва ҳадафҳои умумии ҳарду ҷониб мувофиқакарда таркиб ёфтааст. Эъломияҳо қувваи ҳатмӣ надоранд, онҳо танҳо тавсияҳо ва пешниҳодҳо буда, аз лаҳзаи қабул дафъатан ҳукми амал пайдо мекунанд. Масалан, Эъломияи принсипҳои толерантнокӣ. Эъломияҳо танҳо имзо карданро аз ҷониби давлатҳо талаб мекунанд.

Имзо кардан усули ифодаи ризоияти давлат бобати ба худ қабул кардани ӯҳдадориҳо аз рӯи қарордоди байналмилалист.

Конвенсия созишномаи байналмилалӣ аз рӯи ягон масъалаи махсус, проблемаи якхела мебошад, масалан, Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак.

Паймон қарордоди байналмилалии фарогирандаи гурӯҳҳои гуногуни проблемаҳо аст, масалан, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ. Бисёр вақт бар иловаи конвенсия ё паймон протоколҳои махсусе қабул мегарданд, ки ба танзимдарории ҷузъиро фаро мегиранд. Масалан, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ду протоколи факултативӣ дорад: “Дар бораи ҷалб намудани кӯдакон ба низоъҳои мусаллаҳона» ва «Дар бораи хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона». Паймонҳо, конвенсияҳо ва протоколҳо на аз лаҳзаи қабулу имзошавӣ, балки аз лаҳзаи ратификатсия (тасдиқ) шудан ҳукми амал пайдо мекунанд.

Ратификатсия (аз лот. Ratus-тасдиқ кардашуда ва facio-мекунам) тасдиқ гардидани қарордодҳои нисбатан муҳими байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии мамлакат-сардори давлат ё парламент мебошад.

Ҳамаи қарордодҳои ратификатсиякардаи давлат барои ҳама ҳатмӣ аст.

Резолютсия (аз лот.resolutio-қарор) қарорест, ки дар натиҷаи муҳокимаи ягон масъала дар ҷамъомади (анҷуман, конференсия, сессия) машваратии мақомот, маҷлис қабул карда шудааст, масалан, резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ.

Оиннома қарордоди байналмилалист, ки ҳадафҳои таъсис, принсипҳо, фаъолият, сохтори дохилии ташкилотҳои гуногуни байналмилалиро таҳким мебахшад, масалан, Онномаи Созмони Милали Муттаҳид.

Статут (аз лот. Statuo-қарор мекунам, ҳал мекунам) қарордоди байналмилалист, ки ҳадафҳо, сохтор ва функсияҳои ягон мақомоти байнламилалиро таҳким мебахшад, масалан, Статути Суди байналмилалии ҷиноӣ.

Боз дигар навъҳои қарордодҳои байналмилалӣ мавҷуданд.

Қарордоди байналмилалии амалкунанда барои ҳамаи иштирокдорон ҳатмӣ буда, аз ҷониби онҳо бояд поквиҷдонона иҷро карда шавад. Давлатҳои иштирокдор метавонанд аз ӯҳдадориҳои худ даст кашида, аз ҳуҷҷати мазкур бароянд, яъне онро аз эътибор соқит донанд, ки истилоҳи байналмилалии он денонсатсия (аз лот. Denuntiatio-огоҳсозӣ) аст.

Ҳангоми имзокунӣ, ратификатсия, қабул ё тасдиқ кардани қарордод ё ҳамроҳшавӣ ба он давлат метавонад тавзеҳе диҳад, яъне изҳороти яктарафае намояд, ки тавассути он вай мехоҳад амали юридикии нуктаҳои муайяни қарордодро бобати истифода дар худ қатъи назар намояд ё тағйир диҳад.

Қарордодҳои байналмилалӣ метавонанд кушода ё пӯшида бошанд. Ба қарордодҳои кушодаи байналмилалӣ давлатҳо, новобаста аз ризояти дигар давлатҳои дар он ширкатдошта, ҳамроҳ шуда метавонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори қарордодҳои гуногуни байналмилалист. Тоҷикистон, чун бисёр давлатҳои дигар, ӯҳдадор шудааст, ки қонунгузории миллиашро мутобиқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ гардонад. Ин раванд имплементатсия ном дорад.

Имплементатсия инъикос ва таҳкимбахшии меъёрҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар қонунҳо ва санадҳои зерқонунии миллист.

Қарордодҳои байналмилалӣ барои тасдиқ (ратификатсия) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегарданд. Дар асоси қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи тасдиқ кардани (ратификатсияи) қарордоди байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санад ба имзо расонида, баъдан он бо мӯҳр таҳким меёбад ва ҳамин тавр ба вай мақоми ҳуҷҷати расмӣ дода мешавад, минбаъд онро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.

Меъёрҳои расман эълоншудаи қарордодҳои байналмилалӣ, ки барои иҷрои онҳо қабул кардани қонунҳо ҳатмӣ нест, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита амал мекунанд. Нисбати иҷрои дигар меёърҳои қарордодҳои байналмилалӣ мутобиқан санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилимиллӣ қабул карда мешаванд.

2.Билли байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон:

таърихи таҳия, мундариҷа ва аҳамияти он.

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маркази ҳамкориҳои давлатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид гардид. Оинномае, ки СММ фаъолияти худро дар асоси он амалӣ месозад, 26 июни соли 1945 дар шаҳри Сан-Франсиско (ИМА) дар ҷамъомади Конфронси Милали Муттаҳид оид ба масъалаи таъсиси созмони байналмилалӣ ба имзо расида, 24 октябри соли 1945, баъди тасдиқ (ратификатсия) шудани он аз ҷониби ИҶШС, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Хитой ва бисёр давлатҳои дигар ҳукми амал пайдо кард. Он нахустин ҳуҷҷати СММ гардид, ки ғояҳо ва принсипҳои ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос карда буд.

Матни Оиннома бо суханҳои зерин шурӯъ мешавад: «Мо, халқҳои Милали Муттаҳид бо нияти қатъии наҷот додани наслҳои оянда аз харобиҳои ҷанг, ки тӯли ҳаёти мо ба сари инсоният ду маротиба бори гарони ғаму андӯҳи баённашаванда овард ва бо азми қавии бори дигар тасдиқ кардани боварӣ ба ҳуқуқҳои асосии инсон, ба қадру қимат ва арзишмандии шахсияти инсоният, ба баробарҳуқуқии мардон ва занон ва ба баробарии ҳуқуқҳои миллатҳои калону хурд ва фароҳам овардани шароитҳое, ки дар онҳо метавонанд ӯҳдадориҳои аз қарордодҳо бармеомада риоя ва эҳтиром шаванд, қарор додем, кӯшишҳоямонро баҳри расидан ба ин ҳадафҳо муттаҳид созем».

Байни ҳадафҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид амалисозии ҳамкориҳои бисёртарафа дар «ҳавасмандсозӣ ва рушди эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама бе фарқ кардани нажод, ҷинс, забон ва дин нишон дода шудааст.

Ассамблеяи Генералии СММ дар сессияи нахустини худ моҳи январи соли 1946 дар бораи омодасозии ҳуҷҷати махсуси байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон қарор қабул кард. Моҳи феврали соли 1946 Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаи тайёр кардани Билли (лоиҳаи қонуни) байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон вогузошта шуд. Дар ибтидо дар назар буд, ки он як ҳуҷҷат мешавад. Баъд қарор шуд, ки Билл бояд аз се қисмат таркиб ёбад: эъломия, ки дар он принсипҳои умумӣ эълон дошта мешаванд; паймон (ё паймонҳо), ки барои давлатҳои онҳоро тасдиқкарда характери ҳатмӣ дошта бошанд ва «чораҳои амалисозӣ», яъне механизмҳои назорати иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби давлатҳо.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 10 декабри соли 1948 қабул карда шуд. Аз ҳамон замон ҳар сол 10 декабр чун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон қайд карда мешавад.

Таъиноти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар хизмат кардан ба сифати вазифаест, ки ба иҷрои он бояд ҳамаи халқҳо ва давлатҳо дар кӯшишҳои худ оид ба таъмин намудани эътироф ва риояи умумию пурсамари ҳуқуқу озодиҳои дар он зикршуда саъй намоянд. Эъломия бо 48 овоз қабул гардид, касе зидди он овоз надод. Ҳангоми овоздиҳӣ ба ҷонибории он ҳашт давлат худдорӣ карданд: ҶШС Белоруссия, Полша, Арабистони Саудӣ, ИҶШС, ҶШС Украина, Чехословакия, Югославия ва Иттиҳоди Ҷанубии Африқоӣ.

Эъломия бо доштани характери танҳо тавсиявӣ дар инкишофи минбаъдаи механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши ҳалкунанда бозида, таҳкурсии мустаҳкаме гардид, ки дар заминаи он низомҳои ҳам универсалӣ ва ҳам минтақавию байналмилалии ҳимоя ва амалисозии ҳуқуқҳои инсон бунёд карда шуданд.

Моддаи 1-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар принсипи асосиро таҳким бахшид: “Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд”.

Эъломия аз 30 модда иборат буда, нуктаҳои умумиро тасвият мекунад. Вай ҳуқуқу озодиҳои бунёдиро фарогир буда; ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ (моддаҳои 3-19), ҳуқуқҳои сиёсӣ (моддаҳои 20-21), ҳамчунин ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (моддаҳои 22-28) байни онҳо ягон хел иерарахияе, яъне андозаи каму бешӣ намегузорад. Ҳуқуқҳои асосии дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар зикргардида барои таҳияи беш аз 100 созишнома, эъломия ё дигар ҳуҷҷатҳо дар доираи низоми СММ заминаи боэътимоде гардиданд. Байни онҳо аз ҷумла инҳоро номбар кардан мумкин аст: Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрванӣ ва сиёсӣ; Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додаи ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ; Конвенсия дар бораи барҳам додаи ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон; Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибатҳои золимонаю ғайриинсонӣ ё пастзанандаи қадру қимат ва ҷазодиҳӣ; Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак; Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дигар эъломияҳо ва ё созишномаҳо дар бораи масъалаҳое чун табъиз, геносид, ғуломӣ, ҳамчунин некӯаҳволии иҷтимоӣ, пешрафт ва рушд.

Соли 1951 бо мақсади ҳалли душвориҳои дар як қарордод муттаҳид сохтани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор гардид, ду паймон тайёр карда шавад. Баъди меҳнати пурмашаққати солҳои тӯлонӣ Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Протоколи факултативӣ ба он омода гардида, соли 1966 барои имзо кушода эълон гардиданд ва соли 1976 ҳукми амал пайдо карданд. Протоколи дуюми факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ба бекор кардани ҳукми қатл нигаронида шуда буд, аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 15 декабри соли 1989 қабул гардид. Тибқи моддаи 1-и Протокол “ҳар шаҳрванде, ки зери ҳимояи ҳуқуқҳои давлати иштирокдори Протокол қарор дорад, қатл карда намешавад”.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар якҷоя бо ин ду Паймон ва протоколҳои факултативӣ Билли ягонаи байналмилалиро оид ба ҳуқуқҳои инсон ташкил медиҳанд.

Билли байналмилалӣ ба ақидаҳо, мавқеъҳо ва фаъолияти ҳам одамони алоҳида ва ҳам ҳукуматҳои давлатҳои ҷаҳон таъсири калон расонд. Вай ҳуҷҷати муҳимтарини таърихиеро мемонад, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи инсон стандартҳои асосиро поягузорӣ намуд.

3.Аҳамияти санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон

барои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарордодҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон тибқи ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ барои ҳифзи сулҳу амният, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалии фарогирандаи стандартҳои ҳуқуқҳои инсонро тасдиқ карда, ба зиммааш ӯҳдадории иҷрои ин нишондодҳоро гирифтааст. Аз ҷумла Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Протоколи якуми факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ тасдиқ гардида, 4 январи соли 1999 ҳукми амал пайдо карданд. Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибатҳои золимона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи қадру қимат ва ҷазодиҳӣ ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ 11 январи соли 1995 тасдиқ гардида, 10 феврали соли 1995 ҳукми амал пайдо карданд. Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак 26 октябри соли 1993 тасдиқ гардида, 25 ноябри соли 1993 ҳукми амал пайдо намуданд. Протоколи якуми факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва Протоколи дуюми факултативӣ марбут ба харидуфурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакона ва порнографияи кӯдакона 5 августи соли 2002 тасдиқ гардида, 5 сентябри соли 2002 ҳукми амал пайдо карданд. Давлат нисбат ба Протоколи якум чунин тавзеҳ пешниҳод кард: “Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ эҳтиромона изҳор медорад, ки тибқи банди 2-и моддаи 3-и Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак марбут ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона даъват кардани ашхоси ба синни 18-солагӣ нарасида ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст”. Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо 8 январи соли 2002 тасдиқ гардида, аз 1 июли соли 2003 ҳукми амал пайдо кард.

Ғайр аз санадҳои зикршудаи байналмилалӣ Тоҷикистон ба як силсила ҳуҷҷатҳои минтақавӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳамроҳ шудааст. Масалан, Конвенсияи ИДМ дар бораи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон аз 25 майи соли 1995 дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) характери ҳатмӣ дорад.

Принсипҳои дар санадҳои зикршудаи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ таҳкимёфта дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардонида (имплементатсия карда шуда), инъикоси худро дар бисёр қарорҳои судҳои Тоҷикистон ёфтаанд. Вақтҳои охир теъдоди санадҳои дохилидавлатии меъёрӣ-ҳуқуқӣ афзуда, дар онҳо чораҳои ҳифзи ҳуқуқии принсипҳои мазкур ба назар гирифта шудааст.

Тоҷикистон тарафдори риояи бечунучарои қарордодҳои байналмилалӣ буда, ҷонибдории худро ба принсипҳои иҷрои поквиҷдононаи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ эълон мекунад. Ба ин тариқ, тасдиқ гардидани қарордодҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи муҳимест.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, эъломия, паймон, конвенсия, протокол, резолютсия, оиннома, статут, имзо кардан, ратификатсия, имплементатсия, денонсатсия, Билли байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.