Мақоми ҳуқуқии инсон

1. Мақоми ҳуқуқӣ: мафҳум ва унсурҳо

Ба фаҳмиши моҳияти мақоми ҳуқуқии инсон таърифи мафҳумҳои зерин: “инсоният», «миллат», «халқ», “гурӯҳи иҷтимоӣ», «инсон» «шахсият», «шахс», ки Шумо бо онҳо аллакай ҳангоми омӯзиши таърих ва дар доираи дигар фанҳо дучор омадаед, мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, зери мафҳуми инсоният ҷамъи одамони дар рӯи Замин зиндагикунанда фаҳмида мешавад. Миллат шакли таърихан ташаккулёфтаи ҷамъи одамон аст. Аломатҳои асосии тавсифбахшандаи миллат инҳоянд: ягонагии ҳудуди онҳо, робитаҳои иқтисодӣ, забон, характери миллӣ ва фарҳанг. Халқ тамоми аҳолии давлат аст, ки сарфи назар аз ҷамоаҳои миллии таркибёфтааш ҷамоаи воҳиди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиро ташкил медиҳад. Зери мафҳуми гурӯҳи иҷтимоӣ ҷамъи афроди аз рӯи манфиатҳо, арзишҳо ва меъёрҳои рафтор муттаҳидгаштаи дар амалиёти байниҳамдигарии бонизом қарордошта фаҳмида мешавад. Гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ аз одамон таркиб ёфтаанд. Ҳар инсон субъекти дорои шуур, ирода ва тафаккури муносибатҳои ҷамъиятӣ аст. Шахсият субъекти фаъоли муносибатҳои ҷамъиятист, ки сифатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайраи ӯро ифода мекунанд, шахс бошад, шаҳрванди алоҳида чун субъекти ҳуқуқ аст.

Дар шароити ҳозира ҳар одам дар давлат ва ҷомеа мақом ва мавқеи махсус дорад. Дар илм фарқ кардани мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд қабул шудааст. Он ба робитаи ҳуқуқии ҳар як фард бо давлат, ҳамчунин алоқамандии байниҳамдигарӣ бо якдигар асос меёбад.

Мақоми ҳуқуқӣ ҳолати муайяни инсон, чораи озодии ӯ, омӯзиши имконпазирӣ ва ҳатмият дар рафтори ҳар як инсон аст.

Асоси муносибатҳои нишондодашудаи байни давлат ва ҳар як инсонро ҳуқуқҳо, озодиҳо ва ӯҳдадориҳои зикркардаи давлат дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои асосӣ унсурҳои мақоми ҳуқуқии инсонро ташкил менамоянд.

Ҳуқуқҳои инсон характери табиӣ доранд, онҳоро ба андозаи баробар ҳамаи одамон аз лаҳзаи таваллуд, сарфи назар аз шаҳрванди давлат будан ё набудан ва қатъи назар аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, доро мебошанд. Ҳуқуқҳои шаҳрванд ҳуқуқҳоеро ба худ шомил месозанд, ки ба сабаби шаҳрванди давлати мушаххас будани инсон ба ӯ мансуб дониста мешаванд. Бинобар ин шаҳрванди ин ё он давлат тамоми маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва он ҳуқуқҳоеро, ки дар ин давлат ба ӯ мансуб дониста мешаванд, соҳиб аст. Шахси шаҳрванди давлати муайяннабуда на ҳамаи ҳуқуқҳоеро соҳиб аст, ки давлат ба шаҳрвандони худ медиҳад. Масалан, онҳо дар интихобот ба мақомоти олӣ ва маҳаллии ҳокимият интихоб шуда ва ба хизмати давлатӣ даромада наметавонанд ва ғайра.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва универсалии инсонро таҳким мебахшад. Чунончи, дар боби дуюми Сарқонуни мамлакати мо ҳуқуқҳои ба ҳар инсони дар қаламрави Тоҷикистон зиндагикунанда кафолатдодашуда номбар карда мешаванд. Масалан, «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад» (моддаи 18), «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад» (моддаи 19), «Ба ҳар кас озодии сухан… кафолат дода мешавад» (моддаи 30), «Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад» (моддаи 32) ва ғайра. Ин ҳуқуқҳои муқарраркарда ва кафолатдиҳандаи давлат ҳолати имкониятҳои амал кардани ҳар одамеро, ки дар ҳудуди давлат мебошад, муайян мекунад. Ин ҳуқуқҳоро ҳам шаҳрвандон ва ҳам одамони шаҳрванди ин давлат набуда соҳибанд. Дар маҷмӯъ онҳо низоми меъёрҳои ҳуқуқиеро мемонанд, ки қоидаҳои рафтори ба қонеъсозии талаботи худ нигаронидашударо таҳким мебахшанд.

Унсури дигари мақоми ҳуқуқии инсон озодӣ мебошад. Озодӣ ҳолати инсон, шароитҳои фаъолияти ҳаётӣ ва имконияти аз рӯи диди худ амал кардани ӯ аст. Аммо озодӣ бо масъулиятнокӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Одам озодии худро амалӣ сохта, амалҳои худро бо озодии дигар одамон ҳамбаста мегардонад. Мувофиқи қисми 2-юми моддаи 14-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд». Пас инсон имкониятҳои амал кардан ва истифода карданро аз неъматҳои пешниҳодшуда дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт озодона муайян менамояд.

Маҳдудияти озодиҳо дар ҳолатҳои қатъиян муайянкардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

?Ба хотир оред, ки дар кадом ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон мумкин аст?

Унсури мақоми ҳуқуқии инсон ҳамчунин вазифадорӣ мебошад. Вазифадорӣ рафтори аз нигоҳи объективӣ зарурӣ ва бояду шояди рафтори инсон аст, ки ба он одамони дигар, ҷомеа ва давлат манфиатдоранд. Одам танҳо ҳуқуқҳоро дошта наметавонад. Давлат ба ҳар як шахсият маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дода, ҳақ дорад, аз вай рафтореро талаб намояд, ки ба амсилаҳо ва намунаҳои муайяни аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ва дар меъёрҳои юридикӣ зикргардида мувофиқат кунад. Риояи ин талабҳо вазифаи инсон мебошад. Мундариҷаи вазифаҳои инсон ва шаҳрванд дар боби дигари китоби дарсии мазкур баррасӣ мешавад. Пас ҳуқуқҳо бе вазифаҳо ва вазифаҳо бе ҳуқуқҳо вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳо категорияҳои ҳуқуқии байни ҳамдигар алоқаманд мебошанд.

Дар меъёрҳои юридикӣ одатан намудҳои рафторҳои ҳатмӣ, мақсаднок, нисбатан қобили истифода ва аз нигоҳи иҷтимоӣ манфиатбахш зикр мегарданд. Агар одам аз талаботи меъёрҳо барканор шавад, давлат ҳақ дорад нисбат ва чунин одам чораҳои муайяни маҷбурсозиро истифода кунад.

Ба ин тариқ, мақоми ҳуқуқии инсон ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои одамро шомил месозад. Дар онҳо дараҷаи озодӣ дар интихоби рафтори мувофиқ ва масъулиятнокии шахсият дар назди давлат, ҷомеа ва одамони дигар ифода меёбад. Таносуби озодӣ ва вазифа дар моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба таври зайл ифода гардидааст: «Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, ӯҳдадор мебошад”. Унсурҳои мақоми ҳуқуқии инсон бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд, онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд. Маҳз мақоми ҳуқуқии шахсият услуби мутавозии ҳамкориҳои байни одамон, ҳамчунин муносибатҳои мӯътадили инсони алоҳида, ҷомеа ва давлатро ба амал меорад.

2. Навъҳои мақоми ҳуқуқии инсон

Дар илми ҳозираи ҳуқуқшиносӣ тақсим кардани мақоми ҳуқуқии инсон ба навъҳои зерин қабул шудааст: умумӣ, махсус ва инфиродӣ.

Умумӣ чунин мақоми ҳуқуқиест, ки ба он комилан ҳар одам соҳиб аст. Мақоми умумии ҳуқуқии одам ҳолати умумии иҷтимоии ӯро ифода мекунад.

Махсус чунин мақомоти ҳуқуқиест, ки характери соҳавӣ дорад, масалан, мақоми шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ, мақом дар соҳаҳои меҳнатӣ, оилавӣ, мурофиавӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ.

Инфиродӣ чунин мақоми ҳуқуқиест, ки мавқеи инсонро дар ягон соҳаи алоҳида тавсиф мебахшад, масалан, мақоми соҳибкор, мақоми шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ва ғайра.

Чун қоида, мақоми ҳуқуқии инфиродӣ ба одам баробари мақоми умумии ҳуқуқӣ дода шуда, хусусиятҳои ӯро чун мутахассис, соҳибкасб дар соҳаи худ, шахси мансабдор ва ғайра ифода мекунад.

Баробари ин мақоми ҳуқуқии инсон ҳолати умумии ҳуқуқии шахсият ва шаҳрванд аст. Бо мақоми ҳуқуқии инсон мақоми иҷтимоии инсон, ки мавқеи одамро дар ҷомеаи мушаххас тавсиф мебахшад, зич алоқаманд аст.

3. Мақоми иҷтимоии инсон

Ҳар як инсон чун узви ҷомеа, ягон гурӯҳи иҷтимоӣ, намояндаи миллат ё халқият боз мақоми иҷтимоӣ ҳам дорад. Мақоми иҷтимоии инсон бо функсияҳое, ки вай ба алоқамандиҳои гуногуни байниҳамдигарӣ бо дигар одамон ворид шуда, иҷро мекунад ва бо ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои аз онҳо бармеомада нисбат ба дигар иштирокдорони ҷомеа ва гурӯҳи иҷтимоӣ муайян мешавад.

Одам мақоми муайяни иҷтимоиро метавонад аз лаҳзаи таваллуд соҳиб шавад, масалан, мақоми иҷтимоии муайянкунандаи мансубияти миллӣ (тоҷик, ӯзбек, рус ва ғайра), ҷои таваллуд (душанбегӣ, парижӣ, одессагӣ). Дигар мақомоти ҳуқуқиро мо бо навъи муайяни фаъолияти касбӣ машғул шуда, соҳиб мешавем ё ба даст меорем, масалан, мақоми шавҳар ё завҷа, муаллим, футболбоз, пианинонавоз. Дар тӯли ҳаёт мақоми иҷтимоии шахсият метавонад дигар шавад, масалан, одам вақти мактабхонӣ хонанда аст, баъди хатми мактаб ба таълимгоҳи олӣ дохил шуда, донишҷӯ гардид, аспирантураро хатм карда ва рисолаи илмӣ дифоъ карда, номзад ё доктори илм шуд.

Ҳар як шахсият метавонад якбора якчанд мақоми ҳуқуқӣ дошта бошад. Дар ин маврид худи инсон барои худ он мақоми иҷтимоиеро ҷудо месозад, ки муайянкунанда, асосӣ аст. Зимнан, мақоме, ки ҷомеа ба сифати асосӣ барои он одам ҷудо мекунад, на ҳамеша мувофиқ меояд. Масалан, соҳибкор умедвор аст, ки дар тавсифи иҷтимоии ӯ чизи асосӣ вазъи моддиаш аст, вале дар афкори ҷамъиятӣ, байни хешу табор ва ёрии дӯстони наздикаш метавонад сатҳи масъулиятнокӣ ва фарҳанги баланди ӯ аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад.

Ба ин тариқ, мақоми иҷтимоӣ мавқеи шахсро дар низоми иҷтимоӣ нисбат ба одамони дигар ва умуман ҷомеа дар назар дорад. Асоси мақоми иҷтимоии шахсиятро маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои дар санадҳои юридикӣ таҳкимёфта ташкил медиҳад. Дараҷаи мақоми иҷтимоии инсон на танҳо бо ҳуқуқу озодиҳои ба ӯ додашуда, ҳамчунин бо имкониятҳои амалисозии онҳо, ки ҳолати воқеии инсонро тавсиф мебахшанд, муайян карда мешавад. Дар ҷомеаи ҳозира чунин категорияҳои одамоне ҳастанд, ки мақоми иҷтимоии онҳо ҳифзи махсусро мехоҳад, масалан, нафақагирон, кӯдакон, одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва ғайра. Дараҷаи амалишавии ҳуқуқҳои инсон нишондиҳандаи қонеъмандии талабҳои ҳаётии чи худи инсон ва чи ҷомеа мебошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.