Мақоми ҳуқуқии шаҳрванди ҷумҳурии тоҷикистон

1. Мафҳуми шаҳрвандӣ ва раият

Мақоми ҳуқуқии шаҳрванд бо мафҳуми «шаҳрвандӣ» зич алоқаманд аст. Шаҳрвандӣ ҳолати табии инсон буда, барои нишон додани робитаҳои ҳуқуқии одам бо давлати мушаххас истифода мешавад.

Шаҳрвандӣ алоқаи устувори сиёсӣ-ҳуқуқии одам ва давлат аст, ки дар маҷмӯи ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти байниҳамдигарии онҳо ифода мешавад.

Дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон монархӣ одатан барои нишон додани шаҳрвандӣ истилоҳи «раият» истифода мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза раиятӣ, масалан, аз рӯи қонунгузории Шветсия, Дания, Белгия ва мамлакатҳои дигар мавҷуд аст. Истилоҳи «раият» барои нишон додани мансубияти шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намешавад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон категорияҳои гуногуни одамон – шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси шаҳрвандии ягон давлатро надошта сукунат доранд. Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд». Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти шиносномаи (паспорти) Тоҷикистон, то гирифтани шиноснома бо шаҳодатнома дар бораи таваллуд ё дигар ҳуҷҷати ба шаҳрвандии шахс ишораткунанда, ки қонунгузории миллӣ муайян менамояд, тасдиқ карда мешавад.

Мавҷудияти шаҳрвандӣ дар инсон барои соҳибияти пурраву комил ба ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ таҳкимёфта, ҳамчунин иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи ӯ вогузошта замина ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилдиҳандаи мақоми ҳуқуқии шаҳрванди давлати мо таҳким бахшида шудаанд. Ҳамаи одамони шаҳрванди Тоҷикистон маҳсубшаванда мақоми якхелаи ҳуқуқӣ дошта, ба андози баробар соҳиби ҳуқуқу озодиҳо мебошанд ва ӯҳдадориҳои баробар доранд.

Боби 2-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷкистон дар як вақт ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои чи ҳар одам ва чи танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон мансуббударо таҳким бахшидааст. Шаҳрванд аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо бархурдор буда, дар назди ҷомеа ва давлат вазифаҳое дорад, ки ба ӯ ҳам чун шаҳрванд ва дар як вақт ҳам чун умуман, одам дода шудааст. Масалан, моддаи 27-и Конститутсия танҳо ба шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқҳои иштирок кардан дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат бевосита ё тавассути намояндагон ва дастрасиро ба хизмати давлатӣ додааст. Мувофиқи моддаи 28-и Конститутсия ҳар шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба муттаҳид шуда, аз сафҳои онҳо барояд.

2. Асосҳои соҳибият ва қатъ гардидани шаҳрвандии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асоси ҳуқуқии соҳибият ва қатъ гардидани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Мувофиқи моддаи 15-и Конститутсия «шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад». Яъне Конститутсия танҳо як ҳолати соҳибиятро ба шаҳрвандӣ таҳким бахшидааст. Дигар асосҳои соҳибият, ҳамчунин қатъ гардидани шаҳрвандӣ бо Қонуни конститутсионии зикршуда муайян карда мешаванд. Чунин асосҳо тибқи моддаҳои 15 ва 27-и Қонуни конститутсионии мазкур инҳо мебошанд:

Соҳибият ба шаҳрвандии Тоҷикистон аз рӯи таваллуд чунин маъно дорад, ки кӯдаки волидонаш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеи буду боши онҳо, шаҳрвандии мамлакати моро соҳиб мешавад.

Дар сурати шаҳрвандони давлатҳои гуногун будани волидон кӯдак, агар дар қаламрави Тоҷикистон таваллуд шавад, соҳиби шаҳрвандии давлати мо мешавад: агар вай берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таваллуд шаваду вале яке аз волидон ба таври доимӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ дошта бошад ҳам, кӯдак шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб мешавад. Кӯдаке, ки яке аз волидонаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаваду волиди дигар шахси бешаҳрвандӣ бошад, низ, сарфи назар аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Агар ҳар ду волид ашхоси бешаҳрвандӣ бошанду вале ба таври доимӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Кӯдаконе, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранду волидонашон маълум нестанд, низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар сурати муқаррар кардани падархондии кӯдак, вақте падар шаҳрванди мамлакати мо эътироф шаваду модар шахси бешаҳрвандӣ бошад, кӯдаки ба синни 14-солагӣ нарасида, сарфи назар аз ҷои таваллуди ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешавад. Ғайр аз ин кӯдаке шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мешавад, ки волидайни ӯ дар шаҳрвандии дигар давлатҳо қарор доранду аммо ин давлатҳо ба ӯ шаҳрвандии худро надодаанд.

Бо тартиби аз қайд гузаштан ашхосе соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд, ки ҳамсар ё хешовандаш аз рӯи шаҷараи бевосита (бобояш, бибияш) шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин маврид ба ҳаққонияти ақди никоҳи байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси хориҷӣ басташуда диққат додан лозим аст, зеро тартиби оддии соҳибият ба шаҳрвандӣ ба андозаи муайян метавонад барои бастани аҳди никоҳи бардурӯғ асос шавад. Чунин никоҳҳо барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон бояд асос нашаванд, вале агар барои додани шаҳрвандӣ ба чунин одам қарор қабул шуда бошад, он мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун бояд дар тӯли панҷ сол бекор карда шавад.

Шаҳрвандии Тоҷикистон бо тартиби аз қайд гузаштан ҳамчунин ба ашхосе дода мешавад, ки дар лаҳзаи таваллуд ақаллан яке аз волидонашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буду вале аз рӯи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шудаанд. Чунин ашхос шаҳрвандии Тоҷикистонро тӯли панҷ сол бо расидан ба синни ҳаждаҳсолагӣ соҳиб шуда метавонанд.

Дар қонунгузории мамлакати мо нуктаи муҳим қабул ба шаҳрвандӣ (натурализатсия) мебошад. Дар ин маврид шарти қабул ба шаҳрвандӣ зиндагии доимӣ дар мамлакат аст. Барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ мӯҳлати 5-сол ё 3 соли истиқомати бетанаффус пеш аз муроҷиат баҳри соҳибият ба шаҳрвандии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Шаклҳои нисбатан оддӣ ва сабуки қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи асосҳои зерин пешбинӣ мешавад: 1) дар шаҳрвандии собиқ ИҶШС будан; 2) ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаке, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст; 3) мавҷудияти комёбиҳои барҷаста дар соҳаҳои илм, техника ва фарҳанг, ё вақте шахс соҳиби касбест, ки барои мамлакат манфиатовар аст; 4) мавҷудияти хизматҳо дар назди халқ дар эҳёи Тоҷикистон, дар амалисозии арзишҳои умумиинсонӣ; қаблан дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ё аз рӯи таваллуд дар шаҳрвандии Тоҷикистон будани ақаллан яке аз волидон аз рӯи шаҷара (падар, модар, бобо, бибӣ ва ғайра); 6) дар аҳди никоҳ будан бо шаҳрванди Тоҷикистон; 7) ёфтани паноҳгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муроҷиат бобати гирифтани шаҳрвандӣ асоси бечунучарои додани шаҳрвандии Тоҷикистон шуда наметавонад. Бо қонун ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки муроҷиат бобати қабул бо шаҳрвандии Тоҷикистон рад карда мешавад: 1) агар одам ҷонибдори зӯран дигаргун кардани сохти конститутсионӣ дар мамлакат бошад; 2) агар дар сафи ҳизбҳо ё ташкилотҳое бошад, ки фаъолияти онҳо бо принсипҳои конститутсионии мамлакат мувофиқ нестанд; 3) агар шахс барои амалҳои аз ҷониби қонунҳои Тоҷикистон таъқибшаванда маҳкум шудаасту дар шакли аз озодӣ маҳрум ҷазо мебинад; 4) агар шахс шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб асту байни ин давлат ва Тоҷикистон бобати душаҳрвандӣ созишнома нест.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда чи ҳангоми муайян кардани шартҳои додани шаҳрвандии Тоҷикистон ва чи барқарорсозии шаҳрвандии ашхосе, ки қаблан дар шаҳрвандии мамлакати мо буданд, ба эътибор гирифта мешаванд.

Ба шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳолатҳои барқарорсозӣ ба шаҳрвандӣ соҳиб шудан мумкин аст: 1) агар дар шахс шаҳрвандии Тоҷикистон ба сабаби фарзандхонӣ, муқаррар кардани васояту парасторӣ қатъ шуда бошад; 2) агар дар шахс шаҳрвандии Тоҷикистон ба сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии волидан қатъ шуда бошад. Дар ин маврид шахс ҳақ дорад, шаҳрвандии худро дар тӯли панҷ сол аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан барқарор намояд.

Проблемаи шаҳрвандӣ вақте низ пайдо мешавад, ки сарҳадҳои мамлакат тағйир ёбанд. Дар ин маврид ашхоси дар ҳудуди мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагикунанда ҳуқуқи интихоби шаҳрвандии худро соҳиб аст. Аммо тартибу шартҳои интихоби шаҳрвандӣ бо қарордодҳои байнилмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки асосҳои соҳибият ба шаҳрвандии мамлакати мо ҳамчунин дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 шуда метавонанд. Бо ҳамин тартиб бо қонунгузорӣ ҳолатҳои қатъшавии шаҳрвандии Тоҷикистон бо фарогирии маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва гум кардани шаҳрвандӣ муайян гардидаанд.

Қатъшавии шаҳрвандӣ аз ҷониби шахс гум кардани робитаи ҳуқуқӣ бо ҳамон давлат аст. Усули нисбатан паҳншудаи қатъшавии шаҳрвандӣ бо иродаи (хоҳиши) худи одам вобаста аст – ин баромадан аз шаҳрвандӣ мебошад. Агар дар ин хусус шаҳрванд мувофиқи тартиботи муқарраршуда дархост намояд, ин ҳолат ҷой дорад. Тартиби оддии баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон вақте истифода мешавад, ки агар ақаллан яке аз волидон ё ҳамсар, ё кӯдаки шахси бобати баромадан аз шаҳрвандӣ дархосткарда шаҳрвандии дигар давлатро дошта бошад, ё вай барои иқомати доимӣ ба дигар давлат рафта бошад, ба шарте, ки омилҳои монеъшавандаи қонеъсозии чунин дархост набошанд. Дархост дар бораи баромадан аз шаҳрвандӣ дар мавридҳои зерин рад карда мешавад; 1) агар шаҳрванд дар мамлакате, ки Тоҷикистон бо он ба ӯҳдадориҳои қарордодӣ дар бораи кӯмаки ҳуқуқи робита надорад, зиндагӣ кунад, ё нияти он ҷо кӯчида рафтан дошта бошад; 2) агар шахс бо ашхоси воқеӣ ва юридикии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои амволӣ дошта бошад; 3) тибқи муқаррароти қонун дар назди мамлакат дигар вазифаҳои иҷронакарда дошта бошад.

Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое роҳ дода намешавад, ки: агар одами дархосткунанда бобати даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъватнома дошта бошад ва ин амал то анҷоми мӯҳлати хизмат давом мекунад; агар шаҳрванд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, ё нисбати ӯ ҳукми қувваи қонунӣ пайдонокарда мавҷуд бошад, ки бояд иҷро шавад, ё баромадани шахс аз шаҳрвандӣ ба манфиатҳои амнияти давлат мухолиф бошад.

Яке аз асосҳои қатъшавии шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандиро гум кардани шахс маҳсуб мешавад. Қонун ду ҳолатро муқаррар кардааст, ки дар сурати мавҷудияти онҳо шахс шаҳрвандиро гум мекунад: 1) агар шахс ба хизматӣ ҳарбӣ дарояд, дар мақомоти амният, политсия, мақомоти адлия ё дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлати хориҷӣ хизмат кунад; 2) агар шахси ба таври доимӣ дар давлати хориҷӣ зиндагикунанда бе сабабҳои узрнок тӯли панҷ сол дар қайди консулӣ наистода бошад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам шахсони зикршуда шаҳрвандиро ба таври механикӣ гум намекунанд. Гумшавии шаҳрвандӣ танҳо аз замони қайдшавии далелҳои мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ба амал омада, дар ин бобат баровардани ягон хел қарори махсус талаб карда намешавад.

Боз як асоси қатъшавии шаҳрвандӣ интихоб кардани шаҳрвандии дигар давлат (оптатсия) дар натиҷаи дигаргуншавии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи дигар асосҳои пешбиникардаи қарордоди байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ қатъ мегардад. Ба ин далели қаблан пешниҳод гардидани маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои бардурӯғе асос мешавад, ки бояд бо тартиботи судӣ тасдиқ карда шавад. Танҳо дар асоси қарори суд бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонда мешавад. Қисми 2-и моддаи 30-и Қонуни конститутсиони зикршуда нуқтаи басо муҳим дорад, ки тибқи он қоидаи болоӣ ба ҳамсар ва кӯдакони шахси шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳибшуда, агар огоҳии онҳо бобати бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ исбот нашавад, паҳн намегардад.

Тағйир ёфтани шаҳрвандии яке аз ҳамсарон шаҳрвандии кӯдакони аз ин никоҳ таваллудшуда, аз он ҷумла кӯдакони ба фарзандхонӣ қабулкарда шударо тағйир намедиҳад. Иқомати доимии шаҳрванд берун аз ҳудуди мамлакат, ба ҷуз ҳолатҳои муқарраркардаи қонун, боиси қатъшавии шаҳрвандонии ӯ намегардад. Шаҳрванди дар хориҷа будаи Тоҷикистон аз ҳимоя ва парастории давлат бархурдор аст.

3. Душаҳрвандӣ ва бисёршаҳрвандӣ

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва қарордодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансубияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандии дигар давлат иҷозат намедиҳад. Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 мумкин набудани душаҳрвандӣ аниқу дақиқ таъкид шудааст.

Муайян кардани мақоми ҳуқуқии шахси душаҳрвандӣ дошта бо он зич алоқаманд аст, ки ӯ дар кадоме аз давлатҳо зиндагӣ мекунад. Чунончи, агар одами дар шаҳрвандии як мамлакат қарордошта барои истиқомати доимӣ ба қаламрави дигар мамлакат равад, вай аз лаҳзаи пайдо кардани мақоми дар қаламрави он доимозиндагикунанда ҳуқуқу вазифаҳоеро амалӣ месозад, ки аз шаҳрвандии дигар мамлакат бармеоянд. Дар ҳаҷми пурра истифода кардани он ҳуқуқу озодиҳо, ҳамчунин ба зимма доштани вазифаҳои шаҳрванди мамлакате, ки вай дар қаламрави он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунад, бо проблемаи истиқомати доимӣ алоқаманд аст. Ба ибораи дигар, шахс ҳуқуқ надорад, ки дар як вақт ҳуқуқу озодиҳои аз шаҳрвандии ҳар ду мамлакат бармеомадаро амалӣ гардонад.

Чун қоида, бо истиқомати доимӣ ҳамчунин проблемаҳои таъминоти иҷтимоӣ, тақсимот, хизматрасонии тиббӣ, иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбӣ (дар қайди ҳарбӣ будан, хизмати ҳарбиро иҷро кардан, мустаъфӣ будан ва ғайра) алоқаманданд.

Шаҳрвандии волидайн шаҳрвандии кӯдаконро муайян мекунад. Волидайн барои кӯдак то расидани ӯ ба синни 18-солагӣ аз тариқи якҷоя ариза додан шаҳрвандии як мамлакатро ба роҳи рад кардани шаҳрвандии дигар мамлакат интихоб карда метавонанд. Дар мавриди набудани яке аз волидон чунин ҳуқуқро волиди дигар соҳиб аст. Тағйирёбии шаҳрвандии волидон ба тағйир ёфтани шаҳрвандии кӯдакони то 18-сола оварда мерасонад. Аммо дар сурати гум кардани шаҳрвандии давлат ва нигаҳдории шаҳрвандии давлати дигар мутаносибан шаҳрвандии кӯдакони то 18-сола тағйир меёбад. Шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида ва душаҳрвандӣ дошта метавонад ҳар ду шаҳрвандиро ҳам нигоҳ дорад, ё яке аз онҳоро интихоб намояд. Он чи ки дар боло зикр шуд, ба кӯдакони ба фарзандхонӣ қабулшуда ва онҳое, ки яке аз волидонашон душаҳрвандӣ дораду дигаре бешаҳрвандӣ ё номаълум аст, низ мутааллиқ аст.

Шахсони душаҳрвандӣ дошта аз ҳимояву парастории ҳар кадоме аз давлатҳо бархурдоранд. Дар сурати қарор доштани онҳо дар хориҷа ҳимоя ва парасторӣ аз ҷониби давлате пешниҳод мегардад, ки онҳо дар қаламрави вай ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: шаҳрвандӣ, раият, душаҳрвандӣ, натурализатсия, оптатсия.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.