Вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Мафҳумҳои «шаҳрванди хориҷӣ» ва «шахси бешаҳрвандӣ

Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ва муваққатан теъдоди зиёди сайёҳон, донишҷӯёни хориҷӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва ғайра меоянд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷианд ва бо вазъияти ҳуқуқии худ аз шаҳрвандони Тоҷикистон фарқ мекунанд.

Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 феврали соли 1996 шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхосе эътироф мешаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд ва ҳуҷҷате доранд, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии дигар давлат тасдиқ мекунад.

Ин ҷо сухан дар бораи он шаҳрвандони хориҷие меравад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои қонунӣ қарор доранд. Ба сурати умум онҳоро ба ду категория тақсим намудан мумкин аст – шаҳрвандони хориҷии муваққатан оянда ва ба таври доимӣ иқоматдошта.

Шаҳрвандони хориҷии ба таври доимӣ истиқоматкунанда онҳоеанд, ки ба Тоҷикистон ба мӯҳлати беш аз шаш моҳ омадаанд ва шаҳодатномаи зиндагӣ кардан (вид на жительство) доранд.

Шаҳодатномаи зиндагӣ кардан (вид на жительство) ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дода шуда, ҳуқуқи онҳоро барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Шаҳодатномаи зиндагӣ кардан аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрванди хориҷӣ барои иқомати доимӣ дар қаламрави давлати мо рухсатномаи махсусе дорад, ки онро мақомоти корҳои дохилӣ додаанд. Ариза дар бораи додани шаҳодатномаи зиндагӣ кардан ба шаҳрвандони хориҷии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомат дода мешавад, ашхоси дар хориҷа зиндагикунанда бошанд, чунин аризаро ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Тоҷикистон медиҳанд.

Шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан ба шаҳрванди хориҷии ба синни 16-солагӣ расида ба мӯҳлати амали ҳуҷҷати ӯ, ки шахсияташро тасдиқ менамояд, вале ба мӯҳлати на беш аз 5 сол, ба шахси ба синни 45-солагӣ расида ба тамоми мӯҳлати амали ҳуҷҷаташ, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад, дода мешавад. Бо анҷом ёфтани мӯҳлати амали шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан ин мӯҳлатро бо аризаи шахс ба мӯҳлати на беш аз 5 сол дароз кардан мумкин аст. Ариза на дертар аз 10 рӯзи қабл аз анҷомёбии мӯҳлати амали шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан дода шуда, дар сурати гум кардани он фавран дода мешавад. Бояд гуфт, ки миқдори дароз кардани мӯҳлати амали шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан маҳдуд нест.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз кардани шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардани шаҳрванди хориҷиро ба шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардани шахси бешаҳрвандӣ, масалан, вақте ки мӯҳлати амали ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ ба охир расидаст, пешбинӣ менамояд.

Гирифтани шаҳодатнома дар барои зиндагӣ кардан бо гирифтани рухсат барои омадан ба Тоҷикистон ва рафтан аз он, ки раводид (виза) номида мешавад, пайванди ногусастанӣ дорад. Мӯҳлати шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан баробари дароз гардидани мӯҳлати раводиди омадану рафтан дароз карда мешавад. Дароз кардани мӯҳлати шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан бе дароз кардани мӯҳлати раводиди омадану рафтан ҳақиқӣ ҳисоб намешавад.

Раводид рухсатномаи махсус барои омадан, рафтан, зиндагӣ кардан ва гузаштани шахси хориҷӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Раводиди вуруд шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохторҳои хориҷии он, ҳамчунин сафоратхонаҳо ва консулгариҳои мамлакатҳои хориҷӣ, ки Тоҷикистон бо онҳо созишномаҳои дахлдор дорад, дода мешавад. Додани раводиди вурудӣ дар мавридҳои зерин рад карда мешавад: 1) ба манфиати таъмини амнияти миллӣ ё нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ; 2) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад; 3) агар ҳангоми сафари қаблии шахс ба Тоҷикистон далелҳои аз ҷониби ӯ вайрон карда дан ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомат на камтар аз 10 рӯзи қабл аз анҷоми мӯҳлати амали шаҳодатнома дар бораи зиндагӣ кардан ва дар сурати гум кардани он фавран дода мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 феврали соли 1996 ашхоси бешаҳрвандиро, агар аз қонунгузории Тоҷикистон чизи дигаре барнаояд, баробари шаҳрвандони хориҷӣ медонад.

2.Мақоми ҳуқуқии хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳар мамлакат мақоми ҳуқуқии хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандӣ хусусиятҳои худро дорад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрвандони Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Қисми 2-и моддаи 16-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қонун, сарфи назар аз баромади хеш, мақоми иҷтимоию амволӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, ҷинс, таҳсилот, забон, муносибат ба дин, шуғл ва дигар ҳолатҳо, баробаранд.

Ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосие, ки мақоми ҳуқуқии шаҳвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандиро ташкил медиҳанд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба тарзи зайл тавсиф мешаванд:

Дар соҳаи меҳнат ва шуғл. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии дар мамлакат ба таври доимӣ иқоматдошта ҳуқуқ доранд, ки ба сифати коргарон ва хизматчиён кор кунанд, ё бар асоси тартиботи барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида бо фаъолияти дигари меҳнатӣ машғул шаванд. Онҳо аз ҳуқуқҳо бархурдор буда, дар муносибатҳои меҳнатӣ баробари шаҳрвандони Тоҷикистон масъулият ба дӯш доранд.

Хориҷиён ва ашхоси бешаҳрвандии муваққатан омада метавонанд бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд, агар ин бо ҳадафҳои омадани онҳо ба мамлакат ҳамоҳанг бошад, вале онҳо наметавонанд ба вазифаҳои алоҳида таъин шуда, бо фаъолияти муайяни меҳнатӣ, ки бо мансубият ба шаҳрвандони Тоҷикистон алоқаманданд, машғул шаванд. Масалан, онҳо наметавонанд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни давлатӣ бошанд ва ғайра.

Мутаносибан, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар асосҳои умумӣ баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ба истироҳат ҳуқуқ доранд.

2) Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, Мувофиқи моддаи 38-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад, бинобар ин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ низ ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии ба таври доимӣ иқоматдошта чун шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи баробари аз ёрии тиббӣ истифода карданро доранд. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии муваққатан ба мамлакат омада ёрии тиббӣ мувофиқи тартиботи муқарраркардаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.

3) Дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Ашхоси зикршудаи дар мамлакат ба таври доимӣ иқоматдошта баробари шаҳрванди Тоҷикистон ба нафақаи давлатӣ, кӯмакпулиҳо ва дигар шаклҳои таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Агар барои таъин кардани нафақа ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ собиқаи кориашон дар мамлакат нокифоя бошад, собиқаи кории онҳо дар хориҷа ба назар гирифта мешавад.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии муваққатан дар мамлакат сукунатдошта ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиҳо ва дигар шаклҳои таъминоти иҷтимоӣ мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Тоҷикистон дода мешавад.

4) Дар соҳаи таҳсилот. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст, ки ҳар шахс хуқуқи таҳсил дорад. Ин чунин маънӣ дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи таҳсилро соҳибанд. Ба онҳо дар асосҳои умумӣ дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар таълимгоҳҳои давлатӣ кафолат дода мешавад, онҳо таҳсилоти олӣ низ гирифта метавонанд.

5)Иштирок дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, дар иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки онҳо ҳуқуқи таъсиси ҳизбҳои сиёсиро надоранд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ ҳамчунин ҳуқуқ надоранд, ба сафи ҳизбҳои сиёсие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, дохил шаванд.

6)Дар соҳаи ҳуқуқи интихоботӣ. Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидае амал мекунад, ки тибқи вай онҳо ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба мақомоти қонунбарор ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин иштирок кардан дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) надоранд.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дигар ҳуқуқу озодиҳо низ кафолат дода шудаанд. Аз ҷумла онҳо ҳуқуқҳои амволӣ ва шахсии ғайриамволӣ, ҳуқуқи истифода кардан аз дастовардҳои фарҳангӣ, ҳуқуқи ҷойивазкунӣ ва интихоби ҷои истиқомат, ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншуда ва ғайраро доро мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ на танҳо ҳуқуқҳо, балки вазифаҳо низ доранд. Пеш аз ҳама онҳо бояд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳоро риоя кунанд, ба ҳуқуқу озодиҳо, шаъну эътибор ва қадру қимати дигар одамон эҳтиром гузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси шаҳрвандӣ бо фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ машғул шуда, дар натиҷаи онҳо даромадҳо мегиранд, бинобар ин нишондоди Конститутсия дар бораи вазифаи супоридани андозҳо ва боҷҳо аз ҷумла ба ин категорияи ашхос низ тааллуқ дорад. Боз як вазифаи шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ муҳофизати табиат, ҳамчунин арзишҳои маънавӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ барои ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ғайра, ки қонунгузории мамлакат пешбинӣ мекунад, инчунин барои вайрон кардани режими сукунат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ба дӯш доранд. Вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи вазъияти ҳуқуқӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории мамлакат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ ба кам шудани мӯҳлати сукунат ё берун кардани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боис мегардад. Аз қаламрави ҷумҳурӣ берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал меояд: 1) агар ҳуқуқвайронкуниҳо мухолифи манфиатҳои таъмин кардани амнияти миллӣ ё нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ бошанд; 2) агар ин барои муҳофизати саломатӣ ва маънавияти аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарур бошад; 3) агар онҳо қонунгузорӣ дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ, санадҳои қонунгузории соҳаҳои гумруку асъор ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон карда бошанд.

Қарор дар бораи берун кардан аз қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо ризоияти Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ, ки нисбати ӯ чунин қарор бароварда шудааст, ҳуқуқ дорад, дар бадали як ҳафта ба суд шикоят кунад. Агар суд қарори мазкурро қобили амал донад, ашхоси мазкур аз қаламрави Тоҷикистон берун карда мешаванд, ки он кафолати риояи ҳуқуқҳои инсон аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.