Озодии виҷдон ва эътиқод

1.Мафҳуми “озодии виҷдон ва эътиқод”

Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Ҳар як давлати ҳозираи демократии ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама озодии виҷдонро таҳким бахшида, кафолат медиҳад.

 

Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, озодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона баҳри худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.

 

Озодии виҷдон ҳуқуқи фитрии бунёдии инсон буда, озодии ӯро баҳри интихоби ҷаҳонбинӣ пешбинӣ мекунад. Озодии виҷдон ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд мансуб буда, аз шаҳрвандӣ вобаста нест. Инсон ҳуқуқи худро ба озодии виҷдон амалӣ гардонда, худро инсон эҳсос мекунад ва ҳаёташ маънӣ пайдо карда, мавқеи худро дар зиндагӣ муайян месозад. Ба ин тариқ, он яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон аст, ки амалӣ гардонданаш ба шукуфоии давлат, барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалишавии дигар ҳуқуқу озодиҳо таъсир мерасонад.

Мафҳуми “озодии виҷдон” аз рӯи маъно бо мафҳуми “озодии афкор” хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ истифода мешавад. Озодии афкор ва виҷдон ҳаҷман назар ба озодии эътиқод хеле васеъ аст, зеро аввалан, доштани аз ҷумла ақидаҳои атеистиро низ фаро гирифта, сониян, на танҳо ҷанбаи динӣ, балки ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти зеҳнӣ ва маънавии инсонро шомил месозад. Озодии афкор ва виҷдон ҳуқуқи мутлақи инсон буда, аз ҷониби давлат маҳдуд карда намешавад.

 

Атеист (эътиқоднадошта) одамест, ки ба мавҷудияти ҳама гуна қувваҳои фавқултабиӣ бовар надорад.

 

Озодии эътиқод яке аз унсурҳои озодии виҷдон аст. Он ба дин  муносибати бевосита дошта, дар ҳамин соҳа амалӣ мешавад.

 

Дин (аз лот. Religio – тақводорӣ, муқаддас, предмети парастиш) ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонэҳсоскунӣ, ҳамчунин рафтору амалҳои ба онҳо мутобиқест (парастишест), ки ба боварӣ ба мавҷудияти қувваҳои фавқултабиӣ асос меёбад.

 

Озодии эътиқод ҳуқуқи негативӣ буда, ҳимояи озодии дин аз ҷониби давлат, таъмини гуногуннавъии диниро дар назар дорад. Давлат ҳуқуқ дорад танҳо вақте дахолат кунад, ки қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи рафтор дар ҷомеа, қонунгузории мамлакат вайрон карда мешаванд, ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хавф таҳдид мекунад.

Озодии эътиқод яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст, ки ҳуқуқи ба таври инфиродӣ ё якҷоя бо дигарон эътиқод овардан ба ҳар дин, озодона интиоб намудан, доштан ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ва тибқи он амал карданро фаро мегирад.

Ба ин тариқ, озодии эътиқод инҳоро дар бар мегирад: 1) ҳуқуқи эътиқод овардан ба ҳар дин; 2) ҳуқуқи ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ; 3) ҳуқуқи иваз кардани дин; 4) ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ; 5) ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ; 6) ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ; 7) ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳангӣ- маърифатӣ; 8) озодӣ аз табъиз бо асосҳои динӣ.

Агар Шумо дар хона намоз хондан хоҳед, касе ҳақ надорад, ки инро ба Шумо манъ кунад, ба шарте, ки амалҳои Шумо ҳуқуқҳои дигар аъзои оиларо маҳдуд насозанд. Ё агар ҳамаи хешовандони Шумо ва ҳамсояҳоятон рӯза гиранду Шумо  инро намехоҳед ва рӯза намегиред, касе ҳақ надорад, ки Шуморо ба рӯзадорӣ маҷбур созад. Шумо ҳуқуқ доред, барои худ интихоб кунед, ки ба кадом дин эътиқод меоред ва ё баръакс атеист бошед.

Эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ба озодии виҷдон ва эътиқод бо ҳақ баровардани ҳама гуна амалҳои динӣ ва ҷазодиҳӣ нисбат ба одамони алоҳида, ё ба ташкилотҳои динӣ номувофиқ аст. Чунончи, ҷавобгарии чи гражданӣ ва чи ҷиноятӣ наметавонад ба тамоми ташкилоти динӣ паҳн шавад, танҳо ба ин сабаб, ки як ё якчанд аъзои он ба ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят айбдор карда мешаванд.

 

Табъизи динӣ ҳама гуна  фарқиятгузорӣ, маҳдудсозӣ ё бартаридиҳии ба дин ё мазҳаб асосёфтаи ҳадафаш рад кардан ё кам сохтани эътироф ва имконияти амалисозӣ дар асоси принсипи баробарии ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инфиродӣ мебошад.

 

? Фикр кунед ва мисолҳои ба Шумо маълуми табъизи диниро оред.

 

2.Озодии дин, дирӯз ва имрӯзи он

Дар давоми асрҳо муносибатҳои байниҳамдигарии эътиқодмандон ва эътиқод надоштагон (чун намояндагони динҳои гуногун) басо мураккаб буд. Замонҳое буданд, ки эътиқодмандон барои муҳаббати худ ба Худованд дучори азобу уқубатҳо мешуданд. Аз ҷумла дар ин хусус ба хотир овардани тақдири насрониёни аввалин дар Рими қадим кофист. Дар асрҳои миёна, дар замони бартарияти комили эътиқодмандӣ ҳоли онҳое, ки умуман ва ё ба андозаи зарурӣ эътиқод надоштанд, хароб буд. Дар Аврупо судҳои инкивизитсия бар хилофи аҳкоми маҳакии насронии “накуш” озодфикронро хеле “муваффақона” нобуд месохтанд. Нуҷумшинос ва риёзидони бузург Мирзо Улуғбек (солҳои 1394-1449) низ чун бисёр олимони он замон ба он сабаб, ки ба инкишофи чунин илмҳои дақиқ, чун нуҷумшиносӣ ва риёзӣ, мусоидат карда, мавқеи ҷойгиршавии ситораҳоро меомӯхт, таблисаи астрономӣ мураттаб сохта, дар як гӯшаи Самарқанд нахустин расадхонаи ҷаҳонро бунёд намуд, ба “бехудоӣ” айбдор карда шуд. Ба андешаи рӯҳониён фақат Худованд қодир буд, ки ситораҳо ва кайҳонро омӯзад. Онҳо барои тозагии дин мубориза бурда, муваффақ шуданд, ки ба писари Улуғбек Абдулатиф таъсир расонанд ва ӯ барои куштани падараш розигӣ диҳад. Ҳамин тавр, Мирзо Улуғбек соли 1449 аз дасти қотили зархарид Аббос кушта шуд.

Дар асри ХХ дар як қатор мамлакатҳои сотсиалистӣ ба дин зарбаи ҳалокатбор зада шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ муносибати рӯҳониён бо Давлати Советӣ ба таври драмавӣ сурат гирифт. Аз Инқилоби Октябр вақти зиёде нагузашта, Декрет дар бораи ҷудо кардани калисо аз давлат ва мактаб аз калисо қабул шуд. Он ба эътиқодмандон ва атеистон ҳуқуқҳои баробар дод. Вале дар амал эътиқодмандон ва ходимони дин беш аз пеш дучори таъқиб, маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳояшон мегардиданд, зеро идеологияи расмии Иттиҳоди Шӯравӣ ба атеизм асос ёфта буд. Дар даҳсолаҳои аввали мавҷудияти ИҶШС намояндагони ҳамаи конфессияҳои динӣ дучори таъқибу ҷазодиҳӣ гардида, бисёре аз онҳо нест карда шуданд. Ба таври оммавӣ вайрон кардану мурдорсозии калисоҳо, масҷидҳо, аҳром ва синагогҳо, ки бисёре аз онҳо ёдгориҳои таърихию меъморӣ буданд, шурӯъ ёфт. Одами ошкоро эътиқодманд аз ҷумла умеди иштирок кардан дар мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, ишғол кардани вазифаҳои роҳбарикунандаро надошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯҳониён худро аз нигоҳи ватандӯстӣ нишон доданд ва таъқиби онҳо андак сусттар шуд. Вале дар солҳои 60-ум пӯшидашавӣ ва вайронсозии иншоотҳои динӣ характери харобиовар касб кард.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон асосҳои ҳуқуқии озодии виҷдон ва эътиқодро таҳким бахшиданд. Чунончи, тибқи моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ аз тағйири озодонаи дин ва эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфиродӣ ва чи якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ дар таълим гирифтан, ибодат намудан ва расму оинҳои динӣ ва маросимиро иҷро кардан иборат аст”.

Моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ мундариҷаи озодии виҷдон ва эътиқодро баён мекунад: “Ҳар кас ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳақ дорад. Ин ҳуқуқ озодии доштан ё қабул кардани дин ё эътиқодро мувофиқи  интихоб ва озодии ибодат кардан ба дину эътиқоди худ чи танҳо ва чи якҷоя бо дигар одамон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ, интиқоли дин, иҷрои расму оинҳо ва таълимоти динию маросимӣ фаро мегирад”. Мувофиқи санади мазкури байналмилалӣ-ҳуқуқӣ касе набояд дучори маҷбурсозие гардад, ки озодии ӯро нисбати доштан ё қабул кардани дин ва эътиқодмандӣ аз рӯи интихоби худ мекоҳонад.

Аз охири солҳои 80-ум вазъият дар соҳаи дин дар мамлакати мо рӯ ба беҳбудӣ овард. Ибодатхонаҳо барқарор мегарданд, ба эътиқодмандон баргардонда мешаванд, ҷамоаҳои нави динӣ ба миён меоянд. Ходимони дин имконияти ҳар чи бештари ба таври оммавӣ баён кардани фикри худ, иштирок кардан дар ҳаёти ҷамъиятӣ доранд. Ҷамъият ба дарки нуктае наздик мешавад, ки ҳуқуқ ба озодии виҷдон шарти ҷудонопазири мавҷудияти шоистаи инсон аст.

Дар Конститутсияи ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озодии виҷдон ва эътиқод кафолат дода мешавад, ки музаффарияти муҳими мамлакат дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.

 

Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

Моддаи 26-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Дар мамлакати мо ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд. Агар дар замони шӯравӣ соле ҳамагӣ 30 нафар ба ҳаҷ мерафта бошанд, ҳоло ҳамасола чунин имкониятро беш аз 2 ҳазор мусулмонони Тоҷикистон доранд.

Давлат ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ мегирад, ки дар асосҳои қонунӣ ҳуқуқҳои баробари эътиқодмандон ва одамони эътиқоднадошта, намояндагони як динро бо ашхоси пайрави эътиқоди дигар таъмин менамояд.

Қисми 4-и моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ давлатро вазифадор мекунад, ки “озодии волидон ва дар ҳолатҳои мувофиқ парасторони қонуниро эҳтиром кунад, ки тарбияи динӣ ва маънавии кӯдакони худро мувофиқи эътиқодмандиҳои худ таъмин намоянд”. Дар айни замон аз волидон вобаста аст, ки кӯдакони онҳо чӣ гуна тарбият мегиранд – динӣ ё атеистӣ. Ҳангоми ҳалли масъалаи мазкур ба онҳо лозим меояд, ки масъулияту хирадмандии бузург зоҳир карда, ба мӯд, ҳаёҳуй дода нашаванд, ояндаи имконпазири кӯдакони худро равшан тасаввур намоянд.

 

  1. Маҳдудсозии озодии виҷдон ва эътиқод

Озодии омурзиш ба дин ва эътиқодро чун ҳуқуқу озодиҳои асосии дигар одамон барои нигаҳдории амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, тансиҳатию ахлоқ тибқи тартиботи муқарраршуда маҳдуд кардан мумкин аст. Яъне маҳдуд кардани озодии виҷдон ва эътиқод,  агар дар асоси қонун эътироф шавад, ки кадом як дине характери зидди инсондӯстона, барои саломатӣ, маънавият ва амнияти ҷамъиятӣ зараррасон дорад, мумкин аст. Ин ҷо сухан пеш аз ҳама дар бораи тариқатҳо ё сектаҳои (мисли “Аум-Сенрикё” ва ғайра) ба тариқи сунъӣ аз ҷониби васвосиҳо –мутаъаллимин таъсисёбанда, расму оинҳои одамонро таҳқиркунанда ва ғайра меравад.

 

Секта (аз лот. Seсta –таълимот, самт, мактаб) гурӯҳ ё ҷамоаи диниест, ки аз калисои ҳукмрон ҷудо шудааст.

 

Ин ҷо ҳамчунин созмонҳои майли экстремистӣ доштаеро чун “Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ” шомил сохтан мумкин аст, ки ислом барояшон  фақат чун ниқоб, усули муваффақшавӣ ба ҳадафҳои “ифлосашон” аст.  “Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ” ҳизби экстремистии радикалии сиёсиест, ки кӯшиш дорад, бо роҳи ғасби ҳокимият ва маҳв сохтани одамони ба онҳо эътиқоднадошта дар тамоми ҷаҳон давлати исломӣ барпо намояд. Дар ин маврид ҷонибдорони ҳизби мазкур аз қафоравии архаистонаи хеш ба гузашта шарм намедоранд. Онҳо бо ғояи эҳёи чунин диндорие қаллобӣ мекунанд, ки озодии виҷдон, яъне дастовардҳои ҳозираи тамаддуни ҷаҳонӣ ва демократия, меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро намегузорад. Фаъолияти чунин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

 

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани  сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳхои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Моддаи  8-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

  1. Давлати дунявӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо карда шудаанд ва наметавонанд, ки ба корҳои давлатӣ мудохила кунанд. Идеологияи ягон ҳизб, ягон дин ҳамчун давлатӣ эътироф карда намешавад.

 

Давлати дунявӣ тавсифи конститутсионӣ-ҳуқуқии давлатест, ки маънии ҷудоии дин аз давлат, маҳдуд будани соҳаҳои фаъолияти онро дорад.

 

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1 характери дунявӣ доштани давлатро эълон карда, муқаррар намудани ягон дин ро ба сифати давлатӣ ё ҳатмӣ манъ мекунад. Ҳоло дар мамлакати мо бисёр ҷомеаҳои динӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд ва ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои баробар доранд.

 

? Ба хотир оред, ки истилоҳи «конфессия» чӣ маънӣ дорад? Ба андешаи Шумо, дар қаламрави Тоҷикистон имрӯза чанд конфессия мавҷуд аст?

 

Моҳияти «давлати дунявӣ» манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҳамаи гурӯҳҳои одамон-мусулмонон, насрониҳо ва намояндагони дигар динҳо, ҳамчунин онҳоеро, ки эътиқоди динӣ надоранд, ифода мекунад. Дар фаҳмиши имрӯза характери дунявӣ маънии таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дорад, ки ба корҳои якдигар халал намерасонанд, ба ҳуқуқу вазифаҳои якдигар даъвогар нестанд. «Дунявӣ» маънии “зиддидинӣ» ё «зиддиатеистӣ» надорад. Давлати дунявӣ муқобилмаънои (антоними) мафҳуми «давлати исломӣ» нест. Қонунҳои  Тоҷикистон озодии эътиқоди динӣ ва фаъолияти муассисаҳои диниро эътироф мекунанд. Дар ин фаҳмиш «характери дунявӣ» эҳтирому ҳифзи «эътиқодҳои динӣ», ҷаҳондарккуниҳои гуногун ва ҳимояи онро аз рақибон» инъикос менамояд.

Ҳангоми муайянсозии мавқеи ислом ва ҳизбҳои динӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар гирифтани нуқтаҳои пешбиникардаи  Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар хусуси он, ки ҳар як  одам на танҳо ба озодии фикр, виҷдон ва эътиқод ҳуқуқ дорад, балки табъиз низ дар заминаи динӣ раво нест, басо муҳим аст. Барои мамлакати мо, ки тӯли даҳсолҳои зиёд бехудосозии маҷбурии аҳолиро аз сар гузаронидааст, ҳанӯз иҷрои қарҳои зиёде дар пеш аст, то ки  муносибатҳои динӣ характери мувофиқ ба давлати мутамаддинро соҳиб шаванд.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: озодии виҷдон, озодии эътиқод, атеизм, дин, табъизи динӣ, давлати дунявӣ, конфессияҳои динӣ.

 

test

Добавить комментарий