Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ

1.Мафҳум ва аҳамияти ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ

Ҳуқуқҳо ва озодиҳо аз ҷониби одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, амалӣ гардонида мешаванд. Озодиҳои сиёсӣ дар низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд гурӯҳи алоҳидаро ташкил дода, ҳамчун махсусияти ҷудонопазири ҷомеаи мутамаддин баромад мекунанд.

Мавҷудияти давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бе ташаккули ақидаҳо ва арзишҳои сиёсӣ, бе иштироки бошууронаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ дар давлати демократӣ ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ аз ҷониби шуури умумии ҷамъиятӣ на ҳамчун зуҳуроти дуюмдараҷа, балки чун яке аз арзишҳои гуманистӣ қабул карда мешавад.

Ҳуқуқҳои сиёсӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳанд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ иштироки озодонаю васеъ дошта бошад.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ шарти ҳатмии амалишавии ҳамаи дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳо мебошанд, зеро онҳо асоси таркибии низоми демократиро ташкил дода, ҳамчун арзишҳое баромад мекунанд, ки давлат бо онҳо бояд худро маҳдуд созад ва ба онҳо майл кунад.

Ҳар як инсон маҷмӯи томи ҳуқуқҳо ва озодиҳои гуногунро амалӣ месозад, вале ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсиро асосан шаҳрвандони давлатҳои муайян доранд, яъне мавҷудияти онҳо аз мансубияти шаҳрвандӣ вобаста аст. Ба ин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шаҳрванди мамлакати мо буд, то ки кас соҳиби ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ бошад. Аммо истисноҳо низ ҳастанд, масалан, ҳуқуқи бо шикоят муроҷиат карданро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ на танҳо шаҳрвандони мо, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ низ доранд.

Амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ бо сохти давлатию ҷамъиятӣ, моҳияти идоракунии давлат, режими сиёсӣ дар мамлакат алоқаманд аст. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ чун ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) ҳар кас мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро тавсиф мебахшанд.

Мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баробари кафолати дигар ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ таъмин кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон низ мебошад. ?Таснифоти ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсонро дар замони пайдоишашон ба хотир оред. Кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳо ба “насли якум” мансубанд?

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ ба “насли якум”-и ҳуқуқҳои инсон тааллуқ доранд, зеро онҳо арзишҳоеро таҳким мебахшанд, ки дар давраи ба амал омадани инқилобҳои буржуазии асри ХVIII ташаккул ёфта, дар амалияи қонунгузории мамлакатҳои демократӣ мустаҳкам ҷой гирфтаанд. Дертар ҳуқуқҳои сиёсӣ дар стандартҳои муосири байналмилалии ҳуқуқҳои инсон инъикос гардиданд. Эъломияи умумии ҳуқуқҳои башар дар моддаҳои 19-21 ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар моддаҳои 19-22 ҳуқуқ ба озодии эътиқод ва баёни озодонаи онҳо, ҳуқуқи ҷамъомад ва ассосиатсияҳои осоишта, ҳуқуқи иштирок кардан дар идоракунии мамлакати худро эълом доштаанд.

Ба ин тариқ, ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқ дорад, дар чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои сиёсӣ ширкат варзад, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил шавад ва ғайра. Аммо вай ҳамчунин ҳақ дорад, ки ин ҳамаро рад кунад.

? Ба андешаи Шумо, ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ инфиродианд ё дастаҷамъӣ?

Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам инфиродӣ мешаванд, ҳам дастаҷамъӣ. Бисёр ҳуқуқҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрванд ба таври инфиродӣ амалӣ мегарданд, шахсан ба ӯ имконият фароҳам меоранд, ки дар сиёсат фаъолона иштирок кунад, масалан, ҳуқуқи интихоб кардан, додани овози худ дар интихобот ё раъйпурсӣ, ба хизмати давлатӣ дохил шудан ва ғайра. Ҳуқуқҳои сиёсии дастаҷамъӣ, чун қоида, ақидаҳои сиёсии гурӯҳи одамонро таҷассум карда, тавассути амалҳои дастаҷамъӣ татбиқ мегарданд, масалан, таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили намоиши осоишта ва иштирок дар он ва ғайра.

Гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ҳуқуқи халқҳо (миллатҳо), ақаллиятҳои миллӣ мебошанд. Масалан, байни ҳуқуқҳои муҳимтарини сиёсӣ ҳуқуқи халқҳоро ба худмуайянкунӣ ҷудо мекунанд. Тибқи моддаи 1-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ “ҳамаи халқҳо ба худмуайянкунӣ ҳақ доранд. Дар асоси ин ҳуқуқ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муайян мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона пеш мебаранд”. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ метавонанд озодона боигариҳо ва захираҳои табиии худро бе зараре барои ягон ӯҳдадориҳо, ки аз ҳамкории байналмилалии иқтисодии ба принсипи манфиати байниҳамдигарӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта бармеоянд, соҳибихтиёрӣ кунанд. Ягон халқ дар ягон ҳолат аз воситаҳои мавҷудияти ба вай тааллуқдошта маҳрум карда намешавад.

Аз ҳуқуқи худмуайянкунӣ истифода карда, бисёр халқҳои ҳудуди сукунаташон дар ҳайати давлатҳо, масалан, дар Британияи Кабир (Уэлс, Шотландия, Ирландияи шимолӣ), Федератсияи Россия (вилояти мухтори Яҳудистон, округи мухтори Чукотка, округи мухтори Эвенкия ва ғайра) баъзе мухториятҳо доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шудааст.

Ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ дар Эъломияи СММ дар бораи додани мустақилият ба мамлакатҳо ва халқҳои мустамлика (соли 1960) таҳким бахшида шудааст. Тибқи моддаи 2-и ҳуҷҷати мазкур “ҳамаи халқҳо ҳаққи худмуайянкунӣ доранд; дар асоси ин ҳуқуқ онҳо озодона мақоми сиёсии худро муқаррар карда, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба амал мебароранд”.

Зиддиятҳои байни ҳуқуқҳои инфиродии инсон ва ҳуқуқҳои халқ, миллат, ақаллиятҳои миллӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯза яке аз сабабҳои ихтилофоти байни давлатҳо, халқҳо, одамон мегарданд. Ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ байни худ набояд рақобат кунанд, балки онҳо, ҳарчанд аз рӯи табиати худ аз ҳамдигар фарқ доранд, якдигарро бояд пурра созанд. Проблемаи афзалиятмандии ҳуқуқҳои инфиродӣ нисбат ба ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ масъалаи басо муҳим ва баҳснок ба шумор меравад. Фаҳмиши моҳияти худмуайнякунӣ аз принсипи дахлнопазирии ҳуқуқҳои инсон ҷудонопазир аст. Бинобар ин рушди ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ҳуқуқҳои инфиродии инсонро набояд вайрон кунанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии шаҳрванд мутлақ нестанд ва дар асоси қонун метавонанд маҳдуд карда шаванд. Масалан, ҳуқуқи озодона баён кардани фикри худ бо мақсади эҳтироми ҳуқуқҳо ва нуфузи дигар одамон, ҳамчунин ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва маънавияти аҳолӣ метавонад то андозае маҳдуд карда шавад. Аз ҷумла ҳама гуна тарғиби ҷанг ё баромад кардан бо мақсади бадбинии миллӣ, нажодӣ ё динӣ, шӯрангезӣ барои табъиз, душманӣ ё зӯроварӣ манъ аст. Ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта дар шароити вазъияти фавқулодда бо мақсади амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои дигарон метавонад маҳдуд карда шавад.

Ба ин тариқ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ аҳамияти махсус доранд, зеро онҳо ба мустаҳкам кардани алоқаи шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат нигаронида шуда, мақсадашон роҳ надодан ба бетафовутии шаҳрвандон ба тақдир ва фаъолияти мамлакати худ мебошад.

2.Низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ

Ҳамаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ байни ҳамдигар алоқаманд буда, низоми ягонаро ташкил медиҳанд. Онҳо бо Конститутсия ва қонунгузорӣ кафолат дода мешаванд.

Низоми ҳуқуқҳои сиёсӣ дар моддаҳои 27-31- и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд.

?Моддаҳои зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат омӯзед. Дар онҳо мушаххасан кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон таҳким бахшида ва кафолат дода шудаанд?

Дар асоси мундариҷаи фаъолияти шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дар ин гурӯҳи ҳуқуқҳо навъҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст:

1) ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ;

2) ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан;

3) ҳуқуқ ба озодии ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо,намоишҳо ва роҳпаймоиҳо;

4) ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

5) ҳуқуқи муроҷиат кардан бо арзу шикоят (петитсия) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Ҳуқуқҳои сиёсӣ бо дигар гурӯҳҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон зич алоқаманданд, вале аз онҳо пеш аз ҳама бо он фарқ мекунанд, ки ба иштироки шаҳрвандон маҳз дар ҳаёти сиёсии давлат ва ҷомеа нигаронида шудаанд. Аммо ҳар як инсон ва шаҳрванд на танҳо бо сиёсат машғул аст, ӯ худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ татбиқ мекунад.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ бар фарқият аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) на барои таъмини озодиҳои инфиродию мухторияти шахсият, балки барои зоҳиршавии ӯ ба сифати иштирокдори фаъоли раванди сиёсӣ равона гардидаанд.

Амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ ва фаъолияти пурзӯри онҳо дар идораи корҳои давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои ташаккули давлати демократӣ ва барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ба худмуайянкунии халқҳо, низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ.

test

Добавить комментарий