Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат

1.Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат:

мафҳум, аҳамият

Ҳуқуқи иштирок дар идоракуни давлат ва корҳои ҷамъиятӣ принсипи бунёдии муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандони он ва яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои сиёсӣ аст.

Иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ бо роҳи ифодаи раъи онҳо дар интихобот ва раъйпурсиҳо, инчунин иштироки шахсӣ дар кори мақомоти ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Беҳуда нест, ки кафолатҳо ва ҳамзамон шаклҳои амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии мазкур як қатор ҳуқуқҳои дигар: ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳуқуқи иштирок намудан дар раъйпурсӣ, ҳуқуқи дастрасии баробар ба хидмати давлатӣ, ҳуқуқи иштирок дар эъзоми адолати судӣ ва ғайра мебошанд.

Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлат ба шаҳрвандони мамлакат тааллуқ дорад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар интихобот ва раъйпурсиҳо овоз дода наметавонанд, барои онҳо хизмати давлатӣ дастрас нест.

Ҳуқуқи мазкур бори аввал дар давраи инқилобҳои буржуазии асри ХУIII, дертар дар асри ХХ дар ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон таҳким ёфт. Чунончи, мутобиқи моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ҳақ дорад бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад”. Иродаи халқ дар асоси муқаррароти санади мазкури байналмилалӣ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад. Он дар интихоботи даврӣ ва ғайриқалбакӣ, ки бояд бо умумӣ ва баробар будани ҳуқуқи интихоботӣ бо роҳи овоздиҳии пинҳонии таъминкунандаи озодии овоздиҳӣ гузаронида мешавад, ифода меёбад.

Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи корҳои давлатро таҳким бахшидааст. Мутобиқи моддаи 25-и он “ҳар як шаҳрванд бидуни маҳдудиятҳои беасос дорои ҳуқуқ ва имкониятҳои зерин аст: а) дар пешбурди корҳои давлатӣ бевосита ё ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд; б) дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар бо овоздиҳии махфӣ ва кафолатдиҳандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешаванд, интихоб кунад ва интихоб шавад; в) дар кишвари худ ба имкониятҳои умумии баробари хидмати давлатӣ дастрасӣ дошта бошад”.

Дар аксари конститутсияҳои ҳозираи демократӣ ҳуқуқи шаҳрвандон ба рои иштирок кардан дар идораи корҳои давлат дар шакли маҷмӯияти ҳуқуқҳои дар боло нишондодашуда ташаккул ёфтааст. Айнан ҳамин тавр он дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳким бахшида шудааст:

Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 27-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат ҳуқуқи муҳими сиёсӣ буда, бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” (соли 1998) ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.

2.Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ

Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон яке аз шаклҳои асосии ифодаи иродаи халқ ва иштироки он дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад. Иштироки шахсии шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба андозаи баробар чун тавассути намояндагони интихобмекардаи онҳо ифодаи соҳибихтиёрии халқ ва шакли амалишавии принсипи ҳокимияти халқӣ аст, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудааст.

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқи Тоҷикистонро, сарфи назар аз миллаташон, шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Моддаи 6-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқҳои асосии интихоботии шаҳрвандон аз инҳо иборатанд: 1)ҳуқуқи интихоб кардан (ибрози озодона ва масъулияшиносонаи ирода дар интихобот ва раъйпурсӣ); 2) ҳуқуқи интихоб шудан дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ; 3) ҳуқуқи аз ҷониби интихобкунандагон бозхонд шудани ашхосе, ки ба онҳо нобоварӣ изҳор гардидааст.

? Ба хотир оред, ки принсипи тақсими ҳокимият чӣ маънӣ дорад? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом мақомот ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроия ва судиро амалӣ мегардонанд? Кадом мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути интихобот ташаккул дода мешаванд?

Интихобот ва раъйпурсиҳо дар тамоми ҷаҳон шакли аз ҳама оммавии иштироки одамон дар идораи корҳои давлат ва ҷомеа гардидаанд ва ин таҷриба ба таври мутаносиб шомили ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон гардидааст.

Интихобот усули муҳимтарини ташаккули мақомоти ҳокимият бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ мебошад.

Раъйпурсӣ овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои нисбатан муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, масалан, даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ғайра мебошад.

Интихобот ба мақомоти намояндагии ҳокимият ва раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории махсус дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида мешаванд. Ба санадҳои мазкури меъёрӣ-ҳуқуқӣ инҳо мансубанд: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1994), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1999), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 1995) ва ғайра.

Ҳуқуқи интихоботӣ фаъол (ҳуқуқи интихоб кардан аз ҷониби худи шаҳрвандон) ва ғайрифаъол, яъне пассив (ҳуқуқи интихоб шудани шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ) мешавад. Ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъол бо расидан ба синни балоғат, яъне аз 18-солагӣ фаро мерасад. Мутобиқи моддаи 27-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан дорад. Дар раъйпурсӣ низ шаҳрвандони ба синни 18 расида ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳидошта ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Ба ашхосе, ки дар интихобот ва раъйпурсиҳо дар Тоҷикистон иштирок карда наметавонанд, инҳо мансубанд: ашхоси аз ҷониби суд ғайриқобили амал эътирофшуда, ё ашхоси бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрум аз озодӣ нигоҳдошташаванда.

Интихобот ва раъйпурсиҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии махфӣ гузаронида мешаванд.

Принсипҳои дар Конститутсия номбаршудаи ҳуқуқи интихоботӣ чунин маънӣ доранд, ки иштироки шаҳрвандон дар интихобот ва райъпурсӣ озод ва ихтиёрианд. Интихобкунандагон дар онҳо дар асосҳои баробар, бе ягон табъиз иштирок мекунанд. Овоздиҳӣ махфӣ буда, аз ҷониби шаҳрвандон бевосита амалӣ мегардад. Ҳар як шаҳрванд як овоз дорад. Назорат ва дахолат ба изҳори иродаи ашхоси овоздиҳанда раво нест. Тайёрӣ ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ кушода ва ошкоро сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани интихобот ва раъйпурсиҳо ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ вогузор шудааст.

3.Ҳуқуқи дастрасии баробар ва хидмати давлатӣ

Ҳуқуқи дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии сиёсии кафолатдодаи қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ мебошад.

 

Хизмати давлатӣ фаъолияти касбии ашхоси вазифаҳои давлатиро ишғолкарда оид ба таъмини иҷрои салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” (соли 1998) “шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд”. Тибқи моддаи 6-и ҳамин қонун бошад, яке аз принсипҳои амалисозии хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон “афзалиятмандии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд” маҳсуб мешавад.

Ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ маънии баробарии имкониятҳои ибтидоӣ ва набудани табъизро аз рӯи кадом як аломат дорад, аммо дар тамоми ҷаҳон ҳини қабулшавӣ ба хизмати давлатӣ низоми озмунҳо, санҷишҳои тестӣ, мусобиқоти дипломҳо мавҷуданд.

Ба хизмати давлатӣ шаҳрвандони на ҷавонтар аз 18-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти мувофиқ дошта, ба талаботи Қонуни мазкур барои хизматчиёни давлатӣ ҷавобгӯянд, қабул карда мешаванд. Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин ба хизмати давлатӣ қабул карда намешавад ва дар хизмати давлатӣ буда наметавонад: 1) бо қарори ҳукми қонунӣ пайдокардаи суд ҳамчун ғайри қобили амал ё қисман ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ; 2) мавҷудияти доғи судии сарфи назар нагардида ва ё беэътибор донистанашуда барои дидаю дониста ҷиноят содир кардан, ки ба ишғол кардани вазифаи давлатии хизмати давлатӣ номувофиқ аст; 3) рад кардани раванди ба расмият даровардани дастрасӣ ба маълумотҳо, ки сирри бо қонун ҳимояшавандаи давлатӣ, хидматӣ ва ғайраро ташкил медиҳанд, дар сурати вобаста будани иҷрои вазифаи хидматӣ оид ба вазифаи хидматии хизмати давлатии довталаб бо истифодаи он маълумотҳо; 4) хешовандони наздик ё аз они худӣ будан (волидон, ҳамсарон, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарон, хоҳарон, волидон ва фарзандони яке аз ҳамсарон) ба хизматчиёни давлатӣ, агар хизмати давлатии онҳо бо тобеияти бевосита ё зери назорат будани яке аз онҳо бар дигаре алоқаманд бошад; 5) мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дастрасӣ ба хизмати давлатӣ дар асосҳои байниҳамдигарии қарордодҳои байнидавлатӣ ба танзим дароварда шуда бошад; 6) дар дигар ҳолатҳои истисноии муқарраркардаи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар сурати дар рафти тафтишот ошкор гардидани ҳолатҳои монеъшавандаи қабули шаҳрванд ба хизмати давлатӣ шаҳрванди мазкур ба таври хаттӣ оид ба рад гардидани қабули ӯ ба хизмати давлатӣ бо нишон додани сабабҳои чунин радкунӣ хабардор карда мешавад.

Шаҳрванд ба хидмати давлатӣ дар асоси қарордоди (аҳдномаи) меҳнатӣ, ки дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад, қабул мегардад. Қабули шаҳрванд ба хизмати давлатӣ мувофиқи тартиботи муқарраргардида бо қарори мақомоти дахлдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар бораи таъин кардани шаҳрванд ба вазифаи давлатии хизмати давлатӣ ба расмият дароварда мешавад.

4.Маҳдудиятҳои ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ

ва идоракунии давлат

Умумӣ будани ҳуқуқҳои интихоботӣ маънии бемаҳдудиятии онҳоро надорад. Чунончи, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ маҳдудиятҳои ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат зикр гардидаанд. Аз ҷумла мутобиқи моддаи 27-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд”. Маҳдудиятҳои муайян ҳамчунин нисбати қабул ба хидмати давлатӣ раво дониста мешавад.

Дар шароитҳои вазъияти фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида намешаванд.

Ба ин тариқ, ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии таҷассумкунандаи соҳибихтиёрии инсон ва шаҳрванд дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрандӣ мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир оред: ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат, ҳуқуқи фаъоли интихоботӣ, ҳуқуқи ғайрифаъоли интихоботӣ, интихобот, раъйпурсӣ, хизмати давлатӣ.

test

Добавить комментарий