Озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор

1.Мафҳум ва аҳамияти озодии сухан, матбуот

ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор

Байни ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол карда, яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон маҳсуб мешавад.

Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани ҳар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма) баён кардани фикри худро оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти давлат дар назар дорад.

Ҳар инсон дар ҷомеа оид ба ин ё он проблема фаҳмиши худро дорад, метавонад дар бораи моҳияти онҳо, ҷанбаҳои гуногун, роҳҳои ҳаллашон андешаҳои худро баён созад. Дар ҳар ҷомеа ҳамеша нуктаҳои назари мухолиф буда метавонанд. Плюрализми (бисёр будани) андешаҳо яке аз шартҳои рушду барқарории давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, зеро имконият медиҳад, ки муваффақиятҳо ва камбудиҳои равандҳои дар давлат ва ҷомеа баамалоянда нишон дода, таваҷҷӯҳ ба пешниҳодҳои мушаххаси шаҳрвандон оид ба тағйир додани вазъият, аз ҷумла бобати таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии одамон, равона карда шавад.

Озодии сухан якчанд унсурро дар бар мегирад, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ягонагии ногусастанӣ арзи вуҷуд мекунанд:

1) озодии ҳар одам барои ошкоро баён кардани фикр, ғояҳо ва андешаҳои худ ва тарғиби онҳо бо ҳамаи усулҳои қонунӣ;

2) озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма аз сензура ва ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри таъсис додан ва истифода кардани мақомоти иттилоотӣ;

3) озодии дастрасӣ ба манбаҳои иттилоот ё ҳуқуқи гирифтани иттилооте, ки манфиати ҷамъиятӣ дошта, ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд.

Воситаҳои ахбори омма (ВАО) рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврии барои тарғиби ошкоро пешбинишуда, ҳамчунин намоишҳои телевизион ва барномаҳои радио, хроникаи кино, хабарҳои агентиҳои иттилоотӣ, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд.

Озодии матбуот ва истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ҳар давлати демократии замони ҳозира кафолат дода мешавад.

? Васоити ахбори оммаи ба Шумо маълуми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро ба хотир оред ва номбар кунед.

Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор на танҳо ба шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ низ тааллуқ доранд.

Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор ба ҳуқуқҳои “насли якум” мансубанд. Стандартҳои ҳозираи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон ин ҳуқуқро таҳким бахшидаанд. Чунончи, мутобиқи моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад, ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳади давлатӣ ҷустуҷӯ, дастрасу иштишор намудани маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад”.

Моддаи 19-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба ҳамин ҳуқуқ бахшида шудааст: “Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки бидуни дахолат ақидаҳои худро дошта бошад. Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад: ин ҳақ озодии ҷустуҷӯ кардан, ба даст овардан ва ошкор намудани ҳама гуна маълумот ва идеяҳоро, сарфи назар аз марзҳо, ба таври шифоҳӣ, хаттӣ, чопӣ ё дар шаклҳои бадеиву дигар воситаҳои хабарӣ бо интихоби худ дар бар мегирад”.

Ба ин тариқ, озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор ҳуқуқи муҳимтарини сиёсӣ ба шумор меравад ва бе таъмини он сохти демократии давлат ғайри имкон аст.

2.Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор

Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин нишондоди Конститутсияи Тоҷикистон ба таври ҷузъ ба ҷузъ дар қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ, масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”-и соли 1990 (бо тағйироти соли 2002), дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” (соли 2003) ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тартиб оварда шудаанд.,

Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад ақидаю афкори худро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма тарғиб намояд. Мувофиқи моддаи 27-и қонуни мазкур шаҳрвандон барои фавран гирифтани маълумоти боэътимод дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор тавассути воситаҳои ахбори омма ҳақ доранд. Ташкилотҳои давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки маълумоти барои воситаҳои ахбори омма заруриро пешниҳод кунанд.

Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори оммаро ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои кооперативӣ, динӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ашхоси алоҳидаи ба синни 18 расида доранд. Аммо инҳо муассисони ВАО шуда наметавонанд: шаҳрвандони ба синни 18 нарасида ё мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун ғайри қобили амал ё қисман ғайри қобили амал эътирофшуда, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон бо қонун манъ шудааст; шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ.

Ҳамаи ВАО дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз қайд гузаронида шуда бошанд. Дар мамлакати мо фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад.

Муқаррароти зерини дар моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаи 2-и қонуни зикргардида таҳкимбахшидашуда муҳим аст: “Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст”.

Сензура назорати ҳокимияти расмӣ ба мундариҷа, интишор ва паҳн кардани маводи чопӣ, мундариҷа ва иҷрои (намоиш додани) намоишҳои саҳнавӣ, барномаҳои радио-телевизион бо мақсади роҳ надодан ё маҳдуд кардани паҳншавии ғояҳо ва маълумотҳоест, ки ғайри қобили қабул ва зараровар эътироф мешаванд.

Дар даврони шӯравӣ муассисае бо номи “Идораи адабӣ” (Главлит) мавҷуд буд, ки маводи илмӣ, бадеӣ, мақолаҳо, барномаҳои радио ва телевизионро ҳамаҷониба аз назар мегузаронд. Ҳамаи ин мавод, агар дар онҳо ягон фикри мухолифи идеологияи расмии давлат бошанд, чоп ва пахш карда намешуданд. Яъне озодии афкор ва сухан маҳдуд буд.

Дар Тоҷикистони ҳозира сензура дар ҳамаи шаклҳо манъ аст, ки ин аз ҷониби давлат кафолат дода шудани озодии сухан ва озодии воситаҳои ахбори омма мебошад.

3. Маҳдудияти озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи

воситаҳои ахбор

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” баробари ба воситаҳои ахбори омма додани ҳуқуқи озодона амал кардан баъзе маҳдудиятҳои озодии сухан ва матбуотро низ таҳким бахшидааст.

Дар моддаи 6-и қонуни мазкур омадааст, ки нашр кардани маълумотҳое, ки сирри давлатӣ ё ягон сирри бо қонун ҳимояшаванда мебошанд, даъватҳои зӯроварона сарнагун сохтан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, пастзанандаи шаъну эътибори давлат ва Президент, тарғиби ҷанг, зӯроварӣ ва бераҳмӣ, терроризм дар ҳамаи зуҳуроти он, истисно ё бадбинии нажодӣ, миллӣ ва динӣ, порнография, даъватҳои содир кардани кирдорҳои чун ҷиноят ҷазододашаванда дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.

Ҳамчунин истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, таарруз ба шарафу эътибори онҳо манъ буда, бо қонун таъқиб карда мешавад. Ҳар як журналист вазифадор аст, ҳуқуқҳо, манфиатҳои ҳуқуқӣ, эътибори миллии шаҳрвандон, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии ташкилотҳоро эҳтиром намояд.

Зарари маънавии ба шаҳрванд расонидашуда дар натиҷаи дар ВАО паҳн кардани маълумотҳои ноҳақи доғдоркунандаи шаъну эътибори шаҳрванд, ё зарари дигари ба ӯ расонидашуда бо қарори суд таллофӣ карда мешавад.

Маҳдудсозии озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар ҳолатҳое,ки агар маълумот ва иттилоот сирри давлатиро ташкил диҳанд ва агар дар мамлакат вазъияти фавқулодда эълон шуда бошад, раво аст.

Мувофиқи моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, бо қонун муайян карда мешавад.

Сирри давлатӣ маълумотҳои ҳифзкунандаи давлат дар соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, муносибатҳои беруна, амнияти давлатӣ ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, ки паҳн кардани онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” (соли 2003) номгӯи маълумотҳоеро, ки ба сирри давлатӣ мансубият доранд, таҳким бахшидааст. Масалан, дар соҳаи мудофиа – дар бораи силоҳҳо ва таъминоти моддӣ-техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра; дар соҳаи иқтисодиёт – дар бораи истифодаи нақлиёт, алоқа, дигар соҳаҳо ва объектҳои инфраструктураи мамлакат ва манфиати таъмини амнияти он, дар бораи захираҳои металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, асъор ва дигар арзишҳо, амниятҳои марбут ба тайёр кардани нишонҳои пулӣ ва қоғазҳои қиматнок ва ғайра; дар соҳаи муносибатҳои беруна – дар бораи содирот ва воридоти силоҳҳо, техникаи ҳарбӣ, навъҳои алоҳидаи стратегии ашёи хом ва маҳсулот ва ғайра; дар соҳаи амнияти давлатӣ ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқӣ – дар бораи ташкил ва тартиби амалисозӣ ва ҳифзи мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва ҳокимияти иҷроия, муассисаҳои давлатии бонкӣ ва ашхоси дорои мансаби олии давлатӣ, дар бораи низоми алоқаи ҳукуматӣ ва махсус ва ғайра.

Маълумотҳои зерин ба сирри давлатӣ тааллуқ надоранд: 1) дар бораи офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар воқеаҳои фавқулодда, ки ба амал омадаанд ё ба амал меоянду ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд; 2) дар бораи ҳолати муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, дараҷаи зиндагии он бо фарогирии ғизо, либос, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳамчунин дар бораи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-демографӣ, вазъияти тартиботи ҳуқуқӣ, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ; 3) дар бораи амалҳои ғайриҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор.

Дастрасӣ ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони қобили амали ба синни 18 расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба онҳо ба сабаби фаъолияти хидматӣ ё илмӣ- таҳқиқотиашон зарур аст ва барои ин тибқи муқаррароти пешбининамудаи қонуни мазкур рухсатномаи мувофиқ ба расмият дароварда шудааст, мумкин аст.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дастрасӣ ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ё рухсати хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ВАО, сензура, сирри давлатӣ.

test

Добавить комментарий