Тавсифи умумии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ

1.Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон: мафҳум, мундариҷа

Ҳукуқҳои иҷтимоӣ дар маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар таъмини адолати иҷтимоӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, зеро онҳо озодии инсонро дар соҳаи иҷтимоӣ таъмин карда, имконияти ҳимояи манфиатҳои ҳаётии инсонро фароҳам меоранд.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ чун ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳуқуқҳои насли дуюм тааллуқ доранд. Агар ҳуқуқҳои насли якум ҳимояи шаҳрвандонро аз дахолати давлат дар назар дошта бошад, табиати ҳуқуқҳои иҷтимоӣ чун ҳуқуқҳои насли дуюм аз он иборат аст, ки барои истифодаи онҳо дар ҳаёт аз ҷониби давлат таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти ҳамаҷонибаи ташкилию хоҷагӣ лозим аст. Дараҷаи амалисозии ҳуқуқҳои насли дуюм аз бисёр ҷиҳат аз дараҷаи рушди иқтисодӣ ва захираҳои молиявии мамлакат вобаста мебошад.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ба инсон сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳимояи иҷтимоиро таъмин мекунанд. Яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии иҷтимоӣ ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ мебошад, ки суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва хизматрасонии тиббиро фаро мегирад. Ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ҳамчунин инҳо мансубанд: ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ташкили оила, ҳуқуқ ба ҳимояи кӯдакон ва маъюбон ва ғайра.

Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳоест, ки ба шахс сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳангоми мавҷудияти шароитҳои муайян имконияти аз давлат гирифтани арзишҳои моддиро таъмин менамояд.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ на дар ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон инъикоси пурраи худро ёфтаанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани давлати иҷтимоӣ (қисми 2-и моддаи 1) ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ба андозаи пурра нишон дода шудаанд.

?Ба хотир оред, ки давлати иҷтимоӣ чист? Давлати иҷтимоӣ ба шаҳрвандони худ кадом кафолатҳоро медиҳад?

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бо ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ зич алоқаманданд. Аммо гурӯҳи мазкури ҳуқуқҳо хусусиятҳое дорад, ки онро аз дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳо фарқ мекунонад. Он бо муносибатҳое, ки дар соҳаи иҷтимоии ҷомеа пайдо мешаванд, алоқамандии бевосита дорад, яъне ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар алоқамандии зич бо ҳуқуқҳои иқтисодӣ барои қонеъсозии талабҳои муҳимтарини баҳри шаҳрвандон зарурӣ – манзил, ғизо, кор, истироҳат ва ғайра нигаронида шудаанд.

Хусусияти дуюм ва хеле муҳими ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо дар он зоҳир мешавад, ки онҳо кафолатҳоро соҳибанд, яъне онҳо нисбати дигар ҳуқуқу озодиҳо функсияи кафолатро ба ҷо меоранд, масалан, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба шароитҳои хуби зиндагӣ ва ғайра.

Амалисозии муттасили ин ҳуқуқу озодиҳо шарти муҳим ва кафолати дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити Тоҷикистони имрӯза, ки бо роҳи иқтисоди бозорӣ пеш меравад, амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ воситаи аз ҳама муҳими демократикунонии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дастгирии давлатии табақаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳифзнашудаи аҳолӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари зикри шаклҳои иқтисодиёти бозорӣ мутаносибан ҳуқуқҳо ва дигар шаклҳои ёрии тиббӣ (аз ҷумла хусусӣ-қисми 2-и моддаи 38), дигар шаклҳои таҳсил (аз ҷумла хусусӣ-қисми 3-и моддаи 41), ҳуқуқи манзил бо роҳи сохтани манзилгоҳҳои кооперативӣ ва хусусӣ (моддаи 36) оварда шуда, ҳамчунин кафолатҳои гирифтани ёрии ройгони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ (моддаи 38) дода мешавад. Амалисозии ин муқаррароти конститутсиониро дар асоси қонун ва мутобиқи шароити иқтисодиёти бозорӣ оид ба соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон таъмин кардан мумкин аст. Зарурати мавҷудият дар қонунгузории амалкунанда, ба ҷуз муқаррар кардани ҳуқуқҳои муайяни иҷтимоии конститутсионӣ, яке аз хусусиятҳои муҳими ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо мебошад. Аз ин ҷониб қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра нақши муҳим мебозанд.

2. Низоми ҳуқуқҳои иҷтимоӣ

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ низоми ягонаро ташкил дода, онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

1.Ҳуқуқҳои иҷтимое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шуда ва ба инсон кафолати ҳаёти осоиштаю арзанда дода, аз таъсироти ноосоишта ва ғайричашмдошти иқтисодиёти бозорӣ эмин медоранд: ҳуқуқ ба музди меҳнати ҳадди ақали кафолотдодашуда (қисми 1-моддаи 35); ҳуқуқ ба ҳимояи давлатии оила, ғамхорӣ ва парастории махсуси давлат ба оила ва кӯдак, ҳимояи давлатии ятимон ва маъюбон (қисмҳои 1 ва 3-и моддаи 34); ҳуқуқ ба ҳимояи давлатӣ дар вақти пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва маҳрум шудан аз сарпараст (қисми 1-и моддаи 39); ҳуқуқ ба тарбия ва таълими ятимон ва маъюбон аз ҷониби давлат (қисми 3-и моддаи 34); ҳуқуқ ба манзил, аз ҷумла бо роҳи сохтани манзили кооперативӣ ва хусусӣ (моддаи 36); ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии ройгони тиббӣ дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории тандурустӣ (моддаи 38).

2.Ҳуқукҳои иҷтимоии дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдодашудае, ки рушди мӯътадили физиологии инсонро таъмин мекунанд: ҳуқуқ ба истироҳат (моддаи 37); ҳуқуқ ба тарзи солими ҳаёт ва дастрасӣ ба маълумот оид ба вазъи ҳақиқии он (моддаи 38).

3.Ҳуқуқҳои иҷтимое, ки баҳри муваффақ шудан ба ҳамкории иҷтимоӣ дар ҷомеа имконият медиҳанд: ҳуқуқи таъсис ё ташкил додани иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (қисми 1-моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқҳо ва кафолатҳои фаъолияти онҳо” (соли 1992), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (соли 1998); ҳуқуқ ба баҳсҳои меҳнатии инфиродӣ ва коллективӣ, аз ҷумла бекорӣ (Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Бешубҳа, кафолатҳои ҳуқуқӣ барои амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ аҳамияти ҷиддӣ доранд, аммо қайд кардан зарур аст, ки дар низоми кафолатҳои ин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди ҷомеа ва давлати мо нақши ҳалкунанда мебозанд.Бартарафсозии боқимондаҳои бӯҳрони иқтисодӣ, рушди иқтисодӣ ва миллӣ, баҳаракатдарории имкониятҳои ба болоравии дараҷаи некӯаҳволии одамон мусоидаткунанда омилҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои худ ҳаёти арзанда дошта метавонанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқҳо ва озодиҳои иҷтимоӣ

test

Добавить комментарий