Ҳуқуқи ташкили оила. Ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ

1. Моҳияти ҳуқуқи ташкили оила

Ҳуқуқи ташкили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ аст, зеро ҷамъияти инсонӣ бе оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз сатҳи некӯаҳволии оила вобаста аст, ки ин ё он ҷомеа дар кадом сатҳи рушди маънавию моддӣ қарор дорад. Ҳуқуқи ташкили оила ва зери ҳимояи давлат қарор доштани оила ҳанӯз дар Конститутсияи соли 1977 таҳким ёфта буд. Дар Конститутсияи давраи истиқлолият (соли 1994) ба муносибатҳои оилавӣ ду модда (моддаҳои 33-34) бахшида шудааст. Давлат ӯҳдадор шудааст, ки оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳифз кунад.

Мутобиқи моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни никоҳ расидан шарти ягонаи аз тарафи мард ва зан пайдо кардани ҳуқуқ барои озодона бастани аҳди никоҳ аст. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон баробарҳуқуқуқанд. Якникоҳӣ принсипи асосии ташкили оила мебошад. Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Дар моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудани меъёре, ки тибқи он модар ва кӯдак зери парасториии махсуси давлат мебошанд, ба зиммаи давлат барои рушди соҳаи иҷтимоӣ масъулияти бузург мегузорад. Ин масъулиятнокӣ аз таҳияи чорабиниҳое иборат аст, ки ба фароҳам овардани шароитҳо баҳри мустаҳкамшавии оила, манфиатдорӣ ба модарӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла модар ва кӯдак, ки пурра амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои оилавиро кафолат медиҳанд, нигаронда шудаанд.

Мусаллам аст: инъикоси ин меъёрҳои конститутсионӣ (қисми 1-и моддаи 34) тасдиқ мекунад, ки дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти мутобиқи категорияи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1966) ва ғайра истифода шудаанд.

Аз ҷумла дар моддаи 16-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 10-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оила ҳамчун ячейкаи табиӣ ва асосии ҷомеа пазируфта шудааст. Дар санадҳои зикршуда ва дигар санадҳои байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқҳои модар ва кӯдак таҳким ёфта, дастгириҳои гуногуни иҷтимоии оила пешбинӣ шудаанд.

Чунончи, дар моддаи 10-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гуфта шудааст: ба оила ки, ячейкаи табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, аз рӯи имконият ҳимоя ва ёрии аз ҳама пурвусъат алалхусус вақти ташкилшавии он ва ҳанӯз, ки ба зиммаи вай масъулияти ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони номустақил ва тарбияи онҳо намеистад, расонида шавад. Никоҳ бояд бо ризоияти озодонаи тарафҳои ақди никоҳкунанда баста шавад.

Дар ин санад ҳамчунин қайд гардидааст, ки модарон вақти ҳомиладорӣ, то таваллуд ва баъди таваллуди кӯдак бояд зери парастории махсус бошанд. Дар назар доштани чораҳои махсуси модарӣ, ҳифзи кӯдакон ва наврасон, манъи истифодаи меҳнати кӯдакон, агар ин меҳнат ба саломатии кӯдак ва инкишофи ӯ зарари маънавию ҷисмонӣ расонад, навъи шаклҳои дигари дастгирии оила мебошад.

Кӯдакон аз истисмори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд ҳимоя карда шаванд. Дар моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар карда шудааст: “Ҳамаи кӯданое, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд».

Паҳлуҳои ҷудогонаи принсипҳои ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои наврасон дар як қатор эъломияҳои (конвенсияҳои) Созмони байналмилалии меҳнат таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла дар Конвенсияи СБМ №103 «Дар бораи ҳимояи модарӣ» пешбинӣ шудааст, ки давомнокии рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд камаш 12 ҳафта буда, давраи ҳатмии рухсатии баъди таваллудро фаро мегирад. Фармон дар бораи аз кор озод кардан дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

Дар дигар конвенсияҳои дахлдори ин созмон синну соли минималии қабул ба кор муайян карда шудааст. Дар соҳаи кишоварзӣ он аз 14 солагӣ ва дар дигар ҳолатҳо аз 15-солагӣ муқаррар гардидааст. Мутобиқи дигар ҳуҷҷати меъёрии ин созмон-Конвенсияи №90 «Дар бораи меҳнати шабонаи наврасон дар саноат» ба корҳои шабона дар саноат ҷалб кардани наврасони то 18 сола манъ карда шудааст.

2.Ҳуқуқи ташкили оила

Ҳифзи оила, модарӣ ва кӯдакӣ фарогири ақди никоҳи озод аст. Никоҳ асос ва пояи ташаккули оила маҳсуб шуда, дар ақди ризояти дуҷониба ва ихтиёрии он барои ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила аҳамияти фавқулодда дорад. Давлат тавассути муқаррар кардани шартҳои махсуси бастани ақди никоҳ вайронкунии ҳуқуқро ҳангоми бастани ақди никоҳ огоҳ месозад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади асосии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ шартҳои никоҳ, бо розигии дуҷонибаи марду зан бастани ақди никоҳ ва ба синни никоҳ расиданро ҳамчун эътирофшуда муқаррар кардааст. Кодекси оила ҳамчунин ҳолатҳоеро, ки мавҷудияташон монеъи никоҳ мегарданд, пешбинӣ намудааст. Муқаррар намудани шартҳои никоҳ баробарии мард ва занро дар ташкили оила таъмин мекунад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷомеа дониста, зери ҳимояи давлат қарор доштани онро эълон кардааст. Мутобиқи Конститутсия ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад, мардон ва занони ба синни никоҳ расида метавонанд озодона ақди никоҳ банданд. Дар муносибатҳои оилавӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ шавҳар ва зан баробарҳуқуқанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳиро манъ мекунад. Ҳифзи оила, модарӣ ва кӯдакӣ дар сатҳи афзалиятмандии сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ дастгирии иҷтимоии оила маҳсуб мешавад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки модар ва кӯдак зери ҳимоя ва парастории давлат қарор доранд. Ин муқаррароти Конститутсия далели он аст, ки тавлиди кӯдак ва никоҳ на танҳо кори шахсӣ, балки чун кори аҳамияти калони ҷамъиятидошта дастгирии давлатро тақозо доранд.

Ҳимоя ва кӯмак ба оила, модар ва кӯдак дар санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ зикр шудааст. Қонунгузории оилавӣ муносибатҳои оилавиро ба тартиб андохта, дар таъмини ҳуқуқҳои аъзои оила нақши муҳим мебозад. Соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти оила ҳангоми қабули қарорҳо барои инкишофи худ, афзалиятмандии манфиатҳои кӯдакон, баробарҳуқуқии шавҳар ва зан ҳангоми тақсими боадолатонаи ӯҳдадориҳои оилавӣ, норавоии дахолати беасос ба корҳои оила дар қонунгузории оилавӣ ифода гардида, сиёсати давлатро дар мавриди ҳимоя ва мустаҳкамсозии оила муайян мекунанд.

Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак барои занҳои машғули фаъолияти меҳнатӣ, ки дар қонунгузории меҳнатии мамлакат пешбинӣ шудааст, аз ҷумлаи чораҳои ҳуқуқии бевосита ба ҳифзи модарию кӯдакӣ нигаронидашуда мебошад. Ҳадафи ин рухсатиҳо фақат ҳимояи манфиатҳои модару кӯдак набуда, онҳо ба андозаи муайян ба сифати ҷуброни камшавии даромади оила ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак баромад мекунанд. Давомнокии рухсатӣ, кӯмаки пулие, ки ҳангоми рухсатӣ дода мешавад, ҳуқуқи бозгашт ба ҷои аввалаи кор баъди рухсатӣ омили муҳими дастгирии иҷтимоии модар ва кӯдак маҳсуб мешаванд.

Мутобиқи моддаи 164-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занҳо рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд бо давомнокии 70 рӯзи тақвимӣ то таваллуд ва 70 рӯзи тақвимӣ баъди таваллуд бо пардохти кӯмакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатӣ дода мешавад. Дар сурати ба амал омадани мушкилот дар вақти таваллуд рухсатии баъди таваллуд 86 рӯзро ташкил дода, ҳангоми таваллуд шудани ду ва зиёда аз он кӯдак рухсатӣ ба 110 рӯзи тақвимӣ мерасад. Моддаи 165-и кодекс муқаррар менамояд, ки рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то якунимсола шудани ӯ бо пардохти кӯмакпулӣ дар ин давра аз ҳисоби суғуртаи давлатӣ бо хоҳиши модар сурат мегирад. Ин навъи рухсатиҳо низ пардохта кӯмакпулиро дар назар дорад.

Қонунгузорӣ ҳифзи махсуси ҳуқуқҳои меҳнатии занон ва фароҳам овардани шароитҳои зерини мӯътадили меҳнатии ҷавобгӯи хусусиятҳои физиологии занонро таъмин менамояд: кафолатҳои баланд ҳангоми қабул ба кор ва озод кардан аз кор, манъи меҳнати онҳо дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарнок, маҳдудияти меҳнати занони ҳомила дар сменаҳои шабона ва гузаронидани онҳо ба кори нисбатан сабуктар ва ғайра. Қонунгузории меҳнатӣ дар ин самт манфиатҳои занҳои коркунандаро ҳамаҷониба ба тартиб овардааст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи ташкили оила, ҳифзи модарӣ ва кӯдакӣ, оила.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.