Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ

1. Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ: мафҳум, аҳамият

Талабот ба таъминоти иҷтимоӣ ҳамзамон бо пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ба миён омад. Сарфи назар аз сохти сиёсию иқтисодӣ дар ҷомеа ва давлат одамоне ҳастанд, ки бо сабабҳои табиии ба онҳо вобастанабуда наметавонанд эҳтиёҷоти худро бо қувваи хеш таъмин созанд. Ба онҳо гурӯҳҳои гуногуни одамон, пеш аз ҳама, кӯдакон ва пиронсолон мансубанд. Ғайр аз ин, ба онҳо ҳар як шахсе, ки ба сабаби бад шудани вазъи саломатӣ муваққатан ё ба таври доимӣ қобилияти меҳнатиашро гум мекунад, мансуб буда метавонад.

Бояд дар назар дошт, ки асоси озодӣ, адолат, эҳтиром ва арзиши шахсии инсон ҳуқуқҳои инсон мебошанд ва дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байналмилалӣ, амсоли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (моддаи 22), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (моддаи 10) ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ чун воситаи болоравии ҳаёти арзанда қайд шудааст. Моддаи 39-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ муқаррар кардааст. Мувофиқи он ба ҳар кас дар пиронсолӣ, дар ҳолатҳои беморӣ, маъюбӣ, аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз парастор ва ҳолатҳои дигар, ки қонун муайян мекунад, таъминоти иҷтимоӣ кафолат дода мешавад. Бояд гуфт, ки нафақаи давлатӣ, кӯмакпулиҳо ва дигар тадбирҳои иҷтимоӣ кафолатҳои ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон маҳсуб мешаванд. Нақши давлат дар амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар таъминоти иҷтимоӣ басо бузург аст. Дар низоми давлатӣ таъминоти иҷтимоӣ ба унсурҳои зерин ҷудо мешавад: низоми нафақа; низоми кӯмакпулиҳо ва нигаҳдошти маблағ; низоми расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандони пиронсол, маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва бекорон.

Ба ин тариқ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ ба нафақа ба сабаби пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шуда аз сарпараст ва гирифтани кӯмакпулиҳо ҳангоми беморӣ ва барои тарбияи кӯдакон ва ғайраро фарогир аст.

2.Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи

ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ

Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ифодаи кафолати давлатӣ дар фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ дар ҳолати аз даст додан ё гум кардани имконият ва қобилияти корӣ, мустақилона пул кор кардан ё кӯмакпулӣ барои таваллуди кӯдак ва тарбияи он мебошад.

Дар низоми таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ ба нафақа мавқеи марказиро ишғол менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ду навъи нафақаҳоро муқаррар кардааст: нафақаи меҳнатӣ ва нафақаи иҷтимоӣ. Нафақа барои пиронсолӣ, ҳангоми маъюбӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва ғайра ба навъи якум дохил мешаванд.

Нафақаи пиронсолӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 25 сол ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 20-сол муқаррар карда шудааст. Қонунгузорӣ андозаи минималӣ (дар айни замон 20 сомонӣ) ва максималии (дар айни замон 180 сомонӣ) нафақаро муайян кардааст.

Нафақаи маъюбӣ барои шаҳрвандоне пешибинӣ мешавад, ки қобилияти кории худро пурра ё қисман аз даст додаанд, ё аз рӯи қонун маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 дониста шудаанд. Маъюбӣ мувофиқи қонун вақте эътироф мешавад, ки бемории махсусе дар натиҷаи бемориҳои умумӣ пайдо шудааст. Нафақа ҳамчунин ба онҳое пешбинӣ мешавад, ки аз сарпарасте, ки дар таъминоти ӯ буданд, маҳрум гаштаанд.

Нафақаи иҷтимоӣ бо тартиби махсус, яъне ба шахсоне дода мешавад, ки аз гирифтани нафақаи меҳнатӣ маҳруманд. Навъи дигари таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулӣ мебошад. Ин кӯмакпулӣ ҳангоми муваққатан ғайри қобили кор будан ва гузоштани протез ва ғайра дода мешавад.

Нафақаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони корнамекарда ва пиронсолоне таъин мегардад, ки бо сабабҳои обеъктивию субъективӣ нафақаи меҳнатиро кор накардаанд. Асосҳо барои гирифтани нафақаи иҷтимоӣ гуногунанд, аз ҷумла фарорасии маъюбӣ (дараҷаҳои 1,2,3), маъюбӣ аз кӯдакӣ, фарорасии синни нафақа, фавти яке аз волидон то расидан ба синни 18-солагӣ. Ҳаҷм ва андозаи нафақа вобаста ба асосҳои таъин гардидани нафақа, дараҷаи маъюбӣ ва вақти ба амал омадани он, маҳрум шудани кӯдаки ноболиғ аз як ё ҳар ду волидайн фарқ мекунад.

Давлат бо тартиботи қонунӣ муайян кардааст, ки кадом мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро таъмин кунад. Амалисозии ин ҳуқуқҳо аз замони бовуҷудоии онҳо, аз ҷумла аз пайдоиши имконияти ҳуқуқ ба нафақа дар мавриди расидан ба синни муайян (мардҳо ба синни 63 ва занҳо ба синни 58) вобаста аст.

Дар ин маврид ҳар кас ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти ҳифзи иҷтимоиро барои додани нафақа ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ин хусус соҳиб мешавад. Мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда андозаи нафақаро муайян мекунад. Қонунгузорӣ асосан баъди баромадан ба нафақа ҳатман аз кор рафтанро пешбинӣ намекунад. Агар шаҳрванд аз ӯҳдаи иҷрои фаъолияти меҳнатӣ барояд, вай метавонад баъди баромадан ба нафақа ҳам корашро давом дода, ҳам музди меҳнат ва ҳам нафақа гирад. Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки нафақагир барои иҷрои рӯзи кории нопурра метавонад қарордод бандад. Ин қоида моҳияти одамдӯстдорӣ дошта, ба таъмини ҳаёти арзанда дар пиронсолӣ мусоидат мекунад.

Агар шахс ба синни нафақа расаду вале собиқаи пурраи корӣ надошта бошад (барои мардҳо дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 25 сол ва барои занҳо дар сурати мавҷудияти собиқаи кории на камтар аз 20 сол), дар ин маврид қонунгузорӣ ҳуқуқи гирифтани нафақаро бо собиқаи нопурраи корӣ (на камтар аз 5) сол пешбинӣ менамояд.

Қонун навъҳои гуногуни нафақаи махсусро чун додани нафақа ба сабаби маъюбӣ, сарфи назар аз собиқаи корӣ муайян ва пешбинӣ менамояд.

Агар шахс маъюби гурӯҳҳои 1,2,3 бошад, вай метавонад оид ба таъин кардани нафақа ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ муроҷиат кунад ва нафақаи маъюбӣ мутобиқи қонунгузорӣ таъин карда ва дода мешавад. Андозаи минималии нафақаи маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3 набояд аз андозаи минималии музди меҳнат кам бошад.

Шахси дар таъминоти одами фавтида қарордошта дар мавриди маҳрум шудан аз сарпараст ҳуқуқи гирифтани нафақаро соҳиб мешавад.Чунин нафақа ҳамчунин ба шахси ба синни нафақа расида, агар сарпарасти ӯ фавтад, дода мешавад ва ӯ дигар навъҳои нафақаро гирифта наметавонад.

Кӯдакони то 18 сола ва муҳассилин ҳуқуқ доранд чунин нафақаро то синни 23- солагӣ гиранд.

Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоиро кӯдакони маъюби гурӯҳҳои 1,2 ва 3, мардони синнашон 65 сола ва занҳои синнашон 60 сола, кӯдакони аз сарпарастони худ маҳрумшуда, ҳамчунин маъюбони то 16 сола доранд.

Қонунгузорӣ ду навъи кӯмакпулии оилавиро пешбинӣ кардааст: кӯмак пулии яквақта ҳангоми таваллуд шудани кӯдак ва кӯмакпулии ҳармоҳа барои кӯдак то якуним сола шудани вай.

Барои гирифтани кӯмакпулии оилавӣ зарур аст, ки шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак ва маълумотномаи тиббӣ пешниҳод карда шавад. Кӯмакпулии мазкур ба он аъзои оила дода мешавад, ки бевосита бо тарбияи кӯдак машғул аст.

3. Кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ

Бо назардошти шароитҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ додани кӯмакпулӣ ба бекорон аҳамияти фавқулодда дорад. Одам дар он маврид бекор ҳисобида мешавад, ки вай аз ҷои кор маҳрум гашта, бо мақсади дарёфти кори мувофиқ дар мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар қайд истода бошад.

Кӯмакпулӣ ба одами бекор ба андози 50 фоизи андозаи минималии музди меҳнати ҷои охирини кор дода шуда, вай набояд аз андозаи муқарраршудаи минималии музди меҳнат кам бошад. Ба ин тариқ, аҳамияти ин кӯмакпулӣ дар он ифода мегардад, ки шахс ҳар қадар мувақкатӣ кор накунад, қонунгузорӣ гирифтани даромади муайянро барои пешбурди зиндагӣ кафолат медиҳад. Дигар шакли кӯмак ин кӯмак дар мавриди дафнкунӣ аст ва он ба шахсе дода мешавад, ки аз аҳли оилааш касе фавтидааст. Андозаи ин кӯмак ба андозаи 12 каратаи музди меҳнат баробар аст ва аз ҷониби корхона – ҷои асосии корманд дода мешавад. Шарти асосии гирифтани ин кӯмакпулӣ шаҳодатнома дар бораи фавт аз мақомоти ҚАҲШ (ЗАГС) мебошад.

Ҳуқуқи гирифтани кӯмак дар давраи корношоямии муваққатӣ низ ба низоми таъминоти иҷтимоӣ дохил мешавад. Кӯмак дар давраи корношоямии муваққатӣ аз фонди махсус ва фонди истеҳсолӣ дар мавриди муваққатан қобилияти кориро гум кардани корманд ё хизматчӣ дода мешавад. Барои гирифтани ин навъи кӯмак ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд: варақаи беморӣ ва маълумотнома дар бораи корношоямии муваққатӣ.

Қонунгузорӣ андозаи ин кӯмакро бо тартиби зер муқаррар кардааст: ба андозаи 100 фоизи музди меҳнат-агар корманд собиқаи кории 8 сола дошта бошад; иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси бо онҳо баробаркардашуда; ашхоси се нафар ва зиёда аз он кӯдакони то 15-сола (хонандагони то 18 сола) дошта; кӯмак ба шахси 5 сол собиқаи корӣ дошта ба андозаи 80 фоиз ва ба шахси то 5 сол собиқаи бетанаффуси корӣ дошта ба андозаи 60 фоиз дода мешавад.

Шахс ҳақ дорад барои корношоямии муваққатӣ дар тамоми давраи корношоямӣ кӯмакпулӣ гирад, вале он дар мавриди бемориҳои фитрӣ низ набояд аз 4 моҳ зиёд бошад, аммо дар мавриди гирифторӣ ба касалии сил набояд аз 12 моҳ зиёд бошад. Қайд кардан бомаврид аст, ки андозаи кӯмакпулӣ аз андозаи музди ҳармоҳаи меҳнат набояд зиёд бошад. Кӯмакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатнома дар бораи таваллуд дода мешавад. Ин кӯмакпулӣ дар ҳаҷми пурраи музди меҳнат дар давраи рухсатӣ дода мешавад, ки 70 рӯзи тақвимиро то ва 70 рӯзи тақвимиро баъди таваллуд фаро мегирад.

test

Добавить комментарий