Ҳуқуқи таҳсил

1.Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил

Ҳуқуқи ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқи муҳимтарини фарҳангӣ мебошад. Вай бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таҳким бахшида шудааст.

Чунончи, дар моддаи 26-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст: “Ҳар як инсон ҳуқуқи таҳсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва миёна бояд бепул бошад. Таҳсили ибтидоӣ бояд ҳатмӣ бошад. Таълими техникӣ ва касбӣ бояд дастраси ҳамагон бошад. Таҳсили олӣ бояд мувофиқи қобилияти ҳар кас ба ҳама як хел дастрас бошад”. Ва баъд: “Мақсади таълим бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, афзоиши эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Таълим бояд ба ҳусни тафоҳум, бурдборию дӯстии миёни тамоми миллатҳо, гурӯҳҳои нажодӣ ва маҳзабӣ ва ҳамчунин ба вусъати фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар роҳи ҳифзи сулҳ мусоидат намояд”.

? Ба андешаи Шумо, чаро амалисозии ҳуқуқи таҳсил бо рушди маънавии ҷомеа вобаста аст?

Меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчунин мақсадҳои таҳсили пешқадамро муқаррар мекунанд: рушди мукаммали шахсияти инсон ва эътирофи эҳтиром ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон, додани имконияти иштирокдори манфиатҳои ҷамъият будан, мусоидат намудан ба ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди дӯстии байни миллатҳо, гурӯҳҳои этникӣ ва динӣ.

Давлат вазифадор аст, ки: а) дар асоси баробарҳуқуқӣ таҳсили ибтидоиро дастрас ва ҳатмию ройгон гардонад, таҳсилоти миёна ва олии касбиро дастраси ҳамагон созад; б) дар ҳамаи мактабҳои олӣ сатҳу сифати баробари таълимро таъмин намояд; в) гирифтани таҳсилот ва такмили онро эҳтиром намояд, тайёр кардани омӯзгорони ояндаро таъмин кунад.

Одам бори аввал дар синни 6-7 солагӣ қадам ба остонаи мактаб ниҳода, ба амалисозии ҳуқуқи худ ба таҳсил шурӯъ менамояд. Ҳуқуқи таҳсил дар Тоҷикистон бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Моддаи 41-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафолати таҳсил ҳамчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (соли 2004) дода шудааст: “Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк, ҳуқуқи таҳсил кафолат дода мешавад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад”.

Таҳсилоти даврагӣ имконияти одам баҳри таҳсил кардан ва баланд бардоштани дараҷаи касбии худ дар тӯли тамоми ҳаёт мебошад.

Шаҳрванд ҳақ дорад шакли муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилро интихоб намояд. Шаклҳои таҳсил рӯзона, шабона, ғоибона, бо танаффус ва экстернат мешаванд. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ба ҳар кас имконият медиҳанд, ки ройгон таҳсил кунад. Ҳар кас, сарфи назар аз вазъи моддии худ, метавонад дар асоси озмун таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ гирад.

Барои таълими кӯдакон ва наврасон, ятимони бе падару модар, онҳое, ки иллатҳои ҷисмонию рӯҳӣ доранд, инчунин кӯдаконе, ки рафторашон барои ҷомеа хафвнок аст, муассисаҳои таълимии махсус таъсис дода мешаванд.

Иштирок дар идоракунии муассисаҳои таълимӣ, ҳуқуқҳои баробар ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, озодии ақидаҳо, гирифтани маълумот ба забони модарӣ, озодии иттиҳодияҳо ва ғайра эҳтироми шаъну эътибор ва қадру қимати инсонро таъмин мекунанд.

2.Шаклҳои гирифтани таҳсилот

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи таҳсил давлат навъҳои зерини таълимро кафолат медиҳад:

1.Таълиму тарбияи томактабӣ. Падару модарон, ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, дар таъмини инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба мактаб омода намудани фарзандони худ масъуланд. Бо мақсади расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоиди тарбияи фарзандон дар давраи то мактаб бо назардошти майлу хоҳиш ва ниёзи падару модарон дар давлат кӯдакистонҳо, хонаҳои кӯдакон ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил карда мешаванд.

2.Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти умумӣ. Таҳсилоти умумӣ аз се зина иборат аст: зинаи ибтидоӣ (синфҳои 1-4), зинаи умумии асосӣ (синфҳои 5-9); зинаи миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11).

Ҳуқуқ ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавассути мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияҳо ва литсейҳо амалӣ мегардад. Зинаҳои мазкур метавонанд ба таври мустақил ё дар ҳайати мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои умумии миёна, гимназияҳо, литсейҳо таъсис ёбанд. Ба синфи якум кӯдакони ба синни 7-солагӣ расида дохил мешаванд. Ашхоси то 16-сола дар муассисаҳои таълимии рӯзона таҳсилоти умумии асосӣ (нӯҳсола) мегиранд. Ба зинаи сеюми таҳсил хонандагон мувофиқи хоҳиш, лаёқат ва шавқмандиҳояшон қабул карда мешаванд. Калонсолони таҳсилоти умумӣ надошта метавонанд таҳсилро шабона, ғоибона, бо танаффусҳо ва ба таври экстернат давом диҳанд. Баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ва мактаби миёна шаҳрванд ҳақ дорад таҳсилро давом диҳад.

3.Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандон мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Шаҳрванд метавонад тавассути литсейҳои касбӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, курсҳои касбомӯзӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ гирад.

4.Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ. Шаҳрванд имконият дорад дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (техникумҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, мактабҳои миёнаи касбӣ) таҳсилот гирад.

5.Ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти олии касбӣ. Таҳсилоти олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва коллеҷҳои мактабҳои олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла хусусӣ, амалӣ гардонда мешавад. Таҳсилоти олии касбӣ тавассути донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои олии касбии ба онҳо баробар дода мешавад. Таҳсили шаҳрвандон дар ин муассисаҳо дар асоси озмун ройгон ё бо қарордод (пулакӣ) таъмин мегардад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти дуюми олӣ гиранд.

6.Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ инкишоф диҳанд, Таҳсили мазкур тавассути магистратура, аспирантура, докторантураҳое, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ фаъолият доранд, амалӣ мегардад.

Ҳуқуқи таҳсил ба одам ҳамчунин имконияти гирифтани таҳсилоти иловагиро медиҳад. Таҳсилоти иловагиро шахс ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баъд аз хатми муассиса ва ё баъди гирифтани диплом ба таври ройгон ё пулакӣ соҳиб шуда метавонад. Ба чунин муассисаҳо инҳо тааллуқ доранд: академияҳои хурди илмӣ, қасрҳо, стансияҳо, клубҳо, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, мактабҳои варзишӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, мусиқӣ, рассомӣ, курсҳои дӯзандагӣ, ронандагӣ ва ғайра.

Таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъи муассисаҳои иловагӣ ва таҳсилот, майлу хоҳиши хонандагон, донишҷӯён асос ёфта, бе маҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад.

7.Таҳсилоти махсус барои ашхосе, ки имкониятҳои маҳдуд дошта, ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд ва гирифтори иллати ҷисмонӣ, рӯҳӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин карда мешавад. Муассисаҳои таълимии махсус дар шакли мактаб-интернатҳо, мактабҳои махсуси таълимӣ ва синфҳои махсус ташкил мегарданд.

Баъди хатми муассисаи таълимӣ одам ҳақ дорад таҳсили гирифтаи худро бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ кунад. Муассисаҳои таълимӣ ба шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зерин медиҳанд: шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9); шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11); шаҳодатнома дар бораи касб (дараҷа, синф, гурӯҳ) ба ашхосе, ки аз рӯи муқаррароти пешбинишуда касб омӯхтаанд; диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ); диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ); диплом дар бораи таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис, магистр); дипломи номзад ё доктори илм (ба ашхосе, ки аз рӯи масъалаи таҳқиқкардаашон рисола ҳимоя кардаанд).

Ба шаҳрвандоне, ки ин ё он зинаи таҳсилро пурра ба анҷом нарасондаанд, маълумотнома ва ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти иловагӣ гирифтаанд, сертификат дода мешавад. Баъди гирифтани ҳуҷҷати дахлдор шахс ба амалисозии дигар ҳуқуқҳои худ (ҳуқуқ ба меҳнат) шурӯъ карда метавонад.

3.Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои иқтирокдорони раванди таълим

Ҳангоми таҳсил байни иштирокдорони раванди таълим (тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, волидон) муносибатҳои ҳуқуқӣ ба амал меоянд. Ҳар кадоме аз онҳо ҳуқуқҳо ва вазифаҳое доранд, ки дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳким ёфтаанд. Дар қонун «Дар бораи маориф» ва оинномаҳои муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқҳо ва вазифаҳои онҳо таҳким бахшида шудаанд.

Тарбиягирандагон, хонандагон ва донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин ҳуқуқҳо доранд: сари вақт дониш андӯзанд ва малакаҳои амалии заруриро азбар кунанд; шаклҳо, мӯҳлатҳои таҳсил, ихтисос, барномаҳои инфиродии машғулиятҳои беруназсинфиро интихоб намоянд, аз заминаҳои истеҳсолӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва маишӣ ройгон ё ба таври имтиёзнок истифода кунанд; ба сабабҳои асоснок таҳсилро дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ қатъ кунанд, мувофиқи ихтисоси гирифтаашон таҳсилро давом диҳанд; худро аз амалҳои кормандони маъмурӣ, педагогӣ ва дигар кормандон, ки шаъну эътибор, нуфуз ва эҳтиромро паст мезананд, ҳифз намоянд.

Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои мураббиён ва муаллимон: ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмин кардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос, пеш бурдани таҷрибаи пешқадами худ, интихоби озодонаи шаклҳо, методҳо ва усулҳои таълими муваффақона, рухсатиҳои илмӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра, иштирок дар идоракунии муассисаҳои таълимӣ.

Муаллимон вазифадоранд, ки аз ҷониби хонандагон, тарбиягирандагон ва донишҷӯён аз бар кардан ва иҷро намудани барномаҳои таълимӣ ва илмиро таъмин кунанд, хонандагонро тибқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи эҳтироми волидайн, одамони калонсол, ҳамсолон, риояи қоидаҳои талабагӣ тарбия намоянд, онҳоро аз амалҳои зӯроваронаи ҷисмонӣ ҳимоя кунанд, сатҳи маърифатнокии худро такмил дода, ба дараҷаҳои баланди касбӣ ноил гарданд.

Ҳуқуқҳои волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд: барои фарзандони ноболиғи худ интихоб кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, шакли таҳсил, иштирок кардан дар корҳои мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ; муроҷиат кардан ба мақомоти давлатии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои таълим ва тарбия; ҳимоя кардани манфиатҳои кӯдакон вобаста ба таълим ва тарбия; тарбия кардани кӯдакон дар рӯҳи инсондӯстдорӣ, меҳнатдӯстӣ, накӯкорӣ, раҳмушафқат, эҳтироми аъзои оила ва дигарон. Волидайн дар сурати иҷро накардани ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи таҳсил, шаклҳои таълим.

test

Добавить комментарий