Вазифаи риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон

1. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқукие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои байналмилалии ҳуқуқиие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар низоми вазифаҳои ҳуқуқӣ вазифаҳои конститутсионӣ нақши муҳим мебозанд. Байни онҳо инҳо ҳастанд: ҳифзи Ватан; манъи вайрон кардани ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дигар одамон; манъи фаъолиятҳои иқтисодӣ, ки ба монополизм ва рақобати ғайрипоквиҷдонона нигаронида шудаанд; ҳифзи муҳити зист; гирифтани таҳсилоти умумӣ; ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ.

Яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки аз ҷониби СММ 10 декабри соли 1948 қабул карда шудааст. Дар Эъломия қайд карда шудааст: «Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, ӯҳдадор мебошад. Ҳар як инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст». Чунин масъулият ба зиммаи шаҳрвандон дар шакли вазифа вогузошта шудааст.

Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробари ҳуқуқӣ ҳақ доранд. Ҳамаи одамон дар муқобили ҳар гуна табъизе, ки хилофи ҳамин Эъломия мебошад ва таҳдиди табъиз аз ҷонибе, ки набошад, ба ҳимояи баробар ҳақ доранд.

Моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи бисёр

Дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак нисбати вазифаҳои волидон ва давлатҳои иштирокдор қайд шудааст, ки волид (он) ё шахсони дигари кӯдакро тарбиякунанда дар доираи қобилият ва имкониятҳои молиявии худ барои таъмини шароитҳои зиндагии баҳри инкишофи кӯдак зарурӣ масъулияти асосӣ ба дӯш доранд.

Давлатҳои иштирокдор мувофиқи шароитҳои миллӣ ва дар доираи имкониятҳои худ оид ба расонидани ёрӣ ба волидон ва дигар шахсони кӯдаконро тарбиякунанда, амалисозии ин ҳуқуқ чораҳои зарурӣ андешида, дар сурати зарурат кӯмаки моддӣ мерасонанд ва барномаҳоро алалхусус бобати таъмин кардан бо ғизо, либос ва манзил дастгирӣ менамоянд.

Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун мавҷуданд. Дар мавзӯи мазкур мо ду кодексро баррасӣ мекунем. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона аҳди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани аҳди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Дар ин бобат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст. Дар он аз ҷумла дар қисмати вазифаҳои фарзандон гуфта шудааст, ки фарзандони ба синни балоғатрасидаи қобили меҳнат бояд волидони ғайриқобили меҳнат ва ба кӯмак ниёзманди худро парасторӣ кунанду дар ҳақки онҳо ғамхорӣ намоянд.

Андозаи алименти (нафақаи) мувофиқи тартиботи судӣ аз ҳар кадоме аз фарзандон моҳе ситонидашаванда аз ҷониби суд бо маблағи қатъии пулӣ бар асоси вазъи моддӣ ва оилавии волидон ва фарзандон ва дигар ҷонибҳои манфиатдошта муайян карда мешавад.

Бо талаб даъвогар суд ҳангоми муайян кардани андозаи алиментҳо ҳамаи фарзандони ба балоғағрасидаи қобили меҳнати волиди мазкурро, сарфи назар аз он ки талабот ба ҳамаи фарзандон пешниҳод шудааст, ё танҳо ба чанд нафаре аз онҳо бояд ба назар гирад.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳо низ муаяйн карда шудаанд: ҳамсарон вазифадоранд, ки аз ҷиҳати моддӣ якдигарро дастгирӣ намоянд; бародарон ва хоҳарони ноболиғи ниёзманд дар сурати надидани кӯмаки моддӣ аз волидони худ мувофиқи тартиботи судӣ бояд аз бародарону хоҳарони ба балоғатрасидаи қобили меҳнаташон, ки ба қадри кофӣ маблағ доранд, ин ёриро (алиментро) гиранд; вазифаҳои бобоҳо ва бибиҳо оид ба таъмин намудани наберагони худ; вазифаҳои наберагон бобати таъмин намудани бобоҳо ва бибиҳои худ.

Волидон барои тарбияи фарзандони худ масъуланд, фарзандони ба балоғатрасидаи қобили меҳнат вазифадоранд, ки ба волидони худ нигоҳубин кунанд.

Аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баробари дигар кодексҳои соҳавӣ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти шаҳрвандон нақши муҳим мебозад. Дар он ҳудудҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ки барои шаҳрвандон ҳатмианд, муқаррар карда шудаанд.

1. Амалҳои шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ, ки танҳо бо нияти зараррасонӣ ба шахси дигар иҷро карда мешаванд, ҳамчунин сӯиистифода аз ҳуқуқ дар шаклҳои дигар роҳ дода намешавад.

2. Истифодаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бо мақсадҳои маҳдудсозии рақобат, ҳамчунин сӯиистифода аз вазъи ҳукмфармоии худ дар бозор манъ аст.

3. Шахси аз ҳуқуқ сӯиистифодакарда вазифадор аст, ки вазъи шахси аз сӯиистифодаи ҷабрдидаро барқарор созад ва зарари ба ӯ расонидашударо таллофӣ намояд.

4. Дар ҳолатҳое, ки суд ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандиро вобаста аз поквиҷдонона ва оқилона амалӣ гардонида шудан ё нашудани ин ҳуқуқҳо вобаста медонад, поквиҷдонӣ ва оқилии иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ талаб карда мешавад.

5. Амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ набояд ҳуқуқҳо ва манфиатҳои бо қонунгузорӣ ҳифзшавандаи дигар субъектҳои ҳуқуқро вайрон кунад ва набояд ба муҳити зист зарар расонад.

6. Шаҳрвандон ва ашхоси юридикӣ ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд поквиҷдонона, бо риояи талабҳои дар қонунгузорӣ зикршуда, принсипҳои ахлоқии ҷомеа амал намоянд, соҳибкорон бошанд, қоидаҳои одоби кориро риоя кунанд. Ин вазифаро аз қарордод набояд истисно кард ё маҳдуд сохт. Поквиҷдонӣ, оқилӣ ва боадолатии амалҳои иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ талаб карда мешавад.

7. Ба амалҳои шаҳрвандон ва шахсони воқеӣ, ки ба расонидани зарар ба шахси дигар, ҳамчунин амалисозии ҳуқуқ бар хилофи таъиноти он нигаронида шудаанд, роҳ дода намешавад. Дар сурати риоя нашудани талабҳои пешбиникардаи қисмҳои 6-8-и моддаи мазкур суд метавонад ҳифзи ҳуқуқҳои ба шахс тааллуқдоштаро рад кунад.

Ба ин тариқ, ҳар як инсон ва шаҳрванд вазифадор аст, талабҳои қонунҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои миллӣ ва байналмилалиро оид ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон, сарфи назар аз ҷинс, риоя намояд ва дар иҷрои онҳо масъулиятнок бошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.