Тавсифи коррупсия ҳамчун зуҳурот

1. Мафҳум ва моҳияти коррупсия

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Вай рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз кӯдакон умедро ба оянда кашида мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.

Мафҳуми «коррупсия» (аз лот.corruptio – вайрон кардан, харида гирифтан) дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон «вайрон сохтан», «халал расонидан» ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсиро мефаҳмидагӣ шуданд.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамаддун якчанд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ба андешаи бисёр олимон, нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри ХХIV то давраи мо), ҳамчунин дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст, ки яке аз бандҳояш, масалан, чунин аст: «Агар одам амволи худо ё қасрро дуздида бошад, ин одам бояд кушта шавад; ҳамчунин оне, ки аз дасти вай чизи дуздиро гирифт, бояд кушта шавад» (ин ҷо сухан дар бораи тороҷи мансабӣ, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва «аз худ кардани» амволи дар натиҷаи ҷинояти коррупсионӣ ба даст овардашуда меравад). Дар сарчашмаҳои Юнон ва Рими қадим низ коррупсия хотиррасон мешавад. Масалан, дар ёдгории ҳуқуқии Рим Таблисаи IX.3. Авл. Гелия, Шабҳои аттиӣ, ХХ, 17 омадааст: «Наход ту қарори судро дар хусуси додани ҳукми қатл ба он судя ва миёнрав, ки барои баррасии парванда таъин шуда буданду оид ба ин кор ришваи пулӣ гирифтанашон фош шуд, бераҳмона шуморӣ?»

Дар асрҳои миёна мафҳуми «коррупсия» боз ҳам васеътар паҳн мешавад. Арбоби намоёни сиёсии он замон Никколо Макиавелли коррупсияро бо беморие муқоиса кардааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст.

Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нӯҳуми СММ мебошад.

Коррупсия сӯиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 чунин таърифи коррупсияро додааст:

Коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

Кирдорҳои коррупсионӣ (ҳаракат ё беҳаракатӣ) аз дигар кирдорҳо бо он фарқ мекунанд, ки: а) онҳо аз ҷониби амалдорони давлатӣ, ҳамчунин ашхоси вазифаҳои роҳбарии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои коллективиро базиммадошта содир мегарданд (роҳбарони корхонаҳои инфиродӣ ва оилавӣ субъектҳои коррупсия маҳсуб намешаванд ва дар ин корхонаҳо маҳдудиятҳои хидмати якҷояи хешовандон паҳн намешаванд); б) аз ҷониби ашхоси зикршуда барои расидан ба мақсад салоҳиятҳои хидматии онҳо ё имкониятҳои ба онҳо алоқаманд истифода мешаванд; в) мақсади ин амалҳо гирифтани фоидаи шахсӣ (барои худ ва нафари сеюм) мебошад.

Кирдорҳо танҳо дар сурати мавҷудияти аломатҳои дар боло зикршуда коррупсия эътироф мегарданд. Масалан, нозири андоз дар рафти тафтиш пинҳон кардани андозро ошкор намуда, ришва мегираду аз ин вайронкорӣ чашм мепӯшад, муфаттиш аз одами айбдоршаванда пул мегираду ғайриқонунӣ парвандаи ӯро қатъ месозад, роҳбари муассиса бо вуҷуди мавҷудияти дигар номзадҳои арзанда хеши худро ба кор қабул мекунад.

Кирдорҳое, ки дар онҳо ҳатто яке аз аломатҳои нишондодашуда нестанд, коррупсия маҳсуб намешаванд. Моҳияти коррупсияро дар муқоиса бо дигар зуҳуроти монанд ё умумӣ, ки ба онҳо аз ҷумла гирифтани пораро мансуб медонанд, беҳтар муайян кардан мумкин аст.

Пора – аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнаравҳо гирифтани пора дар шакли пул, коғазҳои қиматнок, амвол ё фоидаи дорои характери амволӣ дошта барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хидматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонад, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хидмат.

Қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин тариқ, коррупсия сӯиистифода аз салоҳиятҳои мансабӣ буда, ҳадаф аз он гирифтани фоидаи шахсӣ мебошад, порагирӣ бошад, танҳо як навъи шаклҳои гуногуни коррупсия аст. Мафҳуми «коррупсия» танҳо порагириро ифода намекунад, зеро сӯиистифода аз салоҳиятҳо метавонад усулҳои бешумори зоҳиршавӣ дошта бошад. Масалан, он дар истифодаи аз ҳад зиёди ҳокимият, истифода ё ғайриқонунӣ додани афзалият ҳангоми тақсимоти неъматҳои моддӣ, аз худ кардан ё тороҷ сохтани амволи боваркардашуда, сохтакории хидматӣ, ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеию юридикӣ бобати амалисозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо, ошнобозӣ, протексионизм, ҷӯрабозӣ, хешутаборчигӣ, дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагӣ, маҳдудсозии рақобат ва ғайра зоҳир мегардад.

?Фикр кунед, оё таносуби мафҳумҳои «коррупсия» ва «пораситонӣ»-ро чун таносуби мафҳумҳои «умумӣ» ва «хусусӣ» арзёбӣ кардан мумкин аст?

2. Таърихи пайдоиш, ташаккули хусусиятҳои минтақавӣ

ва шаклҳои ҳозираи коррупсия

Пайдоиши коррупсия таърихан аз замони пошхӯрии сохти ҷамъияти ибтидоӣ ва пайдошавии нахустин давлатҳо, вақте функсияи идоракунӣ фоидаовар мегардад, шурӯъ мешавад. Ин раванд дар халқҳои гуногун хусусиятҳои худро дорад. Усулҳои дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омадани истеҳсолот ба шаклҳои сохти давлатию иҷтимоӣ таъсир расонда, ба ташаккули амсилаҳои барои ин минтақаҳо хоси коррупсия мусоидат кардаанд.

Дар мамлакатҳои аврупоӣ ҷомеаи ибтидоӣ ба сабаби ташаккули давлат ҳамчун дастгоҳи ҳокимияти синфи ҳукмрони мулкдор, ки барои кафолати амнияти моликияти хусусиаш мекӯшид, пароканда шуд. Дар ҳифозат будани моликияти хусусӣ ба таҳкими минбаъдаи индивидуализм ва озодии шаҳрвандӣ, ки дар мустақилияти муайяни фард аз ҳокимияти сиёсӣ, дахлнопазирии шахсият, дахолат накардани давлат ба иқтисодиёт ва рақобати озод, имконияти соҳибихтиёрӣ ба моликияти худ ва ғайра таҷассум ёфт, мусоидат намуд. Чунин амсилаи ташаккулёфтаи аврупоии коррупсия бо сатҳи пасти он ва аз ҷониби ҷомеа чун нодурустии рӯирост қабул шудани вай тавсиф мегардад. Чунин навъи коррупсияро иқтисодӣ меноманд, ки он гуногунранг будани хизматҳои пасипардагӣ аст, яъне амалҳои коррупсионӣ кам буда, хеле махфианд.

Дар мамлакатҳои Шарқ дар натиҷаи нисбатан дарозмуддат будани хоҷагии обшинагӣ ва моликияти коллективӣ раванди пайдоиши институтҳои ҳокимият дар заминаи набудани кафолати моликияти хусусӣ ба амал омадааст. Афзалиятмандии усули давлатии истеҳсолот дар тамоми давраи токапиталистии Осиё, вақте моликияти хусусӣ ба он дараҷае ҳифозат надошт, ки озодии шаҳрвандӣ, мустақилияти фард ва дахлнопазирии шахсиятро таъмин намояд, сабаби он фарқияти принсипиалӣ дар анъанаҳо ва институтҳое гардид, ки дар Шарқ ва Ғарб вуҷуд доштанд ва имрӯз низ аз бисёр ҷиҳат вуҷуд доранд.

Набудани механизмҳои боздорандаи ҳукуматҳо аз зулму истибдод, номуайянии салоҳиятҳо ва беназоратии амалдорони давлатӣ, ба сифати қоида қабул гардидани низоми ҳадядиҳӣ (инъомбахшӣ) ҳангоми қабул ба вазифа, қонунӣ гардидани порахӯрӣ (аз буҷет маош нагирифта, аз ҳисоби халқ хӯрдану пӯшондани «хизматчиёни давлатӣ») коррупсияро ба шакли мавҷудияти давлат дар Осиёи тоинқилобӣ табдил доданд. Ҳарчанд Инқилоби халқии Бухоро (соли 1920) ба режими асримиёнагии ҷаҳолатпарастӣ хотима бахшида, солҳои ҳокимияти шӯравӣ ва истиқлолияти миллии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сохти имрӯза ва принсипҳои давлатдориро таҳким бахшиданд, бо вуҷуди ин гузашта нақши худро дар шуур, фарҳанг, одатҳо ва анъанаҳои халқҳои ин мамлакатҳо гузоштааст. Бинобар ин барои рушди амсилаи Осиёгии коррупсия қабули он аз ҷониби ҷомеа чун зуҳуроти вобаста ба таърих, анъанаҳо ва муносибатҳои иҷтимоӣ хос аст.

?Фикр кунед, ба ташаккули хусусиятҳои миллии амсилаҳои коррупсия дар давлатҳои аврупоӣ ва шарқӣ боз кадом сабабҳои таърихӣ таъсир расондаанд?

Коррупсияи ҳозира бо шаклҳои зоҳиршавӣ ва хусусиятҳояш тавсиф мешавад, бинобар ин онро бо асосҳои гуногун метавон баррасӣ ва тавсиф кард. Меъёрҳои нисбатан паҳншудаи таснифи коррупсия инҳоянд: марҳилаҳои болоравии коррупсия, соҳаҳои паҳншавии он ва соҳаҳои хадамот.

Чунончи, аз рӯи марҳилаҳои болоравӣ коррупсия ба се навъ тақсим мешавад: 1) маҳдуд (коррупсия асосан дар сатҳи баланди ҳокимият таркиб ёфта, ба соҳаҳои васеи ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсир намерасонад); 2) паҳншуда ё маъмул (коррупсия зуҳуроти хеле васеъ паҳнгашта мегардад, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад, қариб ҳамаи корҳо бо ёрии пора сурат мегиранд); 3) вайронкунанда (коррупсия то ба сатҳе мерасад, ки сохти ҷамъиятиро вайрон мекунад).

Коррупсия аз рӯи соҳаҳои паҳншавӣ ба инҳо тақсим мешавад: коррупсия дар бахши давлатӣ ва коррупсия дар бахши хусусӣ. Аввалӣ кирдорҳои коррупсионии ашхоси мансабдори мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатии ҳарбиён, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, дигар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатиро фаро мегирад. Дуюмӣ низ метавонад ҷой дошта бошад, зеро кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд ба захираҳои ба онҳо мансубнабуда соҳибихтиёрӣ кунанд ва имконият доранд, ки аз ин салоҳиятҳо бо мақсади ситондани фоида ва зараррасонӣ ба манфиатҳои ин ташкилотҳо истифода кунанд.

Аз рӯи соҳаҳои хизматрасонӣ шаклҳои зерини коррупсияро фарқ мекунанд: 1) дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ; 2) дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; 3) дар соҳаи андоз ва гумрук; 4) дар мақомоти қудратӣ; 5) дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ; 6) дар соҳаи маориф; 7) дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ; 8) дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.

3. Сабабҳои коррупсия

Коррупсия чун зуҳуроти таърихӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ бисёр сабабҳо дорад.

Яке аз сабабҳои коррупсия, ки бо решаҳояш ба таърихи қадимии Тоҷикистон рафта мерасад, якҷояшавии ҳокимият бо иқтисодиёт мебошад. Он дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ боз ҳам амиқтар гашт. Имконияти дахолати давлатӣ ба равандҳои иқтисодӣ барои гирифтани фоидаи шахсӣ аз салоҳиятҳои маъмурӣ ҳамеша шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард. Бинобар ин яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти низоми идоракунӣ дар Тоҷикистон (кам кардани шумораи вазоратҳо, муттаҳидсозии функсияҳо, таҷдиди назари салоҳиятҳои онҳо ва ғайра) кам кардани мавҷудият ва маҳдудсозии дахолати зиёдатии давлат ба иқтисодиёт мебошад.

Дигар сабаби хоси давраи гузариш шаклҳои нави бозории батанзимдарорандаи давлатии иқтисодиёт (иҷозатномадиҳӣ, гузаронидан аз қайди давлатӣ, сертификатсия, қарзҳо, имтиёзҳо, озмунҳои муаррифӣ, харидории давлатӣ, ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ба захираҳои табиию энергетикӣ, функсияҳои муассисӣ ва ғайра) аст, ки барои коррупсия заминаҳои на камтар мусоид фароҳам оварда, батанзимдарории кофии қонунгузориро тақозо мекунанд. Номукаммалии қонунгузорӣ, дар баъзе қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ мавҷуд будани «сӯрохиҳо» ва меъёрҳое, ки барои коррупсия имкониятҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд, ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд.

Ба паҳншавии коррупсия ҳамчунин сатҳи нокифояи таъминоти моддии хизматчиёни давлатӣ, суст будани назорати давлатию ҷамъиятӣ ба фаъолияти онҳо ва соҳаҳои васеи диду назари шахсии онҳо ҳангоми қабули қарорҳо мусоидат мекунанд.

?Фикр кунед, ба андешаи Шумо, боз кадом сабабҳо ба рушди коррупсия таъсир мерасонанд? Барои барҳам додани сабабҳои коррупсия чӣ бояд кард?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: коррупсия, пораситонӣ

test

Добавить комментарий