СММ ва нақши он дар ҷаҳони ҳозира

1.Созмони Милали Муттаҳид: таърихи ташкилёбӣ

ва принсипҳои фаъолият

Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти байналмилалии универсалии соли 1945 бо мақсадҳои зерин таъсисёфта мебошад: дастгири сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; андешидани тадбирҳои пурсамари дастаҷамъона барои пешгирӣ ва бартарафсозии таҳдидҳо ба сулҳ; бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ; рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо; амалисозии ҳамкориҳо дар ҳалли проблемаҳои байналмилалии характери иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дошта; дастгирӣ ва инкишоф додани эҳтиром ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии ҳамагон, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин ва (ғайра моддаи 1-и Оинномаи СММ).

Созмони Милали Мутаҳид (минбаъд СММ) бо ташаббуси Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир таъсис ёфтааст. Дар Конференсияи Қрим (соли 1945) дар бораи таъсиси ташкилоти умумии байналмилалӣ барои нигаҳдории сулҳ ва амният қарор қабул карда шуд.

Таъсиси СММ ва қабули Оинномаи он ба марҳилаи сифатан нави байналмилалии батанзимдорории ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ибтидо гузошт.

2. Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид

Оинномаи СММ дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ нахустин қарордоди байналхалқиест, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон асос гузошт. Нуктаҳои асосии Оинномаи СММ аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Британияи Кабир ва Хитой таҳия гардиданд. Матни ниҳоии Оинномаи СММ дар конференсияи Милали Мутаҳид дар Сан-Франсиско (апрел-июни соли 1945) бо иштироки намояндагони 50 давлат мувофиқа карда шуд ва имзои он 26 июни соли 1945 ба вуқӯъ пайваст. Оиннома бояд аз ҷониби давлатҳои ба он имзогузошта тасдиқ (ратификатсия) карда мешуд. Муқаррар гардид, ки Оиннома баъди ба маҳфузият супурдани тасдиқномаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Британияи Кабир, Хитой ва Франсия, ки мақоми аъзои доимии Шӯрои амниятро соҳиб гардиданд, ҳукми амал пайдо мекунад. Оиннома 24 октябри соли 1945 ҳукми амал пайдо кард ва ин рӯз санаи таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мегардад.

Оинномаи СММ аз дебоча, 19 боб ва 111 модда иборат аст. Қисми ҷудонопазири Оинномаи СММ Статути Суди байналхалқӣ мебошад. Оинномаи СММ эҳтироми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсонро дастгирӣ мекунад. СММ давлатҳоро вазифадор мекунад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро бо мақсадҳои кӯмак расонидан ба «эҳтирому риояи умумии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, сарфи назар аз тафовутҳои нажодӣ, ҷинсӣ, забон, дин ва ғайра вусъат бахшанд» (банди «с» -и моддаи 55).

Оинномаи СММ самтҳои асосии рушд ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар ҳуқуқи муосири байналмилалӣ муайян менамояд. Зимнан, талаботи Оинномаи СММ бобати риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба ҳамаи давлатҳо тааллуқ дорад. Зиёда аз он, Оинномаи СММ ҳамаи давлатҳои аъзои СММ-ро вазифадор менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо СММ бо мақсади муваффақ шудан ба эҳтирому риояи ҳамагонии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, бе ягон истисно, кӯшишҳои якҷоя ва мустақилона кунанд.

Принсипҳои асосии фаъолияти СММ дар моддаи 2-и Оинномаи СММ таҳким ёфтаанд. Онҳо чунинанд: 1. Соҳибихтиёрии баробари ҳамаи аъзои СММ; 2. Иҷрои поквиҷдононаи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифташуда; 3. Ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ бо усулҳое, ки боиси таҳдид ба сулҳу амнияти байналмилалӣ нашаванд; 4. Таъмини он ки давлатҳои аъзои СММ набуда мувофиқи принсипҳои СММ амал намоянд; 5. Дахолат накардани СММ ба корҳое, ки салоҳиятҳои дохилии ҳар давлат мебошанд ва ғайра.

3.Ҷумҳурии Тоҷикистон-узви СММ

2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ташкилоти бонуфузи байналмилалие чун Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аллакай 1 феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин воқеаи муҳиме дар ҳаёти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Аз ҳамин сана сар карда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва ҳамчунин ҳифзи онҳо шурӯъ шуд. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви СММ, бо муассисаҳои махсуси СММ муваффақона ҳамкорӣ мекунад. Таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр соҳаҳо, алалхусус дар ҳалли низоъҳои дохилимиллӣ, аз ҷониби СММ ҳамчун роҳнамои амалиёт тавсия шудааст. Мамлакати мо ҳамаи санадҳои байналмилалии оид ба ҳуқуқҳои инсонро имзо карда, тасдиқ намудааст ва онҳоро дар ҳаёт фаъолона татбиқ менамояд.

4. Мақомоти асосии СММ

Мақомоти асосии СММ инҳоянд: Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои амният, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Шӯрои васоят, Суди байналмилалӣ ва Котибот (банди 1-и моддаи 7-и Оинномаи СММ).

Ассамблеяи генералӣ. Аъзои Ассамблеяи Генералӣ ҳамаи аъзои Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешаванд ва ҳар узви СММ дар Ассамблеяи Генералӣ на бештар аз 5 намоянда дорад. Мутобиқи моддаи 10-и Оиннома ба салоҳияти Ассамблеяи Генералӣ ҳама гуна масъалаву корҳо, аз ҷумла масъалаҳои кӯмакрасонӣ ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ ва додани тавсияҳо ба аъзои СММ дохил мешавад.

Ассамблеяи Генералӣ буҷети СММ-ро баррасӣ ва тасдиқ мекунад. Вай аъзои ғайридоимии Шӯрои амният, аъзои Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоиро интихоб менамояд, мақомоти ёридиҳанда ташкил мекунад, масъалаҳои қабул ба узвияти СММ ва аз он хориҷ кардан, боздошти амалисозии ҳуқуқҳо ба имтиёзҳои аъзои СММ-ро ҳаллу фасл карда, Муншии умумиро таъин менамояд.

Ассамблеяи Генералӣ ба таври сессионӣ кор мекунад, ки ҳар сол даъват карда мешавад. Сессияҳои махсус бошанд, аз ҷониби Муншии умумӣ бо талаби Шӯрои амният ё аксари аъзои СММ даъват мегарданд.

Ассамблеяи Генералӣ кумитаҳо ва комиссияҳои чи доимӣ ва чи муваққатӣ амалкунанда таъсис дода, фаъолияти худро тавассути онҳо амалӣ месозад.

Қарорҳои Ассамблеяи Генералӣ оид ба масъалаҳои муҳим бо овоздиҳии аксарият – аз се ду ҳиссаи аъзои дар овоздиҳӣ иштирокдоштаи Ассамблея қабул мешаванд. Ба чунин масъалаҳо аз ҷумла инҳо мансубанд: даровардани тағйирот ба Оиннома, интихоби аъзои ғайридоимии Шӯрои амният, интихоби аъзои Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра. Оид ба масъалаҳои дигар қарорҳо бо овоздиҳии оддии аксарият қабул мешаванд.

Шӯрои амният. Давлатҳои аъзои СММ барои таъмини амалҳои фаврӣ ва пурсамар ба зиммаи он масъулияти асосиро баҳри нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ вогузоштаанд. Шӯрои амният аз 15 давлати аъзо иборат буда, 5-тои онҳо аъзои доимӣ ва 10-тояшон аъзои ғайридоимӣ мебошанд ва аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ интихоб карда мешаванд. Аъзои доимии Шӯрои амният: Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Хитой ва Франсия. Дар айни замон ҷои Иттиҳоди Шӯравиро дар Шӯрои амният Федератсияи Россия ишғол менамояд.

Аъзои ғайридоимии Шӯрои амният ба мӯҳлати 2 сол интихоб мешаванд. Ҳамасола панҷ давлат аз нав интихоб мегарданд. Мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ (соли 1963) ҷои аъзои ғайридоимӣ чунин тақсим мешавад: аз Африқо ва Осиё-5 аъзо, аз Аврупои Шарқӣ-1, аз Америкои Лотинӣ-2, аз Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо-2 ҷой.

Шӯрои амният ваколатдор аст, ки ҳама гуна баҳс ва ҳама гуна вазъияти ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таҳдидкунандаро тафтиш кунад. Вай мавҷудияти ҳама гуна таҳдид ба сулҳ, ҳама гуна ҳодисаҳои вайрон кардани сулҳро муайян сохта, тавсияҳо медиҳад ё қарор мекунад, ки барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии сулҳу амнияти байналмилалӣ чӣ гуна чораҳо дидан лозим аст. Ба ибораи дигар, ҳамаи масъалаҳои марбут ба нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба салоҳияти Шӯрои амният таалуқ доранд.

Мутобиқи моддаи 25-и Оинномаи СММ аъзои СММ ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ гирифтаанд, ки ба қарорҳои Шӯрои амният итоат карда, онҳоро иҷро намоянд. Қарори Шӯрои амният бо роҳи овоздиҳӣ қабул мешавад. Қарорҳои Шӯрои амният вақте қабулшуда маҳсуб мегарданд, ки ба ҷонибдории онҳо нӯҳ аъзо, бо фарогирии овозҳои аъзои доимӣ, овоз диҳанд. Агар ҳатто як аъзои доимӣ зид овоз диҳад, қарор қабулнагардида ҳисоб мешавад. Чунин ҳуқуқи аъзои доимии Шӯрои амниятро ҳуқуқи вето ( ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардан) меноманд.

Вето (аз лот. Veto- манъ мекунам)-санади боздоранда ё роҳнадиҳанда ба қувваи амал пайдо кардани қарори ягон мақомот.

Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ. Ин шӯро аз ҷумлаи мақомоти асосии СММ буда, аз 54 давлати аъзои СММ иборат аст, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ба мӯҳлати се сол интихоб гардида, сеяки онҳо ҳар сол аз нав интихоб карда мешаванд.

Вазифаҳои асосии ин мақомот кӯмак кардан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, шуғли пурраи аҳолӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва маориф, эҳтиром ва риояи ҳамагонии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама мебошад.

Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ-ро амалӣ гардонда, миёнрави робитаи онҳо ба СММ аст.

Ин мақомот ваколатдор аст тадқиқот гузаронида, оид ба масъалаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, нигоҳдории тандурустӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои инсон маърӯзаҳо тайёр кунад, аз рӯи онҳо ба СММ, Ассамблеяи Генералӣ ва ташкилотҳои махсусгардонидашудаи манфиатдор тавсияҳо манзур намояд (моддаи 62-и Оинномаи СММ).

Шӯрои васоят. Мутобиқи Оинномаи СММ Шӯрои васоят функсияҳои СММ-ро оид ба муносибат ба қаламравҳое, ки бо низоми байналмилалии васоят фаро гирифта шуда буданд, амалӣ месохт. Дар айни замон ба сабаби додани истиқлолият ба ҳамаи қаламравҳои таҳти васоят қарордошти зарурат ба чунин мақомот аз байн рафтааст.

Суди байналмилалии СММ. Ин мақомоти асосии судии СММ, ки тибқи Статут амал менамояд, қисми ҷудонопазири Оинномаи СММ-ро ташкил медиҳад. Суд аз 15 нафар аъзо иборат аст, ки аз ҷумлаи ашхоси дорои сифатҳои баланди ахлоқии ба талаботи пешниҳодшаванда барои таъин кардан ба мансабҳои баланди судӣ ҷавобгӯй ё ҳуқуқшиносони дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланддошта интихоб карда мешаванд (моддаи 2-и Статут). Аъзои судро Ассамблеяи Генералӣ ва Шӯрои амният интихоб мекунанд. Мӯҳлати ваколати аъзои суд 9 сол бо имконпазирии аз нав интихоб кардан мебошад.

Суд, чун қоида, дар ҳайати пурра ҷамъомад мегузаронад. Салоҳияти суд аз ҳалли баҳсҳои байни давлатҳо, қабули хулосаҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқшиносӣ иборат аст. Мутобиқи Оинномаи СММ чунин хулосаҳоро Ассамблеяи Генералӣ ё Шӯрои амният, ҳамчунин дигар мақомоти СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда талаб мекунанд.

Котиботи СММ. Мутобиқи моддаи 97-и Оинномаи СММ котибот аз Муншии умумӣ ва кормандоне, ки барои СММ метавонанд зарур бошанд, иборат аст. Кормандони котибот ашхоси мансабдори байналмилалӣ эътироф мегарданд.

Мутобиқи Оинномаи СММ Муншии умумӣ шахси асосии мансабдори маъмурии СММ мебошад. Ӯ бо тавсияи Шӯрои амният аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад. Ваколати асосии ӯ аз амалӣ гардонидани фаъолияти иҷрокунандагию фармоишӣ иборат буда, бо татбиқи қарорҳои Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои амният, инчунин дигар мақомоти СММ вобаста мебошад. Ба ӯ ҳуқуқ дода шудааст, ҳамаи масъалаҳоеро, ки ба андешааш метавонанд ба нигаҳдории сулҳу амнияти байналмилалӣ таҳдид намоянд, ба маълумоти Шӯрои амният расонад. Ӯ дар ҷамъомадҳои Ассамблеяи Генералӣ, Шӯрои амният, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дигар мақомоти СММ ширкат меварзад, ғайр аз ин дар конференсияҳо ва машваратҳои байналмилалӣ иштирок мекунад.

Аъзои СММ вазифадоранд, ки характери байналмилалии вазифаҳои Муншин умумӣ ва кормандони котиботро эҳтиром кунанд. Ҷонишинони Муншии умумӣ ва шахсони мансабдори котиботро Муншин умумӣ таъин мекунад. Ҳангоми таъин кардани кормандон салоҳиятмандӣ, поквиҷдонӣ ва намояндагии чуғрофии онҳо ба назар гирифта мешавад.

5. Нақши СММ дар ҷаҳони ҳозира

Дар асри XXI СММ кӯшишҳо дорад, ки эҳтироми ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон воқеӣ гардад. Ин аз якчанд ҳолатҳо бармеояд:

Якум, эҳтироми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби давлат, ҷомеа, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин ашхоси алоҳида гарави эҳтироми ҳар фард, эътирофи шаъну эътибори инсонии ӯ аст. Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон гарави дарки аҳамиятнокӣ, сифатҳои инфиродӣ, қобилиятнокӣ ва манфиатбахшии худ дар ҷомеа аст. Мутобиқан ба ин аз ҷониби одами алоҳида чунин эҳтиром нисбат ба ашхоси дигар,ҷомеа ва давлат низ бояд зоҳир гардад.

Дуюм, ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон бояд дар ҳама ҷо риоя карда шаванд. Ин аз талаботи Оинномаи СММ бармеояд. Риояи ҳуқуқҳои инсон маънои додани имкониятҳои амал кардан мутобиқи ҳуқуқҳои додашуда, яъне амалисозии имкониятҳои дар қонунгузорӣ таҳкимёфтаро дорад.

Сеюм, таъмини ҳамаҷонибаи амалисозии ҳуқуқҳои инсон.

Аммо бо сабабҳои гуногуни объективию субъективӣ ба давлат муяссар намешавад, ки амалишавии ин ҳуқуқҳоро таъмин кунад. Бинобар ин давлат вазифаҳои худро, ки аз Оинномаи СММ бармеоянд, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ на ҳамеша иҷро карда метавонад. Ба ин сабаб СММ сиёсати паҳн кардани таҷрибаҳои пешқадаму мусбатро дар соҳаи амалисозии ҳуқуқҳои инсон ба амал мебарорад.

Чорум, такмили механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон. Ин маънии соддагардонии усулҳо ва воситаҳои ҳифз, ҳамчунин пурзӯр кардани назоратро ба риояи ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби СММ дорад. Дар чунин шароит ҳама гуна ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқ аз ҷониби чи субъектҳо ва чи давлат аксуламали сазовор мебинад. Аксуламали манфӣ ба ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон ба амалҳои фаъолона барои ҳифз ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда оварда мерасонад.

Вазифаҳои давлат бояд ба ин мувофиқат кунанд, яъне таъмин кардани шахси ҳуқуқҳояш вайронкардашуда бо воситаҳои самарабахши ҳифзи ҳуқуқҳо; таъмин кардан ва рушд додани воситаҳои ҳимояи судӣ; таъмини истифодаи мақомоти салоҳиятдор аз воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки низоми ҳуқуқии давлат муқарар кардаанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Ассамблеяи Генералии СММ, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ, Суди байналмилалии СММ, Муншии умумии СММ.

test

Добавить комментарий