Пайдоиши давлат ва хукук

Нақшаи кор:

1.Ҳаёти  иҷтимоии  ҷамъиятҳои  тодавлатӣ ва зарурияти пайдоиши давлат 2.  Қонуниятҳои  пайдоиш,  зарурияти  таърихӣ  ва нишонаҳои давлат

 3. Назарияҳои асосии пайдоиши давлат

Рӯӣхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1. Ҳаёти  иҷтимоии  ҷамъиятҳои  тодавлатӣ ва зарурияти пайдоиши давлат   Дар натиҷаи ривоҷи археология, этнография донишҳои нави илмӣ ҷамъ шуданд, ки барои омӯзиши пайдоши давлат аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Назарияи ҳуқуқ ва давлат дар ҳалли ин масъала аз маълумотҳои нави илмӣтаърихӣ истифода мекунад, ки онҳоро ба тариқи зайл ифода мекунем. 

  1. Дар асоси маълумотҳои нави археологӣ консепсияи «инқилоби неолитӣ» (аз калимаи «неолит» – асри нави сангин) эътироф шудааст. Ин мафҳумро археологи англис Г. Чайлд дар миёнаи асри XX вориди илми таърих намудааст. «Иқилоби неолитӣ» яке аз марҳилаҳои таҳаввули ҷамъияти тодавлатӣ, аниқтараш табаддулоти сифатии неолитӣ аст, ки ба ҳазорсолаҳои VII–VIII то солшумории мелодӣ рост меояд.
  2. Дар таърихи инсоният ду навъи асосии ҳаёти хоҷагӣ ҷой дорад: 1) хоҷагии азхудкунанда, вақто ки шаклҳои асосии фаъолияти хоҷагии одамон шикор, моҳидорӣ ва ҷамъи наботот буданд: мазмуни асосии фаъолияти инсонро азхудкунии маҳсулоти тайёри олами ҳайвонот ва наботот ташкил медод, устухони ҳайвонҳои азимҷусса ҳамчун олоти меҳнат истифода мешуданд; 2) иқтисоди истеҳсолкунанда, вақто ки шаклҳои нави хоҷагидорӣ (ҳунармандӣ, оҳангудозӣ) ва истеҳсоли маҳсулот пайдо мешаванд. Гузариш аз хоҷагии азхудкунанда ба иқтисоди истеҳсолкунанда дар асоси «иқилоби неолитӣ» рӯй медиҳад. 

       Ҳокимияти тодавлатӣ иҷтимоӣ буд. Институтҳои асосии ҳокимиятӣ пешвоёни ҷамоаи оилавӣ, шӯрои куҳансолон буданд. Принсипи асосии фаъолияти онҳо интихобӣ будан, ивазшавии мунтазам ҳисоб мешуд. Шакли ҳоикимият бошад потестарӣ (аз калимаи лотинии potestus – ҳокимият, қудрат) буда, ба обрӯву нуфузи пешво ва имконияти истифодаи маҷбурсозӣ асос ёфта буд. Ба вайронкунандаи қоидаи рафтор ҷазо дода мешуд. Аз ҳаёт маҳрум кардан аз ҷумлаи ҷазои сахт буд. Бо мақсади ҳалли баҳсҳои байни аъзоёни ҷамоаи оилавӣ шаклу роҳҳои ҷудогона истифода мешуданд. Баҳсҳоро худи хешовандон ё ин ки пешво, шӯрои кӯҳансолон ҳал карда метавонистанд.

      Чунин ташкили ҳаёти иҷтимоии ҷамъияти тодавлатӣ фаолияти мӯътадили хоҷагии азхудкунандаро таъмин мекард. Вале 12–10 ҳаз. cол пеш бӯҳронӣ экологӣ рӯй медиҳад: иқлим ба таври куллӣ тағйир ёфта, маҳви олами ҳайвонот ва наботот, ки сарчашмаи асосии ҳаёт буданд, сар мешавад. Инсоният бо мақсади таъмини ҳастиаш шаклу тарзҳои нави вуҷудиятро ҷусутуҷӯ мекунад. Дар натиҷа гузариш ба иқтисоди истеҳсолкунанда оғоз мегардад, ки дар «иқилоби неолитӣ» ифода меёбад.

      Дар ҳазорсолаҳои IV–III то солшумории мелодӣ иқтисоди истеҳсолкунанда пурра пойдор мегардад. Дар натиҷаи «иқилоби неолитӣ» дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Шарқи Наздик дар ҳазорсолаи VII то солшумории мелодӣ ҷамъиятҳои нахустини зироатпарварӣ пойдор мегарданд. Дар марҳилаҳои минбаъда, дар шароити болоравии иқтисодӣ (ҳазорсолаҳои IV– III то солшумории мелодӣ), аввалин тамаддунҳои инсонӣ – ҷамъиятҳои нахустини иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Онҳо дар водиҳои дарьёҳои калони Евфрат, Нил, Янсзы ва диг., яъне дар минтақаҳои дорои иқлими мусоиди зироатпарварӣ пайдо мешаванд. Дар ҳазорсолаҳои III–II то солшумории мелодӣ дар минтақаҳои калони байни баҳри Миёназамин ва соҳилҳои уқёнуси Ором якчанд тамаддунҳои инсонӣ ба вуҷуд меоянд, қи муҳити пайдоиши давлатҳои нахустинро ташкил медиҳанд.

      Бӯҳрони экологӣ ва зарурияти ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳаёт боиси ривоҷи муносибатҳои иқтисодӣ мегарданд. Зарурияти селексияи растаниҳо, ромкунии ҳайвонот, чорводорӣ, заминдории обшоршаванда, ирригатсия пайдо мешавад, ки дар навбати худ ба маҳсулоти изофа оварда мерасонад. Дар натиҷа шаклҳои нави моликият (коллективӣ, гурӯҳӣ, хусусӣ) ва тақсимоти ичтимоии ҷамъият рӯй медиҳад. Табакаҳои болоӣ аз оммаи асосии истеҳсолкунандагон ҷудо мешаванд. Ҳамин тариқ «инқилоби неолитӣ» асоси тақсимоти ичтимоии одамон мегардад.       Дар пайдоиши давлат ғайр аз омилҳои экологӣ ва моддӣ равандҳои дигари ҳаётӣ низ нақши муҳим бозидаанд. Яке аз онҳо торафт зиёд шудани шумораи аҳолӣ омили демографӣ буд.

      Ҳамин тариқ, аввалин ҷамоаҳои зироатпарвар ва дар ҳудуди онҳо нахустин давлатҳо пайдо мешаванд. Давлатҳои нахустин дар шакли шаҳр-давлатҳо пайдо шуда, ин шакли давлатдорӣ якӯмин зинаи таърихии ташаккули онҳо буд.

2.  Қонуниятҳои  пайдоиш,  зарурияти  таърихӣ ва нишонаҳои давлат

       Яке аз қонуниятҳои ба вуҷуд омадани давлатҳо пайдоиши нобаробари онҳо буда, аз консепсияи инкишофи нобаробари ҷомеа бармеояд. Мувофиқи он гурӯҳҳои алоҳидаи одамони қадим нобаробар, дар давраҳои мухталифи таҳаввули ҷамъият вобаста ба омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ пеш рафтаанд. Дар ин асос илми муосири ҳуқуқ ва давлат консепсияи «давлатҳои якумин, дуюмин ва сеюминро» эътироф кардааст, ки аз нигоҳи он давлатҳои нахустин дар минтақаҳои дорои шароити хуби иқлимӣ, пеш аз ҳама зироатпарварӣ, пайдо шудаанд. Сипас бо таъсири онҳо дар ҷараёни инкишофи алоқаҳои иқтисодӣ, маданӣ, ҳуқуқӣ давлатҳои дуюмин дар дигар минтақаҳои ҷаҳон пайдо мешаванд.       Барои пайдоиши давлатҳои нахустин шароити хуби иқлим зарур буд. Дар он минтақаҳое, ки барои зироатпарварӣ шароити мусоиди иқлимӣ ҷой надошт, пайдоиши давлат низ мушкил ва суст шудааст.      Маълум мешавад, ки омили ҷуғрофӣ дар пайдоши нахустин давлатҳо нақши муҳим бозидааст.

            Чи тавре қайд шуд, омили демографӣ ҳам дар пайдоиши давлатҳо нақши мӯҳимро дорост. Ҳанӯз Арасту дар Юнони Қадим муайян карда буд, ки давлат шакли мураккабгаштаи умумияти одамон буда, дар натиҷаи инкишофу муттаҳидшавии оилаҳо ва нуқоти аҳолинишин пайдо шудааст. Файласуфи намоёни Шарқ Форобӣ низ давлатро ҳамчун маҷмӯи одамон таҳлил карда, шаҳр-давлатро шакли асосии давлатдорӣ меҳисобид. Маркс бошад дар «Идеологияи немис» пайдоиши шаҳрҳоро яке аз сабабҳои пайдоиши давлат мепиндошт. Илми муосири ҳуқуқ ва давлат анъанаҳои афкори сиёсиву ҳуқуқиро давом дода, «таркиши демографиро» омили муҳими пайдоиши давлатҳо эътироф мекунад.

      Давлат чун иттиҳоди нави сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии одамон ба вуҷуд меояд.     

Давлат иттиҳоди нави таркибии одамон мегардад. Азбаски зарурияти идоракунии давлатӣ ба миён меояд, аз байни одамон гурӯҳи махсуси идоракунандагон ҷудо мешавад: кормандони роҳбарикунанда, сарлашкарон, баҳисобгирандагон, назоратчиёни иншоотҳои обёрикунанда, котиб ва ғ.       Давлат иттиҳоди нави ҳудудии одамон аст. Давлат одамонро дар доираи як ҳудуди умумӣ новобаста аз мансубияти авлодӣ муттаҳид мекунад. Шакли аввалини ташкили ҳудудии давлат шаҳр-давлат буд, ки ибодатхонаҳо, қасрҳо, заминҳо, иншоотҳоро дар бар гирифта, онҳоро моликияти хеш мепиндошт. Ҳудуд нишонаи муҳимтарини давлат мегардад. Ҳамаи ҷангҳо бо мақсади мудофиаи ҳудуди давлат ва васеъ кардани он бурда мешуданд.

      Бо баробари пайдоиш давлат дорои як қатор нишонаҳои хос мегардад. Нишонаҳои давлат хусусиятҳои танҳо муносиби давлат мебошанд, ки ба он чун ҳодисаи нави ташкили ҳаёти ҷамиятӣ ишора мекунанд. Нишонаҳои давлатро ба ду гурӯҳ шартан тақсим кардан мумкин аст: 1) нишонаҳои давлатҳои нав ташаккулёфта ва 2) дар ҷараёни инкишофи минбаъдаи давлатҳо пайдошуда. Ба нишонаҳои гурӯҳи якум дохил мешаванд: а) муҳити ҳудудӣ, ки дар он ҳаёти хоҷагӣ ба роҳ монда мешавад (бо ақидаи баъзе одамон муҳити ягонаи иқтисодӣ низ нишонаи мустақил аст); б) гурӯҳи махсуси одамони шуғли идоракунии давлатӣ, ки дастгоҳи давлатиро бо мақсади иҷрои функсияҳои умумииҷтимоӣ (дар мавридҳои зарурӣ маҷбурсозӣ) ташкил медиҳанд; дар навбати худ ин дастгоҳ асоси ташкилии ҳокимияти сиёсӣ мегардад; в) низоми ягонаи давлатии андоз ва молия. Баъдтар давлат соҳиби нишонаҳои иловагӣ мегардад: а) забони муошират дар ҳудуди давлати муайян; б) низоми ягонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; в) низоми ягонаи нақлиёт, ахборот ва иқтисодиёт; г) сиёсати ягонаи мудофиа ва равобити хориҷӣ.

3.  Назарияҳои асосии пайдоиши давлат

  1. Назарияи патриархалӣ. Яке аз назарияҳои қадимтарин буда, пайдоиши давлатро ҳамчун ҷараёни табии шарҳ медиҳад. Яке аз аввалинҳо шуда онро мутафаккири юнонӣ Арасту асоснок намудааст. Аз нигоҳи ӯ давлат дар натиҷаи таҳаввули тӯлонии оилаҳо, бе мудохилаи қувваҳои берунӣ, дар ҷараёни мураккабгардии шаклҳои умумияти одамон ба вуҷуд омадааст. Давлат шакли сиёсии умумияти одамон буда, натиҷаи ташаккулу муттаҳидшавии аввал оилаҳо ва баъдтар ҷамоаҳои деҳот аст. Ақидаи мазкурро стоячиёни юнонӣ (Зенон, Клеанф, Панетий ва диг.) низ дастгирӣ намудаанд. Аз нигоҳи онҳо асоси ҷамъияти инсониро умумияти одамон ташкил дода, давлат иттиҳоди на сунъӣ ё шартномавӣ, балки табии одамон аст. 

      Мутафаккири римӣ Сисерон ин ақидаҳоро инкишоф дода, зарурияти табиӣ доштани зинадгонии якҷояи одамонро сабаби асосии пайдоиши давлат меҳисобад. Назарияи мазкури пайдоиши давлат дар давраҳои минбаъдаи инкишофи ҷамият низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар асри XIV онро Марсилии Падуанӣ дастгирӣ карда, давлатро маҳсули мураккабгардии шаклҳои умумияти одамон мешуморад. Ҷараёни пайдоиши давлат чунин давраҳоро дар бар мегирад: оила, авлод, қабила, шаҳр ва дар охир давлат. Намояндаи афкори сиёсии Фаронса Жан Боден (асри XIII) давлатро маҳсули инкишофи табии оилаҳо, маҷмӯи ҳуқуқии онҳо мепиндорад.

      Ақидаҳои пайдоиши табии давлат дар афкори сиёсии Шарқ низ назаррасанд. Аз ҷумла, намояндаи машҳури фалсафаи сиёсии Шарқ Форобӣ давлатро натиҷаи иттифоқи табии одамон бо мақсади қонеъ кардани талаботҳои онҳо мешуморад. Талаботҳои табии одамон, аз нигоҳи ӯ, асоси пайдоиши давлат мебошанд. 

  • Назарияи шартномавиипайдоиши давлат. Агар назарияи пайдоиши табии давлат онро маҳсули таҳаввули табии ҷамъият, ҳодисаи табиӣ шуморад, пас ин назария давлатро чун ташкилоти сунъӣ таҳлил мекунад. Назарияи шартномавӣ таърихи дароз дошта, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ мазмуну шаклҳои ба худ хос гирифтааст. 

      Афкори сиёсии Ҳиндустони Қадим ҷамъияти тадавлатиро ба  ду  давра тақсим мекунад: 1) ҳаёти хушбахтонаи одамон ва 2) анархия, нобаробариву зиддиятҳо. Маҳз давраи дуюм зарурияти давлатро ба миён овардааст. Ду роҳи пайдоиши давлат пешниҳод шудааст: офаридани давлат аз тарфи худо ва таъсиси давлат тавассути шартномаи байни одамон ва ҳоким. Баъдтар ақидаи пайдоиши шартномавии давлат дар Юнони Қадим инкишоф дода мешавад. Яке аз мутафаккирони юнонӣ Эпикур давлатро маҳсули шартномаи байни одамон дар хусуси таъмини бехатарии онҳо меҳисобад.

      Дар давраи инқилобҳои буржуазӣ пайдоиши шартномавии давлат дар шакли назарияи «шартномаи ҷамъиятӣ» баромад мекунад (Спиноза, Гротсий, Локк, Руссо, Гобсс ва диг.). Мувофиқи он ҷамъияти инсонӣ ду марҳилаи таърихиро аз сар мегузаронад: 1) ҳолати табии, вақто ки давлат набуд ва 2) ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки давлатро талаб мекунад. Гузариши инсоният аз як марҳила ба марҳилаи дигар тавассути «шарномаи ҷамъиятӣ» рӯй медиҳад, ки он байни одамон ва сардори давлат баста мешавад.

      Дар Шарқ пайдоиши шартномавии давлат бештар дар эҷодиёти олим ва ходими намоёни давлатии Аморати Бухоро Аҳмади Дониш зоҳир мегардад. Номбурда ҷамъияти инсониро ба ду марҳила тақсим кардааст: а) ҳукмронии адолат ва баробарӣ ва б) зӯровариву нобаробарӣ. Аз нигоҳи ӯ зарурияти таъмини адолат, баробарии молу мулкӣ давлатро тақозо мекунанд. Дар натиҷа одамон ҳокими худро барои хизмати хеш интихоб карда, дар назди ӯ вазифа мегузоранд, ки ҳуқуқҳо ва моликияти онҳоро ҳифз намояд. Одамон, дар навбати худ, андоз месупоранд, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ сарф мешаванд. Дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби ҳокими давлат чунин шартнома бекор карда мешавад[1].

  • Назарияи илоҳии пайдоиши давлат. Агар назарияи табии давлатро натиҷаи таҳаввули табии ҷамъият ва равияи шартномавӣ онро ташкилоти сунъӣ шуморад, пас назарияи илоҳӣ давлатро маҳсули худо меҳисобад. Ақидаи мазкур дар ҷамъиятҳои қадим маълум буд. Аввалин донишҳои сиёсии одамон соҳаи мустақили илмиро ташкил надода, ҷузъи ҷаҳонбинии динӣ-мифологӣ буданд. Чунончи, аз нигоҳи ақидаҳои мифологии Миср, Хитой, Ҳиндустон, Бобулистон худо сарчашмаи асосии ҳокимияти заминӣ аст. Мувофиқи маълумотҳои мифологии яҳудиёни қадим бошад байни худо ва ҳалқи яҳудӣ шартномаи махсус ҷой дошта, дар асоси он худо идоракунанда ва қонунгузори (қонунгузории Мӯсо) бевосита аст.

      Пас аз ҷудошавии донишҳои сиёсӣ аз ҷаҳонбинии мифологӣ ақидаи тавлиди илоҳии давлат боқӣ мемонад. Масалан, мувофиқи таълимоти зардуштӣ асоси оламро муборизаи қувваи некӣ Ормузд ва қувваи бадӣ Аҳриман ташкил дода, далат ифодаи заминии қувваи некӣ аст. Дар Юнонӣ Қадим бошад чунин тасаввурот ҷой дошт, ки муборизаи худоҳо барои ҳукмронӣ дар олам ва ивазшавии худоҳои олӣ (Уран, Крон, Зевс) боиси тағйироти куллии принсипҳои ҳокимияти заминӣ мешавад; пайдоиши давлатдорӣ бо муқарраргардии ҳокимияти худоҳо бо сардории Зевс алоқаманд аст. Файласуфи намоёни юнонӣ Афлотун аз он бармеояд, ки олам байни худоҳо тақсим шуда буд, вале дар натиҷаи табаддулоти кайҳонӣ худоҳо идоракунии як қисми оламро ба ихтиёри одамон гузоштаанд. 

      Дар асрҳои миёна назарияи илоҳии пайдоиши давлат дар ду шакл инкишоф ёфтааст: 1) назарияи насронӣ ва 2) назарияи мусулмонии пайдоиши давлат. 

  • Назарияи органикии пайдоиши давлат. Вобаста ба комёбиҳои илмҳои табиатшиносӣ, махсусан, таълимоти таҳаввулии Дарвин ба миён омадааст. Давлат ҳамчун организми биологӣ тадқиқ шуда, қонунҳои биологӣ нисбати пайдоишу инкишофи он паҳн карда мешаванд. Инсоният натиҷаи таҳаввули олами ҳайвонот аз намудҳои оддӣ ба олӣ буда, вобаста ба татбиқи қонуни «итихоби табиӣ» (мубориза бо қабилаҳои ҳамсоя) давлатро ба вуҷуд овардааст. Намояндагони ин назария Ворис, Прайс ва махсусан олими англис Герберт Спенсер (асри XIX) буданд. Аз нигоҳи Спенсер давлат мисли организми биологӣ давраҳои тавлидшавӣ, болоравӣ, кӯҳансолӣ ва маҳвшавиро дар бар мегирад. Давлат мисли организми биологӣ дорои ду ҷараён аст: тақсимшавӣ, ки дар натиҷаи он давлат торафт мураккаб гардида, ба навъи давлат оварда мерасонад ва махсусгардӣ, ки боиси ташкили мақомоти давлатӣ мешавад. 
  • Назарияи зӯроварии пайдоиши давлат аз он бармеояд, ки асоси пайдоишу инкишофи давлатро истифодаи зӯрӣ, забти қабилаҳои дигар ташкил медиҳад. Намояндагони он Л. Гумплович, К. Каутский, Е. Дюринг ва диг. буданд. Аз нигоҳи яке аз асосгузорони назарияи сотсиологии давлат Людвиг Гумплович (асри XIX) давлат натиҷаи зӯроварӣ, забти қабилаҳо буда, ягонагии унсурҳои ба ҳам зид аст, ба монанди, ҳокимон ва идорашавандагон, ҷанобон ва ғуломон, ғолибон ва мағлубшудагон. На шартнома, на қувваи илоҳӣ, балки маҳз зуроварӣ, ҷангҳо, мубориза, афзалияти қувва сарчашмаи ягонаи ба вуҷуд омадани давлат аст. Давлат ташкилоти бо роҳи зӯроварӣ пайдошудаи ҳукмронии як қабила нисбати қабилаи дигар аст. Дар натиҷаи чунин зӯроварӣ қабила аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳкам шуда, ба каста, табақа ва синфҳо табдил меёбад.
  • Назарияи ирригатсионӣ. Онро олими муосири Олмон К.А. Виттфогел дар китобаш «Истибдоди Шарқӣ» асоснок намудааст. Моҳияти асосии ин назария он аст, ки зарурияти таърихӣ истеҳсолӣ ва амалияи сохтмони иншоотҳои ирригатсионӣ сабаби асосии пайдоиши давлатҳои Шарқ эътироф мешавад. Дар натиҷаи ривоҷи фаъолияти ирригатсионӣ (сохтмони обанборҳо, каналҳо ва ғ.) бо мақсади обёркунии замин синфи махсуси бюрократӣ ташаккул меёбад, ки онро Виттфогел менеҷментҳо номидааст. Ин синф бар болои тамоми ҷамъият меистад. Давлати истибдодӣ ташаккул мегардад, ки он тамаддуни гидравликӣ ё агроменеҷерӣ номида мешавад.
  • Назарияи марксистӣ пайдоиши давлатро бо тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, моликияти хусусӣ, пайдоиши синфҳо ва муборизаи синфӣ вобаста мекунад. Онро баъдан илми советӣ ба асос мегирад. Ин назария омилҳои моддиро дар пайдоиши давлат аввалиндараҷа мешуморад. Ҳамчунон омилҳои синфӣ низ ба асос гирифта шуда, мафҳуми синфии давлат ва аз ин лиҳоз муваққатӣ будани он ҷонибдорӣ мегардад.

[1] Ниг.: Аомади Дпниш. Асаропи мунтахаб (нашри русї). – Душанбе, 1976. – С.162–23

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.