Мафҳум ва моҳияти давлат

Нақшаи кор:

  1. Давлат ҳамчун ташкилоти (воҳиди  таркибии) ҷомеа. (Нишонаҳои  давлат)
  2. Мафҳуми давлат  дар  назарияи ҳуқуқии  давлат

Рӯйхати адабиёт:

  1. Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  2. Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  3. Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  4. Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  5. Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  6. Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  7. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1) Давлат ҳамчун ташкилоти (воҳиди  таркибии) ҷомеа. (Нишонаҳои  давлат)

      Давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва худудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.       Ҳамчун ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ давлат бо сиёсат алоқаманд аст. Сиёсат дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ва назарияҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ҳар хел маънидод мешавад. Мутафаккирони Юнони Қадим сиёсатро санъати идоракунии давлат меҳисобанд. Асосгузори илми сиёсии атиқа Арасту сиёсатро бо ахлоқ алоқаманд мекард, давлат бошад шакли олии умумияти сиёсии одамон (одамони озод ва аз нигоҳи сиёсӣ такомулгашта) ҳисоб мешуд. Назарияи сиёсии Арасту дар Шарқ ҷонибдорони худро пайдо мекунад. Форобӣ, Сино, Низомулмулк ва диг. сиёсатро ба ҳайси санъати давлатдорӣ мешинохтанд, ба ҳокими давлати сиёсӣ талаботҳои ахлоқӣ пешниҳод мекарданд. Масалан, Низомулмулк давлатҳоро ба боадолат ва беадолат тақсим намуда, мафҳуми адолатро аз маҷмӯи зарурии хислатҳои ахлоқӣ иборат медонад[1]

            Давлат – ташкилоти таркибии ҷомеа аст. Давлат ҳамчун ташкилоти таркибӣ аз мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор (дастгоҳи давлатӣ) иборат аст. Ин мақомот барои фаъолияташ (иҷрои вазифаҳо) аз усулҳои роҳбарии (идоракунии) ҳокимиятӣ бояд истифода барад (қонуну қарорҳои ҳукуматӣ қабул кунад, амру нишондодҳои ҳатмӣ диҳад), вагарна аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ фарқ намекунад. Аз ин нигоҳ, мақомоти давлатӣ – ин мақомоти ҳокомиятӣ буда, давлат ҳамчун ташкилоти таркибии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Давлат ташкилоти таркибии ҳуқуқӣ аст. Асосҳо ва тартиби ташкилу фаъолияти дастгоҳи ҳокимиятии давлатро ҳуқуқ ва қонунҳо муқаррар мекунанд. Мақомоти давлатӣ худсарона, бидуни ҳуқуқ таъсис шуда наметавонад.

      Давлат ташкилоти худудии ҷомеа аст.      Мафҳуми «давлат – ташкилоти ҳудудӣ» танҳо бо мансубияти давлатии одамон маҳдуд намешавад. Ғайр аз аҳолӣ, тамоми иншоотҳову иморатҳо, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои хавоӣ, обҳои баҳрӣ ва дарё, ки дар қаламрави давлат ҷойгиранд, мансубияти ҳудудӣ пайдо мекунанд. Агар давлат чун ташкилоти сиёсӣ шакли сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчун ташкилоти таркибӣ – ташкилоти (воҳиди) таркибии ҳокимияти сиёсӣ бошад, пас ба ҳайси ташкилоти ҳудудӣ давлат бо истилоҳи «кишвар», «Ватан», «мамлакат» ифода мешавад, яъне тобиши ҷуғрофӣ пайдо мекунад.

      Аз мафхуми давлат ҳамчун ташкилоти ҷомеа нишонаҳои фарқкунандаи давлат бармеоянд. Ба туфайли онҳо давлат аз ташкилотҳои иҷтимоии тодавлатӣ фарқ мекунад. 

     Якум, давлат намояндаи (ифодаи) сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.            Дуюм, давлат дорои дастгоҳи худ аст. 

      Сеюм, дар давлат ба ҷои мансубияти авлодӣ мансубияти ҳудуди шаҳрвандӣ пайдо мешавад. 

      Давлат унсури низоми (ҳаёти) сиёсии ҷомеа буда, якҷоя бо дигар унсурҳои (воҳидхои) сиёсӣ амал мекунад (аз қабили ҳизбҳо, созмонҳо ва ғ.). Вале давлат аз онҳо бо як қатор нишонаҳояш (хислатҳои хосаш) фарқ мекунад. 

         Якум, давлат дар қаламрави тамоми кишвар ҳокимияти ягонаи давлатиро амалӣ мекунад.

       Дуюм, давлат ташкилоти ҳокимиятии соҳибихтиёр аст. Соҳибихтиёрии давлат дар ду хислати асосии ҳокимияти давлатӣ зоҳир мегардад: 1) волоияти ҳокимияти ягонаи давлатӣ дар тамоми қаламрави давлат ва 2) мустақилияти ҳокимияти давлати миллӣ дар арсаи хориҷӣ.       

       Сеюм, давлат ваколати қонунии эҷоди ҳуқуқӣ дорад.

        Чорум, давлат дорои буҷаи умумидавлатӣ, низоми ягонаи андозу молия аст. Буҷаи давлат баҳри беҳдошти зиндагӣ, таъмини ҳаёти хуби одамон ташкилу сарфа мешавад. 

2)  Мафҳуми давлат  дар  назарияи ҳуқуқии  давлат

      Назарияи ҳуқуқии давлат охири асри XIX ҳамчун назарияи легалӣ (қонунпарастӣ) дар таркиби равияи позитивизми юридикӣ (Д. Остин дар Англия, К. Бергбом, П. Лабанд дар Олмон, А. Эсмен дар Франсия) ба вуҷуд омадааст. Бо назардошти мазмуни позитивиаш ин назария ҳуқуқӣ номида мешуд. Позитивизми юридикӣ давлатро бо усули шаклӣ-ҳуқуқӣ таҳлил карда, онро ҳамчун ташкилоти ҳуқуқӣ маънидод мекунад. Дар ин равия назарияҳои «давлати ҳуқуқӣ», «ҳукмронии ҳуқуқ», «худмаҳдудшавии ҳуқуқии давлат» истифода мешаванд.

      Назарияи легалӣ давлатро дар иртибот бо қонунгузорӣ меомӯзад. Он назарияи аналитикӣ (таҳлилӣ) буда, бо мақсади таҳлили нишонаҳои давлат назарияи «се унсурро» пешниҳод мекунад. Мувофиқи он давлат се нишонаи унсурӣ дорад: аҳолӣ, ҳудуд ва ҳокимияти давлатӣ.

      Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон назарияи ҳуқуқии (ғайрилегалии) давлат ташаккул меёбад. Аз нигоҳи ин назария, давлат – ташкилоти ҳуқуқии ҳокимият мебошад. Назарияи ҳуқуқии давлат давлати ҳуқуқиро эътироф мекунад. 

            Нишонаҳои давлат дар назарияи ҳуқуқии давлат мазмуну шарҳи нав пайдо мекунанд. Агар дар назарияи «се унсур» аҳолӣ нишонаи давлат бошад, пас назарияи муосири ҳуқуқӣ пояи (ташкилкунандаи) давлатро халқ меҳисобад, ки он умумияти этникӣ буда, ҳамчун барандаи соҳибихтиёрӣ ҳуқуқи худмуайянкунии сиёсӣ (ҳуқуқи ташкили давлати хешро) дорад. Ин ҳуқуқро ҷомеаи ҷаҳон эътироф мекунад. Конститутсияи Тоҷикистон низ аз ин нуқта бармеояд. Халқи Тоҷикистон, ки онро шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд, баёнгари соҳибихтиёрӣ аст (моддаи 6). Дар дебочаи Конститутсия омадааст, ки халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, таъмини соҳибихтиёрии давлати худро дарк намуда Конститутсияро қабул кардааст, ки он таъсискунандаи сохтори конститутсионии давлат мебошад.

      Нишонаи дигари давлат – ҳудуди он маънои ҷуғрофӣ пайдо мекунад. Ҳудуди давлат – кишварест, ки бо он миллат таърихан вобаста аст. Барои миллат ин ҳудуд Ватан аст.

            Маҳдудсозии ҳуқуқии давлат тавассути Конститутсияи ҳуқуқӣ таъмин мешавад. Дар натиҷа давлат шакли институтсионалӣ пайдо мекунад (табиати ҳуқуқии он дар қонуни асосӣ муайян мешавад). Чунин давлатро давлати конститутсионии демократӣ меноманд. Дар натиҷаи чунин маҳдудсозии конститутсионии давлат аз тарафи ҳуқуқ дар ҷомеа давлати иҷтимоии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад.

      Ҳамин тариқ, дар назарияи ҳуқуқии давлат дар асоси аз ҳам ҷудо кардани мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун мафҳуми ҳуқуқии давлат ҳосил мешавад. Мувофиқи он, давлат – шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст[2].        Дар асосои гуфтахои боло таърифи зерини давлатро пешкаш намудан мувофиқи мақсад аст: 

       Давлат, ба маънои васеъ, ин иттиҳоди шаҳрвандон аст, ки баҳри пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳаёти хушбахтонаи инсонӣ дар қаламрави таърихии аҷдодиашон, дар заминаи умумияти арзишҳои тамаддуниашон муттаҳид шудаанд.         Давлат, ба маънои маҳдудтар, ин ташкилоти соҳибихтиёри ҳокимиятист, ки дорои дастгоҳи давлатӣ буда, ҳокимитяи давлатиро баҳри амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои давлат ва идораи ҷомеа амалӣ мекунад.   


[1] Ниг.: Сиёсатнпма (тарљумаи русї) – М.-Л., 1949. – С.186–187.

[2] Ин тарзи тадќиќи илмии давлат ва мафоуми оуќуќии давлатрп В.С. Нерсесянс, В.А. Четвернин ва диг. љпнибдпрї мекунанд.

test

Добавить комментарий