Мафҳум ва асосҳои ҳуқуқии дастгоҳи давлат

Нақшаи кор:

  1. Мафҳум  ва  асосҳои ҳуқуқии  дастгоҳи  давлат 
  2. Таркиби  дохилии дастгоҳи  давлат
  3. Мақомоти молия дар дастгоҳи давлат

Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1) Мафҳум  ва  асосҳои ҳуқуқии  дастгоҳи  давлат 

            Дастгоҳи давлат – аз мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор иборат аст, ки функсияи ҳокимиятдориро амалӣ месозанд. Дастгоҳи давлатӣ воқеан дастгоҳи ҳокимиятӣ буда, воҳидҳои таркибии он аз номи давлат, ҳамчун намояндагони ҳокимият ваколатҳои ҳокимиятиро иҷро мекунанд.

      Аз ин ҷо аломатҳои асосии дастгоҳи давлат ҳосил мешаванд.

  1. Дастгоҳи давлат – дастгоҳи ҳокимияти давлатӣ (воҳиди таркибии ҳокимият) буда, вазифаи асосиаш – амалисозии ҳокимият аст.
  2. Дастгоҳи давлатӣ – дастгоҳи идоракунии сиёсӣ буда, бо танзиму идораи ҳаёти сиёсии ҷомеа машғул аст, тамоилҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайяну амалӣ мекунад.
  3. Дастгоҳи давлат – низоми томи мақомоти давлатӣ мебошад. Яклухтии дастгоҳи давлатро асосҳои ягонаи ташкилу фаъолияти он, мақсад ва вазифаҳои ягона, манфиатҳои умумидавлатӣ ташкил медиҳанд.
  4. Мақомоти давлатӣ – низоми мураккаби бисёрзинаро ташкил медиҳанд, ки дар он ҳар як мақом вобаста ба ваколатҳояш ҷои муайянро ишғол мекунад.
  5. Дастгоҳи давлат ҳам вазифаи идоракунии ҷомеа (идоракунии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ) ва хам вазифаи татбиқи чораҳои маҷбурсозии давлатиро иҷро карда, вобаста ба онҳо дар таркиби худ ду навъи мақомотро таъсис мекунад: мақомоти идоракунии давлатӣ (идоракунӣ – ба маънои васеъ, яъне давлатдорӣ) ва мақомоти маҷбурсозии ҳуқуқӣ.

          Бо мақсади таъмини ягонагӣ, муназзамӣ ва муташаккилии дастгоҳи давлатӣ асосҳои муайяни ҳуқуқии ташкилу фаъолияти он ҷой доранд ва бояд риоя шаванд. Онҳо ба 3 намуд ҷудо мешаванд:

  1. асосҳои умумиҳуқуқӣ, ки режими ҳуқуқиро дар фаъолияти дастгоҳи давлат таъмин мекунанд;
  2. асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ки ба дастгоҳи давлат муташаккилӣ ва муназзамӣ мебахшанд;
  3. асосҳои таъмини ҳуқуқӣ, ки дахлнопазирӣ ва амнияти мақомоти давлатиро (алалхусус, дар шароити вазъияти фавқулодда, амалиётҳои ҷангӣ, бесарусомонии ҷомеа ва ғ.) таъмин месозанд.

      Асосҳои умумиҳуқуқии ташкилу фаъолияти дастгоҳи давлат инҳоянд:       а) волоияти ҳуқуқ;

      б) сарварии қонуни ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама Конститутсияи ҳуқуқӣ;

      в) қонунияти ҳуқуқӣ;

      г) қонунияти конститутсионӣ ва адолати судии конститутсионӣ.

      Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ аз нуқтаҳои зерин иборатанд:

      а) таҷзияи ҳокимят ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ки ба фаъолияти худсаронаи мақомоти давлат имкон намедиҳад;

      б) таъсиси мақомоти давлат ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ба назардошти адолати иҷтимоӣ, баробарии ҳуқуқӣ ва миллӣ;

      в) вобастагии байни хизмати давлатӣ ва донишҳои инсонӣ; сатҳи баланди сиёсӣ-назариявии кормандони дастгоҳи давлатӣ; ҷудонашаванда будани илм ва амалия; истифодаи васеи мутахассисон дар фаъолияти давлатӣ[1];

      г) асосҳои демократии фаъолияти дастгоҳи давлат (интихобӣ будани баъзе мақомҳо, алалхусус, президент ва мақоми олии қонунгузор, ошкорбаёнӣ дар фаъолияти давлатӣ, воқиф кардани аҳолӣ аз ҷойивазкунии кадрҳо ва ғ.).

      Асосҳои таъмини ҳуқуқиро он кафолатҳое ташкил медиҳанд, ки дар мавриди зарурӣ фаъолияти мӯътадили дастгоҳи давлатро ташкил медиҳанд. Ин кафолатҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) чораҳои маҷбурсозии ҳуқуқӣ (чораҳои огоҳсозӣ, пешгирсозӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, ҳуқуқбарқароркунӣ); 2) шаклҳои махсуси фаъолияти давлатӣ оид ба истифодаи ин чораҳо (адолати судӣ, назорати прокурорӣ, фаъолияти гумрукӣ ва ғ.);  3) муассисаҳои таъмини ҳуқуқӣ, ки иҷрои чораҳои маҷбурсозиро таъмин мекунанд (ҳибсхонаҳо, ҷойҳои аз озодӣ маҳрумӣ ва ғ.); 4) воҳидҳои махсуси зӯроварӣ (қувваҳои мусаллаҳ, қисмҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва ғ.). 

2) Таркиби  дохилии дастгоҳи  давлат

      Дастгоҳи давлат мураккаб буда аз ду унсури асосӣ иборат аст, ки воҳидҳои таркибии он мебошанд. Унсурҳои асосии дастгоҳи давлатӣ: 1) мақомоти давлатӣ ва 2) шахсони мансабдори давлат мебошанд.

      Мақоми давлатӣ – унсури таркибии дастгоҳи давлат буда, аз ашхоси мансабдор иборат аст ва тавассути ваколатҳои ҳокимиятӣ вазифаи муайяни давлатиро иҷро мекунад. Мақомоти давлат хислатҳои зерин доранд:

  1. бо тартиби муқарраркардаи қонун таъсис мешаванд; тартиби ташкилу фаъолияти мақомоти олиро Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ муайян мекунанд.
  2. ваколатҳои ҳокимиятиро ба иҷро мерасонанд; чораҳои таъсиррасонии муташаккилона, аз он чумла чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ татбиқ мекунанд; санадҳои маъёрӣ ва фардӣ қабул мекунанд, ки барои иҷроиш ҳатмиянд;
  3. шаклу намудҳои махсуси фаъолият доранд (масалан, адолати судӣ барои судҳо, назорати прокурорӣ барои прокуратура, кофтукови ҷиноӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ва ғ.);       4) сохти дохилии худро доранд;

      5) мақомҳои ҷудогонаи давлатӣ низоми муташаккилонаи худро доранд; масалан, тамоми судҳо як низоми судиро ташкил медиҳанд; баъзе мақомҳо низоми марказонидашударо ташкил медиҳанд, масалан, мақомоти прокуратура.       Шахсони мансабдори давлат низ унсури дастгоҳи давлат буда, тавассути ваколатҳои ҳокимиятӣ вазифаҳои давлатиро иҷро мекунанд. Ду гурӯҳи ашхоси мансабдор ҳаст: 1) шахсони мансабдори бевосита давлат, ки аъзо ё вобастаи ин ва ё он мақоми давлатӣ набуда, мустақиман ба давлат сарвари мекунанд (чунончи, Президент) ва 2) шахсони мансабдори мақомоти ҷудогонаи давлат, ки аъзои мақоми муайяни давлатӣ буда, ваколатҳои ҳокимиятиашон на умумидавлатӣ, балки соҳавӣ ё байнисоҳавӣ аст. Айни замон президент низ мақоми олии давлат ҳисобмешавад.

       Мақомоти давлат бо мақсади иҷрои вазифахояшон муассисаҳои давлатӣ (дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ғ.), воҳидҳои низомӣ (дар ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ), муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноиро таъсис медиҳанд. Дар ҳар як давлат Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил мешаванд, ки барои дифои давлат, таъмини амнияти он хизмат мекунанд. Қувваҳои Мусаллаҳ дар тобеияти Вазорати мудофиа буда, ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи давлат мебошанд. Бо назардошти аҳамияти давлатии Қувваҳои Мусаллаҳ дар бисёр давлатҳо (аз чумла Тоҷикистон) Президент Сарфармондеҳи Олии онҳо мебошад. Ҷои муҳимро дар низоми мақомоти давлат мақомҳои ҳифзи ҳуқуқ соҳибанд, ки дар таҳкими қонуният саҳми ҳалкунанда доранд.

      Мақомоти давлатӣ бо назардошти асосҳои мухталиф ба намудҳои  ҷудогона тақсим мешаванд.

      I. Таснифи конститутсионӣ, яъне намудҳои ҷудогонаи мақомот ва аз он ҷумла ашхоси мансабдор, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудааст. Мувофиқи Конститутсияи Тоҷикистон дар кишвари мо намудҳои зерини мақомоти давлат амал мекунанд:

  1. Маҷлиси Олӣ (мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор), ки аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст;
  2. Президент (сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумат);
  3. Ҳукумат (иборат аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ);
  4. мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия – ҳамчун мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва раисони вилоят, шаҳр ва ноҳия – ҳамчун намоядагони Президент ва намояндагони ҳокимияти иҷроия, яъне ашхоси мансабдор дар миқёси воҳидҳои муайяни марзӣ-худудӣ);
  5. Суд (Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия);
  6. прокуратура (Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он).

      Дар баробари он, таснифи илмӣ дар адабиёти илмии ҳуқуқӣ ҷой дорад, ки аҳамияти назариявӣ дорад.

  1. Вобаста  ба  соҳаи  фаъолияти  ҳокимиятӣ  мақомоти:  1) олӣ  ва 2) маҳаллӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Мақомоти олӣ (Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати ҷумхурӣ) дар тамоми қаламрави давлат ва мақомоти маҳаллӣ (Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ғ.) дар худуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор (вилоят, шаҳр, ноҳия) амал мекунанд.
  2. Аз нигоҳи салоҳият ва миқёси ҳокимиятдорӣ ашхоси мансабдори давлат низ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) Президент (сарвари давлат ва Ҳукумат) ва 2) раисони вилоят, шаҳр, ноҳия (намояндагони Президент дар маҳалҳо).
  3. Аз нигоҳи тарзи ташкилшавӣ мақомоти давлат ва ашхоси мансабдор ду хел мешаванд: 1) мақомоте, ки ваколатҳои ҳокимиятиро аз интихобкунандагон (масалан, Маҷлиси Олӣ) ё ба тариқи меросӣ соҳиб мешаванд (чунончи, ҳокимияти монарх дар Британияи Кабир, Япония ва ғ. меросӣ аст) ва 2) мақомоте, ки аз ҷониби мақомоти ё ашхоси мансабдори гурӯҳи аввала (интихобӣ ё меросӣ) ташкил мешаванд (Ҳукумат, суд, прокуратура).
  4. Вобаста ба ҳаҷми салоҳият мақомоти давлат ба: 1) дорои салоҳияти умумӣ (Ҳукумат) ва 2) салоҳияти махсус (вазоратҳо) ҷудо мешаванд.
  5. Бо назардошти тартиби ташкилшавӣ мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор ба ду намуд тақсим мешаванд: 1) интихобӣ, ки интихоб мешаванд

(Маҷлиси Олӣ, Президент ва ғ.) ва 2) таъйиншаванда (Ҳукумат, раиси вилоят ва ғ.).

  • Дар асоси тарзи фаъолият мақомоти: 1) коллегиалӣ ва 2) яккасардорӣ амал мекунанд. Мақомоти гурӯҳи якум қарорҳои муҳимми ҳокимиятиро ба тариқи коллегиалӣ (масалан, суд ҳукмро ба таври дастҷамъӣ мебарорад) ва гурӯҳи дуюм ба таври амри шахси мансабдори босалоҳият қабул мекунад (чунончи, санадҳои назорати прокурорӣ). Дар айни замон, як мақом ба тариқи ҳам коллегиалӣ ва ҳам яккасардорӣ амал карда метавонад.
  • Ғайр аз таснифи конститутсионӣ ва илмӣ боз таснифи ташкилӣ-ҳуқуқӣ ҷой дорад, ки дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо гузаронида мешавад. Ин тасниф аз Конститутсия (масалан, моддаи 9 Конститутсияи Тоҷикистон) бармеояд ва аҳамияти конститутсионӣ дорад. Вобаста ба таҷзияи ҳокимиятҳо се намуди мақомоти давлат ҷой дорад: 1) мақоми қонунгузор (парламентҳо, дар Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ); 2) мақомоти иҷроия (Президент, ҳукумат ва аъзои он вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти махаллии иҷроия); 3) мақомоти судӣ (суди конститутсионӣ, судҳои олӣ ва поёнӣ, судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ).

3) Мақомоти молия дар дастгоҳи давлат

Вазорати молияи ҶТ мақомоти ҳокимияти иҷроияи дорои салоёияти махс.с: ҷузъи таркибии механизми давлатӣ буда, аз хизматчиёни давлатие иборат аст, ки барои фаъолияти молиявӣ, яъне раванди аз рӯи нақша ташкилу тақсим, истифодаву назорат кардани фондҳои  маблағ ваколатҳои омиронаи давлатӣ (давлатдорӣ) доранд.

Механизми давлат ба воситаи мақомоти муайяни давлатӣ, аз ҷумла, молиявӣ низ амал мекунад, вале вазифаи андозбандӣ, вазифаи иқтисодӣ, вазифаи ҳифзи ҳуқуқ ва баъзе вазифаҳои дигар ба воситаи Вазорати молия ба иҷро мерасанд. Агарчанде, албатта,  дар иҷрои ин вазифаҳо на танҳо мақомоти молия иштирок доранд.

Дар шахсияти Вазорати молияи ҶТ, ба маънои васеи ибора, метавон ҳамаи мақомоти давлатиеро нисбат дод, ки ба ҷуз ваколатҳои дигарашон, таъсису тақсим ва истифодаи фондҳои маблағ аз ваколатҳои онҳост. Чунончӣ, фаъолияти молиявӣ ба зиммаи: мақомоти интихобшавандаи ҳокимият, ки қонунҳои буҷетро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ мекунанд; Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷетро таҳия ва иҷро мекунад; мақомоти давлатие ёаст, ки бинобар иҷрои кору вазифаҳои асосии худ бо фаъолияти молиявӣ машғуланд (ҳамаи вазоратҳо, субъектҳои хоҷагидор ва ғайра).

Ба ҷумлаи мақомоти давлатие, ки фаъолияти молиявӣ барояшон фаъолияти асосӣ бошад, инҳо шомиланд: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶумҳурииТо\икистон; Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶумҳурииТо\икистон; Хадамоти назорати суғурта; Агентии назорати давлатии молиявы ва мубориза бо коррупсияи ҶумҳурииТоҷикистон; Хазинадорӣ; Бонки миллии Тоҷикистон.

Вазорати молия мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлатии молиявӣ, қарзӣ, пулиро ба амал бароварда, дар соҳаи молия, аз ҷумла дар соҳаи буҷет, андоз, суғурта, асъор, соҳаи қарзи давлатӣ, фаъолияти аудиторӣ, ҳисобрасӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ ва ҳоказо танзими меъёрии ҳуқуқиро ба роҳ мемонад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дар тобеияти он будаи хадамоти назорати суғурта, хадамоти назорати молиявию буҷетӣ, хадамоти мониторинги молиявӣ ва хазинадориро ҳамоҳанг гардонида, таҳти назорат мегирад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми молиявӣ мақоми махсус дорад. Вай мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои бозрасӣ ва назоратро ба риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз ва андозбанды, ба дуруст ҳисоб кардан, пурра ва сари вақт ба буҷети дахлдор гузаронидани маблағи андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дуруст ҳисоб кардан, пурра ва сари вақт ба буҷети дахлдор гузаронидани маблағи пардохтҳои ҳатмӣ ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулот баҷо меоварад.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба: риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи андоз; ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети дахлдор гузаронидани маблағи пардохтҳои ҳатмӣ; пешниҳоди эъломия (декларатсия); ҳаҷми истеҳсоли спирти этилӣ; амалиёти асъорӣ; гузаронидани бозии лотерея назорат мекунад. Ғайр аз ин, мақомоти андоз бо иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи доир ба масъалаҳои андозбанди, аз xумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо; ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва eҳдадориҳояшон; сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз; соҳибкорони инфиродиро аз қайди давлатӣ мегузаронанд, андозсупорандагонро ба ҳисоб мегиранд, шаклу намунаи ҳисоботдиҳии андозро муқаррар   менамоянд.

Вазифаҳои мақомоти гумрук ба вазифаҳои мацомоти андоз монанданд. Хадамоти гумрук мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои бозрасӣ ва назоратро дар фаъолияти гумрук ва ҳамчунин вазифаҳои гумоштаи (агенти) назорати асъор ва вазифаҳои махсусро оид ба мубориза бо қочоқ, дигар ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баҷо меоваранд. Аз ҷумла, мақомоти гумрук боҷу хироҷи гумрукӣ, боҷи зиддидемпинг, махсус ва ҷубронӣ, ҳақпулии гумрукиро меситоннад, ҳисоби дуруст ва сари вақт пардохтани боҷу андоз ва ҳақпулиҳоро назорат мекунанд, барои маҷбуран ситонида шудани ин пардохтҳо чора мебинанд. Ғайр аз ин, онҳо дар доираи салоҳияти худ ба амалиёти вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Точикистон назорати асъорӣ мекунанд. Ба ҳамин тариқ, мақомоти гумрук вазифаи амин, хазинадорӣ, вазифаи назоратро баҷо меоваранд ва бо ҳамин дар иҷрои вазифаи ҳифзи ҳуқуқ иштирок менамоянд.

Агентии назорати давлатии молиявы ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистонмақомоти ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои бозрасӣ ва назоратиро дар соҳаи молиявӣю буҷетӣ  ва ҳамчунин вазифаи мақоми назорати асъорро баҷо меоварад. Вай истифодаи маблағи буҷети ҷумҳурӣ, маблағи фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ ва инчунин арзишҳои моддии моликияти давлатӣ; аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо риоя шудани қонунгузории асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи санадҳои мақомоти танзими асъор ва назорати асъор, инчунин мутобиқати амалиёти асъориро ба шартҳои иҷозатномаю рухсатномаҳо; риояи талаботи қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи баҳраварони кӯмаки молявӣ аз буҷети давлатӣ, кафолатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кредитҳои буҷетӣ, қарзҳои буҷетӣ ва сармоягузориҳои буҷетӣ ва ғайраро бозрасӣ ва назорат мекунад. Ба ҳамин тариқ, вазифаи асосие, ки Агентии назорати давлатии молиявы ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҷо меоварад, ҳифзи ҳуқуқ ва назорат мебошад.

Хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти хадамоти давлатии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқро оид ба таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, хизматгузории кассавии иҷрои буҷетҳои низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати пешакӣ ва ҷорӣ ба доду ситади маблағи буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Таҳлили ваколатҳои хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он вазифаи маъмур ва назоратро баҷо меоварад, аз тақсими маблағи буҷет ва назорат ба хароҷоти он иборат аст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми мақомоти молиявӣ мақоми хоса дорад. Расман Бонки миллии Тоҷикистон  мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳисоб намеёбад – на мақомоти қонунгузорӣ аст ва на мақомоти иҷроияю судӣ – ва кормандони он хизматчиёни давлатӣ намебошанд. Аммо дастгоҳи маркази Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи давлат ташкил карда мешавад. Бинобар ин ҳоло масъалаи муайян кардани вазъи ҳуқуқии он ба миён омадааст. Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия сиёсати ягонаи давлатии пулию кредитиро муайян ва амалӣ менамояд; ба таври инҳисорӣ эмиссияи пули нақдро амалӣ мегардонад ва муомилоти пули нақдро ба роҳ мемонад; барои ташкилотҳои кредитӣ кредитори (қарздеҳи) зинаи охирон мебошад, низоми аз нав маблағгузорӣ кардани онҳоро ташкил менамояд; қоидаҳои ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад; қоидаҳои гузаронидани амалиётҳои бонкиро муқаррар менамояд; хизмати суратҳисобҳои буҷетҳои ҳамаи сатҳҳои низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад; захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистонро оқилона идора мекунад; бо фаъолияти иҷозатномадиҳӣ машғул мешавад; ташкилотҳои кредитдеҳро назорат мекунад; танзими асъор ва назорати асъорро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад ва ғайра.

Хадамоти назорати суғурта аз тарафи субъектҳои суғурта риоя шудани қонунгузории суғурта, талаботи қонунгузории суғуртаро иҷро кардани шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеӣ назорат мекунад, дурустии ҳисоботи пешниҳодкардаи субъектҳои суғуртаро тафтиш менамояд, дар бораи додан ё надодан, бекор ва маҳдуд намудан, боздоштан, аз нав ба фаъолият шурӯъ кардан ва аз тарафи субъектҳои суғурта бозхонда шудани иҷозатнома қарор қабул мекунад.


[1] Бпяд гуфт, ки алпќамандии илму сиёсатмадпрї – яке аз анъанаопи муоими сиёсии афкпри фпрсу тпљик аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.