Навъҳои таърихии давлат

Нақшаи кор:

  1. Навъбандии  давлат  аз  нигоҳи назарияи  форматсионӣ
  2. Пешрафти  ҷомеа  ва  давлат дар  назарияи  тамаддунӣ

Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1.  Навъбандии  давлат  аз  нигоҳи назарияи  форматсионӣ

      Навъбандии давлатҳо, яъне аз ҳам ҷудо кардани навъҳои таърихии давлат – масъалаи марказии назарияи давлат аст. Навъбандӣ – усули таснифи илмӣ буда, мисли хама гуна таснифи илмӣ асосҳои муайянро (маҳаки илмии таснифиро) металабад. Дар илми муосир чунин асосҳо ва умуман таснифи илмии давлатҳоро ду назария пешниҳод мекунанд: 1) назарияи форматсионӣ ва 2) назарияи тамаддунӣ.

       Назарияи форматсионӣ вобаста ба 4 навъи тарзи истеҳсолот (ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ, сотсиалистӣ) 4 навъи таърихии давлатҳоро аз ҳам ҷудо мекунад: 1) ғуломдорӣ, 2) феодалӣ, 3) буржуазӣ, 4) сотсиалистӣ. Ин давлатҳо ҳамчунон бо омили сиёсӣ – иҷтимоӣ, яъне сохти синфии ҷамъият фарқ мекунанд. Ба 4 ҷамъияти синфӣ – 4 навъи зикргаштаи давлат мувофиқанд. Давлат бо синфҳо алоқаманд карда мешавад.

      Назарияи форматсионӣ як марҳилаи калон ва муҳими таърихиро фаромӯш кардааст (ба инобат намегирад), ки бо тарзи истеҳсоли осиё алоқаманд аст. Тарзи истеҳсоли осиё марҳилаи тӯлонии таърихӣ буда, аз замони таъсиси аввалин давлатҳо то замони капитализм (қисман) инкишоф ёфтааст. Хислатҳои тарзи истеҳсоли осиё дар кишварҳои Осиё, Африка, Америкаи Лотинӣ, Европаи Шарқӣ, давлатҳои сотсиалистӣ боқӣ монданд.

      Тарзи истеҳсоли осиё ва давлатҳои ба он мувофиқи шарқӣ хусусиятҳои  фарқкунанда  (аз  дигар  навъи  давлат)  доранд:  1) асоси иҷтимоии онҳоро ҷамоаи зироатпарварон ташкил медод, ки бевосита бо давлат вобастагӣ дошт; 2) замин ва об (воситаҳои  асосии истеҳсолот) моликияти давлатӣ буданд; 3) асоси иқтисодии онҳо моликияти давлатӣ ва меҳнати коллективӣ буданд; 4) ҳокимият марказонида шуда, мансуби шоҳ буд, дастгоҳи давлат аз шоҳ, атрофиёнаш ва амалдорони маҳаллӣ иборат буд.

2.  Пешрафти  ҷомеа  ва  давлат дар  назарияи  тамаддунӣ

     Назария ва тарзи таҳлили тамаддунӣ ба мафҳуми тамаддун асос меёбад.

Нисбати он дар адабиёти илмӣ таърифҳои зиёд аз ҷониби мутафаккирон (О. Шпенглер, А. Тойнби, М. Вебер ва диг.) дода шудаанд. Мувофиқи як аз мафҳумхои қобили қабул: «Тамаддун ин ягонагии таърихан ташаккулёфтаи маданияти моддӣ ва маънавӣ, натиҷаи вуҷудияти тӯлонии умумияти устувори этнодемографӣ мебошад»[1]. Шумораи тамаддунҳои инсонӣ зиёд аст. Бо ақидаи файласуф ва таърихшиноси англис А. Тойнби дар таърихи ҷаҳонӣ 26 тамаддун маълум аст: мисрӣ, хитоӣ, арабӣ, эронӣ ва

ғ.[2] Дар баробари ин тамаддуни глобалии заминӣ ҷой дорад, ки мафҳуми онро маҷмӯи меъёрҳои рафтор, арзишҳои инсоният оиди кайҳон ташкил дода, вуҷуд доштани дигар тамаддунҳои кайҳониро дар назар дорад. Намудҳои тамаддунҳои ҷудогонаи заминӣ дар асоси омили динӣ низ ҷудо карда мешаванд, аз кабили тамаддунҳои ҳиндуӣ, насронӣ, буддӣ, арабӣмусулмонӣ.

      Дар илми муосир пешрафти ҷомеа бо назардошти ҳам фаҳмиши форматсионӣ ва ҳам тамаддунӣ маънидод мешавад. Яъне, омилҳои моддӣ ва маънавӣ ба инобат гирифта мешаванд. Вале нақшу мазмуни онҳо ҳар хел аст. Омилҳои моддӣ бештар тағйирёбанда ва омилҳои маънавӣ устувортаранд.

      Давлатҳои муосири ҷаҳон дар Шарқ муносибатҳои иқтисодии капиталистиро ҷорӣ карданд, вале онҳоро мутобиқи тамаддуни хеш қарор доданд. Масалан, Япония, ки таҷрибаи онро «мӯъҷизаи японӣ» меноманд, дар баробари ташкили капиталистии меҳнат байни аъзоёни ҷомеа муносибатҳои анъанавии патерналиро, ҳамчунон ҳокимияти императориро нигоҳ дошта, мустақилияти хоси худро исбот намуд. Болоравии давлатҳои Халиҷи Форс солҳои 80-м (ки онро «беназирии арабӣ» меноманд) исбот кард, ки навъбандии марксистии форматсионӣ маҳдуд буда, ҷавобгӯи талаботҳои муосир нест. Давлатҳои Шарқ (алалхусус, арабӣ) мустақилияти худро, новобастагии хешро ба навъҳои давлатҳои европоӣ (капитализм ё сотсиализм) исбот намуданд.

      Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, махсусан дар натиҷаи ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии Иттифоқи Советӣ ба давлатҳои Шарқ ин ҷо таваҷҷӯҳ нисбати сотсиализм ва ҳамчунон капитализм (бо назардошти пешравии иқтисодии онҳо) меафзояд. Ҷонибдорони ҷамъияти сотсиалистӣ («иштирокийя», яъне «иштироки ҳама») ва капиталистӣ («расмалийя», яъне сарварии бойҳо) пайдо мешаванд. Аммо як қатор ислоҳотҳо натиҷаи муфид намебахшанд. Илова бар он, моҳиятан назарияҳои сотсиализм ва капитализм ҷавобгӯи манфиатҳо ва мафкураи одамони Шарқ, алалхусус, арабҳо набуданд. Ақидаҳои атеистӣ, диктатураи пролетариат, инкори моликияти хусусӣ дар марксизм ва ҷонибдории принсипи фардийят (ва оқибати он – худпарастӣ) дар назарияи буржуазӣ ба психологияи мардуми араб мувофиқ набуд. Дар афкори сиёсӣ равияи «тараққиёти аслӣ» (Иброҳим ибн Али ал-Вазир аз Яман, Муҳаммад Бакр ас-Садр аз Ироқ, Зиё ид-Дин Сардор аз Арабистони Саудӣ) ташаккул меёбад, ки дар шароити муосир эҳё намудани тамаддуни аслии арабиву мусулмониро ба миён гузошта, сотсиализм ва капитализмро мутлақо инкор менамояд. Ғарб аз Шарқ ҷудо карда шуда, ҳамчун тамаддуни европоии насронӣ баҳо дода мешавад. Марксизм ва сотсиализм ҷузъи ин тамаддун ҳисоб мешаванд. Назарияи «роҳи сеюми инкишоф» пешниҳод мешавад, ки ҳам капитализм (роҳи якум) ва ҳам сотсиализмро (роҳи дуюм) рад мекунад. Кӯшиши амалӣ кардани ин назария дар Ливия ба харҷ дода шудааст. Сарвари он Муаммори Қаддофӣ бо назарияи «сеюми ҷаҳонӣ» баромад менамояд, ки дар асараш «Китоби сабз» инъикос ёфтааст.

      Барои ривоҷи ақидаи инкишофи мустақил болоравии давлатҳои Шарқ солҳои охир («мӯъҷизаи японӣ», «беназирии арабӣ») асос гузоштанд. Ҳоло дар Шарқ марказҳои нави сарварӣ ташаккул ёфтаанд. Чунончи, яке аз онҳоро «чор аждар» меноманд, ки ба он Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Таиланд, Сингапур мансубанд. Маркази дигарро иттифоқи давлатҳои монархӣ таҳти сарварии Арабистони Саудӣ ташкил медиҳад. Назарияи «иқтисоди миллӣ», аз он ҷумла «иқтисоди исломӣ» пешниҳод шудааст ва бо максади амалӣ кардани он Бонки исломии тараққиёт фаъолият дорад. Дар айни замон ақидаву назарияҳое пешбарӣ мешаванд, ки истифодаи технологияи пешқадами Ғарбро, дастовардҳои прогресси илмӣтехникиро, бунёди иқтисоди омехтаро талаб мекунанд.

      Ҳамин тариқ, дигаргуниҳои куллӣ дар олами муосир дар охири асри XX, алалхусус болоравии кишварҳои Шарк, аз ҷумла кишварҳои араб, роҳи мустақилонаи инкишофи онҳо маҳдудияти назарияи форматсионӣ ва зарурияти истифодаи фаҳмиши тамаддуниро исбот мекунанд. Дар давлатҳои, масалан, араб қонунҳои исломӣ амал мекунанд, низоми сиёсии теократӣ ҳукмрон аст, ҳокимияти динӣ ва дунявӣ ҷудонашавандаанд. Нисбати чунин давлатҳо истифодаи мафҳумхои «навъи буржуазӣ», «навъи сотсиалистӣ» мумкин нест. Дар Шарқ тамаддуни хоси шарқӣ ва дар дохили он тамаддунҳои арабӣ-мусулмонӣ, эронӣ, ҳинди ва ғ. таърихан ташаккул ёфтаанд ва аз тамаддуни ғарбӣ фарқи куллӣ доранд. Новобаста аз истифодаи намунаҳои гуногуни тараққиёти иқтисодии ғарбӣ Шарқ ҳамеша Шарқ боқӣ мемонад. Дар шароити истифодаи технологияи ғарбӣ, муносибатҳои иқтисодии ғарбӣ тамаддуни шарқӣ бетағйир аст. Чунончи, бо ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия (нимаи дуюми асри XIX) ва сохтмони сотсиализм дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла Тоҷикистон (солҳои 1917 – ибтидои с. 90-м) ашъори Рӯдакиву Ҳайём, фарҳанги ғании миллӣ аз байн нарафтанд ва ҳамон як мазмуни худро нигоҳ доштанд. Новобаста аз сиёсати атеистӣ дар Тоҷикистони Советӣ ислом дар шуури одамон боқӣ монд. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон анъанаҳои миллиро бедор кард. Замони эҳёи фарҳанги таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ оғоз гардид. Ба ибораи дигар, муносибатҳои иқтисодии сотсиалистӣ (ки дар зарфи бештар аз 70 сол ташаккул ёфтанд) дар натиҷаи парокандашавии ИҶШС дар як муддати кӯтоҳ аз байн рафтанд, аммо унсурҳои тамаддунӣ боқӣ монданд, қисме аз онҳо аз нав эҳё гардид. Ин ҳолат аҳамият ва зарурияти истифодаи нигориши тамаддуниро ба ҳаёт исбот мекунад.  

Шаклҳои давлат

Нақшаи кор:

  1. Шакли  давлатдорӣ  ҳамчун  масъалаи абадии  афкори  ҷомеа
  2. Шаклҳои  идоракунӣ
  3. Шаклҳои  сохти  давлатӣ
  4. Режими  сиёсӣ

Рӯӣхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1.  Шакли  давлатдорӣ  ҳамчун  масъалаи абадии  афкори  ҷомеа

      Шакли давлат яке аз масъалаҳои анъанавии фалсафа ва илми ҳуқуқӣ мебошад. Қариб ҳамаи мутафаккирон оиди он ибрози ақида намудаанд.       Ҳанӯз дар ҷамъиятҳои қадим одамон дар ҷустуҷӯи шакли бехтарини давлатдорӣ буданд. Аз ҷумла, дар «Авасто» шоҳигарии ормонӣ тарғиб мешуд, ки он ҷо ҳаёти осудаҳолона ва хушбахтона ҳукмрон буда, зиддияту зӯроварӣ ҷой надорад. Мутафаккирони юнонӣ ва римӣ вобаста ба миқдори ҳокимиятдорон се шакли давлатро ҷудо мекарданд: ҳокимияти шоҳӣ, аристократия ва демократия. Асосҳои гуногуни таснифи шаклҳои давлат истифода мешаванд: принсипи қонуният (Афлотун), манфиатҳои чамъиятӣ ва шахсӣ (Арасту) ва ғ. Дар ин минтақа мафҳуми «шакли омехтаи давлат» пешниҳод мешавад, ки чун давлати беҳтарин тарафҳои хуби шоҳигарӣ, аристократия ва демократияро дар худ муттаҳид мекунад. Шаклҳои беҳтарини давлат бо принсипи ҳукмронии хирадмандон, иштироки шаҳрвандон дар давлатдорӣ ё таъмини манфиатҳои умумии ҳуқуқӣ алоқаманд карда мешаванд.

      Дар асрҳои миёна вобаста ба шакли идоракунии монархӣ, ки хоси давлатҳои феодалӣ буд, монархияҳои мутлақ ва сиёсӣ (Фомаи Аквинӣ), интихобӣ ва меросӣ (Марсилий Падуанӣ) аз ҳам ҷудо карда мешаванд. Дар айни замон дигар шаклҳои давлат (аристократия, олигархия, демократия ва диг.) низ таҳлил мешаванд (Н. Макиавелли). Дар давраи инкилобҳои буржуазӣ ва замони сохтмони капитализм, ҷумҳурии демократӣ ва монархияи конститутсионӣ шаклҳои хуби давлатдорӣ эътироф мешаванд (Ш.Л. Монтескйе, Гегел ва диг.). Шакли давлат бо ақидаҳои нави ин замона, пеш аз ҳама таҷзияи ҳокимиятҳо, озодиҳои сиёсӣ ва шахсӣ вобаста карда мешавад. Барои таснифи шаклҳои давлат асосҳои гуногун истифода мешаванд (шумораи ҳокимиятдорон, қонуният, таъмини озодӣ ва ғ.). Ш.Л. Монтескйе нисбати шакли давлат омили ҷуғрофиро истифода мебарад. Мафҳуми шакли давлат васеъ мегардад. Дар баробари шакли идоракунӣ (монархия, ҷумҳурӣ) унсури дигар – ташкили марзии ҳокимият мегардад (давлатҳои унитарӣ, федеративӣ). Принсипҳои сохти марзии давлатдорӣ дар баъзе давлатҳо амалӣ мешаванд (масалан, дар ШМА).

      Масъалаи шакли давлат дар маркази таваҷҷӯҳи мутафаккирони Шарқ низ буд. Форобӣ, Сино, Низомулмулк, Захирии Самаркандӣ, Ҷомӣ, Дониш, ҳамзамонону пайравони онҳо ба таҳлили шакли давлатдорӣ эътибори муҳим медоданд. Дар ашъори онҳо шаклҳои идоракунии яккаҳокимияти (шоҳигарӣ) ва ҳокимиятдории хирадмандон (Форобӣ), шоҳигарии меросӣ ва интихобӣ (Ҷомӣ), шоҳигарии боадолат ва беадолат (Низомулмулк) ва ғ. таҳлил шудаанд.

            Дар назарияи давлат зери мафҳуми шакли давлат – мансубияти субектии ҳокимияти давлатӣ, ташкили марзии он, тарзу усулҳои амалисозии он фаҳмида мешавад. Вобаста ба 3 унсури шакли давлат (субекти ҳокимият, ташкили худудӣ ва тарзи амалисозии он) шакли идоракунӣ, шакли сохти давлатдорӣ ва режими сиёсӣ аз ҳам фарқ карда мешаванд.

2.  Шаклҳои  идоракунӣ

       Шакли идоракунӣ – ин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ аст. Шакли идоракунӣ мансубияти ҳокимияти давлатӣ (ба ҳоким ё мақоми давлатӣ), тартиби ташкили мақомоти давлатӣ, муносибати ҳамдигарии онҳоро, сатҳи иштироки аҳолиро дар ташкили мақомоти ҳокимиятӣ муайян месозад.

      Шакли  идоракунӣ  ду  намуд  мешавад:  1) монархия  ва  2) ҷумҳурӣ.

      Монархия – шакли идоракуниест, ки дар шароити он ҳокимияти давлатӣ мансуби ҳокими яккасардор (шоҳ, султон, амир, корол, император, королева ва ғ.) аст. Монархия намудҳои ҷудогона дорад: а) монархияи мутлақ, б) монархияи маҳдуд. Дар шароити монархияи мутлақ ҳокимияти монарх номаҳдуд аст.      Монархияи маҳдуд – шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимияти монарх бо мақомоти давлат маҳдуд шудааст. Як намуди монарҳияи маҳдуд – монархияи табақавӣ-намояндагӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти монарх бо мақомоти табақавӣ («табақаи сеюм»), аз қабили штатҳои генералӣ дар Франсия, ҷоми земавӣ дар давлати Рус ва ғ. маҳдуд мешавад. Намуди дигари монархияи маҳдуд – монархияи конститутсионӣ мебошад, ки дар шароити он ҳокимияти монарх дар асоси ҷорӣ кардани принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо маҳдуд мегардад.

      Ҷумҳурӣ – шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимият дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда, байни онҳо низоми мутақобилият ва худнигаҳдорӣ таъмин шудааст.      Дар  замони  муосир  ду  намуди  ҷумҳурӣ  вуҷуд  дорад:  1) ҷумҳурии президентӣ ва 2) ҷумҳурии парлумонӣ. Дар ҷумхурии президентӣ  (ШМА, Тоҷикистон ва ғ.) Президент сарвари давлат ва ҳукумат аст. Ҳукумат бо тавсияи Президент ва тасдиқи парламент ташкил мешавад. Як намуди ин шакли идоракунӣ – чумхурии омехтаи президентӣ-парлумонӣ мебошад, ки дар он Президент ва Парламент ҳисси масъулият ва назорати хешро нисбати ҳукумат байни худ ҷудо мекунанд (Франсия, Португалия, Россия). Дар ҷумхурии парлумонӣ (Олмон, Италия ва ғ.) ҳукуматро ҳизби сиёсии дар интихоботи парлумонӣ ғалабакарда ташкил мекунад. Сарвари ин ҳизб сардори ҳукумат эълон мешавад. Президент ваколатҳои ҳукуматӣ надорад. Парламент метавонад истеъфои ҳукуматро талаб кунад.

3.  Шаклҳои  сохти  давлатӣ

      Шакли сохти давлатӣ – ин тарзи ташкили марзии ҳокимияти давлатӣ аст.

      Шаклҳои асосии сохти давлатӣ: 1) давлатҳои ягона (унитарӣ) ва 2) давлатҳои федеративӣ (иттифоқӣ) мебошанд. Давлати ягона – давлати алоҳидаи марказонида буда, воҳидҳои маъмуриву марзии он (вилоят, шаҳр, ноҳия, округ ва ғ.) ташкилаҳои давлатӣ набуда, ҳуқуқҳои соҳибихтиёр надоранд. Давлатҳои ягона ба воҳидҳои маъмурӣ-марзӣ тақсим мешаванд. Масалан, Франсия ба 95 департаментҳо – коммунаҳо, Япония ба 47 префектура, Шветсия ба 24 округ (ленҳо), Зелландияи Нав ба 109 графигарӣ, Дания ба 14 вохиди маъмурӣ (амтҳо), Исландия ба 7 округи маъмурӣ (сислҳо) тақсим мешаванд. Воҳидҳои маъмурӣмарзӣ тобеияти дутарафа доранд: ба марказ ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ. Дар давлатҳои унитарӣ як низоми мақомоти олӣ, шаҳрвандии ягона, як Конститутсия амал мекунанд. Ҳайати аҳолӣ дар ин давлатҳо аз як миллат (Франсия, Шветсия) ё якчанд миллат (Британияи Кабир, Белгия) иборат буда метавонад.

      Давлати федеративӣ – давлати мураккаби иттифоқӣ мебошад, ки қисмҳои (унсурхои) он (штатҳо, кантонҳо ва ғ.) давлат ё ташкилаи давлатӣ буда, дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрианд. Давлати федеративӣ дар таркибаш якчанд давлатҳо ё ташкилаҳои давлатӣ дорад. Чунончи, Австралия аз 6 штат ва 2 худуд (Шимолӣ ва Марказӣ), Канада аз 10 провинсия ва 2 худуд, Олмони Федералӣ аз 16 замин, ШМА аз 50 штат ва округи федералии Колумбия иборат аст. Иттифоқи давлатҳо дар федератсия ба шартномаи иттифоқӣ ё Конститутсияи умумӣ асос меёбад. Аъзоёни федератсия конститутсия, шаҳрвандӣ, низоми мақомоти олии худро (дар соҳаи қонунгузорӣ, идоракунӣ, адолати судӣ) дошта метавонанд. Тартиби тақсими ваколатҳои ҳокимиятӣ байни федератсия ва аъзоёни он ҳар хел ба роҳ монда мешавад. Масалан, Конститутсияҳои ШМА, Канада, Бразилия, Мексика ваколатҳои истисноии федератсия ва ваколатҳои истисноии аъзоёни федератсияро аниқ мекунанд. Конститутсияҳои Олмон ва Ҳиндустон илова бар он ваколатҳои умумии федератсия ва аъзоёнашро муқаррар мекунад.

      Дар баробари федератсия боз дигар шаклҳои иттиҳоди давлатҳо вуҷуд доранд. Яке аз шаклҳои таърихии ин гуна иттиҳод конфедератсия мебошад.

Конфедератсия – идтиҳоди ихтиёронаи якчанд давлатҳои соҳибихтиёр аст, ки барои муваффақ шудан ба ягон мақсад (иқтисодӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ) бо ҳам дар асоси шартнома (одатан) муттаҳид гаштаанд. Конфедератсия дар амалияи таърихӣ ё ба федератсия табдил ёфтааст (масалан, конфедератсияи штатҳои Америкаи Шимолии солҳои 1776–1787 ба федератсияи ШМА месабзад) ва ё пароканда шудааст (чунончи, конфедератсияи с. 1952 таъсисгаштаи Миср ва Сирия тақсим мешавад).

      Дар замони муосир шаклҳои нави иттиҳоди одамон ташаккул меёбад. Яке аз онҳо иттиҳоди давлатҳо мебошад, аз қабили Иттиҳоди Бритонии миллатҳо, Иттиҳоди Аврупоӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.        

4.  Режими  сиёсӣ

      Режими сиёсӣ ба ду маъно фаҳмида мешавад. Ҳамчун ҷараёни амалисозии ҳокимият, режими сиёсӣ – ин тарзу усулҳои амалисозии воқеии ҳокимияти давлатӣ аст. Ҳамчун натиҷаи ниҳоии амаликунии ҳокимият (ҳокимиятдорӣ), режими сиёсӣ ин вазъи сиёсии ҷомеа аст, ки дар ҷараёни истифодаи тарзу усулҳои муайяни амалисозии ҳокимияти давлатӣ ҳосил мешавад.

     Дар адабиёти пасошӯравӣ оиди таносуби мафҳумҳои «режими давлатӣ» ва «режими сиёсӣ» баҳси назариявӣ идома дорад.

      Амалияи таърихӣ-сиёсӣ якчанд намуди режимҳои сиёсиро медонад.

  1. Режимҳои истибдодӣ, ки дар замони қадим ва асрҳои миёна ба кишварҳои манотиқи Баҳри Миёназамин, Шарқи Наздик, Осиё, Африка, Америкаи Лотинӣ хос буд. Дар шароити он ҳуқуқҳои шахсӣ ҷой надоранд, фишор ва таҳдиди сиёсӣ, зӯроварӣ ва пахш кардани ҳамагуна озодфикрӣ, ҳокимияти муттамарказ мушоҳида мешаванд.

      Бояд хотирнишон намуд, ки мафҳуми «режими истибдодӣ таърихан дар адабиёти Ғарб ташаккул ёфта, он одатан нисбати давлатҳои Шарқи Қадим истифода мешавад. Чунин нуқтаи назар ба ташаккули нигоҳи яктарафаи ғаразнок нисбат ба давлатҳои қадимаи Шарқ оварда расонид. Дар натиҷа ҳамаи ин давлатҳо ба гурӯҳи давлатҳои истибдодӣ (зулмпарвар) мансуб дониста шуданд. Ин кӯшишҳо боиси он гардиданд, ки солҳои тӯлонӣ дар адабиёти ғарбӣ омӯзиши хислатҳои дигари давлатҳои Шарқ, таърихи ташаккулу инкишофи онҳо сарфи назар шуданд. Аммо солҳои пасошӯравӣ дар адабиёти навини пасошӯравӣ омӯзиши ҳаматарфаи инкишофи давлатҳои шарқӣ оғоз гардид. 

     Айни замон андешаи дигар низ ҷой дорад, ки тибқи он дар марҳилаҳои минбаъдаи инкиофи таърихӣ, аз ҷумла, дар ҷаҳони имрӯза низ шаклҳои нави режими истибдодӣ мумкин аст ҷой дошта бошанд. Ва ин режим метавонад дар ҳама гуна минтақаи олам арзи вуҷуд дошта бошад. Ба андешаи ҷонибдорони ин андеша, давлат шакли ҳуқуқии ифодаи озодӣ, баробарӣ ва адолат буда, ҳама гуна давлате, ки хилофи ин хислат аст, давлати истибдодӣ эътироф мешавад. Дар ин замина, давлатҳои авторитарӣ, тоталитарӣ – шаклҳои нави истибдод ҳисоб мешаванд. Аз нигоҳи пайравони ин андеша, ба ин гурӯҳ ҳатто давлати сотсиалистӣ низ, чун давлати тоталитарӣ, мансуб дониста мешавад. Ин андешаро намояндагони назарияи имрӯзаи либертарии давлат (В.С. Нерсесянс, В.А. Четвернин) ҷонибдорӣ мекунанд. 

  • Режими авторитарӣ, ки дар он ҳокимияти давлатӣ зери назорати халқ нест, мақомоти намояндагӣ вазни ҳалкунанда надоранд, дар идоракунӣ элитаи сиёсӣ (олигархҳо, ашрофон) саҳми асосӣ дорад. Дар давлат мақомоти сиёсӣ ва ҳарбӣ бештар инкишоф меёбанд. Мақомоти судӣ ба манфиатҳои ҳокомиятдорон хизмат мекунад. Ҳама гуна баромади оппозисионӣ манъ карда мешавад. Агар якчанд ҳизб амал кунад, пас яке аз онҳо ҳизби роҳбарикунанда мегардад. Механизми воқеии амаликунии ҳуқуқу озодиҳо пешбинӣ намешавад, кафолати амнияти шахсӣ ҷой надорад. Манфиатҳои давлатӣ нисбат ба шахсӣ бартарӣ доранд.

      Намуди ниҳоии режими авторитарӣ – режими фашистӣ аст, ки ба ақидаи миллатгароӣ, бартарии як миллат нисбати миллатҳои дигар асос меёбад. Зарурияти ҳукмронии миллати олинажод тарғиб мешавад. Нажодпарастӣ – мафкураи расмии фашизм мебошад. Мақсадҳои ин режим – ҳимояи умумият ва манфиатҳои миллати ҳукмрон, ҳалли вазифаҳои сиёсӣ дар миқёси тамоми олам, ҳимояи тозагии нажод ҳисоб мешаванд. Дар асоси онҳо зарурияти ҷангҳои ҷаҳонӣ талқин мегарданд.

  • Режими демократӣ таърихи тӯлонӣ дошта, қариб ба ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии давлатҳо хос аст (демократияи Афинагӣ, демократия дар шаҳр-давлатҳои асрҳои миёна, демократияи буржуазӣ ва сотсиалистӣ). Дар замони Нав ва алалхусус дар асри XX режими демократӣ имкониятҳои арзишии худро ошкор мекунад, аз қабили кафолати ҳуқуқу озодиҳо, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, раъйпурсӣ, низоми демократии интихобот, ошкорбаёнӣ, иштироки шаҳрвандон дар идоракунӣ.

      Намуди режими демократӣ – ин режими либералӣ-демократӣ аст, ки дар шароити никишофи муносибатҳои бозор ташаккул ёфта, хислатҳои зерин дорад: ривоҷи арзишҳои ҳуқуқи гуманитарӣ, озодии фаъолияти иқтисодӣ, гуногуншаклӣ ва баробарии моликият, бартарии манфиатҳои шахсӣ, ривоҷи фардияти шахсӣ, имкони вусъати муносибатҳои молию пулӣ, таъмини иқтисоди бозоргонӣ, дастгирии ташаббускории хусусӣ, номумкин будани дахолати беандоза ба иқтисод, шароити мусоид барои рақобати озод, низоми бисёрҳизбӣ, фаъолияти иттифоқҳои ҷудогонаи соҳибкорон, ташкилотҳои иттифоқи касаба, динӣ, таҷзияи ҳокимиятҳо, ҳокимияти номуттамарказ, сатҳи баланди шуури сиёсӣ, ахлоқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ.

  • Режими тоталитарӣ, ки дар шароити он давлат кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро, аз он ҷумла, ҳаёти хусусиро зери идораи хеш қарор медиҳад, соҳибкории хусусӣ ва намудҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодиро эътироф намекунад, ба ҷои гуногуншаклии моликият нуфузи моликиятдории давлатиро таъмин мекунад. Дар шароити ин режими сиёсӣ одатан як ҳизби сиёсӣ чун ҳизби ҳукмрон амал намуда, хислати мақоми давлатиро соҳиб мешавад, гуногунии мафкуравӣ ва сиёсӣ инкишоф намеёбад.

Давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Нақшаи кор:

  1. Давлати ҳуқуқбунёд ва 
  2. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаҳои таърхии бавуҷудоии он

Рӯӣхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1. Давлати ҳуқуқбунёд ва аломатҳои он

      Ба маънои васеъ, давлати ҳуқуқбунёд – давлатест, ки дар он ҳуқуқ хукмрон аст. Ба таври мушаххастар, давлати ҳуқуқбунёд – ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст. Ин таърифро В.С. Нерсесянс пешбарӣ намудааст.

      Давлати ҳуқуқбунёд дорои аломатҳоест, ки онро аз шаклҳои дигари давлатдорӣ (алалхусус, мутлақият, давлатҳои авторитарӣ ва тоталитарӣ) фарқ карда, ба он мустақилият ва муҳиммият мебахшанд. Аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд – хислатҳои сифатии он мебошанд, ки аз моҳияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат ҳосил шуда, ба ифодаи ҳуқуқӣ, фардӣ ва муташаккилии давлати ҳуқуқбунёд ишора мекунанд.

  1. Волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ. Пояи ҳуқуқӣ ва ҳадду тамоилҳои фаъолияти давлати ҳуқуқбунёдро ҳуқуқ ташкил медиҳад. Ин давлат дар асос ва бо назардошти талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ, қонунҳои фитрии инсон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад. Волоияти ҳуқуқ ҳам ҳуқуқи позитивӣ (конститутсия ва қонунҳо) ва ҳам ҳуқуқи фитриву байналмилалиро дар назар дорад. 
  2. Воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои фард. Волоияти ҳуқуқ дар давлат ва воқеи будани ҳуқуқҳои инсон бо ҳам алоқаманданд. Яке аз талабҳои волоияти ҳуқуқ дар он аст, ки давлат ва мақомоти он вазифадоранд бо назардошт ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон амал кунанд. Воқеӣ гаштани ҳуқуқҳои инсон аз давлат вобастагии калон дорад. 
  3. Ин ду аломати давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати ҷорӣ кардани таҷзияи ҳокимият имконпазир мегардад. Он дар сатҳи танзими ҳуқуқии конститутсионӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи он ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад.
  4. Тафтиши судии конститутсионӣ. Дар давлати ҳуқуқбунёд волоияти ҳуқуқ ва қонунҳои ҳуқуқӣ, воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳо, таҷзияи ҳокимиятҳо бе назорати судии конститутсионӣ аҳамият надоранд. Ин назорат бо мақсади муайян кардани мутобиқати ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия гузаронида мешавад. Ин вазифа ба зиммаи мақомоти олии судӣ ё мақоми алоҳидаи судӣ (суди конститутсионӣ) гузошта мешавад.

     Дар нзарияи либертарии В.С. Нерсесянс дар заминаи ин аломатҳои зикргаштаи давлати ҳуқуқбунёд унсурҳои он пешбарӣ мешаванд: 1) унсури ҳуқуқӣ (фаҳмиш ва назарияи нави ҳуқуқ); 2) унсури фардӣ-ҳуқуқӣ (воқеӣ будани ҳуқуқу озодихои инсон ва шаҳрванд); 3) унсури ташкилӣ-ҳуқуқӣ (таҷзияи ҳокимиятҳо, назорати судии конститутсионӣ).

     Ҳамин тариқ, давлати ҳуқуқбунёд – ин сатҳи баланди инкишофи давлатдорист, ки дар заминаи волоияти ҳуқуқ ва қонун, эътирофи арзиши олии иҷтимоии инсон ташкилу фаъолият дорад. 

2.Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаҳои таърихии бавуҷудоии он

      Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар зинаи баланди таҳаввули таърихии ҷомеаи инсонӣ бунёд мегардад.  

  1. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – зинаи баланди инкишофу пешрафти ҷамиятӣ буда, дар марҳилаи болоравию камолоти ҳаматарафаи ҷомеа (сатҳи баланди тарақиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ) ташаккул  меёбад.
  2. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи эътирофу эҳтиром ва таъмину ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ва позитивии инсону шаҳрванд, боробарии шаклҳои моликият, истифодаи озоди моликияти хусусӣ, ривоҷи муносибатҳои хусусӣ-моликиятӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, шаклҳои имконпазир ва муфиди фаъолияти озоди иқтисодӣ, рақобати озод ташаккул меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муносибатҳои бозор, иқтисоди бозоргонӣ асос меёбад.
  3. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – иттиҳоди одамони озод аст. Аъзои он – фарди озоди соҳибмулк мебошад, ки дорои мақсаду манфиатҳои хусусӣ буда, онҳоро бо эътиқоди дохилӣ (на бо шиорҳои сиёсӣ, алалхусус, ҳокимиятӣ) дарк намуда, барои қонеъ гардонидани онҳо мустақилона, бе нишондоду дахолати беруна, истифодаи маҳорату малакаи шахсӣ, ташаббускорӣ ва масъулият, дар чорчӯбаи қонун амал мекунад.
  4. Ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо аз соҳибмулкони хусусӣ, муносибатҳои хусусӣ-моликиятӣ, муносибатҳои иқтисодии бозоргонӣ иборат нест. Он вақте ташаккул меёбад, ки муносибатҳои хусусӣ, манфиатҳои хусусии одам, мустақилияти фарди хусусӣ ҳам ба соҳаи муносибатҳои моликият, истеҳсол ва тақсимот ва ҳам соҳаи озодиҳои имконпазир ва зарури инсон (озодии виҷдон, матбуот, афкор ва ғ.) паҳн мешаванд.
  5. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи кушод буда, дар он барои фаъолияти ҳамаи ҳизбу созмонҳои ҷаъмиятӣ (дар чорчӯбаи қонун), амалиёти номаҳдуди ташкилотҳои байналхалқӣ, воситаҳои ахбори умумӣ шароити заруриву кофӣ ҷой дорад.
  6. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ғоя ва принсипи плюрализми (аз лот. Pluralis – сершуморӣ, бисёрӣ) сиёсӣ ва мафкуравӣ асос меёбад. Плюрализми сиёсӣ (равияҳои гуногуни сиёсӣ) заминаву асоси ташкилу фаъолияти низоми бисьёрҳизбӣ, фаъолияти озоди (дар ҳудуди волоияти қонун) ҳизбу созмонҳои ҷаъмиятӣ, иштироки васеи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ (мувофиқу хоҳишу мақсадҳои хеш, баҳри амалисозии манфиатҳои хусусӣ, бе фишори беруна ва таҳдид, нишондодҳои ҳокимиятӣ) мебошад. Плюрализми мафкуравӣ (гуногунандешагӣ) асоси ривоҷи озодфикрӣ, таъмини озодии афкор ва воситаҳои ахбори умумӣ, низоми бисьёрмафкуравӣ аст.
  7. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи ҳуқуқӣ буда, таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёд аст.
  8. Ҷомеаи шаҳрвандӣ –ҷомеаи либералӣ буда, дар он арзишҳои либералӣ (фаъолияти озоди иқтисодӣ, рақобат, ташаббускориву кордонӣ, муносибатҳои хусусӣ-моликиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои воқеӣ)  арзи вуҷуд доранд.
  9. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи воқеан демократӣ буда, дар он плюриализми сиёсӣ ва мафкуравӣ, низоми бисёрҳизбӣ, ҳуқуқу озодиву инсон ва шаҳрванд, озодиву мустақилияти фардӣ ҳукмронанд, ки дар навбати худ заминаи шакли идораи демократӣ (ҷумҳурӣ, институтҳои парлумоният, раъйпурсӣ ва м.и.), иштироки воқеии одамон дар идоракунии сиёсӣ (низоми интихобот, мӯҳлатнокии фаъолияти ашхоси роҳбарикунандаи давлат, худидоракунии маҳаллӣ) таъмин мешавад.
  10. Ҷомеаи       шаҳрвандӣ          –       ҷомеаи       худташкилшаванда     ва худидорашаванда аст.
  11. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чун таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёд ба принсипҳои волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ, қонунияти ҳукуқӣ ва конститутсионӣ асос ёфта, дар он тартиботи устувори ҳуқуқӣ ҳукмрон аст.             Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ин ҷомеаи ҳуқуқӣ, либералӣ, кушод, плюриалистӣ, худташкилшаванда ва худидорашаванда аст, ки аъзоёнаш – афроди озод – дар якҷоягӣ умумияти ғайрисиёсии аз дахолати давлатӣ эмин буда ва тобеи ҳуқуқро ташкил дода, бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои хеш мустақилона ва бо дарки масъулияти баланд назди наслҳои ҳозира ва ояндаи инсоният ҳаёту фаъолият доранд.

[1] Эвплюция впстпчных пбществ. – М.,1985. – С.15.

[2] Ниг.: Тпйнби А. Ппстижение истприи. – М., 1991.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.