Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқ

Нақшаи кор:

  1. Мафҳум  ва  таърифи  ҳуқуқ
  2. Ҳуқуқ  ва  қонун. Ҳуқуқи  фитрӣ  ва  позитивӣ
  3. Нишонаҳои  ҳуқуқ
  4. Принсипҳои  ҳуқуқ

Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1.  Мафҳум  ва  таърифи  ҳуқуқ

    Ибораи            ҳуқуқ         ба        ду         маънои         асосӣ         истифода          мешавад: 

1) умумииҷтимоӣ ва 2) юридикӣ. Ба маънои умумииҷтимоӣ ҳуқуқ, озодии рафтори инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, қоидаҳои рафтори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талаботҳои иҷтимоии ҷамъият аст. Ба ин маъно мафҳумҳои ҳуқуқи ахлоқӣ (маънавӣ), ҳуқуқи аъзоёни ҳизби сиёсӣ, ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунӣ истифода мешаванд. Ба маънои юридикӣ ҳуқуқ, озодии рафтори инсон аз нигоҳи меъёрҳои қонун аст. Масалан, ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил, ба меҳнат. Ба ин маъно ҳуқуқе низ фаҳмида мешавад, ки дар қонунгузорӣ инъикос шудааст. Дар ин маврид ҳуқуқ дар шакли ҳуқуқи позитивӣ ҷой дорад, ки онро давлат муқаррар кардааст.

      Дар адабиёти ҳуқуқӣ як қатор олимон ҳуқуқи позитивиро ба айнӣ (обективӣ) ва зеҳнӣ (субективӣ) ҷудо мекунанд, масалан, С.С. Алексеев[1]. Ҳуқуқи айнӣ маҷмӯи меъёрҳои аз ҷониби давлат муқаррар гаштааст. Ҳуқуқи зеҳнӣ бошад имконияти юридикии рафтори шахс аст ва унсурҳои зерин дорад: ҳуқуқ ба рафтори қонунӣ; ҳуқуқи талабкунӣ; ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ.        Дар назарияи муосири ҳуқуқ вобаста ба равияҳои ҳуқуқӣ мафҳумҳои ҷудогонаи ҳуқуқ истифода мешавад. Аз нигоҳи позитивизм, ҳуқуқ  гуфта маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат муқаррару кафолатгаштаро меноманд. Асоси ин мафҳумро усули шаклӣ-ҳуқуқии таҳлили воқеияти ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Давлат сарчашмаи асосии ҳуқуқ ҳисоб шуда, амалишавии онро бо қувваи маҷбурсозӣ таъмин месозад. Бояд гуфт, ки позитивизм шаклҳои мухталиф дорад. Яке аз намудҳои позитивизм назарияи меъёрӣ аст, ки аз ҷониби Г. Келзен ва олимони советӣ инкишоф дода шудааст. Ҳуқуқ маҳсули танҳо давлат эътироф мегардад. Санадҳои меъёрии мақомоти давлатӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқ буда, одатҳои ҳуқуқӣ танҳо дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ва бо иҷозати давлат истифода мешаванд.

     Намояндагони назарияи ҳуқуқи фитрӣ бошанд ҳуқуқи фитриро эътироф карда, онро чун ифодаи (инъикоси) арзишҳову талаботи айнии ҳастии инсон таъриф медиҳанд. Бояд гуфт, ки назарияҳои ҳуқуқи фитрӣ гуногун буда, ба дунявӣ ва илоҳӣ тақсим мешаванд. Вобаста ба ин сарчашмаи ҳуқуқи фитрӣ табиати Худо ё инсон, ва ё «табиати чизҳо» ва ғ. эътироф мешуданд. Назарияи муосири либертарӣ бошад ҳуқуқро чун ифодаи баробарии шаклӣ маънидод мекунад, ки он се унсури асосиро дар бар мегирад: 1) меъёри баробар, 2) озодии инсон ва 3) адолат.

 2.  Ҳуқуқ  ва  қонун. Ҳуқуқи  фитрӣ  ва  позитивӣ

      Таносуби ҳуқуқ ва қонун яке аз масъалаҳои назариявии анъанавӣ ва марказии таърихи донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ буда, атрофи он баҳсу мунозираҳо, ақидаву хулосаҳои мухталиф ҷой доранд. Он ҳанӯз дар ҷамъиятҳои қадим, асосан фалсафаи сиёсии юнонӣ пайдо шуда, то имрӯз таваҷҷӯҳи олимонро ҷалб мекунад. Атрофи он мутафаккирон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: тарафдорон ва муқобилон. Якумин мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонунро аз ҳам ҷудо мекарданд. Дуюмин бошанд онҳоро якмаъно мешумориданд. Эътирофи фарқияти ҳуқуқ ва қонун ҳатман ба хулосаи дигар меовард – ҷудо кардани ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ. Аз ин ҷост, ки ҷудокунандагони ҳуқуқ ва қонун намояндагони назарияи ҳуқуқи фитрӣ буданд, ки асосан дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои XVII–XVIII васеъ ривоҷ ёфта буд (Г. Гротсий, Т. Гоббс, Ҷ. Локк ва диг.). Тарафдорони равияи позитивӣ бошанд, баръакс масъалаи таносуби ҳуқуқ ва қонунро эътироф накарда, ҳуқуқи фитриро инкор ва ҳуқуқи позитивиро ҳимоя мекунанд.

      Дар шароити имрӯза, дар замони тағйиротҳои ҷиддии ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ, эътирофи нуқтаҳои асосии ҳуқуқи фитрӣ, таносуби ҳуқуқ ва қонун, ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ масъалаи марказии назарияи умумии ҳуқуқ гардидааст. Аз ҷумла, чи тавре қайд гардид, моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни фитрӣ доштани ҳуқуқҳои инсонро эътироф карда, дахлнопазирии онҳо, дар зери ҳимояи давлат будани онҳоро мустаҳкам кардааст. Дар Қонуни Асосии давлат мустаҳкам кардани фитрияти ҳуқуқҳои инсон маънои пурра шинохтани талаботу принсипҳои назарияи ҳуқуқҳои фитрии инсонро дорад. 

      Арасту ва пайравонаш дар зери мафҳуми ҳуқуқи фитрӣ ҳуқуқеро дар назар доштанд, ки дар ҳамаи замонҳо ва барои ҳамаи давлатҳо ҳатмист. Дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои XVII–XVIII назарияи ҳуқуқҳои фитриии инсон пешниҳод мегардад, ки мувофиқи он одам дорои ҳуқуқу озодиҳои фитрист. Фитрӣ будани ин ҳуқуқу озодиҳо дар он аст, ки онҳо табиатан, аз лаҳзаи таваллуд мутааллиқи инсонанд. Давлат онҳоро эҷод накардааст ва бекор карда ҳам наметавонад. Ин ҳуқуқу озодиҳо табиатан, бе розигӣ ё иҷозати давлат вуҷуд доранд. Давлат бошад онҳоро танҳо ба расмият медарорад, дар қонунҳояш мустаҳкаму таъмин менамояд.

      Ҳуқуқи фитрӣ ин маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳост, ки аз табиати инсон бармеоянд. Ҳуқуқ ба ҳаёт, интихоби озодонаи макони зист, шароитҳои арзандаи ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, матбуот ва ғ. аз қабили онҳоянд. Ҳуқуқу озодиҳо тавассути Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҳифз мегарданд. Ва танҳо дар мавридҳои истисноӣ, бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳо, сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқу озодиҳо мумкин аст маҳдуд гарданд[2]. Аммо Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ҳатто дар ҳолати вазъияти фавқулодда низ ҳуқуқу озодиҳои дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28 эълонгашта маҳдуд карда намешаванд[3]. Ҳуқуқи позитивиро давлат муқаррар мекунад. Он аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки аз ҷониби давлат муқаррар ва таъмин шудаанд. Ба ибораи дигар, ҳуқуқи позитивӣ аз маҷмӯи қоидаҳои муайяни рафтор иборат аст, ки муносибати байни одамонро дар ҷамъият танзим мекунанд. Яъне, агар ҳуқуқи фитрӣ ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро дар бар гирад, пас ҳуқуқи позитивӣ аз меъёрҳои юридикӣ иборат аст. Истилоҳи «позитивӣ» дар таърихи афкори сиёсиву ҳуқуқӣ шартан ба он маъно қабул шудааст, ки ҳуқуқи аз тарафи давлат муқарраргаштаро ифода мекунад. 

      Агар ҳуқуқи фитрӣ дар шакли ҳуқуқу озодиҳо, принсипҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад, пас ҳуқуқи позитивӣ дар шакли конститутсия, қонунҳо, қарорҳо, одатҳои ҳуқуқӣ, амсоли ҳуқуқӣ ҷой дорад. Мафҳуми ҳукуқи фитрӣ нисбат ба ҳуқуқи позитивӣ васеътар аст. Ҳуқуқи фитрӣ новобаста аз давлат пайдо мешавад ва мустақилона инкишоф меёбад. Барои арзи вуҷуд кардани ҳуқуқи фитрӣ эътирофи давлат зарур нест. Ҳуқуқи позитивӣ бошад бе давлат пайдо намешавад. Он як қисми ҳуқуқи фитрӣ аст, ки аз ҷониби давлат мустаҳкам гаштааст. Агар ҳуқуқи фитрӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон мазмуни ягонаву ҳатмӣ дошта бошад, пас ҳар як давлат, вобаста ба шароитҳои маҳаллӣ ҳуқуқи позитивии хешро муқаррар мекунад. Ҳуқуқи фитрии америкоӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ ё тоҷикӣ вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад. Вале ҳуқуқи позитивии америкоӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ, тоҷикӣ ва ғ.

воқеан ҷой доранд.  3.  Нишонаҳои  ҳуқуқ

      Дар назарияи имрӯзаи ҳуқуқ ин нишонаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Яке мутааллиқи ҳуқуқи фитрӣ ва дигаре мансуби ҳуқуқи позитивӣ мебошанд. Нишонаҳои гурӯҳи якумро – умумӣ меноманд, зеро ба ҳамаи кишварҳо новобаста аз хусусиятҳои ҳуқуқи миллӣ паҳн мешаванд. Нишонаҳои дуюмин хоси ҳуқуқи позитивии давлатҳои алоҳида буда, аз хусусиятҳои онҳо бармеоянд.

      Нишонаҳои умумии ҳуқуқ инҳоянд:

  1. Ҳуқуқ – ифодакунандаи ақидаҳои адолат ва озодӣ аст.                  
  2. Ҳуқуқ аз маҷмӯи нишондодҳои муайян иборат аст.
  3. Ҳуқуқ шакли таъсиррасонӣ ба фикру ҳиссиёти одам буда, рафтори одамонро танзим месозад.
  4. Ҳуқуқ шаклҳои муайяни ифодаёбии худро дорад.
  5. Ҳуқуқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, дорои мавзӯи инъикоси худ аст.             Дар баробари нишонаҳои умумӣ ҳуқуқ ҳамчунон дорои нишонаҳои махсус аст, ки мутааллиқи ҳуқуқи позитивӣ буда, аз вобастагии он бо давлат бармеоянд. Ин нишонаҳо чунинанд.
  6. Ҳуқуқ – шакли ифодаи расмии ирода аст.            
  7. Муайянияти шаклии ҳуқуқ.      
  8. Низомнокии ҳуқуқ.
  9. Динамизми (инкишофи) ҳуқуқӣ.
  10. Ҳифзи давлатии ҳуқуқ. 

4.  Принсипҳои  ҳуқуқ

      Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд. 

  1. Принсипи инсондӯстӣ.      Принсипи инсондӯстӣ он маъно дорад, ки муносибати байни шаҳрвандон ва давлат, байни одамон бояд дар асоси мафҳуму талаботҳои меҳрубонӣ, эҳтироми қадри инсонӣ инкишоф ёбанд. Давлат барои ҳаёти арзандаи инсон ҳама гуна шароити мусоидро бояд муҳайё созад. «Тоҷикистон, – гуфта мешавад дар моддаи 1 Конститутсия, – давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
  2. Принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун. Новобаста аз ҷинс, нажод, миллат ва ғ. ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун баробар эълон мешаванд. Моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун мустаҳкам кардааст. Принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ду ҷабҳа дорад. Аз як тараф, ҳамаи шаҳрвандон дорои ҳуқуқҳои баробаранд. «Давлат ба ҳар шахс, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад» (м. 17 Конститутсия). Вале ҳуқуқу озодиҳо аз вазифаҳо ҷудо нестанд, бинобар он, аз тарафи дигар, ҳамаи шаҳрвандон ҷавобгарии баробарро дар назди қонун ба ӯҳда доранд. Новобаста аз вазифа ва ҳолати иҷтимоӣ ҷавобгарӣ барои ҳама як хел аст.
  3. Принсипи масъулияти тарафайни давлат ва шахс. Ба зиммаи ҳар як шаҳрванд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо вазифаҳои муайян гузошта шудаанд. Давлат низ як қатор ӯҳдадориҳоро ба дӯши худ гирифтааст. Муносибати байни давлат ва шахс – шакли ифодаи вобастагии ҳуқуқу вазифаҳост. Вайрон кардани онҳо боиси ҷавобгарии ҳар яке аз тарафҳо мегардад. Ба ибораи дигар, ҳам шаҳрвандон ва ҳам давлат дорои ҳуқуқу вазифаҳоянд. Дар сурати вайрон кардани онҳо ҷавобгарии дутарафа пайдо шуда, ҳар ду тараф дар назди ҳамдигар ҷавобгар мешаванд.
  4. Принсипи ташаккулу амалишавии демократии ҳуқуқ. Ҷараёни пайдоишу татбиқи воқеии ҳуқуқи позитивӣ мазмуну шакли бевоситаи демократӣ дошта, иштироки ҳаматарафаи шаҳрвандонро бояд таъмин созад. Пайдоишу амалишавии ҳуқуқ на махфӣ, балки, баръакс, кушод буда, таҳти назари шаҳрвандон бояд қарор гирад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки чи тавр ва чи гуна қабул шудани санадҳои ҳуқуқиро, дар амалия то кадом андоза татбиқ шудани онҳоро донанд.
  5. Принсипи баробарҳуқуқии миллӣ. Принсипи мазкур қариб дар ҳамаи моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳо бахшида шудаанд, мушоҳида мегардад. Чунончӣ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз мансубияти миллӣ ба ҳаёт, маълумот, меҳнат, манзил, ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад.
  6. Принсипи қонуният. Қонуният ба якчанд маъно истифода мешавад: ҳамчун режими ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, чун риояи бемайлони қонуну санадҳои ҳуқуқӣ, чун асоси ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамчун меъёри таъсису фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Дар мавриди мо қонуният – принсипи муҳими ҳуқуқ аст. Ҳамчун принсипи ҳуқуқ қонуният ақида ва асоси пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи мушаххас мегардад.

[1] Прпблемы теприи гпсударства и права: Учебник. – М., 1987. – С.170.

[2] Ниг.: м. 14 Кпнститутсияи Љумоурии Тпљикистпн.

[3] Ниг.: м. 47 .

test

Добавить комментарий