Шаклҳои (Сарчашмаҳои) ҳуқуқ

Нақшаи кор:

1.  Мафҳуми  шакл  ва  сарчашмаҳои  ҳуқуқ 2.  Намудҳои  сарчашмаҳои  ҳуқуқ Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. – М., 1997. 
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1.  Мафҳуми  шакл  ва  сарчашмаҳои  ҳуқуқ

      Сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои иҷтимоӣ кулли заминаҳои иҷтимоӣ, талаботҳои айнии ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ, меъёрҳо ва принсипҳои он пайдо ва ташаккул меёбанд.

      Ба маънои ҳуқуқӣ (мазмуни аслии калима) сарчашмаи ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) сарчашмаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ-ҳуқуқӣ ва 2) сарчашмаҳои бевоситаи ҳуқуқӣ. Сарчашмаҳои навъи якум он шароитиҳои воқеии ҳаёти ҷомеа, талаботҳои айнии ҳастии инсонро дар назар доранд, ки манбаи ҳуқуқии пайдоишу ташаккули ҳуқуқи нав мешаванд. Сарчашмаи бевосита ҳуқуқ гуфта шаклҳои дар қонунҳо пешбинишудаи ифодаи расмии мазмуни дохилии ҳуқуқро (меъёрҳо, принсипҳо, талаботҳои ҳуқуқро) меноманд, ки ҳастии воқеии ҳуқуқро таъмин мекунанд.

      Вақте сухан дар бораи сарчашмаҳои ҳуқуқ меравад, одатан шаклҳои расмии ифодаи ҳуқуқ, аниқтараш инъикоси меъёрҳои ҳуқуқ фаҳмида мешавад (конститутсия, қонунҳо ва ғ.). Аммо дар марҳилаҳои алоҳидаи инкишофи ҷомеа, дар кишварҳои дорои шароити гуногуни иҷтимоӣ сарчашмаҳое низ маълуманд, ки новобаста ва бе иштироки давлат пайдо шуданд. Чунончи, одатҳо, ки дар асоси онҳо аввалин қонунҳо навишта шуданд, то давлат ҷой доштанд. Дар Англия меъёрҳои ҳуқуқро аз асри XI сар карда судҳо бидуни иштироки давлат таълиф намудаанд, ки дар натиҷа амсоли судӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи ин кишвар гардид. Сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ низ мазмуни динӣ дошта, новобаста аз давлат пайдо шудаанд ва ҳозир ҳам барои вуҷудияти онҳо дар кишварҳои ислом иҷозат ё эътибори давлатӣ зарур нест. Дар асрҳои миёна дар Европа сарчашмаи муҳими ҳуқуқ – ин назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ буд, ки бо омӯзишу мутобиқкунии ҳуқуқи римӣ машғул буд. Илми ҳуқуқӣ принсипҳои муҳими худро бидуни фаъолияти давлат муайян кард. Ҳоло ҳам асарҳои олимони ҳуқуқ дар Европа дорои нуфузи баланданд. Як қисми меъёрҳои ҳуқуқ тавассути шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар мешаванд ва барои амали онҳо эътибори расмии давлати ҷудогона, розигии вай лозим нест.

      Ба сарчашмаҳои ҳуқуқ гуногунанд ва на ҳамаи онҳоро давлат муқаррар кардааст. Санади меъёрӣ (қонунҳо, кодексҳо ва ғ.) сарчашмаи асосӣ ва ягонаи ҳуқуқ нест. Ғайр аз онҳо амсоли судӣ, сарчашмаҳои динӣ (Қуръон, Сунна ва м.и.), илми ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқии кишварҳои ҷудогона нақши муҳимро (ҳатто ҳалкунандаро) соҳибанд. Аз ин нигоҳ сарчашмаи ҳуқуқ фақат шакли расмии (давлатии) ҳуқуқ нест. Як қатор сарчашмаҳо (Қуръон, принсипҳои ҳуқуқ, амсоли судӣ – ва м.и.) бидуни давлат пайдо шудаанд.

2.  Намудҳои  сарчашмаҳои  ҳуқуқ

      Дар ҷаҳони муосир сарчашмаҳои гуногун дар манотиқи ҷудогона истифода мешаванд. 

      Одатҳои ҳуқуқӣ яке аз сарчашмахои қадимтарини ҳуқуқи башар мебошанд. Дар кишварҳои романӣ-олмонӣ нақши одатҳои ҳуқуқӣ ҳоло маҳдуд шудааст. Дар Австрия ва Италия онҳо дар он сурат истифода мешаванд, ки агар дар қонун ба онҳо ишораи бевосита бошад. Дар Англия то ҳол Қонуни соли 1265 амал мекунад, ки мувофиқи он танҳо одатҳои қадимаи то с. 1189 амалкунанда эътибор доранд. Давлатҳои Африка то асри XIX (замони мустамликадорӣ) дар асоси танҳо одатҳо зиндагӣ карда омадаанд. Дар Тоҷикистони муосир одатҳои ҳуқуқӣ сарчашмаи ҳуқуқ ҳисоб мешаванд. Масалан, м. 6 КГ ҶТ истифодаи анъанаҳои муомилоти кориро иҷозат медиҳад.

      Амсоли судӣ гуфта қарори намунавии мақомоти судиро меноманд, ки барои ҳалли парвандаҳои ба ҳам монанд ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ истифода мешавад. Амсоли судӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи Англия аст. Вале қарори на ҳама гуна мақомоти судӣ, балки маҳз судҳои болоӣ қоидаи амсол мебошанд. Меъёрҳои ҳуқуқи Англияро низ маҳз судҳои болоӣ (судҳои Вестминистерӣ ва судҳои канслерӣ) эҷод кардаанд. Ҳоло ҳуқуқи муқаррар кардани амсоли судӣ ба судҳои Олӣ (суди Болоӣ, суди «Корона», суди Аппелятсионӣ), Палатаи лордҳо ва Комитети махфии судӣ дода шудааст. 

      Амсоли судӣ дар ШМА, Канада, Австралия ва давлатҳои дигари шомили ҳуқуқи умумӣ истифода мешавад. Вале сатҳи он дар ин кишварҳо ҳар хел аст, масалан, агар судҳои болоии Англия бо қаророи худ пайваст бошанд, пас Суди Олии ШМА бо қарорҳои баровардааш вобаста набуда, амалияи судиро метавонад тағйир диҳад. Дар ШМА ғайр аз амсоли судӣ Конститутсия, қонуну кодексҳо низ нақши сарчашмаро доранд.

      Назарияи илмии ҳуқуқӣ  сарчашмаи муҳими пайдоиши ҳуқуқ аст. Ҳуқуқи римӣ, ки асоси пайдоиши ҳуқуқи муосири Европа ва бештари манотиқи олам шудааст, маҳз маҳсули эҷоди ҳуқуқшиносони Рим буд. Ҳуқуқи имрӯзаи романӣолмонӣ (Франсия, Олмон, Италия ва ғ.) маҳсули инкишофи илми ҳуқуқии донишгоҳҳо аст. Дар Англия асарҳои Глэнвилл, Литлтон, Брактон нуфузи баланд доранд. Дар ҳуқуқи мусулмонӣ назарияи мусулмонӣ сарчашмаи ҳуқуқ аст. Масалан, қонунгузории оилавии Миср, Сирия, Судан, Лубнон пешбинӣ мекунад, ки дар сурати набудани меъёри қонун судя метавонад хулосаҳои бонуфузи мазҳаби Абу Ҳанифаро татбиқ намояд[1].

      Принсипҳои умумии ҳуқуқ дар як қатор давлатҳо сарчашмаи ҳуқуқ мебошанд. Дар кишварҳои романӣ-олмонӣ ва умумӣ имконияти истифодаи принсипҳои умумии ҳуқуқ (аз қабили адолат, бовиҷдонӣ ва ғ.) ҳангоми набудани меъёри ҳуқуқ вуҷуд дорад. Чунончи, мувофиқи Кодекси граждании Юнон амалигардонии ҳуқуқ манъ аст, агар дар натиҷаи он ҳадди бо виҷдон, ахлоқ, мақсадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ муқарраршуда вайрон шавад. Принсипҳои ҳуқуқ дар мамолики ислом низ истифода мешаванд. Масалан, дар Афғонистон дар ҳолати нуқсон дар қонун суд парвандаро дар асоси принсипҳои шариат метавонад ҳал кунад[2]

      Принсипҳои ҳуқуқ сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ мебошанд. Моддаи 38. Статути суди Байналмилалӣ муқаррар мекунад, ки суд ҳангоми ҳалли баҳсҳо принсипҳои умумии ҳуқуқро, ки аз тарафи миллатҳои ботамаддин эътироф шудаанд, истифода мебарад[3]

            Шартномаҳои меъёрӣ аз қабили сарчашмаҳои васеъ паҳншуда буда, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ биёр истифода мешаванд. Ин шартномаҳо шаклҳои зиёд доранд. Яке аз онҳо шартномаҳои байналмилалӣ аст, ки байни давлатҳо ва субектони дигари ҳуқуқи байналмилалӣ баста мешаванд. Шакли дигари шартномаҳои меъёрӣ ин шартномаи коллективӣ аст, ки тартиби бастану мазмуни он дар ҷумҳурии мо бо Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои колективӣ» аз 25 ноябри с. 1992 муайян шудааст.       Санади меъёрӣ сарчашмаи муҳим ва васеъ паҳнгаштаи ҳуқуқ аст. Он дар мамолики ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, собиқ кишварҳои сотсиалистӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар истифода мешавад. Санадҳои меъёрӣ як қатор афзалиятҳо (тарафҳои        мусбӣ)           доранд.         Онҳо барои             танзими         як        намуди          алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳалли шумораи беохири баҳсҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ мешаванд. Ин санадҳо дар давраи калони таърихӣ амал карда, устувории низоми муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин мекунанд. Онҳо аз ҷониби давлат (дар симои мақомоти ваколатдор ё ашхоси мансабдор) ё халқ (дар райъпурсӣ) дар шаклҳои махсус (Конститутсия, қонун, қарор, фармон ва ғ.) қабул шуда, бо чораҳои ҳуқуқӣ (маҷбурсозӣ) таъмин мешаванд. Санадҳои меъёрӣ дорои низоми устувор мебошанд, ки дар он ҳар як санад вобаста ба қувваи ҳуқуқиаш ҷои худро соҳиб аст (аввал Конститутсия, баъд қонунҳо ва сипас санадҳои зериқонунӣ).  

Оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир 

Нақшаи кор:

  1. Низоми  ҳуқуқӣ ва  «оилаҳои  ҳуқуқӣ»
  2. Оилаи  ҳуқуқи  романӣ-олмонӣ
  3. Ҳуқуқи  англисӣ-америкоӣ
  4. Ҳуқуқи  мусулмонӣ

Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиқ А. И. История первобытного общества. – М., 1990. 
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. – М., 1998. 
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1.  Низоми  ҳуқуқӣ ва  «оилаҳои  ҳуқуқӣ»

      Низоми ҳуқуқии ҳар як давлат, аз як тараф, миллӣ бошад, аз тарафи дигар – мазмуни умумибашарӣ дорад. Ҳеҷ як ҳуқуқи миллӣ мустақилона ва дар ҳудуди танҳо як давлат, бе назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, бе истифодаи арзишу ғояҳои ҳуқуқии башарӣ инкишоф ёфта наметавонад. Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи англисӣ дар ШМА, Канада, Австралия, Зеландияи Нав ва ғ., ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ғайр аз Европа дар Америкаи Лотинӣ, қисми бештари Африка, кишварҳои Шарқи Наздик ва ғ. амал мекунад. Бештари ё қисми аҳолии 51 давлати ҷаҳон пайравони ҳуқуқи мусулмонианд. 

      Таснифи низомҳои ҳуқуқии миллӣ низ ҳар хел сурат гирифтааст. Муаллифон асосҳои гуногуни таснифиро истифода мебаранд. Масалан, А.Х. Саидов оилаҳои ҳуқуқии романӣ-олмонӣ, оилаи ҳуқуқи умумӣ, ҳуқуқи Америкаи Лотинӣ, ҳуқуки Скандинавӣ, ҳуқуқи мусулмонӣ, ҳуқуқи ҳиндуӣ, ҳуқуқи одатиро ҷудо мекунад. В.М. Корелский ва В.Д. Перевалов низоми ҳуқуқии англосаксонӣ, романӣ-олмонӣ, мусулмонӣ, сотсиалистӣ, одатиро, А.С. Пиголкин ҳамин қабил таснифро (ғайр аз ҳуқуқи сотсиалистӣ) эътироф мекунанд. 

      Вале асоси тамоми таснифҳои ҷойдоштаро ду равияи асосӣ ташкил медиҳанд. Яке бо номи олими намоёни франсавӣ Р. Давид ва дигаре бо номи муҳаққиқи олмонӣ К. Свайгерт алоқаманд аст. Асоси назарияи таснифи Р. Давидро меъёрҳои ҳам ҳуқуқӣ (соҳаҳои ҳуқуқ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, татбиқи ҳуқуқ ва ғ.) ва ҳам иҷтимоӣ (сохтори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, низоми сиёсӣ, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ) ташкил медиҳанд. Муаллиф оилаҳои ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, сотсиалистӣ, умумӣ, динӣанъанавиро (ҳуқуқи мусулмонӣ, ҳуқуқи Ҳиндустон, низоми ҳуқуқии Шарқи Дур, Африка ва Мадагаскар) ҷудо мекунад. К. Свайгерт меъёри

«услуби    хуқуқиро»          (пайдоиши          низоми       ҳуқуқӣ,      тафаккури         ҳуқуқӣ, институтҳои ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, мафкураи ҷомеа) истифода бурда, «доираҳои хуқуқии» романӣ, олмонӣ, скандинавӣ, англо-америкоӣ, сотсиалистӣ, ҳуқуқи ислом, ҳуқуқи ҳиндуиро ҷудо мекунад[4]

      Ҳангоми таснифи оилаҳои ҳуқуқӣ бояд муқаррар кард, ки ҳуқуқи сотсиалистӣ дар онҳо дар шароити кунунӣ чи нақш дорад. Бояд гуфт, ки бештари таснифҳо то солҳои 90-м гузаронида шудаанд ва воқеияти охири ин даҳсоларо ба инобат намегиранд. Дар як давраи кӯтоҳ системаи ҷаҳонии сотсиалистӣ, ки асосан ИҶШС ва Европаи Шарқиро фаро мегирифт, аз байн рафтааст. Унсурҳои ҷудогонаи он (бо шаклҳои хос) дар Хитой, Ветнам, Кореяи Халқи-Демократӣ, Куба боқӣ мондаанд. 

      Оилаи ҳуқуқӣ мафҳуми илмӣ-муқоисавӣ аст, ки якчанд низоми ҳуқуқии миллии дорои аломатҳои умумиро дар бар мегирад. Барои таснифи онҳо маҳакҳои ҳуқуқӣ, аз қабили таърихӣ-назариявӣ, техникӣ-ҳуқуқӣ, мафкуравӣ-ҳуқуқӣ, амалӣ-ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Дар асоси онҳо оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони  муосирро  ба  гурӯҳҳои  зерин  ҷудо кардан мумкин аст: 1) оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, 2) оилаи ҳуқуқи умумӣ, 3) ҳуқуқи мусулмонӣ, 4) ҳуқуқи Ҳиндустон, 5) ҳуқуқи Шарқи Дур, 6) ҳуқуқи одатии африкоӣ.

      Оилаҳои ҳуқуқии зикршуда ба шохаҳои ҷудогона тақсим мешаванд.

Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, масалан, ба франсавӣ ва олмонӣ ҷудо мешавад. Аммо ҳуқуқи романӣ-олмонӣ танҳо бо ин ду намуди ҳуқуқ маҳдуд намешавад. Унсурҳои он дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ, Япония ва ғ. мушоҳида мешаванд. Собиқ давлатҳои сотсиалистӣ (Полша, Венгрия ва ғ.) то с. 1917 ва ҷанги дуюми ҷаҳон шомили ҳуқуқи романӣ-олмонӣ буданд. Бинобар он анъанаҳои ин низоми ҳуқуқӣ ҳоло дар ин кишварҳо боқӣ мондаанд. Тоҷикистон низ, ки дар тӯли 70 сол узви ИҶШС буд, низоми ҳуқуқиашро дар асоси нуқтаҳои пешбарандаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ инкишоф медиҳад.

2.  Оилаи  ҳуқуқи  романӣ-олмонӣ

      Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ дар Европа дар асоси ҳуқуқи Рими Қадим, ҳуқуқи канонӣ ва одатҳои маҳаллӣ пайдо шудааст. Баъдтар ҳуқуқи европоӣ дар Америкаи Лотинӣ, қисми бештари Африка, кишварҳои Шарқи Наздик, Япония, Индонезия паҳн мешавад. Дар асри ХХ ҳуқуқи сотсиалистӣ аз романӣ-олмонӣ ҷудо мешавад. Вале анъанаҳои ҳуқуқи европоӣ дар ИҶШС нигоҳ дошта мешаванд.

      Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ аз ду гурӯҳи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст: 1) аввалин, ки дар қонунҳо дарҷ шудаанд ва 2) дуюмин, ки маҳсули тафсири судӣ аст.

      Меъёри ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ҳуқуқи романӣ-олмонӣ чун қоидаи рафтори умумиҳатмӣ фаҳмида мешавад. Меъёрҳои конститутсионӣ эътибори баландтари ҳуқуқӣ доранд.

      Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ба ду қисм тақсим мешавад: 1) ҳуқуқи омма ва 2) ҳуқуқи хусусӣ. Ҳуқуқи омма аз ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, молиявӣ, ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи байналмилалии омма ва ҳуқуқи хусусӣ аз ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, тиҷоратӣ, муаллифӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ иборат аст.

      Дар натиҷаи сиёсати мустамликадории кишварҳои Европа ва аҳамияти намунавии кодификатсия ҳуқуқи романӣ-олмонӣ дар Америка, бештари Африка, кишварҳои Шарқ, Япония паҳн мешавад. Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ дар манотиқи Осиё ва Индонезия низ паҳн шудааст. 

3.  Ҳуқуқи  англисӣ-америкоӣ

      Оилаи ҳуқуқии номбурда аз ду шохаи ҳуқуқӣ иборат аст: 1) ҳуқуқи англисӣ ва 2) ҳуқуқи ШМА.      Аз нигоҳи маҳалли пайдоиш (омили ватанӣ) ҳуқуқи англисӣ ин ҳуқуқи Англия ва Уэлс аст на тамоми Британия[5]. Бинобар он ба ҷои ибораи ҳуқуқи «бритонӣ» ибораи ҳуқуқи англисӣ истифода мешавад. Дар айни замон ҳуқуқи англисӣ – ҳуқуқи ҷаҳонӣ аст. Он дар Канада, Австралия, Зеландияи Нав ва дигар давлатҳо – аъзоёни Ҳамкории Британия, ки шумораи онҳо имрӯз ба 36 мерасад, амал мекунад. Ҳуқуқи англисӣ асоси пайдоиши ҳуқуқи ШМА аст. Таъсири он дар бисёр давлатҳо (Ҳиндустон, Судан ва ғ.) мушоҳида мешавад. Сеяки аҳолии ҷаҳон бо ҳуқуқи англисӣ зиндагӣ мекунад. 

      Ҳуқуқи англисӣ – ҳуқуқи судӣ аст. Онро судҳои каролӣ эҷод намудаанд. Аз ин лиҳоз зарурият ба кодификатсия ва кабули кодексҳои нави европоӣ дар Англия пайдо нашудаанд. Ҳуқуқи англисӣ мисли романӣ-олмонӣ ба омма ва хусусӣ тақсим намешавад. Ба ҳуқуқи англисӣ таснифи дигари ҳуқуқ, низоми алоҳидаи сарчашмаҳои ҳуқуқ, мафҳумҳои махсуси ҳуқуқӣ хосанд.

      Ҳуқуқи англисӣ се сарчашмаи асосӣ дорад: 1) амсоли судӣ, 2) қонун, 3) одатҳо. Амсоли судӣ сарчашмаи асосӣ аст. 

      Ҳуқуқи ШМА дар асоси ҳуқуқи англисӣ пайдо шудааст.      ШМА давлати федералӣ аст. Дар он 51 низоми ҳуқуқӣ амал мекунад: 50 дар штатҳо ва як низоми федералӣ. Қонунгузорӣ ва низоми судӣ ба федералӣ ва штатӣ ҷудо мешавад. 

      Қонунҳои ШМА ба федералӣ ва штатҳо тақсим мешаванд. Дар байни қонунҳои федералӣ ҷои асосиро Конститутсияи ШМА с. 1789 ишғол мекунад. Дар ШМА кодексҳо қабул шудаанд: кодекси гражданӣ дар Калифорния, Дакотаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҷорҷия, Монтана, кодекси мурофиаи гражданӣ – дар 25 штат, кодекси ҷиноӣ – дар ҳамаи штатҳо, кодексҳои мурофиаи ҷиноӣ – дар баъзе штатҳо. 

4.  Ҳуқуқи  мусулмонӣ

      Ҳуқуқи мусулмонӣ – қисми ҷудонашавандаи ислом аст. Агар ҳуқуқи романӣ ё англисӣ бо тамаддуни Ғарб алоқаманд бошад, пас ҳуқуқи мусулмонӣ мансуби тамаддуни исломӣ аст. Ҳуқуқи мусулмонӣ аз лаҳзаи пайдоиш мазмуни динӣ дошт. Меъёрҳои он дар чорчубаи муқаррароти ислом ташаккул ёфтанд. 

            Ислом дар кишварҳои мусулмонӣ (Арабистони Саъудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва диг.) дини расмии давлатӣ эълон мешавад. Ин меъёр дар як қатор кишварҳои ислом дар сатҳи конститутсионӣ низ эълон мешавад (чунончӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз с. 1979). Вобаста ба ин, ҳуқуқи мусулмонӣ низ, ки ҷузъи ислом аст, дар ин кишварҳо хислати расмӣ дорад. Ин хислати расмии ҳуқуқи мусулмонӣ, аз ҷумла, дар он ифода меёбад, ки ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои мусулмонӣ мутобиқи ислом мебошанд.

       Ислом аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ғ. иборат аст. На танҳо ҳаёти шахсӣ, балки ташкилу фаъолияти давлат, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳти танзими ислом қарор доранд. Вобаста ба ин, дар ҳуқуқи мусулмонӣ ғайр аз ҳуқуқи оилавӣ ва мерос ҳамчунон ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, мурофиавӣ ва ғ. инкишоф ёфтанд. Ҳуқуқи мусулмонӣ вазифаҳоеро ба ӯҳда дорад, ки онҳоро дар Европа ҳуқуқи дунявӣ иҷро мекунад.

      Ҳуқуқи мусулмонӣ чаҳор сарчашмаи асосӣ дорад: Қуръон, Сунна, иҷма ва қиёс. Асоси ҳуқуқи мусулмонӣ ва тамоми тамаддуни исломӣ Қуръон аст, ки китоби муқаддаси ислом ҳисоб мешавад. Меъёрҳои Қуръон масоили мухталифи ҳаёти ҷомеаи исломиро танзим мекунанд, аз қабили вазъи ҳуқуқии шахс, ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноят ва ҷазо, мурофиаи судӣ, масъалаҳои дорои мазмуни конститутсионӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, байналмилалӣ. Сунна маҷмӯи ҳадисҳо (ривоятҳо) оиди ҳаёту фаъолияти Муҳаммад пайғамбар аст. Муҳаққиқон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки онҳоро ҷамъ оваранд (масалан, ал-Бухорӣ дар асри IX). Дар натиҷаи мутобиқ кардани ҳуқуқи мусулмонӣ ба шароитҳои нави ҳаёти минбаъда ҳуқуқшиносони ислом дар асоси истифодаи ҳуқуқи иҷтиҳод (ҳуқуқи мустақилона, вале бо назардошти Қуръон ва Сунна ҳал кардани масоили танзимнагашта) ба сарчашмаи сеюм – иҷма асос мегузоранд. Он чун фикри ягонаи ҷамоаи мусулмонон (на фардӣ) оиди масоили танзимнагашта ҳисоб мешавад. Дар ҷараёни истифодаи ҳуқуқи иҷтиҳод шумораи зиёди мазҳабҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд, ки меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ таълиф мекунанд. Қиёс ба ҳайси усули татбиқу тафсири меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ истифода мешавад. Дар асри XI давраи тақлид оғоз гардида, боиси қатъи ҳуқуқи иҷтиҳод мешавад. Ҳуқуқи мусулмонӣ мисли европоӣ ба омма ва хусусӣ, умумӣ ва адолат тақсим намешавад.

      Гарчанде меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ то асри Х пурра муайян шудаанд, онҳо то шароити кунунӣ амал мекунанд. Дар арафаи асри XXI нуфузи ислом бештар шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқи мусулмонӣ имконияти ба шароитҳои нави ҳаёт мутобиқ шуданро дорад. Барои ҳалли ин масъала роҳу воситаҳои гуногун истифода мешаванд.

      Ҳуқуқи мусулмонӣ дар ҷомеаи муосир эътибори баланд дорад. Давлатҳои исломӣ содиқ будани худро ба муқаррароти исломӣ дар қонуну конститутсияҳо эълон кардаанд (конститутсияҳои Марокко, Тунис, Алҷазоир, Мавритания, Эрон, Покистон). Мувофиқи Кодексҳои граждании Миср (с. 1948), Алҷазоир (с. 1975), Ироқ (с. 1951) судҳо ваколатдоранд нуқсонҳои ҳуқуқиро дар асоси принсипҳои ҳуқуқи мусулмонӣ пурра намоянд.

            Истифодаи созишномаҳои хусусӣ низ як роҳи дигари мутобиқшавии ҳуқуқу мусулмонӣ гардид. Тавассути чунин созишномаҳо, ки дар амалияи судӣ одатан истифода мешаванд, дар баъзе давлатҳо, алалхусус, Сирия меъёрҳои никоҳ ва оила тағйир ёфтаанд. Вале мазҳабҳои суннӣ чунин тағйиротҳоро, аз қабили муқаррар кардани давомияти муваққатии никоҳ ё умумияти амволи тарафҳоро роҳ намедиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, дар дигар манотиқ онҳо назаррасанд. 

      Дар мутобиқшавии ҳуқуқи мусулмонӣ нақши ҳокимият (шоҳ ё парламент) низ назаррас аст. Ҳокимият нисбати адолати судӣ ваколати назоратӣ дорад. Дар натиҷа аз ҷониби он чораҳои танзимсозанда қабул мешаванд, ки эътибори ҳуқуқӣ доранд. Шоҳ дар давлатҳои мусулмонӣ метавонад ба судҳо дар хусуси истифодаи ин ё он мазҳаб нишондод диҳад. Дар Туркия бо нишондоди ҳокимият даъвоҳои ба ҳолатҳои понздаҳ сол пештара асосёфта эътибори судӣ пайдо намекунанд. Дар Миср баҳси оилавӣ дар суд баррасӣ намешавад, агар никоҳ дар мақомоти гражданӣ баста нашуда бошад ё агар яке аз тарафҳо муносиби синни никоҳӣ набошад.

      Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ё умумӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонии давлатии конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, меҳнатӣ таъсир расонидааст. Масалан, дар ин манотиқ шакли идораи президентӣ ё парлумонӣ истифода мешаванд. Вале соҳаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ ҳастанд, ки муқаддас ва тағйирнопазир ҳисоб мешаванд, аз қабили никоҳ, оила, мерос. Дар ин соҳа фаъолияти қонунгузорӣ манъ шуда буд. Ҳатто кодексҳои гражданӣ (с. 1869) ва мурофиаи граждании (с. 1876) Туркия ҳуқуқҳои шахсӣ, оила ва меросро танзим намекунанд. Вале баъдтар дар кишварҳои мусулмонӣ дар ин соҳа низ кодификатсия гузаронида мешавад (кодексҳои Сирия, Тунис, Марокко, Ироқ, Ямани Ҷанубӣ, Миср, Иордания). Дар Эрон, Покистон, Қувайт ислоҳоти ҳуқуқи оилавӣ ва меросӣ гузаронида шудааст. Дар баъзе кишварҳо дар соҳаи шахсӣ низ таъсири ҳуқуқи европоӣ чашмрас аст.

Масалан, дар Туркия бисёрникоҳӣ, қатъи яктарафаи никоҳ аз тарафи шавҳар, тақсими нобаробари мерос байни писарону духтарон манъ аст.


[1] Ниг.: Сюкияйнен Л.Р. Доктрина как источник мусульманского права // Источники права. – М., 1985. – С.89.

[2] Дар ин бора ниг.: Студеникина М.С. Кит. иш. – С.167.

[3] Ниг.: Њамон љо.

[4] Ниг.: Саидпв А.Х. Кит. ишпрагашта.

[5] Британияи Кабир – Карплии Муттаоидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимплї буда, ба ќисматопи Англия, Шптландия, Уэлс ва Ирландияи Шимплї људп мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.