ПАЙДОИШ, МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ ДАВЛАТ

2.Пайдоиш, моҳият, нишонаҳо  ва навъҳои таърихии давлат

Замоне буд, ки дар олам давлат вуҷуд надошт. Вай дар марҳилаи муайяни тараққиёти ҷамъият ба вуҷуд омад. То замони пайдо шудани давлат сохти ҷамъияти ибтидоӣ вуҷуд дошт. Дар чунин ҷамъият давлат, ҳуқуқ, синфҳо ва ҳатто моликияти хусусӣ набуд. Одамон якҷоя меҳнат карда, воситаҳои рӯзгузарониро ба даст меоварданд. Ҳама одамон озод ва баробар буданд. Онҳо озодӣ ва манфиатҳои якдигарро якҷоя ҳифз мекарданд. Муносибатҳои байни одамон дар асоси расму одат ва анъана ба тартиб дароварда мешуданд. Масъалаҳои муҳими ҳаётӣ дар маҷлиси  умумии аъзои ба балоғат расидаи авлод ҳал карда мешуданд. Доҳиён ва сардорони ҳарбӣ дар фосилаи ҷамъомадҳо масъалаҳои ҷории ҳаёти ҷамъиятро идора менамуданд. Онҳо нисбат ба дигарон ҳеҷ гуна бартарии моддӣ надоштанд. Ҳар вақте, ки зарурат пеш меомад, онҳоро интихоб ё иваз мекарданд. Ҳеҷ гуна гурӯҳи махсуси одамоне, ки дигаронро расман идора намоянд, вуҷуд надошт. Асоси сохти ташкиливу иҷтимоии ҳаёти аъзои ҷамъиятро ҷамоаи оилавӣ ташкил медод, ки дар пояи муносибатҳои авлодӣ бунёд ёфта буд. Якчанд авлод муттаҳид шуда, ҷамоаи оилавиро ташкил медоданд.

Бо мақсади юришҳои ҳарбӣ, ҳуҷум ба қабилаҳои дигар ва ғайраҳо якчанд ҷамоаи оилавӣ муттаҳид мешуданд, ки асоси онро низ нишонаи авлодӣ ташкил медод. Ба ҳамин сабаб ҷамъияти он замонҳоро ҷамъияти авлодӣ меномиданд. 

Шаклҳои асосии фаъолияти хоҷагии одамонро шикор, моҳидорӣ ва ҷамъ намудани наботот ташкил медоданд. Чунин навъи ҳаёти хоҷагиро  хоҷагии азхудкунанда меноманд. 

Гузариш аз хоҷагии азхудкунанда ба иқтисодиёти истеҳсолкунанда бештар ба омилҳои хислати экологидошта асос меёбад. Тағйироти номусоиди муҳит, нобудшавии намудҳои зиёди наботот ва ҳайвонот, ки одамони ҷамъияти ибтидоӣ истеъмол менамуданд, ба инкишофи ҷамъияти ибтидоӣ бетаъсир намонд. Гузариши мунтазам ба иқтисоди истеҳсолкунанда ҳаёти одамони ҷамъияти ибтидоиро дигаргун сохт. Функсияҳои нави идоракунӣ пайдо шуда,  барқароршавии типи нави фаъолияти меҳнатӣ ба миён омад. 

Инкишофи заминдорӣ зарурати танзим ва баҳисобгирии саҳми ҳар як  узви ҷамъияти ибтидоиро ба миён оварда, иштироки онҳоро дар ташкили фондҳои ҷамъиятӣ, тақсимоти маҳсулоти истеҳсолшуда ва ташкили фондҳои гуногун муайян намуд. Пешво дар ҷамъият тақсимкунандаи асосии маҳсулоти истеҳсолшуда, назораткунанда ва танзимкунандаи ҷараёни истеҳсолот мегардад ва бо гузашти вақт  аз омма ҷудо гардида, вобаста ба мавқеи ишғолкардааш имконият пайдо мекунад, ки арзиши изофаи маҳсулотро аз худ намуда, ба дорандаи моликият табдил ёбад. Бо му-

раккабшавии истеҳсолот шахсоне пайдо мешаванд, ки функсияи мушовир, маъмур, амалдор ва ғайраро иҷро менамуданд.

Ҳамин тавр, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат (кишоварзӣ, чорводорӣ, тиҷорат) боиси ба синфҳо ҷудо шудани ҷамъият гардид. Дар ҷамъият тадриҷан гурӯҳҳои сарватманд ва камбизоат ба вуҷуд омаданд. Рафтарафта зиддияти байни онҳо пурзӯр гардид ва онҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват буданд, ба дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ эҳтиёҷ пайдо намуданд. Ҳамин тариқ, таназзули ҷамъияти ибтидоӣ оғоз гардид. Ба вуҷуд омадани синфҳо, пурзӯршавии истисмор ва пайдоиши моликияти хусусӣ боиси ташкили дастгоҳи маҷбуркунӣ гардид. Ба сифати чунин дастгоҳи маҷбуркунӣ фақат давлат амал карда метавонист. Вай дар натиҷаи тараққиёти дохилии ҷамъияти ибтидоӣ, пайдоиш ва зиддияти синфҳо ва нобаробарии молумулкии аъзоёни ҷамъият ба миён омад. Вале вайроншавии ҷамъияти ибтидоӣ дар рӯи замин ва тарзи пайдоиши давлатҳо бо шаклҳои гуногун ҷараён мегирифт. Давлатҳо вобаста ба шароити муайяни таърихӣ, пайдоиши моликияти хусусӣ, инчунин тарзу усулҳои муборизаи синфҳо бо шаклҳои гуногун пайдо мешуданд.

Нахустин давлатҳо аввал дар Шарқ пайдо шудаанд. Қувваи асосии истеҳсолкунанда ва табақаи бонуфузи ин давлатҳо зироатпарварон будаанд. Давлатҳои нахустин дар шакли шаҳр – давлатҳо пайдо шудаанд. Онҳо бе ягон таркиши иҷтимоӣ пайдо шуда, баъдтар ба давлатҳои дорои тарзи истеҳсоли осиёӣ

табдил ёфтаанд. Нахустин давлатҳо дар ҳазорсолаи IV-VII то солшумории милодӣ дар Хитойи қадим, Байнаннаҳраин, Месоамерика  ва Перуи Кӯҳӣ дар як вақт ва новобаста аз ҳамдигар  пайдо шудаанд. Дар онҳо табақаҳои нави иҷтимоӣ, ба монанди зироатпарварон, ҳунармандон, рӯҳониён ва идоракунандагон истиқомат мекарданд. Дар он давлатҳо байни одамон тақсимоти молу мулк ва меҳнат аниқ шуда, мазмуни ҳудудӣ пайдо карда буд. Шаҳр – давлатҳо бо мурури замон ба марказҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва динӣ табдил ёфта, вазифаҳои идоракунии давлатро иҷро мекарданд.

Пайдоиши давлат дар таърихи башар бо шаклҳои дигар низ сурат гирифтааст. Ф.Энгельс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон  додааст: афинагӣ, римӣ ва олмонӣ.

Давлати ғуломдории Афина шакли классикии пайдоиши давлат мебошад. Зеро он дар натиҷаи инкишофи сохти авлодӣ, ки асоси онро зиддиятҳои синфӣ ташкил медоданд, бе дахолат ва зӯроварии дохиливу берунӣ пайдо шудааст.

Давлати Рим низ дар асоси вайроншавии сохти авлодӣ, бавуҷудоии моликияти хусусӣ ва ба синфҳои ба ҳам зид ҷудо шудани ҷамъият ба вуҷуд омадааст. Вале хусусияти фарқкунандаи пайдоиши давлати қадими Рим аз он иборат аст, ки он натиҷаи муборизаи байни плебейҳо ва патрисийҳо мебошад. Плебейҳо шахсони озод буда, аз авлоди римиҳо набуданд. Онҳо аз маҳалҳои ба зери итоат даровардашуда ва соҳиби замин буда, андоз месупориданд ва хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд. Патрисийҳо асилзодагон ва ҳокимони авлодии римиҳо буданд. Плебейҳо барои роҳ ёфтан ба мансаб ва истифода бурдан аз заминҳои давлатӣ ба муқобили патрисийҳо муборизаро сар карданд. Ин мубориза боиси суръат гирифтани ҷараёни ташкилшавии давлати ғуломдории Рим гардид.

Давлати олмонӣ шакли дигари пайдоиши давлат мебошад. Вай дар асри V пеш аз милод дар натиҷаи забт шудани ҳудуди империяи Рим аз тарафи қабилаҳои олмонӣ ба вуҷуд омадааст. Қабилаҳои олмонӣ, ки дар сохти ҷамъияти авлодӣ зиндагӣ мекарданд, баъди забт намудани ҳудуди империяи Рим онро идора карда натавонистанд. Зеро барои идора кардан дастгоҳи маҷбуркунӣ лозим буд. Ба ҳамин сабаб мақомоти сохти авлодии олмонӣ базудӣ ба мақомоти давлатӣ табдил ёфтанд.

Моҳияти давлат мазмун, таъинот ва мавҷудияти давлатро дар бар мегирад ва масъалае мебошад, ки ба кӣ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Ҳарчанд  давлат дар давраҳои муайяни таърихӣ манфиатҳои табақа ё синфи ҳокимро ифода намуда, ҳукмронии ақаллиятро аз болои  аксарият таъмин кардааст, вале  дар шароити ҳозира моҳияти худро тағйир додааст. Давлат тадриҷан ба механизми самараноки бартараф намудани мухолифатҳои ҷамъиятӣ на бо роҳи зӯрӣ ва пахш кардани онҳо, балки ноил шудан ба роҳи созиш табдил меёбад. Худи мавҷудияти давлат дар давраи ҳозира чандон ба синфҳо ва муборизаи синфӣ алоқаманд набуда, бештар ба талаботу манфиатҳои умумииҷтимоӣ вобаста мебошад.

Ин масъала ҳамкории оқилона ва маъмулан осоиштаи қувваҳои гуногун ва ба ҳам мухолифро дар назар дорад. Лекин чунин тарзи ҳалли масъала маънои онро надорад, ки давлатҳои ҳозира моҳияти синфии худро пурра гум карда бошанд. Дар шароити нав моҳияти синфии давлат аҳамияти дуюмдараҷа пайдо карда, моҳияти умумииҷтимоии он ба ҷои аввал баромадааст. Акнун давлатҳо фаъолияти худро барои таъмин кардани созиши умумииҷтимоӣ ва идораи  корҳои ҷамъият равона месозанд. Бинобар ин, ҳангоми таҳлили моҳияти давлат ҳарду омил ё ҳарду паҳлӯи масъаларо бояд ба назар гирифт. Инкор кардани яке аз ин ду омил моҳияти давлатро нопурра ва яктарафа баҳо додан аст.

Давлат дорои нишонаҳои зерин мебошад:

.Ҳокимияти оммавӣ (давлатӣ). Ҳокимиятро барои он оммавӣ меноманд, ки вай бо ҷамъият як (мутобиқ) набуда, балки аз номи он, яъне аз номи тамоми халқ фаъолият мекунад. Ҳокимияти оммавӣ дар симои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, инчунин шахсони мансабдори давлатӣ  таҷассум ёфта, ба ҳокимияти давлатӣ табдил меёбад ва ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи чунин навъи ҳокимият мебошад. Ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомот ва шахсони мансабдор идоракунии ҷамъиятро ба роҳ монда, ба ҳамин тартиб аз ҷамъият ҷудо мешавад ва аз он боло меистад. Давлат якҷоя  бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ дастгоҳи махсуси маҷбуркуниро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, судҳо, прокурорҳо, артиш, милиса, мақомоти амният ва ғайраҳо ба сифати чунин мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият мекунанд.

2. Ташкили ҷойгиршавии аҳолӣ дар ҳудуди муайян ва амалӣ намудани ҳокимияти оммавӣ дар доираи он ҳудуд. Давлат дорои ҳудуди муайяне мебошад, ки дар он ҳудуд соҳибихтиёрии давлат ифода меёбад. Аҳолие, ки дар ин ҳудуд зиндагӣ мекунад, шаҳрвандони он давлат ба ҳисоб меравад. Фарқи давлат аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ (иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайра) дар он аст, ки давлат ифодакунандаи манфиати ҳамаи аҳолии мамлакат буда, ҳокимияти худро нисбат ба ҳамаи онҳо баробар татбиқ менамояд. Вале ташкилотҳои ғайридавлатӣ ихтиёран ташкил ёфта, фақат як қисми аҳолиро дар ҳайати худ муттаҳид месозанд.

3.Соҳибихтиёрӣ нишонаи сеюми давлат мебошад. Соҳибихтиёрӣ дар волоият, мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ ифода меёбад. Волоияти ҳокимияти давлатӣ маънои ба ҳама умумӣ будани ҳокимият, бартарии он ва дорои қудрати маҷбуркунӣ доштани ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Мустақилият ва мухторияти ҳокимияти давлатӣ чунин маънӣ  дорад, ки давлат дар дохили мамлакат ва берун аз он ҳуқуқи ба таври мутлақ ва озодона ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳоро дорад.

4.Алоқамандии давлат ва ҳуқуқ. Давлат бе ҳуқуқ вуҷуд дошта наметавонад. Ҳуқуқ  давлат ва ҳокимияти давлатиро ба расмият дароварда, бо ҳамин роҳ онро қонунӣ (расмӣ) мегардонад. Давлат вазифаҳои худро ба шакли ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Ҳамзамон бо ин, ҳуқуқ фаъолияти давлат ва ҳокимияти давлатиро дар доираи қонуният мушаххас намуда, тобеияти онҳоро ба низоми ҳуқуқии мушаххас таъмин мекунад. Дар ин гуна ҳолати тобеияти давлатӣ ба ҳуқуқ давлати демокративу ҳуқуқбунёд ташкил меёбад.

Ҳамин тавр, давлат ташкилоти ҳокимияти сиёсии ҷамъият мебошад, дорои дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ буда, салоҳияти худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Вале чунин мафҳум низ ба монанди мафҳумҳои дигари давлат нисбатан шартӣ буда, танҳо нишонаҳои ҳуқуқии давлатро ифода менамояд ва моҳияти пурраи ин институти мураккабро дар бар намегирад.

Дар таърихи бисёрасраи инкишофи инсоният давлатҳои зиёде якдигарро иваз намудаанд. Бинобар ин, навъҳои таърихии давлат низ гуногун мебошанд. Онҳоро ба навъҳои таърихии давлатҳои Шарқ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ ҷудо менамоянд. Давлатҳои қадимаи  шарқӣ (Миср, Бобулистон, Хитой, Ҳиндустон ва ғайра) қариб 5 ҳазор сол пеш дар минтақаҳои дорои заминҳои обӣ пайдо шудаанд. Асоси иқтисодии ин давлатҳоро моликияти давлат ба замин ва иншооти обӣ ташкил медод. Дар ин давлатҳо ҳамчун анъана ба синфҳо ҷудошавии ҷамъият вуҷуд  надошт. Дар онҳо анъанаҳои мавҷудбуда нақши калон мебозиданд. Бисёр давлатҳои қадимаи Шарқ асрҳои дароз бе тағйир мемонданд ва ба ин сабаб инкишоф намеёфтанд. Сохтори ҳокимияти давлатӣ дар онҳо шакли истибдодӣ дошта, тамоми ҳокимият ба як шахс – шоҳ ё амири мутлақ ба таври меросӣ қарор дошт, ки бо ёрии дастгоҳи пурқуввати бюрократии ҳарбӣ идора карда мешуд.

Дар давлати типи ғуломдорӣ диктатураи ғуломдорон аз болои ғуломон, дар давлати типи феодалӣ ҳукмронии феодалҳо аз болои деҳқонон ва дар давлати капиталистӣ ҳокимияти буржуазия аз болои синфи  коргар таъмин карда мешуд. Дар баробари сарнагун шудани сохти буржуазӣ ва иваз шудани он ба навъи давлати сотсиалистӣ диктатураи синфи коргар ба вуҷуд омад.

Давлати ғуломдорӣ аслиҳаи ғуломдорон барои истисмори табақаи ғуломон буд. Он манфиати ғуломдоронро муҳофизат карда, ҳама гуна муқобилияти ғуломонро пахш менамуд, ҳукмронии аққалиятро аз болои аксарият таъмин мекард. Ғулом аз ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳо маҳрум буда, ҳамчун ҳайвон хариду фурӯш карда мешуд. Чунин ҳолат боиси норозигии ғуломон гардида, муборизаи онҳоро бар зидди сохти мавҷуда тадриҷан пурзӯр мекард. Дар натиҷаи шӯришҳои пайдарҳами ғуломон пояҳои давлати ғуломдорӣ суст шуда, барои гузаштан ба навъи давлатдории феодалӣ замина муҳайё мегардид. Оҳистаоҳиста давлати ғуломдорӣ ба давлати феодалӣ иваз шуда, ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҷамъияти феодалӣ табдил ёфт.

Гузариш ба давлати феодалӣ давраи дуру дарозро дар бар гирифта, танҳо дар асрҳои V-VI милодӣ аввалин давлатҳои феодалӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин ҷамъият заминдорон ва деҳқонон табақаҳои асосӣ ба ҳисоб мерафтанд. Заминдорон табақаи истисморкунанда ва деҳқонон табақаи истисморшаванда ба ҳисоб мерафтанд. Феодалҳо, ки соҳиби замин буданд, дар айни замон соҳиби ҳокимияти сиёсӣ ба шумор мерафтанд. Давлати феодалӣ ҳамчун воситаи аз тарафи феодалҳо пахш намудани муқобилияти деҳқонон буд. Вазифаи ин навъи таърихии давлатдорӣ таъмин намудани ҳукмронии феодалҳо аз болои деҳқонон буд. Тезутундшавии муборизаҳои синфӣ дар давлатҳои феодалӣ бо шӯришҳои зиёде меанҷомид. Дар ин маврид шумо аз таърих шӯришҳои Степан Разин ва Йемелян Пугачевро дар Россия, шӯриши Восеъро дар Бухорои Шарқӣ дар асри XIX ва ғайраҳо хондаед. Ин муборизаҳо боиси барҳам хӯрдани давлати феодалӣ ва ба ҷои он барпо гардидани давлати капиталистӣ гардидаанд. Давлати капиталистӣ бо дараҷаи нисбатан баланди инкишофи худ аз навъҳои давлати ғуломдорӣ ва феодалӣ фарқ мекунад. Дар чунин давлат ду синфи бо ҳам зид – коргар ва буржуазия вуҷуд дошт. Бо мурури тараққӣ  кардани капитализм зиддияти байни раванди истеҳсолоти хислати ҷамъиятидошта ва шакли хусусии азонихудкунии он пурзӯр мегардад. Истисмори коргарон торафт шиддат гирифта, норозигии онҳо аз сохти мавҷуда меафзуд. Дар натиҷаи инқилоб ин навъи давлат ба давлати сотсиалистӣ иваз гардид.

Инқилоби Октябри соли 1917 дар Россия барои бунёди давлати навъи сотсиалистӣ дар ҷаҳон замина гузошт. Ҷумҳурии мо, ки ба ҳайати давлати Шӯравӣ дохил мешуд, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои барпо намудани давлати сотсиалистӣ саъю кӯшиш менамуд.

Давлати Шӯравӣ ду марҳаларо тай намуд. Марҳалаи диктатураи пролетариат, ки аз октябри соли 1917 то пурра ва қатъиян ғалаба кардани сотсиализм, яъне охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-умро дар бар мегирад ва марҳалаи дуюм – давраи ташаккули давлати умумихалқӣ мебошад. Агар дар марҳалаи аввали инкишоф давлати сотсиалистӣ иродаи синфи коргарро ифода карда бошад, пас дар марҳилаи дуюм  моҳияти он ифода кардани иродаи оммаи халқ мебошад.                        

Дар охири соли 1991 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барҳам хӯрд. Дар арсаи ҷаҳон ташкилоти нав – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмон дода шуд. Таъсисдиҳандаи ИДМ 11 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла: Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина буданд. Дар соли 1993 Гурҷистон низ узви ИДМ гардид. Созишнома оид ба созмон додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Протокол ва Эъломияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 21 декабри соли 1991 ва Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 22 январи соли 1993 санадҳои таъсисии ИДМ мебошанд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, Оиннома ва фаъолияти амалии худ ташкилоти минтақавии байналмилалӣ мебошад. Вай дар асоси шартномаи байналмилалӣ аз тарафи давлатҳои мустақил таъсис дода шудааст. ИДМ бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо барпо карда шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ин ташкилот зарурати ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини сулҳ ва бехатарӣ, андешидани чораҳо оид ба кам кардани силоҳ ва хароҷоти ҳарбӣ, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар силоҳҳои қатли ом, ноил шудан ба беяроқгардонии умумӣ ва пурра махсус таъкид шудааст. Давлатҳои аъзои ИДМ дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки инкишофи ҳаматарафаи давлатҳоро дар доираи фазои ягонаи иқтисодӣ, инчунин кооператсия ва интегратсияи байнидавлатӣ ба роҳ монанд.

Бо мақсади ҳарчи самаранок ҳал кардани ин вазифа кишварҳои аъзои ИДМ моҳи сентябри соли 1993 оид ба барпо намудани Иттиҳоди иқтисодӣ шартнома бастанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда кишварҳои аъзои ИДМ ба хулоса омаданд, ки фаъолияти худро дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолият, истифода набурдани қувва ё таҳдиди он,  ягонагии қаламрави давлатҳо, ҳал намудани баҳсҳо бо роҳи осоишта, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ ва берунӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамкории байни давлатҳо, иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои аз рӯи ҳуҷҷатҳои Иттиҳод ба зимма гирифтаашон ва ғайра ба роҳ мемонанд.

2.Шаклҳои давлат

Давлатҳо на танҳо бо моҳияту вазифа ва самту тарзи фаъолияти худ аз якдигар фарқ мекунанд, балки бо шаклҳои идоракунӣ ва сохти давлатиашон низ аз ҳамдигар фарқ доранд. Вобаста ба шакли идоракунӣ давлатҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: монархӣ ва ҷумҳуриявӣ. Монархия – чунин шакли идоракунӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти олӣ қисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат мебошад. Дар сари давлат – монарх, подшоҳ, амир ва ё император меистад. Онҳо тахтро ба тариқи меросӣ ё баъзе вақт интихобӣ ба даст медароранд. Шакли давлатдории Эрон ва Ҳабашистон то инқилоб, Англия, Япония, Белгия ва ғайраҳо ба чунин давлатҳо мисол шуда метавонанд.

Дар шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ ҳокимият ба воситаи мақомоте, ки ба мӯҳлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад. Ин шакли давлатдорӣ президентӣ ва парламентӣ мешавад. Дар ҷумҳурии президентӣ ҳукумат новобаста аз ҳайати ҳизбии парламент аз тарафи Президент ташкил карда шуда, дар назди он масъулият дорад. Президент фаъолияташро мувофиқи салоҳдиди худ ба амал мебарорад. Ба чунин давлатҳо Россия, ИМА, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар ҷумҳурии парламентӣ ҳукумат аз намояндагони як ё якчанд ҳизб, ки дар парламент аксарияти ҷойҳоро ишғол менамоянд, ташкил карда мешавад. Чунин Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар назди парламент масъулият дорад. Ба чунин давлатҳо Ҳиндустон, Олмон, Италия ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Давлатҳо вобаста ба сохти давлатиашон низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сохти давлатӣ хусусияти муносибатҳои байниҳамдигарии рукнҳои давлат ва мақомоти марказиву маҳаллии онро ифода менамояд. Давлатҳо аз рӯи сохти давлатиашон ягона (унитарӣ), федеративӣ ва конфедеративӣ мешаванд.

Давлати ягона шакли оддии давлатдорӣ мебошад. Вай аз қисмҳои марзию маъмурӣ, ба монанди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва ғайраҳо иборат мебошад. Дар чунин давлат мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии умумӣ вуҷуд доранд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Франсия, Япония ва ғайраҳо.

Давлати федеративӣ шакли мураккаби давлатдорӣ мебошад. Дар он мақомоти ҳокимияти олӣ ва идоракунии барои ҳамаи федератсия умумӣ ташкил карда шуда, шаҳрвандии умумӣ вуҷуд дорад. Ҳар яке аз аъзои федератсия дорои мақомоти ҳокимиятӣ ва идоракунӣ буда, мустақилияти нисбии худро нигоҳ медорад. Аъзои федератсия фаъолияти худро дар доираи ваколатҳое, ки аз тарафи федератсия ба онҳо дода шудааст, ба амал мебароранд. Ба чунин давлатҳо ИМА, Россия, Ҳиндустон, Мексика ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Дар гузашта давлатҳои конфедеративӣ низ вуҷуд доштанд. Ин давлатҳо бо мақсади ба танзим даровардани як қатор масъалаҳо мақомоти олии умумӣ ташкил менамоянд. Дар онҳо ҳудуди ягона вуҷуд надорад. Чунин давлатҳо аз ҳудуди давлатҳои алоҳида иборатанд, ки бо якдигар иттиҳод бастаанд. Дар онҳо шаҳрвандии ягона низ вуҷуд надорад, яъне ҳар як давлат дорои шаҳрвандии худ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ исбот кардааст, ки давлатҳои конфедеративӣ дурудароз вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳо тез барҳам мехӯранд ё ба давлати федеративӣ табдил меёбанд. Дар гузашта ИМА, Нидерландия, Иттиҳоди Германия ва ғайра давлати конфедеративӣ буданд.

Давлатҳо вобаста ба низоми сиёсиашон низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Низоми сиёсӣ то андозае на танҳо шакли давлат, балки мазмуни фаъолияти онро тавсиф менамояд. Аз ин ҷо моҳиятан он меъёри муайянкунандаи  шакли давлат мебошад.

Низоми сиёсӣ маҷмӯи усул, тарз ва воситаҳое мебошад, ки бо ёрии онҳо ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Низоми сиёсӣ ҳолати ҳуқуқии шахсро дар ҷамъият ва давлат, ҳолати воқеии он, таъсири давлат ба ҳаёти сиёсии кишвар, шакли ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва салоҳияти онҳо ва ғайраҳо тавсиф медиҳад. Ду намуди гуногуни низоми сиёсӣ – демократӣ ва ғайридемократӣ вуҷуд дорад. Ба низоми  ғайридемократӣ дар гузашта давлатҳои Олмон, Италия, Кампучия ва ғайраҳо дохил мешуданд. Давлатҳое, ки дар асоси низоми демократӣ фаъолият менамоянд, баробарӣ ва озодии ҳамаи шахсонро эътироф карда, онҳоро на танҳо дар Конститутсия мустаҳкам  менамоянд, балки дар амал ҷорӣ  мекунанд. Волоияти қонун, риояи қонуният, истифодаи васеи институтҳои демократии гуногунро дар ҳаёти сиёсӣ таъмин менамоянд. Низоми демократӣ идеале мебошад, ки барои ноил шудан ба он ҳама гуна  ҷамъият ва давлат кӯшиш мекунад.   

3.Самтҳои асосии фаъолияти давлат

Давлат фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун ба амал мебарорад. Фаъолияти ҳар як давлат баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳое, ки дар ин ва ё он марҳилаи инкишоф дар назди худ мегузорад, равона шудааст. Фаъолияти давлат самтҳои зиёд дорад ва соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дигар соҳаву бахшҳоро дар бар мегирад. Самтҳои фаъолияти давлат, ки барои амалӣ гардонидани вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологӣ равона карда шудаанд, функсияи давлатро ташкил медиҳанд. Функсияҳои давлат  ниҳоят гуногун буда, ҳамаи онҳо якҷоя ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. Дохилӣ. 2. Берунӣ.

Функсияҳои дохиливу берунии давлатро сиёсати дохилӣ ва берунӣ ё хориҷӣ низ меноманд.

Равиши фаъолияти давлат дар дохили мамлакат функсияи дохилии давлат мебошад ва он нақши давлатро дар амалӣ гардонидани сиёсати дохилии мамлакат ифода менамояд. Функсияҳои дохилии давлат аз  функсияҳои хоҷагидорию ташкилотчигӣ, маданию тарбиявӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин андозбандӣ ва назорати молиявӣ иборат мебошад. Функияи дохилии давлат бо функсияи берунии он алоқамандии зич дорад. Сиёсати берунии давлат дар айни замон давоми сиёсати дохилии он мебошад.

Ба давлат функсияҳои зерини берунӣ хос мебошад: муҳофизати мамлакат, ҳамроҳшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ доир ба проблемаҳои глобалии ҳозиразамон, дастгирии тартиботи ҷаҳонӣ ва ғайраҳо.

Функсияҳои давлат вобаста ба тараққиёти мамлакат инкишоф меёбанд. Амалӣ гардидани онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат боиси пешрафт ва мустаҳкам шудани иқтидори ҳар як давлат мегардад. Зеро ба воситаи онҳо  вазифа ва мақсадҳои давлат амалӣ карда мешаванд. Масалан, бо амалӣ гардидани функсияи ташкилию хоҷагӣ вазифаҳои ташкил кардани истеҳсолот ва танзими иқтисодиёт бо мақсади гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ба тартиб дароварда мешавад.

Нақш ва мавқеи давлат дар ҳаёти маданию тарбиявӣ низ меафзояд. Зеро барпо  кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд на фақат пешрафти иқтисодӣ, балки маданияти баланди маънавии шаҳрвандонро низ талаб менамояд. Функсияи мазкур тарбияи одамонро дар рӯҳияи муносибати софдилона ба меҳнат, эҳтироми шаклҳои гуногуни моликият, ватандӯстӣ, маърифати баланд ва амсоли инҳо таъмин мекунад.

Функсияи иҷтимоӣ мазмуни гуногун дошта, доираи васеи проблемаҳоро дар бар мегирад. Вале таъиноти асосии он дар таъмини беҳбудии ҷамъиятӣ ифода меёбад. Барои ин давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки кафолати шуғли аҳолии қобили меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  шахсонеро, ки ба дастгирии давлат мӯҳтоҷанд, аз ҷумла маъюбон, мӯйсафедон, оилаҳои серфарзанд, бекорон ва ғайраҳоро таъмин намояд. Функсияи иҷтимоӣ  сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилот, илм, фарҳанг ва саломатии шаҳрвандон дар бар мегирад. Дар ин ҷо функсияи иҷтимоӣ дар шакли дастгирии давлатии  муассисаҳои таҳсилотӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода мешавад.  

Дар ҳалли вазифаҳои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд функсияҳои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши калон  мебозад. Ин функсия бо дигар функсияҳои давлат алоқамандии зич дошта, барои мустақилона ба амал баровардани онҳо ҳаматарафа мусоидат менамояд. Давлат ба воситаи ҳуқуқ вазифаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеологии худро дар ҳаёт татбиқ менамояд. Меъёрҳои ҳуқуқиро қабул карда,  иҷрои онҳоро ба воситаи механизми давлатӣ таъмин менамояд. Механизми давлатӣ низоми мақомоти гуногуни давлатӣ мебошад, ки ба воситаи онҳо иҷрои вазифа ва  функсияҳои давлат амалӣ гардонида мешавад. Ба мақомоти давлатӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ); мақомоти идоракунии давлатӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҳокимияти иҷроия); мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти маҷбуркунӣ (артиш, милиса, амният) дохил  мешаванд, ки ба воситаи онҳо ҳукмронии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеологии давлат таъмин карда мешавад.

Саволҳо

1.Давлат кай ба вуҷуд омад? 2. Кадом шаклҳои пайдоиши давлатро  медонед? 3.Моҳияти давлат дар чӣ ифода меёбад? 4.Фарқи давлат аз ҷамъияти ибтидоӣ дар чист? 5. Нишонаҳои давлат кадомҳоянд? 6. Давлат чист? 7.Навъҳои таърихии давлат ва моҳияти онҳо аз чӣ иборат аст? 8.Шаклҳои идоракунии давлатро номбар намоед. 9.Давлати президентӣ чист? 10. Давлати парламентӣ чист? 11.Вобаста ба сохти худ давлатҳо ба кадом намудҳо ҷудо мешаванд? 12. Низоми сиёсӣ ва намудҳои онро фаҳмонда диҳед. 13. Дар бораи самтҳои фаъолияти давлат маълумот диҳед.   14. Функсияи ҳокимияти давлатӣ чист? 15. Ба функсияҳои дохилии давлат кадом функсияҳо дохил мешаванд? 16. Ба функсияҳои берунии давлат кадом функсияҳо дохил мешаванд?

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.