Сабабҳо ва таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти ҷумҳурии тоҷикистон

1.Сабабҳо ва таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Аз рӯи таълимоте, ки дар  илми ҳуқуқшиносӣ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷои аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ намояндаи олии давлат ба шумор меравад. Дар амалияи сиёсати ҷаҳонӣ 2 навъи сарвари давлат вуҷуд дорад – яке президент (раиси ҷумҳурӣ) ва дигаре монарх  (шоҳ, султон, амир ва ғайра). Мансаби президент танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ арзи вучуд дошта метавонад. Дар давлатҳои сохти ҷумҳуриявӣ президентро кулли шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ, инчунин аъзои парламент ва дар баъзе давлатҳо (масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) коллегияи интихобкунандагон бо роҳи овоздиҳӣ интихоб менамоянд. Монарх бошад, дар давлатҳое, ки сохти мутлақият доранд, бо роҳи махсус, яъне ба мерос гирифтан таъин мегардад ва мӯҳлати роҳбарии ӯ маҳдуд нест.

Бояд гуфт, ки ягон ҳодисаву зуҳуроти сиёсӣ бе асоси қонунӣ инкишоф ёфта наметавонад. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерини ҳуқуқӣ буданд:

1. Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз

24 августи соли 1990;

  • Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон».
  • Изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991».

Мазмуни асосии санадҳои зикршуда аз он иборат буд, ки ҳокимияти давлатӣ аз ин пас мебоист ба воситаи се шохаи ҳокимият-қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешуд. Аммо ин гуна тақсими ҳокимият бе мансаби президент имкон надошт.

Ҳамин тавр, 29 ноябри соли 1990 Қонуни ҶТ «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» қабул шуд. Дар ин қонун сабабҳои таъсиси ин мансаб шарҳ дода шудаанд. Инҳо, пеш аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиату амнияти шаҳрвандон, устувор сохтани сохти конститутисионӣ ва вусъат додани ҷараёни дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ буданд.

Ғайр аз ин, дар қонуни мазкур аниқ карда шуд, ки ба ин мансаб шахси синнаш аз 35 боло интихоб шуда метавонад. Президент бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои Олӣ ва аз ҳисоби вакилони халқ ба мӯҳлати салоҳияти ин Шӯро интихоб карда мешавад. Агар аз се ду ҳиссаи вакилони халқ хоҳанд, Президент аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Ҳамин тариқ, бори аввал 30 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов дар интихоботи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Мувофиқи Қонуни дигар аз 1 декабри соли 1990 «Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар ҶШС Тоҷикистон ва дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶШС Тоҷикистон» вазифаи ноиби Президент таъсис дода шуд. Инчунин, бо мақсади сари вақт ва бо сифати хуб иҷро кардани ваколатҳои Сарвари давлат Шӯрои Олии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъминоти хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими фаъолияти Сарвари давлат –  музди кор, таъминот бо манзил ва нақлиёт, муҳофизати шахсӣ, нафақа ва ғайра равона шуда буд.

Ҳар инсон, новобаста аз вазифа, баромади иҷтимоӣ ва мавқеи дар кору зиндагӣ ишғолкардааш мувофиқи қонунҳои мамлакат ҳуқуқи ҳимояро аз ҳар гуна дахолат, тӯҳмат ва таҳқиру таъқиб дорад. Президент низ мисли ҳар яки мову шумо инсон аст ва паст задани шаъну эътибори ӯ мисли ҳар шахси дигар мумкин нест. Аз ин хотир, 29 июни соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти ҶШС Тоҷикистон» қабул гардид, ки мувофиқи он таҳқири оммавии Президент, тӯҳмат кардан ба ӯ чи аз ҷониби шахсони  алоҳида ва чи аз ҷониби воситаҳои ахбори умум кирдори ҷиноятӣ эътироф карда шуд.

Санади дигаре, ки ба таърихи таъсис додани мансаби Президент дахл дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 сентябри соли 1991 мебошад.

 Мувофиқи ин қонун муқаррар карда шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, 10 соли охир дар кишвар зиндагӣ карда бошад, метавонад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии худро пешбарӣ намояд. Як шахс паиҳам  бештар аз ду мӯҳлат Президент шуда наметавонад.

Тибқи ҳамин Қонун 24 ноябри соли 1991 якумин интихоботи умумӣ барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин интихобот Раҳмон Набиевич Набиев дуввумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 1992 қонуни дигар қабул намуд, ки мувофиқи он ҳамаи меъёрҳои конститутсионӣ роҷеъ ба ҳокимияти Президент бекор карда шуд. Ваколату салоҳияти Президент ба Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Баъди асосан ба анҷом расидани кашмакашиҳои дохилӣ 20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва масъалаи аз нав таъсис додани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни асосии қонуни навро ташкил намуд.

Ҳамин тавр, 21 июли соли 1994 Қонуни дигар «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва дар асоси он 6-уми ноябри ҳамон сол дар ҳаёти кишвари мо ҳодисаи воқеан таърихӣ ба амал омад. Якҷоя бо интихоби Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов сеюмин сарвари давлат аст, ки бо роҳи интихоботи умумӣ ба боварии халқи Тоҷикистон сазовор шуд.

Ҳамаи воқеаҳое, ки дар боло номбар кардем, давраи аввали ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Давраи дуюми ин ислоҳот ба оғози марҳилаи сулҳу суботи умумӣ ва ризоияти миллӣ рост меояд. Сухан дар бораи он меравад, ки ҳарчанд соли 1997 миёни Ҳукумати ҶТ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида буд, вале то соли 1999 ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда боқӣ монда буданд. Бо роҳи қонунӣ ҳал нашудани ин масъалаҳо боиси сар задани муноқишаҳои нав ва халалдор гардидани комёбиҳои сулҳи тоҷикон мегардид. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Э.Ш.Раҳмонов корҳои омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Баробари дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботии Тоҷикистон дафъаи дуюм  Э.Ш. Раҳмоновро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

Ислоҳоти конститутсионӣ баъди ин боз ҳам идома ёфт, зеро худи ҳаёт тақозо мекард, ки ҷараёни демократикунонӣ тезонида шавад ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва чамъиятиву сиёсӣ баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш равад. Аз ин сабаб, 22-уми июни соли 2003 оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд. Мувофиқи натиҷаҳои ин раъйпурсӣ акнун шаҳрвандони кишвар Сарвари худро ба мӯҳлати 7 сол интихоб мекунанд ва як шахс паиҳам беш аз ду мӯҳлат ба мансаби Президент интихоб шуда наметавонад.

Тавре ки мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон тӯлонӣ набошад ҳам, аммо мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дорад. Воқеияти 15 соли истиқлолият гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар хусуси мансаби Президент барои расидан ба натиҷаҳои хеле назаррас имконият фароҳам овард.

 Аввалан, маҳз тавассути ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакат барқарор гашт. Дуввум, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият- иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва умуман ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ  дигаргуниҳои азиме рух доданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ мебинем ва эҳсос мекунем.

2. Президент – сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия

(Ҳукумат)

Баробари роҳбари умумии давлат будан Президент мувофиқи муқаррароти Конститутсия сарвари яке аз се шохаи ҳокимияти давлатӣ – ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумат низ мебошад. Ҳукумат мақоми марказии ҳокимияти иҷроия ба шумор меравад.

 Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба фаъолияти Президент як боби алоҳида – боби 4-ум бахшида шудааст. Президент маҳз дар асоси ҳамин боб фаъолият намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад. Бояд гуфт, ки на дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мақоми Президент як хел муайян карда шудааст.

Аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фақат конститутсияҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Президентро сарвари ҳокимияти иҷроия муайян намуда, сардории Ҳукуматро ба ӯҳдаи Президент гузоштаанд. Аммо баробари ин дар онҳо мансаби Сарвазир низ муқаррар гардидааст. Дар конститутсияҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба ӯҳдаи Ҳукумат гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия нисбат ба президентҳои баъзе кишварҳои аъзои ИДМ салоҳияти васеътари конститутсионӣ дорад.

Мувофиқи Конститутсия Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкории онҳо ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Иҷрои вазифаҳои Президент аксар вақт бо фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва мақомоти судӣ алоқамандӣ дорад. Вале баробари ин Президент мураттабии фаъолияти ҳамаи соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимиятро дар назди қонун ва халқ таъмин менамояд.

 Аз ин рӯ, мувофиқи Конститутсия Президент бояд шахси беғараз бошад. Ӯ наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад (моддаи 68). Ин номгӯй хеле маҳдуд аст, зеро аслан ҳар як мансабу амале, ки Президент ба таври илова ишғол ё иҷро менамояд, набояд беғаразии ӯро ба шубҳа гузорад. Ҳатто иҷрои вазифаҳое, ки ҳамчун шаҳрванд ба ӯҳдаи ӯ гузошта шудаанд, бояд бечунучаро ва қатъӣ риоя гарданд. Шакли идоракунии президентӣ бо мавҷудият ва фаъолияти мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, яъне Маҷлиси Олӣ алоқаманд гардонида шудааст.

 Дар муайян кардани ҳадди вазифаҳои Президент, хусусан алоқамандӣ ва фарқияти онҳо бо вазифаҳои Маҷлиси Олӣ ба таври конститутсионӣ риоя кардани усули боздорию мувозинати ҳокимияти ҳар яки онҳо мавқеи калон дорад.

Мувофиқи моддаи 67-уми Конститутсия Президент пеш аз оғози вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Матни савганди Президент чунин аст:

«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хизмат менамоям».

Дар матни савганд самтҳои асосии фаъолияти Сарвари давлат зикр шудаанд. Ин вазифаҳоро ба гурӯҳҳои зерин тасниф кардан мумкин аст: якум, вазифаҳое, ки ба ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар алоқаманданд. Дуюм, кафолату таъмини ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандон. Сеюм – ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва чаҳорум, вазифаҳое, ки аз хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон бармеоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рамзҳо мебошад, ки онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (30 июни соли 2006 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст) муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисми чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён»-чаҳор қисми гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ-ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як», Шери болдор ва Шаддаи зарин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ба вазифа шурӯъ намудан ва баъд аз савганд ёд кардан аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Дар маросими ба вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ӯ афрохта мешавад.

Таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад,  манъ аст.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани иҷрои ваколатҳои Президент дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, алоқа бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, парламент ва ғайра Президент аз хизмати гурӯҳи мушовирони давлатӣ истифода мебарад. Вазъи ҳуқуқии мушовирони давлатӣ дар Низомнома дар бораи мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардидааст.  

3.   Салоҳияти Президент

Президент ҳамчун шахси олии мансабдори давлатӣ салоҳияти зиёде дорад ва салоҳияти ӯ аз мавқеи конститутсионии вай дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бармеояд. Салоҳияти Президент инчунин аз мундариҷаи савганди ӯ бармеояд, чунки дар матни савганд мавқеи Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ба таври маҷмӯӣ муаяйн шудааст.

Салоҳияти Президент асосан дар моддаи 69-уми Конститутсия ва баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, ки шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо мешавад:

. Намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар. Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Оид ба намояндагии Президент дар дохили кишвар бояд қайд кард, ки ба Тоҷикистон мунтазам меҳмонони хориҷӣ меоянд. Аз рӯи мақомашон онҳоро аввал Президент пазироӣ мекунад, сӯҳбатҳо мегузаронад ва шартномаҳо мебандад.

Дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо Президент равобити иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ мемонад. Ӯ на фақат дар муносибат бо дигар давлатҳо, балки бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Президент ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ба қарордоду созишномаҳои байналмилалӣ имзо мегузорад ва онҳоро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, са2

рони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро шахсан қабул мекунад.

  • Таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъин ва озод кардани шахсони мансабдори давлатӣ. Дар ин самт ба Президент ваколатҳои зиёд дода шудааст. Ӯ вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам дода, дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад.

Президент Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, муовинони Сарвазирро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, фармонро дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд.

Президент номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Бо пешниҳоди Шӯрои адлия судяҳои Суди ҳарбӣ, судҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъин ва озод менамояд.

  • Имзо гузоштан ба қонунҳо, боздоштан ва бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ.

Ваколати ба қонунҳо имзо гузоштани Президент бо принсипи боздорию мувозинати рукнҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, ҳамкории Президентро бо Маҷлиси Олӣ дар соҳаи қонунгузорӣ таъмин мекунад. Президент санадҳои мақомоти идораи давлатиро ҳангоми мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар  қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад.

Масалан, мувофиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар сурати ба Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ набудани онҳо аз тарафи Президент бекор карда мешавад ё амали онҳо боздошта мешавад. Мувофиқи моддаи 10 – уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» Президент дар ҳолатҳои нишондодашуда метавонад санадҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва раисони ҳукуматҳои маҳаллиро бекор намояд.

  • Харҷи сармояи захиравӣ ва муайян намудани низоми пул. Президент ба сармояи захиравии Тоҷикистон масъул буда, хароҷоти мақсадноки онро назорат мекунад. Дар хусуси ҷорӣ кардани низоми пули нав ё ба он даровардани тағйирот ба палатаҳои Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад.

5.Масъалаҳои ҳарбӣ ва таъмини амнияти давлатӣ. Президент мувофиқи вазифаи худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармондеҳони қӯшунҳои ҳарбиро таъин ва озод мекунад. Барои ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти давлат Шӯрои амниятро таъсис медиҳад ва ба он

роҳбарӣ менамояд. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷанг эълон намуда, фармонро ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Дар саросари давлат ва ё дар минтақаҳои ҷудогонаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро дар ин хусус фавран ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол менамояд. Барои хизматҳои шоиста шахсони масъулро ба унвонҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад.

6.Ҳалли масъалаҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ, додани шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазо. Президент ҳақ дорад, ки масъалаи шаҳрвандиро ҳал намояд, яъне шахсони алоҳидаро ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намояд, шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ эълон кунад, инчунин аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум гардонад.

Ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазо низ дар салоҳияти Президент аст.  Ӯ бо фармони худ ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад. Ин ваколати Президент аз санадҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ бармеояд.

7. Мукофотонидани шаҳвандон. Президент мувофиқи Конститутсия  ва қонунҳои Тоҷикистон шаҳрвандонро бо ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад.

Президент тибқи моддаи 58-уми Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доштан маънои онро дорад, ки Президент дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иштирок мекунад ва он лоиҳаҳоро ба Маҷлиси намояндагон

пешниҳод мекунад. Мувофиқи моддаи 70 дар бораи вазъи мамлакат ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад ва масъалаҳои муҳимро ба муҳокимаи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.

Бояд қайд кард, ки ваколатҳои номбаршуда ҳамаи ҳуқуқҳои Президентро дар бар намегиранд. Дар қонунҳои Тоҷикистон боз ваколатҳои дигари Президент пешбинӣ шудаанд, ки аз вазъи конститутсионии ӯ бармеоянд. Масалан, мувофиқи Қонуни ҶТ аз 4-уми ноябри соли 1995 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи амният» аз 28 декабри соли 1993» Президент кафили Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдории давлат, фаъолияти мутобиқгардида ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, риоя гардидани қарордодҳои байналмилалии ҶТ мебошад.

4. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи банди 10 моддаи 69 – уми Конститутсия

Президент Дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президентро Низомномаи махсус ташкил додааст.

Дастгоҳи иҷроияи Президент ба Ҳукумати ҶТ низ дахл дорад, зеро Президент дар як вакт Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент дархосту пешниҳодҳоро оид ба нақшаи корӣ ҷамъбаст ва мувофиқа намуда, онро ба тасдиқи Ҳукумат пешниҳод мекунад. Мувофиқи Низомнома Дастгоҳи иҷроияи Президент масъалаҳоро ба воситаи Раёсати Ҳукумат ба баррасии  маҷлиси Ҳукумат пешниҳод мекунад.

Шӯъбаи дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат, ки ба муҳокимаи Ҳукумат пешниҳод мешаванд, маълумотнома тайёр мекунад, ки дар он сабабҳои таҳия шудани лоиҳа, доираи масъалаҳо, бо кадом вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқа шудани он зикр карда мешаванд. Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат бо ҳама шӯъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент мувофиқа карда мешаванд.

Дар маҷлиси Ҳукумати ҶТ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муовинони ӯ, мудирони шӯъбаҳои он иштирок менамоянд. Қарорҳои Ҳукумат дар «Маҷмӯи қарорҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ» нашр карда мешаванд.

5. Cанадҳои Президент ва масъалаҳои таъминоту ҳимояи ӯ

Мувофиқи моддаи 70-уми Конститутсия Президент дар доираи салоҳияти худ фармон ва амр медиҳад. Ин санадҳои Президент дар тамоми қаламрави Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд. Дар асоси бандҳои 3 ва 5 моддаи 55 ва банди 10 моддаи 57-уми Конститутсия як қисми фармонҳои Президент ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.

Фармони Президент санади зерқонунӣ буда, бояд бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дошта бошад. Дар асоси банди якуми қисми сеюми моддаи 89-уми Конститутсия мувофиқат доштани санадҳои ҳуқуқии Президентро ба Конститутсия Суди конститутсионӣ муайян менамояд. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионӣ дар хусуси бо Қонуни асосӣ мувофиқ набудани санади Президент амали онро бозмедорад ё бекор мекунад.

Дар низоми қонунгузории ҶТ фармонҳои хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доштаи Президент қувваи хеле баланди ҳуқуқӣ  доранд. Фармону амрҳои  Президент барои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳатмӣ буда, таъмини иҷрои қатъии онҳо вазифаи ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар ин хусус ҳам дар Конститутсия, ҳам дар Қонун «Дар бораи Ҳукумати ҶТ», Қонун «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва баъзе санадҳои дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.

Президент шахси олии мансабдори давлатӣ буда, барои иҷрои ваколатҳояш ба таъминоти махсус ва чораҳои махсуси ҳимоя эҳтиёҷ дорад. Ҳамаи ин масъалаҳо, яъне масъалаҳои дахлнопазирӣ, вақт ва музди кор, таъминот бо манзил, нақлиёт, муолиҷаи тиббӣ ва санаторӣ, нафақа, амнияти шахсӣ ва аҳли оила дар Қонуни ҶТ аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд.

Ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи Президент таҳти ҳимояи қонун қарор дорад. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент сӯиқасд мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

Дар ин қонун давомнокии умумии вақти кор, муддати рухсатии меҳнатии ҳарсола ва музди кори Президент муайян шудааст.

Президент ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ бо бинои истиқоматӣ ва бӯстонсарои давлатӣ таъмин шуда, баъди хатми мӯҳлати иҷрои вазифа онҳо ба Ҳукумати ҶТ баргардонида мешаванд. Собиқ Президент бо бинои истиқоматии бепули коммуналӣ таъмин карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бо нақлиёти автомобилӣ, тайёра, чархбол ва дигар намудҳои нақлиёт таъмин карда мешавад ва аъзои оилаи ӯ низ ҳуқуқи  бепул истифода бурданро аз тамоми намудҳои нақлиёт доранд. Собиқ Президент умрбод бо нақлиёти шахсӣ таъмин карда мешавад.

Президент ба таъминоти бепули тиббӣ ва муолиҷаи ҳарсолаи санаторию курортӣ низ ҳуқуқ дорад. Ӯ дар давраи ваколати худ ва баъди як соли анҷоми он бо суғуртаи махсуси ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешавад.

Президент сарфи назар аз синну сол ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа ҳуқуқ дорад, ки онро Маҷлиси миллӣ муқаррар мекунад.

Амнияти Президентро муҳофизони шахсӣ бо воситаҳои махсуси алоқа, нақлиёт, таъминоти маишию тиббӣ, нигахдории тартиботи ҷамъиятӣ ва гузаронидани чорабиниҳои махсуси ҳимоявӣ дар қасри Президент ва ҳангоми сафарҳояш ба амал мебароранд. Ба Президент ва аъзои оилааш кормандони мақомоти амният хизмат мерасонанд. Амнияти сарвари давлат дар ҷои истиқомати ӯ низ таъмин карда мешавад. Пас аз анҷоми мӯҳлати ваколат Президент ва ҳамсари ӯ бо муҳофизати якумра таъмин карда мешаванд.

Маблағгузории тадбирҳо вобаста ба таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президент ва дигар хароҷот барои мақсадҳои намояндагӣ дар дохили кишвар ва сафарҳо ба  кишварҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои қабулгардидаи байналхалқӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Саволҳо:

1. Сабабҳои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд? 2. Бори аввал дар кадом санади ҳуқуқӣ  оид ба таъсиси мансаби Президент ақида баён шудааст? 3. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом роҳ таъин ё интихоб шудааст? 4.Давраи аввал ва дуюми  ислоҳоти конститутсиониро дар кишвар ҷудо намоед. 5.  Раъйпурсии охирин оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кай сурат гирифт ва мақсади гузаронидани он аз чӣ иборат буд? 6. Матни савганди Президентро ба фаҳмиши худатон шарҳ диҳед. 7. Салоҳияти Президент дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст. 8. Ваколатҳои Президент дар муносибатҳои байналмилалӣ аз иҷрои кадом кору амалҳо иборат аст? 10. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент чӣ маънӣ дорад? 11.Дастгоҳи иҷроияи Президент чӣ гуна фаъолиятро анҷом медиҳад? 12. Санадҳои Президент кадомҳоянд? 13. Масъалаҳои таъминоту ҳимояи Президент дар кадом қонун пешбинӣ шудаанд? 14. Ба фикри шумо, чаро ба Президент дар масъалаи ҳимоя ва таъминоти гуногун имтиёзҳои зиёд дода шудааст? 15. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?    

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.