Инкишофи фаҳмиши ҳуқуқ дар замони имрӯза. Мафҳуми ҳуқуқ

5.1.  Мафҳум  ва  таърифи  ҳуқуқ

             Ибораи ҳуқуқ ба ду маънои асосӣ истифода мешавад:
1) умумииҷтимоӣ ва 2) юридикӣ. Ба маънои умумииҷтимоӣ ҳуқуқ, озодии рафтори инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, қоидаҳои рафтори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, талаботҳои иҷтимоии ҷамъият аст. Ба ин маъно мафҳумҳои ҳуқуқи ахлоқӣ (маънавӣ), ҳуқуқи аъзоёни ҳизби сиёсӣ, ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунӣ истифода мешаванд. Ба маънои юридикӣ ҳуқуқ, озодии рафтори инсон аз нигоҳи меъёрҳои қонун аст. Масалан, ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил, ба меҳнат. Ба ин маъно ҳуқуқе низ фаҳмида мешавад, ки дар қонунгузорӣ инъикос шудааст. Дар ин маврид ҳуқуқ дар шакли ҳуқуқи позитивӣ ҷой дорад, ки онро давлат муқаррар кардааст.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ як қатор олимон ҳуқуқи позитивиро ба айнӣ (обективӣ) ва зеҳнӣ (субективӣ) ҷудо мекунанд, масалан, С.С. Алексеев[1]. Ҳуқуқи айнӣ маҷмӯи меъёрҳои аз ҷониби давлат муқаррар гаштааст. Ҳуқуқи зеҳнӣ бошад имконияти юридикии рафтори шахс аст ва унсурҳои зерин дорад: ҳуқуқ ба рафтори қонунӣ; ҳуқуқи талабкунӣ; ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ.

Дар назарияи муосири ҳуқуқ вобаста ба равияҳои ҳуқуқӣ мафҳумҳои ҷудогонаи ҳуқуқ истифода мешавад. Аз нигоҳи позитивизм, ҳуқуқ  гуфта маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат муқаррару кафолатгаштаро меноманд. Асоси ин мафҳумро усули шаклӣ-ҳуқуқии таҳлили воқеияти ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Давлат сарчашмаи асосии ҳуқуқ ҳисоб шуда, амалишавии онро бо қувваи маҷбурсозӣ таъмин месозад. Бояд гуфт, ки позитивизм шаклҳои мухталиф дорад. Яке аз намудҳои позитивизм назарияи меъёрӣ аст, ки аз ҷониби Г. Келзен ва олимони советӣ инкишоф дода шудааст. Ҳуқуқ маҳсули танҳо давлат эътироф мегардад. Санадҳои меъёрии мақомоти давлатӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқ буда, одатҳои ҳуқуқӣ танҳо дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ва бо иҷозати давлат истифода мешаванд. Вале шакли дигари позитивизм низ ҷой дорад, ки масъалаи таносуби давлат ва ҳуқуқро бо таври дигар ҳал мекунад. Ин позитивизми нави нимаи дуюми асри ХХ аст, ки қарорҳои мақомоти судиву маъмуриро сарчашмаи ҳуқуқ меҳисобад. Фалсафаи ҳуқуқ мафҳуми васеи ҳуқуқро пешниҳод мекунад. Асоси онро назарияи таносуби ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ ташкил медиҳад, ки ба мафҳуми ҳуқуқ таъсири бевоситаи худро расонидааст. Ҳуқуқи позитивии давлат як қисми ҳуқуқи фитрӣ, дониста мешавад. Мафҳуми ҳуқуқ дар асоси принсипу талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ асоснок мегардад. Азбаски озодиву адолат принсипҳои асосии ҳуқуқи фитрианд, одатан ҳуқуқ ҳамчун меъёри адолат ва озодии инсон таъриф дода мешавад. Ин мафҳуми умумӣ эътирофгашта буда, инъикоси нуқтаву хулосаҳои назарияи ҳуқуқи фитрӣ аст. Чунин мафҳуми васеи ҳуқуқ аҳамияти илмиву амалӣ дорад, зеро модоме, ки ҳуқуқи позитивӣ қисми ҳуқуқи фитрӣ аст, пас тамоми қонунҳову дигар санадҳои ҳуқуқии давлат бояд ба талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ пурра ҷавоб дода, дар доираи меъёрҳои озодиву адолат қабул гарданд. Сотсиологияи ҳуқуқӣ низ аз мафҳуми маҳдуди меъёрӣ даст кашида, фаҳмиши васеи ҳуқуқро пешниҳод мекунад. Агар фалсафаи ҳуқуқ мафҳуми ҳуқуқро дар асоси назарияи ҳуқуқи фитрӣ пешниҳод кунад, пас ҷараёни номбурдаи ҳуқуқро бо истифодаи усулҳои сотсиологӣ таҳлил мекунад. Агар позивитизм ҳуқукро ба ҳайси танҳо ҳодисаи ҳуқуқӣ шиносад, пас сотсиологияи ҳуқуқӣ ба он чун ҳодисаи иҷтимоӣ муносибат мекунад. Ҳуқуқ дар алоқамандӣ ба дигар ҳодисоти иҷтимоии ҷамъият (оила, психология, шуур ва ғ.) таҳлил мешавад. Ҳуқуқ чун инъикоси тамоми низоми муносибатҳои ҷамъиятии танзимгашта маънидод мешавад. Чунин мафҳуми васеи ҳуқуқ ҳам ҳуқуқ ва ҳам муносибатҳои ҳуқукиро дар бар мегирад.

Вобаста ба интихоби навъи фаҳмиши ҳуқуқ мафҳуму таърифҳои ҷудогонаи ҳуқуқ низ пешниҳод мешаванд. Масалан, аз нигоҳи позитивистон, ҳуқуқ аз маҷмӯи нишондодҳои ҳуқуқии (меъёрҳои ҳуқуқӣ, фармонҳои давлатӣ ва ғ.) давлат иборат аст. Чунин фаҳмиши ҳуқуқ ба равияҳои гуногуни позитивизми ҳуқуқӣ (легизми ҷамъиятҳои қадим, назарияҳои этатистии давлат, позитивизми аналитикӣ ва нормативӣ) хос аст. Намояндагони назарияи ҳуқуқи фитрӣ бошанд ҳуқуқи фитриро эътироф карда, онро чун ифодаи (инъикоси) арзишҳову талаботи айнии ҳастии инсон таъриф медиҳанд. Бояд гуфт, ки назарияҳои ҳуқуқи фитрӣ гуногун буда, ба дунявӣ ва илоҳӣ тақсим мешаванд. Вобаста ба ин сарчашмаи ҳуқуқи фитрӣ табиати Худо ё инсон, ва ё «табиати чизҳо» ва ғ. эътироф мешуданд. Назарияи муосири либертарӣ бошад ҳуқуқро чун ифодаи баробарии шаклӣ маънидод мекунад, ки он се унсури асосиро дар бар мегирад: 1) меъёри баробар, 2) озодии инсон ва 3) адолат.

 

5.2.  Инкишофи фаҳмиши ҳуқуқ дар Тоҷикистони  муосир

 

Азбаски Тоҷикистон яке аз субектҳои (аъзои) собиқ федератсияи шӯравӣ (ИҶШС) буд, дар ҳудуди он назарияи меъёрии ҳуқуқ ҳукмрон буд. Ҳуқуқи Тоҷикистон – ҳуқуқи советӣ (сотсиалистӣ) буда, вобаста ба ин фаҳмиши позитивии (легалӣ) ҳуқуқ ҷой дошт. Ин фаҳмиш хусусиятҳои этатистӣ (давлатӣ), зиддифитрӣ ва мафкуравӣ-ҳизбӣ дошт. Қисми ҷудонашавандаи ин назария – ақидаи аз байн рафтани («мурда» рафтани) ҳуқуқи сотсиалистӣ ҳисоб мешуд. Фаҳмиши ҳуқуқи фармоишӣ пешбарӣ шуда, ҳуқуқ танҳо маҳсули давлат эълон мешавад. Дар натиҷа ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мазмуни давлатӣ (ғайрифитрӣ) гирифта, аҳамияти дуюмдараҷаро соҳиб мешаванд. Фаҳмиши этатистии ҳуқуқ, моликияти давлатӣ ва танзими давлатии иқтисодиёт барои ривоҷи озодии фардӣ, мустақилият ва ташаббускорӣ, муносибатҳои хусусии бозоргонӣ имкон намедоданд.

Вале парокандашавии ИҶШС ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон вазъияти иҷтимоиро ба таври куллӣ тағйир доданд. Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ қадам ниҳод. Гузариш аз ҷамъияти сотсиалистӣ ба либералӣ оғоз гардид. Дар ҷамъият муносибатҳои нави бозоргонӣ, соҳибкории хусусӣ, тиҷорат, ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият ривоҷ ёфтанд. Гуногуншаклии моликият эълон гардида, ба инкишофи муносибатҳои нави моликият, аз ҷумла, муносибатҳои хусусӣ асос гузошт. Плюрализми (гуногунии) сиёсиву мафкуравӣ ба ҳукмронии мафкураи марксистӣ-ленинӣ хотима мегузорад. Нақши давлат дар танзими муносибатҳои иқтисодӣ маҳдуд мешавад.

Дар чунин шароити нави таърихӣ назарияи шӯравии ҳуқуқ, фаҳмиши маҳдуди (мафкуравии) ҳуқуқ ба талаботи воқеии ҳаёти ҷомеа ҷавоб дода наметавонад. Зарурияти коркарди назарияи тамоман нави ҳуқуқи Тоҷикистон, интихоби усулҳои нави таҳлили ҳуқуқи муосир, ривоҷи фаҳмиши ба шароити кунунӣ мувофиқи ҳуқуқ ба миён омад.

Истифодаи назарияи меъёрӣ (дар шакли шӯравӣ) дар Тоҷикистони имрӯза бо сабабҳои зайл ба мақсад мувофиқ нест.

  1. Он мазмуни бештар давлатӣ (этатистӣ) дошта, танҳо фаҳмиши давлатии (фармоишии) ҳуқуқро маъқул мешуморад. Талаботи айнии ҷомеа, аз ҷумла, ба ҳастии воқеии инсон вобастабуда ба инобат гирифта намешаванд.
  2. Ин назария мазмуни зиддифитрӣ дошта, табиати фитрии ҳуқуқҳои инсонро инкор мекунад ва онҳоро на маҳсули инкишофи айнии ҷомеа ва ҳастии айнии инсон, балки як «тӯҳфаи» давлат мешуморад. Дар натиҷа инсон побанди давлат гардида, пурра аз ҳокимияти сиёсӣ, фармону нишондодҳои он вобаста мегардад ва худро танҳо ба ҳайси шаҳрванди давлат (аъзои сиёсии давлат), вале на инсон (дорандаи ҳуқуқҳои ғайридавлатии фитрӣ) мешиносад.
  3. Дар асоси он – фаҳмиши маҳдуди ҳуқуқ ривоҷ меёбад, ки ҳуқуқи позитивии давлатро чун маҷмӯи нишондодҳои ҳуқуқии ҳокимият эътироф мекунаду халос.
  4. Азбаски ин назария мазмуни мафкуравӣ-ҳизбӣ дорад (дар асоси нуқтаҳои мафкураи давлатии марксистӣ-ленинӣ сохта шудааст), нишондодҳои (барнома, қарорҳо ва ғ.) ҳизби коммунистӣ мафҳуми қонуниро (легалиро) мегирифтанд.
  5. Азбаски давлати сотсиалистӣ аслиҳаи сохтмони ҷомеаи коммунистӣ ва, бинобар он, воситаи асосии идоракунии ҷомеа (тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ) буд, фаҳмиши фармоишӣ илова мешавад. Дар натиҷа ҳуқуқ иборат аз фармонҳои ҳатмии ҳокимияти сиёсӣ дониста мешавад. Аниқтараш ба меъёрҳои ҳуқуқӣ мазмуни фармонҳои давлатӣ дода мешавад. Дар натиҷа ҳуқуқ мазмуни айнии (фитрии) хешро гум карда, бештар моҳияти зеҳнӣ (синфӣ-иродавӣ) пайдо мекунад.
  6. Он ба вазифаҳои ривоҷи муносибатҳои сотсиалистӣ хизмат карда, монеаи инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ, гуногунии мафкуравӣ, хилофи ҳуқуқҳои фитрии инсон аст, ки ҳоло воқеияти ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи моро ташкил медиҳанд.
  7. Ва ниҳоят, назарияи шӯравии ҳуқуқ бо сабаби мазмуни мафкуравиаш хилофи арзишҳои эътирофгаштаи умумибашарӣ (аз қабили давлати ҳуқуқӣ тақсимоти ҳокимиятҳо, ҳуқуқҳои фитрӣ ва ғ.) аст, чунки онҳо ба ҳайси ақидаву назарияҳои буржуазӣ (зиддикоммунистӣ) эътироф намешуданд.

Аммо ҳуқуқи муосири Тоҷикистон дар ҷои холӣ пайдо намешавад. Танқиди назарияи меъёрии шӯравӣ маънои инкори пурраи онро надорад. Ин назария аз нуқтаву хулосаҳои илмӣ иборат аст, ки аҳамияти хешро нигоҳ доштаанд. Ин ҷо сухан дар хусуси он меравад, ки назарияи меъёрӣ чун як шакли позитивизми ҳуқуқӣ дар ИҶШС аз фалсафаи ҳуқуқ ҷудо буда, бештар тамоили амалӣ-ҳуқуқӣ дошт. Дар он масъалаҳои техникаи ҳуқуқӣ (коркарду қабули санадҳои ҳуқуқӣ), тафсири ҳуқуқ, татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ва тартиби инъикоси онҳо дар моддаҳои санадҳои ҳуқуқӣ, асосҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва, алалхусус, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бештар ҳал шудаанд, ки дар шароити кунунӣ аз аҳамият холӣ нестанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии баъди истиқлолият дар Тоҷикистон (аз ибтидои солҳои 90-м) қабулшуда маҳз бо назардошти талаботу қоидаҳои амалияи позитивӣ (техникаи ҳуқуқӣ, татбиқи ҳуқуқ ва ғ.) қабул шудаанд (албатта, дар асоси талабҳои ҳуқуқи фитрӣ, ки ҳоло эътироф шудаанд).

Нуқтаҳои асосии назарияи муосири ҳуқуқи Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурӣ, ки 6 ноябри с. 1994 қабул шудааст, муайян шудаанд.

Конститутсияи Тоҷикистон фаҳмиши нави ҳуқуқи Тоҷикистонро эътироф намудааст, ки он тамоили зиддилегалӣ ва зиддиэтатистӣ дорад. Ин фаҳмиши ҳуқуқӣ арзишҳои инсониро дар бар мегирад, ки дар Конститутсияи пештараи Тоҷикистон ҷой надоштанд. Давлати ҳуқуқӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ, қонуни ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои фитрӣ аз қабили онҳоянд. Фаҳмиши ҳуқуқ дар ҷомеаи кунунӣ фаҳмиши сифатан нав аст, ки асоси ҳуқуқии гузариши Тоҷикистонро аз ҷамъияти сотсиалистӣ ба либералӣ ташкил медиҳад.

Хусусияти муҳим ва, аз ин лиҳоз, аҳамияти фаҳмиши нави ҳуқуқӣ дар он аст, ки тавассути ҳуқуқу озодиҳои инсон муайян мегардад. Бесабаб нест, ки ҳуқуқу озодиҳо дар боби дуюми Конститутсияи Тоҷикистон, пеш аз қисмҳои марбут ба мақомоти давлатӣ, омадааст. Ин нуқта маънои онро дорад, ки ҳуқуқу озодиҳо асоси ҳуқуқии ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Фарқи Конститутсияи имрӯза аз пештара дар он аст, ки он мазмуни фитрӣ доштани ҳуқуқу озодиҳоро эълон мекунад. Ин ҳолат дар моддаи 5 Конститутсия зикр шудааст, ки мувофиқи он: «Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Азбаски ҳуқуқу озодиҳо табиати фитрӣ доранд, давлат онҳоро муқаррар карда наметавонад. Аз ин нуқта (ақидаи ҳуқуқӣ) қисми сеюми моддаи 5 Конститутсия бармеояд, ки мувофиқи он: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин нуқта дорои аҳамияти муҳим аст, зеро ба фаҳмиши зиддиэтатистӣ (зиддидавлатӣ) асос мегузорад. Яъне, ҳуқуқу озодиҳоро давлат муқаррар, балки эътироф мекунад.

Ҳамин тариқ, фаҳмиши ҳуқуқи муосир мазмуни фитрӣ-ҳуқуқӣ дорад, на танҳо аз меъёрҳои ҳуқуқии давлат (мафҳуми позитивӣ-меъёрӣ), балки талаботҳои айнии ҳастии инсон, аз ҷумла, ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ иборат аст, зеро ваколатҳои давлатро на дар муқаррарсозӣ, балки эътироф ва аз ҳама  муҳимаш риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебинад. Аз ин ҷо фаҳмиши либертарии ҳуқуқ ҳамчун шакли озодӣ ҳосил мешавад, ки вуҷудияти одамони соҳиби ҳқуқҳои фитриро тақозо мекунад.

Ҳуқуқи муосири Тоҷикистон танҳо аз меъёрҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ (фаҳмиши позитивӣ) иборат буда наметавонад. Дар моддаи 10 (қисми сеюм) Конститутсия омадааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикстон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд». Ин маънии онро дорад, ки ҳуқуқи Тоҷикистон ғайр аз меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ инчунин принсипу талаботҳои ҳуқуқи байналмилалиро, аз он ҷумла, дахлнопазир ва фитрӣ будани ҳуқуқҳои инсонро дар бар мегирад. Ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ бошанд.

Бо назардошти ин нуқтаҳо, боби дуюми Конститутсия ба шаҳрвандон шумораи васеи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ додааст. Ин моддаҳои Конститутсия мазмуни танзими умумӣ доранд, яъне давлатро вазифадор мекунанд, ки онҳоро эътирофу ҳимоя намояд. Ба ибораи дигар, онҳо аввалиндараҷа буда, нисбати давлат ҳатмӣ мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки фаҳмиши позитивии ҳуқуқ тобеи фаҳмиши ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи фитрӣ нисбат ба давлат бартарӣ дорад. Ғайр аз ин, меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал мекунанд (моддаи 10, қисми якум), ки амали бевоситаи ҳуқуқу озодиҳоро дар назар дорад.

Фаҳмиши ҳуқуқӣ аз он бармеояд, ки на танҳо фаъолияти давлат, балки қонунҳои позитивии давлат низ мазмуни ҳуқуқӣ доранд. Аз як тараф, давлат вазифадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳоро риоя намояд, аз тарафи дигар, қонунҳои Тоҷикистон дар асоси риояи принсипу талаботҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қабул мешаванд. Дар қисми сеюми моддаи 10 Конститутсия омадааст: «Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд». Яъне дар Тоҷикистон афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи дохилидавлатӣ эътироф мешавад. Ифодаи дигари талаботи қонуни ҳуқуқӣ – қисми чоруми моддаи 10 Конститутсия аст, ки мувофиқи он: «Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».

Ин нуқтаҳо маънои онро доранд, ки ҳуқуқи фитрӣ ва талаботи асосии он аввалин буда, қонунҳои позитивии давлат (ҳуқуқи позитивӣ) дуюмин аст. Азбаски ақидаву арзишҳои ҳуқуқӣ дар принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ инъикос ёфтаанд, бинобар он қонунҳои позитивӣ бояд мувофиқи онҳо бошанд.

Аз ин фаҳмиши ҳуқуқ фаҳмиши ҳуқуқии давлат ҳосил мешавад, ки фаъолияти давлати ҳуқуқиро дар асоси тақсимоти ҳокимиятҳо эътироф мекунад. Аз нигоҳи он давлат вобаста ва тобеи принсипу меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқ дорои мазмуни айнӣ аст ва аз талаботу арзишҳои ҳастии инсонӣ бармеояд.

Назарияи ҳуқуқ, ки дар Тоҷикистони муосир дар ҳолати ташаккул аст, моҳиятан бояд фалсафаи инсоншиносии ҳуқуқ бошад, ки пояи (принсипи умумии) онро ҳуқуқҳои фитрии инсон ташкил медиҳанд. Ин назария на буржуазӣ ва на сотсиалистӣ аст. Он дар шароити кунунии Тоҷикистон, вобаста ба талаботи ҳаёти воқеӣ пайдо шуда, барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ (на синфӣ ва на коммунистии ғайрисинфӣ), волоияти қонуни ҳуқуқӣ (на давлатӣ), инкишофи асосҳои давлати ҳуқуқӣ (на сармоядорӣ ва на сотсиалистӣ), таъмини ҳаёти арзандаи сокинони Тоҷикистон хизмат мекунад. Ин назария – назарияи гуманистӣ аст, ки ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро асос ва талаботи ҳуқуқии ҷомеа меҳисобад. Назарияи ҳуқуқи Тоҷикистон аз фаҳмиши ҳуқуқӣ, нуқтаҳои пешбарандаи ҳуқуқи фитрӣ, ақида ва талаботи қонуни ҳуқуқӣ иборат аст. Ақидаи марказӣ ва принсипи амалии онро – қонунияти ҳуқуқӣ (на қонунияти сотсиалистӣ) ташкил медиҳад, ки маънои эҳтирому риояи на танҳо қонуну санадҳои ҳуқуқӣ, балки пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои фитриро дар назар дорад.

Назарияи ҳуқуқи муосир ва фаҳмиши нави ҳуқуқ фарди озодро (на кулли одамон, на табақаву синфи алоҳидаи ҷомеаро ё оиларо) пояи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ мешуморад. Ҷомеаи муосир бояд воқеан ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад, ки дар он тавассути қабули пеш аз ҳама қонунҳои гражданӣ муносибатҳои хусусии моликиятӣ ривоҷ ёфта, мустақилияти ҳуқуқӣ, озодии воқеии иқтисодӣ, ташаббускорӣ ва ҷоннокшавии фаъолияти ҳар як инсон (на халқ чун мафҳуми абстрактӣ) таъмин мешаванд. Ҳуқуқи муосир – ҳуқуқи бозоргонӣ аст, ки тавассути соҳибкории хусусӣ, тиҷорат, рақобати озод инкишоф меёбад. Иштирокчии бевоситаи ин қабил муносибатҳо фарди комилан озод буда метавонад, ки соҳиби ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ (аз давлат вобаста набуда) аст.

 

5.3.  Ҳуқуқ  ва  қонун. Ҳуқуқи  фитрӣ  ва  позитивӣ

 

Таносуби ҳуқуқ ва қонун яке аз масъалаҳои назариявии анъанавӣ ва марказии таърихи донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ буда, атрофи он баҳсу мунозираҳо, ақидаву хулосаҳои мухталиф ҷой доранд. Он ҳанӯз дар ҷамъиятҳои қадим, асосан фалсафаи сиёсии юнонӣ пайдо шуда, то имрӯз таваҷҷӯҳи олимонро ҷалб мекунад. Атрофи он мутафаккирон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: тарафдорон ва муқобилон. Якумин мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонунро аз ҳам ҷудо мекарданд. Дуюмин бошанд онҳоро якмаъно мешумориданд. Эътирофи фарқияти ҳуқуқ ва қонун ҳатман ба хулосаи дигар меовард – ҷудо кардани ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ. Аз ин ҷост, ки ҷудокунандагони ҳуқуқ ва қонун намояндагони назарияи ҳуқуқи фитрӣ буданд, ки асосан дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои XVII–XVIII васеъ ривоҷ ёфта буд (Г. Гротсий, Т. Гоббс, Ҷ. Локк ва диг.). Тарафдорони равияи позитивӣ бошанд, баръакс масъалаи таносуби ҳуқуқ ва қонунро эътироф накарда, ҳуқуқи фитриро инкор ва ҳуқуқи позитивиро ҳимоя мекунанд.

Дар шароити имрӯза, дар замони тағйиротҳои ҷиддии ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ, эътирофи нуқтаҳои асосии ҳуқуқи фитрӣ, таносуби ҳуқуқ ва қонун, ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ масъалаи марказии назарияи умумии ҳуқуқ гардидааст. Аз ҷумла, чи тавре қайд гардид, моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни фитрӣ доштани ҳуқуқҳои инсонро эътироф карда, дахлнопазирии онҳо, дар зери ҳимояи давлат будани онҳоро мустаҳкам кардааст. Дар Қонуни Асосии давлат мустаҳкам кардани фитрияти ҳуқуқҳои инсон маънои пурра шинохтани талаботу принсипҳои назарияи ҳуқуқҳои фитрии инсонро дорад.

Таносуби ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ ақидаи марказии назарияи ҳуқуқи фитрист. Ҳанӯз файласуфи намоёни юнонӣ Арасту ҳуқуқи шартӣ ва иродавиро аз ҳам ҷудо карда буд. Баъдтар ибораи ҳуқуқи иродавӣ бо позитивӣ иваз мегардад. Позитивистон ин тафовутро эътироф намекунанд. Аз нигоҳи онҳо танҳо хуқуқи позитивӣ ҷой дорад. Назарияи советии ҳуқуқ низ, ки муддати муайян дар шакли меъёрият инкишоф ёфтааст, ҳуқуқи фитриро эътироф намекард.

Арасту ва пайравонаш дар зери мафҳуми ҳуқуқи фитрӣ ҳуқуқеро дар назар доштанд, ки дар ҳамаи замонҳо ва барои ҳамаи давлатҳо ҳатмист. Дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои XVII–XVIII назарияи ҳуқуқҳои фитриии инсон пешниҳод мегардад, ки мувофиқи он одам дорои ҳуқуқу озодиҳои фитрист. Фитрӣ будани ин ҳуқуқу озодиҳо дар он аст, ки онҳо табиатан, аз лаҳзаи таваллуд мутааллиқи инсонанд. Давлат онҳоро эҷод накардааст ва бекор карда ҳам наметавонад. Ин ҳуқуқу озодиҳо табиатан, бе розигӣ ё иҷозати давлат вуҷуд доранд. Давлат бошад онҳоро танҳо ба расмият медарорад, дар қонунҳояш мустаҳкаму таъмин менамояд.

Ҳуқуқи фитрӣ ин маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳост, ки аз табиати инсон бармеоянд. Ҳуқуқ ба ҳаёт, интихоби озодонаи макони зист, шароитҳои арзандаи ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, матбуот ва ғ. аз қабили онҳоянд. Ҳуқуқу озодиҳо тавассути Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҳифз мегарданд. Ва танҳо дар мавридҳои истисноӣ, бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳо, сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқу озодиҳо мумкин аст маҳдуд гарданд1. Аммо Конститутсияи Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки ҳатто дар ҳолати вазъияти фавқулодда низ ҳуқуқу озодиҳои дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28 эълонгашта маҳдуд карда намешаванд2. Ҳуқуқи позитивиро давлат муқаррар мекунад. Он аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки аз ҷониби давлат муқаррар ва таъмин шудаанд. Ба ибораи дигар, ҳуқуқи позитивӣ аз маҷмӯи қоидаҳои муайяни рафтор иборат аст, ки муносибати байни одамонро дар ҷамъият танзим мекунанд. Яъне, агар ҳуқуқи фитрӣ ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро дар бар гирад, пас ҳуқуқи позитивӣ аз меъёрҳои юридикӣ иборат аст. Истилоҳи «позитивӣ» дар таърихи афкори сиёсиву ҳуқуқӣ шартан ба он маъно қабул шудааст, ки ҳуқуқи аз тарафи давлат муқарраргаштаро ифода мекунад.

Агар ҳуқуқи фитрӣ дар шакли ҳуқуқу озодиҳо, принсипҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ вуҷуд дошта бошад, пас ҳуқуқи позитивӣ дар шакли конститутсия, қонунҳо, қарорҳо, одатҳои ҳуқуқӣ, амсоли ҳуқуқӣ ҷой дорад. Мафҳуми ҳукуқи фитрӣ нисбат ба ҳуқуқи позитивӣ васеътар аст. Ҳуқуқи фитрӣ новобаста аз давлат пайдо мешавад ва мустақилона инкишоф меёбад. Барои арзи вуҷуд кардани ҳуқуқи фитрӣ эътирофи давлат зарур нест. Ҳуқуқи позитивӣ бошад бе давлат пайдо намешавад. Он як қисми ҳуқуқи фитрӣ аст, ки аз ҷониби давлат мустаҳкам гаштааст. Агар ҳуқуқи фитрӣ барои тамоми кишварҳои ҷаҳон мазмуни ягонаву ҳатмӣ дошта бошад, пас ҳар як давлат, вобаста ба шароитҳои маҳаллӣ ҳуқуқи позитивии хешро муқаррар мекунад. Ҳуқуқи фитрии америкоӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ ё тоҷикӣ вуҷуд надорад ва дошта ҳам наметавонад. Вале ҳуқуқи позитивии америкоӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ, тоҷикӣ ва ғ. воқеан ҷой доранд.

Азбаски ҳуқуқи позитивӣ як қисми ҳуқуқи фитрӣ аст, тамоми санадҳои ҳуқуқии давлат бояд мутобиқ ба ҳуқуқи фитрӣ буда, ба меъёрҳои он пурра ҷавоб диҳанд. Ин талабу меъёрҳо имрӯз бештар дар ҳуқуқи байналмилалӣ инъикос ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки эътирофи тафовути ҳуқуки фитрӣ ва позитивӣ дар навбати худ эътирофи тафовути ҳуқуқ ва қонунро металабад. Яъне, аз нигоҳи назарияи ҳуқуқи фитрӣ, ҳама гуна қонун ҳуқуқ шуда наметавонад. Аз нигоҳи ҷонибдорони назарияи фитрӣ-ҳуқуқӣ, қонунҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро маҳдуду поймол мекунанд, сӯиистеъмол ва худсарии шахсони мансабдорро таъмин месозанд, барои онҳо имтиёзҳо фароҳам меоранд, ба талаботи ҳуқуқ ҷавоб намедиҳанд ва қонуни ҳуқуқӣ буда наметавонанд.

Позитивистон бошанд, баръакс, тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва позивитиро эътироф намекунанд. Аз нигоҳи онҳо, ҳуқуқи фитрӣ ҷой надорад. Ҳуқуқи ягонаи воқеӣ – ин ҳуқуқи позитивӣ аст, ки аз ҷониби давлат муқаррар мешавад. Бинобар он, принсипи асосии позитивизм чунин аст: «Ҳама гуна қонун – қонун аст». Ин нуқта, аз як тараф, аҳамияти мусбӣ дорад, зеро воситаи мустаҳкамсозии қонуният аст. Вале, аз тарафи дигар, хилофи андешаи қонуни ҳуқуқист.

Боз як нуқтаи дигарро низ бояд хотирнишон сохт, ки эътирофи тафовути ҳуқуқи фитриву позитивӣ барои фаҳмиши дурусти ҳуқуқ аҳамияти калон дорад. Дар асоси ин ақида мафҳуми васеи ҳуқуқ пешниҳод мешавад. Агар, аз нигоҳи позитивизм, ҳуқуқ танҳо маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ бошад (мафҳуми маҳдуд), пас аз мавқеи назарияи ҳуқуқи фитрӣ мафҳуми ҳуқуқ васеътар буда, аз принсипҳои ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва дигар ҳодисаҳои ҳуқуқӣ иборат аст. Позитивистон ҳама гуна маҷмӯи меъёрҳои юридикиро ҳуқуқ мешуморанд. Зиддипозитивистон бошанд чунин мешуморанд, ки ҳуқуқи «китобӣ», ҳуқуқи дар шакли меёрҳои қонун пайдогашта ҳоло қонун нест.

 

 

5.4.  Нишонаҳои  ҳуқуқ

 

Дар назарияи имрӯзаи ҳуқуқ ин нишонаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Яке мутааллиқи ҳуқуқи фитрӣ ва дигаре мансуби ҳуқуқи позитивӣ мебошанд. Нишонаҳои гурӯҳи якумро – умумӣ меноманд, зеро ба ҳамаи кишварҳо новобаста аз хусусиятҳои ҳуқуқи миллӣ паҳн мешаванд. Нишонаҳои дуюмин хоси ҳуқуқи позитивии давлатҳои алоҳида буда, аз хусусиятҳои онҳо бармеоянд.

      Нишонаҳои умумии ҳуқуқ инҳоянд:

  1. Ҳуқуқ – ифодакунандаи ақидаҳои адолат ва озодӣ аст.
  2. Ҳуқуқ аз маҷмӯи нишондодҳои муайян иборат аст.
  3. Ҳуқуқ шакли таъсиррасонӣ ба фикру ҳиссиёти одам буда, рафтори одамонро танзим месозад.
  4. Ҳуқуқ шаклҳои муайяни ифодаёбии худро дорад.
  5. Ҳуқуқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ буда, дорои мавзӯи инъикоси худ аст.

Дар баробари нишонаҳои умумӣ ҳуқуқ ҳамчунон дорои нишонаҳои махсус аст, ки мутааллиқи ҳуқуқи позитивӣ буда, аз вобастагии он бо давлат бармеоянд. Ин нишонаҳо чунинанд.

  1. Ҳуқуқ – шакли ифодаи расмии ирода аст.
  2. Муайянияти шаклии ҳуқуқ.
  3. Низомнокии ҳуқуқ.
  4. Динамизми (инкишофи) ҳуқуқӣ.
  5. Ҳифзи давлатии ҳуқуқ.

 

5.5.  Принсипҳои  ҳуқуқ

 

      Принсипҳои ҳуқуқ гуфта ақидаҳо, асосҳои пешбарандаи ҳуқуқро меноманд, ки аз ақидаҳои баробарӣ, озодиву адолат бармеоянд ва моҳияти ҳуқуқро ифода мекунанд.

  1. Принсипи инсондӯстӣ. Принсипи инсондӯстӣ он маъно дорад, ки муносибати байни шаҳрвандон ва давлат, байни одамон бояд дар асоси мафҳуму талаботҳои меҳрубонӣ, эҳтироми қадри инсонӣ инкишоф ёбанд. Давлат барои ҳаёти арзандаи инсон ҳама гуна шароити мусоидро бояд муҳайё созад. «Тоҷикистон, – гуфта мешавад дар моддаи 1 Конститутсия, – давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
  2. Принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун. Новобаста аз ҷинс, нажод, миллат ва ғ. ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун баробар эълон мешаванд. Моддаи 17 Конститутсияи Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун мустаҳкам кардааст. Принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ду ҷабҳа дорад. Аз як тараф, ҳамаи шаҳрвандон дорои ҳуқуқҳои баробаранд. «Давлат ба ҳар шахс, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад» (м. 17 Конститутсия). Вале ҳуқуқу озодиҳо аз вазифаҳо ҷудо нестанд, бинобар он, аз тарафи дигар, ҳамаи шаҳрвандон ҷавобгарии баробарро дар назди қонун ба ӯҳда доранд. Новобаста аз вазифа ва ҳолати иҷтимоӣ ҷавобгарӣ барои ҳама як хел аст.
  3. Принсипи масъулияти тарафайни давлат ва шахс. Ба зиммаи ҳар як шаҳрванд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо вазифаҳои муайян гузошта шудаанд. Давлат низ як қатор ӯҳдадориҳоро ба дӯши худ гирифтааст. Муносибати байни давлат ва шахс – шакли ифодаи вобастагии ҳуқуқу вазифаҳост. Вайрон кардани онҳо боиси ҷавобгарии ҳар яке аз тарафҳо мегардад. Ба ибораи дигар, ҳам шаҳрвандон ва ҳам давлат дорои ҳуқуқу вазифаҳоянд. Дар сурати вайрон кардани онҳо ҷавобгарии дутарафа пайдо шуда, ҳар ду тараф дар назди ҳамдигар ҷавобгар мешаванд.
  4. Принсипи ташаккулу амалишавии демократии ҳуқуқ. Ҷараёни пайдоишу татбиқи воқеии ҳуқуқи позитивӣ мазмуну шакли бевоситаи демократӣ дошта, иштироки ҳаматарафаи шаҳрвандонро бояд таъмин созад. Пайдоишу амалишавии ҳуқуқ на махфӣ, балки, баръакс, кушод буда, таҳти назари шаҳрвандон бояд қарор гирад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки чи тавр ва чи гуна қабул шудани санадҳои ҳуқуқиро, дар амалия то кадом андоза татбиқ шудани онҳоро донанд.
  5. Принсипи баробарҳуқуқии миллӣ. Принсипи мазкур қариб дар ҳамаи моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳо бахшида шудаанд, мушоҳида мегардад. Чунончӣ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон новобаста аз мансубияти миллӣ ба ҳаёт, маълумот, меҳнат, манзил, ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад.
  6. Принсипи қонуният. Қонуният ба якчанд маъно истифода мешавад: ҳамчун режими ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, чун риояи бемайлони қонуну санадҳои ҳуқуқӣ, чун асоси ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамчун меъёри таъсису фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. Дар мавриди мо қонуният – принсипи муҳими ҳуқуқ аст. Ҳамчун принсипи ҳуқуқ қонуният ақида ва асоси пешбарандаи ҳуқуқ буда, дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи мушаххас мегардад.

 

test

Добавить комментарий