Ҳуқуқ ва иқтисод
Таносуби ҳуқуқ ва иқтисод аз нигоҳи таърихӣ-иҷтимоӣ
Таносуби ҳуқуқ ва иқтисод атрофи як масъалаи муҳим – моликият сурат мегирад. Интихоби ин ва ё он шакли моликият, режими ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, бартарии намудҳои алоҳидаи моликият таносуби ҳуқуқ ва иқтисодро муайян мекунад.
Иқтисоди давлатҳои сармоядори асри ХIХ ва индустриалии асри ХХ ба моликияти хусусӣ асос ёфта, дар пояи он озодии фардии (хусусии) шахс ривоҷ ёфта, дар шуури аҳолӣ мафкураи хусусӣ-иқтисодӣ бартарӣ дорад.
Дар ин давлатҳо ҳаёти иқтисодӣ ва умуман ҷомеа ба принсипи фардият асос ёфта, боиси ривоҷи мустақилият ва ташаббускорӣ мегардад. Ҷамъияти сотсиалистӣ бошад ба моликияти давлатӣ асос меёбад. Ҳаёти иқтисодӣ ин ҷо ба принсипи коллективӣ асос ёфта, кулли фаъолияти шахс, аз ҷумла иқтисодӣ зери назорати давлат қарор дорад. Дар шуури аҳолӣ арзишҳои давлатӣ бартарӣ доранд. Шуури патерналӣ бештар ривоҷ ёфта, ба туфайли он давлат чун парастори асосии одамон баромад мекунад.
Шакли моликият ба мазмуни иҷтимоӣ ва нақши давлат дар ҳаёти сиёсӣ таъсири бевосита мерасонад. Дар шароити моликияти хусусӣ нақши давлат дар арсаи иқтисодӣ маҳдуд шуда, соҳаҳое муайян мешаванд, ки аз дахолати давлат озоданд. Сектори хусусӣ ривоҷ ёфта, дахлнопазирии моликияти хусусӣ эълон мешавад, ки ҳадди ниҳоии фаъолияти иқтисодии давлатро ташкил медиҳад. Моликияти давлатӣ бошад, баръакс, нақши иқтисодии давлатро (чун соҳибмулки асосӣ) мутлақ ва афзун мегардонад. Давлат танзимкунандаи асосии иқтисод мегардад.
Атрофи нақши давлат дар ҳаёти иқтисодӣ назарияҳои мухталиф пайдо шудаанд. Дар асри ХIX равияи либералӣ пайдо мешавад, ки пайравонаш (Б. Констан дар Франсия, И. Бентам дар Англия ва диг.) дахолати давлатро ба иқтисод манъ мекунанд. Аммо ибтидои асри ХХ, дар давраи гузариши давлатҳои буржуазии Европа ба марҳилаи индустриалӣ, нақши ин давлатҳо дар ҳаёти иқтисодӣ меафзояд.
Иқтисодчии англис Д. Кейнс (1883–1946) яке аз аввалинҳо шуда зарурият ва аҳамияти фаъолияти амалонаи иқтисодии давлатро асоснок мекунад. Дар асоси ин ақида баъди ҷанги дуюми ҷаҳон назарияҳои сершумори «давлати хайри умум» паҳн мешаванд, ки намояндагони онҳо (Ҷ. Мюрдел, Ҷ. Стречи, А. Пигу, У.А. Робсон ва диг.) дахолати давлатро ба ҳаёти иқтисодӣ зарур мешуморанд. Дар нимаи дуюми асри ХХ фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои Европа меафзояд.
Дар нимаи дуюми асри ХIХ дар Европа назарияи диалектикӣ-материалистии К. Маркс ва Ф. Энгелс паҳн мешавад, ки моликияти хусусиро инкор карда, бунёди ҷамъияти нав – сотсиализмро дар асоси моликияти давлатӣ (сотсиалистӣ) асоснок мекунад. Ин назария дар асри ХХ дар ИҶШС татбиқ мешавад. Сотсиализм иқтисоди давлатиро ривоҷ дода, нақши ҳалкунандаи давлати сотсиалистиро дар ҳаёти иқтисодӣ таъмин мекунад. Назарияи сотсиализм зиддилибералӣ буда, моликияти хусусӣ, сектори хусусӣ, соҳибкории хусусиро рад мекунад. тамоми соҳаҳои иқтисод давлатӣ кунонида мешаванд. Иқтисод зери роҳбарӣ ва назорати давлат қарор мегирад.
Дар назарияи сотсиалистии давлат ва ҳуқуқ сухан дар бораи таносуби давлат ва иқтисод (на ҳуқуқ ва иқтисод) меравад. Азбаски ҳуқуқи фитрӣ эътироф нашуда, ҳуқуқ маҳсули бевоситаи давлат аст, нақши он дар танзими ҷомеа, аз ҷумла, иқтисод дуюминдараҷа аст. Вале сотсиализми «советӣ» як намуди назария ва амалияи сотсиалистӣ гардид. Ғайр аз он – сотсиализми «хитоӣ», «африкоӣ», «арабӣ», «европоӣ» (масалан, «шведӣ) ҳастанд. Унсурҳои ин назария дар дигар кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла давлатҳои мутараққӣ (ба нақша гирифтани иқтисод, сиёсати хизмати иҷтимоӣ) ҳоло истифода мешаванд. Шаклҳои ғайрисоветии сотсиализм, истифодаи унсурҳои ҷудогонаи он дар шароити дигари таърихиву иҷтимоӣ, бидуни ақидаҳову талаботҳои мафкуравӣ татбиқ шуданд. Масалан, Шветсия аз нигоҳи моликият, низоми сиёсӣ, мафкура ва ғ. ба ИҶШС шабоҳат надорад.
Барҳам хӯрдани ИҶШС ва таъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол (9 сентябри с. 1991) ба марҳилаи нав дар таърихи давлати мо асос гузошт. Ривоҷи муносибатҳои бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ талаб мекунад, ки масъалаи таносуби ҳуқуқ ва иқтисод бо назардошти воқеияти имрӯза ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳал гардад. Барои ҳалли дурусти он якчанд нуктаҳои муҳимро бояд ба инобат гирифт:
- Дар Тоҷикистони кунунӣ иқтисоди либералӣ инкишоф меёбад, ки озодии ҳаёти иқтисодиро аз дахолати пурра ва сиёсии давлат дар назар дорад.
- Дар ҷумҳурӣ ақидаи асосии либералӣ – фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ иҷозат дода шудааст (м. 12 Конститутсияи Тоҷикистон).
- Асоси иқтисодии Тоҷикистон – гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ эътироф шудааст (м. 12 Конститутсия).
- Ҳуқуқ нисбати иқтисод нақши ҳалкунанда дорад, чунки он аз меъёрҳо ва талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ иборат аст. Вақте сухан дар хусуси таносуби ҳуқуқ ва иқтисод меравад, на танҳо ҳуқуқи позитивӣ, балки ҳуқуқи фитрӣ низ дар назар дошта мешавад. Ҳуқуқҳои фитрӣ дар ҷомеа ҳалкунанда ва муайянсозанда мебошанд. Бесабаб нест, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи моликиятро дар қатори ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванд ҷойгир кардааст. Мувофиқи моддаи 32 Конститутсия ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият бошад. Ҳеҷ кас, яъне ягон мақомоти давлатӣ ё ашхоси ҷудогона, наметавонад ҳуқуқи шахсро ба моликият маҳдуд ё бекор кунад.
7.2. Ҳуқуқ ва муносибатҳои бозоргонӣ
Нақши ҳуқуқ дар танзими муносибатҳои бозоргонӣ дар шаклҳои ҷудогона ифода меёбад:
- Ҳуқуқ асоси меъёрии муносибатҳои бозоргониро муайян мекунад. Бо мақсади танзими муносибатҳои бозоргонӣ давлат як зумра қонунҳои позитивиро қабул мекунад, ки фаъолияти соҳибкорӣ, бонкӣ ва ғ. ба низом медороранд. Ҳоло дар Тоҷикистон теҳдоди зиёди қонунҳои иқтисодӣ қабул шудаанд, ки тарафҳои ҷудогонаи ҳаёти иқтисодиро танзим мекунанд. Қабули онҳо бо назардошти вазъи кунунии иқтисодӣ ва талаботҳои нави иқтисодии ҷомеа идома дорад.
- Танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозоргонӣ дар асоси воситаҳои тавсиявӣ ва ҳавасмандгардонии иштирокчиёни онҳо сурат мегирад. Ин муносибатҳо бо супориши мақомоти давлат ё шахсони мансабдор пайдо намешаванд ва ин тавр инкишоф намеёбанд. Онҳо ихтиёран, бо мақсади қонеъ кардани манфиатҳои шахсӣ, беҳтар кардани шароити зиндагӣ арзи вуҷуд доранд. Агар ин қабил муносибатҳо барои беҳбудии инсон хизмат накунанд, пас одамон дар инкишофи онҳо манфиатдор намешаванд. Танзими ҳуқуқии бозоргонӣ бояд дар асоси воситаҳои ҳавасмандгардонӣ, бо назардошти таъмини фаъолияти озодонаи одамон сурат гирад. Инсон бояд дар ин муносибатҳо ҳавасманд ва манфиатдор бошад.
- Ҳуқуқ иштирокчиёни муносибатҳои бозоргониро муайян мекунад. На ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ дошта метавонанд. Аз ҷумла, Конститутсияи Тоҷикистон якчанд меъёрҳоеро пешбинӣ кардааст, ки ба ин мақсад нигаронида шудаанд. Мувофиқи моддаҳои 68, 73, 90, 97, вакили халқ, ки дар Маҷлиси Олӣ доимӣ кор мекунад, Президенти Тоҷикистон, аъзои Ҳуқукумат, судя ва прокурор наметавонанд бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Ин қабил маҳудиятҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ низ ҷой доранд. Масалан, мувофиқи Кодекси интихоботии Франсия (м. 146) аъзоёни парламент наметавонанд дар корхонаҳои тиҷоратӣ кор кунанд ё ба онҳо сарварӣ намоянд. Қонуни ШМА дар хусуси этика дар фаъолияти мақомоти давлатӣ (с. 1978) барои адои вазифа берун аз дастгоҳи давлатӣ нисбати Президент ва шахсони мансабдор маҳдудиятҳо муқаррар кардааст.
- Ҳуқуқ тартиби ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии байни иштирокчиёни муносибатҳои бозоргониро муқаррар мекунад. Ин муносибатҳо гарчанде ихтиёран пайдо шаванд ҳам, вале иштирокчиёни онҳо манфиатҳои муқобил дошта метавонанд. Азбаски ин муносибатҳо дар асоси меъёрҳои моддӣ пайдо мешаванд, шаклҳои мурофиавии таъмини онҳо низ пешбинӣ мешаванд.
- Меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарии ҳуқуқиро барои риоя накардани низоми бозор муқаррар мекунанд. Гарчанде иқтисоди бозоргонӣ озод бошад ҳам, вале ҳама гуна фаъолияти иқисодӣ иҷозат дода намешавад. Фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ маънои онро надорад, ки шахс шуғли фаъолияти зидди манфиатҳои ҷомеа аст. Ҳуқуқ меъёри фаъолияти озоди иқтисодиро муқаррар мекунад. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ (моддӣ, ҷиноӣ ва ғ.) ҳадди ниҳоии ин фаъолияти озод аст.
Шаклҳои номбаргашта мазмуни назариявӣ доранд. Ҳаёти воқеии ҷомеаи мо, инкишофи минбаъдаи муносибатҳои бозоргонӣ шаклҳои дигари низоми ҳуқуқии бозоргониро муайян мекунанд. Азбаски Тоҷикистон таҷрибаи хурди бунёди иқтисоди бозоргонӣ дорад, нақши иқтисодии хуқуқро ҳаёти минбаъда нишон медиҳад. Вале нуқтаи асосӣ он аст, ки ҳуқуқ танзимкунандаи муносибатҳои бозоргонӣ аст. Асоси ин муносибатҳоро на роҳбарии давлатӣ, балки танзими ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Нақши давлат дар ҳаёти кунунии иқтисодӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ аниқ мешавад. Давлат бидуни онҳо амал намекунад. Аз ҷумла, Конститутсияи Тоҷикистон салоҳияти иқтисодии мақомоти давлатро мушаххас гардонидааст. Дар асоси он ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаҳои андозаи инконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (м. 75). Фармони Президент дар хусуси таъини раиси Бонки миллӣ ва муовинонаш ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад (м. 69, б. 7). Маҷлиси Олӣ барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро тасдиқ ва қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад (м.м. 57, 60.) Яъне масъалаҳои муҳимтарини иқтисодӣ ба зиммаи ҳокимияти қонунгузор гузошта шудаанд. Аз тарафи дигар, барои одамон фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ муқаррар шудааст. Айни замон моддаи 45 Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандон вазифаи супоридани андоз ва пардохтҳоро мегузорад.
7.3. Вазифаи андозбандӣ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он
дар муносибатёои бозоргоны
Дар замони Шӯравӣ қисми асосии буҷети давлатӣ (қариб 92 фоиз) аз ҳисоби мадохилоти корхонаҳои давлатӣ, мутобиқан, 8 фоизи даромади давлат аз ҳисоби шаҳрвандон буда, ташаккул ва хароҷоти буҷети он замон аз як «киса» ба «кисаи» дигари давлат гузоштани маблағи мадохиларо мемонд.
Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, давлатӣ ва сиёсии кишвар, равнақи моликияти хусусӣ боиси ба майдон омадани вазифаи нави андозбандӣ гардиданд, ки пеш аз ҷумлаи вазифаи алоҳида набуд, балки бо вазифаҳои бештар умумӣ, хоҷагию ташкилӣ фаро гирифта мешуд. Дар шароити нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар афзудани аҳамияти андоз дар амалӣ гардидани сиёсати давлат ва иҷрои вазифаҳои он вазифаи андозбандӣ аҳамияти тамоман дигарро молик мешавад. Ташаккули буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо ва вазифаҳои дигар (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва ғайра)-ро ба ҷо овардани давлат ба самарабахш амалӣ гардидани андозбандӣ вобаста аст. Бинобар ин вазифаи андозбандӣ дар марҳалаи ҳозира самти дуюмдараҷа (иловагӣ) не, балки яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат маҳсуб меёбад. Андоз асоси пурра кардани буҷети ҳамаи сатҳҳо мебошад. Агар буҷет ташаккул дода нашавад, давлат аз ӯҳдаи иҷрои дигар вазифаҳояш баромада наметавонад.
Вазифаи андозбандӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат оид ба ҷорӣ намудан ва ситонидани боҷу андоз ва ҳамчунин назорат ба пурра ва саривақт пардохтани онҳо мебошад. Онро аз дигар вазифаҳо хусусиятҳои объекти таъсири давлатӣ, мақсадҳои таъсиррасонӣ ва мазмуни мустақим маҳдуд карда метавонанд.
Мақсад аз вазифаи андозбандӣ ба низом даровардани раванди муқаррар намудан, ситонидани боҷу андоз ва ҳамчунин ташаккул додани буҷетҳои ҳамаи сатҳҳост. Бӯҳронҳои имрӯзаи соҳаи иқтисодиёт дар назди вазифаи андозбандӣ мақсади ҳарчӣ бештар ба хазинаи давлат ситонидани андозро ҷиддан гузошт. Дар баробари ин, ба қадри ба сомон омадани равандҳои иқтисодӣ, таъсири ба танзимоварандаи вазифаи андозситонӣ ба иқтисодиёт бояд ҳарчӣ бештар зӯр ва пайгирона бошад, чунки мақсади асосии вазифаи мазкур бояд на фақат андозситонӣ ва пурра кардани буҷет, балки ҳамчунин муҳайё намудани шароитест, ки ба пешрафти истеҳсолот ва ҳавасмандии моддии он мусоидат намояд.
Вазифаи андозбандӣ ба муносибатҳои молиявии раванди фаъолияти молиявии давлат таъсир мегузорад. Моҳияти бевоситаи он аз муқаррар ва амалӣ намудани сиёсати соҳаи андоз; ташаккул додан ва пурра кардани буҷет, пеш аз ҳама буҷети давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад: ки аз ҳисоби ҳамаи намудҳои андоз: бо\ёои давлаты ва ҳамчунин аз боҷи гумрукӣ иборат мебошад.
Ин вазифа бо вазифаи иқтисодӣ зич алоқаманд буда, давлат бо ёрии ин ду вазифа муомилоти хоҷагиро танзим мегардонад ва дар муносибатҳои бозаргонӣ иштирок менамояд.
Зарурати баҷо овардани вазифаи андозбандии давлат боиси ривоҷу равнақи қонунгузории молиявӣ гардид. Аз ҷумла, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бисёр санадҳои меъёрие қабул шуданд, ки фаъолияти мақомоти молиявиро ба танзим медароранд. Прокуратураи Генералии /умёурии То\икистон ва мацомоти навтаъсис Агентии назорати давлатии молиявы ва мубориза бо коррупсия: ки аз 10?01?2007сол таёти № 143 ба фаъолият шуруъ намудааст ва Раьсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ёукумати /умёурии То\икистон баёри ошкор ва пешгиры намудани цонуншиканиёои андоз: инчунин ба \о овардани санадёои меъьрии андозбанды вазифадор карда шудаанд?
Вазифаи андозбандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои дохилӣ буда, дар шакли қонунгузорӣ, иҷроия ва баъзан судӣ амалӣ мешавад. Муқаррар ва ҷорӣ намудани андоз аз рӯи қонунгузорӣ иҷро кардани вазифаи андозбандӣ аст, вале ситонидан ва назорат кардан шакли иҷроия мебошад. Агар андоз маҷбуран ситонида шавад, вазифаи андозбандӣ баъзан дар шакли судӣ амалӣ мегардад. Истифодаи шаклҳои гуногуни амалӣ гардонидани вазифаи андозбандӣ ба ҳосил шудани мақсади ягона, яъне ба муқаррар намудани андоз, тартиби пардохти он ва ҳамчунин ба таҳти назорат гирифтани пардохти пурра ва саривақти он равона шудааст.
Иҷрои вазифаи андозбандӣ аз фаъолияти қонунгузорӣ оид ба муқаррар ва ҷорӣ намудани андоз оғоз меёбад, ки нисбати он дар КАҶТ талаботи қатъӣ муқаррар карда шудааст. Чунончӣ, андоз набояд хусусияти табъизӣ дошта бошанд; ба муқаррар намудани ҳадҳои гуногуни андоз, вобаста ба шакли моликият, шаҳрвандӣ ё маҳалли пайдоиши сармоя ба имтиёзоти андоз роҳ дода намешавад; андоз бояд аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок бошанд ва худсарона муқаррар шуда наметавонанд; андозёое ҷоизанд, ки монеаи аз тарафи шаҳрвандон ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии худ мешаванд; ба муқаррар намудани боҷу андозе роҳ дода намешавад, ки фазои ягонаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор месозанд, бевосита ё бавосита дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона интиқол додани мол, кору хизматрасонӣ, ё маблағро маҳдуд менамоянд. Фаъолияти қонунгузор оид ба муқаррар намудани андоз дар доираи қатъии ҳуқуқие қарор дорад, ки мақсади он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва истисно намудани имконияти беасос бойшавии давлат мебошад. Ба ибораи дигар, аз рӯи ин талабот андоз бояд оқилона ва боинсофона буда, манфиати на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеаро қонеъ гардонад.
Ситонидани андозёо ва ҳамчунин назорати пурра ва сари вақт пардохт намудани андоз фаъолияти иҷроияи давлат буда, вазифаи андозбандӣ ба зиммаи мақомоти андоз аст. Мутобиқи банди 2 мод. 36 КА ҶТ мақомоти андоз низоми ягонаи мутамаркази назорат ба риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз, назорати дуруст ҳисоб кардан, пурра ва сари вақт ба буҷет гузаронидани маблағи андоз мебошад. Ҳангоми аз сарҳад гузаронидани мол вазифаи мақомоти андозро мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҷо меоваранд.
Мақомоти андоз барои ӯҳдадории андозсупории худро баҷо овардани андозсупорандагон тадбирҳои ташкилӣ меандешанд. Дар рафти андозситонӣ усули амрдиҳӣ кор фармуда мешавад ва андозсупоранда вазифадор аст дар доираи қатъӣ муқарраршуда амал намояд, агарчи қисми муайяни андозсупорандагон метавонанд на иҷборан, балки аз рӯи эътиқод, (огоҳона, бофаҳм) баҷо оваранд. Агар андозсупоранда ӯҳдадории худро ихтиёран баҷо наоварад, ӯро бо роҳи истифодаи муҷозот маҷбур месозанд. Нисбати шахсони ёуцуцы мувофици КА /Т тартиботи бечуну чарои андозбанды пешбины шудааст, вале аз шахсони воқеӣ андоз дар ёолати и\ро накардани уёдадориёои андоз дар муёлати дароз бо тартиби судӣ ситонида мешавад. Бинобар ин вазифаи андозбандӣ дар баъзе мавридҳо шакли иҷрои судӣ низ дорад.
Бо мақсади пешгирӣ ва барҳам додани қонуншиканӣ дар соҳаи андозситонӣ, риояи режими қонуният мақомоти андоз назорати пардохти андозро кор мефармоянд, ки он аз гузаронидани тафтишот; аз андозсупорандагон, агентҳои андоз ва боҷсупорандагон талаб кардани шартнома; тафтиши маълумоти ҳисобрасӣ ва ҳисоботдиҳӣ, аз назар гузаронидани биноҳо ва майдонҳое, ки барои гирифтани даромад истифода мегарданд, иборат мебошад. Назорати пардохти андоз барои амалӣ кардани вазифаи андозбандӣ аҳамияти калон дорад, чунки имкон медиҳад қонуншикании пардохти андоз сари вақт ошкор ва андозсупоранда барои иҷрои ӯҳдадориаш маҷбуран водор карда шавад. Ба ҳамин тариқ, вазифаи андозбандӣ метавонад ҳамчунин дар шакли фаъолияти назоратии ҳифзи ҳуқуқ анҷом пазирад. Мақомоти андоз дар ҷараёни амалӣ гардидани назорати пардохти андоз бо мақомоти Агентии назорати давлатии молиявы ва мубориза бо коррупсия: Раьсати аудити дохилии Кумитаи андози назди Ёукумати /умёурии То\икистон, мақомоти гумрук ва прокуратура зич ҳамкорӣ мекунанд.