Низоми ҳуқуқии ҷомеа

Мафҳумҳои низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, «оилаи ҳуқуқӣ»

       Низоми ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои ҷомеа буда, якҷоя бо «низоми сиёсӣ», «низоми иқтисодӣ» ва ғ. арзи вуҷуд дорад. Агар давлат, ҳизби сиёсӣ унсури низоми сиёсӣ бошанд, пас ҳуқуқ унсури низоми ҳуқуқӣ аст.

Низоми ҳуқуқӣ ғайр аз ҳуқуқ боз унсурҳоеро дар бар мегирад, ки бо ҳуқуқ алоқаманданд, бо мақсади дарку таҳлили ҳуқуқ, эҷоду татбиқи он, истифодаи чораҳои ҳуқуқҳифзкунӣ арзи вуҷуд доранд. Ҳуқуқи позитивӣ, чи тавре маълум аст, аз меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст. Вале барои эҷоду қабули онҳо мақомоти қонунгузор таъсис мешаванд. Дар натиҷаи фаъолияти онҳо ҳуқуқ шакли (зуҳуроти) худро (конститутсия, қонунҳо) пайдо мекунад. Бо мақсади иҷрои ҳуқуқ фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар марказ ва маҳалҳо ба роҳ монда мешавад, ки боиси қабули санадҳои зиёди зериқонунӣ мегардад. Меъёрҳои қабулгаштаро мақомоти ҳуқуқтатбиқсозӣ ва ашхоси босалоҳият дар ҷараёни ҳалли корҳои (ҳолатҳои) мушаххаси ҳаёт татбиқ мекунанд. Дар ҷараёни татбиқи ҳуқуқ амалиётҳои гуногуни ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд (тафсири ҳуқуқӣ, истифодаи чораҳои маҷбурсозии ҳуқуқӣ ва ғ.). Ҳуқуқро бевосита шаҳрвандон низ амалӣ мекунанд.

Дар байни унсурҳои низоми ҳуқуқӣ ҷои муҳимро унсурҳои илмӣ – маънавӣ соҳибанд. Бе онҳо эҷоду амалӣ гаштани ҳуқуқро нашояд тасаввур кард. Аз як тараф, бе илми ҳуқуқӣ, назарияву мафҳумҳо, ақидаву хулосаҳои илмӣ-ҳуқуқӣ ягон фаъолияти ҳуқуқӣ номумкин аст. Аз тарафи дигар, бе сатҳи лозимии шуури ҳуқуқӣ (ҳатто дар сатҳи оддӣ, маишӣ), бе маданияти ҳуқуқии аҳолӣ (ҳам илмӣ ва ҳам муқаррарӣ) ҳамаи кӯшишу тадқиқотҳои илмӣ, амалияи ҳуқуқӣ аҳамияте надоранд.

Ҳамин тариқ, низоми ҳуқуқии ҷомеа мураккаб буда, аз унсурҳои илмӣ-маънавӣ ва амалӣ-ҳуқуқӣ иборат аст, ки якҷоя ва вобаста ба ҳуқуқ ва шаклҳои ифодаи он (қонунгузорӣ) амал мекунанд.

Аз нигоҳи мансубияти кишварӣ, низоми ҳуқукӣ дохилидавлатӣ аст. Азбаски ҳар як кишвар ҳуқуқи миллии худро дорост, низоми ҳуқуқи он низ мазмуни миллӣ дорад.

Аммо ҳуқуқи миллии ҳар як кишвар мутлақо мухтор нест. Омилҳое ҳастанд, ки ҳуқуқи давлатҳои мухталифро бо ҳам наздик мекунанд, аз қабили сарчашмаҳои ҳуқуқ, соҳаҳои ҳуқуқ, институтҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқтатбиқсозӣ, тафсири ҳуқуқӣ, мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва м.и. Дар асоси аломатҳои ба ҳам наздики ҳуқуқӣ (сарчашмаҳои наздик, таснифи умумии соҳаҳои ҳуқуқ, мафҳумҳои наздики ҳуқуқӣ ва ғ.) «умумияти» низоми ҳуқуқии якчанд давлатҳо таъмин мегардад, ки онро «оилаи ҳуқуқӣ» меноманд. Дар олами муосир якчанд «оилаи ҳуқуқӣ» арзи вуҷуд доранд (романи-олмонӣ, умумии англисӣ, мусулмонӣ ва ғ.).

 

9.2.  Унсурҳои  низоми  ҳуқуқӣ

 

Низоми ҳуқуқӣ мураккаб буда, аз унсурҳои гуногун иборат аст. Онҳоро ба намудҳои (гурӯҳҳои) зерин ҷудо кардан мумкин аст.

  1. Ҳуқуқ. Ҳуқуқ унсури марказии низоми ҳуқуқӣ аст. Низоми ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқ пайдо мешавад. Бо пешрафти ҳуқуқ низоми ҳуқуқӣ низ такмил меёбад.
  2. Қонунгузорӣ. Ҳуқуқ (ҳуқуқи позитивӣ) дар шакли қонунҳо ва санадҳои меъёрии зериқонунӣ амал мекунад, ки онро қонунгузорӣ меноманд.
  3. Субектони фардӣ ва коллективӣ. Дар низоми ҳуқуқӣ шахс ба ҳайси фарди алоҳида ва якҷоя бо дигарон дар шакли иттиҳодияҳо (созмонҳо, ҳизбҳои сиесӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, давлат – ҳамчун шакли баланди иттиҳоди одамон) иштирок мекунад. Ташкилотҳо дар муносибатҳои ҳокимиятӣ, идоракунӣ ва ҳамчунон дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ба ҳайси шахсони юридикӣ ширкат меварзанд.
  4. Унсурҳои амалӣ-ҳуқуқӣ. Фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи эҷоду татбиқи ҳуқуқ амалияи ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки унсури муҳими (амалии) низоми ҳуқуқӣ аст. Дар натиҷаи амалияи ҳуқуқӣ ду намуди он ҳосил мешаванд: амалияи ҳуқуқэҷодкунӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ. Дар амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ ҷои муҳимро амалияи судӣ соҳиб аст.
  5. Унсурҳои ниҳоӣ-ҳуқуқӣ. Мақсади ниҳоии ҳуқуқ – таъмини муназзами муносибатҳои ҷамъиятӣ, муташаккилӣ дар ҷомеа, қонуният ва тартиботи (сохти) ҳуқуқӣ аст. Бинобар он, унсурҳои ниҳоӣ-ҳуқуқӣ (амали ҳуқуқӣ, рафтори қонунӣ, қонунияти ҳуқуқӣ, тартибот ва сохти ҳуқуқӣ) дар низоми ҳуқуқӣ ҷои муҳимро (таъминсозиро, кафолатбахшро) соҳибанд.
  6. Унсурҳои психологӣ-маънавӣ. Амали ҳуқуқ дар ҷомеа, иҷроиши қонунҳо, рафтори қонунӣ, қонунияти ҳуқуқӣ ва тартиботи (сохти ҳуқуқӣ) бе шуури ҳуқуқии одамон, маданияти ҳуқуқӣ номумкин аст. Барои дарки қонунҳо, эҳтирому риояи онҳо шуури ҳуқуқии аҳолӣ, сатҳи мухталифи он (илмӣ, касбӣ, оддӣ) ва унсурҳои он (ҳиссиёту эҳсосот, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ ) унсуру омили зарурианд.
  7. Унсурҳои илмӣ-ҳуқуқӣ дар шакли мафҳумҳои илмӣ, категорияҳои илмӣ, принсипҳои ҳуқуқ, назарияву таълимотҳои илмӣ арзи вуҷуд доранд. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ – шакли тафаккур, воҳидҳои таркибии фикрронӣ буда, нишонаҳои муҳими фарқкунандаи чиз ё ҳодисаҳои оламро ифода мекунанд (мафҳумҳои «ҳуқуқ», «қонун», «сарчашмаи ҳуқуқ», «меъёри ҳуқуқ» ва ғ.). Категорияҳои ҳуқуқӣ – шакли умумигаштаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ мебошанд (масалан, дар натиҷаи муттаҳидгардонии меъёрҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, корпоративӣ, одатӣ категорияи «меъёри иҷтимоӣ» ҳосил мешавад). Таърифҳои ҳуқуқӣ – мафҳумҳои ҳуқуқӣ, ки бо нишонаҳояшон ифода мешаванд (таърифи ҷиноят, кирдори маъмурӣ ва м.и.). Принсипҳои ҳуқуқ – нуқтаҳои муайянсозанда ва аввалиндараҷаи (заминавии) ҳуқуқ мебошанд (адолат, озодӣ, баробарӣ, инсондӯстӣ ва ғ.). Шакли баланди (илмии) тафаккур назарияву таълимотҳои илмӣ мебошанд, ки мафҳуму категория ва принсипҳои ҳуқуқро пешбариву тадқиқ мекунад. Назарияҳои илмӣ шакли умумигаштаи таълимотҳои илмӣ мебошанд. Илми ҳуқуқӣ аз назарияҳои илмӣ иборат аст.