Оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир

Низоми  ҳуқуқӣ ва  «оилаҳои  ҳуқуқӣ»1

       Ҳар як давлат дар ҷаҳони имрӯза дорои ҳуқуқи хеш аст. Аммо низоми ҳуқуқӣ бо як давлат маҳдуд намешавад. Унсурҳои якчанд низоми ҳуқуқӣ метавонанд дар ҳудуди як давлат истифода шаванд. Масалан, дар Ҳиндустон ҳуқуқи англисӣ, дар Тоҷикистон унсурҳои ҳуқуқи романӣ-олмонӣ нақши муҳим доранд.

Низоми ҳуқуқии ҳар як давлат, аз як тараф, миллӣ бошад, аз тарафи дигар – мазмуни умумибашарӣ дорад. Ҳеҷ як ҳуқуқи миллӣ мустақилона ва дар ҳудуди танҳо як давлат, бе назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, бе истифодаи арзишу ғояҳои ҳуқуқии башарӣ инкишоф ёфта наметавонад. Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи англисӣ дар ШМА, Канада, Австралия, Зеландияи Нав ва ғ., ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ғайр аз Европа дар Америкаи Лотинӣ, қисми бештари Африка, кишварҳои Шарқи Наздик ва ғ. амал мекунад. Бештари ё қисми аҳолии 51 давлати ҷаҳон пайравони ҳуқуқи мусулмонианд[1].

Таснифи низомҳои ҳуқуқии миллӣ низ ҳар хел сурат гирифтааст. Муаллифон асосҳои гуногуни таснифиро истифода мебаранд. Масалан, А.Х. Саидов оилаҳои ҳуқуқии романӣ-олмонӣ, оилаи ҳуқуқи умумӣ, ҳуқуқи Америкаи Лотинӣ, ҳуқуки Скандинавӣ, ҳуқуқи мусулмонӣ, ҳуқуқи ҳиндуӣ, ҳуқуқи одатиро ҷудо мекунад[2]. В.М. Корелский ва В.Д. Перевалов низоми ҳуқуқии англосаксонӣ, романӣ-олмонӣ, мусулмонӣ, сотсиалистӣ, одатиро[3], А.С. Пиголкин ҳамин қабил таснифро (ғайр аз ҳуқуқи сотсиалистӣ)[4] эътироф мекунанд.

Вале асоси тамоми таснифҳои ҷойдоштаро ду равияи асосӣ ташкил медиҳанд. Яке бо номи олими намоёни франсавӣ Р. Давид ва дигаре бо номи муҳаққиқи олмонӣ К. Свайгерт алоқаманд аст. Асоси назарияи таснифи Р. Давидро меъёрҳои ҳам ҳуқуқӣ (соҳаҳои ҳуқуқ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, татбиқи ҳуқуқ ва ғ.) ва ҳам иҷтимоӣ (сохтори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, низоми сиёсӣ, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ) ташкил медиҳанд. Муаллиф оилаҳои ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, сотсиалистӣ, умумӣ, динӣ-анъанавиро (ҳуқуқи мусулмонӣ, ҳуқуқи Ҳиндустон, низоми ҳуқуқии Шарқи Дур, Африка ва Мадагаскар) ҷудо мекунад[5]. К. Свайгерт меъёри «услуби хуқуқиро» (пайдоиши низоми ҳуқуқӣ, тафаккури ҳуқуқӣ, институтҳои ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, мафкураи ҷомеа) истифода бурда, «доираҳои хуқуқии» романӣ, олмонӣ, скандинавӣ, англо-америкоӣ, сотсиалистӣ, ҳуқуқи ислом, ҳуқуқи ҳиндуиро ҷудо мекунад[6].

Ҳангоми таснифи оилаҳои ҳуқуқӣ бояд муқаррар кард, ки ҳуқуқи сотсиалистӣ дар онҳо дар шароити кунунӣ чи нақш дорад. Бояд гуфт, ки бештари таснифҳо то солҳои 90-м гузаронида шудаанд ва воқеияти охири ин даҳсоларо ба инобат намегиранд. Дар як давраи кӯтоҳ системаи ҷаҳонии сотсиалистӣ, ки асосан ИҶШС ва Европаи Шарқиро фаро мегирифт, аз байн рафтааст. Унсурҳои ҷудогонаи он (бо шаклҳои хос) дар Хитой, Ветнам, Кореяи Халқи-Демократӣ, Куба боқӣ мондаанд. Р. Давид, ки соли 1990 аз олам чашм пӯшидааст, тавонист дар нашри охирини китобаш тағйиротҳои куллии дар ҳуқуқи сотсиалистӣ ба вуқуъ омадаро инъикос намояд. Бо назардошти дигаргуниҳои куллӣ дар ИҶШС ва Европаи Шарқӣ муаллиф ба хулоса меояд, ки ҳуқуқи сотсиалистӣ аз байн рафта истодааст[7]. Бо ақидаи муҳаққиқи Россия В.А. Туманов ҳуқуқи сотсиалистӣ ҳамчун навъи ҳуқуқ имрӯз вуҷуд надорад[8]. Муаллифоне ҳастанд, ки вуҷудияти ҳуқуқи сотсиалистиро дар шароити кунунӣ эътироф мекунанд. Аз ҷумла, бо ақидаи В.М. Корелский ва В.Д. Перевалов ҳуқуқи сотсиалистӣ «ҳоло дар Хитой, Ветнам, ҶХДК, Куба ҷой дорад[9]. Вале бояд гуфт, ки асоси назариявии ҳуқуқи сотсиалистиро ҳуқуқи советӣ ва пояи ғоявии онро мафкураи марксистӣ-ленинӣ ташкил медод. Бо баробари аз байн рафтани ИҶШС ҳуқуқи сотсиалистӣ аз ин асосҳои аввалиндараҷа маҳрум гашт. Собиқ давлатҳои сотсиалистии Европаи Шарқӣ (Югославия, Полша, Венгрия, Руминия ва ғ.) аз назария ва амалияи сотсиалистӣ даст кашиданд. Дар кишварҳои сотсиалистии Осиё ва Куба низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд. Хитой бошад кайҳост, ки аз амалияи советӣ даст кашида, роҳи мустақили инкишофро («сотсиализми Хитой») пеш гирифтааст. Бесабаб нест, ки Р. Давид Хитойро шомили оилаи ҳуқуқи сотсиалистӣ намеҳисобид.

Ҳамин тариқ, оилаи ҳуқуқӣ мафҳуми илмӣ-муқоисавӣ аст, ки якчанд низоми ҳуқуқии миллии дорои аломатҳои умумиро дар бар мегирад. Барои таснифи онҳо маҳакҳои ҳуқуқӣ, аз қабили таърихӣ-назариявӣ, техникӣ-ҳуқуқӣ, мафкуравӣ-ҳуқуқӣ, амалӣ-ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Дар асоси онҳо оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони  муосирро  ба  гурӯҳҳои  зерин  ҷудо кардан мумкин аст: 1) оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, 2) оилаи ҳуқуқи умумӣ, 3) ҳуқуқи мусулмонӣ, 4) ҳуқуқи Ҳиндустон, 5) ҳуқуқи Шарқи Дур, 6) ҳуқуқи одатии африкоӣ.

Оилаҳои ҳуқуқии зикршуда ба шохаҳои ҷудогона тақсим мешаванд. Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, масалан, ба франсавӣ ва олмонӣ ҷудо мешавад. Аммо ҳуқуқи романӣ-олмонӣ танҳо бо ин ду намуди ҳуқуқ маҳдуд намешавад. Унсурҳои он дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ, Япония ва ғ. мушоҳида мешаванд. Собиқ давлатҳои сотсиалистӣ (Полша, Венгрия ва ғ.) то с. 1917 ва ҷанги дуюми ҷаҳон шомили ҳуқуқи романӣ-олмонӣ буданд. Бинобар он анъанаҳои ин низоми ҳуқуқӣ ҳоло дар ин кишварҳо боқӣ мондаанд. Тоҷикистон низ, ки дар тӯли 70 сол узви ИҶШС буд, низоми ҳуқуқиашро дар асоси нуқтаҳои пешбарандаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ инкишоф медиҳад.

Аммо атрофии табиати ҳуқуқии низомҳои ҳуқуқии кишварҳои пасосотсиалистии Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ (Чехия, Румыния, Болгария, Полша ва диг.) ва пасошӯравӣ (Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва диг.) байни муҳаққиқон мубоҳисаи илмӣ то ҳол идома дорад. Оиди ин масъала нуқтаҳои зерини назариявӣ ҳоло мушоҳида мешаванд:

  1. Низоми ҳуқуқии пасосотсиалистии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ ҷузъи ҳуқуқи аврупоии романиву олмонӣ аст.
  2. Низоми ҳукуқии кишварҳои пасошӯравии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷузъи ҳуқуқи аврупоии романиву олмонӣ аст.
  3. Ҳуқуқи пасосотсиалистӣ оилаи ҳуқуқи славяниро ташкил медиҳад.
  4. Низоми ҳукуқии кишварҳои пасошӯравии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – гурӯҳи авруосиёии ҳуқуқи романиву олмонро ташкил медиҳад.
  5. Ҳуқуқи пасосотсиалистии кишварҳои Аврупои Шарқиву Марказӣ ва давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – оилаи мустақили ҳуқуқи пасосотсиалистиро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки масъалаи номбурда дар иртибот бо ташаккули сохторҳои нави ҳуқуқии ҷахони имрӯз низ омӯхта мешавад. Яке аз чунин сохторҳои ҳуқуқиро – ҳуқуқи аврупоӣ ташкил медиҳад, ки дар қаламрави давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Аврупо инкишоф меёбад. Аз ин нуқтаи назар, дар адабиёти имрӯза андеша пешкаш мешавад, ки дар қаламрави кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ сохтори нави ҳуқуқӣ бо номи «ҳуқуқи авруосиёӣ» ҳоло ташаккул ёфта истодааст.

 

10.2.  Оилаи  ҳуқуқи  романӣ-олмонӣ

 

Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ дар Европа дар асоси ҳуқуқи Рими Қадим, ҳуқуқи канонӣ ва одатҳои маҳаллӣ пайдо шудааст. Баъдтар ҳуқуқи европоӣ дар Америкаи Лотинӣ, қисми бештари Африка, кишварҳои Шарқи Наздик, Япония, Индонезия паҳн мешавад. Дар асри ХХ ҳуқуқи сотсиалистӣ аз романӣ-олмонӣ ҷудо мешавад. Вале анъанаҳои ҳуқуқи европоӣ дар ИҶШС нигоҳ дошта мешаванд.

Роҳи асосии пайдоиши ҳуқуқи романӣ-олмонӣ  омӯзиш ва ба воқеияти нав мутобиқ гардонидани ҳуқуқи римӣ буд.      Кодификатсия дар баробари истифодаи ҳуқуқи римӣ роҳи дигар ва муҳими ташаккули ҳуқуқи романӣ-олмонӣ гардид. Дар рафти он кодексҳои граждании Франсия (с. 1804), Олмон (с. 1896), Швейсария (с. 1881–1907) қабул мешаванд.

Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ аз ду гурӯҳи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст: 1) аввалин, ки дар қонунҳо дарҷ шудаанд ва 2) дуюмин, ки маҳсули тафсири судӣ аст.

Меъёри ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ҳуқуқи романӣ-олмонӣ чун қоидаи рафтори умумиҳатмӣ фаҳмида мешавад. Меъёрҳои конститутсионӣ эътибори баландтари ҳуқуқӣ доранд.

Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ба ду қисм тақсим мешавад: 1) ҳуқуқи омма ва 2) ҳуқуқи хусусӣ. Ҳуқуқи омма аз ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, молиявӣ, ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи байналмилалии омма ва ҳуқуқи хусусӣ аз ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, тиҷоратӣ, муаллифӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ иборат аст.

Дар натиҷаи сиёсати мустамликадории кишварҳои Европа ва аҳамияти намунавии кодификатсия ҳуқуқи романӣ-олмонӣ дар Америка, бештари Африка, кишварҳои Шарқ, Япония паҳн мешавад. Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ дар манотиқи Осиё ва Индонезия низ паҳн шудааст.

 

10.3.  Ҳуқуқи  англисӣ-америкоӣ

 

Оилаи ҳуқуқии номбурда аз ду шохаи ҳуқуқӣ иборат аст: 1) ҳуқуқи англисӣ ва 2) ҳуқуқи ШМА.      Аз нигоҳи маҳалли пайдоиш (омили ватанӣ) ҳуқуқи англисӣ ин ҳуқуқи Англия ва Уэлс аст на тамоми Британия1. Бинобар он ба ҷои ибораи ҳуқуқи «бритонӣ» ибораи ҳуқуқи англисӣ истифода мешавад. Дар айни замон ҳуқуқи англисӣ – ҳуқуқи ҷаҳонӣ аст. Он дар Канада, Австралия, Зеландияи Нав ва дигар давлатҳо – аъзоёни Ҳамкории Британия, ки шумораи онҳо имрӯз ба 36 мерасад, амал мекунад. Ҳуқуқи англисӣ асоси пайдоиши ҳуқуқи ШМА аст. Таъсири он дар бисёр давлатҳо (Ҳиндустон, Судан ва ғ.) мушоҳида мешавад. Сеяки аҳолии ҷаҳон бо ҳуқуқи англисӣ зиндагӣ мекунад.

Ҳуқуқи англисӣ – ҳуқуқи судӣ аст. Онро судҳои каролӣ эҷод намудаанд. Аз ин лиҳоз зарурият ба кодификатсия ва кабули кодексҳои нави европоӣ дар Англия пайдо нашудаанд. Ҳуқуқи англисӣ мисли романӣ-олмонӣ ба омма ва хусусӣ тақсим намешавад. Ба ҳуқуқи англисӣ таснифи дигари ҳуқуқ, низоми алоҳидаи сарчашмаҳои ҳуқуқ, мафҳумҳои махсуси ҳуқуқӣ хосанд.

Ҳуқуқи англисӣ се сарчашмаи асосӣ дорад: 1) амсоли судӣ, 2) қонун, 3) одатҳо. Амсоли судӣ сарчашмаи асосӣ аст.

Ҳуқуқи ШМА дар асоси ҳуқуқи англисӣ пайдо шудааст.      ШМА давлати федералӣ аст. Дар он 51 низоми ҳуқуқӣ амал мекунад: 50 дар штатҳо ва як низоми федералӣ. Қонунгузорӣ ва низоми судӣ ба федералӣ ва штатӣ ҷудо мешавад.

Қонунҳои ШМА ба федералӣ ва штатҳо тақсим мешаванд. Дар байни қонунҳои федералӣ ҷои асосиро Конститутсияи ШМА с. 1789 ишғол мекунад. Дар ШМА кодексҳо қабул шудаанд: кодекси гражданӣ дар Калифорния, Дакотаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҷорҷия, Монтана, кодекси мурофиаи гражданӣ – дар 25 штат, кодекси ҷиноӣ – дар ҳамаи штатҳо, кодексҳои мурофиаи ҷиноӣ – дар баъзе штатҳо.

 

10.4.  Ҳуқуқи  мусулмонӣ

 

Тибқи маълумоти муҳаққиқон (солҳои 1990-ум), қариб 900 млн. одам дар бештар аз 50 давлати ҷаҳон аз рӯи меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ истиқомат мекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳуқуқи мусулмонӣ, мисли романӣ-олмонӣ ё англисӣ-америкоӣ, низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ аст. Ин оилаи ҳуқуқӣ пурра мустақил буда, новобаста ва бе таъсири ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ё англисӣ-америкоӣ, дар шароитҳои махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ пайдо шудааст.

Ҳуқуқи мусулмонӣ – қисми ҷудонашавандаи ислом аст. Агар ҳуқуқи романӣ ё англисӣ бо тамаддуни Ғарб алоқаманд бошад, пас ҳуқуқи мусулмонӣ мансуби тамаддуни исломӣ аст. Ҳуқуқи мусулмонӣ аз лаҳзаи пайдоиш мазмуни динӣ дошт. Меъёрҳои он дар чорчубаи муқаррароти ислом ташаккул ёфтанд.

Ислом дар кишварҳои мусулмонӣ (Арабистони Саъудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва диг.) дини расмии давлатӣ эълон мешавад. Ин меъёр дар як қатор кишварҳои ислом дар сатҳи конститутсионӣ низ эълон мешавад (чунончӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз с. 1979). Вобаста ба ин, ҳуқуқи мусулмонӣ низ, ки ҷузъи ислом аст, дар ин кишварҳо хислати расмӣ дорад. Ин хислати расмии ҳуқуқи мусулмонӣ, аз ҷумла, дар он ифода меёбад, ки ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои мусулмонӣ мутобиқи ислом мебошанд.

Ислом аз меъёрҳои ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ ва ғ. иборат аст. На танҳо ҳаёти шахсӣ, балки ташкилу фаъолияти давлат, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таҳти танзими ислом қарор доранд. Вобаста ба ин, дар ҳуқуқи мусулмонӣ ғайр аз ҳуқуқи оилавӣ ва мерос ҳамчунон ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, мурофиавӣ ва ғ. инкишоф ёфтанд. Ҳуқуқи мусулмонӣ вазифаҳоеро ба ӯҳда дорад, ки онҳоро дар Европа ҳуқуқи дунявӣ иҷро мекунад.

Ҳуқуқи мусулмонӣ чаҳор сарчашмаи асосӣ дорад: Қуръон, Сунна, иҷма ва қиёс. Асоси ҳуқуқи мусулмонӣ ва тамоми тамаддуни исломӣ Қуръон аст, ки китоби муқаддаси ислом ҳисоб мешавад. Меъёрҳои Қуръон масоили мухталифи ҳаёти ҷомеаи исломиро танзим мекунанд, аз қабили вазъи ҳуқуқии шахс, ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноят ва ҷазо, мурофиаи судӣ, масъалаҳои дорои мазмуни конститутсионӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, байналмилалӣ. Сунна маҷмӯи ҳадисҳо (ривоятҳо) оиди ҳаёту фаъолияти Муҳаммад пайғамбар аст. Муҳаққиқон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки онҳоро ҷамъ оваранд (масалан, ал-Бухорӣ дар асри IX). Дар натиҷаи мутобиқ кардани ҳуқуқи мусулмонӣ ба шароитҳои нави ҳаёти минбаъда ҳуқуқшиносони ислом дар асоси истифодаи ҳуқуқи иҷтиҳод (ҳуқуқи мустақилона, вале бо назардошти Қуръон ва Сунна ҳал кардани масоили танзимнагашта) ба сарчашмаи сеюм – иҷма асос мегузоранд. Он чун фикри ягонаи ҷамоаи мусулмонон (на фардӣ) оиди масоили танзимнагашта ҳисоб мешавад. Дар ҷараёни истифодаи ҳуқуқи иҷтиҳод шумораи зиёди мазҳабҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд, ки меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ таълиф мекунанд. Қиёс ба ҳайси усули татбиқу тафсири меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ истифода мешавад. Дар асри XI давраи тақлид оғоз гардида, боиси қатъи ҳуқуқи иҷтиҳод мешавад. Ҳуқуқи мусулмонӣ мисли европоӣ ба омма ва хусусӣ, умумӣ ва адолат тақсим намешавад.

Гарчанде меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ то асри Х пурра муайян шудаанд, онҳо то шароити кунунӣ амал мекунанд. Дар арафаи асри XXI нуфузи ислом бештар шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқи мусулмонӣ имконияти ба шароитҳои нави ҳаёт мутобиқ шуданро дорад. Барои ҳалли ин масъала роҳу воситаҳои гуногун истифода мешаванд.

Ҳуқуқи мусулмонӣ дар ҷомеаи муосир эътибори баланд дорад. Давлатҳои исломӣ содиқ будани худро ба муқаррароти исломӣ дар қонуну конститутсияҳо эълон кардаанд (конститутсияҳои Марокко, Тунис, Алҷазоир, Мавритания, Эрон, Покистон). Мувофиқи Кодексҳои граждании Миср (с. 1948), Алҷазоир (с. 1975), Ироқ (с. 1951) судҳо ваколатдоранд нуқсонҳои ҳуқуқиро дар асоси принсипҳои ҳуқуқи мусулмонӣ пурра намоянд.

Истифодаи созишномаҳои хусусӣ низ як роҳи дигари мутобиқшавии ҳуқуқу мусулмонӣ гардид. Тавассути чунин созишномаҳо, ки дар амалияи судӣ одатан истифода мешаванд, дар баъзе давлатҳо, алалхусус, Сирия меъёрҳои никоҳ ва оила тағйир ёфтаанд. Вале мазҳабҳои суннӣ чунин тағйиротҳоро, аз қабили муқаррар кардани давомияти муваққатии никоҳ ё умумияти амволи тарафҳоро роҳ намедиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, дар дигар манотиқ онҳо назаррасанд.

Дар мутобиқшавии ҳуқуқи мусулмонӣ нақши ҳокимият (шоҳ ё парламент) низ назаррас аст. Ҳокимият нисбати адолати судӣ ваколати назоратӣ дорад. Дар натиҷа аз ҷониби он чораҳои танзимсозанда қабул мешаванд, ки эътибори ҳуқуқӣ доранд. Шоҳ дар давлатҳои мусулмонӣ метавонад ба судҳо дар хусуси истифодаи ин ё он мазҳаб нишондод диҳад. Дар Туркия бо нишондоди ҳокимият даъвоҳои ба ҳолатҳои понздаҳ сол пештара асосёфта эътибори судӣ пайдо намекунанд. Дар Миср баҳси оилавӣ дар суд баррасӣ намешавад, агар никоҳ дар мақомоти гражданӣ баста нашуда бошад ё агар яке аз тарафҳо муносиби синни никоҳӣ набошад.

Дар баробари ҳуқуқи мусулмонии динӣ, ки тафсири он дар асри X қатъ шудааст, дар кишварҳои исломӣ ҳуқуки мусулмонии давлатӣ (дар шакли конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва диг.) ҷой дорад. Яъне дар баробари ҳуқуқи мусулмонӣ боз ҳуқуки Арабистони Саудӣ, ҳуқуқи Миср, ҳуқуқи Алҷазоир, ҳуқуқи Судан ва м.и. амал мекунанд. Агар ҳуқуқи мусулмонии илоҳӣ аз сарчашмаҳои зикргашта иборат бошад, пас ҳуқуқи мусулмонии давлатӣ ба қонунҳову одатҳо асос меёбад, аммо волоияти сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмониро эътироф мекунад.

Ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ё умумӣ ба меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонии давлатии конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ, меҳнатӣ таъсир расонидааст. Масалан, дар ин манотиқ шакли идораи президентӣ ё парлумонӣ истифода мешаванд. Вале соҳаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ ҳастанд, ки муқаддас ва тағйирнопазир ҳисоб мешаванд, аз қабили никоҳ, оила, мерос. Дар ин соҳа фаъолияти қонунгузорӣ манъ шуда буд. Ҳатто кодексҳои гражданӣ (с. 1869) ва мурофиаи граждании (с. 1876) Туркия ҳуқуқҳои шахсӣ, оила ва меросро танзим намекунанд. Вале баъдтар дар кишварҳои мусулмонӣ дар ин соҳа низ кодификатсия гузаронида мешавад (кодексҳои Сирия, Тунис, Марокко, Ироқ, Ямани Ҷанубӣ, Миср, Иордания). Дар Эрон, Покистон, Қувайт ислоҳоти ҳуқуқи оилавӣ ва меросӣ гузаронида шудааст. Дар баъзе кишварҳо дар соҳаи шахсӣ низ таъсири ҳуқуқи европоӣ чашмрас аст. Масалан, дар Туркия бисёрникоҳӣ, қатъи яктарафаи никоҳ аз тарафи шавҳар, тақсими нобаробари мерос байни писарону духтарон манъ аст.

 

10.5.  Ҳуқуқи  Ҳиндустон

 

Ҳуқуқи Ҳиндустон аз ду шохаи ҳуқуқ иборат аст: 1) ҳуқуқи ҳинду ва 2) ҳуқуқи ҳиндӣ. Ҳуқуқи ҳинду – ҳуқуқи динӣ аст. Ҳуқуқи ҳиндӣ бошад ҳуқуқи дунявӣ мебошад. Онро ҳамчунон ҳуқуқи ҳудудӣ ва миллӣ меноманд. Ҳуқуқи ҳинду дар дохили ҷамоаи ҳиндуӣ амал мекунад, ки дар Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ (Покистон, Бангладеш, Бирма, Малайзия, Ямани Ҷанубӣ, Уганда, Кения) вуҷуд доранд1. Бештар аз 80 фисади аҳолии Ҳиндустон мутааллиқи ҷамоаи ҳиндуӣ мебошанд. Аҳолие, ки дар асоси ҳуқуқи ҳинду муттаҳид гаштааст, пайрави дини браҳманӣ аст. Ҳуқуқи ҳиндӣ бошад ин ҳуқуқи миллии давлати Ҳиндустон аст, ки дар қаламрави кишвари номбурда амал мекунад. Чунин ҳолат нисбати дигар оилаҳои ҳуқуқӣ низ хос аст. Чунончи, ғайр аз ҳуқуқи мусулмонӣ боз ҳуқуқи давлатҳои ҷудогонаи мусулмонӣ (Ироқ, Эрон ва ғ.) ҷой дорад.

Азбаски ҳуқуқи ҳинду берун аз Ҳиндустон низ пайравони худро (ба ҳайси мутааллиқони дини браҳманӣ) дорад, мафҳуми оилаи ҳуқуқи Ҳиндустон истифода мешавад. Ҳуқуқи ҳиндӣ низ гарчанде миллӣ номида мешавад, ҳуқуқи истиснои танҳо Ҳиндустон нест. Калимаи миллӣ ин ҷо ба маънои давлатӣ истифода мешавад. Масалан, ҳуқуқе, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳаст, ҳуқуқи на тоҷикӣ, балки Тоҷикистон аст, зеро ғайр аз тоҷикон нисбати дигар халқиятҳои сокини Тоҷикистон (ӯзбекҳо, русҳо, яҳудиён ва ғ.) паҳн мешавад. Вале агар ҳуқуқи Тоҷикистон дар воқеъ ҳуқуқи миллии (давлатии) Тоҷикистон бошад, пас ҳуқуқи миллии ҳиндӣ – ҳуқуқи англисӣ-ҳиндӣ аст, ки дар баробари ҳуқуқи ҳинду дар давраи ҳукмронии британӣ ташаккул ёфтааст. Тоҷикистон мисли Ҳиндустон (ки он ғайр аз ҳуқуқи дунявии ҳиндӣ ҳуқуқи динии ҳиндуро дорад) бидуни ҳуқуқи дунявии Тоҷикистон ҳуқуқи мусулмонии ба дини ислом асосёфтаро медонад. Аммо дар Тоҷикистон ҳуқуқи мусулмонӣ расман иҷозат дода нашудааст (вале он дар шакли назариявӣ ҷой дорад ва дар донишгоҳу донишкадаҳои дунявӣ омӯхта мешавад).

Ҳуқуқи ҳинду нисбат ба ҳуқуқи ҳиндӣ таърихи дароз дорад. Сарчашмаҳои он (ведаҳо) дар ҳазорсолаи II то с.м. пайдо шудаанд. Сарчашмаи дигар – дхармашастраҳо байни асри I то с.м. ва асрҳои III–IV с.м. таълиф шудаанд. Ин рисолаҳо дар шакли қонун эҷод мешуданд, масалан, қонунҳои Ману. Дхармашастраҳо аз маҷмӯи дхармаҳо иборат буданд. Ғайр аз дхарма чун ҷамъи қоидаҳои рафтори одамон, боз артха (илми фоида ва сиёсат) ва кама (илми қонеъият) вуҷуд доранд. Азбаски таълимоти ҳиндуӣ нобаробарии табақотиро асоси олам мешуморад, барои ҳар як каста қоидаҳои алоҳидаи рафтор пешбинӣ шудаанд. Масалан, кастаи браҳманҳо дхармаро, низомиён артхаро бояд риоя кунанд. Ҳуқуқи ҳинду бо дин пайваст буда, аз меъёрҳои на танҳо ҳуқуқӣ, балки динӣ низ иборат аст. Азбаски асоси онро браҳмания ташкил медиҳад, он аз нуқтаву арзишҳои ахлоқӣ ва фалсафавӣ иборат мебошад.

Ҳуқуқи ҳинду қонунгузории давлат ва амсоли судиро сарчашмаи ҳуқуқ эътироф намекунад. Меъёрҳои динӣ ва ҳуқуқӣ дар он омехтаанд. Ҳуқуқи ҳинду аз қисмҳои мустақил иборат аст: никоҳ, амволи оила, мерос (аз рӯи қонун ва васият), фарзандхонӣ, дамдупат (ҳуқуқи гарав) ва ғ.

Дар давраи ҳукмронии британӣ ташаккули ҳуқуқи англисӣ-ҳиндӣ ҷараён мегирад. Ҳуқуқшиносони англис дар Ҳиндустон кори васеи кодификатсиониро гузаронидаанд (вале чи тавре маълум аст худи ҳуқуқи Англия кодификатсия нашудааст).

Дар давраи ҳукмронии британӣ як зумра кодексу қонунҳо қабул мешаванд. Як қисми онҳо дар Лондон таҳия гаштаанд. Масалан, Кодекси мурофиаи гражданӣ (с. 1859), Қонуни Мерос (с. 1865), Қонун дар бораи шартномаҳо (с. 1872), Қонун дар бораи далелҳо (с. 1872) ва ғ.

Конститутсияи Ҳиндустон (моддаи 372) муқаррар мекунад, ки ҳуқуқи пештар эҷодшуда эътибори худро нигоҳ медорад. Ҳоло Ҳиндустон аъзои Ҳамкории Британия (ба он 36 давлат дохил мешаванд) аст. То с. 1947 ҳуқуқи Ҳиндустон шомили ҳуқуқи умумӣ буд. Ҳоло дар натиҷаи мутобиқ кардани ҳуқуқи ҳинду, инкишофи қонунгузории миллӣ-ҳуқуқӣ мустақил аст. Ҳуқуқи Ҳиндустони муосирро ҳуқуқи англисӣ ва Ҳиндустонро шомили оилаи ҳуқуқи умумӣ ҳисобидан нодуруст аст. Ҳуқуқи Ҳиндустон аз ҳуқуқи англисӣ фарқ дорад. Он ба ҳуқуқи умумӣ ва адолат ҷудо намешавад. Ин ҷо судҳои алоҳидаи адолат амал намекарданд. Ҳиндустон дорои Конститутсияи навишташуда аст. Штатҳои Ҳиндустон аз штатҳои ШМА фарқ доранд. Дар давлати федералии Ҳиндустон на як, балки 15 забони расмӣ истифода мешавад. Конститутсияи Ҳиндустон мисли Конститутсияи ШМА устувор набуда, ивазшаванда аст. Дар Ҳиндустон ғайр аз Суди Олӣ низоми судии федералӣ нест. Вале ба суди Олии Ҳиндустон ҳуқуқи назорати судӣ нисбати мазмуни конститутсионии қонунҳо дода шудааст. Илова бар ин Суди Олӣ амсоли судӣ муқаррар мекунад, ки барои судҳои поёнӣ ҳатмист.

 

 

 

 

10.6.  Ҳуқуқи  Шарқи  Дур

 

Оилаи ҳуқуқи Шарқи Дур низоми ҳуқукии Хитой, Муғулистон, Корея, Япония ва ғ. фаро мегирад.      Дар байни кишварҳои Шарқи Дур ду давлати бузург дар инкишофи ҳам низоми ҳуқуқӣ ва ҳам равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир нақши ҳалкунанда доранд – Хитой ва Япония.

Ҳуқуқи Хитой вобаста ба шароитҳои таърихии инкиишофи ин кишвар дорои хусусиятҳои хосе мебошад, ки мустақилияти онро таъмин месозанд. Дар Хитой ҳуқуқ дар шуури аҳолӣ баъди ахлоқ меистад. Одамон мекӯшанд баҳсҳои байни худро бидуни мақомоти судӣ тавассути созиши дутарафа бо иштироки миёнаравон ҳал кунанд. Дар тӯли асрҳои зиёд принсипҳои аҳлоқӣ ва усулҳои боваркунонӣ воситаи асосии идоракунии ҷомеа ҳисоб шуда, қонун эътибор пайдо накарда буд. Чунин ҳолат бо он муайян мегардад, ки аз асри II то с.м. сар карда дар Хитой конфутсият1 ба ҳайси мафкураи давлатӣ шинохта мешавад. Ин равия нақши қонунҳои давлатро дар идоракунӣ инкор карда, усулҳои ахлоқиро ба мадди аввал мегузорад. Дар асри III то с. м. мактаби ҳуқуқии легистҳо (қонунпарастон) низ арзи вуҷуд дошт, ки нақши қонунҳоро дар сиёсат эътироф мекард. Вале он муваққатан амал карда, ҷонибдорони зиёд пайдо накардааст. Ғайр аз он, то асри XIX дар Хитой назарияи миллии сохтори ҷомеа ҳукмрон буд, ки ақидаи мутобиқати байни одаму кайҳонро, одаму табиатро талқин мекард. Чунин мутобиқат байни одамон низ ҷой дорад ва ҳама гуна тазодҳои байни онҳо бояд на ҳал, балки ноаён гарданд. Истифодаи шаклҳои мурофиавии ҳалли баҳсҳо норавост, зеро байни одамон якдиливу ҳамоҳангӣ ҳукмфармост. Психологияи сокинони Хитой чунин ташаккул ёфтааст, ки тарафҳои баҳси ҳуқуқӣ на рақиби худро, балки эшонро гунаҳгор ҳисоб мекунанд ва ҷонибдори ҳалли осоиштаи он мебошанд. Таърихан, вобаста ба шууру психологияи аҳолӣ дар Хитой минбаъд нақши маҳдуди ҳуқуқ дар ҷомеа эътироф мегардад. Азбаски инсон як ҷузъи (дар баробари замину осмон) олами кайҳонии мавзунист ҳуқуқ нисбати ҷинояткорон, ашхоси бадахлоқ, хориҷиёни бо тамаддуни Хитоӣ шиноснабуда истифода мешавад.

Аммо аз ибтидои асри ХХ сар карда дар Хитой қабули кодексҳо оғоз мегардад, ки боиси эътибори расмӣ пайдо кардани қонунҳо мешавад. Баъди инқилоби с. 1911 ва таъсиси ҷумҳурӣ ин ҷо кодексҳои гражданӣ (с. 1929–1931), мурофиаи гражданӣ (с. 1932), замин (с. 1930) қабул мешаванд. Солҳои 1954, 1975, 1978 дар Хитой Конститутсияҳо қабул мешаванд. Солҳои 80-м якчанд қонуну кодексҳо қабул мешаванд, аз қабили Кодекси ҷиноӣ (с. 1980), Қонуни никоҳ (1980), Қонуни шаҳрвандӣ (1982), Қонуни корхонаҳои хориҷӣ (с. 1987) ва ғ. Ҳоло дар Хитой мутахассисони соҳаи ҳуқуқ тайёр карда мешаванд. Донишҷӯён ҳуқуқро меомӯзанд. Вале ба ин дигаргуниҳо нигоҳ накарда ҳоло ҳам нақши анъанаҳо калон аст. Фаъолияти судҳо мисли судҳои Европа баланд нест. Шаҳрвандони Хитой мекӯшанд баҳсро бидуни суд тавассути миёнаравон ҳал намоянд.

Омили дигаре ки хусусияти низоми ҳуқуқии Хитойро муайян мекунад, бо интихоби роҳи тараққиёти ҷомеа вобаста аст. Дар Хитой ҷамъияти сотсиалистӣ, вале сотсиализми миллии Хитой сохта мешавад.

Агар низоми ҳуқуқии Хитой бо мафкураи «сотсиализми хитоӣ» алоқаманд бошад, пас ҳуқуқи Япония ба мафкураи либералӣ-демократӣ асос ёфтааст. Агар ба низоми ҳуқуқии Хитой анъанаҳои ҳуқуқи сотсиалистӣ ва романӣ-олмонӣ таъсир расонида бошанд, пас ҳуқуқи муосири Япония натиҷаи истифодаи принсипҳои ҳуқуқи англо-америкоӣ ва романӣ-олмонӣ аст. Вале дар Япония мисли Хитой одату анъанаҳо нақши муҳим доранд. То охирҳои асри XIX Япония бидуни Европа инкишоф ёфтааст. Ба ҷои ҳуқуқ ин ҷо меъёрҳои маҳаллӣ амал мекарданд, ки «гири» ном доранд. Онҳо ба ҷои ҳам ҳуқуқ ва ҳам ахлоқ истифода мешуданд.

Вале аз охирҳои нимаи дуюми асри XIX сар карда дар Япония вобаста ба ривоҷи савдои баҳрӣ бо Англия, ШМА, Голландия, Франсия ва ғ. меъёрҳои нави ҳуқуқӣ қабул мешаванд, ки бо «гири» алоқа надоштанд. Бо иштироки бевоситаи ҳуқуқшиносони англис, олмонӣ, франсавӣ дар Япония шумораи зиёди кодексҳо қабул мешаванд, аз қабили кодексҳои ҷиноӣ (c. 1882), мурофиаи гражданӣ (с. 1890), гражданӣ (1898), савдо (1899) ва ғ. Аз Қонуни Хорси (с. 1890) сар карда якчанд қонунҳо дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ қабул мешаванд. Баъди с. 1945 ислоҳотҳои дар Япония гузаронида шуда, мазмуни америкоӣ доранд. Соли 1946 Конститутсияи Япония қабул мешавад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва тақсимоти ҳокимиятро эълон мекунад. Ба суди Олии Япония ва судҳои поёнӣ ҳуқуқи назорати судӣ нисбати мазмуни конститутсионии қонунҳо дода шудааст. Дар Япония низоми ягонаи судӣ таъсис шудааст, яъне парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ ва маъмуриро як суд баррасӣ мекунад. Ин ҷо 50-суди инстансияи якум ва 8-суди инстансияи дуюм амал мекунанд. Мурофиаи ҷиноӣ дар асоси анъанаҳои мурофиаи англисӣ-америкоӣ мегузарад. Ҳокимияти қонунгузор ба Парламенти Япония (иборат аз палатаҳои намояндагон ва мушовирон) ва ҳокимияти иҷроя ба Кабинет (иборат аз сарвазир – роҳбари ҳизби сиёсӣ ва вазирони давлатӣ) таалуқ дорад.

Вале новобаста аз ин дигаргуниҳои куллӣ дар шуури аҳолӣ нақш ва аҳамияти анъанаҳо калон аст. Сокинони Япония мекӯшанд баҳсҳои ҳуқуқиро тариқи созиши тарафайн ҳал намоянд. Муроҷиат ба суд маъқул дониста намешавад. Кодекси мурофиаи гражданӣ (м. 136) судяро вазифадор мекунад, ки тарафҳоро ба ҳам оштӣ диҳад. Судя дар ҳамаи давраҳои мурофиа нақши миёнаравро мебозад. Психологияи мардуми японӣ чунин аст, ки ақидаву арзишҳои пешқадамро, аз ҷумла ғарбиро, ба тезӣ қабул мекунад. Аммо ин қабил навоварӣ шакли ҳаёти мардуми япониро дигар намекунад. Новобаста ба истифодаи анъанаҳои ҳуқуқӣ европоӣ ва америкоӣ, ривоҷи савдо бо мамолики Ғарб, Япония ба анъанаҳои миллиаш содиқ аст.

 

10.7.  Ҳуқуқи  Африка

 

Африка ба бештар аз 40-давлати ҷудогона тақсим мешавад. Ҳар як давлат дорои ҳуқуқи миллии хеш аст. Вале ҳуқуқи африкоӣ дорои як қатор нишонаҳои умумӣ аст, ки ба туфайли онҳо як оилаи мустақили ҳуқуқи Африкаро ташкил медиҳанд.

То асри XIX дар тамоми қитъаи Африка одатҳо ҳукмрон буданд. Онҳо дар шакли даҳонӣ вуҷуд дошта, ба низоми хаттӣ ворид нагашта буданд. Одатҳо ихтиёран риоя мешуданд. Ин одатҳо аз ҷониби халқиятҳои гуногун, аз ҷумла қабилаҳои авлодӣ истифода мешуданд. Оилаҳои африкоӣ дар зинаи модаршоҳӣ ё падаршоҳӣ қарор доштанд. Мафҳуми ҳуқуқи шахсӣ ҷой надошт. Одатҳо муносибатҳои гурӯҳиро танзим мекарданд. Никоҳ созиши оилаҳо (на тарафҳо) ҳисоб мешуд. Мерос на ба шахсони алоҳида, балки тамоми оила мегузашт. Масъулияти гурӯҳӣ ҷой дошт. Барои зарари расонида шуда тамоми оила ё гурӯҳи иҷтимоӣ ҷавобгар буд. Замин мансуби ҷамоа ё гурӯҳ буд. Дар асри XIX тамоми Африка мустамликаи давлатҳои Европа мегардад. Сиёсати мустамликадорӣ боиси мутобиқшавии одатҳо ва инкишофи ҳуқуқи муосири африкоӣ мешавад. Дар кишварҳое, ки мустамликаи Британия буданд (Замбия, Малави, Сомали ва ғ.) ҳуқуқи умумии англисӣ ривоҷ меёбад. Мустамликаҳои Франсия (Конго, Руанда, Бурунди) ҳуқуқи романиро истифода мебаранд.

Низоми ҳуқуқии давлатҳои Африка дар давраи мустамлика бо якчанд роҳҳо инкишоф ёфтааст. Вобаста ба ривоҷи савдо ва шаклҳои дигари муносибати мустамликаҳо бо Европа масъалаҳое пайдо мешаванд, ки онҳоро одатҳо танзим намекарданд. Одатҳо аз меъёрҳое иборат буданд, ки тарзи ташкили ҷамъият, муносибатҳои оилавӣ, додугирифти байни одамонро, ҷиноят ва мурофиаро танзим мекарданд. Вале одатҳо ҳуқуқи савдоро фаро намегирифтанд. Барои танзими савдои баҳрӣ ҳуқуқи европоӣ лозим буд. Ҳуқуқи европоӣ ҳамчунон барои танзими муносибатҳои байни мустамликадорон ва африкоиҳо истифода мешуд. Азбаски меъёрҳои мурофиавии одатӣ истифодаи ҳуқуқи нави европоиро таъмин намекарданд, дар Африка судҳои навъи европоӣ таъсис мешаванд. Мустамликадорон одатҳоро низ то як андоза зери назорат мегиранд. Одатҳои зиддиинсонӣ (масалан, ғуломӣ, одатҳои соҳаи ҳуқуқи ҷиноӣ) бекор карда мешаванд. Ба баъзе одатҳо (чунончи, вобаста ба вазъи иҷтимоии занҳо) тағйиротҳо ворид мегарданд. Дар натиҷа одатҳои европоӣ соҳаи хусусиро ташкил доданд (муносибатҳои оилавӣ, оиди замин, ҳуқуқи мерос). Дар соҳаи ҳуқуқи омма (ҷиноӣ, маъмурӣ, савдо) ҳуқуқи европоӣ амал мекунад. Судҳои одатӣ ва навъи европоӣ ташкил мешаванд.

Дар давраи баъди соҳиб шудани мустамликаҳо ба истиқлолият тамоилҳои нави инкишофи ҳуқуқ мушоҳида мешаванд. Аҳамияти одатҳои ҳуқуқӣ дарк мешавад. Бо ин мақсад дар баъзе давлатҳои Африка кӯшишҳои кодификатсияи ҳуқуқи одатӣ ба чашм мерасад. Ин қабил фаъолияти ҳуқуқӣ дар Мадагаскар, Танганика, Нигерия ва ғ. гузаронида шудааст. Якчанд ҷилди маҷмӯаи одатҳо дар Кения (с. 1968–1969), Малави (с. 1970–1971), Ботсвана (с. 1972) нашр шудаанд. Судҳои одатӣ ва европоӣ муттаҳид гардида, як низоми судиро ташкил медиҳанд. Дар як қатор давлатҳо (Сенегал, Мали, Руанда ва ғ.) судҳои одатӣ барҳам дода шуданд. Дар Африкаи муосир кори васеи кодификатсионӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар давлатҳои дорои забони гуфтугӯи франсавӣ солҳои 60–70-м бештар аз 100 кодекс қабул мешавад. Кодексҳои нав қариб тамоми соҳаҳои ҳуқуқи муосири африкоиро фаро мегиранд, аз қабили ҳуқуқи гражданӣ, ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноӣ, меҳнат ва м.и. Дар баъзе давлатҳо (Сенегал, Гана, Кения) муносибатҳое, ки бо одатҳо танзим мешаванд (масалан, истифодаи замин), тағйир дода шудаанд. Ҳуқуқи оилавӣ дар бештари Африка мавриди кодификатсия ё танзими қонунӣ қарор гирифтааст. Вале кодексу қонунҳои нав шакли ҳаёти бештари аҳолии Африкаро тағйир надоданд. Масалан, аҳолии деҳот мисли пештара бо одатҳо зиндагӣ дорад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.